Wednesday, March 25, 2009

Nowruzistan

Наврузистон

Бокири Муъин

баргирифта аз Jadidonline.com

Дар зиндагии шахрй бо имконоти рифохиаш ва дастрасй ба гулхо ва мевахои берун аз фасл гуйи дигар миёни бахору зимистон марзе нест. Агар шумо хам мисли ман дар чое нисбатан кухистонй бор омада бошед, ки зимистон, зимистон бошад, бахор бароятон чашни бисёр вокеъитаре мешавад, ки аз тахи дил хушхолй меоварад. Омадани бахор, яъне поёни роххои душвор ва лагзанда, яъне фурсате бештар барои бозй дар хорич аз хона ва дидани гулхо ва парандагоне, ки овоз мехонанд, то чи расад ба хуроки рангорангу пушоки наву иди диданй.

Ва ин тачрубахои шахсист. Бузургтар ки шудем, аз баробарии рузу шаб дар бахор ё эътидоли рабиъй сар даровардем ва аз вожахое мисли «саъд»-у «нахс» огох шудем ва шунидем, ки барои хар фасле ва мохе хосияте навиштаанд ва хар рузеро барои коре бехтар донистаанд.

Ва баъд дар Шохнома хондем, ки Чамшед Наврузро бунёд кард. Хеле баъдтархо мутаваччех шудем, ки чашн гирифтан дар бахор ба хазорон сол пеш бармегардад. Хатто пеш аз замоне, ки бобилихо ва осурихо рузхои хафтаро таъйин карданд. Ва ёд гирифтем, ки мардумони бисёре дар чахон, хар як ба гунае, дар огози бахор омода мешаванд, то нав шудани рузгорро чашн бигиранд. Ва баъд ёд гирифтем, ки баробарии бахориро бисёре аз мардуми дигари дунё бо номхои гуногун мешиносанд.

Афсона ва вокеъият дар бораи нахустин чашнхои бахорй бисёр аст. Барои намуна, метавон аз аъёд (идхо)-е ёд кард, ки хама бо бахор пайванд доранд: иди Фасхи яхудиён, иди Киёми Масех, Шамм-ун-насим дар миёни мисриён ва Найруз ё чашни Соли Нав дар миёни милюнхо тан аз кибтиёни масехии мисрй бо ниёиш ва таронахои вижа.

Пас аз рафтан ба Кафкоз ва Осиёи Миёна буд, ки бештар фахмидам фарханги мо чи кадр бо фарханги мардуми он минтака ба хам омехта аст. Хангоми гуфтугу бо мардуми кишвархои хамсоя хис мекунед, ки миллатхои турку ориёйи ва эронитабор, ки карнхо бо хам ва дар канори хам зистаанд, решаи фархангишон ба хам пайванд хурда ва яке шудааст. Аз хамин ру имруза хар як ба шевае ба пешвози ин нав шудани табиъат мераванд.

Дар Эрон, ки хостгохи Навруз аст, чашни Навруз дар миёни мардум пайваста аз ахамияти бештаре бархурдор буда. Аммо дар расонахо шодмонихои мардумй камтар нишон дода мешавад ва гох одам дучори шак мешавад, ки накунад рузи сугворист.

Аммо дар кишвархои навистиклоли Осиёи Миёна хар сол мардум ва ба пайравй аз онхо хукуматхо ба Навруз бештар руй меоваранд ва Наврузро ба чашне миллй бадал кардаанд, ки хар сол чилваи бештаре меёбад. Дар миёни кишвархои дигар бояд ба хусус аз Туркия ёд кард, ки бо шитоб ба саффи муштокони Навруз пайвастааст. Гарчи дар Ироку Туркия курдхо ва алавихо хамеша Наврузро чашн мегирифтаанд. Аммо акнун давлати Туркия дар ташвики Навруз гомхое бардошта ва амалан пайванди Туркияро бо кишвархои Осиёи Миёна дар Навруз мебинед. Имсол дар Навруз давлати Туркия телевизюнеро ба забонхои туркй ба номи «Овоз» барои кишвархои Кафкоз ва Осиёи Миёна огоз кард.

Сафар ба ин кишвархо аз ин зовия шигифтй хам меоварад, ки бештари мардуме, ки Наврузро чашн мегиранд, огохии дакике аз танаввуъи одобу русуми якдигар дар бораи Навруз надоранд; аз навъи омодагихо, ниёиши наврузй, навъи мусикй ва ё раксу чилва ва садову шур ва хурокихои вижа ва резакорихое, ки хар кадом барои Навруз доранд.

Яке-ду хафта пеш буд, ки Созмони Хамкорихои Иктисодй мавсум ба ЭКУ (ECO) дар Техрон чаласае дошт. Ёдатон хаст, ки пештархо Эрону Туркияву Покистон дар Созмони Умрони Минтакайи узв буданд. Онхо дар соли 1985 ЭКУ-ро дуруст карданд ва дар соли 1992 Казокистон, Киргизистон, Туркманистон, Узбакистон, Точикистон, Афгонистон ва Озарбойчон хам ба он пайвастанд. Иттифокан яке аз хадафхои ин созмон ошноихои фархангии бештари мардуми ин минтака бо якдигар хам хаст.

Аз руи кунчковй дар Интернет чустучу кардам ва баёнияи дидори ЭКУ дар Техронро хондам. Хамон тавр ки хадс мезадам, дар остонаи соли нав ишорае ба Навруз нашуда буд. Ва дидам аз иттифоки рузгор Чалоли Толибонй – раисичумхури Ирок хам, ки курд аст, ба унвони мехмон дар ин кунфронс хузур дошта. Аз нигохи фархангй чунин руйдоде камтар пеш омада ва харгиз то кунун пеш наомада буд, ки намояндаи такрибан бештари мардумон ва хамаи кишвархое, ки Наврузро дар он чашн мегиранд, якчо гирди хам омада бошанд.

Бо омадани бахор ва расидани чашни Навруз табиъати одам дучори дигаргунй, нигохи мо ба чахон хушбинонатар, неруи тахайюли мо шаффофтар [мешавад] ва сакфи орзухомон болотар меравад.

Шояд ба хамин далел буд, ки ман хам ба худам гуфтам, ки эй кош, холо ки хамаи ин кишвархо Наврузро ба гунае чашн мегиранд, касе дар он дидор ба ёди Навруз мебуд, ба унвони пояи фархангии муштараки ин кишвархо ва ба намояндагони кишвархои хозир пешниход мекард, ки ба чои ЭКУ номи он созмонро «Наврузистон» бигузоранд.

Барои ин кишвахо гуйи хадаф аз тамаркуз бар хамкории иктисодй дур мондан аз газандхои идеулужикист. Аз он чо ки Навруз хам аз табиъат бар мехезад ва бо хастии инсон сарукор дорад, марому идеулужии сиёсй нест, ки дучори дигаргунй шавад. Аз хамин ру чунин созмоне, агар касе ба фикраш бошад ва бо зарофату дарки хассосиятхо амал кунад, метавонад накши бисёр созандае дар огох кардани мардуми ин минтака аз фархангу суннатхои хам бозй кунад. Ва дар наздикй ва хамкорихои бештар миёни мардуми минтака гомхои амалии дигаре бар дорад. Хамон гуна ки урупоихо бардоштаанд.

Огози Навруз ба замони бостон ва бино бар афсонахо ба Чамшедшох бармегардад, аммо хамонанди соли нави мелодй имруз дигар Навруз аз они касонест, ки онро чашн мегиранд.

Ва низ ба ёд дошта бошем, ки Навруз танхо чашни навпушй ва пурнушй ва бисёрхурй нест; балки он гуна ки гуфтаанд, фурсатест барои покизагии дарун ва навсозии чону равон. Он чи ки мо дар фархангамон ба унвони ирфони чамолу зебойи мешиносем, аз орифону розварон сарчашма гирифта, ки аз хамин бахш аз чахон, яъне хамин Наврузистон омадаанд, то фармонхои хушку тангчашмихоро талтиф кунанд.

Бо боз шудани пои хазорон мухочир аз ин сарзаминхо, яъне аз хамин Наврузистон ба корахои дигар, бисёре аз суннатхо ва ойинхои махаллию миллии Навруз мехвари анчуманхои фархангй, семинорхо ва кунсертхо шуда ва ба гушаву канори чахон хам бурда шуда. Барои мисол, раксхои эронию афгонию курдию туркию точикй, ки бархе аз онхо дар зодгохи худ чое барои намоиши умумй намебинанд, дар корахои дигар дусторони фаровоне пайдо кардаанд.

Сиёсатмадорон дар кишвархои Магрибзамин низ барои арч гузоштан ба гуногунии фархангй ва низ чалби орои касоне, ки Наврузро чашн мегиранд, кам-кам доранд вориди ин сахна мешаванд. Онхо паёми шодбоши наврузй мефиристанд ва дар чашнхои наврузй ширкат мекунанд ва дар шурохо ва мачолиси худ мекушанд ба Навруз расмият бидиханд.

Нахуствазири Суэд (Шветсия) ба муносибати Навруз паём фиристод ва шахрдори чадиди Ландан кушид барои нахустин бор дар маркази Ландан Наврузро чашн бигирад. Иёлати Унторию (Ontario)-и Конодо рузи аввали Наврузро рузи расмии он иёлат эълом кард. Рахбарони Омрико хам ин солхо паёми шодбоши наврузй мефиристанд ва дар Кохи Сафед суфраи Хафтсин мечинанд. Аммо имсол окои Убомо хамаро бо паёми наврузиаш ба мардуму рахбарони Эрон шигифтзада кард. Яке аз намояндагони Кунгреи Омрико аз Навруз расман тачлил кард ва аз у химоят шуд.

Дар дунёи мачозии Интернет Навруз ва гузоришхои бисёр аз пешинаи Навруз ба забонхои гуногун ба хусус дар Ютюб (Youtube) дида мешавад. Бисёре аз ироакунандагони хадамоти интернетй низ, аз чумла Google, Microsoft ва Yahoo! дар ин солхо дар сафхаи аввали худ ороиши вижаи наврузй доштаанд.

Гуйи катори Наврузистон дар чахони мачозй ба рох уфтодааст. Дар бораи ин ки оё дар чахони вокеъй хам ба рох хохад уфтод, харфу сухан бисёр аст. Наврузатон пируз.

No comments: