Sunday, March 08, 2009

Iranian Identity Under the Safavids

Сафавиён ва хувияти эронй

Дейвид Блоу*

баргардон аз инглисй

به دبيره پارسی

Хеч хукумате дар Эрон ба андозаи Сафавиён дар ташаккули хувияти имрузии эрониён сахм надоштааст. Шох Исмоъили Аввал, нахустин фармонравои Сафавй, ки аз соли 1501 то 1524-и мелодй хукумат кард, барои нахустин бор пас аз ишголи Эрон тавассути мусалмонони араб дар миёнахои садаи хафтуми мелодй Эронро ба унвони як ниходи сиёсй дар даруни марзхои торихиаш эхё кард.

Пеш аз салтанати Шох Исмоъил сарзамини Эрон миёни ду ё чанд кудрат бахш шуда буд ё порае аз як импротурии бузургро ташкил медод, ба монанди давраи хилофаим Аббосиён ё импротурии Темурланг.

Шох Исмоъил касест, ки Эронро ба як кишвари шиъаи дувоздахимомии кунунй табдил кард. Дар он замон чамъияти Эрон голибан суннй буданд, бо чамоъатхои парокандаи шиъамазхаб дар бахшхои мухталифи кишвар ва акаллиятхои шиъа дар бисёре аз шахрхо.

Албатта, шиъа кардани Эрон бидуни хунрезй сурат нагирифт ва чандин хазор тан аз суннихои эронй дар чараёни он кушта шуданд ё ба сарзаминхои суннинишин панох бурданд. Аммо танхо дар давраи Шох Аббоси Аввал (1587 то 1629-и мелодй) буд, ки ташайюъи дувоздахимомии камобеш тасбитшуда ба унвони дини муткани давлат ва мазхаби бештари мардуми Эрон чо уфтод.

Кудрати аслоф (пешиниён)-и сафавии Шох Аббос бар размандагони кабилаи кизилбош (сурхсар)-и туркман муттакй буд. (Дар мавриди туркман будан ё набудани кизилбошхо дидгоххои гуногун вучуд дорад – Як Дарвеш). Вачхи тасмия (номгузорй)-и онхо кулохи сурхе буд, ки бар сар доштанд. Онхо аз шох ба унвони вориси Шайх Сафиуддини Ардабилй – шайхи тарикати Сафавй пайравй мекарданд.

Шох Аббос бо созмон додани артиши доимй аз чумлаи бардагони кафкозй ба сайтараи кизилбошхо ва чолиши ношй аз дидгохи мазхабии вижаи онхо поён ниход. Мазхаби кизилбошхо омезае аз газофанигарихо (ифрот)-и гуллоти шиъа ва тасаввуф буд.

Вай хамчунин миёни низоми подшохии Сафаву ва уламои шиъаи дувоздахимомй иттиходи устувор шакл дод. Шох дар баробари таблигу тахкими рухониюн мавриди химояти кишри рухонй вокеъ шуд. Ин сиёсат то замони сарнагунии импротурии Сафавй тавассути афгонхо дар соли 1722 идома дошт.

Аммо дар тули солхои хукумати Сафавиён алокаи шохон ба майу майгусорй ва илтифоташон ба масехихо гох нооромихоеро бармеангехт. Ба вижа таъсиси минтакаи арманинишини Чулфо дар Исфахон – пойтахти Сафавиён тавассути Шох Аббоси Аввал боъиси игтишошот (нооромихо)-е шуда буд. Арманиён дар содироти абрешими эронй накши бартарро доштанд.

Шохони Сафавй машруъияти мазхабии худро бо ин иддаъо тахким карда буданд, ки насабашон аз тарики Мусо ал-Козим (имоми хафтум) ба Алй (имоми аввали шиъаён) мерасад. Ин иддаъо баъдан такзиб шуд, аммо уламои вакти ислом ва мардуми одй онро кабул доштанд. Аммо уламо иддаъои шохони Сафавиро, ки худро намояндагони «Имоми замон» (Махдй) бар руи замин медонистанд, напазируфтанд.

Силсилаи Кочорй хам талош кард ба таклид аз Сафавихо бо рухониюн иттиходе эчод кунад, аммо шохони Кочор харгиз аз он хад машруъияти мазхабй бархурдор набуданд ва ба тадрич химояти рухониюнро аз даст доданд. Вале Пахлавихо харгиз суроги ин навъ химоят нарафтанд ва мутаъокибан сарнагун шуданд.

Шиъа кардани Эрон тавассути Сафавиён мунчар ба чангхои дарозу хунине бо ду хамсояи суннимазхаби Эрон хам шуд: импротурии Усмонй дар гарб ва хонигарии узбак дар шарк, ки дар Бухоро ва Самарканд мустакар буд.

Ин чангхо таъаххуди эрониён дар баробари мазхаби ташайюъро таквият кард ва хифозату пайравй аз онро дар чойгохи ормони миллии онхо карор дод. Эрони Сафавй бо севумин кудрати суннимазхаби хаммарзаш, яъне импротурии Гурконии Хинд миёнаи баде надошт. Далели аслии он хам руйкарди тасомухомези шохони Гурконй ба мазхаб буд.

Сафавиён ва ба вижа Шох Аббоси Аввал ба яке дигар аз абъоди хувияти эронй, ки хеле кадимитар буд ва ба даврони пеш аз ислом бармегашт низ таваччух доштанд. Шох Аббос дар канори ташвики мардум ба баргузории Ошуро ва маросими мазхабии дигар дар барпоии чашнхои бостонии Эрон, ба монанди Мехргон, Чахоршанбесурй, Обпошон ва бештар аз хама Навруз хам мекушид.

Гуфта мешавад, хаму буд, ки тачлил аз чашни бостонии Обпошон ё Обрезонро дубора роич кард. Обпошон, ки дар даврони Сосонй реша дорад, чашне буд, ки дар паи бориши борон пас аз хушксолй барпо мешуд.

Дар давраи Шох Аббос ва ахлофи у Навруз мухимтарин чашни расмй дар дарбори салтанатй ва шахрхои умдаи Эрон буд. Аз замони Шох Аббос ба баъд хам бар хувияти эронии кишвар таъкиди бештар мешуд. Дар огози салтанати Сафавиён Эрон дар мукотибот ва сухбатхои расмй «мамлакати махруса» (кишваре дар панохи Худо) буд. Аммо дар замони Шох Аббос дар бештари маворид номи Эронро ба танхойи ба кор мебурданд ва шохро «фармонравои Эрон» ё «шахриёри Эрон» меномиданд.

Бо сукути импротурии Сафавй Эрон гирифтори гирдоби харчу марч ва хунрезихои мутамодй шуд ва дар паи он Эрон хакорату хории султаи Инглис ва Русия бар давлати фосиди Кочорро тахаммул кард. Ба хамин хотир, эрониён аз давраи Сафавй, ба вижа аз садаи хафдахуми мелодй, ки давраи суботу шукуфоии нисбй буд, ба унвони «асри тилойи»-и Эрон ёд мекарданд. Ва Шох Аббоси Аввал, бузургтарин фармонравои Сафавй, ба зудй дар миён чехрахои хамосии Эрон карор гирифт.

Сер Чон Малкум, фиристодаи Бритониё ба дарбори Кочор дар огози садаи нуздахуми мелодй, мизони арчу эхтироми мардуми одй ба Шох Аббосро чунин тавсиф карда буд:

«Як сайёхи мудерн агар чуёи номи бунёдгузори хар сохтмони кухане шавад, як посух мешунавад: Шох Аббоси Бузург. Ин посух ношй аз дониши дакике нест, ки вокеъан Шох Аббос поягузори он сохтмон буда. Балки хокй аз одате роич дар ин чост, ки хамаи нишонхои бехбуду пешрафтро аз ёдгорхои Шох Аббос медонанд.»

Акнун шахри Исфахон, пойтахти бошукухи Шох Аббос, ба андозаи вайронахои Тахти Чамшед ёдовари чалоли пешини Эрон аст.

Ёддошт: Намоишгохи «Шох Аббос: Бозсохти Эрон» аз рузи 19 феврие то 14 мохи жуан (июн)-и имсол дар Музеи Бритониёи Ландан барпост.

*Дейвид Блоу муаллифи китобест дар бораи Шох Аббос, ки ахиран дар Ландан мунташир шуд:

David Blow
Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend
Emperor of Persia and Restorer of Iran
IBTauris, London

1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

Салом,

Бубахшед, чандин боз бо блог коре надоштам ва натавонистам шарҳи шуморо ки дар блоги ман навиштаед хонам. Чун айни ҳол бо кори илмӣ машғул ҳастам, вақти кофии блогнависӣ набуд.

Ман зодаи Ӯзбекистон ҳастам, аз ноҳияи Сариосиёи вилоят Сурхондарё.

Агар худро муаррифӣ мекардед, сарам ба осмон мерасид. Аз шиносоӣ хурсандам. Муваффақ бошед!

Фаррух