Showing posts with label media. Show all posts
Showing posts with label media. Show all posts

Saturday, July 16, 2016

ТАҲАММУЛИ ДИДГОҲҲОИ ҲАМДИГАРРО БИОМӮЗЕМ

Ё айюҳаннос, ё аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Бидонед, ки инсонҳо дар масоили гуногун дорои дидгоҳҳои гуногун ҳастанд ва қарор нест, ки ҳамагон муҳтавои мағзи шуморо дошта бошанд ва ҳамонанди шумо биандешанд.
Бидонед, ки баҳсу мунозира як амри табиъӣ аст ва мубоҳиси Шумо илзоман қасди ҷони шуморо надорад; чи басо дӯсти шумо бошад ё аз шумо кӯчактарин шинохте ҳам надошта бошад ё нахоҳад, ки дошта бошад.
Аз мубоҳисони худ сирфан интизори таъйиди назари худро надошта бошед ва аз онҳо наранҷед, агар суханашонро бар пояи усули мантиқӣ ва омору арқом ё мадраку санад тарҳ кардаанд.
Аз худатон гилоя дошта бошед, агар бидуни омодагӣ вориди баҳс шудаед.
Агар дар мавриди анҷоми баҳсе эътимод ба нафс ва омодагии лозимро надоред, танҳо бо такя бар бовар ё эътиқоди худ вориди баҳс нашавед. Баҳсҳое аз ин даст ба истидлоли мантиқӣ, асноду мадорик ва омору арқом ниёз дорад.
Агар баҳсеро оғоз кардаед, дидгоҳҳои мухолифи худатонро аз он ҳазф накунед, ки аз зишттарини аъмол аст, балки ба дур аз ғараз дар мантиқи он дидгоҳ биандешед. Шояд ончи мегӯяд, маъқултар аст ва Шуморо аз гумроҳӣ наҷот диҳад.
Агар фикр мекунед, он чи мегӯяд ғалат аст, хуб биандешед, ки эроди он назар чист. Оё танҳо эроди он назар ноҳамхонӣ бо дидгоҳи Шумо аст? Пас он дидгоҳ эроде надорад.
Ба ҷои ҷустани далел барои бовари худ бикӯшед боваратон мубтанӣ бар далоил бошед. Яъне нахуст бояд далелҳое дар ихтиёр дошта бошед, то бар мабнои он бовари худро шакл диҳед.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон!
Он чи барои худ меписандӣ, барои дигарон ҳам биписанд ва он чи барои худ намеписандӣ, барои дигарон написанд! Агар аз лаҳни тунди касе озурда мешавӣ, бидон, ки ӯ ҳам метавонад тундтар аз ту бар ту битозад. Агар ҳазфи дидгоҳатро нақзи ҳуқуқи фейсбукиат медонӣ, бидон, ки ҳазфи дидгоҳи касе дигар ҳам ӯро барошуфта мекунад. Магар ин ки дидгоҳат душномолуда бошаду чиркин ва мустаҳаққи ҳазф шудан.
Ё айюҳаннос, аҳолии Фейсбук дар Тоҷикистон, таҳаммули дидгоҳҳои ҳамдигарро ёд бигиред ва ба дигарон ҳам ёд диҳед!
Ё ҳу!
(Сурӯши Фейсбукӣ)

Tuesday, November 30, 2010

Clean Politics

Сиёсати покиза

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Асри диҷитол (рақамӣ) ва фанновариҳои навини иттилоъотӣ саранҷом сарнавишти сиёсатҳои калонро дигаргуна рақам хоҳанд зад. Шояд замоне фаро расад, ки дигар сиёсатро палид надонем ва чирки сиёсат тавассути арраву сунбодаи расонаҳо зудуда шавад. Хушбоварист? Шояд, аммо комилан ғайри воқеъбинона нест.

Ҳар бор ки иттилоъоти “комилан маҳрамона”-и кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон тавассути торнамои “Викиликс” (Wikileaks) дар дастраси умум қарор мегирад, сиёсатмадорони риёкор дар кобусе воқеъӣ фурӯ мераванд. Якбора дармеёбем, ки лабханду таъоруфҳои Малик Абдуллоҳи Арабистон ба мақомоти Эрон чизе беш аз ташрифоти диплумотик набудааст. Ин марди мутабассим бо риши пруфесурӣ борҳо аз арбоби омрикоиаш тақозо кардааст, ки таъсисоти ҳастаии Эронро бумбборон ва нобуд кунанд; хабаре, ки рӯзи якшанбеи гузашта тавассути “Викиликс” ҷаҳонӣ шуд. Афзун бар ин, дармеёбем, ки раҳбарони бисёре аз кишварҳои араб ҳамин хостаи Малик Абдуллоҳро матраҳ кардаанд ва башиддат аз як Эрони ҳастаӣ нигаронанд.

Ҳарчанд Маҳмуди Аҳмадинажод саросема эълом кард, ки ин “дасисаҳои Омрико” ҳеч тағйире дар равобити дӯстонаи Эрон бо ҳамсоягонаш эҷод нахоҳад кард, ҳама ва аз ҷумла худи Аҳмадинажод медонанд, ки он муносибот дастхуши тағйироте хоҳад шуд. Ва он иддаъои Аҳмадинажод ҳам чизе ҷуз як жести диплумотик нест. Ва агар гӯшҳои Викиликс пушти дари утоқи раисиҷумҳурии Эрон қарор бигиранд, шояд изҳороти батамом мутафовитеро бишнаванду дарҷ кунанд.

Викиликс як расонаи байнулмилалист, ки соли 2006 таъсис шуд ва кораш шабеҳи созмонҳои ҷосусист; бо ин тафовут, ки ин созмон мутаъаллиқ ба ҳеч давлате нест, балки рақиби ҳамаи давлатҳост. Ҳар пич-пичи диплумотике, ки ба гӯшҳои тези ин созмон бирасад, мумкин аст фардо ба сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ табдил шавад. Номи ин созмон ҳам барои хелеҳо тарснок аст: wiki, ки ишорае ҳам ба донишномаи Wikipedia дорад, дар воқеъ баромада аз вожаи инглисии “wicked” аст, ки яке аз маъноҳои он “шариру бадкору бадҷинс” аст. “Leak” ҳам ба маънои чакка кардан ва дарз кардани иттилоъот аз маҳфилҳои маҳрамона ба ҷаҳони берун аст. Ин “чаккаҳои бадҷинсона” саранҷом чандин нафарро бистарӣ хоҳад кард.

Викиликс ҳаюлои тарсноке дар чашми сиёсатмадорони риёкор аст, ки ҳар он метавонад кӯси расвоиашонро бикӯбад. Мегӯянд, ин созмонро шуморе аз норозиёни сиёсии чинӣ ва рӯзноманигорону риёзидононе аз Иёлоти Муттаҳида, Тойвон, Урупо, Устролиё (Австралия) ва Офриқои Ҷанубӣ таъсис кардаанд. Ҷулиён Оссонж (Julian Assange), як фаъъоли интернетии устролиёӣ, раис ва сардабири Викиликс унвон мешавад. Ҷулиён акнун ба чеҳраи бисёр хатарноке барои давлатҳо табдил шуда ва парвандаҳоеро ба худ ихтисос додааст.

Бахше аз тозатарин ёфтаҳои Викиликс, ки шомили даҳҳо ҳазор санади маҳрамонаи диплумотик мешавад, бо Тоҷикистон ҳам пайванд хурдааст. Дар як гузориши маҳрамона бо номи “Қудрати порсӣ: Равобити рӯ ба рушди Тоҷикистон бо Эрон”, ки тобистони 2007 таҳия шудааст, диплумотҳои омрикоӣ нигаронии амиқашон аз густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабонро ба Вошингтун мухобира кардаанд. Дидорҳои мукаррари раҳбарони Эрону Тоҷикистон аз кишварҳои якдигар хотири онҳоро то ҳадди зиёде мушавваш кардааст. Ва онҳо далели афзоиши сатҳи равобит миёни ин ду кишварро тангдастии Тоҷикистон ва ниёзмандии Эрон ба ёроне дар минтақа донистаанд.

Фасод дар Қирғизистони Боқиев, ҳамли 52 милюн дулор тавассути Аҳмад Зиё Масъуд – муъовини раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар як сафари хориҷӣ, ишора ба дӯстидухтари укроинии Муаммар Қаззофӣ - раҳбари Либӣ, тақозои Ҳилларӣ Клинтун аз диплумотҳои омрикоӣ дар Созмони Милал дар мавриди дарёфти иттилоъоти маҳрамона аз кишварҳои узви ин созмон аз ҷумлаи дигар мавориди ифшои ахири Викиликс аст.

Ҷеғи бисёре аз давлатҳо баланд шудааст ва вазири хориҷаи Омрико ин иқдоми Викиликсро “ҳамла ба ҷомеъаи байнулмилалӣ” тавсиф кардааст. Ба бовари бону Клинтун, ифшои асрори магӯи ин давлатҳо эътилофҳои байнулмилалиро ба ҳам мезанад ва суботи ҷаҳониро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Аммо чаро? Чаро баёни ҳақиқат метавонад бад-ин андоза давлатсолоронро асабонӣ, мушавваш ва нигарон кунад? Магар далелаш ин нест, ки ҷаҳони мо бо нерӯи дурӯғу риё идора мешавад? Чаро раҳбарону масъулон аз ифшои суҳбатҳои пушти даришон меҳаросанд? Магар ин нест, ки он чи пушти дарҳо гуфта мешавад, бо он чи барои умум эълом мекунанд, тафовути 180-дараҷаӣ дорад? Ин нигаронию таҳлукаи раҳбарони давлатҳо магар беҳтарин намунаи сайтара ва ҳукумати риёву дурӯғ бар ҷаҳони имрӯз нест?

Аммо ҷаҳони имрӯзи расонаҳо чизи дигар аст ва шояд ҳаргиз дубора таҳти йӯғи давлатҳои мустабид наравад. Ҳатто агар имрӯз муваффақ шуданд, ки Викиликсро хафа кунанд, фардо аз роҳе дигар розҳои магӯ ва чирки давлатмадорон чакка хоҳад кард. Аз ин рӯ дар оғози матлаб гуфтам, ки шояд ин ифшогариҳо аслан чеҳраи сиёсатро иваз кунад. Шояд сиёсатмадорон ҳам дигар бо одоби писандидаи инсонӣ хӯ бигаранду дурӯғ нагӯянд. Шояд дигар сиёсати “як бому ду ҳаво” рахт барбандад. Чун дигар расонаҳои диҷитол талош мекунанд бар ҳар ғоре равзанае бизананд ва ҳар ногуфтаниеро бигӯянд. Ҳолу рӯзи сиёсатбозон чи хоҳад шуд? Ҳатман ба фикри тағйири равиш хоҳанд уфтод ва умед аст, ки садоқат бо сиёсат оштӣ кунад.

Friday, July 30, 2010

Press Becomes 'Impudent'

Матбуъот “густох” мешавад

(Ногуфтаниҳои 21.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)

“Оё интихоби раисиҷумҳури нав дар Тоҷикистон шуданист?;” “Мо дар ҳоли табдил шудан ба миллати маддоҳем”; “IRS моли кист?”; “Дарвозаҳои зулм”; “Тоҷикистон ба президент ниёз дорад ё ба шоҳ?”; “Қатли мармузи Мирзо Ҷага”; “Чаро домоди президент ба гап даромад?”; “Ба гуфтаҳои домоди президент бовар доред?”..

Унвони чанд матлаби ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд, ки чеҳраи комилан мутафовитеро аз матбуъоти кишвар бароям тарсим кард: матбуъоте, ки дорад дубора эътимод ба нафсашро бозмеёбад ва тан ба хорию хиффати худсонсурӣ намедиҳад. Шояд дорам муболиға мекунам, аммо муболиғае андак, ки бар воқеъияте қобили мулоҳиза савор аст.

Матбуъоти Тоҷикистон дар ҳоли бозёбии густохии ҳирфаист, ки лозимаи матбуъоти ростин аст; густохӣ барои баёни воқеъиятҳои рӯзгор ё дастикам, барои тарҳи пурсишҳое, ки дар зеҳни бахши мутафаккири ҷомеъа мечархад, аммо то кунун касе ҷуръати тарҳи онҳоро надоштааст. Мутмаиннан, ин густохии ҳирфаӣ бояд бо виждону усули ҳирфаӣ ҳамроҳ бошад. Аз матбуъоти ду ҳафтаи ахир мешавад чунин бардоште ҳосил кард, ки рӯзноманигорон дар баёни нигарониҳову пурсишҳои худ эҳтиёти лозимро риъоят мекунанд, то мабодо иддаъои бедалелеро матраҳ кунанд.

Намунаи хуби ин нукта ҳамон мавзӯъи мармузи ширкати пулситонии IRS аст, ки расонаҳои дохилӣ бо риъояти усули хабарнигорӣ танҳо бо зикри манбаъи аслии хабар эълом карданд, ки соҳиби ширкат чи касе метавонад бошад. Пас аз эътирози Ҷамолиддин Нуралиев ба пахши ин хабар, ки ба гуфтаи ӯ, бепоя аст, ҳамон расонаҳо изҳороти Нуралиевро ҳам мунташир карданд, ки бо усули матбуъоти ҳирфаӣ ҳамхонии комил дорад.

Ва акнун чизе, ки аз як расонаи ҳирфаӣ интизор меравад, даст ёфтан ба лубби матлаб аст: яъне агар ин ширкат ба Нуралиев таъаллуқ надорад ва агар қарор аст, ки ин изҳоротро бовар кунем, пас соҳиби воқеъии ин ширкати, зоҳиран, хориҷӣ кист? Далели ношунида гирифтани эътирози Ожонси зидди инҳисор чист? Далели маъоф шудани ин ширкат аз пардохти шумори зиёде аз молиёти давлатӣ чи будааст? Суди ҳосил аз пулситониҳои ин ширкат ба чи сандуқе ворез мешавад? Ва аслан, чаро ин мавзӯъ дар ҳолаи рамзу роз қарор дорад? Агар ширкат ва фаъъолиятҳои он қонунист, чаро набояд аз сир то пиёзи умури он дар матбуъот бозтоб ёбад?.. Бо пофишориҳои матбуъоти ҳирфаӣ метавон саранҷом ин ҳолаи рамзу розро пароканд ва ба ҳақиқат даст ёфт. Чун вазифаи аслии матбуъоти ростин чизе ҷуз воқеънигорӣ ва бозтоби вазъияти ростини ҷомеъа нест.

Танҳо дар сурати анҷоми ҳамин вазифа аст, ки матбуъот ба қудрату эътибори лозим даст меёбад ва ҳамонанди матбуъот дар ҷомеъаҳои озод, ҳукуматро дар баробари ҷомеъа посухгӯ мекунад. Чопи матолибе дар бораи даромадҳои номашрӯъи намояндагони мардум дар порлумони Бритониё таҳаввулоти густардаи бесобиқаеро дар пай дошт, ки такрори он иштибоҳро тақрибан номумкин кардааст. Матбуъоти Тоҷикистон ҳам дар сурати иҷрои пайгиронатари ҳамон вазифаи аслии худ (воқеънигорӣ) метавонад ба унсури корсозе дар ҳидояти давлату ҷомеъа табдил шавад.

Давлат набояд аз матбуъоти озод ҳарос дошта бошад, чун рози мондагории сомона (систем)-ҳои сиёсии Ғарб ҳамоно матбуъоти ойинавори онҳост. Давлат метавонад кажиҳои худро дар матбуъот мушоҳида кунад ва ба пероишу ислоҳи он бикӯшад. Дуруст мисли як инсон, ки қабл аз берун омадан ба ойинаи тамомқад нигоҳ мекунад, то мабодо, масалан, ришашро комил натарошида бошад ё почаи шалвораш пора бошад, давлат ҳам ба як чунин ойинае дар шакли матбуъоти озод ниёз дорад. Матбуъоти вобаста ба давлат, яъне ойинаи дақ ё кажнамо, ки тасвири дурӯғинеро дар зеҳни давлат менишонад ва мушкилоту решаҳои онҳоро аз диди давлат пинҳон медорад. Кори матбуъоти дурӯғпардоз ва давлатмеҳвар “дӯстии хола-хирса” аст, ки саранҷом ба табоҳии давлат меанҷомад.

Дигар ин ки мизони озодии матбуъот аз нишондодҳои обрӯву эътибори як кишвар аст. Матбуъот ҳар чи ҳирфаитару озодтар бошад, ба ҳамон мизон бар эътибори давлату кишвар дар арсаи байнулмилалӣ афзуда мешавад. Албатта, дар ҳоли ҳозир матбуъоти Тоҷикистон ба ин марҳила нарасида, аммо оғози талоше сутуданӣ дар ин росторо метавон мушоҳида кард.

Шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон, ба далели вобастагишон ба давлат, аз расонаҳои чопӣ фарсангҳо вопас мондаанд. Масалан, пахши барномаи ҷашни Рӯзи Истиқлоли соли 2002 дар Истаравшан ба далели сафари раисиҷумҳур ба он ноҳия дар соли 2010 ё қатъи барномаи ҳамаи шабакаҳои марказӣ барои пахши суханронии раисиҷумҳур аз мавридҳои хандадору ашкбори ин навъ вобастагии хоркунанда аст. Таърифу такриму ситоиши сарвари давлат бо унвонҳои пуртумтароқи “шоҳ”-у “шоҳаншоҳ” аз қавли мардуми бечораи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонӣ, ки нони имрӯзашон ба фардо намерасад, хиёнат ба виждони рӯзноманигорист. Агар тамоми мардуми ҷаҳон ба таври дастаҷамъӣ ранги сиёҳро сапед тавсиф кунанд, боз ҳам таркиби ранги сиёҳ бетағйир мемонад. Пас беҳтар аст шабакаҳои телевизюнӣ ҳам даст аз худфиребӣ бардоранд ва ба вазифаи ҳирфаии худ бипардозанд, ки чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо нест.

Барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин гуфтаҳо бад нест биандешем, ки матбуъоти чи кишварҳое озод асту расонаҳои чи мамлакатҳое – вобаста. Он гоҳ дармеёбем, ки танҳо давлатҳои дорои эътимод ба нафс, қобили эҳтиром ва рӯ ба пешрафт ба матбуъот маҷоли озодӣ медиҳанд ва давлатҳои бадбахту фосиду рӯ ба завол монеъ аз озодии баён мешаванд, то табоҳишон ифшо нашавад. Ҳар давлате мухтор аст яке аз ин ду гузинаро баргузинад ва бо паёмадҳои интихобаш мувоҷеҳ шавад.

Wednesday, May 27, 2009

Shahzade of Samarqand in Persia

Шахзодаи Самаркандй дар Эрон

Порахое аз сафарномаи Шахзодаи Самаркандй ба Эронро дар торнигораш ва сафхаи вижааш дар родю Замона хонда будам. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан. Филме, ки Шахзода аз чараёни нахустин дидораш аз Эрони исломй тахия карда, ба ростй диданист. Дар холе ки Шахзода бо дидани махалхои бахусусе ба ёди киссахои кудакию навчавониаш меуфтод, ман ба ёди рузхое будам, ки перомуни хамон махалхо мепалакидам, таъми руъёхоямро мечашидам, пайкарашонро ламс мекардам ва баргхои зарди орзухоямро аз руи хоки поки Эрон мечидам, то замоне ки орзухоям мусодира шуду худам тард.

Сипос, Шах. Даст марезод. Кори пурзахматеро ба хубй анчом додайи.

safar be IRAN from radio zamaneh on Vimeo.

Perilous Fluffing

Сутй, тупук ё иштибохи хатарноки лафзй

Равшан нест, ки дар паи ин иштибох дар талаффуз бар сари ин гуяндаи телевизюни Чумхурии Исломии Эрон чи хохад омад. Иштибох чй буд? Такрораш шояд чоиз набошад. Худатон бибинед:

Friday, May 22, 2009

Soft Revolution by Media

Инкилоби нарми расонахо

به دبيره پارسی

Бритониё мунодии демукросии мудерн ва пешоханги салтанати машрута дар чахон ба шумор меояд, аммо суннатитарин намодхои сиёсй дар Урупоро низ хамин чо метавон сурог дошт. Курсихои маврусй (меросй)-и Мачлиси Аъён бо аъзои гесбасар (парикпуш)-и сурхпушаш, ташрифоти пуртумтароки нишастхои мачлисхои аъёну авом, шукухи салтанатии вуруди раиси мачлис ба толор, сарусадои аъзои мачлис ба хангоми суханронихо дар тахсин ё такбехи суханварон шабохати зиёде ба дигар низомхои демукротики чахон надорад ва шояд дар тули чандсад соли ахир тагйири чандоне накарда бошад.

Аммо инхо хама намод в намуди дастгохи сиёсиест, ки коркарди он тафовути чандоне аз низомхои гайрисалтанатй надорад. Дигар на малика аз кудрате бархурдор аст, ки аслоф (пешиниён)-аш доштанд ва на аъён (лордхо) аъёни тавонманди гузаштаанд. Бритониёихо ба тагйироти сареъу сарех тамоюл надоранд ва тарчех медиханд дигаргунихо бо паймудани марохили табиъии худ ва бо хифзи зохир, дар даруни ниход анчом бигирад.

Таи ду хафтаи ахир шохиди як чунин тахаввуле дар Мачлиси Авом будем, ки дасту боли бози намояндагони мардум дар истифода аз пули байтулмолро то хадди зиёде баст ва заминаро барои бознигарии конунхои марбут ба такозои маблагхои кумакй аз суи намояндагон фарохам кард ва гузашта аз он, боъиси руйдоде шуд, ки дар беш аз се карни ахир собика надоштааст.

Шояд битавон эъломи истеъфои раиси Мачлиси Авоми Бритониёро навъе инкилоби нарм дар арсаи сиёсии суннатгарои ин кишвар унвон кард. Инкилобе, ки пайгирона дар зарфи ду хафта тавассути як нашрияи чопи Ландан пайрезй шуд ва дар нихоят бо танбехи шуморе аз намояндагони мачлис ва канорагирии Мойкл Мортин (Michael Martin) аз макоми раёсати Мачлиси Авом ба самар расид.

Коре, ки рузномаи Дейли Телегроф (Daily Telegraph)-и Ландан кард, шояд пурхазина, аммо сода буд: чопи фехрести номхои аъзои Мачлиси Авом бо зикри маблагхое, ки эшон ба манзури таъмини рузгорашон аз байтулмол бардоштаанд; аз харчи гизои сагу гурбахошон гирифта, то хариди телевизюну лавозими богдорй ва пардохти кисти мохиёна (заём)-и масканхояшон. Дар ин миён ошкор шуд, ки шуморе аз намояндагон пули калонеро ба бахонахои гуногун бардоштаанд, ки вочиди шароити дарёфти он набудаанд.

Daily Telegraph ин иттилоъотро ба кумаки як афсари пешини нерухои вижа ва коршиноси амниятии кунунии ширкатхои бима дар киболи маблаги хангуфте аз манбаъе номаълум харидорй карда ва мегуяд, ки фехрестро барои хидмат ба манфиъати умум чоп кардааст. Дар паи интишори фехрестхои занчирайи расид (расписка)-хои намояндагони мачлис зери заррабин рафт, чанд тан аз макомоти баландпояи вазоратхонахо аз макомхояшон канор рафтанд ва намояндагишон дар Мачлиси Авом ба таълик уфтод, беш аз 120 хазор пунд аз чайби намояндагон ба байтулмол баргашт ва бино ба назарсанчихо, мизони махбубияти хизби хокими Коргар ба таври бесобика уфт кард.

Афзун бар ин, карор аст ба зудй дафтари пардохти хазинахои намояндагони мачлис таътил ва ниходе мустакил барои назорати пардохти хазинахо поярезй шавад, бисёре аз мазоёи молй (финансовые льготы)-и намояндагон лагв шавад ва аз ин ба баъд мухри «махрамона» аз руи додахои марбут ба мазоёи молии намояндагон зудуда шавад.

Яъне як нашрия тавонист тавонист бо ифшои додахое «махрамона» Мачлиси Авомро даргири талотуме кунад, ки ба хонатаконии муфассале дар он анчомид, девори «дафтари молй»-и онро ба хок нишонд ва пушти сахнаи мачлисро дар маърази диди мардум гузошт.

Албатта, гузориши пардадарихои Daily Telegraph-ро хамаруза дигар расонахои Бритониё низ пушиш медоданд. Дар натича, казия ба як корзори густардаи расонайи табдил шуд ва Мачлиси Авомро дар баробари кудрати «рукни чахоруми хукумат» ба зону даровард. Чилваи кудрати расонахо дар ин мочаро ба андозае хиракунанда буд, ки бархе ба шухй пешниходи иртикои макоми расонахоро додаанд ва матбуъотро «рукни севум» хондаанд.

Дар вокеъ, расвоии Мачлиси Авоми Бритониё дар радифи мочарохои Вотергейт (Watergate) дар замони Никсун (Nixon) ва Мунико Левинскй (Monica Lewinsky) дар давраи Бил Клинтун (Clinton) карор мегирад, ки намунаи кудратнамоии матбуъот дар баробари давлатмардону сиёсатмадорон аст. Бо ин тафовут, ки дар расвоии ахир расонахо фарогиртаранд ва дар ташаккули афкори умумй корсозтар. Ин бор торнигорхо ё веблогхо хам аз унсурхои фаъъоли ин корзор хастанд.

Хамаруза садхо веблогнависи инглисй чараёни чанчолро гузориш медиханд ва голибан бо асабоният бархе аз намояндагонро накухиш мекунанд ва навмедона мепурсанд, ки аз суиистифодаи хомиёни манофеъи мардум ба чи марчаъе метавон шикоят бурд. Хашми мардум ба гунае дар Интернет ва дигар расонахо мавч мезанад, ки шуморе аз намояндагон аз бозгаштан ба хавзахои худ бим доранд. Хамлаи тахрибкорон ба хонаву дафтари бархе аз онхо хароси намояндагонро дучандон кардааст.

Пешдастии расонахо дар амри химоят аз манофеъи мардум мизони эътибори сиёсатмадорон, ба вижа хизбхои умдаро ба шиддат кохиш дода, аммо дар иваз чойгохи расонахоро устувортар кардааст. Дар ин мочаро он чи барчаста шуд, накши матбуъот ба унвони нозири кирдори сиёсатмадорон буд. Накше, ки метавонад барои чехрахо ва ниходхое, ки сарнавишти моро таъйин мекунанд, сарнавишти тозае ракам бизанад, то заминае равшантар барои чомеъа фарохам шавад.

Ба гуфтаи Вилём Бернбох (William Bernbach), аз бузургони санъати таблиготи Омрико,

«Хамаи мо, ки бо расонахо ба таври хирфайи сарукор дорем, шаклдихандагони чомеъа хастем. Мо метавонем чомеъаро мубтазал кунем. Метавонем ба он рангу буи барбарона бидихем. Ва ё метавонем ба иртикоъи чомеъа ба сатхе баландтар мусоъидат кунем.»

Албатта, бастагй дорад, ки сухбат аз чи расонахое дар чи чавомеъе хаст. То ин чо чунин ба назар мерасад, ки расонахои Бритониё дар тагйиру пероиши тадричии сомонаи сиёсии кишвар корсоз будаанд.

Monday, March 30, 2009

The Vernal Turkic 'Voice'

"Овоз"-и наврузии турктаборон

Бори дигар собит кардем, ки мо мардумони суханем. Тавонистаем суханро дар бартарин манзалат бинишонем (пеш аз ин ки аз осмон ба заминаш афканем), бо сухан зинда бимонему зиндагй кунем ва бо сухан хам бозй кунему бибозем. Аз ин чост, ки маъмулан гуи сибкатро ба ононе мебозем, ки кирдорро бар гуфтор тарчех додаанд. Ин бор хам чунин шуд.

Дар хамин рузхои соли гузашта буд, ки хаваси таъсиси як шабакаи телевизюнии порсй барои кишвархои порсизабон зехну калби макомотамонро тасхир карда буд. Ба гунае, ки хабаргузорихо мужда медоданд, ки ба зудй як чунин шабакае падид хохад омад ва хатто мухтавои куллии барномахои онро низ эълом карданд. Гуфтанд, ба далели тафовутхои идеулужику сиёсии миёни Эрону Точикистону Афгонистон ин телевизюн умдатан фархангй-ичтимоъй хохад буд. Сурфахои асабии намояндагони нохушнуди кавми паштун дар Афгонистон боъис шуд, ки порсигуён имтиёзеро барои онон низ коил шаванд ва бипазиранд, ки бахши кучаке аз ин барномахо ба забони пашту хам бошад. Он гох таъбири “телевизюни порсй” ва хувияти он зери суол мерафт, ки аз диди ман, суоли бузурге нест. Агар карор аст ин тахфиф дар баробари паштунхои кудратманд дар Афгонистон рохро барои ин тарх хамвор кунад, дарди ба хайр аст. Ба вижа агар ин нукта хам мадди назар бошад, ки пашту хам аз забонхои эронии шаркист.

Сипас торихи рохандозии шабакаи порсй эълом шуд, лагв шуд, дубора эълом шуд ва охирин бор беш аз як мох пеш буд, ки раиси Кумитаи давлатии садову симои Точикистон Наврузи 2009-ро торихи огози кори шабакаи мавъуд эълом кард.

Навруз хам гузашту аз шабакаи порсии мо хабаре нашуд. Ба чои он шабкаи телевизюнии тозае руи амвочи мохворайи рафт. На аз Эрону Точикистону Афгонистон, балки аз Туркия. На ба забони порсй, балки ба забонхои туркитабор. Ва аммо на бо номе туркй, балки бо унвони порсии ноби “Овоз”. Дуруст дар рузи Навруз ва ба ифтихори Навруз. Абдуллох Гул, раисичумхури Туркия, дар маросими гушоиши ин шабака зимни тавзехи маънои унвони порсии он гуфт: “Шабакаи “Овоз”-и ТРТ чахони турк (забон)-ро мухотаб карор медихад.” Чахони турк (забон) ба пиндошти бародарони турк минтакахои Болкон, Кафкоз ва Осиёи Миёнаро дарбар мегирад. Барномахо ба забонхои туркитабори гуногун тахияву пахш мешаванд ва бинандагон имкон доранд аз тарики ин шабака забони туркии истонбулиро хам биомузанд. Барои чахони туркизабон метавон ин руйдодро шодбош гуфт, чун ба ростй дар пайванди хар чи наздиктари онхо сахми басазое хохад дошт. Аммо барои мубтакирони ин андеша, ки порсигуёни се кишваранд, таслият муносибтар аст. Чун боз хам аз хадди сухан фаротар нарафтем. Нишастему назора кардем, ки чи гуна андешаи мо мавриди турктозии пушидае вокеъ мешавад, ба ягмо меравад ва дар сомоне дигар ба вукуъ мепайвандад.

Шабакаи “Овоз”, дакикан ба монанди тархи порсигуён, дар рузи Навруз рохандозй шуд ва мухтавои барномахои он хам (бо таваччух ба тафовутхои идеулужику сиёсии миёни кишвархо) фархангию ичтимоъист. Дар маросими гушоиши он дар канори макомоти кишвархои турктабор хунармандони баноме чун Таркани турк ва Севара Назархони узбак хузур доштанд. Турктаборон канори хам чашни Наврузро бо шукуху шавкат гиромй доштанд ва шабакаеро бо унвоне порсй, ки дар забони туркии навин вучуд надорад, ифтитох карданд.

Турфа руйдоде, ки моро дар гирдобе аз андешахои магшуш меафканад: оё фикри ифтитохи ин шабака кай дар зехни туркхо буруз кард? Ва агар онхо чунин барномаеро аз кабл доштанд, чаро касе аз он огох набуд? Ва чаро тархи мо, ки барои хама ошкор буд ва борхо дар хабарномахои мухталиф пахш шуд, ба мархилаи ичро нарасид?

Дарсе, ки аз ин руйдод хосил мешавад, шояд ин бошад, ки бехтар аст аз ин ба баъд камтар чор бизанему бештар кор кунем.