Wednesday, May 27, 2009

Shahzade of Samarqand in Persia

Шахзодаи Самаркандй дар Эрон

Порахое аз сафарномаи Шахзодаи Самаркандй ба Эронро дар торнигораш ва сафхаи вижааш дар родю Замона хонда будам. Аммо шунидан кай бувад монанди дидан. Филме, ки Шахзода аз чараёни нахустин дидораш аз Эрони исломй тахия карда, ба ростй диданист. Дар холе ки Шахзода бо дидани махалхои бахусусе ба ёди киссахои кудакию навчавониаш меуфтод, ман ба ёди рузхое будам, ки перомуни хамон махалхо мепалакидам, таъми руъёхоямро мечашидам, пайкарашонро ламс мекардам ва баргхои зарди орзухоямро аз руи хоки поки Эрон мечидам, то замоне ки орзухоям мусодира шуду худам тард.

Сипос, Шах. Даст марезод. Кори пурзахматеро ба хубй анчом додайи.

safar be IRAN from radio zamaneh on Vimeo.

3 comments:

Mehanparast said...

Thanks for this posting.

Botur Kosimi said...

Аз ин навор хеле бахраманд гаштам. Барои захмататон сипосгузорам, Шахзода ва Дориюши гироми!

Ишки Ирон, Ирони Кадим, Ирони Бузург дар дили хамаи Точикони механпарвару фархангдуст хатман чойи хос дорад. Худованд чунин бикунад, ки рузе ин тамаддуни бузург боз нашъунамо пайдо бинамояд.

Худо нигахбони шумо.
Ботур Косими

D said...

Механпараст ва Ботури гиромй,

Сипос аз мехрубонитон. Ва дуруд бар Шахзодаи арчманд, ки моро бори дигар ба диёри орзухо бурд. Шояд он орзухо дар дили касоне хазон шуда бошанд. Аммо бо дидани ин филми кутох дар дили садхо тани дигар ормонхои худшиносй метавонад чавона бизанад.

Д