Шохи хазорчехраи Эрон
به دبيره پارسی
Султони мустабидду берахме, ки писарони худро кур карду кушт, аммо дар миёни мардумонаш арчу эътибори як кахрамонро дошт.
Ин чумлаест, ки Дейвид Блу (David Blow) дар муъаррифии Шох Аббос – фармонравои баноми Сафавй дар садахои 16 ва 17-и мелодй ба кор бурдааст. Вай хамчунин Шох Аббоси Сафавиро чангчуи тавоное медонад, ки бо рондани нерухои ишголгари бегона обруву ифтихори эрониёнро тачдид ва тамомияти арзии Эронро баркарор кард.
Китоби «Шох Аббос: шохи берахме, ки хамосаи эрониён шуд» ба калами Дейвид Блу – эроншиноси инглисй аз чомеътарин китобхои мавчуд дар бораи ин подшохи Эрон аст. Таърифи достони зиндагии Шох Аббос аз мурури пешинаи у ва таъсиси тарикати ирфонии Сафавия огоз мешавад.
Муршиди комили ин тарикат Шайх Сафийиддин (1252 то 1334 мелодй), падарчадди Шох Аббос буд. Ба навиштаи Дейвид Блу, Шайх Сафийиддин як курди порсигуи ахли Ардабил буд ва бештари муридони у туркманхои Озарбойчон буданд, ки баъдан бо номи «кизилбош» шинохта шуданд.
Аммо шуморе аз эроншиносон бо ин тавсифи Дейвид Блу мувофик нестанд ва кизилбошхоро туркман намедонанд ва муътакиданд, «кизилбош» (сурхсар) як мафхуми кавмй нест, балки номи гунд ё мачмуъае аз гуруххои кавмии гуногун, аъам аз турку точик (эронй) аст, ки шохаи пайкорчуи чунбиши ташайюъро ташкил медоданд. Дуруст аст, ки кавмхои туркмане чун устончлу, румлу, шомлу, афшор ва кочор аз рукнхои аслии ин ниход буданд. Аммо дар миёни кизилбошхо эрониёни гайритуркзабон хам буданд, ки туркманхо онхоро «точик» меномиданд. Точикхо шомили намояндагони кавмхои толиш, занд, курд, сиёхкух ва дигар эронизабонон мешуданд.
Дейвид Блу дар китобаш иборати кадимии «турку точик»-ро ба вуфур ба кор бурдааст, ки дар карнхои миёнй як иборати маъмулу роич буд ва манзур аз «точик» голибан эронй ё гайритурк буд. Аз ин ру таъаччуб нахохед кард, агар дар китоби Дейвид Блу бихонед, ки модари Шох Аббос як точики мозандаронй буд ё вазирони дарбор аксаран точик буданд ё ин ки миёни туркхои кизилбош ва точикхои дарбор носозгорихое будааст.
Кизилбошхо дар дарбори Сафавй чойгохи рафеъу фарохе доштанд, чун бо такя бар неруи хамин пайкорчуёни шиъй буд, ки Исмоъили Сафавй дар соли 1501-и мелодй нахуст Табрез, сипас шахрхои дигари Эронро фатх кард ва худро «подшохи Эрон» номид.
Сиёсатхои башиддат сунниситезонаи подшохони Сафавй хашму хусумати хамсоягони суннии Эрон, ба вижа узбакхои Осиёи Миёна ва импротурии Усмониро барангехт. Дар натича шимоли шарк, шимоли гарб ва гарби Эрон борхо мавриди турктозии узбакхову усмонихо вокеъ шуд ва порахое васеъ аз хоки Эрон ба дасти бегонагон уфтод. Аз суи дигар, даргирихои дарунй миёни амирони кизилбош Эронро вайрон карда буд.
Бо чулуси хунини Шох Аббоси хафдахсола ба тахт авзоъ рафта-рафта ба куллй тагйир кард: кудрати амирони кизилбош то хадди зиёде салб шуд, «уламо» ё рухониюни шиъа ва «гуломон» ё бардагони кафкозй ба ду пояи аслии давлат табдил шуданд, бо ошубгарони дохилй бо хушунате бесобика бархурд шуд ва бо бегонагони ишголгар нахуст мудоро шуд ва сипас пайкори оштинопазир, ки ба ронда шудани ишголгарони турку узбак аз хоки Эрон анчомид.
Шох Аббос тавонист на танхо тамомияти арзии Эронро хифз кунад, балки Багдоду Бахрайну чазираи Хурмузу Кандахору Арманистону Гурчистонро хам ки аз даст рафта буданд, дубора ба хоки Эрон мулхак кунад. Чоддахои Эрон, ки дар гузашта маъмани рохзанон буд, ба амнтарин чоддахои чахон табдил шуд ва ин иддаъоест, ки сайёхони фарангии даврони Сафавй дар гузоришхояшон овардаанд.
Шох Аббос нигохи Гарб ба Эронро низ тагйир дод ва ба гуфтаи Дейвид Блу, подшохи Эрон хамтову хамсанги малика Элизобети Якуми Инглис ва Филипи Дуюми Испониё махсуб мешуд. Дейвид Блу ба накл аз Жон Товерние – як бозаргони фаронсавй, ки се сол пас аз марги Шох Аббос вориди Эрон шуда буд, менависад: «Эрон дар кораи Осиё чойгохи Фаронса дар Урупоро дорад.» Товерние муътакид буд, ки дарбори Сафавй фархехтатарин дарбори мавчуд дар Ховарзамин аст.
Овозаи дудмони Сафавй ба хадде чахонгир шуда буд, ки вожаи «суфй» (Sophie), баромада аз номи падарчадди Аббос (Сафийиддин), дар забони инглисй чойгузини вожаи «шох» ба маънои фармонравои Эрон шуд ва Шекспир дар порае аз осори мондагораш ин вожаро ба кор гирифтааст.
Шухрати дарбори Сафавй мочарочуёни гарбии бисёреро ба Эрон чазб мекард. Шуморе аз онхо, ба монанди бародарон Антунй ва Роберт Шерлии инглисй дар дарборхои Урупо аз Шох Аббос намояндагй мекарданд ва Роберт Шерлй дар хамаи дидорхои расмй бо макомоти фарангй чомаи эронй ба тан ва дастори эронй ба сар дошт. Дейвид Блу дар китобаш аз сафарномаи Сер Антунй Шерлй дар бораи Эрон ба вуфур истифода кардааст. Дар миёни дигар сафарномахои арзишманди мавриди корбурди Дейвид Блу унвони китобхои Горсиё Фигуэруо (Garcia Figueroa), диплумоти аршади испониёйи ва Тумос Херберт (Thomas Herbert), торихнигори инглисиро метавон дид.
Херберт хамон нависандаест, ки нахустин хайъати сиёсии инглисиро, ки ба сафорат мерафт, хамрохй кард ва мушохидоташро дар китобе зери унвони «Гашту гузор дар Эрон. 1627-29» мунташир кард. Фигуэруо нахустин фарангиест, ки яке будани Тахти Чамшед ва Персепулисро собит кард, чун тафовути номхои порсию фарангии пойтахти Эрони Хахоманишй ин хакикатро пинхон дошта буд.
Аммо маъмурияти Фигуэруо чизе дигар буд; вай талош мекард миёни Шох Аббос ва шохони Урупо эътилофе алайхи импротурии Усмонй падид оварад ва химояти подшохи Эрон аз масехиёни мукими ин кишварро чалб кунад.
Шох Аббос хам ба эчоди эътилоф алайхи туркхои усмонй бисёр алокаманд буд ва бад-ин манзур дар хузури фиристодагони фарангй чунин вонамуд мекард, ки дар шуруфи ру овардан ба кеши масехият аст. Урупоихо ин шигирди диплумотики Шох Аббосро чиддй гирифта буданд ва мепиндоштанд, ки хар он мумкин аст фармонравои Эрон ба силки масехиён бигаравад.
Аммо бевафоии шахриёрони фарангй ба таъахудоташон мабнй бар хамдастй дар хамла ба импротурии Усмонй боъис шуд, ки Шох Аббос аз мизони тасомухи мазхабиаш бикохад ва масехиёни кишварашро барои муддате дар мазика карор дихад. Вале арманихо, ки унсури калидй дар тичорати абрешими Эрон ба шумор меомаданд, маъмулан мавриди мархамати Шох Аббос карор доштанд ва барояшон махаллахову шахракхои вижаи мураффахе сохта шуд.
Дейвид Блу дар ин китобаш афзун бар мурури руйдодхои зиндагии Шох Аббос ба баррасии шахсият ва тавоноихои у низ пардохта ва дар фаргирд (фасл)-хое чудогона Шох Аббосро дар макоми бозаргон, хунарпажуху хунарманд ва меъмору шахрсоз санчидааст. Дейвид Блу менависад, ки шахсияти Шох Аббос бисёр печида ва хазорчехра буд ва шомили вижагихои мутанокизе мешуд, ки аз у фармонравое созанда ва гох сузанда сохта буд.
Дарки нодурусти бархе аз ибороту вожахои порсию арабй аз маъдуди лагзишхои китоби Дейвид Блу аст. Барои намуна, дар ин китоб «Бихор-ул-анвор»-и Мачлисй «Бахори нурхо» маънй шуда ва ба накл аз Чон Фроер – пизишки ширкати Хинди Шаркй дар давраи Сафавй вожаи «шобош»-и порсй, ки кутохшудаи «шодбош» аст, мухаффафи «Шох Аббос» таъбир шудааст.
Аммо ин лагзишхои чузъй аз арзиши китоби Дейвид Блу ва пажухиши мушикофонаи у дар зиндагй ва корномаи Шох Аббос намекохад. Мавзуъи яке аз тахкикоти чолиби у дар ин китоб иттиходи миёни тахту мехроб дар ахди Сафавй аст, ки ба бовари нависанда, заминасози пирузии Инкилоби Исломии 1357 (1979)-и Эрон буд.
Дейвид Блу хамчунин талош кардааст чугрофиёи зиндагии Шох Аббосро фаро бигирад ва шахрхоеро, ки ба гунае бо зиндагии у гирех хурдаанд, тасвир кунад. Шумори он шахрхо хам андак нест: Шох Аббос дар Хирот ба дунё омад, дар Казвин ба тахт нишаст, дар Исфахон ба шукуфойи расид, дар Мозандарон шахрхои Фарахободу Ашрафро бино ниход, дар синни панчоху хафтсолагй дар Ашраф даргузашт ва дар хаволии Кошон ба хок супурда шуд.
Китоби «Шох Аббос: шохи берахме, ки хамосаи эрониён шуд» гузориши комилест аз панчоху хафт сол зиндагй ва чихил сол салтанати ин чехраи торихии Эрон ва паёмадхои хукумати у.
Мушаххасоти китоб:
David Blow
Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend
I.B. Tauris
London – New York 2009
No comments:
Post a Comment