Showing posts with label Prague. Show all posts
Showing posts with label Prague. Show all posts

Friday, July 18, 2008

A Fire Set by Sayyaf

Оё хушку тар бо хам хохад сухт?

(Ин матлаб барои торнамои Asia-Plus навишта шудаст)

Пушиши хабарии густардаи шикояти Сайёфи Мизроб, хабарнигори пешини родю Озодй, аз созмоне, ки тайи беш аз 11 сол дар он кор мекард, таъаччуббарангез буд. Дар паи он баргузории нишасти хабарии Холики Сангин, яке дигар аз рузноманигорони ранчида аз родю Озодй, ки чанде пеш аз шугли худ махрум шуд, бар доманаи мушкили ин бунгохи суханпароканй дар Точикистон афзуд. Хар ду гилоя мекарданд, ки ин родюи омрикоии мустакар дар Прог пайваста аз онхо бахракашй карда ва бар онхо ситам раво дидааст. Суханони рузноманигорони муътариз аз тарики расонахои давлатй ва хусусй дар саросари чахон танин андохт.

Сиххату сукми иддаъохо

Бисёре аз нукоти матруха дар сухбатхои Холики Сангин ва Сайёфи Мизробро метавон ба махаки санчиш кашид ва сиххати онхо дар гузаштаро собит кард. Дар вокеъ, родю Озодй, ки бозмондаи чанги сарди Омрико бо Шуравист, хануз муваффак нашудааст дар сохтору нахваи кори худ тагйироти лозимро анчом дихад ва худро, ба маънии хирфаии вожа, ба як расонаи комилан бегараз ва бетараф табдил кунад. Аммо тагйирот дар раёсати родю Озодй дар Прог, ки чанде пеш иттифок уфтод, ин муждаро ба кормандони он додааст, ки риволи кор дар ин расона ру ба бехбуд аст ва мудирияти заррайи (микроменечмент)-е, ки хамин ду-се сол пеш рузноманигорони бахшхои мухталифи онро озор медод, ба маротиб кохиш ёфтааст. Дар гузашта имкон дошт болотарин макомоти родю дар кори кучактарин рузноманигори як бахш дахолат кунанд ва гузориши уро ба нахви дилхохи худ тагйир диханд. Гуфта мешавад, ки бо омадани Чеффри Гедмин ба макоми раёсати кулли родю дар мохи морси 2007 ин истибдоди хирфайи махор шудааст.

Аммо ангезаи аслии эътирози баланди Сайёфи Мизроб чй буд? У дар изхороти худ Род Шахидй – раиси бахши точикии родю Озодиро ба ситампешагй, худкомагй, талош барои бадном кардани Точикистон ва ба хам задани авзоъ дар кишвар, накзи хукуки кормандонаш бино ба Конуни кори Точикистон муттахам кардааст. Иттихомоте, ки мусалламан, аз суи окои Шахидй рад мешавад.

Бо таваччух ба муддати кутохе, ки дар соли 2006 дар родю Озодй кор кардаам, ба сарохат метавонам бигуям, ки шохиди дахолати мустакими мудирони омрикойи дар тахияи гузоришхо будаам. Мудирони гайрихирфаие, ки бо шинохти сатхй аз умури минтака талош мекарданд назари нокиси худро бар курсй бинишонанд ва аз шеваи тавозуни Би Би Си дили хуше надоштанд. Бештар рогиб буданд ба нерухое, ки трибун надоранд, трибун бидиханд ва дар ин замина камтар аз инсофи рузноманигорй кор мегирифтанд. Вале афроди хибраву корозмудае чун Маъсумаи Турфа – раиси пешини бахши точикии родю Озодй буданд, ки дар баробари ин мудохилоти гайрихирфайи меистоданд ва монеъ аз пахши матолиби мугризона мешуданд. Набарди Маъсумаи Турфа бо мустабиддони родю ба истеъфои довталабонаи у анчомид. Ва саранчом мудирияти гайрихирфайи ва мугризи родю барканор шуд.

Ба такрор мегуям, ки сухбат аз ду сол пеш аст. Дар паи тагйири мудирияти кулли родю, ба гуфтаи кормандони феълии он, хамакнун чунин дахолате такрибан рух намедихад ва таъкиди макомот бар риъояти инсоф ва пахши ахбори бетарафона бештар аст.

Пул

Вале нигохе ба ду номаи Сайёфи Мизроб ошкор мекунад, ки эътирози у умдатан ангезаи молй доштааст. Чун дар хар ду нома бештарин таъкид бар микдори пуле шудааст, ки у мохона аз дафтари родю Озодй дарёфт мекард ва метавон хадс зад, ки агар Род Шахидй бар маблаги мохонаи хампешаи мо меафзуд, шояд имруз гирифтори ин махмаса намешуд.

Бо таваччух ба дастмузде, ки бархе аз рузноманигорони камкортар дар Прог дарёфт мекунанд ва бо дарназардошти афзоиши киматхо дар Точикистон, метавон ба Сайёфи Мизроб хак дод, ки аз макомоти родю пули бештар бихохад. Аммо чаро ин казияи молй сиёсй шуд ва дар холи табдил шудан ба корзори давлат алайхи расонахои хоричист? Бехтар аст мухтавои хар ду номаро мурур кунем, то казия равшантар шавад.

Эътибори Омрико ё Точикистон?

Матни номаи Сайёфи Мизроб ба Чеффри Гедмин – раиси кулли родю Озодй ва матни изхороти рузноманигори точик аз якдигар басе мутафовит аст. Окои Мизроб хитоб ба раиси родю аз огоз то поён шикояти молй кардааст. У нигарони пардохт нашудани хаккуззахма (гонорар)-аш дар изои 14 гузоришаш аст ва тахдид мекунад, ки дар сурати сарпечии Род Шахидй аз пардохти пули гузоришхо ба додситони кулли кишвар шикоят хохад бурд. Дар идомаи нома Сайёфи Мизроб гилоя мекунад, ки тибки карордоди нави кор аз дастмузди мохонааш 228 дулор кохиш ёфтааст ва ин ки барои саробони як хонаводаи хафтнафара зиндагй бо ин дастмузди ночиз тахаммулпазир нест. У шикоят мекунад, ки Род Шахидй шумори гузоришхои кормандони мустакар дар Точикистонро ба 25 адад дар мох махдуд кардааст. Вай хамчунин нигарон аст, ки рафтори Род Шахидй дар Точикистон ба монанди як «хоким ё шохи шаркй ба намояндаи як радиои амрикойи зебанда нест». Рузноманигори точик дагдагаи дигаре хам дорад, ки «имичи радиои Озодй дар Душанбе руз то руз кохиш меёбад.»

Яъне дар номаи Сайёфи Мизроб ба раиси омрикойии родю нигаронии у аз кохиши хайсияту эътибори намояндагони Омрико ва родюи омрикойи мавч мезанад. Аммо дар изхороти у, ки бо фосилае андак мунташир шуд, аз ин нигаронй хабаре нест ва чои онро игтишоши хотири окои Мизроб дар бораи «кохиши имичи Точикистон» гирифтааст. Вай менависад: «Кормандону корфармоҳои РО имиҷи ҳукумат ва обрӯи миллатро мерезонанд, ки ин яке аз дигар қадами ниҳоии ман дар пешорӯи истеъфо аз ин Радио шудааст.» Сайёфи Мизроб меафзояд: «Таҳқири сарзамин, кишвар, ҳукумат, миллат пайваста аз ин Радио садо медиҳад ва гузоришгарони Радио иҷборан ё ихтиёран пайваста ба домани фитна нисбат ба ҳамин кишвар даст мезананд.»

Ин иборот беихтиёр моро ба ёди хабари 26 жуан (июн) меандозад, ки он чо низ сухбат аз расонахои хоричие мешуд, ки ба «имичи Точикистон» осеб мерасонанд. Дар он руз давлати Точикистон аз таъсиси як кумитаи вижаи хафтнафара барои вокуниш ба хамалоти иттилоъотии расонахои хоричй хабар дод. Ба гуфтаи масъулони ин кумитаи давлатй, «тайи чанд мохи ахир дар расонахои хоричй матолиби зиёде мунташир шудааст, ки аз имич ё тасвири Точикистон дар миёни чахониён костааст.» Оё ин як тасодуфи сода аст?

Сайёфи Мизроб бо таваччух ба мухотаби худ вожахову ибороти нома ва изхороташро баргузидааст. Дар номае, ки мухотаби он макоми баландпояи омрикойист, у нигарони обруи Омрикост. Ва дар номае, ки мухотаби мустакими он зохиран давлати Точикистон аст, сухбат аз «кохиши имичи хукумат ва обруи миллат ва тахкири сарзамин, кишвар, хукумат ва миллат» меравад, ки ба гуфтаи у, тавассути гузоришгарони родю анчом мегирад. Хуб мебуд, агар Сайёфи Мизроб андаке инсофи рузноманигорй ба харч медод ва бори кулли он гуноххоро ба души хамкорони пешини худ хавола намекард. Чун ба хар хол, худи у низ, ба гуфтаи худаш, 12 сол дар он дастгох хидмат карда ва шояд метавонист бо зикри намунахое аз кори худаш он мавориди «тахкири сарзамину кишвару хукумату миллат»-ро собит кунад.

Точикистон - бихишти расонахо?

Давлати Точикистон ба ин иддаъо вокунише бесобика нишон дод. Харгиз як рузноманигори точик дар баробари макомоти Душанбе ба ин хад азиз нашуда буд, ки Сайёфи Мизроб шуд. Шахси додситони кул ваъда кард, ки ба гилояи Сайёфи Мизроб расидагй хохад кард. Аз берун, ки ба ин руйдод менигарй, чунин тасаввур хосил мешавад, ки Точикистон бихишти барини рузноманигорон аст: дастмузди онхо дархури рузгорашон аст ва хеч ниходу макоме наметавонад онхоро озор дихад. Гуё пок фаромуш шудааст, ки бо интисоби Абдулчаббор Рахмонов ба макоми раёсати Кумитаи Радио ва Телевизиони Точикистон чй теъдод аз рузноманигорон бекор монданд. Ва касе хам ба фикри он намеуфтад, ки дастмузди Сайёфи Мизроб ба унвони гузоришгари родю Озодиро бо мохонаи раиси як бахши родюи Точикистон мукоиса кунад.

Вокуниши беш аз хад харисонаи макомоти Точикистон ба ин руйдод то хадди зиёде шакбарангез буд. Дар натича, ба гуфтаи як корманди родю Озодй, макомоти омрикоии ин бунгохи суханпароканй ба хулосае расидаанд, ки кулли ин достон чизе чуз хамлаи дастгоххои иттилоъотии давлати Точикистон ба як родюи хоричй нест. Дар холе ки дар огоз казияро чиддй гирифта буданд ва мехостанд дар ислохи вазъият бикушанд.

Махалгаройи

Сайёфи Мизроб Род Шахидиро ба барангехтани нифоки махаллй миёни точикхо дар родю Озодй ва хатто дар худи Точикистон муттахам мекунад. Ман Род Шахидиро аз наздик намешиносам, аммо родю Озодй бароям чизи бегонае нест. Махалгаройи, ки марази кушандаи точикхост, дар он чо аз дерзамон буда ва хамчунон ру ба афзоиш аст. Вагарна Род Шахидй дехкони калбхо нест, ки тухми махалгаройиро дар синахои точикон бикорад. Махалгароии точикхо боъис шуд, ки харгиз хеч точике ба курсии раёсати бахши точикии родю Озодй нанишинад. Хар бор ин эхтимол матрах мешуд, номахое аз худи точикон дар зикри шарри хамкори точикашон сабкат мегирифтанд. Ва басе аз чанчолхои родю Озодй хамоно ба далели махалгаройии точикхо сар задааст. Оё чанчоли ахирро метавон мустасно донист?

Кутохсухан

Родю Озодй як родюи омрикойии чангисардист, ки ба гуфтаи кормандони он, хамакнун дар холи тагйиру тахаввул аст. Метавон гузоришхои имрузи онро бо матолиби гузаштааш мукоиса карду он тагйиротро дид. Ангезаи аслии истеъфои Сайёфи Мизроб молй буд. Аммо у талош кард зимни сиёсй кардани казия бо як санг ду фохтаро бизанад: нахуст, интикомашро аз раиси номатлуби бахш бигирад; дуввум, бо изхори вафодорй ба давлат 12 соли кор дар як родюи бегонаро чуброн кунад ва шояд ба мархамати хукумат ноил шавад. Аммо дар ин миён ба хамкорони у ситам шуд: рузноманигороне, ки талош мекунанд бо хифзи обруву хайсияти худ ва кишвари худ ба мардуми худ гузориш диханд. Дар гузашта ин корро паштунхо аз родю Озодй барои мо анчом медоданд ва миёни шеваи кори ин ду тафовут аз замин то ба самост.

Сайёфи Мизроб оташеро бапо кард, ки мумкин аст дар он хушку тар бо хам бисузад. Чун аз бахти бад, бештари макомоти марбута рузноманигорони расонахои хоричиро ба як чашм мебинанд, гофил аз ин ки фард-фарди онхо хатто дар як бахши вохид шеваву усули кори худро доранд ва хар касе «тахкири сарзамин»-и худро раво намебинад. Хатто ба зур.

Sunday, July 13, 2008

An Open Letter to Sayyaf Mizrab

Номае саргушода ба Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроби гиромй. Агар ин сатрхоро мехонй, бароям посух бигу.

Номаат ба раиси кулли родю Озодиро дар хамон рузи ирсолаш мунташир кардам. Дар он банди зер пурсишбарангез буд:

Ба ҳамин тартиб ман низ борҳо аз кори оқои Род Шаҳидӣ эродҳои касбӣ мегирифтам. Ман мегуфтам, ки шунавандаҳои мо дар Тоҷикистон кам шудаанд, Зеро кори мо заъифтар мешавад. Вале садорат дар симои оқои Род Шаҳидӣ (воқеан ҳам қаблан ҳамин эроди маро Турфа Маъсума – роҳбари собиқ ба назар намегирифт) эроди профессионалии маро нодуруст ва сахт мепазируфт ва барои ман шароити кориро тангтар менамуд...


Чи замоне бо Маъсумаи Турфа дар ин бора сухбат доштй? Ва аслан дар чй маврид? Аз ин ки коратон заъифтар шудааст? Хамин дишаб аз Масси пурсидам, ки оё шархи ин достонро медонад ё на. Комилан бехабар буд. Зимнан, у хам аз бархе нукоти номаат химоят кард, аммо ин маврид барояш аломати суол буд.

То он чо ки ман ба ёд дорам, достон дуруст баръакс буд. Маъсумаи Турфа буд, ки аз кори заъифи ту ва дигар хамкорон гилоя дошт ва талош мекард шуморо ба зур ба пеш хул бидихад ё тела кунад. Маъсумаи Турфа буд, ки бо вучуди такозохои мукаррари ихрочи ту ва чандин нафари дигар аз суи "ёронат" шикебо буд ва мегуфт: Бояд инхоро таълим дод, чун чавхари резе дар ниходашон хаст, ки парварда нашудааст; хамон чавхарро бояд кашф карду парварид. Хамон бону буд, ки заминаи пешрафти фаннии нисбии родю Озодиро поя ниход: иртиботи мустаким бо Душанбе ва ичрои барнома аз ду шахри Прог ва Душанбе, торнамое, ки кабл аз вуруди Масси ба Прог хатто як акс надошт ва акнун намунаи ибрати дигар бахшхост, афзоиши дастмузди бачахо дар Точикистон ва бархе дар Прог, аз чумла Мирзои Салимпур, ки Маъсумаро бо номардии тамом "кампирак" меномид, истихдоми афроди тоза; афзун бар рушди хирфаии нисбй, он хама идехои тоза ва барномахое, ки то кунун такрибан тагйире накардааст. Маъсумаи Турфа родюи шуморо дигаргун кард. Маъсумаи Турфа сипари туву чандин хамкори дигар шуда буд. Аз ин ру зикри нуктаи галат ва дуруг дар номаат ба раиси родю кори савобе набуд. Ва носипосй ба Маъсумаи Турфа чизе чуз гунох нест. Дуруст нест? Агар бахши точикии родю Озодй як раиси муносиб дошт, хамон Маъсумаи Турфа буду дигар хеч. Танхо ишколи у дар эътикодаш ба демукросй буд. Ва тахаммулу тасомухи хар навъ балохату хамокат, ки дар атрофаш медиду вахшат мекард.

Он бону аз дасти махалгароию дасисабозихои точикон фирор кард. Махалгароие, ки такрибан тамоми шуморо балъида буд.

Хаму буд, ки аз усули гайрихирфаии родю интикод мекард ва то охирин лахза талош кард, ки хеч гузорише мугризонаву яктарафа пахш нашавад. Агар аз ман бипурсй, ба назари ман, гузоришхои бисёре аз кормандон, аз чумла худат яктарафа, мугризона ва гайрихирфайи буд ва ба ислох ниёз дошт. Бароям чолиб буд, ки дар номаат масоилеро матрах кардайи, ки аз чумлаи нигаронихои аслии Маъсумаи Турфа буд, аммо танхо ишораат ба номи ин бону бори манфй дорад. Масси талош мекард аз норузноманигороне чун Хиромон Бакозодаву гайра рузноманигор бисозад. Дарег, ки зангй ба шустан нагардад сапед.

Ман аз бисёре аз мавориди эътирозат химоят кардам, чун вокеъияти ноб аст. Аммо бо вучуди ин далели эътирозат хануз бароям машкук аст. Далели огозини он ки равшан аст: пул. Агар галат мегуям, лутфан ислохам кун. Пул танхо машгалаи зехнии бисёре аз хамкорони пешинат ба монанди Мирзои Салимпур ва Нурмухаммади Холзода аст ва ту хам собит кардй, ки пул ангезаи ибтидоии эътирозат будааст. Дар холе ки масоиле, ки чудо аз пул дар номаат овардайи, бисёр мухимтар ва сазовортар барои эътирозе баланд буд. Чаро то кунун он хамаро тоб овардй? Чун дастмуздат бехтар буд?

Шунидам ё чое хондам, ки зохиран макоми муъовинати телевизюни Сафина дар интизорат аст. Агар вокеъият дорад, ангезаи аслии эътирози гарроят хам бароямон равшан хохад шуд. Ва он гох чизе ба чуз арзи таслият нахохам гуфт.

Saturday, July 12, 2008

Illiberal Liberty

Гирифтори Озодй

Пушиши хабарии даъвои Сайёфи Мизроб бо родю Озодй, ки дар он чо бино ба ривояте 11 ва бино ба ривояте дигар 12 сол кор кард, фавкулъода буд. Родю ва телевизюни давлатй, хабаргузорихову расонахои дигар гузоришхои муфассалеро дар ин бора тахия ва пахш карданд ва онро дар сархатти ахбори рузи худ карор доданд. Зохиран тайи ин 11-12 сол синаи Сайёфи гиромй моломол аз дардхои магу шуда буд, ки сухани бисёре барои гуфтан дошт. Дар мусохибааш бо родю Имруз ба чузъиёти бахсхои молиаш бо макомоти родю Озодй хам пардохт ва гуфт, ки онхо хостаанд бо пардохти мохона 50 дулор уро розй кунанд, то руи ин казия сарпуш гузошта шавад. Аммо Сайёф мувофикат накардааст. Фарз кунем, ки ба дунболи 50 як сифри дигар изофа мешуд, оё боз хам Сайёф табли русвоии родюро менавохт? Намедонам.

Дар матлаби каблй хам ишорае доштам, ки мутаассифона корд замоне ба устухони хампешагони азизи мо мерасад, ки мавзуъи пул матрах аст. Ангор танхо хукуки мо хамин дастмузди мост ва мо дигар хукуке надорем. Агар пули хуб бидиханд, метавонем аз накзи хамаи дигар хукуки худ чашм бипушем. Бо тамоми арчу эхтироме, ки ба Сайёф дорам, тайи ин чанд руз борхо андешидаам, ки чи гуна тавонистааст зарфи 11-12 сол хиффату хориеро, ки дар баёнияаш тавсиф карда, тахаммул кунад. Пиндоштам, ки шояд руасои дигари бахши точикии Озодй бо у канор омада буданду ин яке на. Аммо мушкилоте, ки Сайёф дар номааш овардааст, моли яке-ду соли ахир нест, балки хамвора дар родю Озодй вучуд доштааст.

Родю Озодй, ки ба шиддат аз родю Би Би Си мутафовит аст, як расонаи чангисардист, ки бо хадафи вохиди сарнагунии Иттиходи Шуравй таъсис шуд. Пас аз комгорй ин расонаи ба вузух империолистй барои худ хадафхои тозаеро мушаххас кард; аз чумла иншиъобу парокандагии бештари Русия аз тарики пахши барномахо ба забонхои махаллии он кишвар, барканории режимхои мустабидди ру ба Маскав дар дигар кишвархои иттиходи пешин ва овардани давлатхои омрикогаро ба руи кор.

Чандин нуктаи баёнияи Сайёф бисёр дакик ва вокеъй буд. Яке ин ки родю Озодй ба тавозуни рузноманигорй арч намегузорад. Рузгори кутохе, ки дар ин родю кор кардам, бо макомоти хоричии он бахсхое доштам. Франк, яке аз макомоти вакти родю, аз як хамкори ман эрод гирифта буд, ки дар канори садои мухолифи давлат садои намояндаи давлатро низ пахш кардааст. Гуфтам, кори дурусте кардааст, чун тавозуни оро ва назархо бояд риъоят шавад ва хар ду тарафи даъво бояд назар бидиханд. Гуфт, ин чо Би Би Си нест ва карор нест Озодй мукаллиди Би Би Си бошад. Ба пиндори у, ки конуни нонавиштаи ин родюст, Озодй трибуни нерухои бетрибун аст. Дар ин сурат, нерухои иртичоъии зиёде трибун надоранд. Оё Озодй хозир аст микруфуни худро дар ихтиёри онхо гузорад?

Ин хакикати талхест, ки замоне ба тафсил метавон дар борааш навишт. Дар бахши точикии ин родю афроди баруманде хам кор мекунанд, ки харгиз ба сиёсатхои тахдиду иръоби макомот тан надодаанд ва бо ин ки аз имтиёзоти кобили таваччухе махрум шудаанд, хозир набудаанд, ки хостахои арбоби мустабидди омрикойиро анчом диханд ва ба вазифаи шарифи рузноманигорй вафодор мондаанд. Зиндагй ва кори онхо зери фишори шадиди равонй чараён дорад. Аммо будани онхо дар он мухити гандида ба родю андаке шамоили рузноманигорй медихад.

Аммо шумори дигаре хам хастанд, ки барои чанд дулори изофй хозиранд бо нангу номуси худ муъомила кунанд. Хамин афрод буданд, ки ба макомоти омрикойии родю гилоя карданд, ки Дориюш точик несту эронист ва забони у точикй несту порсист. Хамин точикони мо буданд, ки пайваста навкарвор пушти дари раиси омрикойи дар интизор менишастанд, то аз ёгигарихои хамкори чадидашон, ки ман будам, гилоя кунанд.

Яке аз хамин афрод буд, ки бароям нома навишт ва манро ба тахмили забони порсй бар точикони родю Озодй муттахам кард. Дар холе ки хамин «рузноманигор» дар гузашта далерона иддаъо мекард, ки порсй ва точикй як забони вохид аст. Аммо он чо сухбати кору пул матрах набуд. Дарачаи расмии болотари ман, ки ба таври худкор бароям даромади бештар дошт, мояи хасодату асабонияти хамкори мо шуда буд ва у тасмим гирифт аз андешаи ман дар бораи забони модариам ба унвони харбае алайхи ман кор бигирад. У расман дар номае изхор дошт, ки порсй ва точикй ду забони мучаззост ва ман ба унвони сардабири торнамои Озодй дар холи ичрои «эксперимент»-е руи забони «точикй» хастам. Яъне бо пул метавон хуввияти миллию забонии бархеро харид.

Хамин фард буд, ки хозир буд дар изои чанд пашизи ночиз хафтае панч то хафт шаб шабкорй кунад. Ман дар номае аз раиси бахш хостам, ки барои ман чахор шаб шабкорй кофист, чун истондорди байнулмилалй хамин аст ва хатто дар дигар бахшхои родю Озодй низ, ки барои худ эхтироме коил хастанд, кормандон бештар аз чахор шаб шабкорй намекунанд. Такозои ман пазируфта шуд ва галаёни хашми хамкори моро барангехт. Гуфтам, бино ба пажухишхои тозаи пизишкй шабкории мумтад саратонзост. Корае накард. Саранчом икрор кард, ки «хеч як аз мо фисабилуллох кор намекунам» ва ин ки ба пули он шабкорй ниёз дорад. Пули он ба хадде ночиз буд, ки боварам намешуд касе хозир шавад ба хотири он зиндагии одиашро ба хам занад. Охируламр мо чахор шаб кор мекардему у панч шаб шабкориро ба чон харид. Халолаш бод.

Мавориди бисёре дар родю Озодй бароям чолиб буд. Аз чумла сухбатхои бархе пушти мизи нахор, ки ба шиддат иштихокуш буд. Сухбат аз кимати либоси тани фалонй, нархи мошини бехмонй ва чахиши кимати хона дар Точикистон аз махбубтарин мавзуъоти нахори бархе буд, ки рохи нон ба гулуямро мебаст. Аз нахустин рузхои вуруд ба родю Озодй мутаваччех шудам, ки ба дунёе номаънусу галат уфтодаам.

Вуруди ман ба Озодй дар паи як имтихони тулонии тамомъайёр ба забони инглисй сурат гирифт. Барои нахустин бор дар торихи бахши точикй. Дар натичаи хамон имтихон тавассути руасои омрикойи буд, ки бароям дарачаи хирфаии болотар таъйин карданд. Ин мавзуъ хам боъиси вохимаи баъзе аз хамкорон шуд. Онхо бимнок шуда буданд, ки мабодо чунин имтихоне ба сарвакти онхо хам бирасад. Шояд ин маврид хам дар эчоди хисси танаффур аз ман дар вучуди бархе сахим буд.

Бо вучуди ин, рафтори бархе аз хамкорон ба гунае буд, ки ангор аз хуртуми хазрати Фил уфтодаанд. Далел хам доштанд. Тайи чандин соли кор дар родю раиси забоннафахми пешини он хатто дар як маврид аз онхо эрод нагирифта буд. Дар вокеъ, раиси пешин озарие буд муътакид ба хуввияти туркии худ ва китобхое дар ин бора навишта ва шадидан алайхи порсхо тохта. Солхо пеш аз ин ки вориди Прог шавам бо у бахсе телефунй доштам. Ин турк ба мани порс тавзех медод, ки номи забони ман чист ва чи гуна бояд бо он такаллум кард. Мегуфт, порсй забони эронихост ва точикй забони точикхо. Мегуфт, точикхо ба «густара» ё «махдуда» «территория» мегуянд. Мегуфт, «чи гуна» нагу, ки эронист; «чи хел» бигу. Як чунин фарде бо хадафи мушаххаси дур нигах доштани точикхо аз хуввияти ростинашон тайи хашт сол бар бахши точикй раёсат дошт ва хушхол буд, ки забони порсии бархе аз кормандонаш ба хадде шикаста-баста аст, ки хеч порсизабоне дигар онро мутаваччех нахохад шуд. Корбурди вожахои русй дар сухбатхои порсй аз махбубтарин тиккакаломхояш буд. Аз ин ру, хар чи забон шалахтатару ворехтатар буд, барои ин око бехтар буд. Бо чунин пешинае ислохи забони дархаму бархами бархе аз хамкорон сабри Аюбро мехост.

Яке дигар аз ачоиби родю Озодй мудирияти зарраии он буд. Яъне баландпоятарин мудирони кулли родю меомаданд ва мустакиман дар кори як хабарнигор дахолат мекарданд, ки хеч чои дигар надида будам. Дар паи шикоятхои точикони мо ба омрикоихо аз забону баёни ман тамоми гузоришхову барномахои ман зери заррабин рафтанд, то ташхис диханд, ки забони ман порсист ё точикй. Як пиразани омрикойи (аз руасо), ки порсй балад набуд, мегуфт: «Эронихо ба нон «нан» мегуянду точикхо «нун». Холо биёву дурусташ бикун. Сахнае хандадортар ва дар айни хол риккатбортар аз инро дидаед?

Баррасихои супоришии родю Озодй аз Точикистон расиданд. Баррасихоро созмони назарсанчии «Зеркало» анчом медихад, ки муассисаш аз кормандони Озодй дар Прог аст. Ин хонум тобистони хар сол барои «таътилот» ба Душанбе мерафту бармегашт ва пас аз муддате кутох натичаи назарсанчихо ба Прог мерасид. Тибки интизоре, ки доштам, ин бор эроди аслии «шунавандагон» марбут ба забони порсии ман буд. Дар холе ки солиёни сол дар бахши точикй гуяндагоне аз Афгонистон ва Эрон барнома пахш мекарданду иттифоке науфтод, аммо забони ман, ки хатталмакдур ба лахчаи точикй адо мешуд, мояи инзичори бархе аз хамкорон шуда буд, ки пушти сахна сахт захмат кашиданд, то асноду далоиле даступо кунанд.

Кутохсухан, ман буридам. Ва эъломи истеъфо кардам. Чолиб ин чост, ки истеъфои манро омрикойихо напазируфтанд. Пурсиданд: «Мехохй бар даромадат изофа кунем?» Гуфтам: «На. Хамин пуле хам ки медихед, изофист.» Гуфтанд: «Пас мушкили ту чист?» Гуфтам: «Фазои родю дорад манро хафа мекунад.» Гуфтанд: «Пас метавонй ба бахши эронии родю биравй ба унвони муъовини сардабири торнамои порсй ё тахиякунандаи барномахои чавонон. Ё метавонй дар утоки хабари инглисй кор кунй. Ё шояд бихохй дар бахши омузишии родю дарс дихй». Хар се пешниходро бедиранг рад кардам. Гуфтам: «Хамаи ин корхоро метавонистам дар Би Би Си анчом дихам. Аммо мехостам барои Точикистон кор бикунам ва родю Озодй рузона барои кишвари мо шаш соъат барнома дорад. Аммо зохиран ин чо чои ман нест». Се руз мунтазир монданд, то шояд назарам тагйир кунад, ки накард. Бад-ин гуна пас аз худуди нух мох родю Озодиро барои хамеша тарк кардам ва гуё дубора зода шудам. Шушхоям, ки аз хавои гирифтаи родю гандида буд, дубора нафас даркашид. Аммо холати равониам ба хадде ба хам хурда буд, ки барои муддате дароз аз дунё комилан буридам: телефунамро хамеша хомуш нигох медоштам, ба номахо посух намедодам ва хавсалаи дидори хеч рафику норафикеро надоштам. Оворагии хонаводаам, ки аз хонаи шики Прог ба куча-паскучахои Ландан ва сипас Омстердом парт шуданд, бар ранчи равониам афзуд ва хеле тул кашид то ба худ оям. Ин достонро хам ки факат пораи кучаке аз кулли мочарост, то кунун чое нанавишта будам, бо ин ки борхо касоне аз ман хоста буданд, ки бо зикри мушаххаси хакоик дар ин бора матлабе бинависам.

Баёнияи Сайёф буд, ки дубора манро ба Прог бурд ва он рузгори дудиро бароям зинда кард. Аммо боз хам дар ачабам, ки чаро бояд мавзуъи пул мухаррики эътирози мо бошад, дар холе ки дар он родю садхо масоили бисёр мухимтар хаст, ки бояд руяшон ангушт гузошт ва дар халлашон кушид. Агар хузури чанд рузноманигори ростин дар бахши точикии Озодй набуд, он муддатхо пеш фуру мерехт. Ин рузноманигорони шариф бо риъояти вазифаи дурусти худ ва химоят аз хукуки хаккаи худ зери фишори азиме кору зиндагй мекунанд. Дар Душанбе низ рузноманигорони барчастаи точик зомини обруи родюе хастанд, ки бунёди дурусте надорад. На хамаи ин дустон аз як кумошанд. Шумори зиёде аз онхо чи дар Точикистон ва чи дар Прог дар холи пайкор бо вокеъиятхои нангини родю хастанд ва хеч хиёнатеро ба миллату механ раво намебинанд. Вучуди ин афрод дар бахши точикии Озодй ногузир аст. Умедворам баёнияи Сайёфи Мизроб, ки бедиранг мавриди таваччухи музоъафи давлат карор гирифт, ба ин азизон латмае назанад. Давлат чунон болу пар гирифта, ки гуйи рузноманигорони дохилй дар бихишти барин кору зиндагй мекунанд ва истибдоде озорашон намедихад. Касе нест, ки ойинаро дар баробари ин давлатмардон карор дихад, ки кабл аз интикод аз расонае дигар, ба худат бингар. Калби додситони кул Бобочон Бобохонов аз ин руйдод шикаста ва кавл додааст, ки ба зудй мавзуъи истеъфои Сайёфи Мизробро баррасй кунад. Букаламун замонае!

Гуфтам, усули Озодй бо Би Би Си кобили мукоиса нест, чун дар тули шаш соли кор дар Би Би Си кучактарин мавриди мудохилаи касе дар корамро шохид набудаам ва хеч раисе ба зердасте дастури тахияи матолиби мугризонаро надодааст. Баръакс, риъояти асли инсоф ва тавозун аз мухимтарин усули родю Би Би Сист. Дар Озодй низ афроди зиёде хастанд, ки бо такя ба рисолати рузноманигорй ба хеч фишоре тан дарнамедиханд ва хозиранд аз имтиёзоте махрум шаванд, аммо ба рисолати худ содик бимонанд. Мондагорию пойдории ин азизонро орзумандам.

Шояд рузе-рузгоре мочарои родю Озодиро ба тафсил бинависам, аммо достони Би Би Сиро дар фурсате дигар хохам навишт. Дарег, ки Мачаллаи Осиёи Миёнаи азизи мо ба торих пайваст.

Thursday, July 10, 2008

RFE/RL in Turmoil Again. Part II

Ва боз як номаи дигар аз Сайёфи Мизроб. Такрор мекунам, ки ин номахо тасодуфан ба дасти ман уфтоданд. Хар ду ин нома хокй аз бадтар шудани авзоъ дар родюест, ки каблан хам таърифе надошт. Дар Прог, албатта, мавзуъи молй матрах набуд. Ба хар хол, барои ман матрах набуд, вале барои иддае зиёдй матрах буд. Дар Прог кирме хаст, ки бахши точикиро пайваста мечавад. Бархе сурох-сурох шудаанд ва пусидаанд ва худ хам табдил ба кирм шудаанд. Дар бахш дастикам се тан хастанд, ки кирмсифатанд ва худашон хам хуб медонанд кй хастанд. Род Шахидиро хам хамон се тан бо дасисахо руи кор оварданд. Зимнан, Род аз озарихоест, ки ба турк будан муътакиданд. Маъсумаи Турфа як порс аст. Ман хам ки порсам. Дар натичаи дасисаи ин се кирмсифати бахши точикй ду порс (Маъсума ва ман) бахшро тарк кардем ва кирмхои бахш салтанати як туркро ба чон хариданд. Бо ин ки озарихо асолатан эронианд, аммо як идда ба монанди Аббоси Чаводй ва писархолааш (ё хар чй, ба хар хол бо хам нисбати хешовандй доранд) Род Шахидй аз понтуркистхои дуоташа хастанд ва бо порсхо сари ситез доранд. Боз хам чун хамеша хиёнати худихо боъис шуд, ки порсхо бираванду туркхо оянд. Туркхо бо истифода аз заъфи шадиди точикхо ва махалгаройии кушанда хамчунон бар точикхои родю Озодй хукумат мекунанд. Хиффатбор ва хоркунанда аст. Кутохсухан, навиштаи Сайёф гуёи хол аст. Бисёре аз нукоти онро, аз чумла чангисардй будани он ва якбуъдй (яктарафа) ва мугризу номунсиф будани он, гайрихирфайи будани онро яке-ду сол пеш ман хузуран ба арбоби омрикойии родю гуфта будам. Холо афроди дигар хам хоханд гуфт, замоне ки корд ба устухонашон бирасад. Зохиран барои хелехо корд замоне ба устухон мерасад, ки дастмуздашон кохиш ёбад... Сари фурсат бахши точикии родю Озодиро колбудшикофй хохам кард.

Изҳорот:

Раҳбарияти бахши тоҷикии Радиои Озодии Аврупо-Радиои Озодӣ сар аз моҳи апрели соли 2008 барои кормандон шартномаи нави корӣ пешниҳод кард, ки ҳокӣ аз чанд банди зидди Қонунҳои роиҷи Тоҷикистон бо шумули Қонуни Тоҷикистон дар бораи меҳнат буд. Аз ҷумла дар банди 2.2 омадааст, ки коргар баъд аз 3 моҳи мӯҳлати озмоишӣ ба кор гирифта мешавад.

Ин банд зидди моддаи 33 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки санҷиш ҳини ба кор қабул шудан роиҷ аст, аммо аксари коргарон собиқадоранд – шахсан ман беш аз 11 сол дар ин расона кор мекунам. Ин бандро Род Шаҳидӣ танҳо ба хотири «чистка»-и журналистони «номатлуб»ва онҳое, ки моил нестанд, ки аз фаъолияти ҳукумат интиқоди муғризона кунанд, роҳандозӣ кардааст.

Банди 5.1 ҳуқуқҳои журналистро ҳамчун коргар ва шаҳрванд поймол мекунад. Дар ин банд гуфта мешавад, ки «коргар ҳамон қадар кори барзиёдатӣ (сверхурочная работа) мекунад, ки аз ӯ дархост мешавад». Ҷумлаи дигари ин банд: «Коргар розист, ки барои кори барзиёдатӣ маъош талаб накунад». Оё аз ин банд бӯи неоғуломӣ ба машом намерасад?!

Ин банд хилофи моддаҳои 69, 72, 73, 74, 102(1) ва 105 Кодекси меҳнати ҶТ аст, ки бар тибқи онҳо корфармо муваззаф аст, ки ба коргар ҳақуззаҳмати кори барзиёдатиро пардохт кунад.

Ба ҳамин тартиб дар бандҳои 5.3; 8.3.3 ва 8.3.4 ва 8.4 Кодекси меҳнати ҶТ риоя нашудааст. Дар ин шартнома ҳуқуқи корфармо барои аз кор пеш кардани коргар зиёд аст – 11 банд. Аммо коргар дар ягон банд аз худ дифоъ карда наметавонад. Ин магар Радиои Амрикоист, ки даъвои демокросӣ дорад ва ба мо дарси демократия меомӯзонад?! Дар банди 8.4.5 (в) нуктаест, ки бевосита обрӯи журналист ва интелигенсияи тоҷикро мерезонад. Дар ин банд омадааст, ки «Корфармо коргарро дар сурати дуздии моликияти Корфармо ва ё ҳамкорон аз кор пеш мекунад». Оё Радиои Озодӣ ҳуқуқ дорад, ки коргарашро дузд эълом кунад? Танҳо додгоҳ ин ҳуқуқро дорад...

Ман қабл аз имзои Шартномаи кори нав аз ин бандҳо эрод гирифта, пешкаши Род Шаҳидӣ доштам, аммо раҳбари дафтари тоҷикии Радиои Озодӣ ғайричашмдошт на хатои мавҷударо ислоҳ кард, ки пеши ман ултимотум гузошт, ки хоҳӣ нахоҳӣ бояд зери ин шартнома имзо монӣ!

Бар эроди кормандон Род Шаҳидӣ изҳор мекунад, ки мо ба шумо маъоши баланд медиҳем ва нахоҳед, рафта дар расонаҳои маҳаллӣ кор кунед, ки камтар пул медиҳанд. Дар ин маврид Род Шаҳидӣ аз нуқтаи заъфи кишваре, ки ҷанграсида буд, сӯистифода мебурд ва журналистони тоҷикро таҳқир ҳам мекард, ки ин рафтори ӯ ҷавобгӯи раёсати як Радиои амрикоӣ ва таҳаммулпазир нест. Биноан ман зери шартномаи кории таҳвиномез ва таҳқири инфиродии раёсати РО имзо нагузоштам.

Гузашта аз ин Радиои Озодӣ бояд расман эълом кунад, ки оппозистсияи ҳукумати конститутсионии ҶТ аст ё расонаи иттилоотист. Зеро дар ин Радио дар тӯли чанд соли ахир тамомии амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мешаванд. Тамомии гузоришоти марбут ба ҳукумати марказӣ бӯҳтонӣ ва таҳрифӣ - интиқодианд. Дилхоҳ гузориши РО варақ гардонед ва худ хулоса бароред. Дар ин маврид кормандону корфармоҳои РО имиҷи ҳукумат ва обрӯи миллатро мерзонанд, ки ин яке аз дигар қадами ниҳоии ман дар пешорӯи истеъфо аз ин Радио шудааст. Таҳқири сарзамин, кишвар, ҳукумат, миллат пайваста аз ин Радио садо медиҳад ва гузоришгарони Радио иҷборан ё ихтиёран пайваста ба домани фитна нисбат ба ҳамин кишвар даст мезананд. РО дар тӯли 2 соли ахир дар нисбат ба Тоҷикистон аз усули « љанги сард» бо собиқ СССР кор мегирад: оё РО – расонаи Конгресси ИМА бо Тоҷикистон ҷанги сард эълом кардааст, ё ин шеваи кори Род Шаҳидист?

Кор то ҷоест, ки бар тибқи кадом як «пурсишномаҳо»-и хаёлӣ проблемаҳои будаву набударо матраҳ мекунанд. Радиои Озодӣ то ҷое ман медонам, иҷозати гузаронидани назарсанҷиро дар ин кишвар надорад. Биноан 70 ва 80% пурсидашудагони ин Радио кистанд? Мушаххас нест. Гузашта аз ин Радио бар тибқи талаботи професионалӣ ҳадди ақалл дар ин «назарсанҷиҳо» бояд садое истифода барад ва номи соҳибназаронро орад. Вале бо ин иддаъо, ки онҳо «гӯё» мавриди шиканҷаи ҳукумат қарор мегиранд, на садоест ва на номе дар ин зумра гузоришот. Ба таҳқиқ, ин пардапӯшии соҳибназарон ба назари мардуми олам ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун як ҳукумати авторитарӣ ва табъизӣ муаррифӣ мекунад… Ҳол он ки гузоришоти интиқодии конструктивие қавитар аз ин фитнаҳо дар саҳафоти газетаҳои Миллат, Нигоҳ, Фараж ва ғ. интишор мешаванд!

Ба назар мерасад, ки ин ҳама фитна мавқеъи расмии Радиои Озодист. Агар чунин аст, пас роҳбарият бояд расман эълом кунад, ки Радиои Озодӣ расонаи иттилоотии реолӣ не, ки расонаи таҳвинбарангез ва оппозитсионӣ ба ҳукумати марказии ҶТ аст.

Ва дар ҳамин ҳол, оқои Род Шаҳидӣ борҳо дар ҷаласаҳои муштараки Прагаву Тоҷикистон изҳор кардааст, ки «чандест, ки дар Тоҷикистон журналистеро накуштаанд ва зиндонӣ накардаанд» (воқеан ҳам, агар кормандони душанбегии РО натарсанд, ин гуфтаҳоро таъйид мекунанд) ва моро таҳрик медод. Яъне чи? Оқои Род Шаҳидӣ мехоҳад, ки дар Тоҷикистон кушторе ба вуқӯъ пайвандад? Вазъ бӯҳронӣ шавад?

Мавқеъгирии оқои Род Шаҳидӣ дар самти диктотурӣ барои ман ҳамчун собиқадори РО гӯшношунид аст. Оқои Шаҳидӣ бо такя бар ин далел, ки хеши наздики Аббоси Ҷаводӣ масъули баландпояи РО дар Прага аст, дар тӯли ду соли раҳбарии худ танҳо аз диктотураи шарқиёна кор мегирад ва ягон пешниҳоду шарҳу баёни журналистони тоҷикро қабул надорад. Род Шаҳидӣ барои тарсонидани коргарон бархе аз кормандони собиқадори ин Радиоро бе ягон сабаб аз кор рондааст, ки далели ин гуфтаҳо Холиқи Сангин – журналисти шинохташудаи тоҷик аст, ки таи соли ахир мурофиъаи ӯ бо Корфармо дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад. Гузашта аз ин бо дархости Род Шаҳидӣ ва барои «брэнди ройгон»-и сайти ин Радио масъулин аксҳои Сӯҳроб Лангариев ва ҳамсилоҳони ӯро, ки моли ҳалоли гурӯҳи эҷодии фаврӣ - амалии кормандони соҳаҳои қудратии кишвар буд, дар саҳифаи худ ҳамчун моли ин Радио гузоштанд ва зери он аксҳо имзои RFE/RL монданд. Ин плагиат ё дуздии рӯирости Радиои Озодӣ буд, ки алайҳи Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аст ва танҳо ман бар ин плагиат ирод гирифтам, вале Род Шаҳидӣ бо таҳдид иддаъои маро рад кард.

Гузашта аз ин тамомии афроди ҷиноятпеша дар ин Радио чун қаҳрамон муаррифӣ шудаанд. Радио бе ягон таҳлил бар оташи алангаи вазъият дар Кӯлоб, Бадахшон Рашт равған мерезад ва бар фитна доман мезанад. Оё РО чи мехоҳад? Дар Тоҷикистон боз ҷанги шаҳрвандӣ рӯ занад? Чаро матлаби РО бе таҳлили воқеӣ ва бе назари алтернатив пахш мешавад?

Аз сӯи дигар раҳбари бахши тоҷикии РО - Род Шаҳидӣ бо сӯистифода аз заъфи билодавои тоҷикон – маҳалгароӣ сахт истифода мебарад ва ҳудуди як сол аст, ки дар бахши Прага муовини худро таъин накардааст. Ҳар коргар ҳафтае роҳбари бахш мешавад, ки дар натиҷа кор дар бахш заъиф шудааст ва авзоъ сахт нороҳаткунанда аст. Ҳар муддаии 7 рӯза кӯшиш мекунад, ки худро ҳамчун «роҳбари хуб» нишон диҳад, ки бар асари он марази маҳалгароӣ аз Прага ба Душанбе доман задааст. Вазъ дар дафтари корӣ нороҳаткунанда ва осебпазир аст. Воқеан ҳам, сарчашмаи он маҳалгароӣ, ки имрӯз ба матбуоти тоҷик реша давонидааст, маҳз дар РО ниҳон аст, ки яке аз сенаристони аршади он Род Шаҳидист!

Бо дарназардошти ин ҳама нукоти боло овардашуда ва ба ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии РО фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин Радио канор меравам.

Сайёфи МИЗРОБ

(Достиев Сайфиддин Мизробович)

10 07 2008

RFE/RL in Turmoil Again

Родю Озодй, ки аз пурмочаротарин родюхои порсигу дар чахон аст, дубора дастхуши нооромй шудааст. Табли русвоии хеч родюи дигаре ба ин хад баланд ва мукаррар навохта нашудааст. Шумори афроде, ки аз ин родюи чанги сардй бо дили оганда аз дарду гусса ба берун парт шудаанд ё алайхи он эътироз кардаанд, дорад аз шумори ангуштонам фаротар меравад. Сайёфи Мизроб - аз кормандони пурсобикаи ин родю дар Точикистон тозатарин мавриди он аст. Номаи зер мутаъаллик ба калами Сайёф аст, ки имруз ба раиси кулли родю Озодй фиристода шуд ва тасодуфан ба дасти ман хам уфтод. Танхо порае аз онро ин чо меоварам, ки ба назари ман, мухимтар аз дигар нукоти нома аст.

Ба президенти Радиои Озодии Аврупо - Радоио Озодӣ, ҷаноби Ҷефри Гедмин.

Мӯҳтарам ҷаноби Ҷефри Гедмин! Чунин ба назар мерасад, ки дар баробари шахсияти ман мӯҳтарам сарвари гуфторҳои тоҷикии Радиои Озодӣ дар Прага ҷаноби Род Шаҳидӣ аз беадолатӣ кор мегирад...

Оқои Род Шаҳидӣ баъд аз талаби ҳуқуқи қонунии ман (гонорар) бо ман сард ҳарф гуфт ва эълом дошт, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз гузоришҳои ман (ва аз дигар ҳамокрон низ) тибқи реҷа (лимит) пахш мешаванд ва мо ҳуқуқ надорем, ки аз 25 гузориш дар як моҳ бештар матлаб таҳия кунем. Дар сурати акс оқои Род гуфт, ки ба мо пули гузоришҳоро нахоҳад дод!

Ҷаноби президенти РО! Ман 12 сол дар Радиои Озодӣ ба ҳайси хабарнигор кор мекунам, вале ин барои нахустин бор аст, ки мебинам, сардори гуфторҳои як бахши РО аз гузоришгарон амр мекунад, ки камтар кор кунанд.

Дар тӯли ин 12 сол ҷаноби Ҷефри Гедмин, ман корҳои зиёде барои обрӯи ҳамин Радио кардаам. Репортажҳои ман дар соли ҷанги шаҳрвандӣ аз нуқоти доғ ва ҷангҳо садо додааст. Барои кор дар РО дар моҳи майи соли 2000 ба ҷони ман сӯиқасд карданд ва маро ду захми корд ба сарам заданд, ки ман 2 моҳ дар бемористон бистарӣ будам. Ман ба Афғонистон дар соли 2000 сафар карда, аз ҷабҳаи ҷанги Толибон ва Аҳмадшоҳ Масъуд репортажҳо навиштаам. Ман дар солҳое дар ин Радио кор кардаам, ки ягон журналист намехост дар Тоҷикистони ҷанграсида дар ин Радио кор кунад. Ин миннат нест - ин ҳақиқати ҳол аст! Ва дар тӯли ин ҳама сол кор ва фаъолият дар дафтари кории РО дар Душанбе роҳат ва ҳамвор буд.

Аммо мутассифона, баробари омадани ҷаноби Род Шаҳидӣ ба сари кор кормандони мо бе ягон баҳона (танҳо ба ин хотир, ки оқои Шаҳидӣ мақбул намеафтоданд) аз кор хориҷ мешуданд. То ҳанӯз парвандаи шаҳрвандии Холиқи Сангин, ки бе ягон баҳона аз кор сабукдӯш шуда буд, дар додгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе давод дорад. Холиқи Сангинро танҳо ба ҳамин хотир аз кор пеш карданд, ки ҳини даромадани раиси нав – Род Шаҳидӣ ба толори маҷлис дар офиси РО дар Душанбе аз ҷой баланд намешуд ва тамаллуқкорона ба ӯ салом намедод. Оқои Шаҳидӣ дар сафарҳои худ дар Душанбе худро ҳамчун як ҳоким, шоҳи Шарқӣ нишон медиҳад. Фикр мекунам, ба намояндаи як радиои амрикоӣ зебанда нест, ки дар ҷои кор диктотураи Шарқиро роҳандозӣ кунад.

Ба ҳамин тартиб ман низ борҳо аз кори оқои Род Шаҳидӣ эродҳои касбӣ мегирифтам. Ман мегуфтам, ки шунавандаҳои мо дар Тоҷикистон кам шудаанд, Зеро кори мо заъифтар мешавад. Вале садорат дар симои оқои Род Шаҳидӣ (воқеан ҳам қаблан ҳамин эроди маро Турфа Маъсума – роҳбари собиқ ба назар намегирифт) эроди профессионалии маро нодуруст ва сахт мепазируфт ва барои ман шароити кориро тангтар менамуд...

Ман фикр мекунам, ки оқои Род Шаҳидӣ ҳамчун як корфармо шахсияти маро дар симои Ватани ман, ки мутассифона ҷангзада аст, таҳқир намуд! Дуруст аст, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ва сахттарин рӯзҳои баъдиҷангиро аз сар мегузаронад ва дар ин сулҳи бадастомадаи тоҷикон нақши Радиои Озодӣ ногусастанист! Мо - журналистони ин Радио дар Тоҷикистн дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӯшишҳо кардаем, ки ин кишвар ба сулҳ бирасад. Аммо дар шароити бурҳонӣ, танҳо бо ин иллат, ки маъоши кор дар расонаҳои ватанӣ камтар аст, пеши журналистони касбӣ, собиқадорони Радио ултимотум гузоштани оқои Род Шаҳидӣ ба имиҷи РО зебанда нест.

Ҷаноби президент! Дар моҳи июл бо сабабҳои тамоман ба ман номаълум оқои Род Шаҳидӣ амри додааст, ки гузоришҳои ман дар радио пахш нашаванд ва ман танҳо дар як ҳафта як пакеҷи фарҳангии 30 дақиқа омода кунаму тамом! Ман тамоман намедонам, ки сабаби аслии ин фармон чист? Агар гузоришҳои ман профессионалӣ набошанд ва ба талаботи Радио ҷавобгӯ нестанд, ман омодаам, корро дар ин радио қатъ кунам. Аммо ман дар тӯли 12 сол боре ҳам эрод надидаам, ки гузоришҳои ман ба талаботи РО ҷавобгӯ набошанд. Тамоми ҳмакорон метаовнанд ин иддаъои маро тасдиқ кунанд.

Мутассифона, маро оқои Шаҳидӣ танҳо барои дифоъ аз ҳуқуқҳои инфиродии худ, нақзи ҳуқуқ ва дифоъ аз шарафи инсониам мавқеъи маро танг мекунад. Мутассифона, аксари коргарони РО дар Душандбе ҳамин аҳволро доранд вале аз тарси Шаҳидӣ хомӯшанд. (Раёсати РО метавонад бо бархе аз коргарони мо дар Душанбе сӯҳбати пинҳонӣ кунад ва ҳақиқатро ифшо созад)

Гузашта аз ин оқои Род Шаҳидӣ, ки бо мо – кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳамчун корфармо не, ҳамчун хуҷаин – диктатор рафтор мекунад, ҳар эроди моро, ҳар пешниҳоди моро хуш намепазирад ва моро таҳқири маънавӣ мекунад ва дар ин ҳама маврид аз номи садорати Радоии Озодӣ ҳарф мезанад.

Ҷаноби президент! Имиҷи РО дар Душанбе рӯз то рӯз коҳиш меёбад ва хоҳишмандам, барои рӯшноӣ андохтан ба вазъ чорае андешед.

Бо ҳурмати том Сайёфи МИЗРОБ (Достиев Сайфиддин)

собиқадори РО дар Тоҷикистон

Friday, February 02, 2007

A Yellow Memory

Little by little, bit by bit a crispy chocolate finger disappears between two solid rows of his teeth, and I notice I’ve started talking to myself again and to the walls around that would bear my bickering as much as it goes on. ‘The future is bright’, my sudden dull and gloomy optimism oozes out of my lips and makes him stop chewing the mouth-moistening chocolate and confirms with a nod repeating ‘The future is bright and green’, and ignores what I add to his saying: ‘…and yellow. The future is bright and yellow’. And he walks away preventing me to see how my half-an-hour breathless speech has put a heavy burden on his eyelids, while I’m still explaining to yellow walls how bright the future must be. But even yellow could be considered ‘bright’.

Suddenly I recall a yellow figure, long and clumsy with hands longer than his legs, warped lips borrowed from a shark, huge round eyes to capture as much as possible nailed down in a disproportional head, ears pricky enough to replace Putin’s locators and a tummy eager to enter any room before the skinny rest of its owner.

A decade ago he used to deserve my admiration, perhaps due to a considerable distance between our figures and worlds. The closer I went to discover his world and study his being the deeper went my disappointment. Questions started erupting in my mind if it was the same enthusiastic freedom fighter Mirza whose very first well-appraised journalistic work was a lengthy article based on an interview with a 15-year-old Darius (with a different name).

Our last face to face conversation took place in an elevator by Wenceslas Square in Prague straight after Massoumeh’s resignation was announced. It was his day-off, but he couldn’t afford to miss the meeting and was craving to hear the predictable news and clumsily joined the meeting at its last minutes. By then everything had been done: we had listened to Massi’s moving farewell speech when I was trying not to get too sentimental, and my announcement to follow Massi’s suit and quit my job had risen Michelle (the deputy director)’s eyebrows before turning them into a broken pair of crow wings. He missed the most essential part of the meeting, but Noor was there for him as a trust-worthy informer to whisper a couple of words into his joyful ears: “She’s leaving.” Although he did not know that the picture looks much prettier to his taste and I was leaving too. He discovered it later, but it was too late to retract his silly comments in the elevator: “She had to leave indeed. Just because she did not deserve this position. She was totally accidental.”

I am certain, Mirza still remembers how my outrage brought him to a standstill for a while before leaving the elevator hastily on the second floor while he had pushed the ‘G’ button. Good for him, saved an eye or a ball (I doubt though he got any). But my carelessly thrown words visibly struck his feeble guts: “If you consider her an accidental person what the fuck are you doing here with your walnut-size brain and nothing to deliver except for flattery? Now you are saying this… Mind your words before you utter them and know your tiny space, you little being.”

The only thing he could mutter upon his blocked nose was “You too. You are next to leave.” But when my agony took another revenge the only thing left to do for him was taking his pompous ass out of the elevator before reaching his destination.

After that he was just a tiny pitiful lifeless picture no matter how big his tummy was. A murky moving being entering the space, filling it with disgust as if he’d farted out whatever shit in his bowels was stuck and leaving the premises with no words leaving his curved lips. A fallen head attached to a broken neck on a diminishing figure sits behind a computer, jerks a keyboard and drags his tail between two legs out of the office. While I’m sending my farewell messages loudly over the phone and laughing as if Hadi Khorsandi’s presenting his best act for me.

And now, four months after, I try to fathom out what had caused this unhealthy atmosphere between two of us. The answer is: ‘dollar’. Just 20 or 30 more dollars to be added to his monthly salary by overworking on night shift. I was advocating for those who preferred a decent and civilized nightshift pattern of 4 nights a week. But he thought it was better to work one night more with a day and a half off and get few pennies more. Thus, he decided I was his bitter adversary and did what he did not have to do. His regrets will never work.

But do you think he cares what I’m talking about at all? Of course not. Firstly, this language is out of his reach as his ‘native’ proper Persian. Secondly, he’s serving Turkic rulers at the “Liberty” (what a farce!) at a higher position as a deputy director of Tajik Service with a couple of dollars more than in November. Two dollars! That’s a fortune for some beings. I wish I knew his bank details to transfer two more dollars that I give to beggars in London’s Brixton, to calm down his python appetite.

02.02.07 01:05am

Thursday, November 02, 2006

Nuclear Test At RFE/RL Tajik Svc

Дуруде чу буи хуши ошной ба так-таки дустон.

Ин нома ба маҳзи изҳори сипос ба азизоне чун Маъсумаи Турфа - аз беҳтарин журнолистони форсизабон, Салими Аюбзод – аз ситораҳои дурахшони журнолисми точик, Мирзонабии Холиқзод, Абдулқайюми Қайюмзод, Тоҳири Сафар, Расули Шодон, Ҳумоюни Шаҳриёр, Назруллоҳи Латиф ва тамомии бачаҳои “Озодй” дар Точикистон, Саидқосими Қиёмпур, Фарангиси Начибуллоҳ, Искандари Хоча Мирзода, Маъсуми Муҳаммадрачаб, Носирчони Маъмурзода, Насибчони Амонй, Мирасрори Фарғонй, Муҳаммадраҳими Сайдар, Латифи Латифй ва дусти нодидаву умедбахшам Каюмарси Ато навишта шудааст. Агар номи азизе аз қалам уфтод, бо бузургвории худ бибахшед. Ин ҳама афроде ҳастанд, ки ба гунае хотироти хушеро дар зеҳни ман ба чо гузоштаанд. Аммо он чи дар поин меояд, аз ин хотирот то андозае мутафовит аст.

Туфони дасисаҳое, ки бо вуруди ман ба родю Озодй бапо шуда буд, интизор меравад бо рафтанам фуру бинишинад. Аз ҳамин ҳоло нишонаҳояш ошкор аст ва қобили дилгармй. Ҳадафи ман ҳам мондагорй набуд. Озодй ба унвони танҳо родюи хоричй, ки барои Точикистон ин ҳама соъат дар руз барнома пахш мекунад, ҳамеша бароям чолиби таваччуҳ буд, аммо ҳаргиз то пои Маъсума ба ин чо нарасид, орзуи пайвастан ба онро надоштам. То кунун он чи лозим буд, барои барномаҳо анҷом додам ва “Озодй”-ро ба ҳадде, ки лозим буд (шояд ҳам беш аз ҳад), шинохтам. Бо ин ки мудирияти созмон хостори боқй мондани ман буд ва дустони азизе талош карданд маро ба мондан мутақоъид кунанд, тарҷеҳ додам биравам ва афродеро, ки аз ман эҳсоси хатар мекарданду мекунанд, осуда бигзорам, то пораи ноне, ки шояд манзури ниҳоишон аст, аз даҳонашон науфтад.

Шояд ин суханон барои бархе густохона ба назар бирасад ва мумкин аст тасмими ман барои иддае кудакона чилва кунад, аммо ин воқеъиятест, ки бо ду чашми дил метавон диду эҳсос кард. Дар як чунин ҳолате наметавон зист ва боз ҳам руноманигор боқй монд. Рузноманигорй ва ҳуввияти миллй ба сароб мепайвандад ва орзуҳои дунёии беарзише чои онро мегирад. Суҳбатҳо аз моварои пулу ғайбат фаротар намеравад ва равон ба гандоба мерезад. Ва дар ниҳоят, вучуди инсон ба як аломати суол табдил мешавад: Барои чй? Будан барои чист? Ва пучгарой имрузу охирататро метанад.

Ин тасвири раъшаовар, ки гуфтам, воқеъист, албатта, шомили ҳоли ҳамаи азизон дар Прог намешавад, аммо ҳама ин ҳолатҳоро аз наздик мушоҳида мекунем, медонем, бар сари он баҳс мекунем ва роҳи ҳалле ҳам намеёбем. Сурату сирати шуморе аз дустони қадимиам, ки ин чо зиндагй дубора моро ба ҳам овард, боваркарданй набуд. Эй кош дубора надида будам ва ҳамон тасвири нопухта дар зеҳни кудаконаам монда буд. Ҳамин чеҳраҳо маро аз ояндаам дар “Озодй” бим доданд. Ҳаминҳо маро ба кунчи риққат нишонданд, то ба андозае бинишинаму ба ҳолашон дилам бисузад, ки бидуни ин ки кафшамро пеши поям гузошта бошанд, бисотамро чамъ кунаму биравам.

Ман дар ин бора боз ҳам хоҳам гуфт ва хоҳам навишт. То замоне хоҳам гуфт, ки диди ҳамагон ба Точикистон иваз шавад. То замоне ки Точикистонро танҳо мухтассу вижаи худ надонем. Он ба афроде мисли ман ҳам таъаллуқ дорад ва ифтихори точик будан ҳамвора бо ман будаасту хоҳад монд. Ҳиссе, ки дар чашмони баъзеҳо ба чизе дигар табдил шуда. Чизе, ки бештар ба ҳақорату худкеҳтарбинй мемонад ва намедонам чаро ранги сабз дорад… Ва нуктаи талхтар ин ки ин афрод он чи мехостанд, нашуд. Оё бояд мутаассиф буд? Худ донед.

Ва аммо ҳамон гуна ки дар боло зикр шуд, як хирвор хотироти хуше ҳам бо ман ин сохтмонро тарк мекунад ва тушаи роҳам хоҳад буд. Ин тушаҳо бар пушт ва таъми самбусаи точикй дар ком шуморо ба Парвардигори якто месупорам. Чашми равонатон ҳамеша равшан ва қалбатон кошонаи нур бод.

Дориюш

PS: Тамос бо ман аз тариқи пайки электруники darius.rajabian@hotmail.com мумкин хоҳад буд.

Sent to RFE/RL Tajik team on 02 November 2006

Saturday, October 28, 2006

She's Leaving Now Indeed


در حاشيه پيام استعفای معصومه طرفه

بدون تو سراب ما سراب گونه تر شود
جهنمی بتر شود، ز آب گونه تر شود


دو سه سفير اهرمن به هم پيام می دهند:
"خوشا سعادت فراق! زبون ما زبر شود!"

خيال خام و کثر نام مجالشان نمی دهد
و تير جسته شرور روانه سپر شود

سر بلند رفتنت دل حسود را شکست
سر به ته فتاده اش کنون فکنده تر شود

در اين سرای تاجيکی تو را حبيب بيشتر است
رقيب نا ستوده ات نهايتا هدر شود

داريوش
25 اکتبر 2006

Дар хошияи паёми истеъфои Маъсумаи Турфа

Бидуни ту сароби мо саробгунатар шавад,
Чаханнаме батар шавад, зи об гуна тар шавад.

Ду-се сафири Ахриман ба хам паём медиханд:
Хушо саъодати фирок! Забуни мо забар шавад!

Хаёли хому касри ном мачолашон намедихад,
Ва тири частаи шарур равонаи сипар шавад.

Сари баланди рафтанат дили хасудро шикаст,
Сари ба тах фитодааш кунун фикандатар шавад.

Дар ин сарои точики туро хабиб бештар аст,
Ракиби носутудаат нихоятан хадар шавад.

Wednesday, October 25, 2006

Is It Over Again?


I’m hearing tearful voices over the phone and seeing happy faces at times these days. But the shock is overwhelming indeed. They cannot believe what’s happening now. Tens of thousands of dollars are being neglected by a proud guy and that guy is me.

Behaviors have changed in order to sweeten the bitterness of our short co-existance. I’m receiving plentiful of messages of friendship from my “regretful” foes: “please re-visit your decision and be patient a bit more… Everything is going to change”.

The management is keen to see me and is offering me new job opportunities, paving my way to climb up the dig they’d dug for me before.

How can I translate my present feeling of annoyance to them? Tajik Service and a service to Tajik people were only causes I joined them in Prague. I saw something I could never imagine before and I’m happy I did it.

Now it’s time to pick up my stuff and sing a farewell song: “Vaqteshe, vaqteshe, raftan vaqteshe, Vaqteshe, az to gozashtan vaqteshe.” They have never witnessed a similar scene of having enough of their crap and leaving, just leaving without being kicked out. Just leaving, because they seem too miserable and intolerable. Just because the meaning of their lives have turned green as on dollar banknotes. Just because human nature has encountered a real catastrophe among this bunch of beings. Just because you want to have some fresh air in your lungs you’ve been waiting for ages… By the way, my lungs are cleaner now, free of fag pollution deep inside.

Yeah, I quit smoking just now, when I really need some pollution deep inside to make me feel dirty and momentarily joyful for a while… But I got some faces to bear in my mind and heart: Massi the Just, Taher the Sufferer, Rasul the Beginner, Salim the Doubtful, Saidqasem the Worried. I love all of them and will remain with them as long as my lungs are still functioning. I started spitting blood lately though and don’t think I possess a couple of healthy lungs anymore.

Anyway, another chapter is over. Another fight is fought. Another laughter is laughed. Another tear is dropped. Another page is turned and it’s me again with my beloved ones heading to a new destination. At the end of the day, that planet in the picture belongs to us. Let's explore it!

Sunday, June 25, 2006

A Lesson of Fidelity


You can bump into all breeds of dog-kind in Prague and it doesn’t leave me astonished anymore. Nevertheless, yesterday one of them had a jaw-dropping effect on me again and this time it left me with watery eyes. A little short disfigured woman was trying to make her way down the street with two long sticks attached to her pits and a dog’s extending lead attached to her stick. She was moving very slowly and the little dog was leading her, barking around and making people give her a way in a busy Prague street. It was barking around and looking back at her maimed owner, gazing precisely at her feeble legs as if making sure she’d be able to take one more step. Then running a couple of steps farther and barking again. Then stopping and looking back at the little lady again. The lady stopped to take a rest and the dog ran back to her legs, stopped tightly attached to her legs too and now it was looking only at her as if asking her whether she was OK. The lady tried to move again and the dog made a move too, but this time it was walking step by step with its lady and after each step it was looking back at her face to read it. Reading with no noise and walking with her step by step...

Saturday, May 06, 2006

Awakening

Today I replied to a dearest friend of mine and I told her how I feel indeed. I haven’t been here for ages and I thought you’d love to know about it too. I told her I was out of a purple bubble; that I had wider eye cuts, not sure if physically, but definitely I have them mentally. That means I’ve been chewing down loads of pleasant stuff for ages and not looking at some crap which could happen to appear among that too. I didn’t know how deeply our problems go, dearest. And please read it again, we have to fight it. We have to be even more decisive to crack it down and devastate it. I can hear you asking: what d’you mean by “it”. That “it” is too dangerous to name even here. It is something ugly like a creepy worm fed by our ignorance and stupidity called “regionalism”. I reckon I’m in touch with the roots of all Tajik problems at the moment. It must be bombed as America’s bombed Afghanistan and Iraq. Even more fiercely. We have to get rid of this bug to move on. Otherwise…. see you tomorrow dear.

Did you know that they call this radio station “ZBC” just because most of their Prague-based workers are from “Z” valley? I’m less lucky to have my roots in that valley as well. It reduces my chances to take my voice up to tell them off by saying: “F… off!” That is something that I had not reckoned with before moving to Prague. Because I was inside a purple bubble shielded by my eternal friends in Dushanbe. I’ve woken up to realities and I don’t like them at all. I wanna get back to that bubble, but apparently it’s blown up and there’s no way back to my comparatively comfortable bubble to deceive myself that we live in a modern world. No dear. We are far behind the schedule of the time. We had to be at least a hundred years farther than we are now. But the History is giving us a rare chance to correct our shameful blunder: LET’S FIGHT REGIONALISM IN TAJIKISTAN!

Friday, March 03, 2006

First things ever

Bruce came downstairs to have a fag. Looked above and nodded with an obvious annoyance on his face. "Again", he said and introduced himself. I knew him via his numerous articles about Central Asia that appear now and then in different sites. By "again" he meant the whirling snowflakes that were making their way down to the little smoking square right in the heart of the building. While for me it wasn't "again". It was "wow! It's snowing!" The first ever Prague snow for me and I took it as a good sign for a new beginning.

Tried the tolerance of the organisation by writing my first Prague piece about Bush's South Asian tour and recorded it for the first time using their odd recording system. It seems to me odd now, but I'm sure, as soon as I get used to it, will not be able to see its present oddity anymore. I hope in the same way my new colleagues will overcome the oddity of my accent. They are trying too hard to ignore it for now and I can see it vividly. Let's wait and see.

Sunday, May 29, 2005

A Sky Sketch... Jak se mat, pritel?

Our Czech Airlines Boing-737 pointed the sky with its sharp nose and flied over as a proud eagle. Green fields of the Prague outskirts were running backward as if depicting how fast the globe spins around in reality that we don’t happen to feel in our routine life.

But today isn’t too cloudy. It was even a bit too hot in Prague, so that I had to add some three more kilograms to my luggage by leaving my warm jacket in the bag. However, for the first time in my life (at least as far as I remember) I didn’t have to pay for excess luggage.

Yeah, it’s not cloudy even now when I’m typing these words on board. Just a few of white clouds swimming in the skies, that’s why our take off wasn’t too shaky. I can perfectly see the beautiful face of our Homeland – the Earth. I can see long and winding roads covered its body like arteries and veins. But I am too high to see the blood in the veins, I mean any moving objects on the roads that divide square-like settlements and pass across fields and no-man areas. And I am too far to distinguish the curving edge of the Earth that has merged and converged with horizon. Some pieces of white clouds resemble king size beds and make me feel like jumping on them and take good rest after 4 days of a busy trip. I can’t believe that I could penetrate them. They look very firm and dense and convincing. Thanks God, the windows are shut for good!

I am leaving Prague with marvellous memories of a town filled with beauty and politeness. ‘Dobry den’, ‘Dekuju’ & ‘Na shledanou’ would make a day for you in Prague. They are really magic words to be used everywhere and with anyone in Prague. A city defeated by many tribes, armies and empires. An easy prey for occupiers. They have never tried to fight against usurpers in order to keep their dazzling capital to prosper on. Nowadays one can see Hungarian, French, German, Austrian, Russian and Soviet cultural traces in Prague’s architecture and painting and that makes it even more mysterious and beautiful. Karluv most (Charles’ Bridge) over the dark Vltava resembled Moscow’s Arbat to me. And Russian could be heard all across the town with Russian-speaking shop-keepers, painters and tourists.

I was amazed by the quiet nature of the Czech people: how could the makers of the finest beer in the world be so easy going and noiseless. But last night I saw a herd of drunken desperados shouting, swearing, peeing and farting (anyway it sounded like someone was farting) as if the city was there bathroom. I approached them for a little research of rare species of the town. And would you believe me? They were swearing in London accent and no word in Czech. Desperate beer-thirsty English youth!

Prague is a mixture of Eastern and Western Europe. And Czech people are a mild polite but cold nation with a sort of embarrassment or complex of inferiority in front of a Western European, whereas unaware of their own assets and Western pitfalls. That was my short conclusion. But by and large I like Prague, I like Czechs and I like their language.