Thursday, February 25, 2010

Lamenting Over Rudaki. Part 2

Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад... Бахши дувум

Забон ойинаи фарҳанг аст


Умеди Ҷайҳонӣ

«Шоҳнома» ва «Тоҷикон» барои мардуми тоҷик яке зоднома ва дигаре шиноснома дониста шудаанд. Ин шоҳасарҳо гувоҳанд, ки пешинаи кишвардории мо ба Сомониёну Сосониёну Ашкониёну Кушониёну Ҳайтолиёну Ҳахоманишиён ва аз онҳо ба Каёниёну Пешдодиён мерасад.

Бино бар додаҳои таърихӣ ва забоншинохтӣ, забони мо набераи забони порсист, ки аз замони Ҳахоманишиён (порсии бостон) то Сосониён (порсии миёна) ва рӯзгори Сомониён (порсии нав ё порсии дарӣ ё форсӣ) то Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, забони кишвардориву диндориву донишу адабу фарҳангу ҳунар дар Эрону Турон будааст. Агар забон ойинаи фарҳанг аст, пас забонамон бояд фарҳанги 2500-солаи кишвардориямонро низ бозтоб кунад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Банди 1 моддаи 18 боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009) муқаррар мекунад, ки «номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад». Ин матлаб дар қонуни пешинаи забон (1989) низ ҷой дошт, аммо дар амал ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон номҳои тоҷикӣ надоштанд ва ҳамакнун низ надоранд.

Корбурди вожаҳои тоҷикӣ дар номгузории ниҳодҳои кишвардорӣ

Дуруст аст, ки Тоҷикистон дар ин марзу буме, ки имрӯз дорад, 80 сол пеш падид омада ва аз ин замон танҳо 18 сол кишвари соҳибистиқлол будааст. Аммо мардуми тоҷик таърихе чандинҳазорсола дорад, ки дар дарозо он гоҳе фармонравову гаҳе фармонбардори бегонагон будааст. Табиъист, ки ҳар мардуме, ки замоне кишвардору фармонраво будааст, барои мафҳумҳои кишвардорӣ вожаҳову истилоҳоте низ дар ганҷури забонаш дорад. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ёдоварӣ мекунанд, ки «вожаҳое ҳастанд, ки дар даврони худҷӯӣ ва худрасии миллат раҳнамои сарманзили ҳақиқат метавонанд буд. Гоҳо як вожа, агар ҳангоми зарурат ба кор гирифта шавад, метавонад худшиносии мардумро қадаме ба пеш барад. Дар забони форсӣ вожаҳое чун кишвар, устон, шаҳристон, деҳистон, анҷуман, девон, додгоҳ, додгустарӣ, додситонӣ ва ҳазорони дигар ҳар кадоме гӯё як санади таъриханд, ки аз гаҳи бостон дар миёни мардуми тоҷик вуҷуд доштани мафҳумҳои муҳимми кишвардорӣ ва тамаддуни олиро гувоҳӣ медиҳанд». Аммо баррасии номгузории ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон чунин натиҷа медиҳад, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, монанди ному нишони расмияш, танҳо 85 сол аз пешинаи 2500-солаи кишвардории мардуми тоҷикро бозтоб медиҳад. Аз он пешинаи кишвардории чандҳазорсола бо ҳама девону дафтару истилоҳоти кишвардорӣ ва тамаддуни олӣ дар забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ асаре нест. Гӯё тоҷикон пеш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз на кишваре доштаанду на ҳукумату давлате. Мавзӯъи аслии ин навиштор ҳам ёдоварӣ аз вожаҳои кишвардорист, ки ҳазорон сол корбурд доштаанд, вале имрӯз ҷояшонро истилоҳоти бегона гирифтаанд. Ин вожаҳоро дар мӯътабартарин фарҳангҳои тафсирии забонамон, аз ҷумла «Луғатномаи Деҳхудо», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги муъосири форсии имрӯз» ва «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ», ҷустаем. Дар ин навиштор истилоҳот ва мафоҳиме баррасӣ мешаванд, ки ҳамакнун дар Сарқонун ва дигар қонуну муқаррароти Тоҷикистон барои номгузории ниҳодҳои қонунгузор, иҷроия ва додгустарӣ дар забони тоҷикӣ ба кор бурда мешаванд. Аммо поксозии забон аз вожаҳои бегона баҳси ҷудогона аст ва мавзӯъи ин навиштор нест.

Конститутсия, Сарқонун, Қонуни Асосӣ ё Ойинномаи кишвардорӣ?

Сарқонун ё қонуни асосӣ олитарин санади ҳуқуқӣ ва роҳнамое барои танзими дигар қонунҳо дар ҳар кишваре аст. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Дар Тоҷикистон ин санадро «Конститутсия» низ меноманд, ки вожае русӣ ва баргирифта аз лотинии «constitutio» ва маънояш «сохтор» аст. Порсизабонон ин санадро ба арабӣ «қонуни асосӣ» ва арабҳо онро ба форсӣ «ал-дастур» меноманд. «Қонун» вомвожаест юнонӣ, ки аз роҳи забони арабӣ дар забони тоҷикӣ ворид шудааст. Муодили тоҷикии он «ойин» аст, ки ба маънои «расму равиш ва қоидаву қонун» ба кор рафта ва бозмонда аз «āδēn» дар забони порсии миёна ва «*ā-dayana» дар забони эронии бостон аст (3). Азбаски Қонуни Асосӣ усули сиёсӣ, сохтор, силсиламаротиб, ҷойгоҳ ва ҳудуди қудрати сиёсии давлатро таъриф ва ҳуқуқи шаҳрвадони кишварро таъину тазмин мекунад, ин санадро метавон «Ойиннома» номид. Чунон ки дар замони подшоҳии Сосониён китоберо, ки шомили расму равиш ё усулу қавоиди илму фанне ё ҳунаре будааст, «Ойиннома» мехонаанд ва маъмулан ин вожаро бар номи китоб афзуда ва масалан «Ойини ҷанг» ё «Ойини тирандозӣ» ё «Ойини чавгонбозӣ» мегуфтаанд (4). Аз он ҷо, ки дар забони форсии имрӯза «дониш, фанн ё шеваи идораи кишварро кишвардорӣ мехонанд» (5), метавонем Қонуни Асосиро «Ойинномаи кишвардорӣ» биномем. Бад-ин равиш мо метавонем истилоҳеро зинда кунем, ки дар забону фарҳангамон пешинаи 1500-сола дорад ва кишвардории имрӯзаамонро бо подшоҳии Ашкониёну Сосониён решапайванд мекунад.

Маҷлис, Шӯро ё Анҷуман?

Моддаи 9 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом мекунад, ки «ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Бар асоси моддаи 48 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти қонунгузор – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, «Маҷлиси Олӣ» ном дорад, ки аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

«Маҷлис» вожаест арабӣ ва дар забони форсии имрӯз се маъно дорад:

1. ҷое, ки гурӯҳе дар он гирд омада ва нишастаанд;
2. ҷое, ки аъзои қувваи қонунгузорӣ (маъмулан намояндагони интихобӣ) гирд меоянд;
3. ниҳоди қонунгузорӣ (6).

Дар замони шӯравӣ ингуна ниҳодро «шӯро» меномиданд, ки муодили истилоҳи русии «совет» буд. «Шӯро» низ вожаест арабӣ ва дар забони форсии имрӯз дар чаҳор маъно ба кор меравад:

1. амал ё фароянди гирд омадани гурӯҳе дар як маҳал барои машварат кардан;
2. гурӯҳе, ки барои машварат дар коре гирд меоянд;
3. ниҳоде, ки аъзои он барои ройзанӣ ва тасмимгирӣ дар мавриди корҳои муайяне интихоб шудаанд;
4. маҳалли истиқрори он ниҳод (7).

Муодили ин вожаҳо дар забони тоҷикӣ «анҷуман» аст, ки дар порсии миёна «hanjaman» ва дар авестоӣ «*han-jamana-» (аз «*hanjamana-» дар эронии бостон ба маънии ҳамгом шудан) буда ба маънои «ҳамоиш» ва «ҳамандешӣ» аст (8). Бино бар додаҳои таърихӣ, дар гаҳи бостон бузургону раҳбарони тираву таборҳои ариёӣ «анҷуман» меоростаанд ва якеро «сарвари анҷуман» интихоб ва масоили рӯзгорашонро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекардаанд. Ин шеваи раҳбарӣ дуруст маънои «парламент»-ро дорад ва аз он дар «Авесто» борҳо ёд шудааст (9). Дар забони форсии имрӯз «анҷуман» гурӯҳеро гӯянд, ки барои ройзанӣ ва ҳамфикрӣ дар роҳи дастёбӣ ба ҳадаф ё ҳадафҳои муайян дар ҷое гирд меоянд ва ҷои гирд омадани он гурӯҳро низ чунин меноманд» (10). Вожаи «анҷуман» аз назари маъноӣ қобили муқоиса аст бо вожаи аврупоии «конгресс» (ниҳоди қонунгузорӣ дар бархе аз кишварҳо), ки бозмонда аз лотинии «congressus sum» аст ба маънои «гирди ҳам омадан». Ин вожа дар мӯътабартарин фарҳангҳои забони форсӣ, аз ҷумла «Луғатномаи Деҳхудо» ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ба маънои маҷлису маҷмаъ омадааст ва раиси маҷлисро «сарвари анҷуман» овардаанд бо мисоле аз бузургвор Саъдӣ, ки фармуда:

Басе саъй кардам, ки фарзанди ман,
Пас аз ман шавад сарвари анҷуман.

Бо дар назар гирифтани ин собиқаи таърихӣ ва бори маъноӣ, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистонро метавон «Анҷумани Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раиси онро «Сарвари Анҷуман» номид. Барои парҳез аз такрори тӯтивори вожаи «маҷлис» дар ибораи «Маҷлиси намояндагон / Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтар аст, ки Маҷлиси миллӣ номгардон ва «Шӯрои миллӣ» номида шавад. Ҳамчунин дар пайравӣ аз шеваи кишвардории Ашкониён ин ниҳодро метавон «Меҳистон» номид.

Президент, Раисҷумҳур ё Кишвардор?

Бар асоси моддаи 64 Боби 4 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст».
«Президент» вожаест лотинӣ (prae (пеш) + sedere (нишастан)) ва тарҷумаи он дар забони тоҷикӣ «пешнишин» мешавад, ки бо вожаи «пешнамоз» ҳаммаъност. Дар забони форсии имрӯз ин мақомро «раёсати ҷумҳурӣ» мехонанд ва шахсеро, ки аз сӯи интихобкунандагон ба унвони раиси кишвар ва раиси қувваи муҷрия баргузида мешавад, «Раисҷумҳур» меноманд (11). «Раис» вожаест арабӣ ва муодили он дар забони тоҷикӣ «сар, сарвар, сардор, солор ва меҳтар» мешавад. «Ҷумҳурӣ» низ истилоҳест арабиасл ва «низоми ҳукуматеро гӯянд, ки раиси он аз сӯи мардум ё намояндагонашон баргузида мешавад» (12). Аммо дақиқтарин ва беҳтарин муодили истилоҳоти «президент» ва «раисҷумҳур» дар забони тоҷикӣ вожаи «кишвардор» аст, ки дар гузашта истилоҳан шоҳу подшоҳу шаҳриёру шоҳаншоҳ ва дигар касонеро мегуфтанд, ки ҳукуматро аз яке аз фармонравоёни гузашта ба ирс мебурданд ва сарвари кишварҳои подшоҳӣ буданд. Ин вожа дар «Луғатномаи Деҳхудо» бо мисоле аз Насири Ҳамадонӣ оварда шудааст:

Нагушояд дару дарвоза касе бар рухи айш,
То дар иқлими дилам ишқи ту кишвардор аст (13).

Кишвари Тоҷикистон ҳамакнун дорои ҳукумати ҷумҳурӣ аст, вале пешинаи корбурд ва бори маъноии истилоҳоти «кишвардор» («сарвари кишвар») ва «кишвардорӣ» («дониш, фанн ё шеваи идораи кишвар») имкон медиҳад, ки онро барои номидани мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба кор барем ва ба ҷои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯтоҳу зебову расо Кишвардори Тоҷикистон гӯем...

Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад... Бахши нахуст
____________________________

3. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Муҳаммад Ҳасандӯст; зери назари Баҳман Саркоротӣ. – Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, нашри осор. 1383 ҳ. ш. ISBN 964-7531-28-1. ҷ. 1. – саҳ. 68
4. Муҳаммадӣ Малоирӣ, Муҳаммад. Фарҳанги Эрон пеш аз Ислом ва осори он дар тамаддуни исломӣ ва адабиёти арабӣ. – Теҳрон: «Тус». Чопи севум. 1374 ҳ. ш. – саҳ. 158
5. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ ва Настаран Ҳакамӣ. – Вироиши чаҳорум. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1381 ҳ. ш. – саҳ. 1020
6. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. – саҳ. 1146.
7. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. – саҳ. 840.
8. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. - саҳ. 128
9. Гафуров Б.Г. Таджики: древнейшая, древняя и средневековая история. – М.: «Наука», 1972 г. – саҳ. 56
10. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. – саҳ. 148
11. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. – саҳ. 692
12. Фарҳанги муъосири форсии имрӯз. – саҳ. 442
13. http://www.loghatnaameh.com/dehkhodaworddetail-1b0f2ad756e648058b9c31f250ae20e2-fa.html

Tuesday, February 23, 2010

Lamenting Over Rudaki. Part 1

Навиштори ғаррои зер аз хомаи Умеди Ҷайҳонӣ, донишвари кӯшои Тоҷикистон, таровидааст ва саршор аз дарди фарҳангии рӯзгори мост. Аммо Умеди фарзона танҳо бо гилагузорӣ ва баёни гирифториҳо басанда накарда ва пешниҳодҳои равшанеро ҳам барои беҳбуди вазъи забони порсии Варорӯд бо мо дар миён гузоштааст. Умедворам, ки хонандагони гиромӣ дар бораи нукоти муҳимме, ки дар ин навиштори баланд омадааст, назарҳои арзишманди худро дареғ надоранд. Як Дарвеш имрӯз бахши нахусти навишторро чоп мекунад, ки дебочаи торихии мавзуъ аст. Дар бахшҳои дигар нукоти корбурдӣ бештар хоҳад буд. Дар поён аз ин навиштор ва дидгоҳҳои хонандагон натиҷагирие анҷом хоҳем дод.

Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад... Бахши нахуст

Умеди Ҷайҳонӣ


Қонуни нимкола ва ҳукумати нимкора


Бист сол пеш аз ин Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар паи талоши чандинсолаи беҳтарин фарзандони миллати тоҷик Қонуни забонро тасвиб карда буд. Ин қонун кӯшише барои мақоми давлатӣ додан ба забоне буд, ки ҳазору сад сол забони расмии ҳукуматҳои тоҷикиву туркиву муғуливу узбакии Тоҷикзамин буд, вале дар замони шӯравӣ ҳатто дар Тоҷикистон хоназиндон шуд. Тасвиби ин қонун нуқтаи авҷи худшиносии миллии тоҷикон ва пирӯзии нируҳои мардумӣ ва миллатдӯсти тоҷик буд, ки мекӯшиданд ҳуқуқи табиъӣ ва номи таърихии забони модарияшонро дар хонаи падарияшон барқарор созанд. Аммо дере нагузашт, ки дар паи дигаргуниҳои сиёсӣ дар кишвар, ин қонун монанди бисёре аз тасвибкунандагону ҳаводоронаш ҷавонмарг шуд.

Қонуни забон, ки Шӯрои Олӣ 22 июли соли 1989 қабул карда буд, эълом дошт ки «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Шаш сол пас аз тасвиби қонун, 20 июли соли 1994, ҳангоми баррасии лоиҳаи Сарқонун дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ, вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии мардуми тоҷик берун андохта шуд. Азбаски Сарқонун болотар аз дигар қонунҳост, ки бояд бо қонуни асосӣ созгор бошанд, қонуне ки забони моро «форсӣ» хонда буд, пас аз тасвиби Сарқонун худ ба худ беэътибор шуд. Бад-ин сон он ҳама талошу муборизаҳое, ки равшанфикрони тоҷик солҳои 1988 – 1989 дар роҳи барқарории ҳуқуқи забони форсии тоҷикӣ ва номи таърихии он карданд, бар ҳадар рафт.

Қонуни забон, ки дигар бо Сарқонун ҳам созгор набуд, аз он пас наметавонист амалан иҷро шавад. Аммо аслитарин омили иҷро нашудани ин қонун ҳукумати Тоҷикистон буд, ки забони тоҷикиро забони расмии коргузории худ эълом карда буд. Агар ҳукумат иродаи сиёсӣ медошт, ҳамон қонуни нимкола ҳам иҷро мешуд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар пуштибонӣ аз миллати тоҷик ва забону фарҳангаш ҳамеша нимкора будааст. Агар чунин намебуд, масъалаи забонро дар 20 сол метавонист ҳалл кунад. Чунин менамояд, ки Тоҷикистон дар ин 20 сол пешрафте надоштааст. Қонуни нави забон, ки Маҷлиси намояндагон 1 октябри 2009 тасвиб кардааст, боз ҳам қонунест нимкола ва танҳо забонеро дар бар мегирад, ки 80 сол пеш сохтаву бофта шудааст. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳи таърихии миллати тоҷик ва пешинаи ҳазорсолаи кишвардорияшро, ки мояи лофу газофу сарафрозии мост, бозтоб намедиҳад. Ин забон имрӯзи моро бо гузаштаамон намепайвандад ва ҳувияти моро ошкор намесозад.

Форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ё рузбакӣ

Яке аз доғтарин масъалаҳое, ки дар 20 соли гузашта ҳаллашонро наёфтаем, номи расмии забонамон ҳамроҳ бо мақому хатташ аст. Забонеро, ки имрӯз «тоҷикӣ» меномем, то соли 1920 милодӣ «форсӣ» мехонданд. Номгардонии форсӣ ба тоҷикӣ пайомади рӯйдодҳои сиёсии оғози садаи 20 дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ин забон дар куҳантарин замонҳо «ариёӣ» ном дошта ва бозмондаҳои «Авесто», деворнигораҳои шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ дар Эрон ва сангнавиштаҳои подшоҳони кушонӣ дар Афғонистон гувоҳ бар ин гуфтаанд. Дар садаҳои миёна ва нав ин забонро «порсӣ» ва «дарӣ» мехонданд ва адабиёти ҷаҳонгири форсӣ гувоҳ бар ин гуфта аст. Порсии варазрӯдӣ ё тоҷикӣ дар асл омехтае аз забонҳои суғдиву балхӣ, забони порсии дарӣ, ки дунболаи порсии сосонӣ ба шумор меравад ва забону хатти арабист. Аз ин ҷост, ки дар забони гуфтории тоҷикон вожаҳои суғдиву балхиву сакоӣ бисёранд. Барои намуна номи шаҳру рустову деҳаҳои куҳанро метавон овард, ки решаашонро дар забонҳои шарқии эронӣ пайдо мекунем. Забони порсӣ дар Варазрӯд ё Турон яке аз муҳимтарин ниҳодҳо ва намодҳои фарҳангии тоҷикон буда ва ниёконамон барои посдошти он дар баробари забони арабӣ сахт кӯшидаанд. Матнҳои бозмонда аз адабиёти форсии Варазрӯд нишон медиҳад, ки форсии варазрӯдӣ то садаҳои 14 – 15 м. ба шакли қавӣ ба ҳаракати худ идома додааст, аммо пас аз гирифтани Шайбониён Туронро аз оғози садаи 16 м. густасте фарҳангӣ миёни Эрон ва Турон пеш омад, ки дигаргуниҳое дар гунаи забонии тоҷикон падид овард. Ин раванд то поёни садаи 19 м. идома дошт, аммо пас аз инқилоби 1917 Русия ва шаклгирии Тоҷикистон, ба ҳиммати устод Садриддин Айнӣ, бозгаште дубора ба забони пеш аз садаҳои 14 – 15 м. пайдо шуд ва корбурди вожагони садаҳои 8 – 9 то 14 – 15 м. дар Варазрӯд (Тоҷикистон ва Узбакистон) ҷон гирифт. Аммо соли 1920 аморати Бухоро, ки забони расмии он форсӣ буд, дар паи шӯриши пантуркистҳову балшевикҳо нобуд шуд. Аз он пас тоҷикон ва забону фарҳангашон хоре дар роҳи пантуркистҳо шуданд, ки ҳадаф доштанд дар сарзамини Осиёи Марказӣ як кишвари туркӣ бисозанд. Аз ин рӯ нахуст коре, ки карданд, ин буд ки забони туркиро ҷойгузини забони форсӣ карданд. Сипас тоҷиконро мардуми «бегона ва авлоди муҳоҷирину муҳоҷимини эронӣ» эълом ва сарзаминашонро ишғол карданд. Барои ботил кардани иддаъои пантуркистҳо, тоҷикон маҷбур шуданд номи забони худро расман тағйир диҳанд ва онро «тоҷикӣ» биноманд. Аз он замон то кунун забони форсии мардуми Тоҷикистон ва Узбакистонро расман «тоҷикӣ» меноманд.

Гарчанде бештари порсизабонони ин ду кишвар бар ин боваранд, ки забонашон форсист, вале солҳост, ки дар сари номи расмии забонашон баҳс меравад. Гурӯҳе онро «форсӣ», бархе «дарӣ» ва дигарон «тоҷикӣ» меноманд. Бархе аз донишмандон форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро се забон медонанд ва гурӯҳе ҳам ин сеторо як забон медонанд. Ин гурӯҳ бар ин бовар аст, ки ҳамакнун форсигӯёни ҷаҳон ду гуна забон доранд: яке забони навишторӣ ва дигаре забони гуфторӣ. Навишторӣ забони дастурӣ ва меъёр аст, ки аз кӯдакистону дабиристон то донишгоҳу фарҳангистон онро меомӯзонанд ва меомӯзанд. Ин забонро илмӣ ва адабӣ ҳам мегӯянд ва ҳама офаридаҳои илмӣ ва адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳамин забон навишта мешавад. Забони коргузории ниҳодҳои кишварӣ ва лашкарӣ низ ҳамин забон аст. Чунин забонеро мардуми порсизабон «дарӣ» меномидаанд ва манзур аз он «забони расмӣ» (официальный / государственный язык) аст. Порсигӯёни Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҳамакнун ҳамин забони адабӣ-навишториро забони умумии худ медонанд ва ҳамзабонии онҳо низ бештар бар сари ҳамин забон аст. Шӯҳрати беназири филми «Юсуфи Паёмбар (а)» дар Тоҷикистон худ гувоҳест инкорнопазир бар ин гуфта.

Ҳамзамон бо забони муштараки адабӣ-навишторӣ мардуми порсигӯй ҳар кадоме забонҳое доранд, ки онҳоро «забони гуфторӣ» меноманд. Истилоҳи «забони гуфторӣ» лаҳҷаву гӯишу шеваҳои гуногунеро дар бар мегирад, ки мардуми порсизабони Эрону Афғонистону Тоҷикистону Узбакистон ба онҳо гуфтугӯ мекунанд. Забони гуфтории порсизабонон яксон нест ва муштарак ҳам нест. Аммо мардуми Эрону Афғонистон забони ҳамдигарро беҳтар медонанд, зеро хатташон яксон аст. Ягонагии забони порсигӯён ҳам дар яксонии навиштораш аст, на дар гуфторашон. Тоҷиконро хатти русӣ-кирилӣ аз ҳамзабононашон ҷудо кардааст.

Мавзӯъи бозгашт ба хатти ниёкон, ки ҳамон хатти арабиасоси форсист, низ аз доғтарин мавзӯъҳо дар 20 соли гузашта буд. Кор ба ҷое расидааст, ки ҳар гоҳ агар, масалан, осори устод Садриддин Айнӣ ва ё устод Мирзо Турсунзода ба хатти кириллӣ чоп шавад, пушти китоб забонашро «тоҷикӣ» ва ҳар гоҳ ба хатти арабиасос мунташир шавад забонашро «форсӣ» менависанд. Хатти арабиасос воқеан хатти аслии забони мост. Он чиро, ки адабиёти форсӣ-тоҷикӣ меноманд ва замоне ҷаҳонгир ҳам будааст, ба ҳамин хатти арабиасос офарида шудааст. Хатти форсӣ бо ҳама камбудаш, вижагиҳои забони моро дақиқан мерасонад, зеро дар ин хатт муҳим навишти вожа аст, на талаффузи он. Чунончӣ, шерозие «мекунам»-ро «микунум», хатлоние «мекънъм», кобулие «мекунум» ва теҳроние «микунам» мегӯяд, аммо тарзи навишти ҳамаи онҳо ҳамон «می کنم» аст ва дар ҳеҷ гӯише тағйир намекунад. Ҳамин хатти форсӣ буд, ки аз гӯишҳои парешону парокандаи мо забоне ягона ва навишторӣ офарид, ки имрӯз онро забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меноманд. Аз ҳамин рӯ мо бояд дубора ин хаттро ба кор гирем то забонамон тоҷикӣ ва пиндору кирдору гуфторамон тоҷикона шавад. Аммо бозгашт ба хатти форсӣ бояд барномарезишуда ва замонбандишуда сурат гирад, на якшабаву ба дастури «ҳизбу ҳукумат». Ин мавзӯъ худ баҳсе ҷудогона мехоҳад, ки дар ин навиштор маҷоли онро надорем.

Ин парешониву дармондагӣ аз пайомадҳои балоест, ки пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 умуман, ва табартақсими Тоҷикзамин дар соли 1924 хусусан, бар сари мардуми тоҷик ва забонаш омад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки аз «баракати» сиёсати «ғамхоронаи» ҳукумати шӯравӣ ва ҳизби камунист дар 70 сол забони мо «рузбакӣ» гашт, яъне забоне сахт олудаву носуфта ва ниме русиву ниме узбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас. Содасозӣ забони моро аз авҷи Зуҳал бар қаъри гили сиёҳ кашонд.

Аз фатвои Имом Абӯҳанифа то қонуни нав

Қонуни забон дар соли 1989 дар шароите тасвиб шуд, ки қонунан ва амалан забони расмии Тоҷикистон забони русӣ буд ва авзоъ чунон шуда буд, ки дузабонии русиву тоҷикӣ ба суди забони русӣ тағйир меёфт. Ин гуна вазъи дузабонӣ бар сари забони тоҷикон пештар низ гузашта буд. Чунончӣ, дар рӯзгори Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (р) (699 – 767 м.) забони расмии ибодат забони арабӣ буд. Имом Абуҳанифа (р) ягона ва якумин касе буд, ки фотиҳа хондан ба забони форсиро раво шумурд ва далелаш ин буд, ки «ин «Қуръон» дар китобҳои пешин ҳам фуруд омада буд (сураи «Шуъаро», ояи 196) ва он низ ба забоне ҷуз арабӣ будааст. Пас ғайри арабҳо ҳаққ доранд онҳоро «Қуръон» бидонанд». Душманони Имом Абуҳанифа ӯро ба маҷусгароӣ мутаҳҳам карданд, зеро ки вай нахустин бор ин суханро дар бораи забони форсӣ боз карда буд.(1)

Дусад сол пас аз даргузашти Имоми Аъзам (р) – дар замони аморати Сомониён – низ авзоъи забонӣ ҳамон гуна буд, яъне арабӣ бар форсӣ бартарӣ дошт. Амирони Сомонӣ ба хубӣ дарёфтанд, ки агар забони форсӣ пойгоҳе дар дини Ислом надошта бошад ё пайдо накунад, ба сарнавишти дигар забонҳое дучор хоҳад шуд, ки гарчӣ куҳантар аз забони арабӣ буданд, рафта-рафта фаромӯш шуданд. Аз ин рӯ бо диққат ва ҳушёрии тамом дар садади касби муҷҷавизе баромаданд, ки бар асоси он битавон осори муҳимми эътиқодиро ба ин забон навишт. Пас дар замони аморати Мансур ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил (961 – 976 м.) аз уламои Мовароуннаҳр хостанд, ки тақозои онҳоро на ба сурати дархосте маъмулӣ ё сиёсӣ, балки ба унвони зарурате динӣ баррасӣ кунанд. Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд, ки: «Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро, ки ӯ тозӣ надонад, аз қавли Худои аззаву ҷалла, ки фармуд: «و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»; яъне: «Ман ҳеҷ пайғамбареро нафиристодам, магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне, ки эшон донистанд». Ва дигар он бувад, ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе, ки сухан гуфт ба забони тозӣ, Исмоъили пайғамбар (а) буд ва Пайғамбари мо сал-Аллоҳу-алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулуки Аҷаманд».(2)

Ин фатвоҳои Имом Абӯҳанифа (р) ва уламои Мовароуннаҳр роҳкушои корбурди забони форсӣ дар умури динӣ ва коргузории кишварӣ ва заминасози густариши донишу адабиёту ҳунару фарҳанг барои ҳазорсола буданд.

Аммо Қонуни забони давлатии Тоҷикистон пас аз ислоҳ ҳам вазъи дузабониро тағйир надодааст, зеро ҳарчанд забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълом шуда, вале Қонуни Асосии кишвар забони русиро забони муоширати байнулмиллалӣ дониста аст.

Бояд ёдовар шуд, ки 20 сол пеш баҳона меоварданд, ки дар Тоҷикистон 1,5 млн русизабон зиндагӣ мекунад ва акнун баҳона пеш мекашанд, ки 1,5 млн тоҷик дар Русия муҳоҷиранд. Бархе мегӯянд, агар забони русӣ дар Тоҷикистон аз мақоми миёнҷигарияш маҳрум шавад, Русия балое бар сари муҳоҷирони кориямон хоҳад овард. Ин гуфта дурӯғест шохдор. Шароите, ки муҳоҷирини мо доранд, бадтар аз ин намешавад.

(Дунбола дорад)
___________________________

1. Мискӯб, Шоҳрух. Ҳувияти эронӣ ва забони форсӣ. – Теҳрон: «Боғи ойина», 1373 ҳ. ш. – саҳ. 36 – 37.
2. Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир. «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ». Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиб Яғмоӣ, чопи дувум, Теҳрон: «Тус». саҳ. 5.

Thursday, February 18, 2010

"The Absent Are Never Without Fault..."

Аз мост, ки бар мост

вижаи Ногуфтаниҳои Нигоҳ

"Моро дар донишгоҳ маҷбур мекунанд, ки саҳмияҳои Рогунро харем. Масалан, ман имтиҳонҳои худро пешакӣ гирифтам, лекин дар дафтарчаи имтиҳонӣ намонданд. То он даме, ки ман 100 сомонӣ напардохтам, баҳоямро намонданд. Бештари дониҷшуён натавонистанд бидуни 100 сомонӣ ба имтиҳон дароянд. Дар Донишгоҳи забонҳо маҷбур карданд, ки донишҷуён дукаса шуда ба 100 сомонӣ саҳмия харанд. Дар Донишгоҳи миллӣ ба маблаги 200 сомонӣ, дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо – 100 сомонӣ. Дар Бадахшон аз мактаббачагон ҳам пул ҷамъ карданд. Вазорати маъориф боз гуфтааст, ки масалан, буданд донишҷуёне, ки ҳатто ба маблаги 5-10 ҳазор сомонӣ саҳмия хариданд."


Ин гилояи як донишҷуст, ки аз Тоҷикистон ба ман расидааст.

Дар бораи саҳоми неругоҳи Рогун дар «Ногуфтаниҳо» чизҳое гуфта будем, аммо ин нома ба мавзуъе жарфтар ишора мекунад ва дар ниҳояти содагӣ яке аз печидатарин мушкилоти фитрии ҷомеъаи моро ошкор мекунад: бардахуӣ. Чун раҳбар тақозо карда, ки ба сандуқи Рогун пул бирезем, ҳоло пули ҷайбии бачаҳоямонро ҳам бояд ба зур бигирему ба он сандуқ ҳавола кунем. Чунон дар анҷоми фармонҳо зиёдаравӣ мекунем, ки гоҳ, агар раҳбар салла хост, салларо ҳамроҳ бо калла хидматашон меоварем.

Ин танҳо мавзуъи саҳоми неругоҳи Рогун нест, ки бардахуии ҷомеъаи моро барҷаста мекунад. Ба ҳар мавзуъи дигаре ҳам ки ангушт бигзоред, ин оризаи иҷтимоъиро бавузуҳ мебинед. Барои намуна, гумоштани фарзанди раисиҷумҳур ба мақоми муъовинати вазорати хориҷа ва интисоби фарзанди дигари у ба макоми муъовинати созмони ҷавонони кишвар ва пешбарии ҳаму ба намояндагии мардуми шаҳр дар як ҷомеъаи озоди ҳуқуқбунёди демукротики мустақиллу гайра (ки дар идомаи номи кишварамон пайваста зикр мекунем), бедиранг занги хатарро ба садо меоварад. Хатари хешовандсолорӣ, ки дар забониҳои хориҷӣ ба он «непотизм» гуянд. Непотизм, яъне интисоби хешовандон ба мақомҳои боло бидуни таваҷҷуҳ ба шоистагии ҳирфаии эшон.

Вале дар Тоҷикистон кор аз хатар гузашта ва ба марази хешовандсолорӣ табдил шудааст, ва занги мо ҳамчунон хомуши хомуш аст. Гуё касе аз паёмадҳои ин гумоштанҳо ё интисобҳо воқиф нест ва намефаҳмад, ки саранҷоми ин раванд, яъне бозгашти аморат. Вале ин бор бидуни фарри эзидӣ, ки дар гузашта лозимаи нишастан бар тахт буд. Ҳофиз мегуфт:

На ҳар ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулоҳдорию ойини сарварӣ донад.

Дар як ҷомеъаи озоду ҳуқуқбунёду демукротик, ки мо аз он танҳо номе шунидаему нишоне дар сарзаминамон надидаем, имкон дорад, ки касе аз пайвандони як раҳбар ба мақоме боло даст ёбад. Мисли хонаводаҳои маъруфи Кенедӣ, Буш ва Клинтун дар Омрико. Аммо дар он ҷо барои солҳои сол чи заҳматҳое бояд бикашӣ ва чи шоистагиҳое бояд аз худ буруз диҳӣ, то матраҳ шавиву мардум туро баргузинанд. Вале дар ҷомеъаи мо ба осонӣ мешавад низоми аморат ё подшоҳиро дубора зинда кард. Чун истибдод ва хешовандсолорӣ танҳо дар ҷомеъаҳое реша медавонаду по мегирад, ки бардаху ва ситампарвар бошад ва касе ба худ иҷоза надиҳад, ки ҳатто сари дурустӣ ё нодурустии як фармон ё икдоми раёсат биандешад.

Яке аз мақомҳо мегуяд, ки ҳатман Рустами Эмомалиро мардум интихоб хоҳанд кард, чун писари раисҷумҳур аст. Ин истидлол ё далеловарӣ танҳо бар мардуми бардаху ё гуломтабиъат асар мегузорад. Вагарна сирфи «фарзанди раҳбар будан» набояд далели интихоби як шахс ба ҳеч мақоме бошад. Шояд беҳтар буд мубаллигони хонаводаи раҳбар мегуфтанд, ки ба хотири чи шоистагиҳои Рустам бояд ба у раъй дод ва ин ки ин ҷавон то кунун фурсат доштааст, ки дар арсаи сиёсӣ кори шоёни таваҷҷуҳе анҷом диҳад ё на.

«Депутат», яъне касе, ки аз мо – мардум дар баробари давлат дифоъ ва ҳимоят мекунад. Оё мешавад чунин тасаввур кард, ки фарзанди раҳбар ба хотири мардум алайҳи дастгоҳи ҳукуматии падараш муқовимат кунад ва ҳаққи мардумро аз ҳаққи падараш авлотар бидонад? Бале, мешавад. Ва чунин иттифоқот борҳо уфтода. Аммо на дар Тоҷикистон, балки дар ҷомеъаҳои озоду демукротику ҳуқуқбунёд. Ҳамон ҷомеъҳое, ки сифатҳои «озоду демукротику ҳуқуқбунёд»-ро ба дунболаи номи кишварашон намечаспонанд. Чун «мушк он аст, ки худ бибуяд».

Ҳукумати Тоҷикистон ойинаи тамомнамои ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Ҳар он чи дар он мебинем, бозтоби худи мост. Пас аз кӣ бояд гилоя кард, ки ҳукуматдорон ба зур пули ҷайбии бачаҳомонро ба сандуқи Рогун мерезанд? Ба кӣ бояд шикоят бурд, ки яке-ду хонавода дар ҳоли густариши нуфузи худ бар ҳамаи бахшҳои сиёсию иқтисодии кишвар ҳастанд?

Аз мост, ки бар мост.

Wednesday, February 10, 2010

Joseph Leaves the Promised Land

Юсуф аз Канъон рафт

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Гиря зишт аст. Нишоне аз гирифторист. Аммо вақте сарнавишт чизе бештар аз зиштӣ надорад, ки таҳвили мо диҳад, гиря танҳо шеваи тадовуми зиндагист, ки буғзро мешиканад, то гиряи баъдӣ. Гиря сари сарнавишти талх. Гиря бар гулҳои нашкуфтаи орзу. Гиря бар бузургоне чун Фаррухи Қосим, ки бо як бағал гулҳои нашкуфта бо дунё падруд мегӯянд. Мо 12 сол фурсат доштем он гулҳои нашкуфтаро рӯи зонуҳои Устод бар сандалӣ (курсӣ)-и чархдор бибинем, аммо бар решаи ҳеч ғунчае об нарехтему ҳамагӣ ногушуда хушкиду рафт.

Агар бигӯем, ки Фаррух Қосим нобиға буд, ҳарфи тозае нагуфтаем. Нобиға, яъне касе, ки оянданигар бошад ва чанд қадам пештар аз замонаи худ бошад, ки ӯ буд. Чӣ касе медонист, ки дар оғози даҳаи 1990 чӣ рӯзгоре ба суроғи мо хоҳад омад? Ӯ медонист. Ва ҳамӯ буд, ки дар соли 1988 дар намоишномаи “Хонасӯзон” бонги ҳушдору бедорбош сар дод ва ба мухотабонаш гуфт, ки агар аз хоби гарон барнахезанд, рӯзгори сахте дар интизорашон аст. Ҳамӯ буд, ки “Юсуфи гумгашта”-ро дар хиёбонҳои Душанбе медид; бародареро, ки кинатӯзии бародаронаш ба чоҳаш афканда буд. Ӯ “даҷҷол”-еро медид, ки қасди баҳам задани оромиши моро дорад. Ӯ медид, Ӯ бетоб мешуд, Ӯ фарёд мезад; мо ба шӯхию бозӣ мегирифтем. Мо дар намоишномаҳои Ӯ бозиеро медидем ва Ӯ бо намоишномаҳояш паёми сарнавиштсозеро пахш мекард. Паёмҳо ношунида монд, мисли шукуфаҳои ношукуфтаи бағалаш, ва сарнавиште талх гирифторамон кард...

Ва акнун ман аз ин навиштаи худам шармам меояд.

Охир то ба кай бояд бо ин нолаҳои надоматомез фазоро пур кунем? То бузурге мемирад, ба ёди носипосиҳоямон меуфтем. Аммо ҳамеша ёдамон меравад, ки бузурге дигар дар ин миён ҳаст, ки посаш надоштаем.

Фаррух Қосим ҳафтаи гузашта зинда буду дар миёни мо. Аммо чӣ касе ба хостаҳои ӯ маҳал мегузошт? Орзӯи бистсолаи ӯ барои дидани бачаҳои театри “Аҳорун”-аш дар як сохтмони собит бо ӯ ба гӯр рафт. Орзӯе, ки то солиёни охир бо забони безабонӣ дар чашмонаш медурахшид. Бо ин ки ваъдаи сохтмонро бузургворони қудрат ҳаргиз аз ӯ дареғ намедоштанд. Аммо ҳаргиз ҳам аз марзи ваъда фаротар нарафтанд. Шарм бар ононе бод, ки ваъдаҳояшонро ҳадар карданд.

Фаррух Қосим меваи хонадоне ҳунарманду ҳунаршинос буд ва ҳунарро арҷ мегузошт ва пайваста суроғи дурри тозаеро дар бисоти ҳунар мегирифт. Ба қавли Барзӯ Абдурраззоқ, бо рафтани ӯ ҷустуҷӯи шеваҳои тозаи баёни ҳунарӣ ҳам аз миёни мо рахт барбаст. Ба гуфтаи Нур Табар, дар садаҳои 20 ва 21 Фаррух Қосим беҳамто будааст. Ба эътиқоди Гулрухсор, Фаррух Қосим шеъри порсиро, ки ба зону нишаста буд, дубора бар курсӣ нишонд. Ба бовари ман, Фаррух Қосим ирфонро боз офарид, театрро бо мардум оштӣ дод ва мактаби навинеро дар ҳунари театри Осиёи Миёна поярезӣ кард.

Аммо оё ин гуфтаҳову боварҳои мо шабеҳи нӯшдоруи баъд аз марги Суҳроб нест? Оё тақдими унвони расмии бехосияти “Ҳунарпешаи мардумӣ” посухи ин ҳама хидмати бузургворе чун Фаррухи Қосим буд?

Боз ҳам дуруду сипос бар он бунёди салтанатии Ҳуланд, ки бо эътои яке аз бартарин ҷоизаҳои худ дар соли 2004 Устодро аз заҳмати болову поин рафтан то табақаи ҳафтуми як сохтмон раҳонид. Маблағи он ҷоиза ба Устод маҷоли онро дод, ки ҳавлие бихарад, то бо сандалии чархдораш имкони рафту омад дошта бошад. Боз ҳам хориҷиҳо буданд, ки дар сибқати ҳиммат нисбат ба бузургони мо аз давлати мо пешӣ гирифтанд.

Мехоҳам ба рӯзе бирасем, ки сӯгномаҳоро бе ҳисси пушаймонӣ ва бе нолаҳои заъифона бинависем. Эй кош метавонистем ситораи дурахшоне чун Фаррухи Қосимро бидуни надомат биситоем.

Оё рӯзе фаро хоҳад расид, ки аз носипосиҳои худ ранҷур набошем ва бо ризояти хотир бинависем, ки бузурге рафт, аммо ба бузургвориаш арҷи муносиб гузошта шуд? Мешавад рӯзе аз марази ситоишҳои пасазмарг дармон ёбем? Мешавад аз дидани “ашк”-и масъулони Вазорати фарҳанг ба ҳангоми даргузашти як чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ҳисси ногуворе ба мо даст надиҳад? “Ашк”-е, ки бо зӯри риё дар дидаҳо медурахшад, аммо дар воқеъ, оби тазоҳури дурӯғине беш нест. Ва дилат мехоҳад рӯбарӯи он мақоми баландпоя биистию бигӯӣ: “Агар рост мегӯӣ, арзиши бузургони боқимондаро бидон!”

Юсуфи театри тоҷик ба дори боқӣ шитофт. Бинёминҳоро дарёбем.

Гузориши тасвирй:

Tuesday, February 02, 2010

Our Manners

Хулқиёти мо, тоҷикон

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Солҳо пеш буд. Вориди утоқи кории як ҳамкорам дар Ландан шудаму ҳайрон мондам. Бар фарози мизи оқо акси як ташноби чиркин овезон буд. Ташноби фарангии зангорбаста, ки аз васати он оби қаҳваӣ ҷорӣ буд.

Пурсидам: “Ин дигар чист?” Гуфт: “Дастшӯӣ (туалет)-и тоҷикӣ”. Ва тавзеҳ дод, ки тайи сафараш ба Душанбе дар оғози даҳаи 1990 аз дидани ин саҳна ваҳшатзада шуда буд ва он ваҳшат амиқтарин бардошташ аз фарҳанги Тоҷикистон буд. Аз ҳамкорам хоҳиш кардам, ки бо риъояти адаб он аксро дур андозад ва аз ӯ ранҷидам, ки танҳо раҳоварди сафараш аз Душанбе як акси ташноби касиф будааст.

Ёдам омад, ки яке-ду сол пеш аз он яке дигар аз ҳамкорони ланданиам ба Душанбе омада буд. Бо ҳам дар чойхонаи “Роҳат” лағмон хурдему чои сабз нӯшидем. Ҳамкорам мехост ба ташноби чойхона сар бизанад. Аз ӯ хостам андаке сабр кунад, то ба дафтар бирасем. Гуфт, на, мехоҳад ташноби ҳамагониро бибинад. Пас аз лаҳзае чанд ошуфтаву парешон аз ташноби пушти чойхона, ки пирмарде дами дараш коғази рӯзнома мефурӯхт, баргашту пурсид: “Ин дигар чӣ вазъ аст? Як сӯрох васати замин бо як олам коғази касифи рӯзнома.” Ва афзуд, ки дастшӯӣ (ташноб) намоёнгари даруни бисоти фарҳангии мардум аст. Агар он дӯстамро ба сӯи дастшӯиҳои шуста-руфтаву тамизтари Душанбе роҳнамоӣ накарда будам, шояд ӯ ҳам фарҳанги мардумии моро дар як акси ташноби олуда хулоса мекард.

Дарёфтам, ки хориҷиҳо барои шинохти фарҳанги як кишвар бо завоҳир иктифо намекунанд ва ба дуртарин сӯрох-сунбаҳои он сар мезананд, ба вижа ба ташноб, то дарёбанд, ки фарҳанги мардуми он дар чи пояе қарор дорад. Мусалламан, бардошти амиқи ҳар ду ҳамкорам аз фарҳанги Тоҷикистон на рақсу ҷилваҳои ҳунарӣ дар Кохи Борбад, балки чирку зангори дастшӯиҳои тоҷикӣ буд.

Акнун тибқи одат аз ҳар меҳмоне, ки тоза аз сафар ба Тоҷикистон баргаштааст, бардоштҳои амиқашро ҷӯё мешавам. Ва ҳар бор бароям хулқиёти тозае аз мардуми мо барҷастатар мешавад, ки маъмулан мавриди таваҷҷуҳи мо воқеъ намешавад.

Як бонуи инглисӣ, ки соли гузашта аз Душанбе баргашт, аз суқути ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон таъаҷҷуб мекард ва аз ин ки бештари мардум балад нестанд ба роҳатӣ ба забони модаришон суҳбат кунанд. Ин бону мехост дар Тоҷикистон торнамо (вебсайт)-е ба забони порсӣ (тоҷикӣ) роҳандозӣ кунад, аммо акнун мегӯяд, ки мунсариф шудааст. Мегӯяд, бояд фурсат дод, то мардум аз буҳрони забонӣ раҳо шаванд ва забони модаришонро бахубӣ фаро бигиранд, то матолиби як расонаи порсӣ мухотаб дошта бошад.

Ду-се рӯз пеш аз як дӯсти дигарам, ки муқими Кембриҷ аст ва ахиран аз Тоҷикистон боздид карда, хостам, то аз бардоштҳои сафараш бигӯяд ва аз хулқиёти мо, тоҷикон. Мисли ҳар меҳмони дигаре меҳмоннавозии тоҷикон афсунаш карда буд, аммо як маврид дар тӯли сафараш ӯро озор медод. Ин хонуми эронӣ бо дӯстписари зарринмӯи ҳуландиаш сафар карда буд, аммо ҷуръат намекард ба касе бигӯяд, ки марди ҳамроҳаш маҳбубаш аст. Маҷбур буд тавре ҷилва диҳад, ки гӯё онҳо зану шавҳаранд. Аммо бо ин найранг ҳам мушкилаш рафъ намешуд. Чун, ба гуфтаи вай, ба вижа мардҳои тоҷик пайваста истинтоқаш мекарданд, ки чи тавр як зани мусалмон бо як марди хориҷӣ издивоҷ кардааст.

Ин бону дар шигифт буд, ки чи гуна мардум ба худ иҷоза медиҳанд дар зиндагии шахсии фарде дигар мустақиман дахолат кунанд ва интихоби ӯро зери суол баранд. Мегуфт, интизор надошта, ки Тоҷикистон пас аз таҷрубаи шӯравӣ ҳамчунон як ҷомеъаи башиддат суннатӣ боқӣ монда бошад. Ӯ бо дӯстписараш ба Афғонистон ҳам рафта буд, аммо мавриди ин ҳама бозпурсию бозҷӯӣ воқеъ нашуда буд.

Мавриди дигаре, ки боъиси ҳайрати ин бону шуда буд, хомӯшию сарбазерии кӯдакони тоҷик буд ва ин ки шӯру нишотеро дар вуҷуди аксари онҳо мушоҳида намекард.

Инҳо аз маъдуди ҳикоёту шикоёти хориҷиҳо пас аз сафар ба Тоҷикистон аст. Мо маъмулан онҳоро пушти гӯш меандозему ҷиддӣ намегирем, аммо Тоҷикистон дар зеҳни хориҷиҳо батадриҷ шакл мегирад: бо дастшӯиҳои чиркин, забони шикаставу баста, мардҳои музоҳиму фузул ва кӯдакони берамақаш. Мусалламан, ин тасвир комил нест. На ҳамаи дастшӯиҳо он ҳоли низорро доранд, на ҳама лакнати забон дорад, на ҳар марде коре бо маҳбуб ё шавҳари он бону дорад ва на ҳар кӯдаке беҳол аст. Аммо чи мешавад кард, ки бардоштҳои амиқ маъмулан нозудуданианд ва мисли он акси ташноб бар фарози мизи кории ҳамкорам барои солҳо ё шояд ҳамеша дар зеҳни меҳмонон овезон мемонанд.

Мо, ки ба таърифу тамҷид муътодем, ҳанӯз бо шунидани ҳарфи росту дуруст хӯ нагирифтаем ва агар меҳмоне аз кӯтоҳиҳои мо гуфт, шояд ҳолати дифоъӣ ба мо даст диҳад ва чи басо, ки ба пархош бархезем. Аммо ҳақиқати талхро чун доруи талх бояд фурӯ бурд, то шояд беҳбуде ҳосил шавад.

Аз хулқиёти манфии мо, тоҷикон, ки бедиранг ба чашми як тозаворид мехурад, метавон фаровон гуфту навишт. Нависандаи эронӣ Муҳаммадъалии Ҷамолзода ҳафтод сол пеш китобе таълиф карда буд, зери унвони “Хулқиёти мо, эрониён”. Китоб, дар воқеъ, гирдоварии пораҳое аз навиштаҳои афроди мухталиф дар бораи эрониёни он давра буд ва айбҳои иҷтимоъию фарҳангии мардумро бозгӯ мекард. Чи хуб мешуд, агар ҷомеъашиносе дар Тоҷикистон китоби мушобеҳе таълиф кунад ва аз костиҳои фарҳангию иҷтимоъии мо бигӯяд, бо намунаҳое барҷаста. Дарки айб ва бозгӯи он оғози пероишу ислоҳи фарогир аст.