Wednesday, July 11, 2012

Even Tajikistan Was a Republic...




 Тоҷикистон ҳам ҷумҳурӣ буд
(дар посух ба пурсиши ҳафтаномаи "Самак")


Аз он рўз беш аз 22 сол мегузарад ва Шумо нахустин рўзноманигоре ҳастед, ки аз ман ҷўёи дақоиқи он рўзгор мешавад. Бо ин ки яке аз муҳимтарин рўйдодҳои зиндагиам буд, аммо ёдоварии он бароям дарднок аст. Ҳамеша чеҳраи Қаҳҳор Маҳкамови арҷманд дар баробарам мутаҷассим мешавад, бо ин сухани торихиаш, ки “Ман меравам, аммо шумо пушаймон хоҳед шуд”.

Баҳори 1990 буд. Ман як дабиристонии 15-сола будам, ки рўйдодҳои баҳманмоҳи хунинро аз наздик бўида будам. Дарсҳои “Мактаби кино” дар Хонаи синемои Кимёгаров, ки шанбе-якшанбеҳо баргузор мешуд (бо мубодирати чеҳраҳои ъазизе чун Давлат Худоназаров, Абдурофеъи Рабеъ, Зоҳир Саъдуллоев), баҳонае буд барои берун омадан ва дидани рўйдодҳое, ки дар маркази шаҳрам мегузашт. Таҷаммуъе густарда, шиъорҳо барои сарнагунии давлати вақт, чодарҳо, муштҳои барафрошта, ҷумлаҳое бузургтар аз луқмаи даҳон нигошта бар порчаҳо... Инҳо воқеъиятҳои он рўзгорон буд, ки ҳар бор ҳангоми бозгашт аз “Мактаби кино” ё Садову Симо (ки он замон гўяндаву гардонандаи барномаҳояш будам) медидам.

Тазоҳуроти баҳманмоҳ ба хун оғушта шуд. Қаҳҳор Маҳкамов қавл дод, ки аз мақомаш канорагирӣ хоҳад кард, аммо чунин нашуд. Ва мани олуда ба “глоснуст” (гласноть)-и горбачевӣ ва шефтаи мардумсолорӣ Маҳкамовро ногузир аз тарки мақому мансаб медидам. Бозмондани ў бар мақоми дабирии аввали Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон барои ман пурсишбарангез буд. Бавижа ин ки ман бо ду чашми сар ҷон кандану мурдани чанде аз он 25 нафари кушташуда дар рўйдодҳои баҳманмоҳро дида будам.

Баъд аз ин ки Қаҳҳор Маҳкамов бар мақомаш дубора собит шуд, пеши худ қарор гузоштам, ки пурсишҳоямро бо шахси ў дар миён бигзорам. Номае навиштам бо 16 пурсиш, ки ғолибан марбут ба давраи поёнии ҳукумати ў мешуд, аз ҷумла ин ки “чаро Шумо ваъдаи истеъфо додед, аммо канор нарафтед?”

Аз он номаи ман ҳеч кас ба ҷуз худаму Худо хабар надошт. Ва худи ман ҳам интизор надоштам, ки Маҳкамов ба навиштаам маҳал бигзорад. Аммо аз қазо телефуни хона занг заду гўширо худам бардоштам. Касе, ки худашро “Махшулов” муъаррифӣ кард, маро ба мусоҳибат бо Маҳкамов фаро мехонд. Гўширо гузоштам. Падарам, ки аз гўшие дигар суҳбати моро шунида буданд, пурсиданд: “Кадом Маҳкамов мехоҳад бо ту суҳбат кунад?” Сарбазер гуфтам: “Шояд Қаҳҳор Маҳкамов бошад”. Падарам барошуфтанд, ки чаро раҳбари кишвар хостори дидор бо ман шуда... Гуфтам, чун ман як нома навишта будам, бо ин муҳтаво...

Рўзи дидор дар Кумитаи Марказии Ҳизби Кумунист ҳозир шудам. Баъд аз бозрасии муфассал дар иҳотаи 6 сарбоз ба утоқи кории Маҳкамов роҳнамоӣ шудам. Дар утоқи пазироии Маҳкамов нишаста будам, ки шодравон Отахон Латиф ӣ аз утоқаш берун омад. Ба далели иртибототи хонаводаг ӣ маро шинохт ва изҳори таъаҷҷуб кард, ки ман онҷоям. Ман ҳам бузургсолона гуфтам, ки ба дидори ҷаноби Маҳкамов омадаам. Чизе нагуфту рафт.

Пас аз лаҳзае чанд муншӣ маро ба утоқи Маҳкамов даъват кард. Мани гирифтори тапишҳои инқилобӣ бо сари баланд ва бе ҳеч таконе дар рагҳоям вориди утоқ шудам. Қаҳҳор Маҳкамове, ки дар телевизюн медидам, дар баробари чашмонам буд. Аз пушти мизи бузургаш баланд шуд ва канори ман омад, то дар садри мизи дароз бо даҳҳо сандалӣ бинишинад. Ин ҳаракати ў ҳаргиз ёдам намеравад, чун мизи бузургаш қадди кўтоҳи маро таҳтушшуъоъ қарор медод. Вақте ҳам канорам нишаст, лаб ба табассум гушод, сарашро поинтар гирифт, то тақрибан дар сатҳи мусовӣ бошем ва кўчактарин тарсе, ки дар ман боқӣ буд, парпар шуд. Маҳкамов дар канори ман нишаста буд, то гўӣ дўстона бо ҳам масоили кишварро баррасӣ кунем.

Албатта, мо танҳо набудем. Махшулов ҳозиру нозир буд ва тамоми ҷузъиёти дидорро сабт мекард. Як соъату 15 дақиқа дабири аввали Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон ба пурсишҳои як мактабхони 15-солаи кишвараш посух мегуфт... ва ин як дидори расмӣ буд. Он замон “расмӣ” будани дидорро фаҳмидам, ки дуруст пас аз поёни мулоқот даҳҳо рўзноманигор шумораи хонаамро аз ҷое гир оварданду шурўъ карданд ба зангидан. Дар рўзҳои баъдӣ бо бисёре аз хабарнигорон мулоқот доштам ва матолибашон пас аз гузаштан аз полоя (филтер)-и давлатӣ, ки худам ҳамроҳ бо чанде чун Мирзои Салимпур ва Талъат Нигории рўзномаи  “ҷавонони Тоҷикистон” дар ҳузури мақомоти Ҳизби Кумунист шоҳидаш будам, мунташир шуд. Ба ҳар рўй, ончи мани навҷавон мехостам, пахш шуд: дабири аввали Ҳизби Кумунист мегўяд, ки ночор буд бимонад, чун бо ҳузури Борис Пуго дар Душанбе пленуми ҳизб баргузор шуда буд ва ҳамагӣ хостори мондани Қаҳҳор Маҳкамов дар мақоми дабирии аввали ҳизб шуда буданд ва ў ночор буд бимонад. Аммо дар ҳамон навиштаҳои расмӣ ҳам пурсиши мани навҷавон дар ҳаво муъаллақ монда буд, ки “бо вуҷуди бояду набоядҳои ҳизбӣ, шумо чаро ба хостаи мардум таваҷҷуҳ накардед ва барои ҳамеша канор нарафтед?”

Бо гузашти 22 сол мехоҳам ба Қаҳҳор Маҳкамов дуруди баланд бифиристам, ва агар ъумр вафо кунад, дасташро бифишорам. Ҳар касе қодир нест кореро, ки ў 22 сол пеш карда буд ва бо як кўдак ба гуфтугузор нишаста буд, анҷом диҳад. Акнун дар Тоҷикистон раисиҷумҳурро, ки бояд хидматкори мардум бошад, “ҷанобиъолӣ” ва бузургвор медонанд, ки пашшаи мухлили хобашро бояд кушт. Аммо дар Тоҷикистоне, ки мо доштем, бо раиси давлат ҳам мешуд даст доду пурсид: “Ҳоли Шумо хуб аст?”


Tuesday, July 10, 2012

Ministry of Education Vs Persian Alphabet


Вазорати омўзишу парвариш дар қиболи хатти порсӣ

Дар посух ба пурсиши ҳафтаномаи “Озодагон”

Пурсиш: 

Вазири маориф Нуриддин Саидов гуфтааст, ки баргаштан ба хатти порсй зарурате надорад. Зеро ба гуфтаи у замони шурави аз иваз кардани алифбо тачрибаи талхе дорем ва бо он рўбарў хоҳем шуд. Ба фикри шумо, барои гузаштан ба хатти порсй зарурат хаст? Чи қадар фурсат мехоҳад?

Посух: Изҳори назари вазири омўзишу парвариш (маъориф) шигифтангез нест. Он чи баростӣ таъаҷҷубовар аст, ишораи эшон ба “донишмандон ва олимони тоҷик” аст. Дар паи фаромўшии хатти порсӣ ҳар он чи дорем, донишпажўҳу донишвар аст ва шумори донишмандону ъолимонамон беандоза андак аст. Намедонам, тафовути ин истилоҳҳо барои ў равшан аст ё на, аммо танҳо касе дар ҷойгоҳи устод Муҳаммадҷон Шакуриро метавон дар заминаи забону адаби порсӣ донишманд донист ва ин донишманди яктои мо бо такя бар андўхтаҳояш гузор ба хатти порсиро зарурати торихӣ медонад. Яъне агар мехоҳем миллати мо бо ҳифзи фарҳанги худ ба фардо бирасад, бояд ба хатти порсӣ баргардем.

Дигар ин ки худи ман суҳбатҳои Нуриддин Саъидовро нашунидаам, то мутмаин бошам, ки нақли қавли ҳафтанома ъайни асл будааст. Аммо агар ъайни асл бошад, ночорам бигўям, ки вазири маъорифи То
ҷикистон ба монанди бисёре дигар аз вазирони мо бояд забони модариро бозомўзӣ кунад, то дарёбад, ки “зарурият” шакли ғалати “зарурат” аст. Ин зарофатҳоро танҳо касе медонад, ки хатти порсӣ балад бошад. Яъне ҳеч одамизоде қодир нест забони модарии моро ба хатте ҷуз порсӣ бахубӣ ёд бигирад. Он чи вазиру кабир бошад ва чи ҳақиру сағир. Нақли қавли вазири маъорифи Тоҷикистон худ намунаи тамомъайёри фоҷеъаи пириллик аст.

Ба нақл аз Н. Саъидов мехонем: «Мо медонем, ки ин ч
ӣ маъно дорад ва таҷрибаи ҳамсоя як бори дигар нишон дод, ки ягон зарурият надорад ба хати форсӣ гузаштани мамлакати мо».

Муқоисаи гузори мо ба хатти порс
ӣ бо гузори узбакҳо ба хатти лотин ҳамонанди муқоисаи кайҳоннавардӣ бо кишоварзист, ки ҳеч бо ҳам ҷўр наояд. Хатти лотин барои пешинаи Узбакистон ҳеч арзише надорад ва гузор ба нокуҷообод аст. Бо таваҷҷуҳ ба тафовути бисёр зиёди миёни забон ва имлои узбакӣ ва туркӣ, наметавон иддаъо кард, ки ин иқдоми узбакҳо пул (купрук)-е буда, ки онҳоро бо “ҳамтаборонашон” пайванд додааст ё заминаи дастрасии узбакҳо ба иттилоъоту адабиёти ҷаҳониро фароҳам кардааст. Аммо ҳамаи инҳоро метавон дар мавриди аҳаммияти алифбои порсӣ барои порсигўёни Осиёи Марказӣ гуфт. Бо гузори мо ба хатти порсӣ ҳам забони порсии кабирону сағирони мо равонтару дурусттар мешавад ва ҳам дастрасии мо ба навиштаҳои ҷаҳониён дар ҳар заминае муяссар мешавад; чун дар ҳар заминаи қобили тасаввур ба хатти порсӣ китобҳое таҳрир ё тарҷума шудааст. Ва хатти пириллик дар сад ъумри худ қодир ба навиштану баргардони он ҳама донистанӣ нахоҳад буд. Дар воқеъ, хатти пириллик (порсии сириллик) девори бузургест миёни Тоҷикистон ва пешрафт, Тоҷикистон ва фардо, Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тоҷикистон ва ҳамтаборон, Тоҷикистон ва пешина, Тоҷикистон ва фарҳанг, Тоҷикистон ва худӣ, Тоҷикистон ва худаш.

Бо ин ки медонам дар кишваре чун То
ҷикистон танҳо як нафар метавонад дар ин замина тасмим бигирад ва он ҳам раисиҷумҳур аст, тасаввур мекунам раъйи мантиқитари вазироне чун оқои Саъидов метавонист бар мантиқитар шудани раъйи раисиҷумҳур дар ин заминаи бахусус таъсир бигзорад. Пешниҳоди ман ин аст, ки вазири арҷманди маъориф тарҳи гузор ба хатти порсиро аз ҳамин ҳоло тадорук бибинанд. Дар ин замина бисёре ҳозиранд ҳамкорию кумаки бешоиба кунанд. Барои 10 соли тамом Тоҷикистон метавонад ду хатти пириллик ва порсиро канори ҳам дошта бошад ва тадриҷан (на ба таври истолинӣ, ки хатти феълии мо меросе аз ҳамўст) ба хатти модарии худаш (ки чизе ҷуз порсӣ нест) баргардад. Дар сурати тамоюли оқои Саъидов ва вазирони марбутаи дигар мешавад тарҳро ба таври шаффофтару мушаххастар дар миён гузошт.

Н. Саидов: Дар То
ҷикистон зарурияти гузаштан ба хатти форсӣ нест