Wednesday, July 11, 2012

Even Tajikistan Was a Republic...




 Тоҷикистон ҳам ҷумҳурӣ буд
(дар посух ба пурсиши ҳафтаномаи "Самак")


Аз он рўз беш аз 22 сол мегузарад ва Шумо нахустин рўзноманигоре ҳастед, ки аз ман ҷўёи дақоиқи он рўзгор мешавад. Бо ин ки яке аз муҳимтарин рўйдодҳои зиндагиам буд, аммо ёдоварии он бароям дарднок аст. Ҳамеша чеҳраи Қаҳҳор Маҳкамови арҷманд дар баробарам мутаҷассим мешавад, бо ин сухани торихиаш, ки “Ман меравам, аммо шумо пушаймон хоҳед шуд”.

Баҳори 1990 буд. Ман як дабиристонии 15-сола будам, ки рўйдодҳои баҳманмоҳи хунинро аз наздик бўида будам. Дарсҳои “Мактаби кино” дар Хонаи синемои Кимёгаров, ки шанбе-якшанбеҳо баргузор мешуд (бо мубодирати чеҳраҳои ъазизе чун Давлат Худоназаров, Абдурофеъи Рабеъ, Зоҳир Саъдуллоев), баҳонае буд барои берун омадан ва дидани рўйдодҳое, ки дар маркази шаҳрам мегузашт. Таҷаммуъе густарда, шиъорҳо барои сарнагунии давлати вақт, чодарҳо, муштҳои барафрошта, ҷумлаҳое бузургтар аз луқмаи даҳон нигошта бар порчаҳо... Инҳо воқеъиятҳои он рўзгорон буд, ки ҳар бор ҳангоми бозгашт аз “Мактаби кино” ё Садову Симо (ки он замон гўяндаву гардонандаи барномаҳояш будам) медидам.

Тазоҳуроти баҳманмоҳ ба хун оғушта шуд. Қаҳҳор Маҳкамов қавл дод, ки аз мақомаш канорагирӣ хоҳад кард, аммо чунин нашуд. Ва мани олуда ба “глоснуст” (гласноть)-и горбачевӣ ва шефтаи мардумсолорӣ Маҳкамовро ногузир аз тарки мақому мансаб медидам. Бозмондани ў бар мақоми дабирии аввали Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон барои ман пурсишбарангез буд. Бавижа ин ки ман бо ду чашми сар ҷон кандану мурдани чанде аз он 25 нафари кушташуда дар рўйдодҳои баҳманмоҳро дида будам.

Баъд аз ин ки Қаҳҳор Маҳкамов бар мақомаш дубора собит шуд, пеши худ қарор гузоштам, ки пурсишҳоямро бо шахси ў дар миён бигзорам. Номае навиштам бо 16 пурсиш, ки ғолибан марбут ба давраи поёнии ҳукумати ў мешуд, аз ҷумла ин ки “чаро Шумо ваъдаи истеъфо додед, аммо канор нарафтед?”

Аз он номаи ман ҳеч кас ба ҷуз худаму Худо хабар надошт. Ва худи ман ҳам интизор надоштам, ки Маҳкамов ба навиштаам маҳал бигзорад. Аммо аз қазо телефуни хона занг заду гўширо худам бардоштам. Касе, ки худашро “Махшулов” муъаррифӣ кард, маро ба мусоҳибат бо Маҳкамов фаро мехонд. Гўширо гузоштам. Падарам, ки аз гўшие дигар суҳбати моро шунида буданд, пурсиданд: “Кадом Маҳкамов мехоҳад бо ту суҳбат кунад?” Сарбазер гуфтам: “Шояд Қаҳҳор Маҳкамов бошад”. Падарам барошуфтанд, ки чаро раҳбари кишвар хостори дидор бо ман шуда... Гуфтам, чун ман як нома навишта будам, бо ин муҳтаво...

Рўзи дидор дар Кумитаи Марказии Ҳизби Кумунист ҳозир шудам. Баъд аз бозрасии муфассал дар иҳотаи 6 сарбоз ба утоқи кории Маҳкамов роҳнамоӣ шудам. Дар утоқи пазироии Маҳкамов нишаста будам, ки шодравон Отахон Латиф ӣ аз утоқаш берун омад. Ба далели иртибототи хонаводаг ӣ маро шинохт ва изҳори таъаҷҷуб кард, ки ман онҷоям. Ман ҳам бузургсолона гуфтам, ки ба дидори ҷаноби Маҳкамов омадаам. Чизе нагуфту рафт.

Пас аз лаҳзае чанд муншӣ маро ба утоқи Маҳкамов даъват кард. Мани гирифтори тапишҳои инқилобӣ бо сари баланд ва бе ҳеч таконе дар рагҳоям вориди утоқ шудам. Қаҳҳор Маҳкамове, ки дар телевизюн медидам, дар баробари чашмонам буд. Аз пушти мизи бузургаш баланд шуд ва канори ман омад, то дар садри мизи дароз бо даҳҳо сандалӣ бинишинад. Ин ҳаракати ў ҳаргиз ёдам намеравад, чун мизи бузургаш қадди кўтоҳи маро таҳтушшуъоъ қарор медод. Вақте ҳам канорам нишаст, лаб ба табассум гушод, сарашро поинтар гирифт, то тақрибан дар сатҳи мусовӣ бошем ва кўчактарин тарсе, ки дар ман боқӣ буд, парпар шуд. Маҳкамов дар канори ман нишаста буд, то гўӣ дўстона бо ҳам масоили кишварро баррасӣ кунем.

Албатта, мо танҳо набудем. Махшулов ҳозиру нозир буд ва тамоми ҷузъиёти дидорро сабт мекард. Як соъату 15 дақиқа дабири аввали Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон ба пурсишҳои як мактабхони 15-солаи кишвараш посух мегуфт... ва ин як дидори расмӣ буд. Он замон “расмӣ” будани дидорро фаҳмидам, ки дуруст пас аз поёни мулоқот даҳҳо рўзноманигор шумораи хонаамро аз ҷое гир оварданду шурўъ карданд ба зангидан. Дар рўзҳои баъдӣ бо бисёре аз хабарнигорон мулоқот доштам ва матолибашон пас аз гузаштан аз полоя (филтер)-и давлатӣ, ки худам ҳамроҳ бо чанде чун Мирзои Салимпур ва Талъат Нигории рўзномаи  “ҷавонони Тоҷикистон” дар ҳузури мақомоти Ҳизби Кумунист шоҳидаш будам, мунташир шуд. Ба ҳар рўй, ончи мани навҷавон мехостам, пахш шуд: дабири аввали Ҳизби Кумунист мегўяд, ки ночор буд бимонад, чун бо ҳузури Борис Пуго дар Душанбе пленуми ҳизб баргузор шуда буд ва ҳамагӣ хостори мондани Қаҳҳор Маҳкамов дар мақоми дабирии аввали ҳизб шуда буданд ва ў ночор буд бимонад. Аммо дар ҳамон навиштаҳои расмӣ ҳам пурсиши мани навҷавон дар ҳаво муъаллақ монда буд, ки “бо вуҷуди бояду набоядҳои ҳизбӣ, шумо чаро ба хостаи мардум таваҷҷуҳ накардед ва барои ҳамеша канор нарафтед?”

Бо гузашти 22 сол мехоҳам ба Қаҳҳор Маҳкамов дуруди баланд бифиристам, ва агар ъумр вафо кунад, дасташро бифишорам. Ҳар касе қодир нест кореро, ки ў 22 сол пеш карда буд ва бо як кўдак ба гуфтугузор нишаста буд, анҷом диҳад. Акнун дар Тоҷикистон раисиҷумҳурро, ки бояд хидматкори мардум бошад, “ҷанобиъолӣ” ва бузургвор медонанд, ки пашшаи мухлили хобашро бояд кушт. Аммо дар Тоҷикистоне, ки мо доштем, бо раиси давлат ҳам мешуд даст доду пурсид: “Ҳоли Шумо хуб аст?”


No comments: