Showing posts with label freedom. Show all posts
Showing posts with label freedom. Show all posts

Monday, February 11, 2019

Ҳимоят аз нерӯи ишғолгар ҳеч тавҷеҳе надорад (ё Вултер хоин набуд!)


Бисёре аз дӯстони хубам маро насиҳат мекунанд, ки бархе аз инсонҳо қодир ба дарки ҳеч мавзӯъе нестанд ё дар мавриди мавзӯъе хос таъассубу пешдоварӣ доранд ва баҳс кардан бо онҳо суде надорад. Ман бо ин назар мувофиқам, аммо бо ин тафовут, ки баҳс дар фазои маҷозиро ба ҳар рӯй судманд медонам, сарфи назар аз ин ки мухотаб чи касест. Чун он мухотаби, фарзан, мутаъассиб танҳо касе нест, ки ба муҳтавои баҳс дастрасӣ дорад ва дар ниҳоят чунин баҳсҳое монеъ аз гароиши шуморе дигар ба таъассуб ва гирифтории онҳо ба марази мухотаби мутаъассиб мешавад.

Намунаи боризи он баҳси “босмачигарӣ” аст, ки ҳамчунон ҷараён дорад. Ҳарчанд борҳо ва батаъкид гуфтаем, ки корзори “Ман босмачӣ ҳастам” ба маънои дифоъ аз хонадони салтанатии нолоиқи Манғития ё вазъияти асафноки Иморати Бухоро дар он давра нест, балки нидои мухолифат бо ҳар навъ таҷовузи хориҷӣ ва хиёнат ба Меҳан аст, боз ҳам касоне ҳастанд, ки мавзӯъро воруна ҷилва медиҳанд. Ба монанди Shahobiddinov Nurudin ном касе, ки дар Фейсбук матлаби рӯдадарозе таҳти ъунвони “Ман босмачӣ ҳастам (Бенавогии андеша ва ё хунсосозии ҳамагуна наҳзатҳои холиси озодандешӣ дароянда)” мунташир кардааст.

Барои таъкиди музоъаф бар ин нукта пеш аз пардохтан ба рези матлаби Шаҳобиддинуф, ки моро ба “идеал қарор додани Аморати Бухоро” ва “дар сар доштани ҳаваси Аморати Бухоро” муттаҳам кардааст, бори дигар бояд гуфт: Бародар, бегудор ба об назанед! Мавзӯъ аз ин қарор нест ва касе мункири воқеъиятҳои талхи Иморати Бухоро нест ва бозгашт ба он давронро намехоҳад. Ҷони каломи мо ин буда ва ҳаст, ки сарфи назар аз вазъияти кишварамон дар он даврони тираву тор наметавон аз ҳамлаи хориҷӣ ба он дифоъ карду хоин шуд. Тавҷеҳи хиёнат метавонад паёмадҳои ваҳшатноке барои ояндаи кишвар ҳам дошта бошад. Агар ба бовари Шумо, ҳимоят аз ҳамлаи Артиши Сурх ба Иморати Бухоро кори дуруст аст, пас ъамалан Шумо хиёнати мухолифони давлати кунунии Тоҷикистон ба Ватанашонро ҳам мепазиред. Яъне мегӯед, ки агар бо давлату ҳукумати кунунии Тоҷикистон мухолифед, ба нерӯи низомии хориҷӣ кумак кунед, то режими Тоҷикистон сарнагун шавад. Яъне агар мегӯед, ки Артиши Сурх мутараққию таҷаддудхоҳ буд ва аз ин рӯ бояд ба сарзамини мо лашкаркашӣ мекард, пас ъамалан инро ҳам мепазиред, ки агар фардо як артиши “мутараққӣ”-и дигаре ба кишварамон ҳамла кунад, бояд бо ҷидду ҷаҳд аз он ҳимоят кунем ва муртакиби хиёнат шавем. Бале, чунин мавзеъгирӣ чизе ҷуз хиёнат ном надорад.

Шаҳобиддинуф, ки ба назар меояд, чанд китоби фалсафӣ хонда бошад, дастикам бояд бидонад, ки ҳамаи милали пешрафтаи имрӯз роҳи пешрафтро мустақиллан паймудаанд, на ба зӯру таъаддии аҷнабӣ. Агар Фаронса Каъбаи мақсудаш аст, бояд бидонад, ки таҳаввулоти торихию сиёсии он кишвар маҳсули талошҳои мардуми бумии он сарзамин буда, на натиҷаи ҳамлаи хориҷӣ. Ё агар ба мардуми Инглистон ғибта («белая зависть») мехурад, бояд огоҳ бошад, ки комгориҳои онҳо ҳам фароянде дарунӣ доштааст; дар даруни худ ҷӯшидаанду кӯшидаанд, ки ба озодманишию пешрафту осудагии бештар бирасанд. Касе онҳоро базӯр савори қатори “мудерните” накардааст. Касе барои онҳо “инқилоб” наофаридааст. Агар инқилобе доштаанд, сохтаи дасти худашон буд. Онҳо худ роҳашонро паймудаанд ва аз инҷост, ки роҳро аз чоҳ бозмешиносанд. 

Ба баёни дигар, агар кӯдакеро бо тарфанду афсун якбора табдил ба як ҷавони 25-сола кунед, ӯ ҳамчунон кӯдак мемонад. На аз таҷрубаи рӯзгор баҳра бурдаасту на аз панди омӯзгор. Ва ба маҳзи ин ки таъсири он афсун бигзарад, дубора мебинед, ки ҳамон кӯдаки хоми норасида аст. Ин дақиқан ҳамон ҳолатест, ки бо кишвари Бухоро дар пайи балвои 1920 ҳодис шуд. Табаддулоту таҳаввулоти он даврон таҳмилӣ буд ва сарчашмаи бегона дошт ва ба маҳзи ин ки сояи Шӯравӣ аз сари минтақа дур шуд, мебинем, ки фазои сиёсию иҷтимоъии кишварҳоямон ба ҳамон давраи Иморати Бухоро баргаштааст. Яъне таъаррузу ишғоли хориҷӣ ва таҳмили низоми сиёсии ҷадид ба дасти аҷнабӣ раванди табиъии фаргашт ё такомули кишвару миллатро қатъ мекунад ва онро дар як фазои маснӯъӣ қарор медиҳад. Ва ҳамин ки он фазои маснӯъӣ аз байн биравад, кишвару миллат ҳам ба ҳамон ҷое бармегарданд, ки аз он канда шуда буданд. Чун роҳро худашон напаймуда буданд, то дунболаи роҳро бидонанд.

Агар то инҷои матлаб бахубӣ адо шуда бошад ва агар мухотаби ман аҳли мантиқ бошад, ҳатман ба бисёре аз эродҳое, ки дар мақолааш тарҳ карда, посух гирифтааст.

Ва ҳоло нукоти рези матлаб: 

Шаҳобиддинуф аз ҳамон оғози матлаб ба қиёси маъалфориқ (берабт) пардохтааст: муқоисаи Вултери фаронсавии садаи 18 бо “озодандеш” ё “озодандешони тоҷик”-и садаи 21 (бидуни зикри ном). Дар ин муқоиса ӯ бофтор (“контекст”)-ро батамом фаромӯш карда, ки аз мақулоти муҳимми фалсафӣ ҳам ҳаст. Ба ҳамин иктифо кардааст, ки Вултер ҳам барои муддате дар Инглистон зиндагӣ кардаву “озодандешони тоҷик” ҳам. Аммо пешинаи таҳаввулоту шароити сиёсию иҷтимоъӣ дар сарзамини Вултерро бакуллӣ канор гузоштааст. 

Ҳатто агар ин кӯтоҳии аслӣ дар муқоисаи Шаҳобиддинуфро нодида бигирем, боз ҳам таноқуз аз саропои матлаби ӯ ҷеғ мезанад.

Мегӯяд: “Волтер ва ҳамраҳонаш исбот намуданд, ки онҳо дар Англия озод ва дорои вусъати назар буданд, аммо “озодандеш”-и мо собит гардонид, ки озод нест ва аз вусъати назар низ маҳрум мебошад”. Ва ин маҳдудияти назари “озодандеши тоҷик”, аз диди Шаҳобиддинуф, талоши ӯ (онҳо) ҷиҳати бознигарии торихест, ки ишғолгарон барои тоҷикон нивиштаанд.

Шояд Шаҳобиддинуф бидонад, ки Вултер на танҳо шоъиру нивисандаву филсуф, балки торихнигори забардасте ҳам будааст. Дар воқеъ, Вултер аз маъдуди касонест, ки бештарин таъсиру нуфузро бар торихнигорӣ гузоштаанд. Гилом ду Сйун (
Guillaume de Syon), торихнигори муъосири фаронсавӣ, дар ин бора мегӯяд: Вултер зиндагиноманивисию торихнивисии суннатиро қабул надошт, чун онҳо дар тавсифи рӯйдодҳо ба нерӯҳои мовароуттабиъа руҷӯъ мекарданд (яъне Вултер зиддихурофотӣ буд) ва то ба ҷое ҷилав рафт, ки торихнигории пешинро саршор аз шавоҳиди дурӯғ медонист ва хоҳони таҳқиқи дигарбораи манбаъҳову маъхазҳои онҳо шуд. Дар воқеъ, аз диди Вултер, рӯйкарди ъақлонӣ (rationalistic approach) барои бознивисии торих ногузир буд.

Пас ҳамон гуна ки мебинед, ҳадафи Вултер аз вуруд ба торихнигорӣ бознивисии торихе буда саршор аз нукоти хурофотию шавоҳиди дурӯғ. Ӯ хоҳони нигоҳе тоза ба пешина буд.
 

Ин дақиқан ҳамон рӯйкардест, ки “озодандешон”-и тоҷики мавриди назари Шаҳобиддинуф ҳам доранд. Торихи имрӯзаи Тоҷикистон бозмонда аз давраи истеъмор аст ва ҳаргиз аз манзари худӣ бознигарӣ нашудааст. Дар натиҷа, оғушта ба арзишёбиҳои идеулужику ъақидатии бегона ва дурӯғ аст. Торихест, ки тоҷикон ва сарзаминашонро сирфан ба ъунвони як овежа (“объект”) баррасӣ мекунад, на субже (“субъект”). Дар он торих тоҷикон қавме дорои огоҳии зотӣ ё ташаххуси вежаи худ нестанд, то овежа (“объект”)-ро мушоҳида кунанд, балки худашон он овежаи бидуни ихтиёр ҳастанд, дар ихтиёри субже (“субъект”), ки Рус аст.

Ба ҳамин далел, касе чун Шаҳобиддинуф ҳанӯз ба худ ҷуръат намедиҳад нигоҳи он субже (Рус) ба торихи сад сол пеши худро ба чолиш бикашад. Дурӯғзудоӣ аз торихро намепазирад, чун он хилофи торихи бегонанивишт асту ба дилхоҳи сардамдорони низоми кунунӣ ҳам нест. Тарҷеҳ медиҳад ба монанди даврони Шӯравӣ тӯтивор диктаи субжаи худро такрор кунад, ки “босмачиҳо” душман буданду Артиши Сурх дӯст; ҳарчанд аввалӣ (“босмачиҳо”) дар мақоми дифоъ аз хонаву дару зану фарзанду обу хоку сарзамини худ буд ва дувумӣ (Артиши Сурх) дар ҳоли ҳамлаву бумборони сарзамине дурдаст, ғорату чаповули дороиҳои мардуми он, ишғоли он сарзамин ва илҳоқи он ба хоки худ.
 

Яъне ворунагии арзишҳо (вафодорӣ ба таҷовузгар ва хиёнат ба Меҳан), ки дар давраи ишғол ба хурди зеҳнияти мардум дода мешуд, дар зеҳни касоне чун Шаҳобиддинуф русуб кардааст (таҳнишин шудааст). Дар ъилми равоншиносӣ ин гирифториро “сандруми Истукҳулм” (
Stockholm Syndrome) номанд. Сандруми Истукҳулм ҳолати гаравгонест, ки ба гаравгонгири худ дил бохтааст ва ба ӯ вафодор аст, ба гунае, ки ҳозир аст аз касе, ки ҷону молу озодиашро таҳдид мекунад, ҷонбаркаф ва ба таври ихтиёрӣ дифоъ намояд. Яъне дилбохтагию вафодории гаравгон ба гаравгонгири худ.

Вултер табъан бо чунин рӯйкарди мозушистӣ (“мазохистский”) миёнае надошт, балки воруни он, талош мекард нигоҳи мутафовити худ ба торихро дошта бошад; ҳақиқатро бидуни перояи ъақидатӣ (идеулужик) бибинад ва то метавонад, дурӯғро аз домани торихнигорӣ бизудояд. Ин хилофи рӯйкарди Шаҳобиддинуф ба торих ва ъайни рӯйкарди “озодандешони тоҷик”-и мавриди назари ӯст.

Питер Гей (Peter Gay), торихшиноси омрикоии олмонитабор, ки ахиран даргузашт, дар бораи торихнигории Вултер ҳаққи матлабро адо кардаву мегӯяд: торихнигории Вултер бисёр хуб буд ва ӯ васвоси ҳақиқат дошт, яъне ҳамеша мекӯшид, чизеро бигӯяд, ки баростӣ рух додааст ва шавоҳидро бо диққати зиёд баррасӣ мекард ва ҳушмандона мавориди муҳимро бармегузид ва бар ин бовар буд, ки ҳар тамаддуни комиле бояд як воҳиди омӯзишӣ бошад.

Ин дар ҳолест, ки Шаҳобиддинуф дар ъайни ситоиши Вултер бо сарзаниши “озодандеши тоҷик” мегӯяд:
 

“Агар “озодандеш” ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, онгоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад. Таваҷҷуҳи ҳамаи озодандешони боасолати башариро дар ҳар давр маҳз идея ва арзишҳои воло ба худ ҷалб намудааст ва ба ибораи дигар онҳо ҳамеша бо таърихи фикри башар сару кор гирифтаанд, на бо таърихи хушки воқеаҳо”.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар баён шуд, метавон бо итминон гуфт: сухани Шаҳобиддинуф сад дарсад таҳқири тамоми корҳои арзишмандест, ки Вултер дар заминаи торихнигорӣ анҷом додааст. Китобҳои “Торихи Шорли Дувоздаҳум” ва “Ъаҳди Луии Чаҳордаҳум” ба қалами Вултер саршор аз “фактҳои таърихӣ”-ест, ки Вултер хоҳони нигоҳи тоза ба онҳо буд. Шаҳобиддинуф бо он донише, ки ба намоиш гузошта, Вултерро ҳам “бемоя” медонад? Ё дар воқеъ дучори як таноқузгӯии дигар шудааст? “Таърихи фикри башар” ҷудо аз раволи торихӣ ё “таърихи хушки воқеаҳо” нест, балки дарҳам танида аст. Масалан, агар бихоҳем дар бораи торихи ъасри Равшангарӣ дар Урупо суҳбат кунем, магар метавон аз рӯйдодҳои торихии садаи 18 дар Урупо ғофил буд? Чигуна мешавад дар бораи андешаи “свароҷ”-и Моҳотмо Гондӣ гуфт, агар аз воқеъиятҳои садаҳои 18 то 20 дар Ҳиндустон огоҳ нестем? Ин идеҳо, мафҳумҳо, андешаҳо дар танидагӣ бо рӯйдодҳои торихӣ аст, ки маъное пайдо мекунад ва дар воқеъ мафҳуми тамомъайёр мешавад.
 

Ҳоло бигзарем аз ин ки манзури Шаҳобиддинуф аз “идея ва арзишҳои воло” чи будааст, чун худи ӯ инҷо бар хилофи Вултер муртакиби арзёбии идеулужик шудааст. Чун чизе, ки Шаҳобиддинуф “арзиши воло” медонад, илзоман барои мани навъӣ арзише маҳсуб намешавад. Масалан, хушхидматӣ ба ишғолгару таҷовузгари худ шояд барои ӯ арзиш бошад, аммо барои ман хиффат аст. Ҳимоят аз мудофеъони бумии ҳар сарзамине дар баробари таҷовузи хориҷӣ шояд барои ӯ зиддиарзиш бошад, аммо барои ман арзиш аст. Шояд Шаҳобиддинуф дурӯғзудоӣ аз торихро ногузир надонад, аммо ҳастанду буданд касоне чун Вултер, ки ин корро вазифаи худ медонистанду медонанд.
 

Шаҳобиддинуф, ки зоҳиран улгуи зиндагиаш Вултер аст (аммо шӯрбахтона, аз ӯ шинохти хубе надорад), мегӯяд:

«Волтер аз Англия чи бардошт кард ва “озодандешон”-и мо чи бардоште кардаанд? Волтер ҳамагӣ се сол дар Англия буд, аммо инҳо як умр. Волтер ва дигар рушанфикрон ба осори Нютон, Франсиз Бекон, Ҷон Локк, Томас Ҳобс ва дигарон таваҷҷуҳ намуданд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ба истилоҳ “озодандешон”-и мо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ як назароти пешрафтаи сиёсӣ ва ё иҷтимоии дар Англия ва урупо мавҷудбуда таваҷҷуҳ нанамуданд, то андозае ба буҳрони тозаандешӣ гирифтор ҳастанд, ки берунтар аз тасаввуроти асримиёнагии худ иқдоми фарохтаре анҷом надодаанд».

Оё дар ҷаҳон фарҳехтае ҳаст, ки вафодорӣ ба Меҳани худ ва мухолифат бо ҳамла ба сарзамини худро ҷузъе аз “тасаввуроти асримиёнагӣ” бидонад? Оё касе, ки андак тӯшае аз дониш дар бисоташ дорад, метавонад мунодии паёми хиёнат ба Меҳан бошад? Фикр намекунам. На касе аз бузургони инглисие, ки Шаҳобиддинуф ном бурдааст, чунин гуфтаанд ва на Вултер. Балки воруни он, ҳамагон дар фикри таҳкими худшиносии милали худ ва бунёди ояндае равшан, ба дур аз зӯру таъаддии худию бегона буданд. Худгардонӣ (
self-government) аз мабоҳиси рӯзмарраи филсуфоне чун Ҷон Локу Тумос Ҳобз буд; ба гунае, ки Ҷон Лок мегуфт, на танҳо кишвар бояд мустақил бошад, балки ҳар фарди кишвар ҳам бояд аз озодию истиқлол баҳра бибарад. Аз ин рӯ “асримиёнагӣ” донистани идеҳои меҳандӯстӣ ва ҳифзи истиқлоли кишвар ҳарфи газофе беш нест.

Шаҳобиддинуф мегӯяд: “Озодандешон, инқилобчиён ва таҷдидгарон муваффақи ҷаҳонӣ ҳамеша аз ҳудудҳои маҳдуди қавмии худ мерун баромада идеяҳо ва арзишҳоеро, ки барои раҳнамунии башар ба сӯи пешрафт ва инкишоф мусоидат намудаанд, ҳамаруна марзҳо ва мрнеаҳоро шикастаанд».

Барои як фарди огоҳ пур равшан аст, ки на ҳар озодандеше хоҳони инқилоби сиёсист, балки, дар воқеъ, бештари озодандешон бо дарки масъулияти худ дар баробари миллат ғолибан хоҳони эҷоди инқилоби зеҳнӣ буданду ҳастанд. Чун хуб медонанд, ки дастёбӣ ба таҳаввулоти ниҳодинаи мусбат, ки ба беҳзистии мардум мусоъидат кунад, аз роҳи инқилоби зеҳнӣ муяссар мешавад, на сиёсӣ.
 

Барои намуна, Инқилоби Уктубри Русия ва сарнагунии салтанат барои он кишвар зиёнҳои фаровоне дар пай дошт ва имрӯз ҳам подшоҳи он бо номе дигар (Раисиҷумҳур) ҳукумат мекунад. Яъне муваффақ нашуд истибдоди раъйро аз байн бибарад. Ҳанӯз ҳам тамаркузи қудрат дар дасти як нафар аст. Салтанат бо ному созукоре дигар побарҷост; фақат номаш ъиваз шудааст.
 

Дар ҳоле ки инқилоби зеҳнӣ дар Бритониё ниҳоди салтанатро ба шакли машрутаю ташрифотӣ ҳифз кард (ба далели ҳифзи якпорчагии кишвар ва нуфузи он бар кишварҳои ҳамсуд), аммо худи салтанатро аз байн бурд ва имрӯза маликаи Бритониё ҳатто аз ҳаққи камтаре нисбат ба мардумаш барои изҳори назари сиёсӣ бархурдор аст. Дар воқеъ, чунин ҳаққе надорад. Ва ъамалан, ҳукумат дар дасти касонест, ки мардум баргузидаанд. Ба ин мегӯянд бароянди як инқилоби зеҳнӣ.
 

Аммо ин ки озодандешон “ҳамеша аз ҳудудҳои маҳдуди қавмии худ берун баромада идеяҳо ва арзишҳоеро, ки барои раҳнамунии башар ба сӯи пешрафт ва инкишоф мусоидат намудаанд”, андаке тавзеҳ мехоҳад. 

Бале, андешамандон пайваста кӯшидаанд аз андӯхтаҳои насли башар – он чи дар Ҳинду Эрон бошаду чи дар Чину Юнон – биомӯзанд. Бад-ин манзур, сайру сафар мекарданд, забонҳои дигарро меомӯхтанд, осори милали дигарро мехонданд, таҳлил мекарданд ва ҳамаи инҳоро пеш аз ҳама ба забони модарӣ ё миллии худ бозгӯ мекарданд, то боъиси пешрафти мардуми сарзамини худ шаванд. Ва ъалоқаманд ҳам буданд, ки милали дигар ҳам ба сухани онҳо гӯши ҷон фаро диҳанд, то ҷаҳон ҷои беҳтаре барои зиндагии насли башар шавад. Ва ҳаргиз ошноии онҳо бо забону фарҳангу осори милали дигар боъиси беарҷии онҳо ба забону фарҳангу миллати худашон намешуд. Шӯрбахтона, ин вежагии бархе аз “окодеминишин”-ҳои пешину кунунии Тоҷикистон аст, ки бо андаке ошноӣ бо забону фарҳанги русӣ пайваста дар ҳоли таҳқири забону фарҳангу пешинаи худ будаанду ҳастанд.

Агар манзури Шаҳобиддинуф аз шикастани “ҳамагуна марзҳо ва монеаҳо” тамоюли он андешамандон ба хиёнат ба миллату Меҳани худ аст, комилан ғалат гуфтааст. Ҳеч як аз андешамандони фарангии мавриди ъинояти ӯ ба миллати худ пушт накарда, аз таҷовузгари аҷнабӣ ҳимоят накарда ва бар мудофеъони сарзамини худ натохтааст. Ин кор аз як фарди фарҳехта дар ҳеч ҷои дунё барнамеояд.

Дар идома Шаҳобиддинуф бо таърифу тамҷид аз Фридриш Ничеи олмонӣ ва филсуфони Юнони бостон дубора ба пиндошти ғалаташ аз “озодандешони тоҷик” бармегардаду мегӯяд:

“Агар онҳо (андешамандони ғарбӣ - Д.Р.) бо таассуби миллӣ ва нажодии худ худро маҳдуд менамуданд ва чизакҳоеро аз муборизаҳои юнониҳо бар зидди эрониҳо асос қарор дода раҷазхонӣ ва мухахрафотнависӣ менамуданд, онгуна ки озодандешони бемояи мо имрӯзҳо анҷом медиҳанд, ҳеҷ вақт аз худ чеҳраҳои мондагори башарӣ боқӣ намегузоштанд.”

Ин оқо, ки мегӯяд аз фалсафа огоҳ аст, бояд тафовути миёни “таъассуби миллию нажодӣ” ва меҳандӯстию хидмат ба миллатро бидонад. Шувинисм ё таъассуби миллию нажодӣ ҳамонест, ки дар ъаҳди Шӯравӣ ва имрӯз ҳам аз сӯи Кремлин мушоҳида мешавад. Тахриби фарҳангҳои дигар, муҳандисии забонҳои миллии дигар, вопасмонда нигаҳ доштани милали дигар, тавҳин ба қавмҳову миллатҳои дигар (ҳар миллате ҷуз рус) нишонаҳои боризи шувинисм аст, ки аз паёмадҳои сиёсатҳои Кремлин аст ва имрӯз ҳам ғайрирусҳо онро рӯи пӯсту устухони худ эҳсос мекунанд. Аммо талош барои бознигарӣ ва бознивисии торихи бозмонда аз ъаҳди ишғол, пайкор ъалайҳи дурӯғҳои таҳмилии ишғолгар, барои барқарории ъадолати торихӣ, барои дифоъ аз ҳуқуқи поймолшудаи мардуми сарзамини ишғолӣ дақиқан ъайни муқобила бо шувинисм аст, на “таъассуби миллию нажодӣ”.

Ҳамон Фридриш Ничеи маҳбуби Шаҳобиддинуф аз нахустин филсуфоне буд, ки истилоҳи “миллият”-ро вориди корҳои ъилмӣ кард. Ӯ борҳо ба мафҳумҳои “миллат”-у “миллият” пардохта ва дар китоби “Инак инсон: чи буду чи шуд” (
Ecce homo: Wie man wird, was man ist) нивишта буд: “Ман шояд олмонитар аз олмониҳои навин бошам”. Пас Ниче ҳам як инсони беҳувияти миллатбезоре набудааст.

Дар идомаи матлабаш Шаҳобиддинуф дубора муртакиби “хато”-е мешавад, ки худаш нишонаи “бемоягӣ”-и “озодандеш”-и тоҷик хонда буд: руҷӯъ ба ҳақоиқи торихӣ. Мегӯяд:
“Шоҳи мутлақгарои Луи 14-ум, қалъаи Бастилия, мактубҳои сиррӣ, ки ҳар кадом сарнавишти нафареро ба тариқи фоҷиавӣ барбод медод ва ниҳоят таъсири ниҳоят сахти масеҳият. Аммо дар ин замон пешрафт дар Англия назаррабо буд.”

Дар ҳоле ки пештар гуфта буд: ““Агар “озодандеш” ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, онгоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад.”

Ҳатман дарёфтааст, ки бидуни руҷӯъ ба ҳақоиқи торихӣ (“фактҳои таърихӣ”) наметавон дар чунин мавзӯъҳое изҳори назар кард.

Аммо Инқилоби Фаронса, ки ин ҳама Шаҳобиддинуфро шефтаи худ кардааст, модари мафҳуми “миллигароӣ”-ст, ки ӯ аз он безорӣ меҷӯяд. Дар воқеъ, андешаҳои нивисандагони давраи Равшангарӣ, ба монанди Мунтескйу, Ҷон Лок, Вултер ва Русу буд, ки нутфаи идеи миллигароӣ (
proto-nationalist ideas)-ро баст, ки бар Инқилоби Фаронса таъсири шигарфе гузошт. Ин андешамандонг ҳар кадом дидгоҳи мутафовите дар бораи миллат доштанд ва ҳар як шакли идеоли худ аз давлатдорию ҷомеъаву иқтисоду динро тарсим мекард. Аммо бидуни шакк нивиштаҳои ҳамин филсуфон буд, ки ба бурузи миллигароӣ дар ҷараёни инқилои 1789 мусоъидат кард. Идеи “ҳаққи таъйини сарнивишти миллат” (national self-determination) дар Урупо барои нахустин бор зери танини шиъори “Озодӣ”, Баробарӣ, Бародарӣ!”-и ҳамин инқилоб падид омад. Пас боз ҳам ба оқои Шаҳобиддинуф бояд гуфт, миллатситезии худашро анешаи ҳеч андешаманде надонад. Зеро чунин бузургворе то кунун набудааст.

Идомаи матлаби Шаҳобиддинуф ҳам саршор аз иддиъоҳои ҳамонандест, ки аз шинохти ғалати ӯ ҳам аз филсуфони Ғарб ва ҳам аз “озодандешони тоҷик”-и ланданӣ ношӣ мешавад. Агар ҳамин нивиштаи маро мӯбамӯ бихонад, ба ҳамаи эродҳояш посух хоҳад ёфт. Аммо ин ки оё тан ба мантиқ хоҳад дод ё даргири таъассуб хоҳад монд, пурсишест, ки феълан посухе барояш надорам.

Дар поёни матлабаш дубора руҷӯъе карда ба Вултери озодманиш, ки бояд бигӯям, ҳеч синхияте бо Шаҳобиддинуфу ҳамандешонаш надорад. Вултер мегӯяд: Озод бош! Шаҳобиддинуф мегӯяд: Дарбанд бимон! Мусалламан, фармоиши аввалӣ ъоқилонатар аст.

Вултер дар ҳамон ду-се соле, ки дар Инглистон монду инглисиро фаро гирифт, гуфта буд:

How I love the English boldness! How I love those who say what they think!”
(Тарҷума: “Ох чи қадр ман бебокии инглисиро дӯст дорам! Чи қадр дӯст дорам касонеро, ки ончи меандешанд, мегӯянд!”).

Шӯрбахтона, чунин ҳарферо наметавон дар бораи Шаҳобиддинуфу ҳамандешонаш гуфт. Сарсупурдагӣ ба дастурҳои як нерӯи ишғолгари мутаҷовиз ва таъйиди сухани ғалати расмӣ ҳаргиз аз нишонаҳои як фарди бебоку озодманиш набудааст.

Monday, January 30, 2012

What Have the Soviets Done?


Шӯравӣ чи кор карда?

(Дар посух ба пурсиши дӯсте, ки аз Шӯравӣ ҳимоят мекард)

Шӯравӣ корҳои хуби зиёде кардааст, ки ҳеч як товони ҳувияти аздастрафтаи моро намедиҳад. Шӯравӣ коре кардааст, ки акнун мо, тоҷикон, аз ҳамдигар мепурсем: Миллати мо чист? Тоҷик чист? Порс чист? Эронӣ чист? Забони модарии мо чи ном дорад? Чаро порсӣ бошад? Чаро тоҷикӣ бошад?.. Инҳо пурсишҳои як қавми гумроҳ аст. Шӯравӣ коре кард, ки акнун мо русро наздиктар аз ҳамтаборони бурунмарзимон медонем. Бо ин ки ҳар рӯз чандин тобут ба Тоҷикистон гусел мекунад. Шӯравӣ ҷумҳуриҳоро бар пояи таъаллуқи қавмӣ сохт ва ҳамон аслро ҳам зери по гузошт, ба гунае, ки акнун мо аз шоҳшаҳрҳои худ маҳрум мондаем. Шӯравӣ мехост аз мо инсоне дигар муҳандисӣ кунад, ки дигар худаш набошад, балки ба фармони Кремлин нафас бикашад ва бимирад. Таърифи "манкурт" чизе ҷуз ин нест. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҳам раҳбарони мо гӯшбафармони Кремлинанд. Шӯравӣ рӯҳияи озодихоҳиро дар мо саркӯб кард, адабиёти моро ба муште ёвасароии ъақидатӣ ва идеулужик табдил кард, ки тафовути чандоне аз истибдоди аъроб надорад. Тарҷеҳ медодам ба монанди Эрон роҳи худро мепаймудем, мутаъассиб мешудем, инқилоб мекардем, дар шуълаҳои инқилоб месӯхтем, аз таъассуб пушаймон мешудем ва дар садади барандозии ҳукумати таъассуб бармеомадем. Аммо ҳамаи ин корҳоро худамон мекардем; бо иродаи худ, на ба зӯру иҷбори бегонагон. Шӯравӣ тавҳини бузурге ба шуъури тоҷикон - бостонитарин мардуми паҳнаи Шӯравӣ буд.

Tuesday, January 17, 2012

Dadajan Comes Back

Додоҷон бармегардад

Додоҷонро чи касе намешиносад? Додоҷон аз канори чашму гӯши чи касе пӯшидаву пинҳон гузаштааст? Чи мақоме аз канори номи Додоҷон беэътино рад шудааст? Додоҷонро чи касе офарин ё нафрин нагуфтааст? Магар ҳамин Раҳмон набуд, ки орзу дошту дорад, ки Додоҷон дастикам як бор сухане нек аз ӯ гӯяд?

Дасти ноинсоне, ки ба рағми куштани Додоҷон ӯро ба рестурони канори хонааш хонда буд, ларзид. Ва ҳарчанд ба қалбаш нишона рафта буд, хато зад. Кордро боло кашид, то ба қалби ин мард дарравад. Нарафт. Фирор кард ва имрӯз дар оташи баланди виҷдонаш месӯзад. Аммо Додоҷонро барои ҳамеша сапедном кард. Ҳар он чи баду бероҳе, ки дар борааш мегуфтанд, бо ҳамон қотили нофарҷом фирор кард.

Акнун Додоҷонро ҳамагон меситоянд. Қалбу зеҳни одамӣ чунин аст, ки дар баробари ситамгар қад ъалам мекунад ва ситамдидаро ҳимоят мекунад. Чун фитрати башарӣ зидди ситам аст. Додоҷон ҳам ҳамвора зидди ситам буда ва ҳаст. Бо Додоҷон ҳар чи ихтилофи дидгоҳ доштем, дар ин ҳодисаи нангин таҳлил рафту гум шуд. Додоҷон Сиёвуше шуд, ки аз ҳимаи сӯзони оташ гузашту татҳир шуд, пок шуд. Ҳар он ки қасди куштанашро дошт, барои ҳамешаи рӯзгор сияҳном шуду мегандад; гандид.

Намехоҳам ба хотироти сипардаам бо Додоҷон бипардозам (чун қарор аст хотироти дигаре ҳам дошта бошем, ба умеди Худо). Ба баҳсҳое, ки доштем ва гоҳ эҳсос мекардам, ки бузургвор аз ман ранҷида. Шояд зовияи дидамон фарқ мекард, вале ҳар ду хостори раҳоии мардуми ситамдидаи Тоҷикистон аз ситаму ситамгар ва шукуфоии он будему ҳастем. На ҳамеша роҳҳои расидан ба ҳадаф якест, аммо ҳадаф метавонад яке бошад.

Ба ҳар рӯй, хабари ҳамла ба Додоҷон аз бадтарин хабарҳое буд, ки дар ъумрам шунидаам. Рӯи сафҳаи Фейсбукаш дар шомгоҳи ҳамла навиштам: “Номардумони номард бечоратаринанд. Ҳамла ва сӯиқасд кори афроди заъиф, бехирад, палид ва разл аст”. Аммо басанда набуд. Намешуд буғзеро, ки дошт хафаам мекард, дар таркиби чанд ҷумлаи кӯтоҳ рехт.

Зери навиштаи худам рӯи сафҳаи Додоҷон ин навиштаи танзомези ӯро мехондам, ки дуруст як рӯз пеш аз ҳамла навишта буд: “Фарқи гов дар Тоҷикистон ва Ҳиндустон чист? Дар Ҳиндустон говҳо муҳим ҳастанд. Дар Тоҷикистон муҳимҳо гованд…” Ин зарби забонро ҳар инсони говсирате таҳаммул намекунад. Ва дарнамеёбад, ки ин навишта танзе беш нест. Додоҷон забоне сурх дораду саре сабз... Аммо он ҳикмат (ки дар зеҳнатон падид омад) рӯзе-рӯзгоре бояд иваз шавад. Дар ҷаҳони мутамаддин қарор нест забони сурх сари сабз бардиҳад барбод.

Мобақиро мегузорам барои замоне ки Додоҷон дубора миёни мо бошад ва бо нешу нӯши забонаш зиндагии ситамзадаи моро рангу сурате бибахшад.

Monday, June 20, 2011

Lessons For Tajik State

Дарсҳое барои давлати Тоҷикистон

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост,
Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.

Гӯӣ ҳар ҷо санг аст, ба пои ланг аст. Ин рӯзҳо нигоҳ ба расонаҳои Ғарб чашми моро меозорад. Тоҷикистоне, ки андак касе номашро шунида буд, ба унвони як давлати худкома, ки хабарнигори Би-Би-Сиро боздошт кардааст, нақли маҳофили хабарист. Дар миёни ҳампешагони осиёимиёнаимон, ки мепурсанд: “Пас чи фарқе байни давлати шумову давлати мо?”, лол мемонем. Қаблан бо саре ним ваҷаб болотар, аз озодии нисбии матбуъот дар Тоҷикистон доди сухан медодем. Аммо боздошти хабарнигори расонае чун Би-Би-Сӣ бо далелҳое машкуку мардуд ниме аз забони моро кӯтоҳ кардааст.

Охир чи касе ба зеҳнаш хутур мекунад, ки Урунбой Усмонови шоъир, нависанда, равшанфикр, забондон, бофарҳангу фарҳехта сар аз ташаккули қурунивустоию вопасмондае чун Ҳизб-ут-таҳрир дароварад? Мегӯянд, бо таҳририён мулоқот дошта. Ох, чи аҷаб! Ва ҳамчунин мегӯянд, ба адабиёти таҳрирӣ дастрасӣ дошта. Ҷиддан?!..

Магар ин ҷамоъат аз сиришти рӯзноманигору кори рӯзноманигорӣ воқиф нестанд, ки бояд аз тамоми мавзӯъоти гузоришҳояш шинохти тамому камол дошта бошад, то ҳарфи муфт назанад? Ҳатто агар бихоҳад алайҳи Ҳизб-ут-таҳрир матлабе бинависад, оё бояд бо марому ормонҳои он ошно шавад ё на? Дар қафасаи китобҳои ман шояд “Mein Kampf”-и Ҳитлерро ҳам пайдо кунанд. Оё ин бад-он маъност, ки фардо манро ба ҳампаймонӣ бо Ҳитлер муттаҳам хоҳанд кард? Ё интизоре, ки аз Урунбой Усмонов мерафт, ин буд, ки бар мабнои фармудаҳои расмии мақомот бидуни шинохте ҳатто сатҳӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир ёвасароӣ кунад?

Кай мақомоти мо ин ҳақиқатро хоҳанд пазируфт, ки Шӯравӣ мурдааст ва 20 сол пеш маросими хоксупориаш баргузор шуд ва ҳамроҳ бо шигирду шеваҳои ҳукумати он мори сурх ба зери хок рафт? Имсол, ки қарор аст бистумин солгарди истиқлоламонро таҷлил кунем, оё воқеъан ин мақомоти шӯравинасақ бо камоли шодию майманат ба пои мизи ҷашни истиқлол хоҳанд нишаст ё бо мӯяҳои дарунӣ барои он мори хокшуда, ки мағзи миллатро барои беш аз ҳафтод сол заҳҳоквор хурд, ки дар натиҷа то кунун камбуди мағз дорем? Агар баростӣ аз истиқлоли Тоҷикистон истиқбол мекунанд, бояд шеваи мудирияти хоҷаи пешинро ба боди фаромӯшӣ биспоранд ва тоҷикона (ба мафҳуми бостонии ин вожа), бо дирояту огоҳӣ, одилона, бо шарофату фазилат ҳукумат кунанд.

Ҳоли ҳозир кофист, ки рисолати як рӯзноманигорро фаро бигиранд, ки ӯ воқеъанигоре беш нест ва тобеъи хостаи ин ё он гурӯҳ нест, барои фалон малику беҳмон малик чормағз хурд намекунад, балки дар ҳоли таҳқиқу тафаҳҳус ва гузориш додан аз воқеъиятҳои ҷомеъа аст. Агар афроде дар канори шумо ёваҳои шуморо такрор мекунанду ҳамчунон номи “рӯзноманигор”-ро доранд, нонашон ҳалол нест. Чун рӯзноманигор ҳаргиз ҳарфи мақомотро такрор намекунад, магар ин ки нақли қавл бошад. Шумо ғаразе доред; ӯ ғаразе надорад, ҷуз ҳақиқат. Ҳақиқат бароятон талх аст. Ҳақиқати талх, агар коматонро озор медиҳад, воқеъиятҳоро дигаргуна кунед, то гузоришҳое, ки барои ҷаҳониён пахш мешавад, шаҳдбору шакарин бошад.

Дархости шуморе аз тоҷикони бурунмарзӣ аз давлати Тоҷикистон: Давлатҷон, моро сарфароз, ки намекунӣ, шармсор ҳам накун, лутфан.

Мабош дар паи озору ҳар чи хоҳӣ, кун,
Ки дар шариъати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

***

Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.

Дар конун, ҳаста ё маркази ин ҷанҷол нигаронии давлати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ нуҳуфтааст. Ва ин дақиқан чизест, ки ҷаҳони пешрафтаро ҳам нигарон кардааст; ҳамонҳоеро, ки алайҳи боздошти Урунбой Усмонов эътироз мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки ҳар нерӯи рӯ ба фардоро нигарон мекунад, чун андак нестанд нерӯҳое, ки мехоҳанд тугмаи “вопас”-ро фишор диҳанду моро шоҳиди сайри қаҳқароӣ (регресс) кунанд. Бо ин нерӯи вайронгар бояд бархурд кард; аммо бархурд аз навъи ақлониаш, на бозувониаш. Бархурди бозувонӣ моро худ ба худ дучори сайри қаҳқароӣ (регресс) хоҳад кард, дар ҳоле ки лозимаи ҳузури як миллат дар садаи 21 бархурди ақлонӣ бо падидаҳои номатлуб аст.

Чанде пеш хабари хуши гушоиши қарибулвуқӯъи китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар расонаҳо хондам. Аммо шӯрбахтона, гӯё мо маҷбурем, ки ҳамеша хабари хушро бо чошние аз хабари бад бишнавем: қарор аст шуморе аз кормандони идороти давлатӣ ҳар кадом панҷ адад китоб ба ин китобхона тақдим кунанд.

Маъмулан давлатҳое, ки китобхона месозанд, барои миллатҳо китобҳои тоза ба армуғон меоваранд, ки ҳовии андешаҳои тоза аст; на ин ки китобҳои миллатро барои ганҷинаи худ биситонанд. Гирам, ки шумо китобҳои мардумро аз ганҷаҳои даврони шӯравиашон ҷамъоварӣ кардед ва дар қафасаҳои локхурдаи ҷадидатон гузоштед. Чи чизе тағйир хоҳад кард? Оё бори андешае, ки он қафасаҳоро хам хоҳад кард, ҷадид аст ё куҳан? Ин андешаҳо қаблан ҳам буданду тоза нестанд. Агар он китобҳо куҳнаанд, ба чи дарди ҷомеъаи ташнаи дониши навин мехуранд?

Ҷаҳон дар таҷрубаи башарии худ дидааст, ки давлатҳо бо гушоиши китобхонаҳои нав андешаҳои навро ба умум ироа медиҳанд. Аммо ин нахустин таҷрубаи башарият аст, ки давлате китобхонае бисозад ва муҳтавои онро аз миллат биситонад. Маъмулан давлат заминаеро фароҳам мекунад, ки донишварони кишвар он қафасаҳоро бо пажӯҳишҳои тоза пур кунанд. Куҳна куҳна аст. Ва хуб нест, ки аз ҳамин ҳоло ин китобхонаи навро бо куҳнаҳо таланбор кунему куҳна кунем.

Ва инҷост, ки мавзӯъи аввали ин ногуфта бо мавзӯъи дувум пайванд мехурад. Давлате талош мекунад бо ифротгароии мазҳабӣ ё ақидатӣ ё аз ҳар навъи дигари тундравӣ мубориза кунад, аммо қурс (таблетка)-и онро надорад. Китобхонае сохтааст, ки метавонад дорухонаи зеҳнии хубе бошад, аммо қафасаҳои он холианд ва мардум маҷбуранд доруҳои куҳнаашонро ба ин дорухона таҳвил диҳанд. Аммо доруи куҳна асаре нахоҳад дошт. Ва набуди дору (набуди андеша, набуди китоб) ба таъассуб, кӯрбоварӣ ва тундравиҳои гуногун меанҷомад.

Агар китоб намедиҳед, интизор доред миллат чӣ бихонад? Китобҳои мунаққашу пурзарқу барқи ҳовии таблиғоти давлатӣ “ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад”, ба қавли Саъдӣ. Аз чеҳраҳои шумо барои торихи фардо як акс бештар ниёз надоранд. Ва он ҳам агар чизе шоистаи таҳсин аз худ ба ёдгор бигзоред. Пас лутфан ба фикри чопи китобҳои донишварон бошед. Ва он чизест, ки чеҳраҳои шуморо мондагор хоҳад кард.

Ҳамон ки қаблан гуфтем, абзори мубориза бо тафаккуроти каж андешаҳои рост аст; муборизаи ақлонист, на бозувонӣ. Қарор нест бо куштани фалон шайх ва зиндонӣ кардани беҳмонӣ пайрави ӯ роҳ ба ҷое бибарем. Андешаҳои зиддимиллию абусу вайронкунанда то замоне рушд хоҳанд кард, ки дар баробарашон дарахти тануманди азиме аз андешаи миллии навин шакл бигирад. Дар ин маврид давлат наметавонад бигӯяд: “ҳар кас аробаи худашро худаш кашидан гирад”. Давлат муваззаф аст, ки ин халаъ (вакуум)-и фикрӣ, ақидатӣ, ормониро пур кунад. Давлат муваззаф аст, ки он қафасаҳои холии китобхонаеро, ки барои 10 милюн китоб сохта, бо 10 милюн андеша пур кунад; бо андешаҳои навин, на вопасмондаву куҳна, то фардо бо 10 милюн беандеша рӯдаррӯ қарор нагирем. Давлат бояд рӯи андешаи нав сармоягузорӣ кунад. Танҳо он гоҳ аст, ки давлат давлат мешавад.

Ва бо сипос аз ҳамроҳии Хоҷаи Шероз тайи ин ногуфтаҳо, ки гуфта:

Бедор шав, эй дида, ки эмин натавон буд,
З-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст.

Wednesday, March 02, 2011

The Chainbreaker

Марде, ки бандҳоро гушуд

(вижаи JadidOnline.com)

Вожаҳои “перестройка” (бозсозӣ) ва “гласност” (ошкоргӯӣ) ёдгори даврони Горбачёв дар ҳамаи забонҳои дунёст; ду истилоҳе, ки сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 ҷумҳурии онро рақам зад ва танини ин вожаҳо ҳанҷори ҷаҳонии навинро рӯи кор овард. Ду такя-каломи Горбачёв дар даврони раёсаташ ҳам дар паҳнаи Шӯравии пешин маъруф аст: “Муҳим шурӯъи кор аст” (Главное нАчать) ва “ҷараён роҳ уфтод” (Процесс пошёл). Ислоҳоте ҳам ки ӯ оғоз ниҳод, роҳ уфтод ва ҳанӯз дар ҷараён аст.

Дар бораи паёмадҳои сиёсию иҷтимоъии ислоҳоти Михаил Горбачёв тайи солҳои 1985 то 1991 фаровон навиштаанд; аммо талошҳои ин ислоҳгар барои полудани фазои хафақонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар арсаи фарҳангӣ ҳам дигаргуниҳои баргаштнопазире ба бор овард: маҳдудиятҳое, ки раҳбарони бехудо бар худоҷӯёни кешҳои гуногун эъмол карда буданд, лағв шуд; ойинҳои мардумӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ дубора по гирифт; расонаҳои якдасти шӯравӣ шоха-шоха шуданд ва гуногунии бесобиқаи андешаҳову дидгоҳҳоро ба намоиш гузоштанд; адабиёту мусиқию ҳунари мамнӯъа аз зери замин ба рӯи замин роҳ ёфт; торихи такбуъдии Шӯравӣ ва якояки ҷумҳуриҳои он бознависӣ шуд ва ифтихор аз гузаштаи пешошуравӣ ҳам муҷоз шуд…

Аз сӯи дигар, дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва осеб дидани пайвандҳои фарҳангии миёни бахшҳои он дар бисёре аз ҷумҳуриҳо, бавежа дар Осиёи Миёна, фарҳанги чандмиллиятӣ аз рангу бӯ уфтод; рӯзномаҳое, ки, масалан, дар Тоҷикистоне кӯчак ба теъдоди сад ҳазор нусха чоп мешуданд, шуморгонашон ба ду ҳазору як ҳазор уфт кард ё комилан аз паҳнаи расонаҳо нопадид шуд; фарҳанги навин ва ҳунарҳое фарангӣ ба монанди уперову боле, наққошӣ, синемо ва теотри ғарбӣ, ки русҳо ба армуғон оварда буданд, дучори буҳроне фарогир шуд, ки ҳамчунон ҷараён дорад; халаи идеулужике, ки пас аз суқути кумунизм падид омад, ҳамчунон боқист…

Дуруст ба монанди шахсияти Михаил Горбачёв, ки дар канори ҳаводороне сарсахт мухолифоне дуоташа (ашаддӣ) ҳам дорад, паёмадҳои ислоҳоти Горбачёв якдаст набуд: ҳунарманде, ки акнун аз озодии баёни андешааш хушнуд буд, дар айни ҳол аз адами ҳимояти молии давлат гилоя мекард; овозхоне, ки дар зерзаминиаш аз ҷаври рӯзгори шӯравӣ нолаи ҷонсӯз сар медод, ин бор рӯи саҳна ва ошкоро аз зиёнҳои “перестройка” ва “гласност” менолид. Горбачёв бо огоҳии комил аз муҳаббатҳо ва нафратҳои мардум солҳо баъд гуфт: Дар торих “ҳеч ислоҳгари хушбахте вуҷуд надорад”.

Ҳукумати Горбачёв ба даврони риёву дурӯӣ поён дод. Дигар ниёзе набуд, ки дар пажӯҳишҳои илмӣ бе ҳеч далели муваҷҷаҳе ба навиштаҳои раҳбарони садри кумунизм руҷӯъ шавад ва аз касе интизор намерафт, ки ба зӯру иҷбори мақомот дар майдонҳои шаҳр шиъори “Зинда бод Ҳизби Кумунист!”-ро сар диҳад. Шоъирон ҳам маҷбур набуданд бо чанд чакомаи кумунистию ленинӣ муҷаввизи интишори китобашонро бигиранд. Аъзои Ҳизби Кумунист дар Осиёи Миёна ҳам дигар хатнасӯрони писаронашонро дар хафо (пинҳонӣ) анҷом намедоданд. Ҷашнҳое миллӣ чун Наврӯз ҳам аз чордевории хонаҳо раҳо шуд ва ба хиёбонҳо рехт. Ва ҳатто ҷашнҳои фаромӯшшудае чун Сада ва Меҳргон дар хиёбонҳои Душанбеву Хуҷанд роҳ уфтод. Ихтиёроте, ки Горбачёв ба ҷумҳуриҳо дода буд, боъис шуд, ки забонҳои бумӣ ба расмият бирасанд ва дар ин фароянд Тоҷикистон пешгом буд, ки соли 1989 дар паи тазоҳуроти мардум забони форсии тоҷикиро ба унвони забони расмии ҷумҳурӣ ҷойгузини забони русӣ кард.

Аз ин ҷост, ки Горбачёв дар миёни русҳо мухолифони бештаре дорад. Маҳдудияти доманаи корбурди забони русӣ фурсатҳои шуғлии рустаборон дар ҷумҳуриҳои Болтик, Осиёи Миёна ва Қафқозро ҳам маҳдуд кард. Дигар мақому манзалати русҳо мисли собиқ набуд. Барои намуна, Суруди Миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки Абулқосим Лоҳутии Кирмоншоҳӣ соли 1946 навишта буд, бо ин мисраъҳо оғоз мешавад:

Чу дасти рус
Мадад намуд,
Бародарии халқи совет устувор шуд,
Ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд…

Ба ҳоли таб
Даруни шаб
Садои раъди давлати Ленин расид
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид…

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, ки ҳосили нохостаи талошҳои Горбачёв буд, табъан Суруди Миллии Тоҷикистон бознависӣ шуд. Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, дар суруди нав бедории худшиносии миллии тоҷикҳоро бозтоб медод:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод.
Саъодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан!
Тоҷикистони озоди ман!

Дар ин маврид ҳам шакке нест, ки ҷумҳуриҳои шӯравии пешин истиқлоли тақрибан муфту беранҷи худро мадйуни Михаил Горбачёв ҳастанд. Горбачёв акнун фурӯпошии Шӯравиро “мусибате бузург” медонад ва мегӯяд, ки ислоҳоти ӯ, дар воқеъ, барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом гирифта буд. Аммо ба қавли худи ӯ, Ҳизби Кумунист “дар имтиҳони демукросӣ ва озодӣ ноком шуд”; яъне бори озодӣ ва демукросиро тоб наоварад.

Горбачёв дар мусоҳибаҳои мухталиф ва дар китоби хотироташ “Танҳо бо худ” (“Наедине с собой”) таъкид карда, ки ба ҳеч рӯй аз ислоҳоте, ки анҷом дод ва ҷаҳонро дигаргун кард, пушаймон нест, аммо таассуф аз он мехурад, ки чорае барои бақо ва давоми Иттиҳоди Шӯравӣ дигар намонда буд.

Михаил Горбачёв, ки акнун раиси Бунёди байнулмилалии мутолеъоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ва сиёсии “Горбачёв” аст, нахустин раҳбари Иттиҳоди Шӯравист, ки ҳаштодсолагиашро ҷашн мегирад. Раҳбарони дигари Шӯравӣ на умре бад-ин дарозӣ доштанд ва на таҳаввулоте эҷод карданд, ки ҷаҳонро дигаргун карда бошад. Мизону миқёси таҳаввулоти давраи Горбачёвро шояд битавон танҳо бо инқилоби Уктубри Ленин муқоиса кард.

Михаил Горбачёв, ки соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нубелро бурд, дар миёни сиёсатмадорони ғарбӣ беандоза маҳбуб аст ва бо раҳбарони феълии бисёре аз ин кишварҳо равобити дӯстона дорад. Қарор аст рӯзи 30 морс (март) дар толори салтанатии Олберт Ҳолли Ландан кунсерти бошукӯҳе бо номи “Горбӣ-80” ба ифтихори ҳаштодсолагии ислоҳгари бузург бо ҳузури сиёсатмадорони баландпоя ва ситораҳои ҳунари мусиқӣ баргузор шавад. Ва аммо рӯзи дувуми морс (март), ки зодрӯзи Горбачёв аст, дӯстони ӯ дар шаҳри Маскав ҷашне бузург тадорук дидаанд.

Дар гузориши мусаввари ин матлаб муруре дорем бар зиндагии Михаил Горбачёв:

Saturday, September 19, 2009

People's Green Day - Khamenei’s Bleak Day

Рӯзи сабзи мардум - рӯзи сиёҳи давлат

Вопасин одина (ҷумъа)-и рамазони Хоманаию Аҳмадинажод табоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар рӯзи Қудс (18.09.09), ки ҳамасола ба манзури ҳимоят аз мардуми ситамкашидаи фаластинӣ дар вопасин одинаи моҳи рамазон баргузор мешавад, даҳҳо ҳазор тан аз ҳаводорони сабзпӯши ислоҳот ба хиёбонҳо рехтанд ва бо шиъорҳои баланди худ пояҳои ҳукумати Хоманаиро бори дигар ларзонданд.

Ҳузури чашмгири муътаризон бисёреро ғофилгир кард. Дар паи гирифтугирҳои густарда ва тадбирҳои дадманишона алайҳи мухолифон ва ҳушдори сардори Сипоҳи Посдорон, ки мегуфт, бо “сабзҳо”-и муътариз дар рӯзи Қудс шадидан бархурд хоҳад шуд, мардум боз ҳам сина сипар карданду омаданд ва рӯзи Қудсро ба худашон ихтисос доданд.

“На Ғазза, на Лубнон! Ҷонам фидои Эрон!” деворҳои Донишгоҳи Теҳрон – маҳалли баргузории намози ҷумъаро рахна мекарду дар гӯшҳои Аҳмадинажод ва ёри тундравтараш Аҳмади Хотамӣ менишаст ва монеъ аз тамаркузи ҳавоси онҳо ба ҳангоми суханронӣ мешуд. Манзур аз ин шиъор равшан аст: вақте ки рафтори мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бо мардуми худаш аз бадрафториҳои Исроил бо арабҳо фарқе намекунад, чаро барои миллатҳои ғайр додхоҳӣ бикунем? Он вақт чи касе ба доди худи мо хоҳад расид ва моро аз чанги дижхимони ҳоким наҷот хоҳад дод?

Муътаризон Эронро бо Фаластин муқоиса мекарданду фарёд мекашиданд: “Эрон шуда Фаластин! Мардум, чаро нишастен?!” Аз минбари намози ҷумъа шиъори расмии “Марг бар Омрико!” баланд мешуд ва то ба беруни дарвозаҳои Донишгоҳ мерасид, ба “Марг бар Русия!” табдил мешуд. “Марг бар зидди вилояти фақеҳ!”-и охунди давлатӣ дар миёни тӯдаҳо ба шакли “Марг бар диктотур!” дар меомад. Мардум хитоб ба Хоманаӣ таҳдидомез фарёд мезаданд:

"Диктотур! Диктотур!
Ин охирин паём аст!
Миллати сабзи Эрон
Омодаи қиём аст!"

Ҷавононе, ки зарби ботум (калтак)-ҳои басеҷиҳову пулисҳоро хурда буданд, дубора дар хиёбонҳо бо сари баланд роҳ мерафтанду шиъор медоданд: “Бародари руфтгар! Махмуда бардор бибар!” Басеҷиҳо дигар ҷуръати онро надоштанд, ки мисли гузашта ба сару сурати мардум корд бикашанд ва бо танини шиъори “Марг бар басеҷӣ!” ҷо холӣ мекарданд.

Ин қиёми густарда танҳо дар Теҳрон набуд, балки Шерозу Исфаҳону Табрезу Раштро ҳам фаро гирифт. Бо вуҷуди ҳушдорҳо ва ҳатто тағйири як суннати 25-сола барои ҷилавгирӣ аз ҳузури сабзҳо, шаҳрҳои бузурги Эрон саропо сабз шуданд. Он суннати дерина, ки аз оғози барпоии рӯзи Қудс то дирӯз риъоят мешуд, суханронии Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар хутбаҳои намоз буд. Хоманаӣ бо ин хиёл, ки шояд ҷойгузинии Рафсанҷонӣ бо Аҳмадинажоду Аҳмади Хотамӣ (бо Муҳаммади Хотамӣ нисбате надорад) Ҷунбиши Сабзро навмеду дилсард хоҳад кард, тасмим гирифт, ки барои нахустин бор Рафсанҷониро аз гардонандагии намози рӯзи Қудс канор бигзорад. Дар остонаи ин рӯз фарзандону бастагони шуморе аз чеҳраҳои саршиноси ислоҳталабро боздошт кард, то аз ин роҳ бар “сабз”-ҳо фишор овараду мавқеъияти онҳоро тангтар кунад. Аммо ҳеч як аз ин талошҳо корсоз нашуд. Се моҳ пайкору талоши дастгоҳҳои амниятию таблиғотӣ, боздоштҳову қатлҳову пахши “эътирофот”-и телевизюнӣ, шабехуни басеҷиҳо ба амволу амлоку худи мардум, ҳама ва ҳама ҳадар рафтанд.

Давлате, ки ҳамасола дар рӯзи Қудс дарбадар дунболи мардум мегашт, ки дар намозу роҳпаймоӣ ҳузур ёбанд, ин бор бо таҳдиду таъкид расман аз ҷавонони сабз хост, ки берун наоянд. Ба ростӣ, ба гуфтаи дуктур Сурӯш, ҷашнҳои Хоманаӣ барояш табдил ба мотам шуда ва донишгоҳие, ки қаблан ба побӯсаш меомад, акнун кобуси ӯ шуда. Оё ин ҳама накбату гирифторӣ арзиши ҳимоят аз раисиҷумҳурии қуллобие чун Аҳмадинажодро дошт? Мутмаиннан, ҳамин пурсиш аст, ки акнун дар сари парешони раҳбар мепечад.

Телевизюни давлатии Эрон, ки ҳамасола аз роҳпаймоиҳои рӯзи Қудс барномаҳои зинда пахш мекард, ин бор то шиъори “На Ғазза, на Лубнон!” имтидоди хиёбонро дарнавардид, якбора гузоришҳои хиёбониашро қатъ кард. Гӯяндаи даступохурдаи телевизюн пок ёдаш рафта буд, ки рамазон аст, дошт ба мусоҳибаш об таъоруф мекард.

Яъне Ҷунбиши Сабзи Эрон ҳамчунон побарҷову устувор аст, ба гунае, ки тавонист як барномаи давлатиро ба барномаи худҷӯши мардумӣ табдил кунад. Бо ин ки дорудастаҳои режим дастори Муҳаммади Хотамиро заданду ба замин афканданд ва ба худрави Мусавӣ ҳамла бурданд, аммо рӯзи Қудси имсол барои Хоманаӣ шумхабаре буду барои озодагон – муждае бошугун. Бори дигар фармони Хоманаӣ ношунида гирифта шуд.

Эрон бартарин намунаи гирифтории як давлати вопасмонда дар миёни издиҳоми пешрафтаву тараққихоҳ аст. Рӯзи ҳамаи режимҳои дадманиш сиёҳ хоҳад шуд, агар мардум аз худу перомуни худ огоҳ шаванд.

Тасвирҳое аз роҳпаймоии Теҳрон

Акс аз торнамои bbcpersian.com

Wednesday, September 16, 2009

Iran's Internal Rifts & Shifts

Эрон ва пайкорҳои даруниаш

вижаи хафтаномаи "Нигох", Душанбе

Бо коҳиши мизони пахши хабарҳо аз рӯйдодҳои хиёбонии Эрон шояд барои бархе ин пиндор эҷод шуда бошад, ки шӯриши хурдодмоҳ (июн) фурӯкаш карда ва пас аз муҷозоти сабабкорони он бакуллӣ фаромӯш хоҳад шуд.

Аммо нигоҳе жарфтар ба рӯйдодҳои ин кишвари ҳамзабон тасвири батамом мутафовитеро шакл медиҳад. Бонгҳои эътирозии шабонаи «Аллоҳу акбар!» ҳамчунон аз пушти бомҳои теҳрониҳо хоби мақомотро ошуфта мекунад ва муътаризони интихоботи ахир тарҳи роҳпаймоиҳои эътирозии тозаеро мерезанд. Ва муҳимтар аз ҳама, ихтилофот дар миёни чеҳраҳои барҷастаи Инқилоби Исломӣ на танҳо бартараф нашуда, балки рӯзбарӯз ошкортар ва саҳмгинтар мешавад.

Паёми Оятуллоҳ Мунтазирӣ

Тозатарин мавриди ин рӯёрӯӣ дар лаҳзаи тадвини ин гузориш боздошти се набераи Оятуллох-ул-ъузмо Мунтазирӣ дар паи интишори номаи муҳимми ӯ хитоб ба мароҷеъи тақлид ё фақеҳони аршади шиъа аст. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар ин номаи торихии худ, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, аз рӯҳониёни умдаи кишвар хост, ки сукути худро бишкананд ва забон ба ҳимоят аз мардум бигушоянд ва давлатро ба хотири саркӯби бераҳмонаи мардум сарзаниш кунанд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ дар гузашта ҷонишини Хумайнӣ маҳсуб мешуд, аммо баъдан мавриди ғазаби мақомоти низом қарор гирифт ва акнун дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва бо вуҷуди ин, ҳаргиз аз зикри кӯтоҳиҳои низом лаб фурӯ набастааст. Вай дар миёни тӯдаҳои мазҳабии Эрон пайравони бисёре дорад ва азияту озори хонаводаи ӯ бегумон мояи хашми бештари ҳаводоронаш хоҳад шуд.

Каррубӣ: «Хомӯш намешавам!»

Аз сӯи дигар, таҳдидҳои мукаррари мақомоти низом натавонистааст Меҳдии Каррубиро ҳам ба хомӯшӣ водорад. Ин номзади муътаризи интихоботи ахир ва раиси пешини Маҷлис таи чанд ҳафтаи гузашта батакрор иддаъо кардааст, ки мақомоти амниятию интизомии Эрон шумори зиёде аз боздоштшудагонро мавриди шиканҷаву таҷовуз қарор додаанд. Ҳарчанд бархе аз усулгароён хостори боздошти худи Каррубӣ шуданд, ба дафтари ӯ ҳамла бурданду онро муҳру мум карданд ва асноду мадракҳои «таҷовуз ба номуси боздоштшудагон» -ро бо худ бурданд, Каррубӣ дубора садо баланд карду гуфт, ки бо ин усулу равиш ӯро хафа (хомӯш) нахоҳанд кард. Ин иддаъои Каррубӣ, ки мегӯяд, ҳамлаи маъмурони давлат ба дафтарашро пешбинӣ карда буд ва нусхае аз ҳамаи мадракҳоро дар ҷое дигар нигаҳдорӣ мекунад, оташи хашми давлатро фурӯзонтар кардааст.

Меҳдии Каррубӣ дар тозатарин паёми худ, ки он ҳам рӯзи душанбе мунташир шуд, рӯйдодҳои ахирро «мояи нанги Ҷумҳурии Исломӣ» тавсиф карда, гуфтааст:

«Кош зинда набудаму намедидам, ки рӯзе дар Ҷумҳурии Исломӣ шаҳрванде назди ман биёяду шиква кунад, ки дар сохтмоне беному нишон тавассути афроде беному нишонтар ҳар амали қабеҳ ва ғайримаъмулӣ бар ӯ сурат гирифтааст: аз лухту урён кардани афрод ва нишондани онҳо дар муқобили якдигар то фаҳҳошиҳои вақеҳона ва идрор (пешоб) кардан дар сурати онҳо ва раҳо кардани чашму гӯшбастаи духтарону писарон дар биёбон.»

Иддаъоҳои Каррубиро даҳҳо наворҳои видеуиву навиштаҳои интернетӣ таъйид мекунанд. Шуморе аз ононе, ки мегӯянд, дар зиндонҳои Эрон ба онҳо таҷовуз шуда, бо истифода аз фурсате, ки изҳороти Каррубӣ барои онҳо падид овардааст, достонҳои дардноку тарснокеро аз таҷрубиёти талхи худ таъриф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Алии Лориҷонӣ - раиси Маҷлиси Эрон ин иттиҳомотро ба унвони “дасисаи душманони низом” такзиб мекунад.

Бархурди ғӯлҳои низом

Яке дигар аз мавориди ихтилоф дар садри ҳирами низом ҷараён дорад. Ҳошимии Рафсанҷонӣ - раиси Шӯрои Хубрагон ва раиси Маҷлиси Ташхиси Маслиҳати Низом, ки дар овардани Алии Хоманаӣ ба мақоми раҳбарӣ нақши мунҳасир ба фарде дошт, дар давраи корзори интихоботӣ аз ҳаводорони сарсахти Мирҳусейни Мусавӣ буд ва пас аз интихобот низ дар паёмҳои худ ошкор кардааст, ки аз дидгоҳҳои Хоманаӣ табаъият намекунад. Вай дар паёми рӯзи душанбеи худ бо даъвати мардум барои ширкат дар роҳпаймоии рӯзи Қудс (18.09.2009) талвеҳан нохушнудии худ аз рафтори давлатро бозгуфт ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳузури мардум дар он роҳпаймоӣ “бедорбоше ҷовидона ба ғафлатзадагон” бошад. Ин роҳпаймоӣ ҳамасола ба нишони ҳимоят аз фаластиниён анҷом мегирад. Рафсанҷонӣ дар ин паёми худ “Фаластини ишғолӣ”-ро намоде аз “мазлумият ва асорат дар дасти як давлати саросар номашрӯъ, ҷаълӣ (сохтагӣ) ва ғосиб” номид, ки метавонад ишорае бошад ба бардошти худи ӯ аз давлати навини Маҳмуди Аҳмадинажод.

Эрон шуда Фаластин!

Қатлу қамъ ва латупори мардуме, ки дар тазоҳуроти мусолиматомез сарнавишти раъйҳои худро ҷӯё шуда буданд, обрӯи низомро таҳт-уш-шуъоъ қарор додааст ва ҳолаи тақаддусеро, ки атрофи ному симои раҳбар шакл гирифта буд, аз ҳам пошондааст. Дар оғози эътирозот мурод аз шиъори “Марг бар диктотур!” сарнагунии Маҳмуди Аҳмадинажод буд. Аммо акнун манзури муътаризон аз “диктотур” шахси аввали низом аст ва шиъори “Марг бар Хоманаӣ!” ё “Марг бар Ҷумҳурии Исломӣ!” беш аз пеш ба гӯш мерасад ё шабҳангом рӯи деворҳои шаҳрҳои умдаи Эрон падид меояд.

Муътаризон ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки чи гуна метавон алайҳи бадрафториҳои Исроил дар баробари фаластиниён эътироз кард, дар ҳоле ки давлати бумии Эрон ҳамон рафторро бар мардуми худаш раво мебинад. Яке аз шиъорҳои маъруф ҳамин маъниро тадоъӣ мекунад: “Эрон шуда Фаластин! Мардум чаро нишастен?!”

Пушаймонон

Машрӯъияти низоми Ҷумҳурии Исломӣ на танҳо пеши мардуме, ки аз дербоз аз он дили хуше надоштанд, зери суол рафтааст, балки акнун барои бисёре аз саромадони ин ҷумҳурӣ ҳам пазируфтанӣ нест. Барои нахустин бор дар тӯли сӣ соли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ шуморе аз соҳибназарони низом мавзӯъи барканории раҳбар ва ҷойгузинии ӯ бо як шӯрои раҳбариро ба миён кашидаанд. Аммо он чи мушоҳида мешавад, ин аст, ки Алии Хоманаӣ бо қотеъият ва густохии беш аз пеш мекӯшад аз ҳар роҳи мумкин садоҳои эътирозро фурӯ бинишонад, то шояд бад-ин гуна бар умри ҳукуматаш биафзояд.

Худи Хоманаӣ ҳам хуб огоҳ аст, ки ҳурмати низомаш осеб дидааст. Вай дар яке аз хутбаҳои худ изъон кард, ки “ҳурмати низом ҳатк (шикаста) шудааст”. Адбулкарими Сурӯш, аз файласуфони исломии барҷастаи Эрон, ин эътирофи Хоманаиро ба фоли нек гирифта, навиштааст:

«Шодам, ки охируламр оҳи саҳархезон ба гардун расид ва оташи интиқоми илоҳиро барафрӯхт. Шумо ҳозир будед обрӯи Худо биравад, аммо обрӯи Шумо наравад. Мардум ба диёнату нубувват пушт кунанд, аммо ба вилояти Шумо пушт накунанд. Шариъату тариқату ҳақиқат мучола (пажмурда) шаванд, аммо ридо (ҷома)-и раёсати Шумо чину чурук нахурад. Аммо Худо нахост. Дилҳои сӯхтаву лабҳои дӯхтаву хунҳои рехтаву дастҳои буридаву домонҳои дарида нахостанд ва нагузоштанд. Покону порсоёну паёмбарон нахостанд. Маҳрумону муслеҳону ситамкашидагону ситамситезон нагузоштанд.»

Абдулкарими Сурӯш аз ҷумлаи касоне буд, ки аз низоми “ҷумҳурии исломӣ” ҳимоят мекард ва акнун мегӯяд, ки пушаймон шудааст. Шумори пушаймононе чун ӯ, ки бо эътиқоди росих ба дину диёнат бар ҳукумати исломии Эрон пушт кардаанд, андак нест. Ин даста аз афрод, ки ба ҷамъи касири мухолифони ошкори Чумҳурии Исломӣ пайвастаанд, наҳваи бархурди давлат бо эътирозоти хурдодмоҳро ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ медонанд ва на танҳо барои давлати Аҳмадинажод, балки дигар барои раҳбарии Хоманаӣ ҳам машруъияте қоил нестанд. Ба бовари онҳо, давлате, ки барои раҳоӣ аз озору азияти шоҳи Паҳлавӣ рӯи кор омада буд, акнун ба рафтору ҷиноёте даст мезанад, ки бамаротиб бадтар аз мардумозориҳои давлати Паҳлавист. Онҳо мегӯянд, давлате, ки ба умеду орзуҳои миллат дар сӣ соли гузашта хиёнат кардааст, бояд барканор шавад. Бад-ин гуна, метавон бо ҷуръат иддаъо кард, ки саффи мухолифони Ҷумҳурии Исломӣ имрӯза пуррангтар ва рангинтар аз соли гузашта аст ва танҳо далели ин падида сиёсати номуносибест, ки давлат барои рафъи мушкилоти дохилиаш ихтиёр кардааст.

Хуршеди ғуруб

Сарфи назар аз талошҳои фаровони давлат барои ҷалби ҳимояти мардум аз роҳи баргузории додгоҳҳои столинӣ ва “эътирофот”-и телевизюнии боздоштиён, радду такзиби беравияи ҳамаи иттиҳомот, аз ҷумла муттаҳам кардани худи мухолифон ба куштани ҳаводоронашон дар хиёбонҳо, ҷосусу хоин хондани сарони Ҷунбиши Сабз ва ғайра, хуршеди толеъи Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон рӯ ба уфуқ аст. Андак касе ба ахбори расмии кишвар эътимод мекунад ва алорағми монеътарошиҳои фаровони давлат рӯйкарди мардум ба расонаҳои хориҷӣ физоянда аст.

Дар ин миён ба назар меояд, ки ҳақиқатҳои нашткарда аз боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мабнӣ бар шиканҷаву таҷовуз ба номуси боздоштиён бештарин латмаро ба баданаи низом ворид кардааст. Низоме, ки иддаъо мекард бонии арзишҳои маънавии мардум аст ва барои хидмат ба мардум рӯи кор омада, акнун барои раъоёи худаш ба яке аз махуфтарин дастгоҳҳои ҳукуматӣ табдил шуда. Бисёре дар ҳоли расидан ба ин натиҷаанд, ки муроди давлатдорони кунунӣ аз сарнагунии давлати подшоҳӣ танҳо даст ёфтан ба қудрат буда, на ислоҳи авзоъе, ки сӣ сол пеш мардумро ба хиёбонҳо кашонда буд.

Режими низомӣ

Он чи мусаллам ба назар мерасад, ин аст, ки ҳукумати Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як режими сирфан низомист. Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳам дар паёми ахири худ рӯи ҳамин нукта таъкид кардааст:

“Ба ман мегӯянд, ҳокимияти динӣ, ки шумо ваъдаи онро ба мардум додед ва вилояти фақеҳро муҷрии он медонистед ва мехостед онро бапо доред, ҳамин аст, ки имрӯз мо онро мушоҳида мекунем? Дар ҳоле ки он чи ки мушоҳида мешавад, дар воқеъ, ҳукумати вилояти низомист, на вилояти фақеҳ.”

Дар паи рӯйдодҳои фаҷеъи Эрон мудохилаи низомиён дар умури сиёсии кишвар беш аз пеш ҳувайдост. Ба гунае, ки моҳи гузашта яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи Посдорон аланан хостори боздошт ва муҳокимаи Мусавӣ - рақиби Аҳмадинажод дар интихобот шуд, ки эътирози бархе аз рӯҳониёнро барангехт ва аз ӯ хостанд, ки аз дахолат дар умури сиёсӣ парҳез кунад. Аммо бовари ғолиб бар ин аст, ки аз дербоз ҳукумати Эрон зери нуфузи низомиён қарор гирифта ва боризтарин намунаи он нуфуз паёмадҳои эътирозоти хиёбонист.

Калобаи тазоддҳо

Бад-ин гуна, эътирозоти Эрон ҳанӯз поён наёфтааст ва ҳамчунон дасту дили низомро меларзонад. Низоме, ки бо бонги “Аллоҳу акбар!” рӯи кор омада буд, акнун мардумро ба хотири зикри ин калом боздошт мекунад. Низоме, ки таҷаммуъоти густардаро яке аз корсозтарин расонаҳои таблиғотӣ медонист, акнун бо ҳар баҳонае аз баргузории таҷаммуъот ҷилавгирӣ мекунад. Низоме, ки дар Қонуни Асосиаш ранги сабзи парчами серанги кишварро ранги ислом зикр карда, акнун аз ин ранг безор аст. Ин ҳисси безорӣ аз ранги сабз дар ин гуфтаи имоми ҷумъаи Исфаҳон дар хутбаи одинаи гузашта машҳуд аст:

“Онҳо ки пухтаи сиёсат буданду мегӯянд, рӯзи Қудс бояд бо нишонҳои сабз биёед, бояд садояшон хафа шавад.”

Низоме, ки Оятуллоҳ Хумайниро поягузораш медонад, акнун ба ҷанги набераҳои ӯ рафта ва дар рӯзномаи “Кайҳон”-аш менависад, ки гурӯҳе “фитнагар ба байти Оятуллоҳ Хумайнӣ нуфуз” кардаанд. Далели ҳамла ба набераҳои Хумайнӣ ҳимояти онҳо аз номзадии Мирҳусейни Мусавӣ дар интихобот аст.

Низоме, ки аз хадамоти ҷосусии шоҳ (СОВОК) ҳаюлои ваҳшатноке сохта буд, бо Созмони Иттилоъоти худ дар эҷоди тарсу ваҳшат санги тамом гузоштааст.

Низоме, ки санги бинои худро усули маънавию арзишҳои динӣ медонист, бо эъломи иддаъоҳои ахир марбут ба шиканҷаву таҷовузҳо шабеҳи як низоми бехудову беарзиш шудааст.

Оё ҳеч низомеро дар торих мешиносед, ки бо вуҷуди ин ҳама тазодд ва дурӣ аз сиришти пиндории худ давом оварда бошад?