Ду гуфтугуи хафта бо ЗоировДар хафтае, ки гузашт, Рахматуллох Зоиров – рахбари Хизби Сусиёл Демукроти Точикистон кахрамони матбуъот буд. Ду нашрияи чопи Душанбе хар кадом ду сафхаи худро аз у дарег надоштанд ва хар кадом саъй карданд мавзуъе чудогонаро бишикофанд. Чолиб ин чост, ки хар ду нашрия аз як урдугохи вохиди хамназаранд: «Миллат» ва «Нигох». Дар ин масоф «Нигох» пируз омад ва мусохибаи он мавзуъе равшантар ва хирфаитар ва пурсишхои чолишангези мантикитар дошт. Ба Далери Гуфрон шодбош мегуям.
Унвони гуфтугуи муфассали «Нигох» ба шархи зер аст: «Рахматилло Зойиров: Президент, маро танхо барои ду сол вазири адлия намоед!» Такондиханда ва гичкунанда барои касе, ки аз ин дархости рахбари мухолифон хабаре надошт. Аз ин ру бедиранг чалби таваччух мекунад.
Яке аз бехтарин пурсишхои Далери Гуфрон ин аст:
«Метавон тахмин зад, ки Рахматилло Зойиров аз мухолифати шадид хаста шуда, акнун рохи дигареро чустучу дорад. Ё шояд акнун аз дарун мубориза бурданист? Хамон гуна ки дар соли 2001 мушовири калони президент гардида, хизбашро дуюмбора ба кайд гирифту соли 2003 истеъфо дод...»
Албатта, Зоиров ба ин пурсиш посухи мустакиме намедихад ва рузноманигорро бо шиъорхои фаровоне таланбор мекунад, ба монанди ин ки «ман муборизаро ба «дохил» ё «берун» таксим намекунам ва формулаи «мубориза танхо барои мубориза»-ро инкор менамоям» ва гайра. Яъне дар вокеъ, рузноманигор посухи дакики пурсишашро намегирад ва исрор хам надорад, ки бигарад. Чун пурсиши баъдиаш комилан дар бораи чизи дигарест. Шояд ин танхо кутохии Далер буд.
Дар кул, аз ин мусохибаи хуб чунин бармеояд, ки Рахматуллох Зоиров ба ростй хостори тасаддии вазорати додгустарй барои 2 сол шудааст, то ислохотеро дар заминаи додрасй анчом дихад. Умедворй ба мувофикати Рахмон бо ин пешниход шояд то хадде содалавхй бошад. Рахбар дакикан аз хамон ислохоте метарсад, ки Зоиров мехохад пиёда кунад.
Аммо хондани мусохибаи «Миллат» бо Рахматуллох Зоиров итлофи вакт аст. Ба хар хол мо ба ин итлофи вакт тан додем, то бибинем лубби матлаб чист, ки дар нихоят хам чизе хосил нашуд чуз як мушт гаразварзихои музиёна, ки аз фосилаи байни сатрхои мусохиба ба хонанда шох мекашад. Бар хилофи «Нигох» «Миллат» сухбатхои Зоировро тавре пиёда карда буд, ки аз он камтар чизе гири кас меомад.
Мисли ин ки нашрия аз хоби зимистонй тоза бедор шуда бошад, ин пурсишро унвони матлаби худ карор додааст: «Зойиров дар Бадахшон гирдихамои мекунад. Чаро?»
Унвонро, ки хондам, тасаввурам ин буд, ки Зоиров дубора хостори баргузории тазохурот дар Бадахшон шудааст. Аммо нагу, ки достони порина аст ва аммо укдахои дустон дар «Миллат» дар ин бобат ногушуда монда будааст. Ба монанди аксари навиштахои «Миллат», ки буи ганди махалгаройи медиханд, ин мусохиба хам дар кул як паёмро илко мекунад: «Зойиров асолатан аз Узбакистон аст ва мехост аз хунгармии бадахшихо истифода кунад.»
Оре, хуни мо чунон гарм аст, ки давлат хар мавкеъ хавсала кард, чакке бар сари качаламон мезанаду садои касе дар намеояд.
Ба фехрести чандто пурсиши «Миллат» ба хангоми истинтоки Зойиров таваччух кунед, то мутаваччехи миллатсуз будани он шавед:
«Бигуед, ки чаро шумо барои баргузории гирдихамойи махз Бадахшонро интихоб кардед?» («Лутфан» рафта паи кораш-ЯД).
«Давлат Худоназаров шуморо махкум кард, ки дар Бадахшон мехохед гирдихамойи бигузаронед ва шумо аз хунгармии ин мардум мехохед суиистифода кунед.»
«Магар намешуд, ки шумо дар Узбакистон барои хукуки башар мубориза мекардед ва шояд ончо муътабартар шинохта мешудед?»
Ногуфта намонад, ки Муътабар Точибоева, аз мудофеъони барчастаи хукуки башари Узбакистон хамчунон дар зиндон аст, бо ин ки ахиран Дидбони Хукуки Башар таъаллуки чоизаи соли Мортин Эннолз ба ин зани шучоъро эълом кард.
Аммо «Миллат» бо пурсишхои мукаррараш гуё мехохад Рахматуллох Зоировро аз ватане, ки писандидааст, берун биандозад ва боз мегуяд:
«Бубинед, махз хамин чихати масъала хаст, ки бархе ба фаъолияти шумо бо шубха назар мекунанд. Зеро шумо имконоти зиёде доред, ки хорича биравед ва зиндагии хубтаре дошта бошед...»
Хорича? Кучо? Узбакистон? Зиндагии бехтар? Чи гуна? Дар зиндон? Ё пазируфтани кавмияти «узбак»?
Ва он «бархе» кй хастанд, ки ба фаъъолияти Зоиров бо шубха назар мекунанд? Давлати Рахмон ё рахмониёнистхои «Миллат»?
Зоиров бо хазор иллаву билла мехохад собит кунад, ки точики Тошканд аст ва ин ки шумори точикхои Тошканд бештар аз точикони Душанбе аст. Вале «Миллат» намехохад точик будани уро дарк кунад ва хавосаш сад дарсад банди махал аст ва боз музиёна мепурсад:
«Шумо дар Точикистон аз таборон киро доред?»
Ва дубора аз Тошканд канда мешаваду ба Бадахшон мечаспад:
«Мухтор эълом кардани Бадахшон дар Точикистон чй зарурат дошт ва имруз ба он зарурат хаст?»
Ва бозпас ба пурсиши нахусти худ бармегардад:
«Ва боз хам чаро шумо мавкеъи гирдихамойи на Душанбе, балки Хоругро интихоб кардед?»
Рахматуллох Зоиров бо хазор баён мехохад ба «Миллат» тавзех дихад, ки «бобои азиз, мо дар Бадахшон хам шуъбае дорем, ки бисёр фаъол аст», аммо фоидае надорад. Бархурди «Миллат» бо ин мавзуъ таврест, ки гуё Бадахшон як кишвари дигар аст ва як хизби хоричй мехохад он чо барномае анчом дихад. Хизбхои сиёсии Русия як руз дар Волгограду рузи дигар дар Петерзбург барномахои сиёсй анчом медиханд, аммо касе аз ин пурсишхои масхара намекунад. Дар Точикистон, агар бихохед нонатонро аз Душанбе на, балки аз нохияи Рудакй бихаред, шояд мавриди пурсучу вокеъ шавед.
Дар кишваре, ки ба дарки мафхуми «миллат» расидааст, як хизби сиёсии саросарй хак дорад дар саросари кишвар барномахои сиёсй анчом дихад. Ту чаро дардашро мекашй? Магар карор буд бисоти тазохурот аз Душанбе ба Хоруг кашонда шавад? Магар намешунавй, ки рахбари хизб дар хамон огози гуфтугу мегуяд, ки баргузории тазохуротро аъзои хизб дар Бадахшон пешниход карда буданд? Барои чй ба хамаи руйдодхо бояд аз сурохи танги девори кишлок нигох кунй? Барои чй бояд аз Зоиров бипурсй, ки «чаро нахостед тазохуротро дар Хучанд баргузор кунед?» Дар фаъъолияти сиёсии Зоиров хазорон нуктаи мавриди суолро метавон ёфт. Чаро бояд махалли у бештар аз хама чалби таваччух кунад? Дарди сахт аст он чизе, ки озорат медихад? Хакко, ки бехадду худуд сахт аст.
«Миллат», ки номе бемусаммо дорй. Ин нуктаро сахт ба гуши хушат биспор, ки шумори точикони Узбакистон ба маротиб бештар аз кулли чамъияти Точикистон аст. Бо ин музахрафот хамкавмонамонро рам надех. Ром хам агар намекунй.
Такозои миллигароён аз «Миллат» ин аст, ки аз чохи махал саранчом берун ояд. Назарсанчии нотамоми ахир хам нишон медихад, ки чуз худатон дигар касе шуморо ба унвони як нашрияи миллй намешиносад. Саропои харзаномаатон буи махал медихад. Оё замони истифрок нест? Ман ки боло овардам.