Saturday, May 17, 2008

Two One-on-Ones with Zairov

Ду гуфтугуи хафта бо Зоиров

Дар хафтае, ки гузашт, Рахматуллох Зоиров – рахбари Хизби Сусиёл Демукроти Точикистон кахрамони матбуъот буд. Ду нашрияи чопи Душанбе хар кадом ду сафхаи худро аз у дарег надоштанд ва хар кадом саъй карданд мавзуъе чудогонаро бишикофанд. Чолиб ин чост, ки хар ду нашрия аз як урдугохи вохиди хамназаранд: «Миллат» ва «Нигох». Дар ин масоф «Нигох» пируз омад ва мусохибаи он мавзуъе равшантар ва хирфаитар ва пурсишхои чолишангези мантикитар дошт. Ба Далери Гуфрон шодбош мегуям.

Унвони гуфтугуи муфассали «Нигох» ба шархи зер аст: «Рахматилло Зойиров: Президент, маро танхо барои ду сол вазири адлия намоед!» Такондиханда ва гичкунанда барои касе, ки аз ин дархости рахбари мухолифон хабаре надошт. Аз ин ру бедиранг чалби таваччух мекунад.

Яке аз бехтарин пурсишхои Далери Гуфрон ин аст:

«Метавон тахмин зад, ки Рахматилло Зойиров аз мухолифати шадид хаста шуда, акнун рохи дигареро чустучу дорад. Ё шояд акнун аз дарун мубориза бурданист? Хамон гуна ки дар соли 2001 мушовири калони президент гардида, хизбашро дуюмбора ба кайд гирифту соли 2003 истеъфо дод...»

Албатта, Зоиров ба ин пурсиш посухи мустакиме намедихад ва рузноманигорро бо шиъорхои фаровоне таланбор мекунад, ба монанди ин ки «ман муборизаро ба «дохил» ё «берун» таксим намекунам ва формулаи «мубориза танхо барои мубориза»-ро инкор менамоям» ва гайра. Яъне дар вокеъ, рузноманигор посухи дакики пурсишашро намегирад ва исрор хам надорад, ки бигарад. Чун пурсиши баъдиаш комилан дар бораи чизи дигарест. Шояд ин танхо кутохии Далер буд.

Дар кул, аз ин мусохибаи хуб чунин бармеояд, ки Рахматуллох Зоиров ба ростй хостори тасаддии вазорати додгустарй барои 2 сол шудааст, то ислохотеро дар заминаи додрасй анчом дихад. Умедворй ба мувофикати Рахмон бо ин пешниход шояд то хадде содалавхй бошад. Рахбар дакикан аз хамон ислохоте метарсад, ки Зоиров мехохад пиёда кунад.

Аммо хондани мусохибаи «Миллат» бо Рахматуллох Зоиров итлофи вакт аст. Ба хар хол мо ба ин итлофи вакт тан додем, то бибинем лубби матлаб чист, ки дар нихоят хам чизе хосил нашуд чуз як мушт гаразварзихои музиёна, ки аз фосилаи байни сатрхои мусохиба ба хонанда шох мекашад. Бар хилофи «Нигох» «Миллат» сухбатхои Зоировро тавре пиёда карда буд, ки аз он камтар чизе гири кас меомад.

Мисли ин ки нашрия аз хоби зимистонй тоза бедор шуда бошад, ин пурсишро унвони матлаби худ карор додааст: «Зойиров дар Бадахшон гирдихамои мекунад. Чаро?»

Унвонро, ки хондам, тасаввурам ин буд, ки Зоиров дубора хостори баргузории тазохурот дар Бадахшон шудааст. Аммо нагу, ки достони порина аст ва аммо укдахои дустон дар «Миллат» дар ин бобат ногушуда монда будааст. Ба монанди аксари навиштахои «Миллат», ки буи ганди махалгаройи медиханд, ин мусохиба хам дар кул як паёмро илко мекунад: «Зойиров асолатан аз Узбакистон аст ва мехост аз хунгармии бадахшихо истифода кунад.»

Оре, хуни мо чунон гарм аст, ки давлат хар мавкеъ хавсала кард, чакке бар сари качаламон мезанаду садои касе дар намеояд.

Ба фехрести чандто пурсиши «Миллат» ба хангоми истинтоки Зойиров таваччух кунед, то мутаваччехи миллатсуз будани он шавед:

«Бигуед, ки чаро шумо барои баргузории гирдихамойи махз Бадахшонро интихоб кардед?» («Лутфан» рафта паи кораш-ЯД).

«Давлат Худоназаров шуморо махкум кард, ки дар Бадахшон мехохед гирдихамойи бигузаронед ва шумо аз хунгармии ин мардум мехохед суиистифода кунед.»

«Магар намешуд, ки шумо дар Узбакистон барои хукуки башар мубориза мекардед ва шояд ончо муътабартар шинохта мешудед?»

Ногуфта намонад, ки Муътабар Точибоева, аз мудофеъони барчастаи хукуки башари Узбакистон хамчунон дар зиндон аст, бо ин ки ахиран Дидбони Хукуки Башар таъаллуки чоизаи соли Мортин Эннолз ба ин зани шучоъро эълом кард.

Аммо «Миллат» бо пурсишхои мукаррараш гуё мехохад Рахматуллох Зоировро аз ватане, ки писандидааст, берун биандозад ва боз мегуяд:

«Бубинед, махз хамин чихати масъала хаст, ки бархе ба фаъолияти шумо бо шубха назар мекунанд. Зеро шумо имконоти зиёде доред, ки хорича биравед ва зиндагии хубтаре дошта бошед...»

Хорича? Кучо? Узбакистон? Зиндагии бехтар? Чи гуна? Дар зиндон? Ё пазируфтани кавмияти «узбак»?

Ва он «бархе» кй хастанд, ки ба фаъъолияти Зоиров бо шубха назар мекунанд? Давлати Рахмон ё рахмониёнистхои «Миллат»?

Зоиров бо хазор иллаву билла мехохад собит кунад, ки точики Тошканд аст ва ин ки шумори точикхои Тошканд бештар аз точикони Душанбе аст. Вале «Миллат» намехохад точик будани уро дарк кунад ва хавосаш сад дарсад банди махал аст ва боз музиёна мепурсад:

«Шумо дар Точикистон аз таборон киро доред?»

Ва дубора аз Тошканд канда мешаваду ба Бадахшон мечаспад:

«Мухтор эълом кардани Бадахшон дар Точикистон чй зарурат дошт ва имруз ба он зарурат хаст?»

Ва бозпас ба пурсиши нахусти худ бармегардад:

«Ва боз хам чаро шумо мавкеъи гирдихамойи на Душанбе, балки Хоругро интихоб кардед?»

Рахматуллох Зоиров бо хазор баён мехохад ба «Миллат» тавзех дихад, ки «бобои азиз, мо дар Бадахшон хам шуъбае дорем, ки бисёр фаъол аст», аммо фоидае надорад. Бархурди «Миллат» бо ин мавзуъ таврест, ки гуё Бадахшон як кишвари дигар аст ва як хизби хоричй мехохад он чо барномае анчом дихад. Хизбхои сиёсии Русия як руз дар Волгограду рузи дигар дар Петерзбург барномахои сиёсй анчом медиханд, аммо касе аз ин пурсишхои масхара намекунад. Дар Точикистон, агар бихохед нонатонро аз Душанбе на, балки аз нохияи Рудакй бихаред, шояд мавриди пурсучу вокеъ шавед.

Дар кишваре, ки ба дарки мафхуми «миллат» расидааст, як хизби сиёсии саросарй хак дорад дар саросари кишвар барномахои сиёсй анчом дихад. Ту чаро дардашро мекашй? Магар карор буд бисоти тазохурот аз Душанбе ба Хоруг кашонда шавад? Магар намешунавй, ки рахбари хизб дар хамон огози гуфтугу мегуяд, ки баргузории тазохуротро аъзои хизб дар Бадахшон пешниход карда буданд? Барои чй ба хамаи руйдодхо бояд аз сурохи танги девори кишлок нигох кунй? Барои чй бояд аз Зоиров бипурсй, ки «чаро нахостед тазохуротро дар Хучанд баргузор кунед?» Дар фаъъолияти сиёсии Зоиров хазорон нуктаи мавриди суолро метавон ёфт. Чаро бояд махалли у бештар аз хама чалби таваччух кунад? Дарди сахт аст он чизе, ки озорат медихад? Хакко, ки бехадду худуд сахт аст.

«Миллат», ки номе бемусаммо дорй. Ин нуктаро сахт ба гуши хушат биспор, ки шумори точикони Узбакистон ба маротиб бештар аз кулли чамъияти Точикистон аст. Бо ин музахрафот хамкавмонамонро рам надех. Ром хам агар намекунй.

Такозои миллигароён аз «Миллат» ин аст, ки аз чохи махал саранчом берун ояд. Назарсанчии нотамоми ахир хам нишон медихад, ки чуз худатон дигар касе шуморо ба унвони як нашрияи миллй намешиносад. Саропои харзаномаатон буи махал медихад. Оё замони истифрок нест? Ман ки боло овардам.

7 comments:

Anonymous said...

Аҳсанту офарин, хеле кандукови чолибест ва чашми мардумро ба бозихои нотавонбинонаву муғризонаи ҳарзанома боз мекунад.

Банда ба "Миллат" бисёр бовар ва парастиш доштам. Акнун, пас аз чандин рўйдод ба натичае расидам, ки ҳайфи номи зебо ба ин нашрия. Ё бояд ин ном иваз шавад, ҳатто бо талаби мақомоти адлия ё фарҳанги кишвар ва ё нашрия бояд роҳи покеро дар пеш бигирад.

Аз як мусохибаи дигари кормандони ин нашрия пурсише дар ёдам монда, ки журналист метавонад, баъзан дурўғ гўяд, аммо адиб харгиз. Ин ба назарам шиъори "Миллат" аст ва набояд, бисёре аз навиштаҳои онро хакикат пиндошт.

Ба назарам, як созмоне зарур аст, кажравихо ва ғалатҳои фоҳиши расонаҳои ҳамагонй дар Точикистонро дунбол ва ошкор кунад. Зеро аз дарёфти мавориди хамсон метавон дар бораи шеваи кор ва ахдофи онон натичагирй кард.

Дар Точикистон даҳҳо созмони хифзи хукуки журналистон таъсис ёфтааст, аммо як созмони хифзи чомеъа аз журналистон вучуд надорад.

Пештар мо дар хар кучо ки бошем аз хар гуна хамла ба матбуъоти кишвар даххо созмони байнулмилалиро ба танг меовардем, ки ба химоят аз журналистони точик бархезанд. Дар оянда бояд дид, ки оё онхо сазовори чунин химоят хастанд ё на.

D said...

Точвари гиромй,

Сипос аз зикри он нуктаи мухим дар бораи эътикоди ин харзанома ба мучоз будани дуруггуйи тавассути як рузноманигор. Дар холе ки рузноманигорй наметавонад чизе чуз вокеъанигорй бошад.

Аз ин нуктаи шумо хам хушам омад, ки мо ба химояти чомеъа аз "журнолистон" ниёз дорем. Ба вижа "журнолистон"-е, ки дуруг гуфтанро мучоз бидонанд. "Миллат" дар холи пора-пора кардани миллат аст. Тайи чанд мохи ахир мушохида шуд, ки он мавзуъи махалро доман мезанад ва харзаномахои дигар, ба монанди "Фараж" ва "Нигох" онро хамрохй мекунанд. Аммо кори "Миллат" биёр хисобшуда аст ва номи он дуруст хилофи хадафхояш аст.

Хамаи навиштахои зиёнбори "Миллат" гирдоварй хохад шуд ва ба дар сурати идомаи ин навъи фаъъолият, дуругпароканй ва миллатсузй расман такозо хохад шуд, ки номи он ба "Махал" иваз шавад. Номе, ки барояш бисёр муносибу бомусаммост. Агар нашуд, расман такозо хохад шуд, ки хамаи харзаномахои Точикистон, ба вижа "Миллат" ва "Фараж", баста шаванд, то чомеъа аз дасташон нафасе осуда бикашад. Ва хар нашрияе, ки дам аз бартарии махаллй мезанад, ба монанди як гуддаи саратонй бояд билофосила хунсо шавад. Дар ин маврид ман хаводори озодии чомеъаи мазлум аз дасти матбуъоти золим хастам, ки барномахои пушидаи давлати махалгароро зери номи баланди "Миллат" бо олудани номи поки Рузноманигор дар сатхи чомеъа пиёда мекунад. "Миллат" ношири афкори махалгароёнаи давлат дар Точикистон аст ва чузъи матбуъоти озоди мо нест.

Anonymous said...

Оне ки як точики аслаш Узбакистони(-и имруза) ин кадар фаъол дар хаети сиесии чамъият аст, худ бозгуи хол аст. Мо бояд намояндахои точикони самаркандиву бухорои ва фаргонагиву тошкандиро дар кишвар кадр кунем, зеро онон маданияти баландтаре доранд, ки омухтанист ва доштани кадри эшон шуълаи умеди точикони ончоро фурузон медорад.
Аслан, ба фикрам кавмхои мугули лакайу кунгурот ва амсоли инхоро казок бояд навишт ва ба Казокистони бародар равон кард ки талабгор аст. Дар иваз дарро ба руи точикони Узбакистон боз карда ба эшон тамоми имкону ериро бояд дод то ба Точикистон кучанд.
Дар таксим кардани Афгонистон бояд кушиш ба харч дод, то Афгонистони Шимоли ташкил шавад, ки макони точикон бошад. Бигузор дар чануби он тамоми кавмхои пашту ва покистони ба хурдани хам давом диханд.
Орзухои зебо!

Anonymous said...

P.S. Ба дорандагони паспорти Узбакистон, ки миллаташон точик сабт шуда, вуруди бераводид ба Точикистон эълон карда шавад.

D said...

Фаридуни гиромй,

Аз пешниходи охират ба шиддат химоят мекунам. Хар касе, ки дар шиносномааш точик сабти ном шуда ё порсй забони модариаш аст, бояд барои вуруд ба Точикистон ба раводид ниёзе надошта бошад.

Anonymous said...

Дареғо, ки на чашми биноесту на гуши шунавое!

Ман ҳам аз пешниходи Фаридуни азиз пуштибонй мекунам, аммо чи суд?

Гурухе бо дастури хукуматдорон ба шиддат талош дорад, Зоировро ё аз сиёсат дилсард кунад ва ё ба Узбакистон биронад, он гуна ки ин хукумат 2 миллион точикро ба хорич ронда, дар чои онхо нукарони чиноиро сохиби Точикистон кардааст.

Намешунавед, чи микдор сагоне имруз дар ватан ак ак мекунанд, то ҳар точики баномус ватанро тарк кунад ва чои онхо васеътар шавад.

Намебинед, ин хукумат хатто ба точикони Афгонистон, ки дар ин мулк паноҳанда шудаанд, хакки панохандагй намедихад.

D said...

Шояд бояд гуруххои миллии фишорро таквият кард, то дар кишвар садои кавитаре баланд кунанд. Ин андешахо бояд беш аз пеш дар матбуъоти Точикистон бозтоб ёбад. Бо ин ки дунболи матбуъоти миллй бо заррабин бояд гашт, аммо навмедй бузургтарин душмани хар чунбишест.

Рохи дигар метавонад интишори як нашрияи миллй дар Точикистон бошад. Агар нерухои миллй даст ба яке кунанд, ин орзу бароварда хохад шуд.