Натичахои раъйгирии ахири Як Дарвешро метавонед зери ин матлаб бибинед. Раъйгирй аз истикболи бесобикаи хонандагони торнигори кучаки мо бархурдор буд. 24 тан руи дугмаи мушвора фишор доданду интихоби худро аланй карданд. Бароянд хамин аст, ки мебинем: ба бовари аксарият (15 тан – 62 дарсад), дар Точикистон нашрияи миллй вучуд надорад. Албатта, дарсади ин афрод то охирин соъоти раъйгирй бештар аз 70 буд. Аммо 4-5 соъат монда ба поёни раъйгирй шумори хаводорони «Миллат» дарсади мункирони нашрияи миллиро камтар кард. Хафт тан (29 дарсад) муътакиданд, ки нашрияи «Миллат» холу хавои миллй дорад. Аз изхори назари эшон беандоза сипосгузорам. Мусалламан, унвони нашрия миллй хаст, аммо дар мавриди мухтавои он шояд лозим аст андаке тааммул ба харч дихем.
Як Дарвеш борхо матолиби «Миллат»-ро дакикан ба хотири танокузи онхо бо ному ормони эъломшудаи нашрия зери заррабин бурдааст. Шигифт ин чост, ки хатто дар як маврид аз ин хафт хонандаи шарифи торнигор як назари мухолиф дарёфт нашудааст, ки лоакал бигуянд, харфи мо кизби махз аст ва галати моро бо намунахо собит кунанд. Аз ин даста аз хонандагон хохишмандам, ки як бори дигар ба чанд матлаби мушикофишудаи «Миллат» назаре биандозанд ва галати моро ошкоро бигуянд:
Бадахшон: Митинг нашуд, аммо мушкил боқист
How to Become a Thinker?
Persian Poets Under Millat Attack
Two One-on-Ones with Zairov
Ва албатта, чандин матлаби дигар аз Рахмониёну амсолихум ва химояти сардабири «Миллат» аз гумоназанихои Рахмониён ва гайра. Лутфан бинависед, ки чавхари миллии он навиштахо кучои он нухуфта аст.
Гуфтугуи Ошкори Би-Би-Си дар бораи Афруз
Чанд шаб пеш ба Гуфтугуи Ошкори Би-Би-Си бо Адолати Мирзо – сардабири «Миллат» ва раиси Анчумани байнулмилалии рузноманигорони форсизабон гуш медодам. Чолиб буд ва аз пеш забташ карда будам. Аммо боз хам пурсишхоеро бармеангехт.
Пеш аз хама шодбоши мучаддад бо сабти номи ин анчуман, ки дар вокеъ орзуи деринаи мо буда ва хаст. Бо ин ки ин орзу, бар хилофи гуфтаи Адолат, ба «хазорон сол» кад намедихад, аммо ба ростй умри дарозе дорад. Лекин оё метавон акнун гуфт, ки орзуи мо бароварда шудааст? Адолат мегуяд:
«Мо раванди таъсиси филиалхо ва ё намояндагихои худамонро дар саросари дунё ва он нуктахое, ки форсизабонон ба сар мебаранд, хамчунин дар худи дохили Точикистон, дар вилоятхои Хатлону Сугду Бадахшону дигар манотик дар назар хохем дошт.»
Зебосту сутуданй. Аммо фикр намекунед, ки ин орзуи баланд вусъати назар мехохад? Оё хозиред бигуед, ки хамаи порсизабононро, катъи назар аз буриши чашму лахчаи машкукашон, ба огуши гарми ин анчуман хохед гирифт? Оё омодаед, ки ба тамоми навиштахои нобахакки худ дар гузашта (тозатаринаш дар хафтаи гузашта буд) хатти бутлон бикашед ва дар миёни нашрияхои махалгарои Точикистон парчами Миллатро баланд кунед? Худо шохид аст, бо нахустин нишонаи миллй шудани «Миллат» он хакикатро бо садои баланд хамин Як Дарвеш чор хохад зад. Вале хамчунон чашмбароху гушбазанги тагйир дар хатти машйи шумо хастем.
Адолат мегуяд:
«Хадафи мо хадафи хамгаройи аст ва анчумани мо як анчумани байнулмилалии фархангй аст, ки мо метавонем на танхо рузноманигорони форсизабонро дар ин анчуманамон фаро бигирем, балки, чун агар анчуманамон тавонмандй пайдо кунад, мо дар назар дорем ин анчуманро ба як анчумани байнулмилалии саросарй табдил бидихем. Яъне таъассуби мо руи забон нест. Мо метавонем, ки клосхое, ки мегузорем, хам ба инглисй бошад, хам ба форсй бошад, хам ба куллия забонхои матрахи дунёи дигар бошад.»
Номи комили ин ташаккул Анчумани Байнулмилалии Рузноманигорони Форсизабон – «Афруз» аст, дуруст? Пас танхо чизе, ки карор аст аъзои онро бо хам пайванд дихад, забони муштараки порсист. Агар вокеъбин бошем, медонем, ки ба куллия забонхои матрахи чахон харгиз давра баргузор нахохем кард. Пас бехтар аст тамаркуз руи хамин забони вомонда бошад. Инглисй рохи худашро бидуни мову шумо хам пайдо мекунад ва зарурате ба чахонватанй шудани мо феълан вучуд надорад. Чахон инсичоми аъзоеро мехохад, ки нахуст ба дарки худй расида бошанд. Лутфан таъкидатонро руи арзишхои фархангй ва танхо фархангии порсизабонон бигзоред. Ин чизест, ки ному ормони эъломшудаи анчуман эчоб мекунад.
Адолат бар ин бовар аст, ки миёни рузноманигорон,
«бинишхо хамеша яксон мешаванд. Шояд идеулужй фарк мекунад. Яъне идеологияи як кишвар аз дигар кишвархо фарк мекунад. Вале хирфайи будан дар журналистика, ман фикр намекунам, ки хеч идеулужие битавонад ба ин чиз халал ворид бикунад.»
Агар бинишхо фарк намекарданд, бахси мо хам то ба ин чо намерасид. Бинишхо ба шиддат фарк мекунанд. Биниши яке порсии ноб аст, дигарй аз манзари махал ба казоё нигох мекунад, ки «Миллат» ва аксари нашрияхои Точикистон то кунун ойинаи тамомнамои он будаанд. Пас лутфан бинишро миллй кунед.
Адолат бо зикри хикмате сутуданй мегуяд:
«Мегуянд, ки имон дар чое кавй мешавад, ки беимонй вучуд дорад... Ононе, ки аз лихози хирфайи дар Точикистон дастболо хастанд, бештар дар расонахои хабарии хоричй побанд хастанд... Шояд маъоши кам метавонад хабарнигорони хирфаиро аз расонахои дохилй канор бибарад.»
Чумлаи охирро мешуд идома дод. Шояд гаразварзихои шахсию махаллй боъиси дур уфтодани бархе аз рузноманигорон мешавад. Вагарна шумори андаке рузноманигор дар Точикистоне кучак чи гуна наметавонанд даст ба яке шаванду нашрияи миллии дархури таваччухе бисозанд? Пас боз хам ниёзи аввалия хамон аст, ки гуфтем: тарки биниши танги махаллй ва истикбол аз вахдати миллй.
Аз ин нуктае, ки Адолат таъкид кард, хушам омад:
«Забонро надонистан боъис шудааст, ки мо имруз гирифтори мушкилоти баёни андешаамон дар матбуъоти Точикистон шавем.»
Хакикати ноб. Бе бирав-баргашт. Аммо тасбити забони солим хам диди миллй мехохад. Пофишорихои бечихат руи нахваи баёни як махал монеъ аз ташаккули забони солими миллй мешавад.
Анчумани хушноми «АФРуз» (Анчумани Фархангии РУЗноманигорон) касд дорад торнамову нашрияхое дошта бошад. Аз хамин холо бархе аз дустони хубам дастбакори ин амри мухим хастанд ва гох-гудоре дар ин бора сухбатхое мекунем. Бо хулуси ният ва бидуни кинаварзихо, ки бароям бегона аст. Аммо нигаронии дарунии мо бештар мутаваччехи Душанбе аст, то Ландану Техрону Кобул.
Оё ин бори гарон шонахои заъифи махаллии моро нахохад шикаст? Мо дар даруни Точикистон аз худ чй симое ба намоиш гузоштаем, ки акнун бихохем хамкавмони бурунмарзиро ба тамошои он фаро бихонем? Замоне ки тавхину носазо ба бузургони порсигу сафахоти нашрияхои моро ба таври хафтагй пур мекунад, интизор аз ин анчуман чй метавонад бошад? Як нигох ба фехрести аъзои аввалияи анчуман вусъати гирифториро ошкор мекунад. Раёсати анчуман мустакар дар Душанбе аст – шахре, ки аз хаёхуи махалгароёни порсигу ба сутух омадааст ва ин васат худро гум карда. Оё нашрияхои махалгаро пушаймон хоханд шуд ва рохи инсофу миллиятро пешаи худ хоханд кард?
Ба хар хол, орзу, ки намемирад.
PS. Дар гузашта танхо номи нашрия буд, ки моро ба печидан ба дасту пои "Миллат" вомедошт. Акнун номи баланди Анчумани Рузноманигорони Форсизабон бори масъулияти сангинтареро ба шонахои "Миллат"-дорон андохта ва хатти машйи он беш аз пеш тачзияву тахлил хохад шуд. Умед аст, ки эшон хам мутаваччехи ин вокеъият бошанд ва аз ин ба баъд дар чоддаи Миллат гом биниханд. Ва мо хам ба соири миллатсузон бипардозем.
1 comment:
Аз хомиёни "Миллат" (ки зохиран дар миёни мо 7 тананд) хабаре нашуд. Дарег. Аммо сукут маъмулан ба маънои ризоят аст, ки онро ба фоли нек мегирем.
Post a Comment