Thursday, May 15, 2008

Thus Spoke Nazarbayev

Чунин гуфт Назарбоев

Гузориши Брус Панниерро тарчума мекардаму чорае чуз лаб газидан надоштам. Матлаби нисбатан чомеъу хубест дар бораи дидори ахири Эмомъалии Рахмон аз Казокистон. Аммо рагахои хакорат дар хилоли ин навишта ба хадде барчаста аст, ки чашми касро месузонад. Хар чашмеро на, албатта. Чашми точикро.

Брус мегуяд, ки нафтро хам метавон бо об даромехт. Коре, ки дар дунёи вокеъй шуданй нест. Аммо ин як таъбири мачозй аст. «Нафт» Казокистон асту «об» Точикистон. «Даромехтан»-и ин ду ба маънои хамкории ду кишвар бо чашми оз ба дороихои хамдигар аст, ки заминаи ин хамкорихост. Аммо бо андаке бузургнамойи ё муболига метавон иддаъо кард, ки ин чустори ковишй (тахлилй) дар як таъбир хулоса мешавад: «хории Точикистон».

Замоне буд, ки Узбакистон мехост иттиходе бо номи Туркистон эчод кунад, ки хамаи кишвархои Осиёи Миёнаро дарбар бигирад. Точикистон саркашй кард ва сазовори ситоиши миллигароён шуд. Пайвастани Точикистон ба иттиходе бо чунин номи нажодпарастона ба масобехи чакондани як катра ранги сапед дар як пиёлаи саршор аз ранги сиёх буд: сапедй дар он гум мешавад.

Вале ин бор Эмомъалии Рахмон талвехан (пушида) гуфтааст, ки аз тархи Остона барои ташкили як иттиходи минтакайи дар Осиёи Миёна химоят мекунад. Брус ишора мекунад, ки дигар чи хам бояд мегуфт? Ниёзманд, ки хакки интихоби чандоне надорад. Албатта, пешниходи Нурсултон Назарбоев ба маротиб окилонатар аз тархи бузургманишонаи Каримов аст, бо ин ки дар нихояти кор бартарии Казокистон бар дигар кишвархои минтакаро расман собит хохад кард. Бо он хама шукуфойи хак хам дорад. Брус мегуяд: «Сармоя обруву эътибор меоварад».

Брус Панниер ишораи дигаре хам ба ниёзмандии муфрати Рахмон дорад ва мегуяд, ки у ба бахонаи «бехбудии равобити дутарафа», аммо дар вокеъ барои дарёфти кумаки иктисодй аз хамсояи дорову нафтхезаш ба Остона рафтааст.

Тавофукхои шохона

Такрибан хамаи тавофукномахои имзошуда Точикистонро дар макоми як кишвари бечораву мухточ ва Казокистонро дар чойгохи як кишвари тавонманду накукор тарсим мекунад. Назарбоев бо сари баланду садои расо дар нишасти хабарй эълом кард, ки аз кумак ба Точикистон шона холй намекунад:

«Мо имруз ба тавофук расидем, ки хар чи зудтар як сандуки сармоягузорихои казокй-точикй гушоиш дихем. Тарафи казокй ба ин сандук 100 милюн дулор ворез хохад кард. Бо истифода аз ин маблаг дар Точикистон тарххои тоза ва муштарак рохандозй хоханд шуд.»

Сандук зохиран муштарак аст, аммо аз сахми Точикистон дар пур кардани он хабаре нест. Ва наметавонист хам бошад.

Нурсултон Назарбоев бо ваъдахои фаровони бештар чехраи абусу гирифтаи Рахмонро андаке боз кард. Хамааш сухбат аз кумакхои Казокистони хушбахт ба Точикистони бадбахт буд. Мухимтарин нуктаи ваъдахои рахбари казок, ки ба Рахмон умедхои обй ё оби умедворй дод, марбут ба танхо дороии фаровони Точикистон мешуд: об:

«Мо ба манобеъи барки обии Точикистон алокамандем. Имруз мо тавофук кардем, ки агар карор аст дар истгохи барки обии Рогун як кунсерсиюм кор бикунад, Казокистон низ дар он хузур хохад дошт ва масолех хохад дод ва ба унвони сармоягузор низ кумак хохад кард. Мо хамчунин ба дигар тарххои эхдоси ниругоххои обй алока дорем; мо алокамандем хутути интиколи барк аз тарики Киргизистон ба Казокистон кашида шавад, то аз кишвари шумо барк харидорй кунем.»

Дар хамин чо буд, ки сари хамидаи рахбари Точикистон андаке баланд шуду, ба таъбири мардумй, рахбар «курта-курта гушт гирифта фиссод.»

Ин нукта хам хуб аст, ки Казокистону Точикистон дар мавриди Узбакистон шигирди рохбурдй (стратегический маневр)-и муштаракеро ихтиёр кардаанд. Карор аст хутути барк на аз тарики замини софу хамвори Узбакистон, балки аз куху теппахои Помиру Тиёншон ба Казокистон биравад. Узбакистон хамасола ба вижа дар фасли зимистон «дустй»-и бехадду хасрашро ба Точикистон баён мекунад ва хамон вобастагй кофист. Шояд аз ин тарик битавон инхисори манобеъи энержй тавассути Узбакистонро шикаст дод. Пас ин нукта аз мавориди нодири гузориш аст, ки ба хонандаи точик хам «курта-курта гушт дода бурафт.» Аммо чуртамон чое мешиканад, ки Брус тасрех мекунад, ки пешниходи канор гузоштани Узбакистон хам назари Назарбоев аст, на касе дигар. Нагмаро пулдор супориш мекунад, мусалламан. Ва чи нагмаи маргубе!

Як такони шодиафзои дигар омодагии Казокистон дар сармоягузорй дар неругохи Рогун аст, ки як навъ чашму хамчашмии Казокистон бо Русияро нишон медихад. Дар холе ки русхо аслан моил нестанд ин неругох ба дилхохи точикхо сохта шавад, казокхо бепарво эълом мекунанд, ки дар сохтани неругох дасти ёрй дароз хоханд кард. Чизе чуз сипос надорем, ки нисори казокхо кунем. Албатта, бад-ин гуна Казокистон дар Точикистон манофеъи калони иктисодй пайдо хохад кард.

Илтимос

Яке аз карехтарин сахнахо замоне фаро расид, ки Эмомъалии Рахмон аз Нурсултон Назарбоев илтимос кард, то бар хилофи фармони чадиди раисичумхурии Казокистон ба Точикистон галла бифурушад. Бо таваччух ба кахтие, ки имсол чахонро тахдид мекунад, Казокистон хирадмандона тасмим гирифтааст то якуми септомбри 2008 ба хеч бегонае галла нафурушад, то мардуми худаш гурусна намонанд. (Мукоиса кунед бо даврае, ки пирону навзодони точик дар сармо мемурданду Точикистон барки набудаашро ба хорич содир мекард). Брус Панниер вокуниши Нурсултон Назарбоев ба илтимоси Эмомъалии Рахмонро ин гуна тасвир мекунад:

«Зохиран илтимоси Рахмон барои муъофияти Точикистон аз мамнуъияти содироти галлаи казокй Назарбоевро ба риккат овард, аммо рахбари Казокистон ваъдаи газофе хам накард ва гуфт: «Мо бисёр моилем, ки ба хамсояамон Точикистон гандум содир кунем ва албатта, дар нахустин фурсати мумкин ин корро хохем кард. Ман ин мавзуъро (бо Рахмон) каблан баррасй кардам. Мамнуъияти содироти галла то мавсими ояндаи бардошти махсул, яъне то якуми септомбр (сентябр) идома хохад дошт ва табъан, он гох мо пеш аз хама ба Точикистон гандум хохем фиристод.»

Яъне дар вокеъ, рахбари казок бо матонат ва муаддабона илтимоси рахбари точикро рад кард ва ба таври гайримустаким гуфт: «Чурачон, ичада через-перез намеша. Закон есть закон.»

Кутохсухан,

...дидори Назарбоев ва Рахмон дидори башиддат дустонаи Шоху Гадои Осиёи Миёна буд: доротарин кишвар ва надортарини он.

Сахнае, ки тарсим шуд, чунин буд: Казокистон бо шитоб бар эрикаи кудрати минтака менишинад ва лагомдоронаш Киргизистону Точикистон хастанд. Адуи саркашу магрур Узбакистон аст, ки бо пурруйи дар пойтахти Казокистон дар хузури ракибаш эълом кард: «Кишвари ман харгиз узви чунин иттиходе нахохад шуд.» Аммо акнун узбакхо дар акаллиятанд ва хаводорони Казокистон дар аксарият ва саманди казокхо тундтар метозад. Моем, ки хануз харамон асп нашудааст.

No comments: