Thursday, May 21, 2020

Як рӯзи сиёҳи дигар аз ҷинси куруно

11/05/2020

یک روز سیاه دیگر از جنس کرونا.
همین چند ساعت پیش یک دوست خوبم در فرخار تاجیکستان درگذشت. از افسران مرزبانی بود. همسرش مشکل کلیه داشت. جویای حالش شدیم. گفتند او پیشتر جان به جان‌آفرین سپرده؛ همین سه روز پیش. هر دو حدود ۴۰ سال داشتند.
و همین امروز شنیدم که دیروز یک همسایه خوب و خوشنام‌مان در دوشنبه درگذشته است. خانم بسیار مهربان و دوست‌داشتنی بود که از بچگی او را به یاد داشتم. پرستار محله بود. ۵۳ سال داشت. پسرش در آمریکا هنوز به سنگینی مصیبتی که بر شانه‌هایش فرو غلطیده، باور نمی‌کند. و بازگشتش به دوشنبه هم فائده‌ای ندارد. پیکر مادرش پیچیده در پلاستیک بی‌درنگ به محلی نامعلوم برده شد.
دو همسایه دیرینه‌سال دیگرمان در دوشنبه، در یک ساختمان واحد، بستری‌اند؛ با نشانگان شدید کووید-۱۹. شوهر یکی از آنها که خود پزشک است، حدود سه هفته پیش از کووید درگذشت. دخترشان در خُجند هم مبتلاست.
امروز در شهرستان فَلغَر هم یکی از خویشاوندان دورمان به کام کووید رفت.
یعنی از میان یاران و آشنایان من در همین دو روز گذشته سه تن بر اثر ابتلا به کووید-۱۹ جان داده‌اند. از فیس‌بوک می‌شود خبر درگذشت نابهنگام ده‌ها تن دیگر ظرف دو روز گذشته را خواند. اما آمار رسمی تاجیکستان همچنان می‌گوید در دو روز اخیر در سراسر کشور تنها یک تن بر اثر ابتلا به کووید-۱۹ جان داده است! رنگ بین و حال پُرس...
از این‌جاست که داریوش بزرگ هخامنشی در نیاشش از اهورامزدا خواسته بود کشورش را از خشک‌سالی، حمله دشمن و دروغ نگه دارد. دروغ، مادر بلایای دیگر است.


11/05/2020
Як рӯзи сиёҳи дигар аз ҷинси куруно. 
Ҳамин чанд соъат пеш як дӯсти хубам аз Фархор даргузашт. Аз афсарони марзбонӣ буд. Ҳамсараш мушкили кулия (гурда) дошт. Ҷӯёи ҳолаш шудем. Гуфтанд, ӯ пештар ҷон ба ҷонофарин супурда; ҳамин се рӯз пеш. Ҳар ду ҳудуди 40 сол доштанд. 
Ва ҳамин имрӯз шунидам, ки дирӯз як ҳамсояи хубу хушномамон дар Душанбе даргузаштааст. Хонуми бисёр меҳрубону дӯстдоштанӣ буд, ки аз бачагӣ ӯро ба ёд доштам. Парастори маҳалла буд. 53 сол дошт. Писараш дар Омрико ҳанӯз ба сангинии мусибате, ки бар шонаҳояш фурӯ ғалтида, бовар намекунад. Ва бозгашташ ба Душанбе ҳам фоидае надорад. Пайкари модараш печида дар плостик бедиранг ба маҳалле номаълум бурда шуд. 
Ду ҳамсояи деринасоли дигарамон дар Душанбе, дар як сохтмони воҳид, бистарианд; бо нишонгони шадиди Кувид-19. Шавҳари яке аз онҳо, ки худ пизишк аст, ҳудуди се ҳафта пеш аз Кувид даргузашт. Духтарашон дар Хуҷанд ҳам мубталост.
Имрӯз дар Фалғар ҳам яке аз хешовандони дурамон ба коми Кувид рафт.
Яъне аз миёни ёрону ошноёни ман дар ҳамин ду рӯзи гузашта се тан бар асари ибтило ба Кувид-19 ҷон додаанд. Аз Фейсбук мешавад хабари даргузашти нобаҳангоми даҳҳо тани дигар зарфи ду рӯзи гузаштаро хонд. Аммо омори расмии Тоҷикистон ҳамчунон мегӯяд, дар ду рӯзи ахир дар саросари кишвар танҳо 1 тан бар асари ибтило ба Кувид-19 ҷон додааст! Ранг бину ҳол пурс...
Аз ин ҷост, ки Дориюши Бузурги Ҳахоманишӣ дар ниёшаш аз Аҳуромаздо хоста буд, кишварашро аз хушксолӣ, ҳамлаи душман ва дурӯғ нигаҳ дорад. Дурӯғ модари балоёи дигар аст.

Посухи дуктур Амини Муқаддам ба пурсишҳои шумо дар бораи Covid-19



Матни посухҳои дуктур Амини Муқаддам, эминишинос ва пизишк дар Оксфурди Инглистон ба пурсишҳои аъзои гурӯҳи фейсбукии "Covid-19: Тоҷикистон" ва мардуми сарзаминамон
18.05.20

Бо салом ба мухотабони ъазизи ин барнома. Ман Амини Муқаддам, эминишинос ва пизишк, қарор аст, ки ба суолҳои Шумо дар бораи Кувиди 19 ва вируси куруно дар тӯли ин барнома посух бидиҳам. Ман саъй мекунам посухҳо мухтасар бошад, то битавонам ба теъдоди бештаре аз суолҳо ҷавоб бидиҳам.

Пурсиши 1
Мадинаи Юсуфзода пурсидаанд: “Оё касе, ки бемории Кувиди 19 дорад ва батамом шифо наёфтааст, метавонад аз бемори дигаре вируси бештар дарёфт кунад ва ҳолаш бадтар шавад?”
Дар кулл посух “На” аст. То он ҷое, ки мо медонем, бадани мубтало дар муқобили вируси куруно як эминӣ эҷод мекунад, ки ин эминӣ маъмулан дар тӯли 20 рӯз ба ҳадди аксари худ мерасад. Ва беморон маъмулан, пас аз ин ки шифо пайдо карданд, ин эминиро доранд. Ин эминӣ боъиси он мешавад, ки вирус вақте дубора вориди бадан бишавад, ё дигар наметавонад ъуфунат (инфекция) эҷод кунад ё ин ки агар ъуфунат эҷод кунад, эҳтимолан ъуфунати бисёр хафифтар (сабуктар)-ест ё ҳатто беъаломат. 
Дар тӯли беморӣ системи эминӣ (“иммунитет”)-и бадан илтиҳоб (“воспаление”)-и зиёде эҷод карда ва маъмулан шароит барои вирусҳои ҷадид муносиб нест. Албатта, бояд бигӯям, ин чизест, ки таҳқиқ бар он ҳанӯз идома дорад. Ва дар ҳоли ҳозир чизеро, ки мо пешниҳод мекунем, ин аст, ки вақте касе бемор аст, бо афроди дигар ҳеч иртиботе надошта бошад.
***
Пурсиши 2
Паймон Боеф мепурсанд: “Мехостам бидонам, ки тафовути байни куруно ва зуком чист”.
Чизе, ки мо “зуком” меномем, шуморе бемориҳои танаффусӣ (нафасӣ)-и марбут ба дастгоҳи танаффусии фавқонӣ (болоӣ) ҳастанд. Яъне бинӣ, гулӯ, ҳалқ ва шояд як миқдор аз қисмати болои бруншҳо (“бронхи”). Инҳо тавассути вирусҳои мухталифе эҷод мешавад, мисли вируси сармохурдагӣ. 
Вирусҳои сармохурдагӣ худашон аз хонаводаҳои мухталифанд. Яке аз ин хонаводаҳо вирусҳои дастаи куруно (corona) ҳастанд. Аммо бояд таваҷҷуҳ дошта бошем, ки вируси курунои ахир (яъне вирусе, ки бемории Кувиди 19-ро эҷод мекунад ва мо ба он SARS-CoV-2 мегӯем) нисбат ба вирусҳое, ки сармохурдагию зукомро эҷод мекунанд, мутафовит аст. Бино бар ин, дар ин беморӣ, агарчи мумкин аст баъзеҳо фақат ъаломатҳои сармохурдагӣ ва зукомро нишон диҳанд, бисёре аз афроди дигар мумкин аст ъаломатҳои ъуфунат (“инфекция”)-и риявӣ (шуш)-ро ҳам нишон диҳанд ё шояд ҳатто ъуфунати системикро; ба гунае, ки тамоми бадан дучори мушкилоти гуногун шавад. Аммо ҳудуди 80 дарсади афрод бемории хафиф (сабук)-е мегиранд ва чи басо касе, ки бемориро хафиф гирифта, ба назар меояд фақат як зуком гирифта бошад. 
***
Пурсиши 3
Сурӯши Солеҳ пурсидаанд: “Вируси куруно дар баробари гармову сармо чи вокунише дорад ва то чанд дараҷаи дамои ҳаво зинда мемонад?”
Бар асоси таҳқиқоте, ки рӯи вирусҳои мушобеҳ (ҳамонанд)-и куруно (мисли вируси онфлуонзо (грипп) ё куруноҳои сармохурдагӣ) ва бархе таҳқиқоте, ки ҳудуди ду-се моҳи ахир рӯи худи вируси курунои ҷадид анҷом шуда, мо шуморе шавоҳид дорем, ки нишон медиҳад, як вирус дар дараҷаи ҳарорати болотар (масалан, болои 25-26 дараҷа) имкони зинда мондан ё боқӣ монданаш кам мешавад. Махсусан, агар рутубати ҳаво ҳам боло бошад, боз ҳам боъиси коҳиши боқӣ мондани вирус дар муҳит ва дар ҳаво мешавад.
Аз сӯи дигар, агар ҳаво сард бошад (масалан, 4 дараҷа ё 0 дараҷа), мумкин аст вирус бештар боқӣ бимонад. Агар шумо чизеро, ки ба вирус олудааст фриз (мунҷамид, яхбаста) кунед, вирусҳо маъмулан дар ҳамон ҳолат боқӣ мемонанд, аммо бидуни фаъъолият. Вақте ки он чиз аз ҳолати фриз (яхбаста) дармеояду гарм мешавад, як миқдор аз вирусҳову боктериҳо бар асари яхбаста шудану гарм шудан аз байн мераванд, аммо бисёрешон боқӣ мемонанд. 
Бино бар ин, дар дараҷаи ҳарорати ъодӣ, яъне бисту чанд дараҷа, мумкин аст, ки вирус барои муддате боқӣ бимонад. Ҳар чи дараҷаи ҳарорат поинтар бошад, мумкин аст, ки вирус барои муддати бештаре дар муҳит бошад.
***
Пурсиши 4
Манучеҳри Ману: “Назари оқои дуктур бар бораи истифода аз онтибиутикҳо (antibiotics) ва глукукуртикуидҳо (glucocorticoids), бавежа Dexamethasone барои наҷоти беморони Кувиди 19 чист? Чиро дастури муъолиҷа дар ҳар кишваре мутафовит аст?”
Аз интиҳои суоли Шумо шурӯъ кунам. Далели ин ки дастури муъолиҷа на танҳо дар ҳар кишвар, балки баъзан дар марокизи дармонии мухталиф мутафовит аст, ин аст, ки ҳамаи ин дармонҳо дар ҳоли ҳозир таҷрубӣ ҳастанд. Дармони таҷрубӣ ё чизе, ки ба инглисӣ empirical therapy меномем, ба ин маъност, ки мо бемориро бар асоси шавоҳиде, ки аз бемориҳои шабеҳи он дар гузашта ба даст овардаем, дармон мекунем. Масалан, SARS ё MERS. Чун ҳанӯз дармони ихтисосӣ барои ин беморӣ пайдо накардаем. Дармони ихтисосӣ шомили дармони зиддивирусӣ, ҷилавгирӣ аз илтиҳоб (“воспаление”)-и бисёр, ҷилавгирӣ аз норасоии ургонҳои мухталифи бадан мешавад. Ин дармонҳо печидаанд. Бино бар ин, мо дар пизишкӣ чизе бо номи clinical trial ё “корозмоии болинӣ” дорем. Дар ин ҳолат мо беморонро рӯи дармонҳои гуногун мегузорем ва онҳоро бо ҳам муқоиса мекунем, то бибинем, ки кудом дармон муассиртар аст. Ва метавонед тасаввур кунед, ки гоҳе авқот ин корозмоиҳои болинӣ моҳҳо ва чи басо солҳо тӯл мекашанд, то ҷавоби дурусте аз онҳо берун ояд. То замоне ки ин ҷавобҳо берун наомада ва мавриди таъйиди ҳамаи пизишкон дар тамоми дунё қарор нагирифта бошад, мо дармонҳои таҷрубии мутафовите хоҳем дошт; бар асоси бемориҳо ва ҳолатҳои мушобеҳи қаблӣ хоҳад буд, мисли дармони норасоиҳои танаффусӣ.
***
Пурсиши 5
Мойкел Ҳошимиён пурсидаанд: “Оё инсоне, ки дар хона нишаставу бо касе ҳам робита надорад, ба ин беморӣ гирифтор мешавад? Суолам ин аст, ки оё ин вирус танҳо аз инсон ба инсон мунтақил мешавад ё ин ки дар ҳаво ҳам мавҷуд аст?”
Ҷавоб ин аст, ки на. Яъне аз инсон ба инсон мунтақил мешавад. Мо, агар дар манзил бошему аз дигарон фосила дошта бошем ва бо ҷаҳони хориҷ ҳеч робитае надорем, ин бемориро нахоҳем гирифт. Беморӣ дар ҳаво мунтақил намешавад. Яъне вирус ба сурати ғубор ё зарроти муъаллақ дар шаҳру рустоҳо ё дар ҷоҳои мухталиф вуҷуд надорад, ки бод онро биёраду вориди манозил кунад. Ин тавр нест. Вирус мумкин аст, ки барои чанд соъат дар як муҳити баста, масалан, дар бахши бемории Кувиди як бемористон ба шакли ғубор боқӣ бимонад. Бархе озмоишҳо нишон дода, ки ин вирус барои се то чаҳор соъат метавонад дар ҳаво қобили интиқол бошад. Аммо ин фақат дар як макони баста аст. Дар макони боз ин имкон нест ва вирус басуръат аз байн меравад. 
Ҳамин тавр бояд дар назар дошта бошем, ки тобиши ашаъа (шуъоъҳо)-и фаробунафш (“ультрафиолетовые лучи”) вирусро аз байн мебарад. Бино бар ин, дар муҳитҳои боз мушкили чандоне вуҷуд надорад. Ва агар шумо худатонро дар хона изуле (“изоляция”) кунед, вирусро нахоҳед гирифт.
***
Пурсиши 6
Далер Ғуфронуф: “Оё ин беморӣ табиъист ё маснӯъӣ?”
Агар манзур ин аст, ки вируси ъомили ин беморӣ ба таври табиъӣ аз ҳайвонот ба инсон мунтақил шуда ё ин ки ин вирус дар озмоишгоҳ сохта шудааст, ҷавоб ин аст: Ман мутахассиси женетики вирусшиносӣ нестам, аммо бо мутолеъаи мақолоте, ки он мутахассисон то кунун нивиштаанд, метавонам бигӯям, ки ба эҳтимоли бисёр зиёд ин вирус ба сурати табиъӣ такомул пайдо кардааст; аз ҳайвон ё хуффошҳо (кӯршапаракҳо) ба инсон мунтақил шуда. Аммо ин робитаи аз хуффош то инсон ҳанӯз комилан мушаххас нест. Маълум нест, ки дар ин мобайн оё ҳайвоноти дигаре ҳам гирифтор шудаанд. Барои ин ки вирус аз хуффош то инсон тағйире кардааст. Он тағйир дар такомул метавонад иттифоқ биуфтад, аммо махзани он тағйирро занӯз пайдо накардаем. 
Аммо дар ъайни ҳол намешавад комилан инкор кард, ки мумкин аст вирус дар озмоишгоҳ сохта шуда бошад. На ин ки барои бемор кардани инсонҳо сохта шуда бошад. Аммо мумкин аст баъзан вирусҳое, ки мо бо онҳо дар озмоишгоҳҳо кор мекунем, то барои онҳо дармоне пайдо кунем, ба таври иттифоқӣ метавонанд аз озмоишгоҳ фирор кунанд. Албатта, ин иттифоқ бисёр кам рух дода то ҳоло, чун озмоишгоҳҳое, ки ин корро анҷом медиҳанд, аз лиҳози амният бисёр қавӣ ҳастанду хеле корҳоро бояд риъоят кунанд. Аммо шавоҳиди женетикии рӯи вируси курунои ҷадид чизи зиёде ба дасти мо намедиҳад, ки собит кунад, ки ин вирус сохтагӣ аст. Аммо бояд мунтазир бошем, то таҳқиқоти бештар рӯи женҳои ин вирус анҷом шавад.
***
Пурсиши 7
Оқо ё хонуми Истуф пурсидаанд: “Мегӯянд, касе, ки бруншити музмин (“хронический бронхит”) дорад, дар баробари Кувиди 19 осебпазиртар аст ва эҳтимоли маргаш болотар аст?”
Куллан, афроде, ки бемориҳои қалбӣ, риявӣ (шуш), ъуруқӣ (“сосудистые заболевания”) ва диёбет доранд, ба назар мерасад, ки бештар дар маърази бемориҳои шадидтари куруно қарор доранд. Чун вируси куруно дар ваҳлаи аввал рия (шуш)-ро даргир мекунад ва рӯи системи қалбу ъуруқ асарҳои баде дорад, касоне, ки бемориҳои заминаии ин ургонҳоро доранд, табиъатан, бо риски бештаре рӯбарӯ ҳастанд. Ин ба он маъно нест, ки ҳар касе, ки ин бемориҳои заминаиро дорад, ҳатман бемории шадиди Кувиди 19-ро хоҳад гирифт. Аммо агар нигоҳ кунем, дар миёни афроде, ки ин бемориҳоро доранд, теъдод ё дарсади ибтило ба бемории шадиди Кувиди 19 болотар аст.
***
Пурсиши 8
Исфандиёри Аминӣ ду пурсиш доштанд. Суоли аввалашон ин будааст: “Оё ин дуруст аст, ки ду роҳи раҳоӣ аз ин вирус ҳаст: яке воксан ва дигарӣ ин ки аксарият (то 80 дарсади мардум) бояд гирифтори ин вирус шаванд, то дар баробари он масуният пайдо кунанд?”
Дар тамоми бемориҳои ъуфунӣ (“инфекционные заболевания”) болотарин интизори мо ин аст, ки барояшон воксане тавлид кунем. Барои ин ки бо воксиносиюни ҷанбӣ мр пешгирӣ мекунем ва иҷоза намедиҳем, ки борҳои баъд ин беморӣ дар сатҳи густарда ё ҷаҳонӣ паҳн шавад. Ин ҳамон чизест, ки мо ба он эминии гурӯҳӣ (галаӣ) мегӯем. Яъне вақте шумо ба ҳадди кофӣ дар вуҷуди шумори бисёре аз мардум эминӣ дар баробари як вирус ё боктерӣ эҷод мекунед, на танҳо он 70-80 дарсад мардуми воксаншударо эмин мекунед, балки боъис мешавед, ки вирус аз касе ба каси дигар мунтақил нашавад. Яъне ҳатто 20-30 дарсаде ҳам, ки дар баробари он вирус эминии кофӣ надоранд, эмин мемонанд ё мо аз ибтилои онҳо ҳам ҷилавгирӣ мекунем. Бино бар ин, номаш “эминии гурӯҳӣ” аст. Шумо барои эминии гурӯҳӣ эҳтиёҷ ба воксиносиюн ва эминии хуби 100 дарсади ҷамъият надоред. 70 дарсад ҳам кофист, то аз ибтилои 30 дарсади дигар ҳам ҷилавирӣ шавад. 
Мо ин эминии гурӯҳиро мехоҳем бо тавлиди воксан эҷод кунем. Ин авохир шунидаем, ки бархе мегӯянд, бояд гузошт вируси куруно теъдоди бисёре аз афродро бигирад, то ҷилави чархаи онро бигирем. Ин, аз назари ман ва аз назари торихи ахлоқӣ пизишкӣ, ҳаргиз роҳи ҷилавгирӣ аз шуюъи як беморӣ набудааст. Вазифаи мо, пизишкон, ин аст, ки ҷилави шуюъи ин бемориҳоро бигирем. Ман шахсан бо пешгирӣ мувофиқам. Ва замоне ки роҳи пешгирӣ вуҷуд надорад ва мо ҳанӯз воксан надорем, бояд бо равишҳои дигар ин корро анҷом дод. Ва ин равишҳои дигар моро ба суоли дувум мерасонад.
***
Пурсиши 9
Суоли дувуми Исфандиёри Аминӣ ин аст, ки “Магар мешавад бо қарантина ҷилави ин вирусро гирифт? Ва чиро дар дигар шаҳрҳои Чин шоҳиди авҷ гирифтани ин вирус монанди Вуҳон нашудем?”
Албатта, бояд бигӯям, ки Кувиди 19 дар шаҳрҳои дигари Чин ҳам пахш шуд, мунтаҳо на ба шиддате, ки дар Вуҳон буд ва баъд ҳам кунтрул шуд. Ин равише, ки дар бархе аз кишварҳои шарқи Осиё бисёр муваффақиятомезтар буд, шомили ин мешавад, ки аввал мебинем, вирус чигуна пахш мешаваду ба дигарон мунтақил мешавад, сипас саъй мекунем дар он ихтилол (халал) эҷод кунем. Яъне агар роҳи интиқоли он фард ба фард аст ё аз дастгоҳи танаффусӣ содир мешавад ва вирусҳо аз тариқи бинию даҳон бо ъатсаву сурфаву суҳбати буланд пахш мешаванд, чигуна мешавад ҷилави онро гирифт. Ва дигар ин ки дар ҳар марҳила аз ин беморӣ чи бояд кард, чиқадр ҷудосозӣ ё фосилагузорӣ бояд анҷом дод ё ҳатто дар замонҳое қарантина эъмол кард, то миқдори беморӣ кам шавад. Ва баъд битавонем бо тестҳо касонеро, ки олуда шудаанд, басуръат пайдо кунем ва онҳоро қарантина кунем. Ин роҳест, ки агар дуруст анҷом шавад... Албатта, кори бисёр мушкилест, имконоти бисёр зиёд мехоҳад, барномарезии дарозмуддат мехоҳад. Ин кишварҳо ба ин далел муваффақ буданд, ки дар солҳои гузашта ин барномарезиҳоро доштанд. Вале дар кишварҳои ғарбӣ мебинем, ки омода набуданд ва рафторашон комилан мутафовит буд.
***
Пурсиши 10
Сурайё Исҳоқуво: “Мехостам дар мавриди режими ғизоии бемори Кувиди 19 мухтасар тавзеҳе бидиҳед”.
Мо режими ғизоии хоссе барои ин беморӣ надорем. Ба ин маъно, ки на режими ғизоие дорем, ки аз ин беморӣ ҷилавгирӣ кунад ва на режими ғизоие, ки дар давраи беморӣ онро дошта бошед, то беҳбуд ёбед. Аммо бархе чизҳо дар тағзия (хурокхурӣ) аҳаммият дорад.
Аввал ин ки мисли бисёре аз бемориҳои ъуфунӣ (“инфекционные заболевания”) мо вақте ки витоминҳо ва маводди олӣ (ургоник)-и лозимро дар бадан надорем, системи эминии мо дар беҳтарин шароит ъамал намекунад. Якеаз витоминҳое, ки дар вокуниши системи эминӣ муҳим аст, витомини Д (D) аст. Ва ин витоминест, ки аз тариқи нури офтоб ва як миқдор ҳам аз маводди ғизоӣ ба даст меоварем. Аммо роҳи аслии дастёбӣ ба ин витомин аз тариқи нурҳои офтоб аст. Аз ин рӯ зимистонҳо миқдори ин витомин дар афрод поин меояд ва тобистонҳо боло меравад. Мумкин аст ба ҳамин далел бемориҳои танаффусӣ дар фасли сармо бештар аст. Гуфта шуда, касоне, ки камбуди витомини Д доранд, мумкин аст эминии хеле хубе надошта бошанд. Бино бар ин, мешавад витомини Д-ро тест дод ва мешавад бо пизишки муъолиҷ суҳбат кард, то бо истеъмоли қурсҳои витомини Д миқдори онро ба ҳадди табиъӣ расонд.
Тағзия (хурокхурӣ)-и солим, ки дорои сабзиҷоту меваҷот ба ҳадди кофист ва шакари кам маъмулан барои системи эминӣ беҳтарин тағзия аст. Ва ин чизест, ки ба ҳар ҳол дар ҳолати ъодӣ ҳам бояд ҳифз кард. 
Дар замоне ки бемор мешавед, агар беморӣ шабеҳи зуком аст, ҳамон кореро бикунед, ки маъмулан дар замони ибтило ба зуком ё онфлуонзо анҷом медиҳед. Яъне моеъотро ба ҳадди кофӣ мехуред, ки дучори камобӣ нашавед ва ҳамин тавр ғизоҳои солим бихуреду ғизоҳои сангину пурчарб бо шакару намаки боло истеъмол накунед. 
Агар дар бемористон бистарӣ шавед, ба далоили мухталиф режими хоссе ҳаст, ки вобаста ба ҳолати бемории шумост.
***
Пурсиши 11
Мубораки Шариф пурсидаанд: “Оё мешавад ба ин беморӣ дубора гирифтор шуд?”
Гузоришҳое, ки то ҳоло ба даст омада, нишон медиҳад, ки ин чизи шоеъе нест. Вақте як бемориро гирифтед, дубора шоеъ нест, ки бо фосилаи андак он бемориро бигиред. Қаблан тавзеҳ додам. Ба хотири ин ки системи эмини иктисобӣ як эминие эҷод мекунад, ки пойдору собит боқӣ мемонад ва ҳадди ақал то як сол ӯ ду сол ё бештар аз он вуҷуд дорад ва аз бозгирии он беморӣ ҷилавгирӣ мекунад. Ва системи эминӣ ҳамчунин аз ин ки беморӣ худро нишон бидиҳад, ҷилавгирӣ мекунад. Агар вирус вориди бадани шумо бишаваду ъуфунати кӯчак эҷод кунад, наметавонад таксир (зиёд) шавад ва аз ин рӯ аз байн меравад. 
Якчанд гузориш дар авоили ин беморӣ буд, ки ба куруно мубтало шуданду дармон ёфтанд ва дубора мубтало шуданд. Аммо баъд маълум шуд, ки он тест дуруст анҷом нашуда. Яъне тесте, ки манфӣ нишон дода, тести иштибоҳе будааст. Дар ҳоле ки он беморон вирусро доштанду онро тӯлонитар нигаҳ доштанд. Бояд дар назар дошт, ки ин вирус метавонад то 20-30 рӯз дар фарди бемор бимонад. Бархе аз афрод, ки ин бемориро шадидтар мегиранд, мумкин аст ҳатто то 40-45 рӯз ҳам ин вирусро дошта бошанд. Бино бар ин, агар шумо дар ин муддат ду тест анҷом диҳед, мумкин аст ҳар ду бор мусбат бошад. Ва далел намешавад, ки бигӯем шумо дубора ин вирусро гирифтаед.
***
Пурсиши 12
Шодоб Қурбонуф: “Ба бовари Шумо, ин беморӣ кай ба поён мерасад?”
Ин суолест, ки ҳеч кас наметавонад ба таври дақиқ ба он посух диҳад. Чун ин бемориест, ки рафторашро мо тоза дорем мутолеъа мекунем. Бемории қадимӣ нест, ки бигӯем ба далели рафтораш дар гузашта ин беморӣ инқадр тӯл мекашад. 
Вақте ки ба ҳамагириҳои ҷаҳонии онфлуонзо (зуком) нигоҳ мекунем (масалан, дар солҳои 1910-18 ё 2008-09), мебинем, ки ин беморӣ ҳудуди 18 то 22 моҳ тӯл кашида; яъне к то ду сол. Ва дар тӯли ин давра ду бор боло рафтаву боз поин омада; яъне ҳамагирӣ хеле зиёд буда, баъд кам шуда, боз дубора зиёд шуда... Баъд аз чанд ҳамагирӣ афрод ба андозаи кофӣ онро гирифтанд. Шояд ба ҳадди 60 то 80 дарсад расида ва вирус дигар натавониста дар чархаи худаш боқӣ бимонад ва рафтааст. Бархе аз соҳибназарон ба ин эътиқод доранд, ки курунои ҷадид ҳам чунин рафторе хоҳад дошт. 
***
Пурсиши 13
Имомъалии Сайидзод: “Оё қабристони ҷонбохтагони Кувиди 19 барои одамони солим хатарнок аст ё на?”
Ин вирус аз касе, ки фавт шуда, содир намешавад. Ба далели ин ки вирус бояд дар пайи фаъъолияти дастгоҳи танаффусӣ аз бадан хориҷ шавад. Ин фаъъолият шомили танаффус (нафаскашӣ), ъатса, сурфа, суҳбати буланд, даст задан ба бинию даҳон мешавад. Вақте ки касе фавт шуда, табиъатан вирус мумкин аст дар дохили бинӣ, ҳалқ ва рия (шуш)-аш барои муддати кӯтоҳе бошад. Дар назар дошта бошед, ки вақте мо мемирем, силлул (ҳуҷайра)-ҳои баданамон мемиранд ва вирусҳо дар силлулҳои бадан таксир (зиёд) мешаванд. Вақте силлул мурда бошад, вирусҳо бар хилофи бархе аз боктериҳо дигар қобили зинда мондан нестанд ва онҳо ҳам баъд аз муддате аз байн мераванд. 
Мумкин аст вирус дар дохили ҷасад то муддате бошад. Касоне, ки бо ҷасад сарукор доранд, мумкин аст дар риск бошанд. Бино бар ин, онҳо бояд пӯшиши комил дошта бошанд. Вале бо қадам задан дар оромгоҳ фикр намекунам, ки ҳеч хатаре моро таҳдид кунад.
***
Пурсиши 14
Шаҳриёр Каримуф: “Бемори Кувиди 19 пас аз қарантина чи навъ меваҳову сабзиҷотро бояд истеъмол кунад?”
Табиъист, ки баъд аз як бемории сахт бояд ба системи эминӣ ва системҳои дигари бадан расидагӣ кард. Моеъоти кофӣ, тағзия (хурокхурӣ)-и солим, саршор аз витомин, ҳамон тавре, ки гуфтед, меваҷоту сабзиҷот ва ғизоҳои солим истифода кунед; лабаниёт (маҳсулоти ширӣ).
***
Пурсиши 15
Аҳлиддин Салимуф: “Тозатарин иттилоъот дар бораи муъолиҷаи беморони куруно ва воксани он чист?”
Мо теъдоди бисёре воксани озмоишӣ дорем ва ҳамин тавр доруҳои зиддивирусии озмоишӣ. Озмоиши инҳо чандин моҳ тӯл хоҳад кашид. Бино бар ин, шумори дармонҳои ҷадид бисёр зиёд аст. Аз марзи 70-80 мегузарад. Мо дар яке аз пойгоҳҳои додаҳо, ки нигоҳ кардем, ҳудуди 700 ё 800 корозмоии болинӣ дар ҳоли анҷом аст. Аммо дар ҳоли ҳозир мушаххас нашуда, ки кудом як аз инҳо асарбахш аст. Дар ду-се моҳи оянда дар ин бора бештар хоҳем донист. 
***
Пурсиши 16
Пурсидаанд: “Шуюъи куруно дар шакли ҷадид дар миёни кӯдакон то чи андоза ҳақиқат дорад?”
Бале, дар бачаҳо чандто сандрум ҳаст, ки мумкин аст ба бемории куруно рабт дошта бошад. Инҳо ба таври ъодӣ бемориҳои бисёр нодиреанд. Аз ин рӯ як миқдор сахт аст бигӯем, ки оё ба хотири куруно зиёд шудаанд ё на. Аммо ба ҳар ҳол гузоришҳое шуда, ки масалан, яке аз инҳо бемории ковозокӣ (Kawasaki) аст дар кӯдакон.
***
Пурсиши 17
Ҷумъабой Назризода: “То замони ихтироъи воксани Кувиди 19 оё ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки вируси куруно ҷаҳиш кунад ва дигаргун шавад? Оё имкон дорад бо тағйири женум (“геном”)-и Кувиди 19 аз он ба ъунвони силоҳи боктериулужӣ истифода шавад?”
Дар ваҳлаи аввал вируси куруно вирусест, ки қобилияти тағйирро дорад. Аммо ин бад-он маъно нест, ки ин тағйир ҳатман дар ҷиҳати сӯъ (бад) хоҳад буд. Яъне мумкин аст вирус бо тағйири женетикӣ мулоимтар шавад ва баъд аз чанд сол ба як вируси сармохурдагии ъодӣ табдил шавад.
Аз тарафе ҳам мумкин аст вируси ҷаҳишёфта (тағйиркарда) вируси ҷадидеро вориди чарха кунад, ки системи эминии мо ба он ъодат надорад ва метавонад дубора беморизоӣ кунад. Ин масъала барои онфлуонзо (зуком) ҳар чанд сол як бор иттифоқ меуфтад ва далели ин ҳамагириҳои онфлуонзо ҳамин аст; яъне вируси онфлуонзо бо як тағйири женетикии ҷадид худашро дубора вориди чархаи бемориҳои инсонӣ мекунад.
Маъмулан вақте мо барои чунин бемориҳо воксан тавлид мекунем, саъй мекунем, ки он воксан ин ҷанбаро дарбар бигирад ва бар рӯи гунаҳои гуногуни вирус асар дошта бошад. Яке аз далоили ин ки мо мегӯем, мумкин аст тавлиди воксан як миқдор тӯл бикашад, ҳамин аст.
Силоҳи биулужик! Бале, хуб, мо медонем, ки аз вирусҳову боктериҳо барои тавлиди силоҳи биулужик мешавад истифода кард. Вале вируси куруно ба худии худ вируси хубу муносибе барои тавлиди силоҳи биулужик нест. Далелҳои мухталифе дорад. Агар касе бихоҳад аз вирусе барои силоҳи биулужик истифода кунад, маъмулан ба вирусҳои дигаре муроҷеъа мекунад, на вируси куруно. Вақт ба ҳадди кофӣ нест, ки ҳамаи далоилашро тавзеҳ бидиҳам. Аммо метавонед бибинед, ки ин вирус чиқадр роҳат ҳамаро дар тамоми ҷаҳон даргири худаш кардааст, дар ҳоле ки силоҳи биулужик маъмулан қобили кунтрул аст ва онро мешавад дар як ҷо истифода кард, бидуни он ки хатари сирояташ ба ҷои дигар вуҷуд дошта бошад. 
Масъалаи дувум ин аст, ки барои силоҳҳои биулужик аз вирусҳову боктериҳое истифода мешавад, ки мизони беморизоиаш хеле болост. Яъне теъдоди зиёде аз афроде, ки онро мегиранд, бо бемории вахим рӯбарӯ мешаванд. Аммо дар мавриди куруно мо медонем, ки ҳудуди 80 дарсад бемории мулоимест ва мубталоён ҳатто ъаломате аз беморӣ нишон намедиҳанд. Бино бар ин, куруно вируси муносибе барои ин кор нест.
***
Пурсиши 18
Баҳроми Сурӯш: “Дар Тоҷикистон бемории бисёре аз ҷавонони 17 то 28-соларо ин рӯзҳо бруншит (“бронхит”) ё варами лавза (“ангина”) ташхис медиҳанд. Ин бемориҳо то чи андоза бо Кувиди 19 иртибот дорад?”
Бале, ман мумкин аст. Ман дар ҷадвалҳои ибтило ба ин беморӣ хеле надидаам, ки варами лавза (“ангина”) аз шавоҳиди аслии Кувиди 19 бошад. Вале дар ҳар бемории танаффусии дастгоҳи танаффусии фавқонӣ (болоӣ), ки лавзаҳо (ғудуд)-и гулӯ онҷо вуҷуд дорад, мумкин аст, ки лавзаҳо варам кунад. Маъмулан дар миёни ҷавонҳо варами лавзаҳо бештар дида мешавад ва дар афроди солманд камтар. Бино бар ин, мумкин аст, ки ин мавзӯъ дуруст бошад. 
Дар фасле, ки куруно ҳамагир аст, агар мо бемории танаффусӣ дорем, бояд ба куруно машкук шавем. Зеро тайфи ъалоим (“спектр симптомов”)-и Кувиди 19 васеътар аз бемориҳои танаффусии дигар ё сармохурдагӣ аст ва ба шаклҳи мухталиф худашро нишон медиҳад. Аз ин рӯ ҳатман бояд бо пизишки муъолиҷ дар ин бора суҳбат кард.
***
Пурсиши 19
Мазҳаби Ҷумъа: “Оё кишварҳое чун Тоҷикистон метавонанд аз ин вазъият бидуни вазъи қарантина ва бе талафоти ҷонии зиёд берун оянд? Чиро кишварҳое чун Тоҷикистон набояд роҳи Суедро пеша кунанд, ки қарантина эъмол накард?..”
Суоли содае нест. Барои посух додан ба ин ба вақти бештаре ниёз ҳаст. Ман хеле кӯтоҳ бигӯям, ки бо нигоҳ кардан ба кишварҳои мутафовит дар ҷаҳон, Омрикои Шимолӣ, Омрикои Ҷанубӣ, Урупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, Ховари Миёна, Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ мо тасвири тақрибан возеҳе дорем. Дар кишварҳое, ки қарантинаро сареъ ва дар ибтидои беморӣ анҷом доданд ё ин ки фосилагузории иҷтимоъӣ ва роҳкорҳои дурустро аз ибтидо омода доштанд (мисли Куреи Ҷанубӣ, Тойвон, Чин), бисёр муваффақтар буданд. Аммо кишварҳое, ки баъд аз вуруди беморӣ ва бо як вақфа хостанд, ки роҳкор пайдо кунанд, ҳамеша камтар муваффақ буданд. 
Қарантина танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ин беморӣ нест. Роҳи ҳушмандтари он ин аст, ки дар ибтидо фосилагузории иҷтимоъӣ эъмол шавад, аз моск истифода шавад, гирифтани тести куруно ба сурати васеъ пиёда шавад, системи омодае вуҷуд дошта бошад барои дунбол кардани афроде, ки мумкин аст вируси куруно дошта бошанд ва ташхиси манотиқе, ки беморӣ дар он бештар аст ва баррасии афроди он манотиқ, ки мумкин аст бо ҳам иртибот дошта бошанд ва ҷудо кардани онҳо... Бо ин имконот ва роҳкорҳо шояд ба қарантина ҳам ниёзе набошад. Камо ин ки дар кишваре чун Ҳунг Кунг қарантина ба ҳадди зиёде вуҷуд надоштааст. 
Аммо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ҳатто кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ натавонистанд ин корҳоро бикунанд. Вақте ки теъдоди ибтило ба беморӣ ва маргумир боло рафта, бояд чи кор кард? Ин метавонад гоҳе суоли иҷтимоъӣ-cиёсӣ бошад, ки “оё мо ҳозирем, ки теъдоди зиёде аз одамон бимиранд, вале ҷомеъа ба кори худаш идома диҳад?” Ин чизест, ки гоҳ тасмимгирӣ дар бораи он аз ҳавзаи пизишкӣ фаротар меравад.
Аммо мо дидем, вақте ки теъдоди маргумир дар Итолиё, Инглистон, Омрико зиёд шуда, хуб инҷо ҳам маҷбур шуданд, ки қарантина эъмол кунанд. 
Агар ба омори маргумири куруноии Суед нигоҳ кунед, аз омори кишварҳои искондиновии ҳамсояаш болотар аст ва беморизоӣ ҳам болотар будааст. Ин ки чиро ин мавзӯъ дар онҷо ба ҳадди Итолиё мушкилофарин набуда, ҷавобҳои гуногуне дорад. Ҷавоби аввалаш ин аст, ки суедиҳо аз лиҳози рафтори иҷтимоъӣ эҳтимолан хеле фарқ доранд. Дар Итолиё шояд мардум хеле бештар омехтагӣ доранд ва аз хонаводае ба хонаводае дигар мераванд, афроди ҷавону солманд зиёд дидор мекунанд. Дар Суед шояд ҷудоӣ ва танҳо зиндагӣ кардан ҷузъи фарҳангашон бошад. Бемористонҳои Суед шояд омодагиашро доштанд, ки дучори камбуд нашаванд ва битавонанд бо беморӣ бархурд кунанд. Ҳамаи инҳо ъавомили муҳиммест, ки бояд дар назар гирифт. Вале ба ҳар ҳол, омори Суед аз омори кишварҳое чун Донморк, Нурвеж ва Фанлонд болотар аст.
Муташаккирам аз суолҳотон. Умедворам бо посухҳои кӯтоҳ тавониста бошам то ҳадде ба суолҳои бисёр хуби шумо ҷавоб бидиҳам.

Video: https://www.facebook.com/dariush.rajabian/videos/10156898033022027/ 

Куруно ва кӯдакон; Ончи бояд бидонем


(Манбаъ: БиБиСӣ)

Дар Инглистон рӯзи 01.06.20 баъзе бачаҳо ба мадраса бозмегарданд, дар ҳоле ки ҳанӯз нақши кӯдакон ва мадрасаҳо дар ин ҳамагирии ҷаҳонӣ комилан маълум нест. Кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд, вале беморишон банудрат (бисёр кам) вахим (хатарнок) мешавад ва маълум нест то чи ҳад метавонанд ин вирусро ба якдигар ё бузургсолон, бахусус коркунони мадраса мунтақил кунанд.


Оё кӯдакон ҳам ба куруно мубтало мешаванд?

Акнун мушаххас шуда, ки афроди солманд бештар дар хатари куруно ҳастанд. Баррасии як муассисаи хайрия нишон додааст, то 24 оврил (камтар аз як моҳ пеш) дар Инглистон, Велз ва Ирланди Шимолӣ миёнгини синни афроде, ки дар бахши муроқибатҳои вежа (“реанимация”) бистарӣ шудаанд, 60 сол будааст. Пруфесур Одилиё Ворис (Prof. Adilia Warris), мутахассиси бемориҳои ъуфунӣ (“инфекционные заболевания”)-и кӯдакон дар Донишгоҳи Эксетер мегӯяд: “То ба ҳол байни як то панҷ дарсад аз мубталоёни собитшудаи куруно кӯдакон будаанд. Беморӣ дар онҳо хафифтар (сабуктар) ва марг бисёр нодир аст”.


Кӯдакон пахшкунанда ҳастанд ё абарпахшкунанда?

Кӯдакон абарпахшкунандаҳои бемориҳои дигар, монанди онфлуонзо (зуком) ҳастанд. Онҳо яке аз гурӯҳҳои осебпазир дар ибтило ба онфлуонзо ҳастанд, вале ба назар мерасад, вақте ба куруно мубтало мешаванд, беморишон вахим (бисёр хатарнок) намешавад. Суоли муҳим ин аст, ки кӯдакон, ҳатто агар худашон бемор нашаванд, чиқадр метавонанд ноқили вирус бошанд ва онро пахш кунанд.

Ҳанӯз маълум нест, афроди олуда ба вирус, ки ъалоим (нишонаҳо)-и беморӣ надоранд ё онҳое, ки бемории хафиф (сабук)-е доранд, то чи ҳад онро сироят медиҳанд. Вируси куруно ҳам монанди вируси онфлуонзо мунтақил мешавад; аз роҳи танаффуси қатракҳои ҳовии вирус, ки бо сурфаву ъатса пахш мешавад ё даст задан ба ашёи олуда, монанди худкор (“авторучка”) ва дастгираи дар. Аз ин рӯ риъояти ду метр фосила бо дигарон ва шустани даст пеш аз ламси сурат (даст задан ба рӯй) ё хурдани ғизо хатари интиқоли вируси куруноро коҳиш медиҳад, аммо риъояти ин корҳои пешгирона ҳатто барои бузургсолон ҳам осон нест.

Пруфесур Матйу Иснейп (Matthew Snape) дар Донишгоҳи Оксфурд таҳқиқи ҷадидеро оғоз карда дар бораи теъдод кӯдакону навҷавононе, ки ба куруно олуда шуда ва дар муқобили он масуният (иммунитет) пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд:

“Ин ки оё бачаҳо пахшкунандаи куруно ҳастанд ё на, яке аз ношинохтаҳои пуршумори мо дар бораи ин ҳамагирӣ аст. Посух ба ин суол барои дарки наҳваи мудирияти беморӣ ва замони бозгушоии мадрасаҳо муҳим аст”.


Чиро дар Инглистон ибтидо бачаҳо ба мадраса бармегарданд?

Тибқи дастурулъамали давлат, бозгушоии мадрасаҳо бо донишомӯзони пешдабистонӣ, клоси аввал ва клоси шашум оғоз мешавад. Ба далели ин ки

- ин кӯдакон ниёзҳои омӯзишии муҳимме доранд:

- дар сурати беморӣ баъид аст (эҳтимолаш кам аст, ки) кӯдакони камсинну сол ҳолашон вахим (бисёр бад) шавад;

- кӯдакони бузургтар тамосҳои бештаре хориҷ аз мадраса доранд, ки хатари бузурге дар интиқоли вирус маҳсуб мешавад;

- кӯдакони бузургтар маъмулан беҳтар қодир ба ёдгирӣ дар хона ҳастанд.


Оё бачаҳо дар мадраса бояд моск бизананд?

Замоне ки риъояти фосилаи иҷтимоъӣ сахт аст, пӯшондани сурат (рӯй) метавонад эҳтимоли интиқоли вирусро поин оварад. Бо ин ҳол, давлат истифода аз москро дар мадрасаҳои Бритониё тавсия намекунад. Тибқи тавсияи давлат, истифода аз моск бидуни кумак гирифтан аз дигарон барои кӯдакон мумкин аст сахт бошад. Бино бар ин, беҳтар аст бар шустани даст ва соири иқдомоти беҳдоштӣ таъкид шавад.


Оё кӯдакон масун (эмин) ҳастанд?

Яке аз суолҳои муҳим дар бораи куруно ин аст, ки чиро бачаҳо маъмулан ъаломат надоранд ё ъаломатҳои хафиф (сабук)-е доранд. Яке аз назарияҳои ин аст, ки шояд рия (шуш)-и онҳо гирандаи камтаре дорад. Ҳамон гирандае, ки вируси куруно аз тариқи он вориди силлул (ҳуҷайра) мешавад. Вале ҳанӯз шавоҳиди кофӣ барои исботи он вуҷуд надорад.

Гузоришҳо нишон медиҳад, беморӣ дар теъдоди бисёр каме аз кӯдакони олуда ба вируси куруно вахим мешавад ва системи эминишон вокуниши илтиҳобӣ (“воспалительная реакция”)-и шадиде нишон медиҳад.


Оё ин беморӣ шабеҳи сандруми Ковозокӣ (Kawasaki syndrome) аст?

Беморие шабеҳи сандруми Ковозокӣ дар бархе кӯдакон дида шудааст. Ковозокӣ ба рагҳо ҳамла мекунад ва боъиси таби боло, фишори хуни поин, бусуроти пӯстӣ (ҷӯш задану обила кардани пӯст) ва тангии нафас мешавад, ки метавонад боъиси марг шавад.

Ин сандрум шабеҳи вокуниши илтиҳобии шадиди системи эминӣ аст, ки ба он “тӯфони Ситукин” (Cytokine storm; цитокиновый шторм) мегӯянд ва дар мубталоёни куруно, ки ҳолашон бисёр бад мешавад, рух медиҳад. Дар ин маворид вокуниши системи эминӣ беш аз худи вирус вазъи беморро вахим мекунад.

Аммо ин сандрум дар кӯдакон нодир аст. Пруфесур Рузолинд Исмит (Rosalind Smyth), фавқитахассуси бемории танаффуси кӯдакон, мегӯяд: “Мо бояд бадиққат кӯдаконеро, ки куруно ва бемории илтиҳобии чандсистемӣ доранд, баррасӣ кунем ва бибинем, оё ин ношӣ аз куруно буда ё на”.


Чи замоне ба дармони фаврӣ ниёз аст?

Маъмулан куруно дар кӯдакон хатарнок нест. Агар фарзанди шумо нохуш аст, ба эҳтимоли зиёд мубтало ба куруно нест.

Колеҷи салтанатии кӯдакону навзодон ба падару модарҳо тавсия мекунад, билофосила бо уржонс (ёрии таъҷилӣ) тамос бигиранд, агар фарзандашон:

- рангпарида шуда, пӯсташ лаккадор шуда ва баданаш бисёр сард аст;

- вақфаи танаффусӣ дорад (канда-канда нафас мекашад), танаффусаш номуназзам аст ё басахтӣ нафас мекашад;

- мушкили ҷиддии танаффусӣ дорад, бисёр беқарор аст ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад:

- лабҳояш кабуд шуда;

- дучори ташаннуҷ (“судороги”) шуда;

- беш аз ҳад музтарибу парешон аст, бевақфа (беист) гиря мекунад, гиҷу бисёр хоболуд шуда (наметавон бедораш кард) ё ба чизе ъаксулъамал нишон намедиҳад;

- лаккаҳое рӯи пӯсташ зоҳир шуда, ки бо фишор аз байн намеравад (озмоиши ливон ё истакон)

- дучори дарди байза (хоя) шудааст (бахусус дар писарони навҷавон)

- бемории заминаӣ (“первопричинное патологическое состояние”) дорад.

Бемориҳои заминаӣ муҳим аст ва ба син рабте надорад. Барои намуна, дар Бритониё ҳудуди 5.5 милюн тан дар синҳои мухталиф осм (“астма”) доранд. Ибтило ба куруно хатари вахим (бадтар) шудани ин бемориро боло мебарад. Кӯдакони мубтало ба бемориҳои заминаӣ бисёр осебпазир ҳастанд ва мумкин аст ба ибтило ба куруно ҳоли онҳоро вахим кунад. Ба ҳамин далел тавсия мешавад ин кӯдакон дар хона бимонанд, то аз сирояти вирус дар амон бошанд.