Showing posts with label ideology. Show all posts
Showing posts with label ideology. Show all posts

Wednesday, September 19, 2018

Даъвои Маърифатситезон бо Маърифатдӯстон



Баҳсҳо бар сари ҳунари худвежаи Маърифати арҷманд шабеҳи достони филу мардони нобиност, ки яке пои пилро палмосиду фикр кард сутун аст; дигарӣ дасташ ба гӯшаш расиду фикр кард бодбизан аст, севумӣ ба хуртумаш даст заду пиндошт море дурушт аст; чаҳорумӣ шикамашро ламс карду гуфт: “Девор аст”; панҷумӣ думи пилро такон доду гуфт: “Ресмон аст”...

Дар ин моҷаро ҳам шуморе дар наққошиҳои Маърифат ҳунари волоро мебинанд ва гурӯҳе ҳам фаҳшу фисқу фуҷурро. Далелаш ҳам равшан аст. Ҳар касе андархури шуъури худ ашёро дарк мекунад. Касе, ки зеҳнаш ҳунарро аз фисқу фуҷур тафкик медиҳад, ҳаргиз бо дидани наққошиҳои Маърифат дучори шаҳват ё таваҳҳумоти ҷинсӣ намешавад, балки бар вежагиҳо ва баёни ҳунарии он, паёми тоблуҳо ба бинанда, манзури наққош, нигоҳи қаҳрамон, ҷузъиёти наққошӣ, мазмуни якояки аҷзои наққошӣ тамаркуз мекунад.

...Ба қавли Мавлавӣ, ҳар касе аз занни худ (яъне гумони худ) шуд ёри ман.
Ё ба қавли русҳо, “Каждый думает по мере своей испорченности”.

***

Ва як мушоҳидаи дигар аз баҳсҳои рӯдадароз дар бораи наққошиҳои Маърифат:

Ҷолиб инҷост, ки "тарафдорони ъиффату покӣ", ки ин тоблуҳоро нишонаи беъиффатию нопокӣ медонанд, дар баҳсҳо баддаҳантару беадабтар аз ҳар каси дигаре ҳастанд. Яъне барои ҳифзи одобу ъиффат забони худро меолоянду алфозу баёнеро ба кор мебаранд, ки дар ҳамаи ҷавомеъи башарӣ ниҳояти беадабӣ ба шумор меояд. Ва дуруст воруни он, ҳаводорони озодии баёну ҳунар ва ҳомиёни Маърифат аз чунон маърифате бархурдоранд, ки покиро аз олудагӣ тафкик медиҳанд ва ҳаргиз лаб ба бадгӯию алфози қабеҳ намегушоянд. Ин нукта баёнгари ҳақоиқи бисёрест ва на танҳо сатҳи шуъур, балки тазоҳури бархе ба посдории ъиффату покӣ ва пойбандии самимонаи гурӯҳи дигар ба покию ъиффатро ҳам ошкор мекунад.

***


Барои намуна, бардошти ман аз ин наққошӣ ба шарҳи зер аст ва бардошти дигарон метавонад мутафовит бошад:

Ончи ман дар ин тоблу мебинам, фазои тираву гирифтаи чордевории хона аст, ки мо танҳо як буъди онро мебинем. Ин тирагӣ баёнгари зиндагии якбуъдию тираву тори занест, ки инҷо дар хилвати худ худро раҳо карда, ба дур аз дағдағаи рӯзгор ва нигоҳи маҳкумкунандаи ҷомеъа. Тазодду тақобул (“контраст”) миёни рангҳои шоди шалвори атласии ӯ ва девори олудаву тира барҷаста аст. Ва ъаҷаб ин ки ӯ дар он либоси рангин ғамгин асту дар оғӯши деворҳои тираву тори хилваташ шод.
 

Ба гунае дароз кашида, ки дар ҳузури ҳеч касе, ҳатто шояд маҳрами худ, чунин накунад. Хиштаки шалвори ӯро ҷомеъа ъунсури номусӣ медонад ва аз ин рӯ ҳамеша бояд аз чашмҳо пинҳон бимонад. Аммо ин бону инҷо танҳост. Маърифат моро ба гӯшаи хилвате роҳнамоӣ кардааст, ки ҳаргиз надидаем.
 

Пойҳои барафроштааш гӯёи фориғболии ӯст. Як лаҳзаи фароғат ба дур аз ҳама. Аз кафи пои қаҳрамони ин наққошӣ мешавад дарёфт, ки заҳматкаш аст. Кафи пояш сӯдаву пажмурдаву таракхурда аст. Ва ҳатто дар гӯшаи хилвати худ ин зан наметавонад бакуллӣ худаш бошад ва дастонаш даври синааш печидааст, ки гӯӣ мехоҳад худашро ҳифз кунад, аз осеби нигоҳи тунди ҷомеъа, ки шояд аз лои деворҳо ҳам ба даруни утоқаки ӯ битаровад, рахна кунад, ӯро бидарад.
 

Нигоҳаш ҳомили андаке изтироб ҳам ҳаст, дар ъайни шодии онӣ.
 

Маърифат дар ин тоблу паёми иҷтимоъии бебоконае дорад ва он вазъияти рӯҳию равонии зани тоҷик аст; беаҳаммият ва номарбут будани амёлу хостаҳои ӯ барои ҷомеъа ва пӯшидагии мутлақи дунёи зан аз чашми ҷомеъа.
 

Ҳамин паёми муҳкам ё гуфтани ҳарфи магӯ аст, ки бархеро дар ҷомеъаи муҳофизакори мо ба шӯр овардааст. Чунин таконҳое барои ҷомеъаи мунҷамиду рокид боиста аст.
 

Куҷои ин наққошӣ шаҳватбарангез асту таваҳҳумоти ҷинсӣ эҷод мекунад?
Ин ки як ривояти иҷтимоъӣ аст.

Saturday, February 11, 2012

Secularism Vs. Ideological Rule


Ҳукумати нодинӣ дар қиболи ҳукумати ъақидатӣ

(дар ҳошияи як баҳси фейсбукӣ - гурӯҳи "Тоҷикистони Навин")

Дар тӯли торих дидаем, ки дин абзори расидан ба қудрат буда, чун бо истифода аз он мешавад тӯдаҳоро ҷамеъ ва мутеъ кард ва баосонӣ бар онҳо ҳукм ронд. Аммо ононе, ки мутеъи раҳнамудҳои он набошанд ё дину роҳу равиши худро дошта бошанд ё раҳо аз мақулаи дину диндорӣ бошанд, дар ин ҳоза (ҷомеъа) ҷой надоранд ва бояд табъиз шаванд ё ронда шаванд ё бимиранд. 

Дар ҳоле ки ҳукумати ҷудо аз дин метавонад заминаро барои зиндагӣ ва рушди пайравони ҳамаи динҳо ва афроди фориғ аз дин фароҳам кунад. Сиришти бисёре аз динҳо тамомиятхоҳист, ба гунае ки гаравондани ҳамаи афроди башар ба сӯи худро ҷузъи аҳдофашон медонанд. Дуруст ба монанди кумунисм, ки ҷаҳони навинро ҷаҳони батамом кумунист тарсим мекард. Ин аз вижагиҳои дидгоҳҳои тамомиятхоҳ аст, ки гунагунагии афроди башарро нодида мегиранд ва башарро дом (чорпо) фарз мекунанд ва ҳокимро як чӯпон. 

Аммо боз ҳам дар тӯли торих мебинем, ки тамоми идеулужиҳои тамомиятхоҳ, ки ба ҳарими хусусии одамон таъарруз мекунанд, барканда шудаанду мешаванд. Чун инсон бо такя ба мавҳибати парвардигории андешидан ва кунҷковӣ ҳамвора дунболи роҳҳои беҳтару бартаре барои фаргашт (такомул) будааст. Ва ҳеч фарқе ҳам намекунад, ки ҳазорон бор ин ё он дин батаъкид фарёд cар диҳад, ки дигар ҳеч роҳе барои зистани шоиста нест, ҷуз он ки ман мегӯям. Ин навъ бархурди такбуъдӣ ҳамвора шикаст хурдааст, чун хилофи сиришти инсон аст.

Акнун бар пояи намунаҳо бисанҷем, ки кадом як аз ин ду шеваи ҳукумат мусмир ба самар ё судманд воқеъ шудааcт. Дар ҷаҳони дониши мудерн Омрико ҳарфи аввалу охирро мезанад. Чаро? Чун зиндагӣ дар он кишвар машрут ба пазириши дидгоҳҳои дине вижа нест. Чунончи бахши қобили мулоҳизаи донишмандони мухтареъ дар он кишвар яҳудӣ, мусалмон, бедин ва ғайримасеҳӣ ҳастанд, аммо бар донистаҳо ва беҳзистии халқи Худо афзудаанд (Таъкиди ман бар донишмандон аст, ки аз фазои мусоъид ба рушд дар як ҷомеъаи ғайридинӣ баҳра бурдаанд, на сиёсатмадорон). 

Бахши бузурге аз ин донишмандону пизишкони омрикоӣ эронӣ ҳастанд; чи мусалмону чи яҳудию баҳоию зартуштӣ; афроде, ки натавонистаанд зери йӯғи абардине дар кишвари худ кору зиндагӣ кунанд ва ба Омрико паноҳ бурдаанд. Чи басо дидгоҳҳои ъилмии онон бо дидгоҳҳои пазируфташуда тавассути ҳукумати динии Эрон намехондааст. Дар ин миён чи касе бурдаасту кӣ бохтааст? Мусалламан, агар ҳамаи ин донишмандону пизишкон аз шароити мусоъид ба рушду зиндагӣ бархурдор мебуданд, сар ба саҳрои ғурбат намезаданд. Ва агар дасти зӯри ҳукумати динӣ аз сари миллати Эрон баруфтад, ҳаминҳо ҳастанд, ки боз хоҳанд гашт ва Эронро ба кишваре бамаротиб пешрафтатару шукуфотар табдил хоҳанд кард. Чун милоки аслӣ барои ингуна арзёбиҳо бояд доноӣ, шукуфоӣ ва беҳзистии ҷомеъа бошад, на ҳукумати дидгоҳҳое, ки мо ба он ъишқ меварзем.

Намунаи дигар аз таҳаммули дидгоҳҳои динии гуногун аст. Ҳазорон мусалмони диндор аз дасти ҷабру ситами ҳукуматҳои динишон гурехтаанду ба ҳамин “кофаристон”-и Ғарб паноҳ бурдаанд. Ҳамаи манотиқи мусалмоннишин масҷид доранд ва одинаҳо шулӯғтар аз ҳамеша ҳастанд, чун аксаран мехоҳанд савоби ъибодатро дар ҷамоъат бибаранд. Манотиқи яҳудинишин ҳатман каниса доранд, ҳиндуҳо мандир доранд, сикҳо гурдворо доранд, зартуштиён дарби меҳр доранд... Аммо ҳузури мусалмонон чашмгиртар аст. На танҳо дар ниёишгоҳҳо, балки дар хиёбонҳо ҳам. 

Мусалмонон бо пӯшишу намое мазҳабӣ рӯбарӯи истгоҳҳои метру бо баландгӯ донистаҳои худ аз исломро ба гӯши мардуми шаҳр фарёд мезананд ва масеҳиёну номусалмононро ба оғӯши ислом фаро мехонанд. Гоҳ баёнияҳои тундравонае ҳам чун “ҳамаи шумо бояд мусалмон шавед, вагарна дар оташи ину он дунё хоҳед сӯхт!”-ро ҷор мезананд. Ҳатто як бор надидаам, ки пулис музоҳими таблиғоти мазҳабии он бародарон шуда бошад. 

Аксари ин афрод зодаи як кишвари мусалмон ҳастанд ва маҷбур ба фирор шудаанд. Ғарб ба онҳо паноҳ дода, хонаву дар дода, иҷораи хонаро давлати “кофар” мепардозад, пули парваришу омӯзиши фарзандони бисёри ин хонаводаҳоро давлат мепардозад... Хулоса, камоли одоби меҳмондориро баҷо меоварад ва дар посух нафрину тавҳин мешунавад, аммо тоб меоварад, чун пойбанди ахлоқу усулест, ки хиради башаре пешрафта бар ӯ дикта мекунад. 

Дар паи 11 септомбр яке аз ин мубаллиғон (Имом Ҳамза) ба кишвари худаш мустарад шуд, чун дар масҷид мусалмононро ба қатли масеҳиён даъват мекард. Ин оқо бо чанд зану чандин фарзандаш аз давлати Бритониё кумак мегирифт ва танҳо кораш имомат дар масҷиди Финсберӣ Порки Ландан буд. Ҳангоме ки мехостанд ӯро ба Миср мустарад кунанд, мегуфт: Лутфан ин корро накунед, чун онҷо манро хоҳанд кушт. Гуфтанд: Ту ки мардумро ба куштори инглисиҳову масеҳиён фаро мехонӣ, чаро нигарони мурдани худат ҳастӣ? Ин пурсишу посух чеҳраи кареҳи таъассубро барҷаста мекард, ки пойбанди ҳеч навъ ахлоқе нест ва ба қавли бузурге, фосила аз таъассуб то фошисм як гом беш нест. 

Ба ҳар рӯй, агар қонуни Бритониёро ба дасти Имом Ҳамза вогузор мекарданд, бояд ҳамаи номусалмонон кушта мешуданд, то ӯ битавонад ҳукумати динии мавриди писанди худро пиёда кунад. Ин танҳо як намуна аст ва баёнгари ҳама навъ ҳукуматҳои динӣ нест ва ҳамаи ҳаводорони ҳукуматҳои динӣ хостори куштани мухолифонашон намешаванд. Аммо ҳар ҳукумати диние саранҷом ҳадафаш бо орзуи нобудии физикӣ ё ъақидатии мухолифонаш гиреҳ мехурад ва монеъи бузурге дар баробари рушди ҷомеъаи инсонист.

Бидуни ду нерӯи баҳамзидд ҳатто як ломп равшан намешавад. Тақобулу таъомули нерӯҳои мусбату манфӣ дар кунҳи офариниш нуҳуфта аст ва дар тамоми рухдодҳои физикӣ мушоҳида мешавад. Чаро давлати Тоҷикистон бад-ин андоза вопасмонда аст ва ҳеч нест, ки андаке пеш биравад? Чун ба нерӯи мухолифаш маҷол намедиҳад, ки дам бизанад. Дар натиҷа кунишу вокунише миёни нерӯи мусбату манфӣ сурат намегирад, ки лозимаи вуҷуд ва бақост. Ҳукумати динӣ ҳам аз ҳукумати Раҳмон тафовути чандоне нахоҳад дошт, фақат аз он бари хатт хоҳад уфтод. Ҳукуматҳои тамомиятхоҳ мухолифатро тоб намеоваранд, аз ин рӯ ҳам фосид мешаванду бармеуфтанд. Мисли обе, ки кунишу вокуниши молекулҳоро бохта бошад ва табдил ба мурдоб шавад.

Ва ин ҳикматро ҳам борҳо шунидаему такрор кардаем, ки “меваи мамнӯъа ширинтар аст”. Бароянди мантиқии онро ба чашми сар дар зиндагӣ дидаем. Сиришти инсон чунин аст, ки аз ончи бо зӯру иҷбор бар ӯ таҳмил шавад, гурезон аст ва ба он чи ки бо зӯру иҷбор аз ӯ биситонанд, моилтар аст. Намунаи боризаш Эрон аст, ки пеш аз инқилоб ҷомеъае мусалмонтару намозхонтар дошт ва дар тӯли 33 соли ҳукумати мазҳабӣ ба ҷомеъае гурезон аз мазҳаб табдил шудааст. Аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон барои ҳифзи қудрати худ дар ҳоли маҳдуд кардани дастрасӣ ба масҷидҳо ва риъояти одобу русуми исломист, аммо дар посух гароиши мардум ба масҷидҳо ва одобу русуми исломӣ дар ҷомеъа фузунӣ мегирад. Ин воқеъият ҳам тобеъи ҳамон қонуни физикии кунишу вокуниш аст. Кумунисм ҳам замоне мурд, ки сари қудрат омад. Пас ҳимоят аз ҳукумати динӣ, ба таври талвеҳӣ ва нохудогоҳ ҳимоят аз заволи он мактаб аст.

Tuesday, September 28, 2010

Forbidden Fruit Is Sweetest

Меваи мамнӯъ ширинтар аст

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Шояд ин мавзӯъ ҷузъи ногуфтаҳо набошад. Борҳо гуфта шуда, аммо дар лобалои торих нуҳуфтааст. Ҳамон меваи мамнӯъе, ки бино ба ривояти динҳои сомӣ, Одаму Ҳавво хурданду аз биҳишт ба замин парт шуданд. Гӯё ҳикматест азалӣ, ки дар рӯҳияи кунҷкови навъи башар ҳакк шудааст ва ҳамчунон рӯи замин ҳам дунболи он меваи мамнӯъи ширин мегардад.

Бо муруре ба торихи башарият метавон ин ҳикматро радёбӣ кард, ки ҳамвора мардум суроғи он меваи мамнӯъро гирифтаанд. Ҳар чи мамнӯъ аст, марғубтару хостанитар аст ва ҳар чи муҷоз аст, мавриди он ҳама таваҷҷуҳ нест.

Аммо аҷаб он ки ин ҳикмати мубарҳану равшан пайваста аз чашму зеҳни сардамдорону давлатдорон меуфтад ва барояшон дардисарҳое месозад, ки саранҷом ба сарнагунишон меанҷомад. Ҳокимоне, ки дар Эрони подшоҳӣ мехостанд ба зӯр мардумро аз ислом бикананду дар ҳайъате дигар биороянд, аз тахту тоҷи худ маҳрум монданд. Чун тӯдаҳо ба самти он меваи мамнӯъи ширин шитофтанд. Солҳо баъд аз он ҳокимони Эрони исломӣ ба зӯр бар сари занон ҳиҷоб афканданду бар фарқи мардон муҳри намоз кӯбиданд. Натиҷа он буд, ки мебинем: тӯдаҳо аз меваи таҳмилӣ гурезонанд ва дубора дар ҷустуҷӯи меваи мамнӯъ сардамдорони режимро дучори махмаса кардаанд.

Пас ҳар он чи таҳмилист, макруҳ аст ва ҳар он чи мамнӯъ, хостанист.

Чанде пеш дар хабаргузориҳои ҷаҳон хабаре дарз кард, ки дар Покистон бештар аз ҳар кишвари дигар вожаи “секс”-ро аз тариқи ҷустуҷӯгари интернетии Google меҷӯянд. Ин гузориш бовари ғолиби мардуми Ховарзаминро зери суол бурд, ки кишварҳои Ғарбро маҳди сексу таназзули ахлоқӣ медонанд. Зоҳиран, масъалаи сексу аъмоли ҷинсӣ бештар дағдағаи фикрии афродест, ки дар ҷомеъаҳои баста ва суннатӣ ба сар мебаранд ва кишварҳое, ки мушкилашонро бо ин мавзӯъ ҳал кардаанд, онро дар раддаи аввали ниёзҳояшон қарор намедиҳанд. Аммо занҷиру завлонаҳои иҷтимоъию урфӣ дар кишварҳое, ки ҳанӯз бо ин муъзал дасту панҷа нарм мекунанд, ин мавзӯъро табдил ба музоҳимати зеҳнии бисёре кардааст. Дар натиҷа, ҳифзи зоҳир ба вазифаи дараҷаи якум табдил мешавад ва ҳифзи ботин аҳамияти худро аз даст медиҳад. Ба ҳамон шеваи достони Эраҷ Мирзо дар бораи як зани ҳиҷобӣ, ки дар мулоқоте бо як мард исматашро бохт, аммо ҳамчунон хушнуд буд, ки печаи ҳиҷобашро аз даст раҳо накард:

Вале чун исмат андар чеҳрааш буд,
Аз аввал то ба охир чеҳра нагшуд.
Дудастӣ печа бар рух дошт муҳкам,
Ки чизе н-ояд аз мастуриаш кам.
Чу хурдам сер аз он ширин кулӯча,
“Ҳаромат бод!” гуфту зад ба кӯча.
Ҳиҷоби зан, ки нодон шуд, чунин аст,
Зани мастураву маҳҷуба ин аст...
Чу зан таълим диду дониш омӯхт,
Равоқи ҷон ба нури биниш афрӯхт,
Ба ҳеч афсун зи исмат барнагардад,
Ба дарё гар биуфтад, тар нагардад...
Чу дар зан иффату озарм бинӣ,
Ту ҳам дар вай ба чашми шарм бинӣ...
Куҷо фармуд пайғамбар ба Қуръон,
Ки бояд зан шавад ғӯли биёбон?!..

Аммо ширинии меваи мамнӯъ танҳо дар ин ҳарфу ҳадиси магӯ нест, балки ба ҳитаи сиёсат ҳам доман мекашад, ки як намунаи онро дар боло зикр кардем. Намунаҳои фаровони дигар ҳам ҳаст, ки суқути импротурии Шӯравӣ аз наздиктарину барҷастатарини онҳост. Ҳар чи мамнӯъ буд, тамоюл офариду марғуб шуд. Агар диндорӣ мамнӯъ бошад, бединӣ макруҳ мешавад. Ва агар диндорӣ иҷборист, бединӣ хостанист. Ба қавли шоъир:

Парирӯ тоби мастурӣ надорад,
Чу бандӣ дар, зи равзан сар барорад.

Агар маҳбубияти раҳбари як кишвар бар мардум таҳмил шавад, раҳбар манфур мешавад. Ва агар танаффур аз шахсе бар тӯдаҳо таҳмил шавад, ҳисси бечоранавозии фитрии мардум шахси мавриди назарро маҳбуб мекунад.

Ин вокунишҳои воруна (баръакс) ҳамвора сидқ кардаанду мекунанд. Барои намуна, гуфтугӯи ахири раисиҷумҳурии Эрон бо шабакаи телевизюни омрикоии Fox News, ба бовари бисёре, аз Маҳмуди Аҳмадинажод чеҳрае мазлуму маҳбуб тарсим кард, чун гӯянда бидуни риъояти одоб бар раҳбари як кишвар чунон метохт, ки гӯӣ бо дузди як баққолӣ тараф аст.

Кӯтоҳсухан, аз ин ҳикмати бостонӣ метавон ба осонӣ дар ҳар заминае аз зиндагӣ баҳра бурд. Агар моилем, ки як меваи бахусус ширин ҷилва накунад, беҳтар аст мамнӯъаш накунем. Шуъури инсонӣ саранҷом онро ба таври шоиста арзишёбӣ хоҳад кард. Андешае, ки сардамдорони имрӯз мамнӯъаш медонанд, фардо бар худи онҳо ҳукумат хоҳад кард. Шинохти озодонаву дақиқи он андеша метавонад чашмҳои баста бо шираи таъассубро боз кунад ва натиҷаҳои беҳтаре дар пай дошта бошад. Муҳим он аст, ки суфраамон аз анвоъи меваҳо холӣ намонад ва ҳамеша имкони гузиниш вуҷуд дошта бошад. Пас боиста аст, ки дар айни раҳо кардани андешаҳои мавҷуд бо канкошу мунозирот дар паи тавлиди андешаҳои тоза ва созанда бошем, то шояд меваи ширинтаре арза шавад, ки аз қазо мамнӯъ несту ҷаззобияти бештаре дорад.

Wednesday, February 18, 2009

Poll: Islamic Revolution's Outcome

Инкилоби исломии Эрон чй овард?

Пешрафт 9 (42%)

Пасрафт 11 (52%)

Хеч 1 (4%)

Дигар 0 (0%)


Votes so far: 21
Poll closed

Sunday, July 20, 2008

Ideological Bewilderment

Сардаргумии акидатй

Дар гузашта «бисмиллох»-и нависандагонамон гуфтахои зубдаву багузидаи Ленину Морксу Энгелс буд. Дар ин зубда гузидан (интихоб кардан)-хо гохо ба андозае ифрот ба харч медоданд, ки нависандаву навишта бо хам хандахариши хавос мешуданд. Хатто агар карор буд шумои гиёхшинос дар бораи хосиятхои хиёр (бодиринг) матлабе бинависед, ногузир буд аз миёни даххо чилд китоби паёмоварони кумунисм фармудаеро пайдову пиёда кунед ё бисозед: «Ленин хам дар кудакй аз таъми хуши бодиринг лаззат мебурд». Яъне ба гунае бояд навиштаи худро машруъ мекардед, то аз софй (филтер)-и идеулужии хоким бигзарад ва хамзамон симои паёмоварони кумунисмро барчастатар кунад ва харфхои онхоро, валав ин ки беарзиш бошад, дар зехнхо мехкуб кунад.

Имшаб хам чашмам ба ду матлаб уфтод, ки нависандагонашон дар адои «бисмиллох»-и чадид кушиши фаровон ба харч додаанд. То кунун бароям ба ин андоза равшану мубархан набуд, аммо акнун ба назар мерасад, ки «бисмиллох»-и навин шакл гирифтааст ва он «бисмиллох» ба маънии дакики вожа аст.

Саъидалй Тохиров ва Хотами Хомид дар нашрияи «Нури зиндагй» матлабе навиштаанд зери унвони «Тозагии забон – лахни равони ширин». Чи унвон ва чи мазмуни матлаб хокй аз вахомати вазъияти забони порсй дар кишвари мост. Тасаввур бар ин аст, ки нависандагони чустор бо такя ба офаридахои забоншиносон ва ахли фан ба ин мавзуъ пардохта бошанд. Аммо сарогози навишта таъкиде чиддй аз сарчашмае дигар аст:

«Дар сураи Ахзоби Куръони Мачид омадааст :"... аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигуед.»

Зохиран дар ин рузхо, хатто агар бихоханд дар бораи кеши пешини мардумони эронй матлабе бинависанд, бояд аз хамин фурмулбандй ва аз хамин «бисмиллох» кор бигиранд. Дар «Эроншахр» матлаби пурмагзеро хондам, ки он хам, намедонам чаро, бояд чунин огозе медошт:


«Худованди бузург дар Куръони азимушшон чунин фармуда, ки: «Ва лакад баъасно фи кулли умматин расулан ан-иъбуду-л-лоха ва-чтанибу-т-тогут», яъне «Харойина мо фиристодем дар хар кавме паёмбаре, то Худовандро бипарастед ва аз Ахриман ичтиноб варзед» (Сураи «Нахл», ояи 35). Хамчунон дар чойи дигар чунин мефармояд: «Ё маъшар-ал-чинни ва-л-инси а-лам-яътикум русулун минкум якуссуна алай-кум оёти ва юнзируна-кум ликоа явмикум хазо?», яъне «Эй тоифаи девон ва мардумон, оё наомаданд паёмбарон аз шумо, ки оёти маро бар шумо мехонданд ва огохатон мекарданд аз ин рузе, ки шуморо дар пеш аст?» (Сураи «Анъом», ояи 129).»

Тасодуф ин чост, ки кабл аз хондани ин ду чустор дар холи анчом додани пажухише дар бораи хирадманди бузурги садаи 20 Олберт Ойнштойн (Albert Einstein) будам. Аз ин марди хирад матлабе гирам омад, ки соли 1930 дар мачаллаи New York Times мунташир кардааст. Чустори пурмухтавое бо номи «Дин ва дониш». Дар поёни дебочаи ин навишта Ойнштойн менависад:

«Бад-ин гуна мо ба дарки чадиде аз робитаи дониш бо дин мерасем, ки аз тасаввури маъмулии он мутафовит аст. Замоне ки як фард ба ин казия аз зовияи торихй нигох мекунад, бино ба далоили равшан, моил аст дониш ва динро ду ракиби созишнопазир бидонад. Касе, ки ба конуни гайхонии сабабият (иллату маълул – причина и следствие) имон овардааст, кодир нест хатто барои як лахза ин андешаро бипазирад, ки хастие дигар дар чараёни руйдодхо дахолат дорад – мусалламан, агар ин фард фарзияи сабабиятро ба ростй чиддй бигирад. Ин шахс дини тарсу бимро бехуда медонад ва ба хамин андоза ба дини ичтимоъй ё ахлокй эътино намекунад. Худое, ки подошу подафрох (мукофоту мучозот) медихад, барои у кобили тасаввур нест, зеро икдомоти як фардро заруратхои берунй ва дарунй таъйин мекунад ва аз ин ру у наметавонад дар чашми Худованд масъули аъмолаш бошад. Рафтори у мушобехи рафтори ашёи ночунбое будааст, ки чараёне бар он ходис шудааст. Аз ин чост, ки илму донишро ба нодида гирифтани ахлок муттахам мекунанд, аммо ин иттихом шоиста ва мунсифона нест. Рафтори ахлокии як фард бояд ба таври корсоз мубтанй бар хамдилй, омузишу парвариш, равобит ва ниёзхои ичтимоъй бошад; ба пояи мазхабй ниёзе нест. Агар карор аст фарде бо тарси мучозот ва умеди подош пас аз маргаш махор бишавад, вокеъан холати низоре хохад дошт. Аз ин ру ба содагй метавон дарёфт, ки чаро маъбадхову калисохо хамвора алайхи илму дониш чангидаанд ва чонсупорони онро таъкиб кардаанд.»

Бузурге дигар, ки аз казо хамкори ман аст, чанде пеш ба зебойи гуфт: «Дар кишвархои мо ашё сайри табиъии худро тай намекунанд.» Дарки ин чумла тааммули зиёде намехохад. Хамин омехтагихои печопеч ва дар пилаи мазхаб рехтани донишу тафаххус аст, ки монеъ аз ин сайри табиъй мешавад. Аз як су зехни сусиёлистй водор мекунад, ки идеулужиро дар дониш биомезем. Аз суи дигар гирифторихои рузгор мардумро ба тахлукаи чустучуи чойгузине андохтааст. Ва он чойгузин тибки маъмул мазхаб аст. Дар ин миён дониш дар пардаи ибхом мемонад ва пушти садде, ки гузаштан аз он кори содае нест.