Wednesday, September 19, 2018

Даъвои Маърифатситезон бо Маърифатдӯстон



Баҳсҳо бар сари ҳунари худвежаи Маърифати арҷманд шабеҳи достони филу мардони нобиност, ки яке пои пилро палмосиду фикр кард сутун аст; дигарӣ дасташ ба гӯшаш расиду фикр кард бодбизан аст, севумӣ ба хуртумаш даст заду пиндошт море дурушт аст; чаҳорумӣ шикамашро ламс карду гуфт: “Девор аст”; панҷумӣ думи пилро такон доду гуфт: “Ресмон аст”...

Дар ин моҷаро ҳам шуморе дар наққошиҳои Маърифат ҳунари волоро мебинанд ва гурӯҳе ҳам фаҳшу фисқу фуҷурро. Далелаш ҳам равшан аст. Ҳар касе андархури шуъури худ ашёро дарк мекунад. Касе, ки зеҳнаш ҳунарро аз фисқу фуҷур тафкик медиҳад, ҳаргиз бо дидани наққошиҳои Маърифат дучори шаҳват ё таваҳҳумоти ҷинсӣ намешавад, балки бар вежагиҳо ва баёни ҳунарии он, паёми тоблуҳо ба бинанда, манзури наққош, нигоҳи қаҳрамон, ҷузъиёти наққошӣ, мазмуни якояки аҷзои наққошӣ тамаркуз мекунад.

...Ба қавли Мавлавӣ, ҳар касе аз занни худ (яъне гумони худ) шуд ёри ман.
Ё ба қавли русҳо, “Каждый думает по мере своей испорченности”.

***

Ва як мушоҳидаи дигар аз баҳсҳои рӯдадароз дар бораи наққошиҳои Маърифат:

Ҷолиб инҷост, ки "тарафдорони ъиффату покӣ", ки ин тоблуҳоро нишонаи беъиффатию нопокӣ медонанд, дар баҳсҳо баддаҳантару беадабтар аз ҳар каси дигаре ҳастанд. Яъне барои ҳифзи одобу ъиффат забони худро меолоянду алфозу баёнеро ба кор мебаранд, ки дар ҳамаи ҷавомеъи башарӣ ниҳояти беадабӣ ба шумор меояд. Ва дуруст воруни он, ҳаводорони озодии баёну ҳунар ва ҳомиёни Маърифат аз чунон маърифате бархурдоранд, ки покиро аз олудагӣ тафкик медиҳанд ва ҳаргиз лаб ба бадгӯию алфози қабеҳ намегушоянд. Ин нукта баёнгари ҳақоиқи бисёрест ва на танҳо сатҳи шуъур, балки тазоҳури бархе ба посдории ъиффату покӣ ва пойбандии самимонаи гурӯҳи дигар ба покию ъиффатро ҳам ошкор мекунад.

***


Барои намуна, бардошти ман аз ин наққошӣ ба шарҳи зер аст ва бардошти дигарон метавонад мутафовит бошад:

Ончи ман дар ин тоблу мебинам, фазои тираву гирифтаи чордевории хона аст, ки мо танҳо як буъди онро мебинем. Ин тирагӣ баёнгари зиндагии якбуъдию тираву тори занест, ки инҷо дар хилвати худ худро раҳо карда, ба дур аз дағдағаи рӯзгор ва нигоҳи маҳкумкунандаи ҷомеъа. Тазодду тақобул (“контраст”) миёни рангҳои шоди шалвори атласии ӯ ва девори олудаву тира барҷаста аст. Ва ъаҷаб ин ки ӯ дар он либоси рангин ғамгин асту дар оғӯши деворҳои тираву тори хилваташ шод.
 

Ба гунае дароз кашида, ки дар ҳузури ҳеч касе, ҳатто шояд маҳрами худ, чунин накунад. Хиштаки шалвори ӯро ҷомеъа ъунсури номусӣ медонад ва аз ин рӯ ҳамеша бояд аз чашмҳо пинҳон бимонад. Аммо ин бону инҷо танҳост. Маърифат моро ба гӯшаи хилвате роҳнамоӣ кардааст, ки ҳаргиз надидаем.
 

Пойҳои барафроштааш гӯёи фориғболии ӯст. Як лаҳзаи фароғат ба дур аз ҳама. Аз кафи пои қаҳрамони ин наққошӣ мешавад дарёфт, ки заҳматкаш аст. Кафи пояш сӯдаву пажмурдаву таракхурда аст. Ва ҳатто дар гӯшаи хилвати худ ин зан наметавонад бакуллӣ худаш бошад ва дастонаш даври синааш печидааст, ки гӯӣ мехоҳад худашро ҳифз кунад, аз осеби нигоҳи тунди ҷомеъа, ки шояд аз лои деворҳо ҳам ба даруни утоқаки ӯ битаровад, рахна кунад, ӯро бидарад.
 

Нигоҳаш ҳомили андаке изтироб ҳам ҳаст, дар ъайни шодии онӣ.
 

Маърифат дар ин тоблу паёми иҷтимоъии бебоконае дорад ва он вазъияти рӯҳию равонии зани тоҷик аст; беаҳаммият ва номарбут будани амёлу хостаҳои ӯ барои ҷомеъа ва пӯшидагии мутлақи дунёи зан аз чашми ҷомеъа.
 

Ҳамин паёми муҳкам ё гуфтани ҳарфи магӯ аст, ки бархеро дар ҷомеъаи муҳофизакори мо ба шӯр овардааст. Чунин таконҳое барои ҷомеъаи мунҷамиду рокид боиста аст.
 

Куҷои ин наққошӣ шаҳватбарангез асту таваҳҳумоти ҷинсӣ эҷод мекунад?
Ин ки як ривояти иҷтимоъӣ аст.

No comments: