Wednesday, September 19, 2018

Сухане носанҷида ва паёмадҳои он

Дар ҳошияи як фиристаи Ҳафиз Бобоёруф (Hafiz Boboyorov) дар Фейсбукаш, ки ҳокӣ аз талоши ӯ барои истифода аз рӯзноманигорону расонаҳо ба суди хеш аст.

Ин нивишта дар идомаи посухе ба иддиъоҳои Ҳафиз буд. Аммо Ҳафиз дар ниҳояти ъаҷзу нотавонӣ сухани ҳақро барнатобиду маро аз миёни дӯстони маҷозиаш ҳазф кард, ки имкони изҳори назар дар сафҳаи ӯро надошта бошам. Дареғам омад, ки ин нивишта ба чашми Ҳафиз нахурад, чун ҳамчунон умедворам, ки бо такя бар мантиқ аз ин роҳи хато баргардад:

"Беҳтарин роҳкор ин буд, ки ба маҳзи дарки иштибоҳи худ Ҳафиз ин нивиштаро ҳазф мекард. Ҳамин ҳоло, бо ҳазфи бахше аз он ҳам, ғалатандозии ин матлаб бартараф нашудааст. Омадааст: ... соҳибминбар дар нашри ин идея ва барномаи он саҳмгузор буд" Ва ба дунболи он номи Мирзои Салимпурро мехонем. Оё манзур аз "саҳмгузор дар нашри иде ва барномаи "Паймони миллӣ" Мирзои Салимпур аст? Агар чунин аст, далели аслии гилоя аз Мирзо чист? Ӯ замоне аз тарҳи иде ва барномаи "Паймони миллӣ" гузориш дода буд ва ҳоло дар дар расонаи худ хабареро мунташир карда, ки шояд ба мазоқи касе ё гурӯҳе хушоянд набошад. Магар қарор буд ҳамаи хабару гузоришҳои як расона дар чорчӯби манофеъи шахсии мо ва ба суди дидгоҳи мо бошад? Бояд дӯстон усули рӯзноманигориро мурур кунанд ва аз расонаҳо интизори ҳимоят аз ин ё он гурӯҳи бахусусеро надошта бошанд. Ин нивишта, ки аз сӯитафоҳум бармеояд, беҳтар буд ҳазф мешуд, чун ҳосиле ҷуз тафриқаандозӣ надошт.
Яке дигар меояду рӯзноманигоре (Мирзои Салимпур)-ро ба гирифтани пул аз Кабирӣ муттаҳам мекунад, бидуни ин ки далеле ироа диҳад. Коре ба паёмадҳои қазоии чунин иттиҳомоте надорам. Фақат аз диди инсонӣ мешавад пурсид, ки чигуна метавон ба хотири ихтилофи назар бо матлаби расонае фавран дастандаркорони онро ба ришвахорӣ муттаҳам кард? Бар пояи кадом асли башарие? Одамони ёвасарои бисёре ин корро мекунанд, аммо аз инсонҳои муҳтарам чунин интизоре намеравад. 

Натиҷаи ин фиристаи носавоб чунин шуд, ки Додоҷон, пас аз фурӯ рехтани анбоне сухани баду бероҳ маро аз саффи дӯстони фейсбукиаш ҳазф кардааст. Тасмими онии ӯст, ки сари хашму ғазаб гирифтааст, бо пушти по задан ба ҳама чизу ҳама кас. Бар сари як чизи беарзише чун даъвои номи "Паймони миллӣ"-и маҷҳул. Пеш аз он миннат ҳам гузошта, ки аз чи касоне дар ъайни танҳоишон ҳимоят карда ва агар ҳамин хатти машйиро роҳнамои худ қарор диҳем, то бениҳоят ҳамдигарро миннатборон хоҳем кард ва ҷамъиятеро шодону хандон. Ин чи наҳваи арзёбии як мавзӯъ аст? 

Чизе, ки на танҳо суде ба бор намеоварад, балки зиёни фаровоне ҳам доштааст, ҳамон беҳ, ки набошад, Ҳафиз!"

...Пас аз ҷумлаи охири ин нивишта мутаваҷҷеҳ шудам, ки Ҳафиз ҳам маро аз шумори дӯстони фейсбукиаш ҳазф кардааст. Бо ҳаммеҳанону равшанфикроне чун Шумо "Паймони миллӣ"-тон хобу хиёл мемонад. Шакке нест.

No comments: