Tuesday, March 29, 2011

Who's to Share G. Ikramov's Pride?

Кӣ ҳампарвози Ғайрат Икромов аст?

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дар паи обларза ва зилзилаи Жопун (Япония), ки садҳо кушта ва ҳазорон хонаи вайрон баҷо гузошт, дар расонаҳои русӣ номи Ғайрат Икромов бо ифтихори фаровон танин андохтааст. Ғайрат, ки зодаи соли 1967 дар шаҳри Маскав аст, аз модаре рус ва падаре тоҷик ба дунё омада ва аз соли 1991 бад-ин сӯ муқими Жопун аст ва бо бонуе жопунӣ издивоҷ кардаву хонаводае сомон додааст. Родор ё раддёбҳое, ки ӯ ва ширкати “Life Sensor”-и вай ихтироъ кардаанд, то кунун ҷони даҳҳо нафарро аз зери овори зилзилаҳо наҷот додааст.

Аммо чизе, ки акнун барҷаста шуда, набарди пинҳонест, ки дар расонаҳои гуногун ба мушоҳида мерасад: расонаҳои русӣ Ғайрат Икромовро ба унвони зодаи Маскав ва фарзанди як зани рус мутаъиллиқ ба сарзамини Русия медонанд, расонаҳои тоҷикӣ ба далели тоҷик будани падараш Ғайратро тоҷик ба шумор меоваранд ва расонаҳои Жопун бо таваҷҷуҳ ба 20 сол иқомати Ғайрат дар Жопун ва хонаводаи жопуниаш ба ҳеч рӯй ӯро бегона намедонанд. Набарде, ки барои эъломи ҳисси тасоҳуб бар як инсон даргирифта ва гӯёи ҳақоиқи бисёрест.

Аз ҷумла ин ки як фарди донишвару донишпажӯҳ, ки ёфтаҳо ва сохтаҳояш мавриди корбурди насли башарӣ воқеъ мешавад, худбахуд табдил ба фарзанди кураи Замин мешавад ва ҳар касе моил аст ба гунае ӯро ба худаш нисбат диҳад. Дар Русия, ки мардуми авому бедониш тоҷикҳоро насли “Равшан” ва “Ҷамшуд” медонанд, зикри ин ҳақиқат, ки Ғайрат зодаву парвардаи устоди тоҷики риёзиёти Донишгоҳи давлатии Маскав аст, камтар ба чашму гӯш мерасад. Ва шояд бархе зикри нисбати Ғайрат Икромов ба тоҷикҳоро барои худи ӯ мояи сарафкандагӣ бидонанд ва бо пинҳон доштани ин ҳақиқат, ба гумони худ, ба Ғайрат Икромов муҳаббат меварзанд. Аммо худи Ғайрат дар гуфтугӯ бо родю Озодӣ ба сароҳат аз қавмияту миллияти тоҷикии падараш суҳбат мекунад.

Албатта, пурсиши нахусте, ки бояд дар зеҳни мо, тоҷикҳо, хутур кунад, ин аст, ки чаро, ба гумони бархе, “тоҷикият”-и Ғайрат Икромов бояд пинҳон бимонад. Чи далеле дорад, ки иддае тоҷик буданро мояи сарафкандагӣ бидонанд? Ва агар далеле ҳаст, бояд бикӯшем онро бартараф кунем.

Нуктаи дигаре, ки дар ин мавзӯъ барҷаста шуда, талоши миллиятҳои гуногун (аз ҷумла мардумони Русияву Жопун, ки дар торихи муъосир ифтихороти андаке надоранд) барои ихтисос додани ҳамаи ифтихороти ношӣ аз Ғайрат Икромов ба худашон аст. Пас донишу маҳорати иҷроии дониши андӯхта ҳамчунон дар ҷаҳон муътабар аст ва худбахуд донишмандро табдил ба узви мавриди ниёзи ҳар ҷомеъае мекунад.

Нуктаи севум ва барои мо муҳимтар як тасаввур аст. Тасаввур кунед, ки Ғайрат Икромов аз ҳамон модари рус дар шаҳри Душанбе ба дунё омада буд ва ба ҷои Донишгоҳи давлатии Маскав дар Донишгоҳи давлатии Душанбе дарс хонда буд. Аз ӯ чи чизе сохта мешуд? Оё тамоми зарфияти мағзи ҷӯёву пӯёи ин донишманд мавриди корбурд қарор мегирифт? Чанд дарсад аз ёхтаҳои мағзаш хобида мемонд ва чанд дарсади он фаъъол мешуд? Ва чаро? Ба чи забони сомонманде фикр мекард, ки андешаҳои бикри ӯро сарусомон диҳад? Чаро афроде, ки дорои зарфиятҳои билқувваи зеҳнӣ ҳастанд, дар Тоҷикистон бояд маҳкум ба фаромӯшию ҳақорат бошанд? Доштани чунин донишмандон дар сарзамини ларзахезе чун Тоҷикистон метавонист чи пешрафтҳоеро ба ҳамроҳ дошта бошад? Сомона (систем)-и омӯзишу парвариши мо бояд чи корҳоеро анҷом диҳад, ки фарзандони мустаъидди ин миллат ба ҳарими парвози Ғайрат Икромов даст ёбанд? Ҷомеъаи Тоҷикистон бояд чи дигаргуниҳоеро пазиро бошад, ки ба парвози хаёлу тафаккури ғайрат-икромовҳо маҷол диҳад? Аслан чи чизе боъис шуд, ки падари донишманди Ғайрат Икромов кӯлбори донишашро бо бисоти зиндагиаш ба Маскав бикашонад ва онҷо раҳли иқомати доим биафканад?

Агар ба кунҳу решаи ин пурсишҳо таваҷҷуҳ кунед, ба расонаҳои русӣ ҳақ медиҳед, ки Ғайратро аз они худ бидонанд; ва ҳамчунин ба жопуниҳо ҳақ медиҳед, ки ба далели имконоте, ки дар ихтиёри ин донишманди ҷавон гузоштаанд, дар баробари ӯ эҳсоси ғурбат надошта бошанд. Танҳо мансубияти хунӣ бо як инсони фарҳехта басанда нест, ки ӯро худбахуд аз они мо кунад. Агар Ғайрат Икромов дар Тоҷикистон дарс хонда буд ва дар ҳамон ҷо болида буд, мешуд ба сомонаи омӯзишу парвариши мо дуруду сано фиристод ва Ғайратро фароварда (маҳсул)-и тамомъайёри он донист. Мо ҳама дорои эҳсосоти қавмӣ ҳастем, аммо ҳеч ҳиссе набояд монеъ аз дарки ҳақиқат шавад. Ва он ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон, ҷомеъаи Тоҷикистон, бавежа сомонаи омӯзишу парвариши он бояд аз ҳафт хони тағйиру таҳаввулоти бунёдин бигзаранд, то ғайрат-икромовҳо бидуни васотати ҷомеъаҳои дигар аз даруни ҳамин ҷомеъаи мо сабз шаванду бирӯянду биболанд. Ҳамакнун замони тағйиру таҳаввул аст, на замони борварӣ.

Акс: Ғайрат Икромов (самти чап) - хабаргузории RIA Novosti.

Thursday, March 17, 2011

The Origins of Nowruz

Пайдоиши Наврӯз

(Ин матлаб бори нахуст рӯзи 19.03.2008 дар торнамои JadidOnline.com мунташир шуда буд)

Дар бораи Наврӯз ва пайдоиши он садҳо ҷустору китоб навиштаанд, аммо андак касе ба пайванди он бо тамаддуни бобилӣ пардохтааст.

Бино ба устураҳо ва боварҳои суннатӣ, оғози таҷлил аз Наврӯз ба 15 ҳазор сол пеш бармегардад; ба рӯзе, ки Ҷамшедшоҳ (Йимо ё Йомои ҳиндуэронӣ) бар тахт нишаст. Истилоҳи “Наврӯзи ҷамшедӣ” аз ҳамин бовар бармеояд. Шоҳони даврони муъосир низ ба монанди Фатҳъалишоҳи Қоҷор талош мекарданд ба тақлид аз Ҷамшед дар рӯзи Наврӯз тоҷ бар сар бигузоранд.

Бар мабнои бовари маздаяснӣ, Зартушт-паёмбар буд, ки ахтаршиносии эрониро бунёд ниҳод ва бо муҳосиботи дақиқ дар канори ҷашнҳои табиъии Сада ва Меҳргон эътидоли рабиъӣ (баробарии баҳорӣ)-и шабу рӯзро низ ба масобаи ҷашни аслӣ ва вопасин рӯз аз ҳафтаи офариниши Парвардигор таъйин кард, ки ҳамин Наврӯз аст.

Бархе талош кардаанд, то ному нишоне аз ҷашни Наврӯзро дар ктибаҳои Ҳахоманишӣ радёбӣ кунанд ва навиштаанд, ки ҷашни Наврӯз дар фармони Куруши Бузург – поягузори импротурии Ҳахоманишӣ, ки дар соли 542 пеш аз мелод ба мардумони Бобил озодиҳои миллӣ ва мазҳабиро арзонӣ дошт, ҷовидона шудааст.

Шоҳиди мисоли онҳо ин пора аз матни катибаи мондагори Куруш аст:
“Замоне ки ман ба Бобил андар шудам…, ба касе иҷоза надодам, ки ба ин сарзамин ва мардуми он ситам кунад… Ман ниёзҳои Бобилро мадди назар доштам ва ҳамаи ҷойгоҳҳои муқаддаси онро, ва дар беҳзистии онҳо кӯшидам…. Ман онҳоро аз бардагии ношоиста наҷот додам. Ман вайронаҳои онҳоро обод кардам. Ман ба бадбахтиҳои онон поён ниҳодам.” Аммо дар ин матн зикре аз Наврӯз нест.
Наврӯз ва Бобил

Аммо ёдгорҳои мактуби бозмонда аз Бобили бостон, ба монанди катибаҳои Сеннахериб, аз шоҳони ошӯрӣ дар “бет акитӣ” ё ҷашнгоҳҳои ошӯрӣ дар ин маврид тардиде боқӣ намегузорад, ки дар даврони муқаддам бар вуруди Куруши Бузург ба Бобил шаби эътидоли рӯзу шаб пеши бобилиҳо гиромӣ буда ва бо номҳои “акидӣ” ва “хоб ниссон” (аввали найсон) ба унвони соли нав аз он таҷлил мешудааст.

Дуктур Коваи Фаррух, торихнигори юнонии эронитабор, менависад:
“Дар замони фатҳи нисбатан ороми Бобил тавассути Куруши Бузург (539 пеш аз мелод) бобилиҳо аз дониши фавқулъодаи замоншиносӣ бархурдор буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки 19 сол баробар бо 235 моҳ аст ва бар мабнои он аз садаи панҷуми пеш аз мелод ба баъд чарха ё сикли ҳафтгонаеро таъйин карданд, ки ҳар давраи он 19 солро дарбар мегирифт… Бад-ин гуна, соли нави бобилиҳо бо нахустин рӯзи моҳи найсон дар оғози баҳор мусодиф мешуд. Аз ин рӯ ба назар меояд, ки ин торихи бобилӣ сароғози ҷашни Наврӯзи ориёӣ буда бошад.”
Солҳо пеш аз ин Вилҳелм Ойлерз (Wilhelm Eilers) дар китоби “Торихи Эрони Кембриҷ” навишта буд:
“Порсҳо афзун бар илми ахтаршиносии Баҳнаннаҳрайн гоҳшумории онро низ пазируфтанд, ки бар мабнои он оғози сол бо нахустин шаби баҳор (20 морс) мусодиф мешуд.

Зеботарин ҷашни Эрони бостон (Наврӯз ё Навсaрд) ҷашни соли нави бобилиёни бостон буд, ки дар он рӯз Мардук, худои бобилиҳо, сарнавишти насли башарро аз нав рақам мезад… Бино ба ёфтаҳои бостоншинохтӣ, ҳамаи шаҳрҳои бузурги Бобид ва Осур дорои ҷашнгоҳи вижае буданд, бо номи “бет акитӣ”, ки берун аз дарвозаҳои шаҳр қарор дошт”.
Ҷашни соли нави бобилӣ 12 рӯз ба дарозо мекашид ва ҳар рӯзи он маросими хосси мазҳабӣ дошт. Аз ҷумла дар яке аз он рӯзҳо рӯҳонии аршади бобилӣ шоҳро ба ниёишгоҳи Мардук мехонд ва ба унвони каффораи гуноҳони хоста ва нохостаи шоҳ дар соли гузашта бар рухсори ӯ силӣ мезад, чунонки ашки ӯ ҷорӣ мешуд.

Дувоздаҳ рӯзи ҷашни Наврӯзи ориёӣ низ ки дар он “Мири наврӯзӣ” ҳам зоҳир мешуд, эҳтимолан, бо ин суннати бобилиҳо пайванде дорад.

Аз нависандагони эронӣ Ҳошими Разӣ аст, ки дар китоби “Ойини муғон” ба ҷашни Акитӣ ишора мекунад:
“Акитӣ ҷашни куҳани бобилист, ки соле ду бор дар оғози баҳор ва поиз (тирамоҳ) баргузор мешуд ва қидмати он ба мӯҷиби огоҳиҳое, ки дорем, ба ҳазораи дувуми пеш аз мелод мерасад ва миёни ин ҷашни бобилӣ бо Наврӯзи эронӣ шабоҳати бисёре вуҷуд дорад”.
Дар паи суқути импротурии бобилӣ ҷашнҳои он низ миёни ақвоми суриёнӣ, сумерӣ ва аккод батадриҷ матрук шуд. Аммо дубора дар оғози садаи бистуми мелодӣ сурёниҳо ба таҷлил аз соли нави бостонии худ бо номи “акиту” пардохтанд, ки ба далели рӯй овардани онҳо ба кеши масеҳият ва пазируфтани гоҳшумории грегурӣ (масеҳӣ) он аз шаби бистуми морс (март) ба якуми оврил (апрел) мунтақил шудааст.

Наврӯз ва Тахти Ҷамшед

Бо вуҷуди набуди ёдкард аз Наврӯз дар навиштаҳои Ҳахоманишӣ, бештари торихнигорон бар ин боваранд, ки дар паи ишғоли Бобил тавассути Куруши Бузург ҷашни эътидоли рӯзу шаб миёни эрониён роиҷ шуд ва Дориюши Бузург барои баргузории ин ҷашни бошукӯҳ Тахти Ҷамшедро сохт.

Эрнест Ҳертзфелд (Ernest Herzfeld), эроншиноси барҷастаи олмонӣ, ки нахустин ҳаффории илмии Тахти Ҷамшедро раҳбарӣ кардааст, бар ин бовар буд, ки Дориюш онро ба унвони наврӯзгоҳ сохта буд.

Бо ин ки пойтахти Ҳахоманишӣ аз Порс фарсангҳо фосила дошт, Дориюши Бузург ба таври намодине боргоҳи наврӯзии худро дар ҳаволии хостгоҳи дудмони Ҳахоманишӣ бунёд кард. Шоҳони Ҳахоманишӣ дар айёми Наврӯз дар ҳамин маҳал ҷулус мекарданд ва аз ақвоми мухталифи қаламрави паҳноварашон армуғонҳои наврӯзӣ дарёфт мекарданд, ки тасвири онро метавон рӯи деворнигораҳои Тахти Ҷамшед дид.

Мойкл Аксвуртӣ (Michael Axworthy) дар китоби “Импротурии андеша” менависад:
“Ҳадаф аз эҳдоси муҷтамаъи азими Тахти Ҷамшед ҳанӯз равшан нест. Мумкин аст ҷойгоҳи баргузории ҷашнҳо ва маросими эътидоли шабу рӯз дар баҳор бошад, ки ҳамон Наврӯзи эронист. Суфуси божоварон, ки рӯи деворҳо мунаққаш аст, ҳокӣ аз ин эҳтимол аст, ки Тахти Ҷамшед маҳалли эъломи расмии байъат ва вафодории солона аз сӯи устонҳои Эрони бостон будааст”.
Эҳёи Наврӯз пас аз Искандар

Нигоштаҳои торихӣ ҳокист, ки шоҳони ашконӣ ё портӣ, ки пас аз вайрониҳои Искандар фармонраво шуданд, суннатҳои Ҳахоманишиёнро аз нав зинда карданд ва ба онҳо арҷ гузоштанд ва Наврӯзро гиромӣ доштанд.

Балоши Аввал, нахустин шоҳи ашконие буд, ки наҳваи таҷлили ӯ аз Наврӯз ба унвони ҷашни саросарӣ дар торихи куҳан омадааст, ҳарчанд ҷузъиёти он бароямон равшан нест.

Аммо аз даврони сосонӣ ёдгорҳои фаровоне баҷо мондааст, ки ҷойгоҳи рафеъи Наврӯз дар он замонро ошкор мекунад. Наврӯзи сосонӣ муҳимтарин рӯзи сол буд ва муҳимтарин умури миллии давлат низ, ба монанди бор додан ба мардум ва афви зиндониён, дар ҳамон рӯз анҷом мегирифт.

Дар паи суқути силсилаи Сосонӣ ва пирӯзии тозиён бар Эрон ва тарвиҷи кеши ислом, ки аз соли 650 мелодӣ оғоз гирифт, Наврӯз ҳамчунон мондагор будааст.

Батадриҷ ҷашнҳои дигари Эрони бостон, ба монанди Меҳргон ва гоҳанборон, мухтасси кеши маздаяснӣ шуд ва танҳо Наврӯзу Садаро ҳамагон таҷлил мекарданд. Саранҷом шукӯҳи Сада ҳам коҳиш ёфт ва Наврӯз танҳо ҷашни бостоние шуд, ки эрониён, сарфи назар аз мазҳабашон, ҷашн мегиранд.

Мондагории Наврӯз пас аз ислом

“Луғатномаи Деҳхудо” бо истинод ба китоби “Тамаддуни исломӣ”-и Ҷурҷӣ Зайдон менависад:
“Дар дарборҳои нахустин хулафои исломӣ ба Наврӯз эътиное надоштанд, вале баъдҳо хулафои уммавӣ барои афзудани даромади худ ҳадоёи наврӯзиро аз нав маъмул доштанд. Банӣ Умайя ҳадя дар Наврӯзро бар мардуми Эрон таҳмил мекарданд, ки дар замони Муъовия теъдоди он ба панҷ то даҳ милюн дирам болиғ мешуд”.
Дар идомаи тафсири Наврӯз “Луғатномаи Деҳхудо” меафзояд:
“Амирони эшон (арабҳо) барои ҷалби манофеъи худ мардумро ба эҳдои туҳаф даъват мекарданд. Нахустин касе, ки дар ислом ҳадоёи Наврӯз ва Меҳргонро ривоҷ дод, Ҳуҷҷоҷ ибни Юсуф буд. Андаке баъд ин расм низ аз тарафи Умар ибни Абдулъазиз ба унвони гарон омадани эҳдои туҳаф бар мардум мансух гардид”.
Аммо бо зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва рӯи кор омадани хилофати Аббосӣ ва ташкили силсилаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ҷашнҳои эронӣ ва бавижа Наврӯз дубора рафнақ ёфтанд ва то ба рӯзгори мо расиданд.

Monday, March 14, 2011

Nowruz, the Persian New Year

Наврӯз – сароғози соли тоҷикон

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Наврӯз дар роҳ аст; бо кӯлборе аз орзуҳои тоза ва бо гомҳои сабзи рӯишу шукуфоӣ аз роҳ мерасад ва дигарбора баҳси чандинсолаи мо ҷавона мезанад: Наврӯз бояд сароғози расмии соли тоҷикон бошад, чун Наврӯз табиъитарин оғози соли нав аст.

Дар ин мавзӯъ фаровон гуфтаему навиштаем ва қарор аст ҷамъе аз равшанфикрони тоҷик матлабе дастаҷамъӣ бобати тасбити Наврӯз ба унвони оғози расмии сол дар Тоҷикистон бинависанду мунташир кунанд. Аммо ба унвони дебочаи ин баҳси дубора бад нест ба чанд нукта таваҷҷуҳ дошта бошем, ки зарурати пазириши Наврӯз ба унвони оғози расмии солро таъкид мекунад:

Нахуст ин ки таҷлил аз Наврӯз бо номҳои гуногун ба сароғози сарнавишти башарият бармегардад ва сар аз Бобил ва нахустин тамаддунҳои башарӣ ва оғози ошноии банӣ одамӣ бо ситораҳо ва ахтаршиносӣ дармеоварад. Наврӯз табиъитарин ва мантиқитарин ҷашни оғози сол аст ва ҳеч ҷашни соли нави дигаре дар ин маврид бо Наврӯз ҳамсару ҳамсанг нест. Ҷашни эътидоли баҳорист, ки дар паи он шабҳо кӯтоҳтару рӯзҳо дарозтар мешаванд ва аҳамияти намодини ин ҷашнро барҷаста мекунанд, ки ҳамоно пирӯзии равшаноию рӯз бар торикию шаб аст – ҳаста ё мағзи омӯзаҳои ориёии куҳан. Сол аз баҳор оғоз мегирад, дар тобистон ба шӯру ҳарорати ҷавонӣ мерасад, дар поиз (тирамоҳ) ба куҳулату уфтодагӣ мерасад ва дар зимистон гирифтори сармову мурдагӣ мешавад ва дубора дар баҳор оғоз мегирад. Пас Наврӯз оғози соли нав аст.

Наврӯз аз тамаддуни фалоти Эрон ба Фарангистон ҳам роҳ ёфта буд ва пеш аз рӯй овардани Урупо ба масеҳият соли нави мардумони он сомон ҳам ба шумор меомад. Радди пои ин ҳақиқатро метавон дар номи моҳҳои урупоӣ суроғ карду ёфт. Чаҳор моҳи урупоӣ, дар воқеъ, шумораҳои лотин аст: сентябр (September) – ҳафтум, октябр (October) – ҳаштум, ноябр (November) – нуҳум, декабр (December) – даҳум. Бад-ин тартиб, моҳи март моҳи нахуст аст ва оғози баҳор, бино ба тақвими ҳавошинохтии Урупо, 21 март аст, на якуми март. Пас ҳатто бино ба гоҳшумории фарангӣ ҳам Наврӯз оғози соли нав аст.

Наврӯз ҷузъи ёдгорҳои ғайрималмуси расмии Созмони Милали Муттаҳид аст ва афзун бар Тоҷикистон дар кишварҳое чун Эрон, Афғонистон, Олбонӣ (Албания), Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Гурҷистон ва манотиқи Курдистони Ироқ, Тотористон ва Доғистони Русия бо ҳамин номи форсии худ таътили расмист ва дар Миср, Ҳиндустон, Непол ва Сурия бо номҳои дигаре аз он таҷлил мешавад ва таътили ҳамагонист. Наврӯз омилест, ки ҳамаи ин кишварҳо ва тамаддунҳоро ба ҳам меорад ва Наврӯзистоне густардаро шакл медиҳад. Пас Наврӯз, ки асилтарин ҷашни тоҷикист, бояд оғози соли нави мо бошад ва ҳаққи Тоҷикистон бар ин рӯзро барҷастатар кунад.

Наврӯз оғози соли нав дар миёни ҳамқавмону ҳамзабонони бурунмарзии мост ва агар нуфузи русҳо дар тӯли камтар аз сад соли ахирро нодида бигирем, далели дигаре ба бемеҳрии расмии Тоҷикистон ба Наврӯз боқӣ намемонад. Пойбандӣ ба он нуфузи садсола, ки дар баробари торихи ҳазоронсолаи мо ҳукми нахуд дар баробари кӯҳро дорад, чизе ҷуз нишони азхудгусехтагӣ ва бегонагароии мо нест. Агар қарор аст тоҷик бошем ва тоҷик бимонем, Наврӯз оғози соли нави мост.

Бо ин ҳама тавсиф, он чи боъиси таассуф аст, ин аст, ки ҳолу ҳавои наврӯзӣ тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон на танҳо пуррангтар нашуда, ки коҳиш ҳам ёфтааст. Дар остонаи соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон барномаҳои вижаи фаровоне чун бозиҳои бахтозмоӣ, озмунҳои мусиқию зебоию ғайра баргузор мешавад, симои шаҳр бакуллӣ тағйир мекунад ва натиҷагирӣ аз соли гузашта дар поёни соли масеҳӣ анҷом мегирад. Ҳеч як аз ин барномаҳоро наметавон дар остонаи Наврӯз мушоҳида кард, ки шоистаи як кишвари наврӯззо нест.

Наврӯз намоди аслии ҳувияти тоҷикист. Андак миллате ҳаст, ки аз чунин неъмате бархурдор бошад. Ва андактар миллате, ки бар ин неъмат пушти по бизанад ва соли нави ғарибаеро, ки аз мантиқи табиъӣ бебаҳра аст, ҷойгузини соли нави ростин ва беҳамтои худ кунад. Аммо Наврӯз тобеъи қонунҳои сиёсӣ нест, балки тобеъи қонунҳои табиъист ва ба дур аз хостаи зимомдорон табиъат ҳамасола онро барпо медорад. Ҳеч ҳокиме, ки по бар сарзамини наврӯзии мо гузошта, чи юнонию турку муғул ва чи арабу рус, натавонистааст ҷилави ин ҷашни табиъатро бигирад. Пас Наврӯз ҳамоно оғози соли нав аст.

Tuesday, March 08, 2011

In Search of Mother's Happiness

Дар ҷустуҷӯи хушбахтии модар

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Ин навиштаамро ба модарам тақдим мекунам ва дар симои ӯ рухсори нуронии модарони бурдбори тоҷикро мебӯсам. Ин навишта ки ҳеч, ҳатто тақдими тамоми буду набудам ба пешгоҳи модар маро аз дайни фарзандӣ дар баробари ин офаридаи малакутӣ бар замин раҳо нахоҳад кард. Модаре, ки бори ғами як хонадонро ба рӯи шонаҳои зарифаш мекашад, солиёни сол бо ду дасти барафроштаи дуъо роҳи фарзанди роҳдурашро мепояд ва аз Парвардигор чизе ба ҷуз саъодати фарзандонаш намехоҳад, ки гӯӣ вуҷуди ӯ аз гиле дигар сириштаанд…

Шаш сол пеш дар ҳамин рӯзҳо шеъргунае гуфта будам:
Шаҳри ман пушти ҳамон кӯҳи баланд аст,
Ҳамон!

Модаре ҳаст он ҷо
Пур аз бӯи биҳишт.
Тобиши шуълаи хуршед аз ӯст,
Мохро меҳри мунираш ба фазо меорад,
Гул бари дидани ӯ мерӯяд,
Осмон ғуссаи ӯ меборад,
Лола бо шодии ӯ механдад,
Булбул аз қиссаи ӯ мегӯяд…
Модаре ҳаст, ки номуси Худост...
Аммо ҳамаи ин гуфтаҳо ҳамчунон саробест дар баробари муроди мо; нахудест дар баробари кӯҳи мақсуди мо. Ва эй кош аз марзи шеъру шиъор фаротар рафта будем ва воқеъиятро меъёр медонистем. Кош медонистем, ки ин ҳазор ман вожа давои дарди модаре намешавад, ки чашми умед ба ояндаи равшани фарзандонаш дӯхтааст. Ва эй кош медонистем, ки бо “Рӯзи Модар” номидани Рӯзи байнулмилалии зан ҳам зиндагии модар осудатар ва дағдағаи хотири ӯ бартараф намешавад.

Фарзандони шоистатаре дар сомонҳои дигар коре карданд, ки миёнгини тӯли умри модаронашон ба 81 сол (Омрико) ё 82 сол (Бритониё) ё 84 сол (Фаронса) ё ҳатто ба 86 сол (Жопун) бирасад. Дар ҳоле ки миёнгини умри як зан дар Тоҷикистон бештар аз 69 сол нест. Мо дар шеъру шиъор умри дарози модаронамонро орзу мекунем; онҳо дар амал ба модарон умри дарозу босаъодате ба армуғон овардаанд.

Ёдам намеравад, ки дар нахустин рӯзҳои иқоматам дар Ландан бо як дӯсти солмандам ба як зиёфати вижаи солмандон рафта будам. То садои мусиқӣ баланд шуд, пирмардону пирзанони болои 80 сол баланд шуданду рақсиданд. Пиртарин рақсандаи он ҷамъ бонуи қоматбаланде буд, ки 96 сол дошт ва дар конуни таваҷҷуҳи ҳамагон буду аз ин рӯ бештар аз дигарон мечархиду мерақсид. Пас аз ҷашну зиёфат ҳам ин солмандони хушбахти инглисӣ савори мошину дучарха шуданду рафтанд; иддае ба хонаҳояшон, шуморе ҳам ба варзишгоҳу истахри шино. Чи рӯсапеданд фарзандони сарзамине, ки барои мӯсапедонашон чунин шароитеро фароҳам кардаанд!

Албатта, чунин шароите якшаба фароҳам нашудааст. Ва худи ин мӯсапедон дар чидани заминаи пирии бовиқорашон саҳми боризтаре доранд. Онҳо ҳам замоне дар мулке зиндагӣ мекарданд, ки моломол аз дарди башарӣ буд; зулму ситаму истибдоду фасоди молию хешовандсолорию хӯи барбарӣ ҳукумат мекард. Аммо бо ташхис ва дарки арзишҳои инсонӣ ва бо талош барои даст ёфтан ба онҳо дастикам то ҷое пеш рафтаанд, ки имрӯз мояи ҳасодати мо шудаанд. Арҷ гузоштан ба ҳуқуқи зан аз ҷумлаи арзишҳои бунёдинест, ки дунёи ғарбиҳоро дигаргун кард. Андешаварон ва сипас фармонравоёни ин сарзамин замоне дарёфтанд, ки набуди занон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ, баростӣ, ҳамонанди буридани яке аз ду боли паранда аст. Дарёфтанд, ки занон, яъне дуруст нисфи ҷомеъа, бояд ба андозаи мардон аз ҳуқуқу озодиҳо бархурдор бошанд. Вуруди занон ба арсаҳои пешрафт хаёли пешрафтро воқеъӣ кард. Он боли мафлуҷ (фалаҷшуда) дармон ёфт ва паранда ба вусъати осмон пар кашид.

Пас шеъру шиъорро канор бигзорем ва хуб андеша кунем, ки чигуна метавон ба модар арҷи лозимро гузошт. Ин арҷгузорӣ аз эҳтиром ба ҳуқуқи зан оғоз мегирад, ки фалсафаи таҷлил аз рӯзи 8 морс (март) аст. Нахустин фарёдҳои “озодӣ, баробарӣ, бародарӣ” аз гулӯи занон дар поёни садаи 18 дар ҷараёни Инқилоби Фаронса баланд шуд; шиъоре, ки имрӯз то ба ҳадде ба самар расидааст. Аммо бас дур аз сарзамини мо, ки рӯзе-рӯзгоре ҷашни Сипандормузгон (Исфандгон) дошт. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” менависад, ки ин рӯз (5 исфанд баробар бо 24 феврие) пеши эрониёни бостон рӯзи бузургдошти зан ва замин буд. Бо гузашти садсолаҳо порае аз ин сарзамин “Рӯзи Зан”-ро аз занон дареғ медорад ва онро бо баёне суннатитар “Рӯзи Модар” меномад; ғофил аз ин ки эҳтиром ба модар аз эҳтиром ба ҷинси ӯ оғоз мегирад. Ҳатто нигоҳе сатҳӣ ба вожаи “зан”, ки бо “зиндагӣ” ва “зояндагӣ” ҳамреша аст, эҳтиромбарангез аст. Ин монандӣ дар забони русӣ ҳам побарҷост (женщина – жизнь). Дар ҳоле ки мард қавию пуртавон, аммо мирост (мард – марг, мурдан; мужчина – смерть), зани зарифу латиф зояндаву поёст.

Пас ба зиндагию зояндагӣ арҷ бигзорем; бо шикастани тилисми сукуту ситами зан, бо ҳамсанг шинохтани ҳуқуқи зан бо мард ва бо рондани андешаҳои сангвораии занситезона. Он гоҳ модарон хушбахт мешаванд.

Wednesday, March 02, 2011

The Chainbreaker

Марде, ки бандҳоро гушуд

(вижаи JadidOnline.com)

Вожаҳои “перестройка” (бозсозӣ) ва “гласност” (ошкоргӯӣ) ёдгори даврони Горбачёв дар ҳамаи забонҳои дунёст; ду истилоҳе, ки сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 ҷумҳурии онро рақам зад ва танини ин вожаҳо ҳанҷори ҷаҳонии навинро рӯи кор овард. Ду такя-каломи Горбачёв дар даврони раёсаташ ҳам дар паҳнаи Шӯравии пешин маъруф аст: “Муҳим шурӯъи кор аст” (Главное нАчать) ва “ҷараён роҳ уфтод” (Процесс пошёл). Ислоҳоте ҳам ки ӯ оғоз ниҳод, роҳ уфтод ва ҳанӯз дар ҷараён аст.

Дар бораи паёмадҳои сиёсию иҷтимоъии ислоҳоти Михаил Горбачёв тайи солҳои 1985 то 1991 фаровон навиштаанд; аммо талошҳои ин ислоҳгар барои полудани фазои хафақонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар арсаи фарҳангӣ ҳам дигаргуниҳои баргаштнопазире ба бор овард: маҳдудиятҳое, ки раҳбарони бехудо бар худоҷӯёни кешҳои гуногун эъмол карда буданд, лағв шуд; ойинҳои мардумӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ дубора по гирифт; расонаҳои якдасти шӯравӣ шоха-шоха шуданд ва гуногунии бесобиқаи андешаҳову дидгоҳҳоро ба намоиш гузоштанд; адабиёту мусиқию ҳунари мамнӯъа аз зери замин ба рӯи замин роҳ ёфт; торихи такбуъдии Шӯравӣ ва якояки ҷумҳуриҳои он бознависӣ шуд ва ифтихор аз гузаштаи пешошуравӣ ҳам муҷоз шуд…

Аз сӯи дигар, дар паи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва осеб дидани пайвандҳои фарҳангии миёни бахшҳои он дар бисёре аз ҷумҳуриҳо, бавежа дар Осиёи Миёна, фарҳанги чандмиллиятӣ аз рангу бӯ уфтод; рӯзномаҳое, ки, масалан, дар Тоҷикистоне кӯчак ба теъдоди сад ҳазор нусха чоп мешуданд, шуморгонашон ба ду ҳазору як ҳазор уфт кард ё комилан аз паҳнаи расонаҳо нопадид шуд; фарҳанги навин ва ҳунарҳое фарангӣ ба монанди уперову боле, наққошӣ, синемо ва теотри ғарбӣ, ки русҳо ба армуғон оварда буданд, дучори буҳроне фарогир шуд, ки ҳамчунон ҷараён дорад; халаи идеулужике, ки пас аз суқути кумунизм падид омад, ҳамчунон боқист…

Дуруст ба монанди шахсияти Михаил Горбачёв, ки дар канори ҳаводороне сарсахт мухолифоне дуоташа (ашаддӣ) ҳам дорад, паёмадҳои ислоҳоти Горбачёв якдаст набуд: ҳунарманде, ки акнун аз озодии баёни андешааш хушнуд буд, дар айни ҳол аз адами ҳимояти молии давлат гилоя мекард; овозхоне, ки дар зерзаминиаш аз ҷаври рӯзгори шӯравӣ нолаи ҷонсӯз сар медод, ин бор рӯи саҳна ва ошкоро аз зиёнҳои “перестройка” ва “гласност” менолид. Горбачёв бо огоҳии комил аз муҳаббатҳо ва нафратҳои мардум солҳо баъд гуфт: Дар торих “ҳеч ислоҳгари хушбахте вуҷуд надорад”.

Ҳукумати Горбачёв ба даврони риёву дурӯӣ поён дод. Дигар ниёзе набуд, ки дар пажӯҳишҳои илмӣ бе ҳеч далели муваҷҷаҳе ба навиштаҳои раҳбарони садри кумунизм руҷӯъ шавад ва аз касе интизор намерафт, ки ба зӯру иҷбори мақомот дар майдонҳои шаҳр шиъори “Зинда бод Ҳизби Кумунист!”-ро сар диҳад. Шоъирон ҳам маҷбур набуданд бо чанд чакомаи кумунистию ленинӣ муҷаввизи интишори китобашонро бигиранд. Аъзои Ҳизби Кумунист дар Осиёи Миёна ҳам дигар хатнасӯрони писаронашонро дар хафо (пинҳонӣ) анҷом намедоданд. Ҷашнҳое миллӣ чун Наврӯз ҳам аз чордевории хонаҳо раҳо шуд ва ба хиёбонҳо рехт. Ва ҳатто ҷашнҳои фаромӯшшудае чун Сада ва Меҳргон дар хиёбонҳои Душанбеву Хуҷанд роҳ уфтод. Ихтиёроте, ки Горбачёв ба ҷумҳуриҳо дода буд, боъис шуд, ки забонҳои бумӣ ба расмият бирасанд ва дар ин фароянд Тоҷикистон пешгом буд, ки соли 1989 дар паи тазоҳуроти мардум забони форсии тоҷикиро ба унвони забони расмии ҷумҳурӣ ҷойгузини забони русӣ кард.

Аз ин ҷост, ки Горбачёв дар миёни русҳо мухолифони бештаре дорад. Маҳдудияти доманаи корбурди забони русӣ фурсатҳои шуғлии рустаборон дар ҷумҳуриҳои Болтик, Осиёи Миёна ва Қафқозро ҳам маҳдуд кард. Дигар мақому манзалати русҳо мисли собиқ набуд. Барои намуна, Суруди Миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон, ки Абулқосим Лоҳутии Кирмоншоҳӣ соли 1946 навишта буд, бо ин мисраъҳо оғоз мешавад:

Чу дасти рус
Мадад намуд,
Бародарии халқи совет устувор шуд,
Ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд…

Ба ҳоли таб
Даруни шаб
Садои раъди давлати Ленин расид
Зи барқи байрақаш сиёҳии ситам парид…

Бо фурӯпошии Шӯравӣ, ки ҳосили нохостаи талошҳои Горбачёв буд, табъан Суруди Миллии Тоҷикистон бознависӣ шуд. Гулназар, шоъири мардумии Тоҷикистон, дар суруди нав бедории худшиносии миллии тоҷикҳоро бозтоб медод:

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод.
Саъодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан!
Тоҷикистони озоди ман!

Дар ин маврид ҳам шакке нест, ки ҷумҳуриҳои шӯравии пешин истиқлоли тақрибан муфту беранҷи худро мадйуни Михаил Горбачёв ҳастанд. Горбачёв акнун фурӯпошии Шӯравиро “мусибате бузург” медонад ва мегӯяд, ки ислоҳоти ӯ, дар воқеъ, барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом гирифта буд. Аммо ба қавли худи ӯ, Ҳизби Кумунист “дар имтиҳони демукросӣ ва озодӣ ноком шуд”; яъне бори озодӣ ва демукросиро тоб наоварад.

Горбачёв дар мусоҳибаҳои мухталиф ва дар китоби хотироташ “Танҳо бо худ” (“Наедине с собой”) таъкид карда, ки ба ҳеч рӯй аз ислоҳоте, ки анҷом дод ва ҷаҳонро дигаргун кард, пушаймон нест, аммо таассуф аз он мехурад, ки чорае барои бақо ва давоми Иттиҳоди Шӯравӣ дигар намонда буд.

Михаил Горбачёв, ки акнун раиси Бунёди байнулмилалии мутолеъоти иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ва сиёсии “Горбачёв” аст, нахустин раҳбари Иттиҳоди Шӯравист, ки ҳаштодсолагиашро ҷашн мегирад. Раҳбарони дигари Шӯравӣ на умре бад-ин дарозӣ доштанд ва на таҳаввулоте эҷод карданд, ки ҷаҳонро дигаргун карда бошад. Мизону миқёси таҳаввулоти давраи Горбачёвро шояд битавон танҳо бо инқилоби Уктубри Ленин муқоиса кард.

Михаил Горбачёв, ки соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нубелро бурд, дар миёни сиёсатмадорони ғарбӣ беандоза маҳбуб аст ва бо раҳбарони феълии бисёре аз ин кишварҳо равобити дӯстона дорад. Қарор аст рӯзи 30 морс (март) дар толори салтанатии Олберт Ҳолли Ландан кунсерти бошукӯҳе бо номи “Горбӣ-80” ба ифтихори ҳаштодсолагии ислоҳгари бузург бо ҳузури сиёсатмадорони баландпоя ва ситораҳои ҳунари мусиқӣ баргузор шавад. Ва аммо рӯзи дувуми морс (март), ки зодрӯзи Горбачёв аст, дӯстони ӯ дар шаҳри Маскав ҷашне бузург тадорук дидаанд.

Дар гузориши мусаввари ин матлаб муруре дорем бар зиндагии Михаил Горбачёв:

Tuesday, March 01, 2011

When Women Become Men

Вақте ки занҳо мард мешаванд

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Заноне, ки бо чеҳраи гирифта ва чашмони ашкбор канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ ё Додситонии кул дод меҷӯянд; аксест, ки тайи солҳои ахир борҳову борҳо дар расонаҳо дидаем. Аммо ҳаргиз аз ҳеч манбаъе нашунидаем, ки додхоҳии ин занон ба ҷое расида бошад.

Замона ҷинсияти муътаризони моро ҳам тағйир додааст. Дар саросари ҷаҳон мардҳо дар саффи нахусти муътаризон қарор доранд; дар деҳкадаи мо ашку оҳу нолаи занон сипари бало шудааст. Тарс аз мусибатҳои даврони ҷанги дохилӣ ҳанӯз сару синаи мардонро тарк нагуфта. Дигар шояд вақти он аст, ки истилоҳоте чун “марду мардона”, “мардонавор”, “мардак ворӣ”… барои “зану занона”, “занонавор”, “занак ворӣ” ҷой холӣ кунад. Дигар чи кори мардонае мондааст, ки занони тоҷик бо шаҳомату бурдборӣ онро анҷом надода бошанд? Вожаи “мардикорӣ”-ро ҳам боиста аст иваз кунем, чун фаровон дидаем занони тоҷики “мардикор”-ро. Ва боз ҳам занон ҳастанд, ки гоҳ садои эътирози мардумро ба гӯшҳои гарони давлатмардон мерасонанд, ҳарчанд борҳо мавриди латукӯби маъмурони, ба истилоҳ, интизомии мард воқеъ шудаанд. Аммо ҳамоно қалби занонаи саршор аз меҳру меҳрҷӯӣ ва доду додхоҳишон иҷоза намедиҳад, ки ҳақорату хориро фурӯ бибаранду хомӯш бимонанд. Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ин шуҷоъати занонаро бояд тақдир кард ва дар сӯги шуҷоъати мурдаи мардона нишаст.

Ин бор занон ба додхоҳӣ омадаанд, чун хонаву кошонаашон дар маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ якшаба бо хок яксон шудааст. Мегӯянд, санади хариди заминро аз ҷамоъати маҳал гирифтаанд ва бино ба қонунҳои мавҷуд дору надорашонро ҷамъ кардаанду хона сохтаанд, то як шаб бибинанд, ки хонаву дору надорашон ба бод рафтааст. Акнун қарор аст чи касе ба доди ин бехонумонҳо бирасад ва зиёни воридаро ҷуброн кунад? Ин пурсишест, ки дар долонҳои мақомот тавассути ҳамин занон ва хабарнигорон борҳо танин андохта ва посухе наёфтааст.

Баъдан таъаҷҷуб мекунем, ки чаро давлати Қаззофӣ дар Либӣ, ки зоҳиран 42 сол орому рӯ ба пешрафт буд, якбора дастхуши таҳаввулоти вайронгаре шуд ва ин ки эътирози мардум чи сарчашмае дорад. Баъдан намефаҳмем, ки 30 сол ҳукумати Муборак чи бадӣ дошт, ки мардум ба зӯр аз арш ба фаршаш афканданд. Ва гич мемонем, ки чаро давлатҳои араби дигар ин рӯзҳо дар таҳлукаи бақо уфтодаанд.

Ҳамин “ҳаққи кас хурданҳо”, мардумозориҳо, гӯш бастан ба садои эътирози занон, чашм бастан ба гиряву ранҷи як кӯдаки бехонумоншуда, нодида гирифтани эътирози хафашуда пушти нигоҳи андӯҳбору хашмгини мардон буд, ки пояи ҳукуматҳои ҷаҳони рӯ ба бедории арабро мутазалзил кард. Ин иттифоқот якшаба намеуфтад. Ба дарозо мекашад ва анбони дарду ранҷҳои мардум пур мешавад. Ва давлатҳо пайваста аз ин ғалатҳо мекунанд ва раҳбарон ҳамвора ба фикри хонаводаи худ мемонанд ва фарзандонашонро ба мақомҳои болову болотар ҳидоят мекунанду менишонанд ва ҷайби давлатмардон аз пуле, ки манбаъу маншааш маълум нест, пур мешавад ва ҷайби мардум, ки хонаҳояшонро вайрон кардаанд, холиву холитар мешавад ва мардум ба сатҳе аз фақру нодорӣ мерасанд, ки дигар чизе надоранд аз даст бидиҳанд ва дар изои маҳрумият аз ҳама чиз шуҷоъат меёбанд ва садои ҳабсшудаи эътироз раҳо мешавад ва пояҳои истибдод меларзад… Ин як сенориюи абадист, ки ҳамеша ва ҳама ҷо рух дода, аммо барои ҳеч ҳокими мустабидду худкомае дарси ибрат нашудааст. Деру зуд дорад, ба истилоҳ, аммо сухту сӯз надорад.

Пас ҳар ҳокими фарзонае талош мекунад мизони эътирозҳоро бо бароварда кардани ниёзи мардум поин биоварад. Шайхҳову султонҳои нобихради араб ҳам, ки аз дур мавҷи эътирозҳои кӯбандаро мушоҳида мекунанд, дар ҳоли бож додан ба мардуми худашон ҳастанд. Ҳафтаи гузашта подшоҳи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки байни мардумаш ҳудуди 35 милёрд дулорро тавзеъ хоҳад кард; ин як навъ ришва ба мардум, бавежа ҷавонон аст, то ба тақлид аз ҳамзабонони мисришон пояҳои тахти хонадони фосиди Саъудро нашкананд. Маълум нест пас додани ҳаққи ҳалоли мардум ба худашон, ки чорае деррасида ба назар мерасад, то чанд сабоҳи дигар Оли Саъудро бар тахт устувор нигаҳ дорад. Аммо ин чора ҳокӣ аз огоҳии хонадони Саъуд аз эътирозоти фурӯхуфтаи ҷамъияти кишвараш аст.

Аз ин рӯ, вақте ки занҳо мард мешаванд, мардикор мешаванд, мардонавор эътироз мекунанду дод мехоҳанд, давлатҳо бояд нигарон шаванд; чун пушти садои ҳар зане гирифторию бечорагии чандин мард нуҳуфта аст, ки феълан ёрои эътироз кардан надоранд. Давлате, ки бақои худашро мехоҳад, бояд ба мардум маҷоли эътироз диҳад, то эътироз табдил ба инфиҷор нашавад; то бо огоҳии комил аз хостаҳои мардум ба ислоҳи кӯтоҳиҳои худ бикӯшад. Чун зарфи сарбастаи ҷӯшанда дер давом намеоварад.

Дар акси боло аз торнамои BBCPersian гурӯҳе аз маъмурони пулисро мебинем, ки занони муътаризро аз канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ меронанд.