
(вижаи гӯшаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Ногуфтаниҳои мо андак-андак шакли занҷирае пайваста аз гуфтаҳоро ба худ мегирад. Ҳамин ҳафтаи гузашта буд, ки аз Оқохону корҳои неки ӯ дар заминаи густариши донишу огоҳӣ сухан ба миён овардам. Ғофил аз он ки қарор буда раҳбари исмоилиёни ҷаҳон зимни сафаре ба Тоҷикистон нахустин маркази исмоилиён дар пойтахтро ифтитоҳ кунад.
Бо шунидани ин хабар дудил будам, ки оё бояд дар ин бора чизе бинависам ва лаъни таблиғи ақидае вижаро бишунавам ё на. Пас аз тааммуле андак дарёфтам, ки ҷо дорад ба ин мавзӯъ бипардозам; чун бо ин шахси фарзона на иштироки мазҳабӣ дораму на қасди пайвастан ба ҷамъи касири муридонашро – мазҳаб шеваи муколамаи ҳар касе бо худовандгори худ аст ва ҷузъе аз ҳарими хусусии фард. Аммо ин ду омил маро аз шефтагӣ аз накӯкории ин марди Худо боз намедорад.
Сохтмони 23-милюндулории такондиҳандаи марказ бегумон аз зеботарин ва мондагортарин биноҳои Душанбе аст. Аммо фалсафаи ин бино зеботар аз вуҷуди худи он ҷилва мекунад: се милюн пора хишти самарқандӣ рӯи ҳам чида шуда, то дар хоки Душанбе сохтмонеро ба шеваи хонаҳои равзанадори бадахшӣ шакл диҳад, ки ишора ба зарурати якпорчагии қавми парешони мост. Яке аз сохтмонҳои аслии муҷтамаъ чаҳоргӯш аст; ба шакли сохтмонҳои Эрони Бостон, ки нишоне аз чаҳор охшиҷ (унсури зиндагӣ) - обу хоку боду оташ дорад. Худи марказ ҳам мураккаб аз чаҳор бахш аст, ки даври як чорбоғ сохта шудаанд: бахшҳои мазҳабӣ, омӯзишӣ, иҷтимоъӣ ва идорӣ.
Соли гузашта Оқохон ҳангоми боздид аз маҳалли сохтмони марказ гуфта буд: “Ин муҷтамаъ мояи ифтихори Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд.” Акнун, ки муҷтамаъ гушоиш ёфтааст, фикр мекунам, ки меъмории он бешубҳа барои мо ифтихороте хоҳад офарид. Ба ҳар рӯй, касе, ки супориши сохтани онро додааст, бунёдгузори бузургтарин ҷоизаи меъморӣ дар ҷаҳон ҳам ҳаст, ки ҳар се сол як бор беҳтарин меъморони гетиро тақдир мекунад. Ва ҳамӯст, ки дар донишгоҳҳои муътабари Ҳорворду Моссочусетс барномаҳои вижаи омӯзиши меъмории исломиро роҳ андохтааст.
Аммо муҳимтар аз он муҳтавои зеҳние хоҳад буд, ки қарор аст марказ биофаринад. Соли гузашта Оқохон дар ташреҳи вазифаҳои як маркази исмоилӣ гуфта буд, ки он намоди иттисолу пайвастагӣ миёни бахшҳои рӯҳонӣ ва дунявии ислом аст. Аз ин ҷост, ки дар канори ниҳоди мазҳабии “ҷамоатхона” марказ шомили бахшҳои омӯзишию иҷтимоъӣ ҳам мешавад, ки фаротар аз масоили динӣ ба умури дунёи имрӯз хоҳанд пардохт, то миёни бошандагони марказ ва ҷаҳони хориҷ деворе зеҳнӣ шакл нагирад. Ҷолибтар он ки дарҳои марказ ба рӯи ҳама, чи исмоилию чи ноисмоилӣ, боз хоҳад буд, то аз имконоти он ҳар ташнаи имону донише кор бигирад. Ин нукта паҳлӯе дигар аз ҷаҳонбинии Оқохонро ошкор мекунад, ки ҳамеша кӯшидааст ба дур аз таассуб фарҳанггустарӣ кунад.
Албатта, бархе ин иқдомро шояд талош дар ростои дингустарӣ тафсир кунанд. Аммо посухи яке аз масъулони пешини барномаҳои Оқохон дар Тоҷикистон ба ин иддао бароям омӯзанда буд. Гуфт, мо талош мекунем сатҳи шууру огоҳӣ дар кулли ҷомеа боло биравад, то ақаллиятҳои мазҳабӣ ҳам нафасе осуда бикашанд ва дар канори дигарон дар камоли тафоҳуму ухувват зиндагӣ кунанд.
Барои дарки фалсафаи корҳои Оқохон бад нест ба гузаштаи ӯ гурезе бизанем. Аз имомати Шоҳзода Карим Оқохони 4 беш аз панҷ даҳа мегузарад. Пеш аз ӯ Султон Муҳаммадшоҳ пешвои исмоилиён буд, ки ду фарзанди рашиде бо номҳои Алихону Садриддин дошт. Аммо ӯ бо дирояти камназир тасмим гирифт, ки имоматро ба наберааш Карими 21-сола вогузор кунад ва ин иқдоми худро дар васиятномааш ин гуна тавзеҳ дод:
“Бо таваҷҷуҳ ба тағйири бунёдини шароит дар ҷаҳони имрӯз ва таҳаввулоте аз қабили кашфи илми ҳастаӣ (атомӣ) ман муътақидам, ки ба суди ҷамоати мусалмони исмоилӣ хоҳад буд, агар ман як ҷавонро вориси худам қарор диҳам; ҷавонеро, ки таи солҳои ахир парварда шуда ва бо асри навин ошност ва бо нигоҳе тоза имоматро ба дӯш хоҳад гирифт.”
Аз ин ҷост, ки бархе Оқохони Чаҳорумро “Имоми асри ҳастаӣ” ҳам номидаанд.
Султон Муҳаммадшоҳ иштибоҳ накард. Оқохони Чаҳорум аз ҳамон оғоз ошноӣ бо илмҳои муосирро ҷузъи фаризаҳои исмоилӣ унвон кард ва дар ҳамнавоӣ бо шароити навин дар ҷаҳон ба тарғиби ҳамзистии мусолиматомез бо пайравони дигар ойинҳо пардохт. Вай дар суханронии соли 2006-и худ дар Олмон эълом кард, ки масъулияти имоми исмоилиён на танҳо тафсири боварҳои мазҳабист, балки ниҳояти талош барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии рӯзмарраи ҷамоати худ низ ҳаст. Вай дар ташреҳи манзураш аз “ҷамоат” мегӯяд, ки кумакҳои ӯ шомили афроде ҳам мешавад, ки дар муҷовират ё дар омехтагӣ бо исмоилиён зиндагӣ мекунанд.
Хушбахтона, ин калом аз қабили суханоне нест, ки аз коғаз фаротар намеравад. Шабакаи Тавсеаи Оқохон имрӯза аз бузургтарин шабакаҳои хусусии тавсеа дар ҷаҳон аст. Даҳ ниҳоди он тақрибан ҳамаи арсаҳои пешрафтро фаро гирифтаанд, ки Донишгоҳи Оқохон, Бунёди Тавсеаи Иқтисодии Оқохон, Хадамоти Беҳдоштии Оқохон, Хадамоти Омӯзишии Оқохон, Ҷоизаи Меъмории Оқохон аз ҷумлаи онҳост. Ва тозатарин ниҳоди ин шабакаи ғулосо Донишгоҳи Осиёи Миёна аст, ки дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ҳам бахш дорад. Дуктур Боҳдан Кравченко, раиси ин донишгоҳ, дар тавзеҳи ҳадафҳои баландпарвозонаи ин тарҳ мегӯяд:
“Мо ҳадаф дорем нишон диҳем, ки дар як чунин ҷои кӯҳистонӣ ҳам мешавад донишгоҳе мумтоз дар сатҳи ҷаҳонӣ сохт. Манбаъи огоҳиҳои он беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон ҳастанд. Ҳадафи мо ин нест, ки беҳтарин донишгоҳи минтақа бошем. Мо мехоҳем аз ҷумлаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар ин арса бошем. Ин тарҳ аз бинише бебокона бармеояд. Яке аз пояҳои ин биниш ин аст, ки навъи фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳое, ки фаъолияти иқтисодии чандоне надоранд, дар воқеъ, омӯзиши олӣ ва таъмини хадамот аст. Яъне ояндаи Хоруғ, ба хусус, бо таъмини хадамоти омӯзишӣ ва беҳдоштӣ гиреҳ хоҳад хурд; таъмини ҳамаи манотиқи атроф бо ин хадамот; аз шимоли Афғонистон гирифта, то шимоли Покистону ҷойҳои дигар.”
Чунин дурнамое чаро хушоянд набошад? Вақте ки мебинем чи гуна садҳо тан аз ҳаммеҳанони мо ба ҳиммати Оқохон дар донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон таҳсил мекунанд ё порае аз барномаҳои омӯзишии ҳамон донишгоҳҳо боз ҳам ба эҳтимоми Оқохон дар дохили Тоҷикистон тадрис мешавад, ба ин дурнамои равшан имон меоварем. Иддае шояд таслими ҳасодати ақидатишон шуда бошанду аз гушоиши Маркази Исмоилӣ дар Душанбе дили хуше надоранд. Аммо хуб аст бипурсем, ки аз ин ҳасодат морову ҷомеаи моро чӣ суд?
Мепиндорам, ки Оқохон дари сибқати сутуданиеро гушудааст: мусобиқа дар заминаи пахшу густариши донишу фарҳанг. Хуб аст, ки ҳам давлату ҳам миллат ба ин мусобиқаи наку бипайванданд, то бошад, ки рӯзе-рӯзгоре гӯи сибқатро ҳатто аз Оқохон бирабоянд. Ва ҳатто агар нарабуданд, боке нест; дар фароянди он мусобиқа Тоҷикистони мо ба гулистони донишу фарҳанг мубаддал хоҳад шуд.

Акси Марказ аз родю Озодӣ. Аксҳои бештар аз Маркази Исмоъилӣ рӯи сафҳаи Би-Би-Си