Showing posts with label literature. Show all posts
Showing posts with label literature. Show all posts

Saturday, September 16, 2023

Мардӣ набувад фитодаро пой задан

 Мардӣ набувад фитодаро пой задан

(Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ)

 

Ъунвони ин матлаб фармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан нашояд ва агар заррае шарафу ҷавонмардӣ дар вуҷудат боқист, дасти ӯро бигир, то бархезад (Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ). Аммо имрӯза наводагони Одамушшуъаро дар гӯшае аз зодгоҳи ӯ густохонаву бешармона дар ҳоли пой задан ба касе ҳастанд, ки бо дасисаи афроди ҷоҳталабу бенасаб ба зиндон уфтода ва ъоҷиз аз посух гуфтан ба ҳаҷмаҳои ноҷавонмардонае, ки ҳамарӯза аз чапу рост бар сару рӯйи ӯ меборад.

Тозатарин лагад мақолаест, ки таҳти ъунвони пуртумтуроқи “Бархурди номуносиби эҷодӣ ба баъзе ҳаводиси рӯзгор. Нигоҳе ба навиштаҳои дурӯғину тафриқангези Абдухалил Холиқзода дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо имзои даҳанпуркуни “Ф. Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дирӯз (15.09.23) дар трибуни ҳукуматии khovar.tj мунташир шуд.

Дар як мавриди дигар ҳам ба ин нуктаи муҳим ишора карда будам, ки зоҳиран шоёни такрор аст: Дуруст аст, ки раҳбари кишвар лагоми Фарҳангистони ъулумро ба дасти оқои Раҳимӣ дода, аммо ин бад-он маънӣ нест, ки оқои Раҳимӣ худро донои кул фарз кунаду дуррпароканиҳояш роҷеъ ба замину замону осмону ресмонро хатми калом бидонад. Ҳамагон донанд, ки Фарҳоди Раҳимӣ дар заминаи физику риёзӣ сарришта дораду офаринаш бод! Пиёда будани ӯ дар заминаи забону адабиёт аз ҳамон ъунвони мақолааш пайдост, ки “тафриқангез”-ро “тафриқаангез” ангоштааст. Аз ин рӯ, ин сухани оқои Раҳимӣ, ки аз банду басти китоб дар “жанри ёддошт” эрод гирифта, газофае беш нест. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” як намунаи тамому камоли гунаи адабии ёддоштнома аст ва Фарҳоди Раҳимӣ ҳам ҷуз як эроди тӯхолӣ далеле наоварда, ки чиро набояд онро ёддоштнома ба шумор овард.

Аммо аз банди дувуми матлаби Ф. Раҳимӣ далели эроди ӯ ошкор мешавад, ки рабте ба жонр ё гунаи адабии китоб надорад. Ф. Раҳимӣ бар А. Холиқзода мешӯрад, ки чиро дар китобаш “дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳо” ва “заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонсупориву сарсупурдагиҳо, ҷавонмардиву матонат, дилсӯзиву меҳрубониҳо, ободкориву созандагиҳо, хирадмандиву дурандешӣ ва донишмандиву ташаббускориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” (инҳо ҳама ному алқоби як нафар аст)-ро нодида гирифтааст. Эроде, ки батамом сиёсист. Вагарна оқои окодемисян Раҳимӣ ҳам нек огоҳ аст, ки нивисандаи ёддоштнома дар интихоби достонҳову моҷароҳои китобаш комилан мухтор аст, чун ӯ аз дидаҳову шунидаҳову андӯхтаҳову озмудаҳои худ мегӯяд, на касе дигар. “Ҳаводиси рӯзгори ман” шарҳи ҳоли Абдулхалили Холиқзода аст, на ман, на Фарҳоди Раҳимӣ. Рӯйдодҳоро ҳам ӯ аз манзари худаш баён мекунад, на аз равзанаи диди ман ё Фарҳоди Раҳимӣ.

Мушкили оқои Раҳимӣ набуди тамаллуқу чоплусӣ дар китоби оқои Холиқзода аст; ъунсуре, ки худи Раҳимӣ дар мақолааш бавузӯҳ ба намоиш гузошта ва дар ин росто банохудогоҳ ё худхоста аз инсоф ҳам гузаштааст. Ӯ муддаъӣ шуда, ки Холиқзода аз “дастоварду пешравиҳо”-и давраи Раҳмон ҳеч нагуфта, дар ҳоле, ки дар сафаҳоти 5 ва 6-уми “Ҳаводиси рӯзгори ман” мехонем: “Солҳое, ки зимистон сарду пурбарф меомад, роҳ бар ин гарданаҳо то шаш-ҳафт моҳ баста мебуд ва қисматҳои водии Фарғонаву Истаравшан ва Зарафшон ба водии Ҳисору қисмати ҷанубии кишвар тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя роҳи заминӣ доштанд. Имрӯзҳо давлат дар ҳарду гардана тунел ё нақби нақлиётӣ зада, ҳарду қисмати кишварро дар тамоми сол ба ҳам васл кардааст... Роҳи байни қисмати ҷанубу марказии кишвар ба вилояти Бадахшон низ душворгузар ва дар зимистонҳо баста мешуд. Ҳоло давлат дар ин самт низ роҳ бино карда, ки натанҳо ин ду қисмати кишварро ба ҳам васл намуд, балки то ба Чин рафта, кишварро аз бунбасти нақлиётӣ низ раҳо сохт”.

Эроди дигари Ф. Раҳимӣ марбут ба меҳандӯстии Абдулхалили Холиқзода мешавад, ки дар бахши “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, ай Меҳан” буруз кардааст. Фарҳоди Раҳимӣ нороҳат аст, ки чиро нивисандаи “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба монанди ӯ Иттиҳоди Шӯравиро дӯст намедорад, “ба нақди замони шӯравӣ мепардозад”, ба гунае, ки “хонанда гумон мебарад мубаллиғи сарсахти шӯрависитезе пешорӯяш қарор дорад”. Оқои Раҳимӣ дар ҳоли дифоъ аз импротуриест, ки чанд рӯз пеш 32-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз онро ҷашн гирифт. Набояд ба як окодемисян тавзеҳ дод, ки истиқлоли Тоҷикистон бидуни фурӯпошии импротурии манҳуси шӯравӣ ҳосил намешуд. Тамҷид аз Иттиҳоди Шӯравӣ - тамҷид аз он ҳаюлои истеъмор - ситоиши бардадор (ғуломдор) аст, ки ба шакли “сандруми Истукҳулм” дар бархе аз бардагон падид меояд. Оқои Раҳимӣ дар ин дидгоҳи худ шояд банохудогоҳ истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравиро падидае шум донистааст. Ғофил аз ин ки тадовуми вобастагии Тоҷикистон ба Маскав ъомили аслии тирагии рӯзгори мардуми мо пас аз истиқлоли сурӣ ҳам ҳаст.

Раиси Фарҳангистони ъулуми мо аз импротурии Шӯравӣ сипосгузор аст, ки “ба мо ҳамчун миллати воҳид имкони миллатсозӣ дода буд”, ғофил аз ин ки импротурии маҳбубаш миллату сарзамини воҳиди мо – Бухороро сепора кард ва кӯчактарин пораи он ба мо расид; бидуни ҳатто як шаҳри обод. Забони якпорчаи моро чандпора кард. Оё бояд ин ҳақиқати торихиро ба раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон тавзеҳ дод?

Мегӯяд: “ин мо будем, ки ба таври бояду шояд аз он имкони таърихӣ истифода набурдем ва дар ойинаи сиёсати интернатсионалистии шуравӣ худро бохтем. Чаро дар ҳамон давр миллатҳои дигари дар қаламрави империяи шуравӣ сукунатдошта сари манофеи миллӣ тамаркуз намуда, то андозае худро сохтанд, аммо аз дасти элитаи сиёсию мадании мо дар ин замина коре барнаомад?” Дар ҳоле ки як ҷумла болотар нивишта буд: “муаллиф бо нафрат алайҳи давроне, ки дар он фарзандони шоистаи Ватан -устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон ба хотири бақои миллат ҷонфидоӣ намудаанд, бархурд менамояд.”

Яъне талоши миллатҳои дигар барои худсозию худшиносӣ дар ъаҳди Шӯравӣ ба чашми Ф. Раҳимӣ меояд, аммо ҷоннисориҳои тоҷиконе чун Шириншо Шотемуру Чинор Имомуф ва ҳазорон тоҷики дигарро, ки аз дами теғи хунчакони Истолин гузаштанд, намебинад. Ё намедонад, ки далели қатли онҳо дақиқан ҳамон талошҳояшон барои худсозию худшиносӣ буд. Гӯё намедонад, ки устод Ъайнӣ ҳам бо ишғолгарони сурх сари ъинод дошт ва бо подармиёнии Абулқосими Лоҳутӣ ҷон ба саломат бурд ва то поёни ъумраш ба хатти порсӣ вафодор монд, ҳарчанд дастгоҳи таблиғотии Маскав ҳатто имрӯз ӯро падари алифбои порсикуши пириллик медонад. Гӯё нашунидааст, ки Туғрали Аҳрорӣ ҳам ба дасти сарбозони ҳамон импротурии маҳбубаш кушта шуд... Ва агар баростӣ Ф. Раҳимӣ бар ин бовар аст, ки тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳеч талоше накарданду милали дигар карданд, ном бурдани ӯ аз “устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон” бемаънӣ асту бо сухани худаш таноқуз дорад. Вагарна медонист, ки ҳар як аз ин бузургон дар ростои кору пайкоре, ки мекарданд, аз дасти Шӯравӣ чиҳо кашидаанд ва чигуна тавонистаанд зинда бимонанд.

Мағзшӯии Маскав иҷоза намедиҳад, ки ҳатто окодемисянҳои тоҷик далели хусумати хосси Иттиҳоди Шӯравӣ ба тоҷикону забони порсиро дарёбанд.

Теғаи найзаи фарҳангкуши Иттиҳоди Шӯравӣ ба самти тоҷикон нишона рафта буд, чун забонашон (порсӣ) танҳо забони кулли Шӯравӣ буд, ки аз русӣ сартару бартар буд; забоне куҳантар бо бунмояе бештар; ва фаротар аз марзҳои хунбори шӯравӣ мерафт. Дар натиҷа бояд ҳатталимкон тазъиф ва тикка-пора мешуд, ки шуд. Ва окодемисянҳои мо ҳамчунон дар ҳоли об рехтан ба ҳамин осиёби носавоб ҳастанд.

Ҳол, ки Абдулхалили Холиқзода меояду мегӯяд, ки Тоҷикистонро дӯст дораду аз Иттиҳоди Шӯравии ғосиб дили хуше надорад, бояд бар ӯ шӯрид? Магар дар Тоҷикистони имрӯз ҳам ватандӯстӣ накуҳида асту шӯравидӯстӣ сутуда? То ба кай косаи доғтар аз ош будан?

Фарҳоди Раҳимӣ бо шинохти батамом булшевикмаобона аз кишвару кишвардорӣ нивиштааст: “Ё ин ки муаллифи китоб бар сари болшевикон мешӯрад ва тамоми бадбахтию мусибатро ба вуруду ҳузуру истибдоди онҳо марбут медонад (С.7-8), дар ҳоле ки қабл аз болшевик тайи ҳазор сол тоҷик дар хидмати сулолаҳои бегона буда, таҳти салтанатҳои хилофати арабӣ-исломӣ, қарохонӣ, ғазнавӣ, салҷуқӣ, муғулӣ, темурӣ, шайбонӣ, аштархонӣ ва манғитӣ қарор дошт”. Агар оқои Раҳимӣ андаке фаротар аз мактаби булшевикӣ меандешид, ба ҳеч рӯй он дудмонҳо (сулола)-ҳоро бегона намехонд. Масалан, Темуриён (Гуркониён)-у Шайбониён бо вуҷуди асолати муғулишон худро подшоҳони Муғулистон намедонистанд. Онҳо бо ифтихор худро подшоҳони Эронзамин мехонданд. Темуриён забони порсиро ба шибҳи қорраи Ҳинд бурданду доманаи пӯшиши онро дучандон карданд. Маҳмуди Ғазнавӣ бо ҳама баду хубаш худро аз наводагони подшоҳони “Шоҳнома” медонист. Ҳеч як дар дарбор ба туркию муғулӣ такаллум намекарданд. Амир Ъолимхон ҳам бо ҳама ҳамоқате, ки ба намоиш гузошту бар Рус такя дошт, порсиро забони модарии худ медонист ва имрӯз ҳам фарзандонаш худро тоҷик мехонанд. Аз диди қавмиятӣ ҳам, агар барои ҷаноби Раҳимӣ муҳим бошад, амирони манғит модар андар модар тоҷик (эронӣ) буданд. Муҳимтар аз ҳама, ончи то таҷовузи Артиши Сурх бар Бухорои Бузург ҳоким буд, забону фарҳанги ҷаҳоншумули тоҷикон буд. Ниҳояти шӯрбахтист, ки акнун раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон Худоро сипосгузор бошад, ки Рус омаду Бухороро аз миён бурд.

Ва агар, бар мабнои истидлоли Ф. Раҳимӣ, қавмияти раҳбарон таъйинкунандаи ҳувияти кишвар буд, Иттиҳоди Шӯравии давраи Истолин бояд “Гурҷистон” мешуд ва дар давраи Брежнеф – “Укроин”. Ва Узбакистони ъаҳди Шароф Рашидуф ё Рафиқ Нишонуф бояд “Тоҷикистон” мешуд. Ва Омрикои давраи Борок Убоморо бояд “Кениё” мехондему Бритониёи имрӯзро - Ҳиндустон... Ҳарфи масхарае нест?.. Пас беҳуда набояд ин мантиқи лангро такрор кард.

Як эроди дигари Ф. Раҳимӣ марбут ба бахши “Кунун бишнав аз ман яке достон” (с. 14-30) аст, аммо зоҳиран эродгиранда мутаваҷҷеҳ нашудааст, ки ровии он достон Абдулхалили Холиқзода нест, балки Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон аст. Ӯ дар сафҳаи 14 китобаш нивишта: “Боре дар як нишасти дӯстона Вазири умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода аз замони бачагияш ҳикояеро нақл кард” ва достонро баъд аз он ривоят кардааст. Пас мухотаби ин эроди оқои Раҳимӣ бояд оқои Раҳимзода бошад, на Холиқзода. Ҳарчанд ба гилаҳои арзишии оқои Раҳимӣ мешавад посухи ҷомеъашинохтӣ дод. Ӯ муътақид аст, ки достони Рамазон Раҳимзода “шаъну шарафи бонуи тоҷикро то андозае пойин мебарад” ё  ин ки ӯ “бо овардани ин ҳақиқати талхи гузашта шаъну шарафи марди тоҷикро  паст задааст”. Яъне ба бовари Раҳимӣ, қиссае, ки Раҳимзода ба Холиқзода таъриф кардааст, шаъну шарафи ҳам зану ҳам марди тоҷикро поин мебурдааст ва ҳатто агар ҳақиқат бошад, набояд бозгӯ шавад. Худи Раҳимӣ ҳам онро “ҳақиқати талхи гузашта” номида, аммо аз бозгӯ шудани он нороҳат аст. Шояд бо ин бовари ъомиёна, ки “сари кафида таги тоқӣ”. Ҳарчанд бояд бидонад, ки сари кафида зери кулоҳ дармон намешавад ва бояд захмро ворасӣ кард, то мудово шавад.

Гуфтанӣ андак нест, аммо дар ин фурсати кӯтоҳ бо ҳамин сухани Абдулхалили Холиқзода аз китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” иктифо мекунам:

«Мақсад аз оинадорӣ бармало кардани заъф баҳри рафъи он аст. Ба оина наметавон шӯрид, шӯридан ба оина худшефтагист, ки дар тиб онро беморӣ медонанд!»

Ҳаққ асту рост!

 

26 шаҳривари 1402 (16.09.23)

Friday, May 20, 2011

Shoes of Pious Men

Аз дӯсте дар Душанбе матни ривояте қадимиро бо таърифе имрӯзӣ ва ба забони русӣ дарёфт кардам. Дӯстам аз ман мехост, ки онро тарҷума ва инҷо мунташир кунам. Номи муаллифи матн бароям равшан нест. Дар Интернет ҷустуҷӯ кардам ва торнамоеро бо номи Bayushki.ru пайдо кардам, ки ин ривоят ва ривоёти дигареро аз дарвешон дошт; он ҳам бидуни зикри номи муаллиф. Ба ҳар рӯй, ин ривоятҳо баргирифта аз осори дарвешону сӯфиёни ғолибан порсигӯянд.

Инҷо нахуст баргардони порсии ин достони омӯзанда ва сипас матни русиашро мехонед.

Кафшҳои одамони порсо

Ду марди парҳезгору порсо ҳамзамон вориди масҷид шуданд. Яке кафшҳояшро аз пой кашид ва пушти дар канори ҳам чид. Дувумӣ ҳам кафшҳояро кашид, лингаҳои кафшашро рӯдаррӯи ҳам гузошту зери бағал гирифт ва вориди масҷид шуд.

Ин рӯйдод миёни одамони шарифу парҳезгори дигаре, ки канори дар ба тамошо нишаста буданд, баҳсе барангехт. Онҳо тасмим гирифтанд мушаххас кунанд, ки рафтори кадом як беҳтар буд. Яке гуфт:

- Он мард бо пои бараҳна вориди масҷид шуд. Пас оё беҳтар набуд, ки кафшҳояшро пушти дар бигзорад?

Дигарӣ истидлол кард:

- Шояд ба хотири он кафшҳояшро бо худаш бурд, то барояш ёдовари ин маҳалли муқаддас ва зарурати тавозуъу фурӯтанӣ бошад.

Он ду намоз гузорданду берун омаданд. Аҳли баҳс ба ду гурӯҳ бахш шуданд ва ҳар гурӯҳ атрофи қаҳрамони худ гирд омаданд ва ба тарҳи пурсишҳо оғоз карданд, то ангезаи коре, ки он ду бо кафшҳояшон карда буданд, равшан шавад. Марди аввал гуфт:

- Ман бо мулоҳизоти комилан маъмулӣ кафшҳоямро пушти дар гузоштам: агар касе мехост онҳоро бидуздад, имкони чирагӣ бар ин васвасаи гуноҳолудро меёфт ва бад-ин гуна метавонист бар тӯшаи охираташ биафзояд.

Шунавандагон шефтаи андешаи наҷибу шарифи ин мард шуданд, ки ба фикри дороии худ набуда ва таваккул ба Худо кардааст. Дар ҳамин ҳол марди дувум далели амалашро ба ҳаводоронаш тавзеҳ медод:

- Ман кафшҳоямро бо худ бурдам, чун агар онҳоро дар берун ҷо мегузоштам, онҳо эҳтимолан дар дили касе васвасаи дуздӣ эҷод мекарданд. Ва агар касе таслими он васваса мешуду кафшҳоро медуздид, дар рӯзи қиёмат маро ҳамдасти ҷурми худ медонист.

Ҳар касе, ки ин суханонро шунид, аз хираду наҷобати ин мард дар шигифтӣ фурӯ рафт.

Аммо баногоҳ марде дигар, ки дар он миён буд ва хирадманде ростин буд, фарёд зад:

- Эй бебасарон! Тайи муддате, ки шумо инҷо ғарқи эҳсосоти воло будеду ҳамдигарро бо намунаҳои парҳезгорию порсоӣ саргарм мекардед, як чизи воқеъӣ иттифоқ уфтод.

Ҳама бо ҳам пурсиданд:

- Чи иттифоқ уфтод?

Марди хирадманд идома дод:

- Ҳеч кас васвасаи дуздидани кафшҳоро дар дил надошт. Васвасае дар кор набуд. Он гуноҳкори фарзӣ аз канори кафшҳо нагузашт. Ба ҷои ӯ як инсони дигар вориди масҷид шуд. Касе, ки кафше ба по надошт, то онро пушти дар бигзорад ё зери бағал. Побараҳна вориди масҷид шуд ва касе мутаваҷҷеҳи рафтори ӯ набуд. Худи ӯ камтар аз ҳама нигарони бардошти дигарон аз худаш буд. Вале ба далели самимияти намози вай дар ин масҷид имрӯз ӯ ба таври комилан ғайримустақим ба ҳамаи дуздони билқувва, ки метавонистанд кафшҳоро бидузданд ё надузданд ва ҳамчунин ба онҳое, ки шояд аз дуздӣ худдорӣ мекарданду ислоҳ мешуданд, кумак кард. Магар ҳанӯз дарнаёфтаед, ки корбурди усули порсоию парҳезгорӣ - сарфи назар аз ин ки чи қадр зебову писандида аст – дар баробари хираду хирадмандони ростин ранг мебозаду беарзиш мешавад?

Ин ривоят борҳо таъриф шуда ва баргирифта аз омӯзаҳои тариқати хилватия аст, ки Умари Хилватӣ поягузори он аст. Дар он баҳсе матраҳ шуда, ки дар миёни дарвешон бисёр маъруф аст: ононе, ки дар вуҷуди худ фурӯзаҳо (хусисиёт)-и хосси даруниро парвариш медиҳанд, нисбат ба онҳое, ки танҳо тибқи усули ахлоқии мушаххасе рафтор мекунанд, бар ҷомеъа, бар тӯдаҳо таъсири бештар мегузоранд. Гурӯҳи аввал “пайрави рафтори воқеъӣ” ҳастанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дуввум “намедонанд, аммо донишбозӣ мекунанд”.

Туфли благочестивых людей

Два благочестивых и достойных человека вошли в мечеть в одно и то же время. Первый снял свои туфли, аккуратно придвинув к друг дружке, оставил за дверью. Второй тоже снял туфли, сложил их подметками, и сунув за пазуху, вошел в мечеть.

Это событие возбудило спор между другими благочестивыми и достойными людьми, которые сидели у входа и все видели. Они решили выяснить, кто из этих двух поступил лучше. «человек в мечеть вошел босой – так не лучше ли было оставить свою обувь за дверью?» « Мы не учитываем одного: он мог взять с собой туфли для того, чтобы они ему напоминали о священном месте, о должном смирении, возразил другой». Но вот те люди, совершив молитву, вышли на улицу. Спорщики, разделившиеся на два лагеря окружили каждый своего героя и стали расспрашивать, чем были продиктованы их поступки. Первый человек сказал: « Я оставил свои туфли за дверью, руководствуясь вполне обычными соображениями: если бы кто-нибудь захотел их украсть, он имел бы возможность побороть свое греховное искушение и таким образом приобрел бы заслугу для будущей жизни».

Слушатели были восхищены благородным образом мыслей этого человека, который так мало заботился о своей собственности и отдался на волю случая. В это же время второй человек объяснил своим сторонникам: «Я взял туфли с собой потому, что оставь я их на улице, он могли бы возбудить соблазн в душе какого-нибудь человека. Тот, кто подался бы искушению и украл их, сделал бы меня сообщником на страшном суде». Мудрость и благородство этого человека привело в восторг всех, кто его слушал.
Но в этот момент другой человек, присутствующий среди них, который был настоящим мудрецом, воскликнул:

- О слепцы! Пока вы здесь предавались возвышенным чувствам, развлекая друг-друга примерами благородства, произошло нечто реальное.

- Что произошло? – спросили все разом.

- Никто не был искушен туфлями, продолжал мудрец, никто не был искушаем туфлями. Предполагаемый грешник не прошел мимо них. Вместо этого в мечеть вошел другой человек. У него не было туфель совсем, так что он не мог ни оставить их снаружи, ни внести их внутрь. Никто не заметил его поведения. А сам он меньше всего думал о том, какое впечатление он произведет на тех, кто на него смотрит или не смотрит. Но благодаря реальной искренности его молитвы сегодня в этой мечети самым непосредственным образом помогли всем потенциальным ворам, которые могли или не могли украсть туфли или могли бы исправиться, устояв перед искушением.
Разве вы не поняли еще, что практика благочестия, какой бы прекрасной она не была сама по себе, теряет свою ценность, когда узнаешь о существовании реальных мудрецов.

Это сказание приводится довольно часто. Оно взято из учений ордена Килватийа («Затворники»), основанного Омаром Килвати. В ней иллюстрируются аргумент, общеизвестный среди дервишей: те, кто развивает в себе особые внутренние качества, оказывает большое влияние на общество, чем те, кто пытается действовать только согласно определенным моральным принципам. Первые называются «люди реального действия», а вторые-«те, кто не знает, но играет в знание».

Tuesday, September 07, 2010

The Jewish Mevlana of Shiraz

Ҷилди "Шарҳи Шоҳин"
Мавлонои яҳудии Шероз

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Бад нест барои муддате аз ногуфтаниҳо биосоему ногуфтаҳое бисароем, ки то кунун андак забоне гуфтаву камтар гӯше шунуфта, аммо дар аҳамияти ин мактубу нияти ин маҷзуб гумоне раво нест, ки ҳадаф ҳамоно афзудан бар кӯлбори огоҳӣ аз рӯзгори пешину имрӯз аст.

Насри мусаҷҷаъ ба канор, инро ҳам бигӯем, ки забони мо маҷзубони фаровоне доштааст. Ба дарки ин муҳим борҳо расида будам ва парершаб бори дигар расидам; замоне ки китобе ба дастам уфтод, ба хатти ибрӣ, аммо ба забони порсии ороставу муваққар. Аз фарти бесаводӣ то кунун намедонистам, ки лотину сириллик танҳо расмулхатҳои бегонаи муъосир набудаанд, ки забони мо бад-онҳо нигошта шудааст. Китобҳои бисёре ба хатти ибрӣ (яҳудӣ) ва забони порсӣ тадвин шуда, ки дидани се ҷилд аз онҳо бароям муяссар шуд ва ҳамин ҳоло яке аз онҳо дами дастам аст.

Рози нуҳуфта дар китоб чунон шӯре дар ман афканд, ки тасмим гирифтам тилисми хатти ибриро бишканам ва нахустин байтҳои ин китобро бихонам.

Ҷумлае, ки дар сароғози манзума омадааст, ибрист (Бшем эл рахум...). Мешуд ҳадс зад, ки манзур ҳамон “Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон” аст, ки ба муъодили арабии худ бисёр наздик аст. Дигар ҳар чи буд, порсӣ буд, аммо ба хатти ибрӣ:

Оғози сухан бино ниҳодам,
Бар номи аҳад забон гушодам.
Бар номи кариму қодири пок,
Шавандаи аршу лавҳу афлок.
Халлоқи буду набуди даврон,
Аллому алими нутқи мурғон.
Бахшандаи тоҷу тахти шоҳӣ,
Рӯзидеҳи мӯру мурғу моҳӣ.
Донандаи розҳои пинҳон,
Маъбуди макону кавну аркон.
Қанному раҳими кулли ашё,
Ҳастидеҳи кӯҳу дашту дарё.
Донои руқуми тахтаи хок,
Шамъи дили ошиқони ғамнок...
Дар сунъи ту ақлу дида мадҳуш
Гардидаву нутқ гашта хомӯш.
Дар қудрати ту басар чӣ донад,
Андеша бар он куҷо расонад...
То ба ин байт расидам, нохудогоҳ нахустбайти Шоҳнома тадоъӣ шуд:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Шакке дар таъсири мустақими Фирдавсӣ бар нависандаи он китоб набуд. Ва то аз шоъири он абёт маълумоте чанд ба даст овардам, ҳар чи шак буд, ба яқин мубаддал шуд.

Унвони китоб “Шарҳи Шоҳин” аст. Шоҳини Шерозӣ, ки мегӯянд дар садаи 14 мелодӣ дар шаҳри Шероз ба дунё омада, дар миёни яҳудиён бо номи “Мавлоно Шоҳин” маъруфу маҳбуб аст. Ӯ барҷастатарин шоъири порсисарои яҳудист, аммо ба забони форсӣ дар бораи ӯ иттилоъот бисёр андак аст. Он чи медонем, чанд китобест, ки аз ӯ боз монда ва ҳамагӣ ба забони порсӣ ва хатти ибрист. Маъруфтарини онҳо “Мӯсонома” аст, ки Мавлоно Шоҳин ба пайравӣ аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ офарида ва дар он сарнавишти қавми яҳудро бозгӯ кардааст. “Мӯсонома”-ро “Туро” ё “Тавроти Шоҳин” низ меноманд. Сароиши ин китоб соли 1359 мелодӣ ба сар расид. Ҷолиб ин ҷост, ки бино ба ривояти яҳудиҳо, Шоҳин Тавроти манзумашро тайи сӣ сол навишта; дуруст ба ҳамон муддате, ки “Шоҳнома” суруда шуд.

Сафҳаи нахусти "Шарҳи Шоҳин"
Аммо китобе, ки акнун ба лутфи дӯсте дар ихтиёри ман қарор гирифта, достони манзуми малика Эстер ё Ситора – шаҳбонуи яҳудии Эрони ҳахоманишист, ки бино ба ривояти Таврот, бо тадбиру ҳушёрӣ аз наслкушии қавми яҳуд тавассути як вазири дарбори эрониён ҷилавгирӣ кардааст. Ин достон Хишоёршоҳ (Аҳасуерус) – подшоҳи ҳахоманишии Эронро фармонравое додгар тарсим мекунад, ки то аз дасисаи вазираш Ҳомон алайҳи яҳудиҳо огоҳ мешавад, худи вазирро ба дор меовезад. Имрӯз ҳам дар миёни яҳудиёни Бухоро мақоле ҳаст, ки мегӯянд: “Дор ба сӯи Ҳомон баргашт”, ки муъодили “Чоҳкан зери чоҳ”-и мост.

Ин нусхаи “Шарҳи Шоҳин” дар даҳаи 1970 дар Байтулмуқаддас чоп шуда, аммо дастнависи он бас қадимитар аст ва мутаъаллиқ ба яҳудиёни Бухорост. Аз ин рӯ зеру забар ё эъроби яҳудии китоб бар мабнои гӯиши бухороӣ иншо шуда, ки хондани онро барои яҳудиёни Эрон бисёр сахт кардааст.

Ба назар мерасад, ки худи Шоҳини Шерозӣ маснавиҳояшро дар оғоз ба хатти форсӣ навишта бошад ва сипас яҳудиён ба далели ҳурмату тақаддусе, ки барои хатти худ қоиланд, онро ба расмулхатти ибрӣ баргардондаву ҳифз кардаанд. Чун дар қитъае аз ашъори Шоҳин тавсифи чаҳор ҳарфи номи Мусоро мехонем, дар ҳоле ки Мусо (Моше) дар расмулхатти ибрӣ иборат аз се ҳарф аст.

Ин танҳо барги нозуке аз бӯстони анбӯҳи забони порсӣ дар миёни ғайриэрониён аст. Аммо баргест барроқу пинҳон. Дастикам барои бисёре аз мо дар кишварҳои порсигӯ Шоҳини Шерозӣ номе тоза ё фаромӯшшуда аст, дар ҳоле ки дар миёни яҳудиҳо арҷе, ки ӯ дорад ҳамсанги эҳтироми порсигӯён ба Ҳофизи Шерозист. Яъне яке аз бузургтарин чомасароёни яҳудӣ ҳам парвардаи хоки шоъирхези Шероз аст. Осори Шоҳини Шерозӣ афзун бар ин ки ба забони мост, пораҳое аз торихи моро ҳам фаро мегирад ва ба гунае баёнгари нигоҳи яҳудиён ба ториху фарҳанги эрониён аст.

Friday, November 20, 2009

Bazar's Lost Tajikistan

Точикистони гумшудаи Бозор

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Чорч Орвелл, нависандаи инглисии ќарни 20 дар соли 1948 китобе навишт бо номи «1984», ки дар он тасаввури худро аз як чомеаи мустабид дар оянда баён карда буд. Вай дар хамон солхо ихтироъи чизе ба монанди Интернет ва насби дурбинхои мадорбаста дар сатхи шахрхои як кишвари истибдодиро вахшурона пешгуй карда буд. Имруза на танхо дар кишвархои мустабид, балки дар пешрафтатарин ва гуё озодтарин кишвархои чахон, аз чумла дар Бритониёи Орвелл, аз Интернет ва дурбинхои мадорбаста ба унвони абзори эъмоли контрол истифода мешавад.

Дар Точикистон аз ин даст пешгуихои вахшурона андак доштем ва маъруфтарини он шеъри «Пас аз мо»-и Бозор Сорбир аст, ки дар дахаи 1970, дар авчи чахонгирии импротурии сурх, суќуту хиффату хории он ва пешвоёни он дар ояндаи наздикро пешгуй карда буд.

Аммо касе наметавонист пешгуй кунад, ки худи Бозор Собир рузе-рузгоре ба пешвоёни импротурии сурх руи иноят хохад овард, мухолифони ононро нафрин хохад кард ва бо надомату пушаймонй аз хусумати пешини худ алайхи саромадони режими коммунистй ба ёду равони онон дуруд хохад фиристод.

Имруз, ки марди часури шеъри точик 71-сола мешавад, дубора бисёре ба ин пурсиш баргаштаанд, ки чи гуна метавон бевафоии аќидатии устодро тавчех кард. Кадом сухани у ќобили эътимодтар буд? Безории у аз истибдоди шуравй ё дилтангии у ба низоми ленинй?

Бо муруре бар суханони дирузу имрузи Бозор Собир метавон итминон хосил кард, ки хам безорй ва хам дилтангии у самимонаву ростинанд. У дар гузашта ба хамон андоза аз Ленин безор буд, ки имруз дилтанги уст. Мисли як шогирди шуху бозигуши мактаб, ки аз омузгори сахтгири худ дили хуше надорад, аммо то мактабро тарк мекунаду ба чойгохе мерасад, забон ба сипосгузорй аз омузгори сахтгираш мегушояд. Бозор Собир шогириди бозигушу дилтанги мактаби шуравист.

Солхо зиндагй дар гурбат ва ламси воќеъиятхои дурушти гурбати Гарб устодро озурдаву ошуфта кардааст. Дар воќеъ, зиндагй дар Гарб то хадди бисёр зиёде далели навишта шудани «Сармоя»-и Марксро ташреху тавчех мекунад: дар он чо аз омузишу дармони ройгон хабаре нест ва ихтилофи табаќотй бедод мекунад. Ба вижа барои як мухочир аз «чахони севвум» ин ихтилоф махсустару малмустар аст ва зиндагй чаббортар. Шояд бархурди устоди мухочир бо ин сахтихо буд, ки уро ба бандаи шокиру сипосгузори Ленин табдил кард. На дубора, балки барои нахустин бор. На ба зур, балки ихтиёран. Аммо бо чандин сол таъхир.

Аммо чаро хатто он сахтихо боис намешавад, ки Бозор Собир ба кишвари худ баргардад? Оё ба ростй устод ба ин сухан имон надорад, ки «хоки Ватан аз тахти Сулаймон бехтар?»

Бозор Собир тайи ин солхо борхо ба зодбумаш омад, аммо мондагор нашуд. Шояд омада буд, ки бимонад, аммо худро дар хонаи худ наёфт. Дигар Точикистон он кишваре набуд, ки Бозор Собир онро тарк карда буд. Сурату сирати шахраш иваз шуда буд ва огуши бози он беминнат набуд. Бозор Собир Точикистонашро гум кард ва Точикистон Бозорашро. Шояд устод худро дар ватани хеш гарибтар ёфту мухочиратро бедагдагатар. Аммо ба хар руй у тарчех дод ба мухочирати хоркунанда тан дихаду ху бигирад ва Точикистонро ба сохибони наваш бибахшад.

Бозор Собир, ки аз ростгутарину содиќтарини суханварони ахди худ аст, эхсоси барахнае дорад; хисси иштиёќи у ба андозаи хисси инзичор (безорй)-и у табиию ростин аст. Дар яке аз сухбатхои телефонй бо устод то сухан аз Точикистон ба миён овардам, гуфт, сухбаташро накун, ки намефорад. Озурдагии Бозор Собир аз мардуму зодбумаш бепирояву урён чорй буд. Дили устод танги Точикистон хаст, аммо у пазмони Точикистон худ аст. Точикистоне, ки бо хамаи дуруштихояш тудахои пуёву бедоре дошт ё дастикам умеди бедорй дошт. Точикистоне, ки дар айни тангдастй обистани шукуфой буд. Точикистоне, ки Бозорро бо тамоми бетахаммулихояш тахаммул мекард. Точикистоне, ки партави офтоби фардояш аз равзанаи кучакаш метобид. Бозор он Точикистонро гум кардааст ва дилаш барои он Точикистон танги танг аст. Шахри Бозор хатто пушти «пардаи оханин» равзанае дошт. Аммо акнун гуй деворхои ин шахр баландтар шудаанд ва садо дар миёни ин деворхо фурухуфтатар аз пеш шудааст. «Пас аз мо»-и Бозор ба вуќуъ пайваст, аммо ба бадтарин шеваи мумкин ба вуќуъ пайваст ва худи уро гурезон кард.

Шояд, агар умеду умедворй ба ќалби шоири мухочири мо баргардад, «Пас аз мо»-и вахшуронаи дигаре аз ќалами у битаровад ва Точикистони пур аз шури умеду озодии уро дубора дар зехнхои хастаи имрузиён зинда кунад.

Friday, October 09, 2009

Nostalgic German Notes

Гарибонахои олмонй
به دبيرۀ پارسی


Чоизаи Нубели адабиёти имсол ба Херто Муллер (Herta Müller), нависандаи олмонии зодаи Румонй (Румыния) таъаллук гирифт, ки ба кавли Бунёди Нубел, «тавонистааст бо тамаркузи назму сарохати наср зиндагии афроди махрумро тасвир кунад.»

Херто Муллер духтари як афсари пешини Олмони нозист, ки соли 1953 дар шахраки олмонинишини Нитзкидурф (Nitzkydorf) дар Румонй ба дунё омад. Пас аз шикасти Олмон дар Чанги Чахонии Дувум модари у ба муддати панч сол ба як урдугохи кори шокка (концлагерь) дар Укроин табъид шуда буд.

Херто Муллер тачрубиёти талхи олмонитаборони Румонй дар Иттиходи Шуравиро дар достони ахири худ (Atemschaukel), ки мохи ут (август)-и соли мелодии равон ба забони олмонй мунташир шуд, ба тасвир кашидааст. Кахрамони ин достон, ки унвони онро шояд битавон «Нафасхои бурида» баргардон кард, як чавони 17-солаи олмонитабор дар Румонист, ки дар як урдугохи кори шокка дар Укроин ранч мебарад. Рузномаи «Frankfurter Algemeine» ин асарро «баёдмонданитарин китоби поиз (тирамох)-и 2009» тавсиф карда буд.

Мавзуъи китобхои Херто Муллер ба гузаштаи пурфарозу нишеби худи нависанда бар мегардад. Муллер дар яке аз мусохибахояш гуфта буд:

«Мухимтарин тачруба барои ман зиндагй тахти йуги диктортурии Румонй буд. Ва холо танхо ба далели ин ки садхо килуметр дуртар аз он кишвар дар Олмон зиндагй мекунам, тачрубиёти гузаштаам худ ба худ зудуда намешавад. Ман гузаштаамро дар чамадон гузоштаму бо худам ба Олмон овардам ва медонам, ки диктотурй дар Олмон хануз як мавзуъи матрах аст.»

Муллер дар даврони ихтиноки хукумати Чоушеску дар Румонй бо тасаллути комиле, ки бар забонхои олмонй ва румониёйи дошт, дар як ширкати мухандисй кори тарчума мекард, аммо ба хотири сарпечй аз хамкорй бо Секуритате ё созмони чосусии режим соли 1979 барканор шуд. Ин нокомй Херторо мунзавй кард, аммо саранчом ба гунаи як тавфики ичборй аз у як нависандаи забардаст сохт. Вале чун китобхояш голибан ховии матолибе алайхи режими хоким буд, дар бехтарин холат бо сонсур мунташир мешуд ё аслан чоп намешуд. Шугли аслии Муллер таи ин давра тадриси хусусии забони олмонй буд, аммо фишори давлати кумунистй нихоятан уро водошт, ки соли 1987 хамрох бо шавхараш Румониро ба касди Олмон тарк кунад. У то кунун дар шахри Берлин зиндагй мекунад.

Бо ин ки Олмони Шаркй хам дар он даврон чузъе аз каламрави пахновари урдугохи сурх буд, аз Херто Муллер ба унвони як олмонитабор истикбол шуд ва у дар он чо имкони тадрис дар донишгоххоро ёфт ва хамзамон ба навиштан ва чопи достонхои бештаре пардохт. «Он вакт дигар рубох хам сайёд шуда буд» (Der Fuchs war damals schon der Jäger) ва «Чонвари калбй» (Herztier), ки зери унвони «Гавчахои сабз» ба забони форсй хам мунташир шудааст, аз чумлаи достонхои муваффаки он давраи Херто Муллер аст.

Петер Энглунд (Peter Englund) – дабири доими Окодемии Нубели Суэд мегуяд, ки хатто агар Муллер достони ахирашро нанавишта буд, боз хам ба хотири осори каблиаш сазовори дарёфти чоиза мешуд. Ба гуфтаи вай, аммо, китоби ахири у («Нафасхои бурида») ба ростй такондиханда аст. Зеро Муллер барои нахустин бор бо махорате хиракунанда мочарохоеро таъриф карда, ки харгиз чузъе аз тачрубиёти шахсиаш набудааст.

Энглунд мегуяд, ки бо хондани китобхои Херто Муллер афзун бар дарки фазои як диктотурй метавон маънои акаллият буданро дарёфт. Вай тасаллути фавкулъода бар забон ва эъчози каломро чузъи тавоноихои ин нависандаи олмонй медонад.

Чоизаи адабиёти Нубел аз соли 1901 то кунун хамасола ба бехтарин нависандагони чахон такдим мешавад, ки бештари онхо мард будаанд. Херто Муллер дувоздахумин нависандаи занест, ки муваффак ба дарёфти ин чоизаи худуди 1.5 милюн дулорй шудааст.

Saturday, September 12, 2009

Yasna for Ahmad Shah Massoud

Яснои Ахмадшохи Масъуд

Яли Панчшер омаду зуд рафт
Бирафту дили сад хазорон битафт

Вале номи неки бузурги далер
Биафзуд бар шухрати Панчшер

Чароге шуда бар хиёбони ишк
Ва дурре шуда бар тахи кони ишк

Ки ишки Ватанро мар андоза нест
Ва ошиктар аз у дар ин хоза* нест

Ки то ишк номи барозандагист
Барозандатар з-у яке ном нест

Чи масъуд ному чи ахмад маком!
Чи шохона кому чи воло маром!

Дигарбора модар ба дахри дудар
Чу у шерзоде биёрад магар?

Ки бо парчами ковиёнй ба даст
Тавонад ба тахти каёнй нишаст?

Ба точики фархундапай сад дуруд
Ба Моми матини заминаш сучуд

Ки чун Шох Масъудро офарид
Ки хамтои у дар саро кас мадид

Ба хуни шахид Ахмади девбанд
Касам бар гилу обу кухи баланд

Хама Шох Масъуд бор оварем
Ва ишки нухуфта ба кор оварем

Ки хоки шикаста ба хам оварад
Ба андоми Иблис хам оварад
___________

*хоза – чомеъа, хамбудгох

12/09/2009


يسنای احمدشاه مسعود

يل پنجشير آمد و زود رفت
برفت و دل صدهزاران بتفت

ولی نام نيک بزرگ دلير
بيفزود بر شهرت پنجشير

چراغی شده بر خيابان عشق
و دُرّی شده بر ته کان عشق

که عشق وطن را مر اندازه نيست
و عاشق تر از او در اين هازه* نيست

چو پروانه در شمع عشقش بسوخت
در اين راه درخشيد و جانش فروخت

که تا عشق، نام برازندگیست
برازنده تر زو يکی نام نيست

چه مسعود نام و چه احمد مقام!
چه شاهانه کام و چه والا مرام!

دگرباره مادر به دهر دودر
چو او شيرزادی بيارد مگر؟

که با پرچم کاويانی به دست
تواند به تخت کيانی نشست؟

به تاجيک فرخنده پی صد درود
به مام متين زمينش سجود

که چون شاه مسعود را آفريد
که همتای او در سرا کس مديد

به خون شهيد احمد ديوبند
قسم بر گل و آب و کوه بلند

همه شاه مسعود بار آوريم
و عشق نهفته به کار آوريم

که خاک شکسته به هم آورد
به اندام ابليس خم آورد

داريوش
12 September 2009
________________
*هازه - جامعه، همبودگاه

12/09/2009

Monday, September 07, 2009

The Way to Paradise

Рохи бихишт

Поулу Куэлйу (Paulo Coelho)

(аз номаи як дуст)

Марде бо аспу сагаш дар чоддае рох мерафтанд. Хангоми убур аз канори дарахти азиме соъикае фуруд омаду онхоро кушт. Аммо мард нафахмид, ки дигар ин дунёро тарк кардааст ва хамчунон бо ду чонвараш пеш рафт. Гохе муддатхо тул мекашад, то мурдахо ба шароити чадиди худашон пай бибаранд.

Пиёдарави дарозе буд. Теппаи баланде буд. Офтоби тунде буд. Арак мерехтанду ба шиддат ташна буданд. Дар як печи чодда дарвозаи тамом-мармарии азиме диданд, ки ба майдоне бо сангфарши тило боз мешуд ва дар васати он чашмае буд, ки оби зулоле аз он чорй буд. Рахгузар ру ба марди дарвозабон карду гуфт:

- Руз ба хайр. Ин чо кучост, ки ин кадр кашанг аст?

Дарвозабон:

- Руз ба хайр. Ин чо бихишт аст.

- Чи хуб, ки ба бихишт расидем. Хеле ташнаам.

Дарвозабон ба чашма ишора карду гуфт:

- Метавонед ворид шавед ва хар чи кадр дилатон мехохад, бинушед.

- Аспу сагам хам ташнаанд.

Нигахбон:

- Вокеъан мутаассифам. Вуруди хайвонот ба бихишт мамнуъ аст.

Мард хеле ноумед шуд, чун хеле ташна буд. Аммо хозир набуд танхойи об бинушад. Аз нигахбон ташаккур кард ва ба рохаш идома дод. Пас аз ин ки муддати дарозе аз теппа боло рафтанд, ба мазраъа (полиз)-е расиданд. Рохи вуруд ба ин мазраъа дарвозае кадимй буд, ки ба як чоддаи хокй бо дарахтоне дар ду тарафаш боз мешуд. Марде дар зери сояи дарахтхо дароз кашида буд ва сураташро бо кулохе пушонда буд. Эхтимолан хобида буд.

Мусофир гуфт:

- Руз ба хайр!

Мард бо сараш чавоб дод.

- Мо хеле ташнаем. Ман, аспам ва сагам.

Мард ба чое ишора карду гуфт:

- Миёни он сангхо чашмае хаст. Хар кадр ки мехохед, бинушед.

Мард, асп ва саг ба канори чашма рафтанд ва ташнагишонро фуру нишонданд.

Мусофир аз мард ташаккуо кард. Мард гуфт:

- Хар вакт ки дуст доштед, метавонед баргардед.

Мусофир пурсид:

- Факат мехохам бидонам номи ин чо чист?

- Бихишт.

- Бихишт? Аммо нигахбони дарвозаи мармарй хам гуфт, ки он чо бихишт аст!

- Он чо бихишт нест. Дузах аст.

Мусофир хайрон монд.

- Бояд чилави дигаронро бигиред, то аз номи шумо истифода накунанд! Ин иттилоъоти галат боъиси сардаргумии зиёде мешавад!

- Комилан баръакс. Дар хакикат, лутфи бузурге ба мо мекунанд. Чун тамоми онхое, ки хозиранд бехтарин дустонашонро тарк кунанд, хамон чо мемонанд...

Monday, July 13, 2009

Good Things Not Vanished Yet

Хубихо намурдаанд

Матни нагзи зерро дусте фиристодааст:

Агарчи садои гушхароши магасхое, ки бар гирди касофати дунё чамъ шудаанд, гушхоямонро пур мекунанд,

Агарчи касе барои ишк дигар дил намесузонад

Ва ишкро бозичаи аблахони девона медонанд,

Агарчи рангхо тихй шудаанд ва хубихо рохии гуристони фаромушианд,

Агарчи шояд дигар касе барои бастани банди кафши духтараки ятим ба худ захмати хам шудан надихад

Ва бидуни дасткаш наметавон ба писараки рузномафуруш даст зад

Ва агарчи инсон дигар чуз бо хисобрасй ба худ фурсати хуб будан надихад,

Агарчи чахлу таъассуб, имону фиреб

Зехнхоро аз кор андохтаанд

Ва агарчи Худо хам ин рузхо ба бандагонаш зур мегуяд,

Агарчи дуруг калбхоро тасхир кардааст

Ва барои садокат бояд бахонае дошт

Ва агарчи мегуянд, ки аз ин хам бадтар хохад шуд,

Аммо мо хар ду медонем,

Хуб медонем,

Хануз мешавад

Ханчари захролуди кинаро ба чои пушти рафик бар калби сиёхи нафрат куфт.

Мешавад нимашабе нони худро ба кимати лабханди махве дар чорчубаи сурати касифи гадое ба у фурухт

Ва то субх гуруснагй хурду хуш буду хандид.

Хануз хам мешавад ба чашмони гусса хира шуд, гамро ба назора истод ва кахкаха сар дод.

Хануз мешавад барои хандондани лаби гарибае ашк рехт.

Хануз мешавад ба гунчишкхо дона доду талабкор набуд.

Мешавад.

Хуб медонй, нозанинам.

Хубихо намурдаанд...


:متن نغز زير را دوستی فرستاده است

اگر چه صدای گوش خراش مگس هایی که بر گرد کثافت دنیا جمع شده اند گوشمان را پر می کند
اگر چه کسی برای عشق دیگر دل نمی سوزاند

و عشق را بازیچه ابلهان دیوانه می دانند

اگر چه رنگ ها تهی شده اند و خوبی ها راهی گورستان فراموشی اند
اگر چه شاید دیگر کسی برای بستن بند کفش دخترک یتیم به خود زحمت خم شدن ندهد
و بدون دستکش نمی توان به پسرک روزنامه فروش دست زد
و اگر چه انسان دیگر جز با حساب رسی به خود فرصت خوب بودن ندهد
اگر چه جهل و تعصب، ایمان و فریب
ذهن ها را از کار انداخته اند
و اگر چه خدا هم این روزها به بندگانش زور می گوید
اگر چه دروغ قلب ها را تسخیر کرده است
و برای صداقت باید بهانه ای داشت
و اگر چه می گویند که از این هم بد تر خواهد شد
اما ما هر دو می دانیم
خوب می دانیم
هنوز می شود
خنجر زهر آلود کینه را به جای پشت رفیق بر قلب سیاه نفرت کوفت
می شود نیمه شبی نان خود را به به قیمت لبخند محوی در چارچوبه ی صورت کثیف گدایی به او فروخت
و تا صبح گرسنگی خورد و خوش بود و خندید
هنوز هم می شود به چشمان غصه خیره شد، غم را به نظاره ایستاد و قهقه سر داد
هنوز می شود برای خنداندن لب غریبه ای اشک ریخت
هنوز می شود به گنجشک ها دانه داد و طلب کار نبود
می شود
خوب می دانی نازنینم
. . . خوبی ها نمرده اند

Sunday, March 22, 2009

What is essential is invisible to the eye

Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад

Шохзода-кучулу
ба калами Онтуон ду Сан Экзюперй
Бахши 21*

Le Petit Prince
Antoine de Saint-Exupéry
21
به دبيره پارسی

Он вакт буд, ки сару каллаи рубох пайдо шуд.

Рубох гуфт:

- Дуруд.

Шахриёри кучулу (хурд) баргашт, аммо касеро надид. Бо вучуди ин бо адаби тамом гуфт:

- Дуруд.

Садо гуфт:

- Ман ин чоям, зери дарахти себ...


Шахриёри кучулу гуфт:

- Кй хастй ту? Ачаб хушгилй!

Рубох гуфт:

- Ман як рубохам.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Биё бо ман бозй кун. Намедонй чи кадр дилам гирифта...

Рубох гуфт:

- Наметавонам бо ту бозй кунам. Хануз ромам накардайи охир.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Пузиш мехохам.

Аммо фикре карду пурсид:

- «Ром кардан» яъне чи?

Рубох гуфт:

- Ту ахли ин чо нестй. Паи чй мегардй?

Шахриёри кучулу гуфт:

- Паи одамхо мегардам. Нагуфтй «ром кардан» яъне чй.

Рубох гуфт:

- Одамхо туфанг доранд ва шикор мекунанд. Инаш асбоби нигаронй аст! Аммо мургу мокиён хам парвариш медиханд ва хайрашон факат хамин аст. Ту паи мург мегардй?

Шахриёри кучулу гуфт:

- На, паи дуст мегардам. «Ром кардан» яъне чй?

Рубох гуфт:

- Як чизест, ки пок фаромуш шуда. Маъниаш эчоди алока кардан аст.

- Эчоди алока кардан?

Рубох гуфт:

- Маълум аст. Ту ал-он барои ман як писарбачайи, мисли садхо хазор писарбачаи дигар. На ман хеч ниёзе ба ту дорам, на ту хеч ниёзе ба ман. Ман хам барои ту як рубохам, мисли садхо хазор рубохи дигар. Аммо агар манро ром кунй, хар дуямон ба хам ниёз пайдо мекунем. Ту барои ман миёни хамаи олами мавчуд ягона мешавй, ман барои ту.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Кам-кам дорам мефахмам. Як гуле хаст, ки гумонам маро ром карда бошад.

Рубох гуфт:

- Баъид нест. Руи ин кураи Замин хазор чур чиз мешавад дид.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Ух на! Он руи кураи Замин нест.

Рубох, ки ангор хисобй шигифтзада шуда буд, гуфт:

- Руи як сайёраи дигар аст?

- Оре.

- Дар он сайёра шикорчй хам хаст?

- На.

- Вох! Чи кадр чолиб! Мургу мокиён чи тавр?

- На.

Рубох ох кашиду гуфт:

- Хамешаи Худо як пои бисот ланг аст! (Хеч чиз беъайб нест).

Аммо паи харфашро гирифту гуфт:

- Зиндагии якнавохте дорам. Ман мургро шикор мекунам, одамхо маро. Хамаи мургхо айни хаманд, хамаи одамхо хам айни хаманд. Ин вазъ як хурда хулкамро танг мекунад (норохатам мекунад). Аммо агар ту манро ром кунй, ангор ки зиндагиамро чарогон карда бошй. Он вакт садои поеро мешиносам, ки бо хар садои пои дигар фарк мекунад. Садои пои дигарон маро водор мекунад, ки зери замин панох бибарам, аммо садои пои ту мисли оханге маро аз сурохам мекашад берун. Тоза, нигох кун, он чо гандумзорро мебинй? Барои ман, ки нон намехурам, гандум чизи бефоидаест. Пас гандумзор хам маро ба ёди чизе намеандозад. Асбоби таассуф аст. Аммо ранги мухои ту тилоист. Пас вакте ки ромам кардй, махшар мешавад! Гандум, ки тилоиранг аст, маро ба ёди ту меандозад ва садои бодро хам ки дар гандумзор мепечад, дуст хохам дошт...

Рубох хомуш шуд ва муддати зиёде шахриёри кучулуро нигох кард. Он вакт гуфт:

- Хохиш мекунам, манро ром кун.


Шахриёри кучулу посух дод:

- Дилам хеле мехохад, аммо вакти чандоне надорам. Бояд биравам дустоне пайдо кунам ва аз хеле чизхо сар дарорам (хеле чизхоро бифахмам).

Рубох гуфт:

- Одам факат аз чизхое, ки ром кунад, метавонад сар дарорад. Инсонхо дигар барои фахмидани чизхо вакт надоранд. Хама чизро хаминчурй хозиру омода аз дукконхо мехаранд. Аммо чун дукконе нест, ки дуст муъомила кунад, одамхо бедуст мондаанд... Ту агар дуст мехохй, хуб, манро ром кун.

Шахриёри кучулу пурсид:

- Рохаш чист?

Рубох посух дод:

- Бояд хеле-хеле хавсала кунй. Аввалаш андаке дуртар аз ман инчурй миёни алафхо менишинй. Ман зеричашмй нигохат мекунам ва ту лом то ком хеч чиз намегуйи. Чун сухан сарчашмаи хамаи суитафохумхост. Ивазаш метавонй хар руз андаке наздиктар бинишинй.

Фардои он руз дубора шахриёри кучулу омад. Рубох гуфт:

- Кош сари хамон соъати дируз омада будй. Агар, масалан, сари соъати чахори баъд аз нимруз биёйи, ман аз соъати се дар дилам канд об мешавад ва хар чи соъат пештар биравад, бештар эхсоси шодию хушбахтй мекунам. Соъат чахор ки шуд, дилам шур задан бино мекунад ва нигарон шудан. Он вакт аст, ки кадри хушбахтиро мефахмам! Аммо агар ту вакту бевакт биёйи, ман аз кучо бидонам чй соъате бояд диламро барои дидорат омода кунам?.. Хар чизе барои худаш коъидае дорад.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Коъида яъне чй?

Рубох гуфт:

- Ин хам аз он чизхоест, ки маъмулан нодида гирифта мешавад. Ин хамон чизест, ки боъис мешавад фалон руз бо бокии рузхо ва фалон соъат бо бокии соъатхо фарк кунад. Масалан, шикорчихои мо миёни худашон расме доранд ва он ин аст, ки панчшанбехо бо духтархои дех мераванд ракс. Пас панчшанбехо Баракушони ман аст. Барои худам гардишкунон меравам то дами токзор. Холо агар шикорчихо вакту бевакт мераксиданд, хамаи рузхо шабехи хам мешуд ва мани бечора дигар фурсату фарогате намедоштам.

Ба ин тартиб шахриёри кучулу рубохро ром кард.

Лахзаи чудойи, ки наздик шуд, рубох гуфт:

- Ох! Наметавонам чилави ашкамро бигирам.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Гунохи худат аст. Ман ки бадатро намехостам. Худат хостй ромат кунам.

Рубох гуфт:

- Хамин тавр аст.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Охир ашкат дорад сарозер мешавад!

Рубох гуфт:

- Хамин тавр аст.

- Пас ин мочаро фоидае ба холи ту надошта.

Рубох гуфт:

- Чаро. Ба хотири ранги гандум.

Баъд гуфт:

- Бирав, як бори дигар гулхоро бибин, то бифахмй, ки гули худат дар чахон ягона аст. Вакте ки баргаштй, бо хам видоъ мекунем ва ман ба унвони хадя розеро ба ту мегуям.

Шахриёри кучулу бори дигар ба тамошои гулхо рафт ва ба онхо гуфт:

- Шумо сари сузане ба гули ман намемонед ва хануз хеч чиз нестед. На касе шуморо ром карда, на шумо касеро. Дуруст хамончурй хастед, ки рубохи ман буд: рубохе буд мисли сад хазор рубохи дигар. Уро дусти худам кардам ва холо дар хамаи чахон ягона аст.

Гулхо хисобй аз у шарм карданд.

Шахриёри кучулу сухбаташро идома дод:

- Хушгилед, аммо холй хастед. Бароятон намешавад мурд. Гуфтугу надорад, ки гули маро хам рахгузаре мисли шумо мебинад. Аммо у ба танхойи аз хамаи шумо сар аст. Чун факат уст, ки обаш додаам. Чун факат уст, ки зери хубобаш гузоштам. Чун факат уст, ки барояш хифоз дуруст кардаам. Чун факат уст, ки кирмхояшро куштаам (чуз ду-сетое, ки мебоист парвона бишаванд). Чун факат уст, ки пои гилагузорихо ё худнамоихо ва хатто гохе пои бугз кардану хеч чиз нагуфтанхояш нишастаам. Чун у гули ман аст.

Ва баргашт пеши рубох. Гуфт:

- Худо нигахдор!.. Ва аммо розе, ки гуфтам, хеле сода аст: чуз бо дил хеч чизро, чунон ки бояд, намешавад дид. Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад.

Шахриёри кучулу, барои он ки ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад.

- Арзиши гули ту ба кадри умрест, ки барояш сарф кардайи.

Шахриёри кучулу, барои он ки ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ба кадри умрест, ки барояш сарф кардаам.

Рубох гуфт:

- Инсонхо ин хакикатро фаромуш кардаанд, аммо ту набояд фаромушаш кунй. Ту, то зиндайи, нисбат ба чизе, ки ромаш кардайи, масъулй. Ту масъули гулат хастй...

Шахриёри кучулу, барои он ки ба ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ман масъули гулам хастам.

*баргардони Ахмади Шомлу бо дасткорихои Як Дарвеш

Wednesday, February 04, 2009

When Walls Collapse…

Вакте ки деворхо фуру мерезанд

Фасли марги бузургон дар Точикистон бедод мекунад. Ва мо, кавми мурдапарвар, танхо пас аз тахаммули бохту зоеъот ба андеша менишинем, ки чи бузурге хузурашро аз мо дарег доштааст. Кучи Наримон Бакозода, Боймухаммад Ниёзй ва Мухаммадзамони Солех, яке пас аз дигарй, дар синахои хазорон тан лаккахои нав ва дар лабхои садхо тани дигар марсияи алам кошт.

Шуморе аз дустон дар зодбуми мо озурдаанд, ки чаро Як Дарвеш дар бобати ин бузургони рафта сухане ба миён намеоварад. На ин ки Як Дарвеш хаводорони бешуморе дошта бошад ё суханаш кадри арзан вазне дошта бошад. Манзур дустони муштараки мову рафтагонанд, ки шояд сукути Як Дарвешро хамл ба бемехрй кардаанд, шояд хам чизи дигар.

Як Дарвеш дар гушаи эътикоф барои якояки азизони рафта дуъо мекунад ва бар равонашон офарин мефиристад, ки хар кадом ба гунае тушаи охирати дархури худро фарохам карда буданд ва хасрате аз ин бобат нест.

Аммо хамон гуна ки дар посух ба дусте навиштам, замоне бар ман мегузарад, ки аз шархаш очизам. Ангор, ба таъбири Фуруг, дастхоямро дар богча коштаам, аммо хануз сабз нашудаанд ва парастуе дар гавдии чавхаролуди ангуштонам хануз тухме нагзоштааст. Дар интизори инсичоми эхсосу мантик нишаста будам, то агар харфе барои гуфтан дошта бошам, хонандае хам пайдо кунад. Аммо маълум нест, ки ба он инсичоми матлуб даст ёфта бошам, то матлаб адо шавад. Эхсоси халаъ ва тухй будан хамчунон гиребонгирам аст.

Вале бо итоъати тамом аз суннати нописанди мурдапарварй бо деркарде нобахшуданй чизхоеро хохам гуфт, ки бояд дастикам ду хафта пеш мегуфтам; замоне ки Азроил хануз гуи сабкатро аз мо нарубуда буд.

Аз миёни рафтагон бо Мухаммадзамони Солех ифтихори хамнишинию хамгапй доштам. Пеш аз ошнойи уро хамзоди зохирии Салмони Рушдй медонистам, аз бас ба якдигар шабохати сурй доштанд. Солех хам саргарми ковиш андар виждону имони худ буд ва хамин ковишхо буд, ки моро ба хам овард. Чанд бархурди мухтасар дар толору долонхои фархангй ва сухбатхои сарипойи. Сипас ташрифи у ба дафтари Барномаи Инсоншиносии Огохон дар Душанбе, ки махалли корам буд. Устодро Рудакии Бехдин хамрохй мекард, ки солхо пас аз он ба таври фачеъе шодравон шуд ва акнун дар олами пиндори мо хар ду шояд зери сояи дарахте дар бихишт дидорхоро тоза мекунанд.

Рудакй ва устод мехостанд созмонеро бо номи «Маздаясно» рох андозанд ва комгор хам шуданд. Хар як аз мизигирдхои «Маздаясно» дар он даврон барои худ руйдоде бехамто буд. Порахое аз он нишастхо ба забони русй дар родю Душанбе пахш мешуд ва Мухаммадзамони Солех аз сохибназарони аслии бахсхо буд.

Замон гузашту талхтар шуд. Пайвандхо чои худро ба офандхо ва бастагихо чои худро ба гусастагихо доданд. Солхо баъд дар гурбатистон шунидам, ки устод Солех аз он созмони валангоршудаву бахсхояш дигар дили хуше надорад ва суннатро бар бидъат ричхон нихода ва мисли милюнхо тани дигар аз хамкавмонаш дар чанги душворихои рузгор дасту по мезанад. Аммо дарег, ки дигар роххои мо бо хам гирех нахурд ва бахт ёрам набуд, ки аз наздик чуёи холу сиголи устод шавам.

Давраи хамбудй бо Мухаммадзамони Солех давраи нишоти ошнойи бо инсоне ростин ва пуё буд. Такаллубе дар эхсосоти урёни у, ки аз забонаш таровиш мекард, намедидам. Дар огоз вонамуд хам намекард, ки ба ман кучактарин арче дошта бошад. Пиндошти у аз ман хамоне буд, ки акнун хам шояд бисёре дошта бошанд: як мукаллиди худписанди «эрониён», ки бо кач кардани лабу забон калимоти кулумба-сулумбаро ба забон меораду фазлфурушй мекунад. У бо гуиши ширини масчохй маро накухиш мекард, ки «чи ниёзе буд лахчаатро тагйир дихй?» Ман хам тавзехе намедодам, ки конеъаш кунад.

Аммо дустии мо чавона мезад ва рузе часорат ба харч додаму достонгунаеро аз навиштахоям барояш хондам. Солех, дар холе ки пушти мизи сапеде дар хаёти кахвахонаи Хонаи Синемо нишаста буд, бо тахаммули тамом ба ман гуш дод ва то ба тахи достон расидам, даст руи шонаам гузошту тамчиде кард, ки шояд ин чо натавонам ба шакли ростинаш бозгу кунам. Чун он хам ховии пусткандагуихои устод буд. Вале лубби каломаш ин буд: «Аз ин ба баъд хар галате, ки бикунй, нодида хохам гирифт, чун ту хак дорй... Ин гуиш хакки халоли туст ва хохиш мекунам сарзанишхои каблии маро фаромуш кун...»

Шунидани тавсифе ончунонй аз нависандаи тозапардозу хушбаёне чун Солех бароям як чахон маъно дошт. Аммо аз он хушхолтар будам, ки танхо мавриди ихтилофи мо бад-ин гуна рафъ шуд.

Бо рафтани нависандаи «Девори Хуросон», метавон гуфт, пораи бузурге аз девори насри точик хам фуру рехт ва киссахои бешуморе ногуфта монд. Пеш аз у мо, гумшудагони сарнавишт, ки хатту забонамон таътил шуда, «Ардавироф»-ро чи медонистем ва аз «кобуси Кобус» чи хабаре доштем ва «сарви Кошмар» дар кадом гушаи хиёли мо сабз мешуд?

Мухаммадзамони Солех харгиз аз кандуков намонд, то замоне ки калбаш бевафойи карду аз тапидан монд. Тафаххуси у дар гузаштаи пурбори миллат ва диди жарфи у ба имрузи низори мо дар миёни нависандагони муъосири кишвар бехамто буд ва агар умр мачолаш медод, бегумон дурри фаровонтареро месуфт. Вале дурре суфтатар ниходи поку беолоиши худи у буд, ки дар андак пайкаре хулул мекунад. Ва ин гавхар хам аз ангуштарии фарханги точик галтиду рафт. Зуд рафт. Бо шитоб рафт. Бо фишори рузгор аз сахна хорич шуд ва пас аз 58 сол дурахшиш дар замини намноки Масчох орамид. Аммо дар дидаву дилхои мо монд.

ПС: Акс армугонест аз дусти арчмандам Мунаввари Мунавварзод, ки аз дустони шодравон Мухаммадзамони Солех низ буд.

Thursday, January 29, 2009

‘He took the novel onto another plane of intimacy’


Уруч ба лояхои махрамонатар

به دبيره پارسی

вижаи jadidonline

Чон Опдойк (John Updike) – нависанда ва шоъири омрикойи, ки бо мачмуъа-румонхои «харгушй»-аш дар чахон шинохта шудааст, рузи сешанбе, 27 жонвие (яевар) дар синни хафтоду шашсолагй даргузашт. Достонхои «Харгуш пулдор мешавад» (Rabbit is Rich) ва «Харгуш истирохат мекунад» (Rabbit At Rest) аз ин силсилаи панчгона барои Опдойк чавоизи Пулитзерро ба армугон овард. «Харгуш» (Rabbit) лакаби кахрамони аслии ин достонхост.

Суннатшикании адабй ва ба калам овардани харфхои магу аз боризтарин вижагихои ин нависанда унвон шудааст. У аз огози кори адабиаш тасмим гирифта буд хар сол як достон мунташир кунад. Метавон гуфт, ки Опдойк ба кавли худ вафо кард ва хосили талошхояш даххо достони хурду бузург аст, ки Опдойкро ба яке аз пурбортарин нависандагони Омрико табдил кардааст.

Навиштаи зер матлабест аз Мортин Эймис (Martin Amis) – нависандаи саршиноси инглисй, ки дар рузномаи Гордиян, чопи Ландан, мунташир шудааст.

Мортин Эймис

Мегуфт, дар хонааш чахор утоки кор дорад. Метавон тасаввур кард, ки у дар яке аз ин утокхо пеш аз сарфи субхона шеър менавишт; сипас дар утоки дигар сад сафха аз достони навашро пур мекард; баъд аз зухр дар утоки севум маколаи дарозу дурахшонеро барои рузномаи «Нйу Йуркер» (New Yorker) омода мекард ва ба дунболи он дар утоки чахорум яке-ду шеъри тозаро руи когаз меовард. Якинан, Чон Опдойк хомили неруе нобтар аз энержии хар нависандае дигар аз замони Дейвид Херберт Луренс то кунун буд.

Бархе мегуянд, ки шахсиятхои шигифтангезе чун у гирифтори оризаи гибтаовар (рашковар)-е хастанд, мавсум ба «фишори дарунй бар лояи руйи». Гуйи дар дарунашон чашмае зерин доранд, ки хамвора дар холи чушидан аст. Теъдоди навиштахои вай фавкулъода зиёд аст. Бегумон, у аз бузургтарин достоннависони омрикоии садаи бистуми мелодист.

Танхо у метавонист бо саре баланд шона ба шонаи яхудиёни бузурге чун Беллуф (Bellow), Рут (Roth), Мейлер (Mailer) ва Зингер (Singer) кад алам кунад. Мукаддар буд, ки касе бо он вижагихо худаш хам ба як достоннависи бузурги яхудй табдил шавад, ба монани Хенрй Бек – кахрамони чандин китобаш. Ба назари ман, ин аз вижагихои ниходини Опдойк аст, ки харгиз ба хеч махдудияте тан намедод ва хамеша хостори сахми бештаре буд. Карор нест яктойи ё мунхасир ба фард будан ифрот ва тафрит дошта бошад. Метавон якто буд ё набуд. Хадди васате дар кор нест. Вале у истисноан аз афроди яктои навъи худаш буд.

Худи у ба шиддат тахти афсуни Чеймз Чуйс (James Joyce) буд ва дар достони «Завчхо» (Couples) талош кард Чуйсро ба Омрико оварад. Фикр намекунам, ки худи у мутаваччехи ин нукта буд, ки афроди сохибсабк касоне хастанд, ки тахти таъсири дигарон карор намегиранд. Бо ин ки талоши у кобили тахсин буд, дар нихоят ба чое нарасид. Аммо Опдойк бо он гано ва сармояи маънавие, ки дошт, метавонист ба худаш ичоза дихад, ки лагзишхои андаке дошта бошад.

Чуйс гуфта буд, ки баъзе чизхо ба андозае шармоваранд, ки наметавон руи когаз овардашон. Аммо Опдойк ба таври зотй бо ин хичолат бегона буд ва мо мазийяти он бегонагиро дидаем. Вай достоннависиро ба лояе дигар аз эхсосоту умури махрамона бурд: у моро фаротар аз утоки хоб, ба хаммом бурд. Гу ин ки аз хеч чизе дар бораи инсон чашм намепушид. Ман фикр мекунам, у аз чинси насли худаш буд. Ба гуфтаи худаш, «хамсари ман ва ман бача доштем, замоне ки худамон бача будем.» У дар огози солхои миёнии умраш шури чавониро тачруба кард.

Барои ман бехтарин достонхои у ду китоби охир аз румонхои «харгушй» буд: "Харгуш пулдор мешавад» ва «Харгуш истирохат мекунад». Дурахшонтарин кори у чахорумин румонаш аз ришта-достонхои «харгушй» буд. Вузуху сарзиндагй ва оханги каломи у лагомгусехта аст. Дар тули руз чанд бор ба у, ва акнун ба равони у, ру меоварй ва мепурсй: «Агар Опдойк буд, ин корро чи гуна анчом медод?»

Дар кучаи адабиёт имруз боди сарде мевазад.

Tuesday, November 11, 2008

Prix Goncourt for Syngue Sabour

Гункур барои «Санги сабур»

به دبيره پارسی

Нависандае, ки дар авони чавонй аз Афгонистон ба Фаронса панох бурда буд, болотарин чоизаи адабии Фаронсаро ба даст овардааст. Чоизаи Гункур (Goncourt)-и Фаронса ба достони «Санги сабур»-и Атики Рахимй таъаллук гирифт. Ин достон шархи мочарохои занест, ки шавхараш дар давраи чанг мутахаммили зарбаи магзй шуда ва бори рузгору мурокибат аз худро ба души хамсараш андохтааст. Ин достони фаронсавй бо номи порсии «Санги сабур» мунташир шудааст.

Чоизаи Гункур аз соли 1903-и мелодй то кунун хамасола ба бехтарин нависандаи фаронсавизабон эъто мешавад. Бунёдгузори он Эдмунд ду Гункур – нависандаи баноми фаронсавист, ки чоизаро ба ифтихори бародараш Жул ду Гункур, ки у хам нависандаи комгоре буд, поярезй карда буд. Окодемии Гункур мураккаб аз дах нависандаи фаронсавист, ки пас аз арзёбии осори тоза номи нависандаи солро эълом мекунанд. Барандагони чоизаи Гункур голибан ба шухрате фарогир ва фуруши фаровони осорашон даст меёбанд.

Аммо Атики Рахимй аз муддатхо пеш аз чумлаи машхуртарин ва пуртарафдортарин нависандагони Фаронса будааст. «Хокистару хок»-и Атики Рахимй, ки баъдан мабнои як филми хунарй хам вокеъ шуд, нахустин достони нависанда аст, ки дар Фаронса ва Олмон бештарин фурушро дошт. Атики Рахимй дар гуфтугуе бо рузномаи «Индепендент»-и чопи Ландан дар мохи десомбри 2002 дар бораи румони «Хокистару хок» гуфта буд:

«Алорагми мавзуъи достони «Хокистару хок» ман мехостам дар он бо вожагони порсй, ки забони модарии ман аст ва бо аносири шифохй ва навиштории он бозй кунам. Ин китоб пур аз хушунат аст, аммо зери сатрхои он замзамаи ашъори садаи сездахуми мелодиро хам метавон шунид.»

Амири Фулодй, рузноманигори мукими Ландан дар бораи румони «Хокистару хок» мегуяд:

«Румони «Хокистару хок» чузъи маъдуди румонхоест, ки вакте чанд сатри аввали онро бихонй, дигар наметавонй аз даст бигзориаш. Ин румон аз забони дуввумшахс ривоят шудааст. «Дастгир» танхо пирмарде, ки бо наваи хурдсолаш (Ёсин) аз як карияи вайроншуда дар асари бумбборони русхо бокй мондаанд. Вахшати бумбборон ва садои махиби бумбафканхо шунавоии Ёсинро низ аз у гирифтааст. Аммо у фикр мекунад, ки баъд аз бумбборон хама хафа шудаанд. Ва хеч чизу хеч кас, хатто падарбузургаш дигар садое надоранд.»

Румони «Санги сабур»-и Атик Рахимй, ки чоизаи Гункурро барои у ба армугон овард, то кунун ба забони порсй баргардон нашудааст. Амири Фулодй, ки бо Атики Рахимй гуфтугуе телефунй анчом додааст, гуфт:

«Достони «Санги сабур» аз хофизаи як зани афгон барои худаш ривоят мешавад. Дар ин достон як мард дар чидоли номаълуме мачрух шуда, дар холати байни маргу зиндагй аст ва факат нафас мекашаду бас. Муллои русто ба занаш гуфта, бояд канори болини шавхараш бинишинад ва хар руз аз бом то шом яке аз асомии Парвардигорро бихонаду тасбех бигардонад, то шавхараш саломаташро бозёбад. Аммо зан ором-ором ва нохоста ба худаш боз мегардад, ба дарунаш, ва аз захмхои даруниаш мегуяд, ки зиндагии уро чун муриёна хурдааст. Мухотаби зан низ дар вокеъ худаш аст. Чун зан медонад, ки шавхари нимачон ва ба игморафтааш аз дунёи перомун, хузури у ва харфхое, ки мезанад, бехабар аст. Идомаи ин гуфтугухои танхойи занро часуртар мекунад ва у охиста-охиста аз розхое, ки солхо аз шавхараш мактум нигах дошта буд, парда бар медорад. Шикоят мекунад, аз ситамхои шавхараш мегуяд, аз ситамхое, ки бар равони у, ба хусус бар тани у раво дошта шуда, мегуяд ва танашро, он гуна ки худаш мефахмад, ба шавхараш арза мекунад.»

Амири Фулодй афзуд:

«Чудо аз матни ривоят «Санги сабур» Атики Рахимй бо забони фаронсавй низ бархурди гайрихинчоре (номаъмул) карда ва ин чанба низ ба шухрати ин китоб дар миёни хонандагони фаронсавй мусоъидат кардааст. Аз вакте хабар шудаам румони «Санги сабур» барандаи чоизаи адабии Фаронса шуда, пайваста ба ин фикр мекунам, ки агар ин достон ба забони фаронсавй набуд, боз хам чунин иттифоке меуфтод? Ва Атики Рахимй дар канори нависандагоне чун Ондре Молру, Морсел Пруст, Мишел Турние ва Потрик Мудёну ва дигар барандагони чоизаи Гункур карор мегирифт? Оё агар «Бодбодакбоз» ва «Хазор хуршедру»-и Холид Хусейнй ба инглисй набуданд, боз хам хамин сарнавиштро доштанд? Шояд на. Вале ба як чиз имон овардаам ва он ин, ки фарзандони кишвархое, ки дар он достонгуйи, шохномахонй, гуш додан ба афсонахо ва киссахои асотирй чузъи фарханг аст, метавонанд ровиён ва киссагуёни хубе бошанд. Забоне агар дошта бошанд.»

Атики Рахимй забони фаронсавиро дар даврони навчавонй дар Афгонистон фаро гирифта буд. У шаш сол пеш дар гуфтугу бо рузномаи «Индепендент» дар бораи худаш гуфта буд:

«Ман дар шахри Кобуле ба дунё омадам, ки барояш мафхумхое чун точику паштун маъно надошт. Модарам омузгор буд ва падарам фармондори як вилоят дар давраи салтанати Зохиршох. Падарам буд, ки маро бо осори Виктур Хугу ошно кард ва дар хонаи мо хамеша тарчумаи осори Штойнбек ва Вирчиниё Вулф пайдо мешуд ва хар як узви хонавода баланд буд шеъре бихонад ё бисурояд.»

Атики Рахимй зодаи соли 1962-и мелодист. У дар дабиристони фаронсавии Кобул омузиш дид. Падари у, ки аз фармондорони давраи Зохиршох буд, пас аз кудетои соли 1973 барои се сол зиндонй шуд. У таи муддате кутох бо падараш дар табъид дар Хиндустон ба сар бурд ва пас аз ишголи Афгонистон тавассути Иттиходи Шуравй дар соли 1979 ба Кобул баргашт, дар риштаи забону адаб тахсил кард ва мунтакиди синемо шуд. Дар синни бисту дусолагй Афгонистонро ба касди Покистон тарк кард. Соли 1985 Фаронса уро ба унвони паноханда пазируфт. Атики Рахимй форигуттахсили донишгоххои Руан ва Сурбуни Фаронса аст.

Friday, October 24, 2008

One Word, Two Worlds

Хамзабонони ноошно
ё Як баёну ду чахон


Абуъабдуллохи Рудакй ба хамон андоза, ки точик аст, мутаъаллик ба Эрону Афгонистон низ хаст. Аммо мо – порсизабонон аз адабиёти муъосири се кишвари хамзабон чи медонем?

به دبيره پارسی

Китобхои порсй бароям мармуз буданд ва ба бародарам сахт гибта мехурдам, ки метавонист – харчанд ба сахтию кундй – хутути нигорини онро бихонад. Иттиходи Шуравй хануз бо хатти порсй миёнаи хубе надошт ва сиёсати чудосозии маснуъии гуишхои забони ягонаи порсй хамчунон идома дошт.

Аз казо рубоъиёти Умари Хайём гирам омад, ки осори шоъирро ба хар ду хатти порсй ва сириллик дарбар дошт. Бо мукоиса ва канори хам гузоштани сатрхои он буд, ки тилисми дабираи порсй бароям шикаста шуд ва рози китобхои порсии хонаамон ошкор гардид.

Дар вокеъ, рози чандоне хам набуд. Хамон китобхои адабии худамон буд, ки интишороти «Ирфон»-и Душанбе ба манзури тагзияи идеулужики Афгонистони хамсоя ба хатти порсй баргардонашон мекард.

Достонхои кутоху баланди нависандагони баноми Точикистони Шуравй, монанди Чалол Икромй, Рахим Чалил, Ибод Файзуллох, Фазлиддин Мухаммадиев ва гайра, ки голибан аз зиндагии мо тасвири равшану фиребандае ба даст медод ва бар тору пуди гузашта метохт.

Чопи ин осор ба хатти порсй дар дахаи 1960 огоз гирифт ва то поёни умри Шуравй идома дошт. Бад-ин гуна, дониши дабираи порсй барои ман хеч имтиёзе намедод. Бо ин хат хам танхо осореро мешуд хонд, ки ба хатти сириллик дар дастрас буд.

Дониши дабираи порсй замоне ба дарди ман хурд, ки перестройкаи Горбачев аз шиддати кунтрули вуруди адабиёти хоричй ба Иттиходи Шуравй кост ва мачаллахои порсй аз Эрону Афгонистон ва Урупову Омрико андак-андак ба Точикистон рох ёфт.

Чун ба шеър алока доштам, шодии маро нихояте набуд, ки дигар метавонистам Фуругу Нодирпуру Ахавони Солису Шомлуву Халилиро ба хатти асл бихонам.

Баргардони достонхои эронй ба хатти сириллик низ такрибан хамзамон огоз шуд. Нахустин мачмуъаи достонхои кутохи эронй, ки ёдам меояд, махсули захамоти Мирзо Бокй – пажухишгари точик буд, зери унвони «Марворидхои бесадаф». Аз тарики хамин китоб ба хатти сириллик буд, ки бо асархое аз Содик Хидоят, Содики Чубак, Бузурги Алавй ва Чалол Оли Ахмад ошно шудам.

Албатта, ошнойии Точикистон бо шеъри муъосири Эрон ба солхо пеш аз таваллуди ман бармегардад. Соли 1967 шахри Душанбе мизбони Кунгреи Шеъри Порсй буд ва ин муносибат вуруди чехрахои барчастаи адабиёти Эрон, монанди Нодири Нодирпур, Парвиз Нотили Хонларй ва Лутфъалии Суратгар ба Точикистонро мумкин сохт.

Афзун бар ин, ба ифтихори ин хамоиш намунае чанд аз ашъори Нодири Нодирпур, Фаридуни Таваллулй, Фуруги Фаррухзод, Хушанги Ибтихоч ва Сиёвуши Касройи ба дабираи сириллик мунташир шуд. Он мачмуъа бос уръати барк ба фуруш рафт ва дигар бозчоп нашуд, аммо руи шеъри муъосири Точикистон накше нозудуданй ба чо гузошт.

Дар давраи сакароти Иттиходи Шуравй дастрасии мо ба китобхои порсй бештар шуд. Интишороти «Алхудо» нахустин шуъбаи худро дар шахри Душанбе боз кард ва селе аз ташнагони адабиёти порсиро ба суи худ кашид. Аммо бештари китобхои ин дуккон мазхабй буд (аз кабили осори Мутаххарй) ва муроди моро хосил намекард. Бо вучуди ин, хурсанд будем, ки равзанае ба адабиёти Эрони имруз боз шудааст.

Аз Афгонистон камтар хабари фархангй ба мо мерасид. Танхо рохе, ки барои ошнойи бо адабиёти он кишвар боз шуд, китобхонаи Халилуллохи Халилй буд, ки ба эхтимоми Чаъфари Ранчбар, як равшанфикри афгонистонй дар шахри Душанбе гушоиш ёфт ва ховии адабиёте аз Афгонистон буд.

Фурушгохи интишороти «Суруш»-и Эрон низ барои муддате дар Душанбе фаъъол буд, аммо мухимтар аз он китобхонаи Рудакй буд, ки дар даруни сохтмони китобхонаи Фирдавсй гунчид ва садхо чилд китоби кухнаву нави эрониро дар ихтиёри порсихонони душанбейи карор дод.

Чопхонаи «Пайванд» бо кумаки Эрон дар шахри Душанбе по гирифт ва осореро ба хатти порсй чоп кард. Хафтаномаи «Пайванд» хам дар ишоъаи адабиёти Эрону Афгонистон дар Точикистон сахм гирифт. Ёди хар ду «Пайванд»ба хайр, ки акнун ба торих пайвастаанд.

Аммо хамин талошхо боъис шуд, ки мо дар Точикистон бо осори нависандагону шоъирони хамхабони хамзамони бурунмарзй ошно шавем. Дар ин миён зикри талошхои шодравон Мухйиддини Олимпур – рузноманигор ва пажухишгари точик низ боиста аст, ки дар чопи ашъори Фуруги Фаррухзод ва Нодири Нодирпур ба дабираи сириллик сахми басазое дошт.

Аммо ба назар меомад, ки ин чунбиш бештар яктарафа аст ва дар Эрону Афгонистон аз дастовардхои фархангию адабии Точикистон камтар огоханд. Баргардони «Ёддоштхо»-и Садриддини Айнй ба дабираи порсй тавассути Саъидаа Сирчонй соли 1983, худуди чихил сол пас аз интишори он ба хатти сириллик, дар Техрон чоп шуд.

Дар огози дахаи 1990 интишороти «Алхудо» гулчини ашъори шоъирони номдори Точикистон, аз кабили Лоик Шеръалй, Муъмин каноъат, Гулрухсор ва Бозор Собирро дар чилдхои нафиси чудогона барои нахустин бор ба хатти порсй мунташир кард. Албатта, пеш аз он, соли 1989, Бокири Муъини – раиси вакти бахши форсию паштуи Би-Би-Си пас аз дидор аз Осиёи Миёна ришта-барномахои «Ёди ёри мехрубон»-ро тахия ва пахш карда буд, ки шомили чакомахои шоъирони муъосири Точикистону Узбакистон низ мешуд.

Дидани китоби «Фируза»-и Чалол Икромй, нависандаи факиди точик дар яке аз китобфурушихои майдони Инкилоби Техрон дар соли 1996 бароям бисёр шигифтангез буд. Чун ин румони бисёр хонданй дар Точикистон бо номи «Духтари оташ» маъруф аст ва баёни он низ хушку омиёнатар аз «Фируза» аст.

Пушти чилди он хондам, ки достонро аз забони фаронсавй ба порсй тарчума кардаанд. Яъне асари як нависандаи саршиноси точик, ки ба порсй навишта шуда буд, нахуст ба русй, сипас аз русй ба фаронсавй ва саранчом аз фаронсавй дубора ба порсй тарчума шуда буд.

Фароянди ошнойии хамзабонон бо осори мунташира дар Точикистон бо кушишхои пажухишгароне чун Рахими Мусалмониёни Кубодиёнй дар Техрон ва Камол Айнй дар Душанбе хамчунон идома дорад.

Акнун ба назар мерасад, ки ин раванд воруна (баръакс) шудааст. Чун дигар такрибан хеч китобе аз осори адибони муъосири Эрону Афгонистон ба хатти сириллик дар Точикистон мунташир намешавад. Садди баланди хат, ки миёни Точикистон аз як су ва Эрону Афгонистон аз суи дигар вучуд дорад, монеъ аз ошноии мо бо адабиёти имрузии хамзабонон шудааст.

Thursday, October 16, 2008

Culture-Engineering Through Books

Фархангсозй бо китоб

به دبيره پارسی

Ноширони гарбй ба манзури эхдоси пул (купрук)-е бо беш аз 200 милюн арабзабони чахон ва гушудани ин бозори густарда дар холи чустучуи ситорахои навзухур дар осмони адаби араб хастанд.

Интишороти Bloomsbury-и Бритониё дируз (15 уктубр) дар намоишгохи китоби Фронкфурт эълом кард, ки касд дорад дар хамкорй бо кишвари Катар интишороти тозае бо номи Бунёди Интишороти Блумзберй дар Катар созмон дихад. Абдуррахмон Аъзам – сухангуи хамсари амири Катар ва раиси Бунёди катар гуфт: «То кунун дар катар бештар руи мавзуъи саводомузй таъкид кардаем, аммо дуввумин чолиши пешоруи мо гузор аз савод ба адабиёт аст, то фарханге навин шакл бигирад.»

Ин икдом бо умеди ёфтани истеъдодхои тоза дар чахони ислом анчом мегирад ва улгуи он Ало ал-Асвонии мисрй ва Холид Хусейнии зодаи Афгонистон аст, ки осорашон чузъи пурфуруштарин китобхо дар чахон будааст.

Аъзам гуфт, адабиёти араб дар остонаи шукуфоии хамонанди вазъияти феълии адабиёт дар Хинд карор дорад. Зимнан, барандаи чоизаи Букери имсол Оровинд Одиго (Aravind Adiga), як нависандаи хиндист.

Сарфи назар аз ин ки осори андаке ба забони арабй мунташир мешавад, алокаи гарбихо ба адабиёти арабй ру ба афзоиш аст. Забони арабй бо 206 милюн гуишвар панчумин забони бузурги чахон аст. Бисёре аз арабхо бар ин боваранд, ки чахонравойи (глобализатсия) ва султаи инглисй бар забони модарии онхо таъсири манфй гузоштааст. Аммо пули нафту гози Халичи Форс ва талош барои эчод ва харидории моркхои баландовозаи байнулмилалй фурсатхои тозаеро падид овардааст.

Дар авоили хафтаи чорй дар Абу Забй – пойтахти Амороти Муттахидаи Араб эълом шуд, ки ин шахр мизбони як маркази чандрасонаии минтакайи хохад шуд, то истеъдодхои навини арабро дар заминахои хабарнигорй, филмсозй ва табъу нашр омузиш дихад ва таргиб кунад. Интишороти баноме чун Random House ва Harper Collins низ дар ин шахр дафтархои худро гушоиш хоханд дод.

Дар авоили имсол Бунёди Аморот як чоизаи панчох хазордулории адабиётро поярезй кард, ки нахустин барандаи он Бахо Тохир – нависандаи мисрй буд. Ин чоиза бо хадафи иртикои чойгохи адабиёти достонй ба забони арабй таъсис шудааст.

Соли гузашта як бунёди дигари мустакар дар Абу Забй, мавсум ба Бунёди Калима, эълом кард, ки мехохад то соли 2010 понсад унвон китоби хубро аз 16 забони хоричй ба арабй баргардон кунад. Ин китобхо шомили осори Стивен Хокинг ва Хоруки Мурокоми низ мешавад. Чахор сол пеш як гузориши Созмони Милали Муттахид камбуди тарчумаи осори хоричй ба забони арабиро яке аз авомиле унвон кард, ки зиндагии зехнии арабхоро махдуд мекунад. Дар ин гузориш омада буд, ки дар як сол ба забони испониёйи ба хамон андоза китоб тарчума мешавад, ки зарфи хазор соли ахир ба забони арабй баргардон шудааст.

Хамкории Гарб ва чахони араб калиди гушоиш аст. Намоишгохи китоби имсоли Ландан руи чахони араб тамаркуз дошт. Ахдоф Суайф – нависандаи мисрй замоне гуфта буд: «Нуктаи мукобили чангхои пурхушунати чорй ва зарбаи табле, ки хабар аз «бархурди тамаддунхо» медихад, тамоюли мардуми одй дар Гарб ва чахони араб ба хамкорй ва ихтилот бо хам аст.»

Интизор меравад итишороти Блумзберй умдатан осори достонй ва гайридостонй барои бузургсолону кудакон, китобхои омузишй ва осори клоссики арабй ва китобхои мурочеъаи илмй ва адабй мунташир кунад.

Нойчел Нйутун (Nigel Newton) – мудири омили интишороти Блумзберй гуфт: «Фуруши болои достони «Иморати Яъкубиён»-и Ало ал-Асвонй нишон дод, ки мизони такозои бозорхои китоби Ингилистон ва Омрико барои осори арабй чи кадр болост.»

Баргирифта аз Guardian, 16 October 2008

Thursday, October 09, 2008

From a Novel to the Nobel

Du Roman de Désert au prix de Nobel

Аз "Сахро" то Нубел

به دبيره پارسی

Чоизаи адабиёти Нубели имсолро Жон-Морй Густов Лу Клезиу (Jean-Marie Gustave Le Clezio) – достоннависи фаронсавии шастухаштсола бурд, ки ба гуфтаи Окодемии Нубели Суэд (Шветсия), «нависандаи азиматхои тоза, мочарочуихои шоъирона ва вачду хулсаи нафсонй» аст. Ин маросим имруз (09.10.08) дар шахри Стукхулм (Stockholm)-и Суэд (Шветсия) баргузор шуд ва то лахзаи эъломи номи баранда касе аз кй будани у огох набуд.

Китобе, ки Лу Клезиуро ба маснади шухрат нишонд, достони «Сахро»-и уст, ки соли 1980 мунташир шуд. Окодемии Нубел дар муъаррифии ин достони Лу Клезиу навиштааст, ки он «ховии тасвирхое мучаллал аз фарханги барбодрафтаи сахрои Офрикои Шимолист, ки дар такобул бо тасвирхое аз Фарангистон аз диди мухочирони нохонда карор дорад.»

Жон-Морй Густов Лу Клезиу рузи 13 оврил (апрел)-и соли 1940 дар шахри Ниси Фаронса ба дунё омад ва дар хаштсолагй бо хонаводааш ба Ничерия накли макон кард. Пас аз бозгашт ба Фаронса ва фарогат аз тахсил дар Донишгохи Адабиёти Нис ба унвони омузгор ба Иёлоти Муттахидаи Омрико сафар кард. Лу Клезиу дар тули зиндагиаш дар кишвархои мухталиф сукно гузидааст ва ин мусофиратхо дар осори у бозтоб ёфтаанд. Ишки у ба сафару чобачойи ва огохиаш аз фархангхои гуногун дар осораш мавч мезанад. Вай хидмати низом-вазифа (сарбозй)-ашро ба унвони муъаллим дар Донишгохи Буддоии Бонкук (Бангкок) ва Донишгохи Мекзику-ситй анчом додааст. Лу Клезиу чахор соли зиндагиашро дар канори кабилахои сурхпусти Пономо сипарй карда ва ба минтакахои мухталифи Мекзик ва Иёлоти Муттахида ва Конодо ва чазирахои укёнуси Хинд сафар кардааст.

Нахустин достони Лу Клезиу бо номи Le Proces-Verbal (Бозчуйи) дар синни 23-солагй уро дар Фаронса машхур кард ва нахустин чоизаи миллиро барои у ба армугон овард. То кунун Лу Клезиу худуди сй унвон китоб мунташир карда, ки шомили достонхои кутоху баланд ва тарчума мешавад. Лу Клезиу дар канори достоннависй дар донишгох адабиёти фаронсавй тадрис мекунад, бар осори дигарон накд менависад ва дар холи мутолеъа ва тахкики фархангхои гуногуни сурхпустони Омрико дар гузашта ва хол аст.

Дар огози рох Лу Клезиу бештар ба мавзуъхои марбут ба чунун, забон ва имло мепардохт ва осиёна шевахои тозаи навиштанро тачруба мекард. Аммо дар авохири дахаи 1970 Лу Клезиу он шеваро канор гузошт ва ба мавзуъоти мутаъорифе чун кудакй, навчавонй ва мусофират ру овард ва бад-ин гуна бар шумори хонандагонаш афзуд.

Бино ба назарсанчии мачаллаи адабии «Лир», чопи Фаронса, хатто 14 сол пеш 13 дарсади хонандагони ин мачалла муътакид буданд, ки Жон-Морй Лу Клезиу бехтарин нависандаи фаронсавизабони зинда аст.

Яке аз ачдоди Лу Клезиу дар паи Инкилоби Фаронса ба чазираи Мурис дар хавзаи укёнуси Хинд мухочират карда буд. Лу Клезиу ин бурха аз торихи хонадонашро арч мегузорад ва хисси пайванди танготанге бо чазираи Мурис дорад. Ба хадде, ки мегуяд, эхсос мекунад, ки аз решаи аслии худ канда шуда ва дар фазое бегона бузург шудааст.

Бо ин ки тахсилоти Лу Клезиу умдатан ба забони фаронсавй буда, у бар инглисй хам тасаллути комил дорад ва баъзан тарчех медихад назари худро ба инглисй баён кунад. У муддате дар шахрхои Ландан, Бристул ва Боси Бритониё низ зиндагй кардааст.

Лу Клезиу марди шикастанафсу хачулест, ки нудратан аз зиндагии хусусиаш сухбат мекунад ва моил аст, ки китобхояш танхо забони баёнаш бошад.

Мухимтарин пурсишхои башарият мехвари офаридахои Лу Клезиуст: зистан барои чй? Мурдан барои чй? Миёни фард ва чахони физикй ва назми ичтимоъй ва забон чй пайванде хаст?

Лу Клезиу ба шеваи Жон Жок Руссу дар хасрати асолатхо ва решахо метапад ва аз ин ки зери хар никобе на чехраи асил ё хакикат, балки никобе дигарро меёбад, малул аст.

Табиъат барои у бузургтарин муъаммои гетй аст, ки то кунун хакикати он шикофта нашудааст. Дар вокеъ, Жон-Морй Густов Лу Клезиу низ ба монанди бисёре аз файласуфони асри чадид хамчунон дар холи эътироф ба ачзу нотавонии башар дар кашфи хакикати нихойи аст.

Лу Клезиу дар гуфтугуе, ки кабл аз дарёфти чоизаи Нубел бо торнамои Diplomatie-и Фаронса анчом дода буд, гуфт: «Мо дигар он кадр густох нестем, ки бовар кунем як достон метавонад чахонро иваз кунад. Дар рузгори Сортр ба ин хиёл буданд. Имруза нависандагон метавонанд сирфан нотавонии сиёсии худро руи когаз биёваранд... Адабиёти муъосир адабиёти навмедй аст.»

Дар посух ба ин пурсиш, ки агар чоизаи Нубел ба у таъаллук бигирад, дар маросими эътои он чй хохад гуфт, Лу Клезиу мегуяд: «Дар мавриди чоизаи Нубел мутмаин нестам, аммо медонам, ки дар хузури ом чи мехохам бигуям. Мехохам дар бораи чанге сухбат кунам, ки кудаконро мекушад. Барои ман ин бадтарин чизи даврони мост. Адабиёт хам бояд василае бошад барои ёдоварии ин фочеъа ва чалби таваччухи умум ба он. Ахиран дар Порис барои махкум кардани ин хакикат, ки занон дар Афгонистон озод нестанд, хамаи мучассамахои занро пардапуш карданд, ки кори хубе буд. Ба хамин шева мо бояд чои калби хамаи тандисхои кудакон лаккаи сурх бикашем, то ёдовари он бошад, ки хар он дар гушае аз Фаластин, Омрикои Чанубй ё Офрико кудаке ба зарби гулула кушта мешавад. Ва касе дар ин бора чизе намегуяд!»

Wednesday, August 06, 2008

Why to Live All Life? Solzhenitsyn's Answer

«Для чего же жить всю жизнь?»
Ответ Солженицына


Специально для Asia-Plus
06 августа 2008



Ему нигде не жилось спокойно. У мудреца нет остановки по имени «счастье». Да он ее и не искал. «Нелюбимый пророк в России и неудобный гость на Западе», он верил в иную цель: «духовное возвышение». И скорбел, что Святую Русь больше не найти, что на его Родине «забыли Бога». И не только в России, а во всех странах, вслепую следующих за Западом...

Этим убеждениям Александр Исаевич Солженицын – русский писатель, драматург, поэт и общественный деятель, был верен до своих последних дней. До 3 августа. Он не скрывал своей неприязни к образу жизни Запада, гостеприимством которого пользовался почти 20 лет. Потребительский образ жизни для него считался симптомом декаданса и упадка нравственных ценностей.

В стране, где я родился, как и во всем Союзе, Солженицына считали когда-то «врагом народа» и «предателем». Его преследовали, не давали печататься, в конце-концов выслали за границу, лишив гражданства.

Но, Солженицын пережил Красную Империю. Как ранее он сказал в своем послании Нобелевскому комитету, «одно слово правды весь мир перетянет». И случилось, так как он сказал!

Однако, новую Россию, возникшую на обломках СССР, писатель тоже не принял. Он вновь пошел против господствующего течения и не сломился. Несмотря на многократные попытки власть имущих новой России угомонить, задобрить, «купить» мятежного писателя. Солженицыну вернули все: и российское гражданство, и дом в Подмосковье, и почет, и славу. Но вернуть ему его Святую Русь даже Кремль был бессилен…

Александр Солженицын любил свою Русь как настоящий патриот. Он остался героем, не склонившим голову перед тупой физической силой. Он всю жизнь стремился жить «не по лжи». И самой своей жизнью отвечал на вопрос Глеба Нержина (героя его романа «В круге первом»): «Для чего же жить всю жизнь? Жить, чтобы жить? Жить, чтобы сохранять благополучие тела? Милое благополучие! Зачем – ты, если ничего, кроме тебя?..»

А задается ли этим вопросом кто-то у нас - в «тихой заводи» таджикской интеллигенции? И кто способен дать на него правильный ответ как Солженицын - остаться верным своим идеалам, не поддаваться угрозам, игнорировать мимолётную официальную лесть, сохранить свою сущность? Сколь не старались превратить Солженицына в «позитивную силу двигателя», он всю жизнь остался «негативной опорой», ибо знал, что движения вперед с одними «плюсами» не бывает. Нужен и «минус». Он, как последний классик русской литературы, наверное, был и последним большим русским «минусом».

В Таджикистане когда-то торжествовал свободный дух художника, хотя недолго. Садриддин Айни, Джума Одина, Сотим Улугзода, Лоик Шерали, Бозор Собир - каждый в какой-то степени был противовесом правительству. Но ни один из них не достиг вершин признания как Солженицын. И почти ни у одного не было такого «хеппи-энда» как у русского писателя. Александр Солженицын был недоволен Россией Путина и открыто об этом говорил. А взамен получал от Путина самые высокие награды. Наш единственный поэт-диссидент при жизни Бозор Собир долго скитался по миру, несколько раз менял свои взгляды, вернулся в Таджикистан в надежде быть признанным народом и правительством. Но и он не стал «таджикским Солженицыным»: не хватало в нем солженицынского духа стойкости, а власти, наверное, не хватило путинской отваги вознаградить своего именитого оппонента. Собиру досталась чужбина и забытье.

Существование свободного пера, неподвластного капризам властителей, считается одним из признаков динамизма творческого сознания в обществе. Этого у нас остро не хватает. Проявлять несогласие с властью для таджикской интеллигенции - верх безумия. Такая позиция поощрялась испокон веков. Кажется, таджикские поговорки вроде «Поникшую голову и меч не сечет» (Сари хамро шамшер хам намебурад) и «Язык лишит нас головы» (Забони сурх сари сабз медихад ба бод) оставили свой глубокий след в нашем подсознании. Но если не поднять голову и не выражать свое мнение вслух, может ли что-то измениться к лучшему?

Практика доказывает обратное. И все больше нам не хватает своего Солженицына - честного, бесстрашного, мыслящего патриота, кому неравнодушна судьба нации. Ибо однополюсное общество с послушной придворной интеллигенцией, на самом деле, двигается вспять...