Friday, May 20, 2011

Shoes of Pious Men

Аз дӯсте дар Душанбе матни ривояте қадимиро бо таърифе имрӯзӣ ва ба забони русӣ дарёфт кардам. Дӯстам аз ман мехост, ки онро тарҷума ва инҷо мунташир кунам. Номи муаллифи матн бароям равшан нест. Дар Интернет ҷустуҷӯ кардам ва торнамоеро бо номи Bayushki.ru пайдо кардам, ки ин ривоят ва ривоёти дигареро аз дарвешон дошт; он ҳам бидуни зикри номи муаллиф. Ба ҳар рӯй, ин ривоятҳо баргирифта аз осори дарвешону сӯфиёни ғолибан порсигӯянд.

Инҷо нахуст баргардони порсии ин достони омӯзанда ва сипас матни русиашро мехонед.

Кафшҳои одамони порсо

Ду марди парҳезгору порсо ҳамзамон вориди масҷид шуданд. Яке кафшҳояшро аз пой кашид ва пушти дар канори ҳам чид. Дувумӣ ҳам кафшҳояро кашид, лингаҳои кафшашро рӯдаррӯи ҳам гузошту зери бағал гирифт ва вориди масҷид шуд.

Ин рӯйдод миёни одамони шарифу парҳезгори дигаре, ки канори дар ба тамошо нишаста буданд, баҳсе барангехт. Онҳо тасмим гирифтанд мушаххас кунанд, ки рафтори кадом як беҳтар буд. Яке гуфт:

- Он мард бо пои бараҳна вориди масҷид шуд. Пас оё беҳтар набуд, ки кафшҳояшро пушти дар бигзорад?

Дигарӣ истидлол кард:

- Шояд ба хотири он кафшҳояшро бо худаш бурд, то барояш ёдовари ин маҳалли муқаддас ва зарурати тавозуъу фурӯтанӣ бошад.

Он ду намоз гузорданду берун омаданд. Аҳли баҳс ба ду гурӯҳ бахш шуданд ва ҳар гурӯҳ атрофи қаҳрамони худ гирд омаданд ва ба тарҳи пурсишҳо оғоз карданд, то ангезаи коре, ки он ду бо кафшҳояшон карда буданд, равшан шавад. Марди аввал гуфт:

- Ман бо мулоҳизоти комилан маъмулӣ кафшҳоямро пушти дар гузоштам: агар касе мехост онҳоро бидуздад, имкони чирагӣ бар ин васвасаи гуноҳолудро меёфт ва бад-ин гуна метавонист бар тӯшаи охираташ биафзояд.

Шунавандагон шефтаи андешаи наҷибу шарифи ин мард шуданд, ки ба фикри дороии худ набуда ва таваккул ба Худо кардааст. Дар ҳамин ҳол марди дувум далели амалашро ба ҳаводоронаш тавзеҳ медод:

- Ман кафшҳоямро бо худ бурдам, чун агар онҳоро дар берун ҷо мегузоштам, онҳо эҳтимолан дар дили касе васвасаи дуздӣ эҷод мекарданд. Ва агар касе таслими он васваса мешуду кафшҳоро медуздид, дар рӯзи қиёмат маро ҳамдасти ҷурми худ медонист.

Ҳар касе, ки ин суханонро шунид, аз хираду наҷобати ин мард дар шигифтӣ фурӯ рафт.

Аммо баногоҳ марде дигар, ки дар он миён буд ва хирадманде ростин буд, фарёд зад:

- Эй бебасарон! Тайи муддате, ки шумо инҷо ғарқи эҳсосоти воло будеду ҳамдигарро бо намунаҳои парҳезгорию порсоӣ саргарм мекардед, як чизи воқеъӣ иттифоқ уфтод.

Ҳама бо ҳам пурсиданд:

- Чи иттифоқ уфтод?

Марди хирадманд идома дод:

- Ҳеч кас васвасаи дуздидани кафшҳоро дар дил надошт. Васвасае дар кор набуд. Он гуноҳкори фарзӣ аз канори кафшҳо нагузашт. Ба ҷои ӯ як инсони дигар вориди масҷид шуд. Касе, ки кафше ба по надошт, то онро пушти дар бигзорад ё зери бағал. Побараҳна вориди масҷид шуд ва касе мутаваҷҷеҳи рафтори ӯ набуд. Худи ӯ камтар аз ҳама нигарони бардошти дигарон аз худаш буд. Вале ба далели самимияти намози вай дар ин масҷид имрӯз ӯ ба таври комилан ғайримустақим ба ҳамаи дуздони билқувва, ки метавонистанд кафшҳоро бидузданд ё надузданд ва ҳамчунин ба онҳое, ки шояд аз дуздӣ худдорӣ мекарданду ислоҳ мешуданд, кумак кард. Магар ҳанӯз дарнаёфтаед, ки корбурди усули порсоию парҳезгорӣ - сарфи назар аз ин ки чи қадр зебову писандида аст – дар баробари хираду хирадмандони ростин ранг мебозаду беарзиш мешавад?

Ин ривоят борҳо таъриф шуда ва баргирифта аз омӯзаҳои тариқати хилватия аст, ки Умари Хилватӣ поягузори он аст. Дар он баҳсе матраҳ шуда, ки дар миёни дарвешон бисёр маъруф аст: ононе, ки дар вуҷуди худ фурӯзаҳо (хусисиёт)-и хосси даруниро парвариш медиҳанд, нисбат ба онҳое, ки танҳо тибқи усули ахлоқии мушаххасе рафтор мекунанд, бар ҷомеъа, бар тӯдаҳо таъсири бештар мегузоранд. Гурӯҳи аввал “пайрави рафтори воқеъӣ” ҳастанд, дар ҳоле ки гурӯҳи дуввум “намедонанд, аммо донишбозӣ мекунанд”.

Туфли благочестивых людей

Два благочестивых и достойных человека вошли в мечеть в одно и то же время. Первый снял свои туфли, аккуратно придвинув к друг дружке, оставил за дверью. Второй тоже снял туфли, сложил их подметками, и сунув за пазуху, вошел в мечеть.

Это событие возбудило спор между другими благочестивыми и достойными людьми, которые сидели у входа и все видели. Они решили выяснить, кто из этих двух поступил лучше. «человек в мечеть вошел босой – так не лучше ли было оставить свою обувь за дверью?» « Мы не учитываем одного: он мог взять с собой туфли для того, чтобы они ему напоминали о священном месте, о должном смирении, возразил другой». Но вот те люди, совершив молитву, вышли на улицу. Спорщики, разделившиеся на два лагеря окружили каждый своего героя и стали расспрашивать, чем были продиктованы их поступки. Первый человек сказал: « Я оставил свои туфли за дверью, руководствуясь вполне обычными соображениями: если бы кто-нибудь захотел их украсть, он имел бы возможность побороть свое греховное искушение и таким образом приобрел бы заслугу для будущей жизни».

Слушатели были восхищены благородным образом мыслей этого человека, который так мало заботился о своей собственности и отдался на волю случая. В это же время второй человек объяснил своим сторонникам: «Я взял туфли с собой потому, что оставь я их на улице, он могли бы возбудить соблазн в душе какого-нибудь человека. Тот, кто подался бы искушению и украл их, сделал бы меня сообщником на страшном суде». Мудрость и благородство этого человека привело в восторг всех, кто его слушал.
Но в этот момент другой человек, присутствующий среди них, который был настоящим мудрецом, воскликнул:

- О слепцы! Пока вы здесь предавались возвышенным чувствам, развлекая друг-друга примерами благородства, произошло нечто реальное.

- Что произошло? – спросили все разом.

- Никто не был искушен туфлями, продолжал мудрец, никто не был искушаем туфлями. Предполагаемый грешник не прошел мимо них. Вместо этого в мечеть вошел другой человек. У него не было туфель совсем, так что он не мог ни оставить их снаружи, ни внести их внутрь. Никто не заметил его поведения. А сам он меньше всего думал о том, какое впечатление он произведет на тех, кто на него смотрит или не смотрит. Но благодаря реальной искренности его молитвы сегодня в этой мечети самым непосредственным образом помогли всем потенциальным ворам, которые могли или не могли украсть туфли или могли бы исправиться, устояв перед искушением.
Разве вы не поняли еще, что практика благочестия, какой бы прекрасной она не была сама по себе, теряет свою ценность, когда узнаешь о существовании реальных мудрецов.

Это сказание приводится довольно часто. Оно взято из учений ордена Килватийа («Затворники»), основанного Омаром Килвати. В ней иллюстрируются аргумент, общеизвестный среди дервишей: те, кто развивает в себе особые внутренние качества, оказывает большое влияние на общество, чем те, кто пытается действовать только согласно определенным моральным принципам. Первые называются «люди реального действия», а вторые-«те, кто не знает, но играет в знание».

1 comment:

D said...

Тариқати Хилватия, ки акнун ҳам дар Туркия ривоҷ дорад ва ба Ғарб ҳам роҳ ёфтааст, як тариқати эронист, ки тавассути Умари Хилватӣ (даргузашта дар соли 1397 мелодӣ) дар Табрез поягузорӣ шуд.