Тоҷикон Facebook-ро тасхир мекунанд
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Дигар чи гуна мешавад барои камсаводии мо баҳона тарошид, вақте ки ҷаҳони иртиботот тозатарин абзорҳои андешаандӯзию андешапардозӣ ва андешапароканиро фароҳам кардааст? Интернете, ки ба ҳисоби Столин ҳам хоҳад расид, агар бо даму дастгоҳи истибдодию ҷосусиаш аз зери хок ба растохез бирасад ва бихоҳад бори дигар “тоҷик” ва мафҳуми “тоҷик” ва забони порсиро мавриди саллохӣ (пӯст баркандан)-и дадманишонааш қарор диҳад ва моро дучори муъодилаҳое кунад, ки ҳатто сарварони миллат дар ҳаллу фаслаш оҷизу нотавон бимонанд… Интернет ҳақиқатро аз зери шабсарои ҳокимон фирорӣ хоҳад дод ва андеша ба солорӣ хоҳад расид, то замоне ки неъмати Интернет дами дасти насли башар аст.
Жулиён Оссонж тоза оғози достон аст. Коре, ки Оссонж бо ҷилваҳои вижаи ҳоливудиаш анҷом дод, танҳо ва танҳо ҳукуматҳои вақтро ба биму таҳлука андохт. Аммо Интернет аз нерӯи нуҳуфтаи бамаротиб бартаре бархурдор аст, ки бо канори ҳам овардани андешаҳо ва барангехтани тухмаҳои нуҳуфтаи андешаҳои фардо метавонад рӯзе-рӯзгоре ҷаҳоне бисозад, ки имрӯзиён дар гӯшаи хиёлашон ҳам аз таҷассумаш оҷизанд.
Лозим нест касе нигарони курсии нарму гармаш бошад. Суҳбат аз фарҳанг аст, ки шояд феълан пайванди мустақиме бо он курсиҳо надошта бошад. Аммо фарҳанг дору надори ҳар миллат аст ва бояд барои якояки оҳоди он миллат дорои аҳамият дошад.
Дар “Рухнома” (Facebook) дар канори даҳҳо сафҳаи тоҷикӣ ахиран гурӯҳе бо номи “Забони порсӣ” шакл гирифта ва маҳфиле миёни дӯстдорони забони порсӣ дар Осиёи Миёна ороста ва ба дунболи роҳкорҳое барои беҳбуду густариши ин забон аст. Аъзои он ғолибан аҳли Тоҷикистону Узбакистонанд. Дидгоҳҳое, ки дар он сафҳа баён мешавад, мутмаиннан, барои аҳли назар орӣ аз аҳамият нест. Хубии вуҷуди гурӯҳи маҷозие чун “Забони порсӣ” мубоҳисоти доғест, ки миёни аъзои он дар мегирад ва дар натиҷа донистаниҳое рӯи об меояд ва пешниҳодҳои дақиқу матине тарҳ мешавад. Бад нест, ки Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон гоҳ-гудоре гузораш ба ин сафҳа биуфтад; шояд доманаи судрасонии он фарохтар шавад.
То кунун дар ин сафҳаи фейсбукӣ се санад ба унвони пешниҳод мунташир шудааст, ки имрӯз мехоҳам ба нахустини онҳо бипардозам: “Номи вазоратхонаҳо”.
Умеди Ҷайҳонӣ, фарҳехтаи тоҷики муқими Маскав, муаллифи ин пешниҳод аст, ки дар сафҳаи “Забони порсӣ” баҳси густардаеро барангехтааст. Умед бо рӯйкард ба моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” менависад, ки “Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад”. Аз ин рӯ салоҳ он аст, ки номи ниҳодҳои давлатӣ ҳам мутобиқ бо меъёрҳои забони расмӣ бошад. Вай бо руҷӯъ ба пешинаи давлатдории тоҷикон ва бавижа давлати Сомониён (ки мояи ифтихори расмии мост), пешниҳод мекунад, ки вазоратхонаҳо “девон” ном бигиранд. Ҳосили баҳси тӯлонӣ ин буд, ки шояд беҳтар аст номи “вазорат” боқӣ бимонад, чун вожаи “вазир” шакли арабишудаи “вичир” ё “гузир” ё “фарзин”-и порсист ва ниёзе ба тағйиру табдили он нест. Ва аз “девон” метавон ба ҷои “ҳукумат” ба шакли “Девони вазирон” баҳра бурд, ки дар оғози истиқлоли Тоҷикистон собиқа дошт. Феҳрести вазоратхонаҳоро бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ ва дигар ширкаткунандагони баҳс инҷо меоварам:
• Вазорати адлия – Вазорати додгустарӣ;
• Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат - Вазорати кишоварзӣ ва зистбум;
• Вазорати корҳои дохилӣ - Вазорати кишвар;
• Вазорати корҳои хориҷӣ - Вазорати умури хориҷӣ
• Вазорати маориф - Вазорати омӯзишу парвариш (“маъориф” дар номи ин вазорат тарҷумаи истилоҳи русии «просвещение» аст, ки дар форсӣ ба он “равшангарӣ” гӯянд);
• Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об - Вазорати обу обёрӣ;
• Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - Вазорати кору таъмини иҷтимоъӣ;
• Вазорати молия - Вазорати дороӣ;
• Вазорати мудофиа - Вазорати падофанд;
• Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия - Вазорати роҳу иртиботот (ё Вазорати роҳу таробарӣ);
• Вазорати рушди иқтисод ва савдо - Вазорати иқтисоду бозаргонӣ;
• Вазорати тандурустӣ - Вазорати беҳдошт (ё Вазорати беҳдошту дармон);
• Вазорати фарҳанг - Вазорати фарҳангу ҳунар
• Вазорати энергетика ва саноат - Вазорати нерӯ ва саноеъ.
Хуб аст, ки соҳибназарон дар мавриди ин пешниҳодҳо дидгоҳҳои худро дар расонаҳо матраҳ кунанд, то шояд асолати давлатдории тоҷикон расман собит шавад.
Зимнан, дар ин гурӯҳи интернетии навпо, ки ҳудуди ду ҳафта пеш гушоиш ёфт ва феълан беш аз 600 узв дорад, назарпурсиҳои мухтасаре ҳам анҷом мегирад. Пурмубоҳисатарин пурсише, ки матраҳ шуд, марбут ба хатти ояндаи тоҷикон буд. Дар посух ба ин пурсиш, ки “хатти мо бояд чӣ бошад?” то ин лаҳза аз миёни 92 раъйдиҳанда 60 тан раъй додаанд, ки бозгашт ба хатти порсӣ танҳо роҳи наҷоти забони расмии Тоҷикистон аз буҳронест, ки дар он гирифтор мондааст. 18 тан муътақиданд, ки хатти забони форсии Тоҷикистон ҳамон беҳ, ки сириллик бимонад. Пешниҳодҳои кӯчактаре ҳам ҳастанд, ба монанди хатти авестоӣ бо 4 тарафдор, хатти лотин бо 3 тарафдор ва хатти паҳлавӣ бо 2 тарафдор. Панҷ тан ҳам тарҷеҳ додаанд раъйи мумтанеъ (бетараф) диҳанд.
Сафҳаи “Забони порсӣ” дар Facebook коргоҳи андешаҳост ҷиҳати беҳбуду равнақи забони мо, ки умед аст базудӣ дубора бидурахшад. Пешниҳодҳои ноби ин сафҳаро пайгирӣ хоҳем кард.
No comments:
Post a Comment