Showing posts with label religion. Show all posts
Showing posts with label religion. Show all posts

Thursday, July 13, 2017

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра

Таъсирпазирии динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз маздаясно

Хиёр (бодиринг)-е васати суфра буду як зистшиносу як шоъир ба он нигоҳ мекарданд ва ҳар як шинохти худ аз он гиёҳро бозмегуфт.

Зистшинос гуфт: Хиёр гиёҳест аз тираи кадуиён, ки дар забони ъилмии фарангиён ба он «кукумис сотивус» гӯянд, омада аз Ҳинд, ва ине, ки мебинед, навъи туршии он аст, ки хурданист ва хиёр анвоъе ҳам дорад, ки хурданӣ нест ва оне, ки хурданист, дар таркибаш фулон миқдор витомини B-ву C-ву калсиюму манганезу фусфуру рӯйу ғайра дорад.

Шоъир гуфт:

“Инҳо ҳама зиришк!..
Ин мехи заминро меситоям,
ки аз барояш
суфраи гуфтмоне андешабарангез
фароҳам шуда
ва хиёр аст, ки мезанад маҳмез
бар саманди хиёлам...
Зистшиносон аз вуҷуди ин афшураи хиради замин,
ки мунҷамид шуда,
ҳеч намедонанд...”

Ҳоло ин шуда ҳикояти Зӯбини Бихрад, поягузору сардабири маҷаллаи конодоии Reorient аз як сӯ ва бародарон Маҳмудхони Бурҳонуфу Сайидюнуси Истаравшанӣ аз сӯи дигар бар сари ҳақоиқи торихии марбут ба дини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ. Як сӯ ба ин мавзӯъ рӯйкарди торихию ъилмӣ дорад ва сӯи дигар сирфан эътиқодӣ. Як сӯ ҳамон зистшиноси достон асту сӯи дигар ҳамон шоъир, ки ҳар кадом аз зовияи диде мутафовит ба мавзӯъ нигоҳ кардаанд. Ва он чи дар ин миён аз диди торихию ъилмӣ муътабар аст, истидлоли Зӯбини Бихрад аст.

Манзур посухи Маҳмудхон Бурҳонуф ба мақолаи “Дини гумноме, ки Ғарбро шакл дод” (The obscure religion that shaped the West) ба қалами Зӯбини Бихрад аст. Сари фурсат ба якояки нукоти тарҳшуда мепардозем.

Албатта, ин васат Зӯбини Бихрад ғоиб аст, вагарна посухи дархуртаре менивишт. Аммо чун пораҳое аз матлаби ӯро ман баргардон кардаму дар сафҳаи Фейсбукам гузоштам ва ба ъунвони тарафи муқобили Маҳмудхон Бурҳонуф дар матлабе таҳти ъунвони “Оё адёни иброҳимӣ аз резахорони хони маздаясно ҳастанд?” номам омадааст, ҳатталимкон дар ин фурсати андак посух хоҳам дод.

Дар мақолаи торнамои “Кимиёи саъодат”-и Сайидюнуси Истаравшанӣ мехонем: “Дар он мақола(-и Зӯбини Бихрад) кӯшида шуда, то шабоҳатҳое байни омӯзаҳо ва мафоҳими ойини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) нишон дода шавад, сипас ин шабоҳатҳоро далеле бар раҳ ёфтани ин мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба адёни иброҳимӣ гирифтааст.”

Дар воқеъ, сароғози мақолаи Зӯбини Бихрад банди зер аст:

Talk of ‘us’ and ‘them’ has long dominated Iran-related politics in the West. At the same time, Christianity has frequently been used to define the identity and values of the US and Europe, as well as to contrast those values with those of a Middle Eastern ‘other’. Yet, a brief glance at an ancient religion – still being practised today – suggests that what many take for granted as wholesome Western ideals, beliefs and culture may in fact have Iranian roots.

Мегӯяд: “Муддатҳост, ки мақулаи “мо” ва “онҳо” бар сиёсатҳои марбут ба Эрон дар Ғарб фоиқ будааст. Дар ъайни ҳол, маъмулан аз масеҳият ба ъунвони шохиси ҳувияту арзишҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Урупо – ва он ҳам барои қарор додани онҳо дар баробари арзишҳои “они дигар”-и ховаримиёнаӣ – истифода мешавад. Аммо бо нигоҳе кӯтоҳ ба як дини бостонӣ – ки имрӯз ҳам пайравоне дорад – мешавад ба ин дидгоҳ расид, ки бисёре аз андешаҳо, боварҳо ва фарҳанге, ки дар кул ғарбӣ маҳсуб мешавад, метавонад дар воқеъ решаҳои эронӣ дошта бошад”.

Яъне мухотаби Зӯбини Бихрад ғарбиҳое ҳастанд, ки аз дини маздаясно шинохти андаке доранд ва масеҳиятро дар кул як падидаи ғарбӣ медонанд. Дар ин росто оқои Бихрад, дуруст бар хилофи оқои Бурҳонуф, ҳақоиқу далоили торихиро манбаъ ва пояи нивиштаи худ қарор додааст. Дар натиҷа дар мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф мо бо усуле сару кор дорем, ки рабте ба усули машҳуд дар мақолаи Зӯбини Бихрад надорад.

Барои намуна, Зӯбини Бихрад истидлол мекунад, ки андешаву мафҳумҳои Худои якто, биҳишту дӯзаху барзах, растохез ё рӯзи қиёмат, ваҳйи ниҳоӣ, фариштаҳову деву аҷинна ва Шайтон ҳама реша дар омӯзаҳои Зартушт доранд. Мегӯяд, вожаи “пардис” ҳам, ки имрӯза дар забонҳои фарангӣ (paradise) ва ъарабӣ (“фирдавс”) ба маънои боғи биҳишт аст, асолатан як вожаи порсии бостон асту ба маздаясно бармегардад. Ҳамаи ин иддиъоҳо мубтанӣ бар додаҳое аз ъилмҳое чун ториху забоншиносӣ аст. Ва танҳо касе, ки ба ъулум арҷ мегузорад, метавонад мухотаби он бошад. Аммо касоне, ки муътақиданд, тамомии дониши ҷаҳон дар китоби диниашон омада ва фаротар аз он набояд суроғи чизеро гирифт, чун ҳақиқат надорад, наметавонанд тарафи ин баҳс бошанд; чун ҳавзаи он баҳс комилан мутафовит аст.

Маҳмудхон Бурҳонуф барои вуруд ба баҳс нивишта: “шабоҳат байни ду ё чанд мақула эҳтимол дорад ба хотири чанд далел бошад” ва 3 мавридро бармешумурда: доштани ъиллати ягона, доштани як ъиллату як ё чанд маълул, тасодуф.

Дар тавсифи нуктаи дувум мегӯяд: “Яке иллат ва дигаре маълул бошад: яъне яке асл бошад ва мобақӣ фаръи бар он ва баргирифта аз он бошанд. Мисол: шабоҳат байни забонҳои сомӣ (арабӣ, ибрӣ ва оромӣ) далолат бар он мекунад, ки яке аз ин се забон бар ду тои дигар таъсир гузошта ва он ду фаръи бар он ва баргирифта аз он як мебошанд”.

Дар ин мавриди бахусус бояд гуфт, ки ташаккули ин забонҳо бар асари таъсирпазирӣ аз ҳамдигар сурат нагирифта, балки ҳамагӣ мутаъаллиқ ба як решаи воҳид ҳастанд ва ҳар кадом роҳи мустақилли худро рафтааст. Яъне яке баргирифта аз дигарӣ нест, балки ҳамагӣ баромада аз як решаанд. Ба гунае, ки имрӯза забони оромии навин дорему ъибрию ъарабии навин ҳам. Реша якесту шохаҳо мустақилланд. Ба монанди порсию паштую курдию ғайра, ки мутаъаллиқ ба решаи эронӣ ҳастанд ва наметавон гуфт, ки, масалан, курдӣ баромада аз порсӣ аст ё воруна. Пас боз ҳам мешавад ҳамон шиққи аввал, ки оқои Бурҳонуф овардааст: “Иллати ягона доштан”.

Барои мавриди дувум (“Яке иллат ва дигаре маълул”) шояд бишавад забони эсперонтуро намуна овард, ки маълули фаргашт (такомул)-и забонҳои мухталифи ҷаҳон аст ва чи дастури забону чи вожагонаш баргирифта аз забонҳои дигар аст.

Аз ин бахши мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф, ки бигзарем, ба “Посух”-и ӯ ба мақолаи Зӯбини Бихрад мерасем.

Оқои Бурҳонуф посухашро бо ин ҳукми ҳамагонӣ оғоз кардааст: “Ҳамагон медонем, ки манзур аз дини яҳудият, пайравони ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) аст ва ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) дар садаи 13 қабл аз мелод мезист”.

Ин ки Мӯсо, паёмбари яҳудият (ки дар масеҳияту ислому баҳоият ҳам мақоми паёмбарӣ дорад), дар чи даврае зиндагӣ кардааст, ҳатто дар миёни яҳудиён як посухи воҳид надорад, чи бирасад ба ҳамагон. Яҳудияти хохомӣ давраи зиндагии ӯро байни 1391 то 1271 пеш аз мелод баровард кардааст. Жеруми Қиддис 1592 пеш аз мелодро соли таваллуди Мӯсо медонист. Солҳои 1393, 1571, 1593 пеш аз мелод ҳам ба ъунвони соли мелоди Мӯсо инҷову онҷо зикр шудааст.

Ҳеч як аз ин иддиъоҳо мубтанӣ бар ҳеч додаи ъилмӣ нест ва сирфан муттакӣ бар бовар аст. Дар воқеъ, донишвароне, ки чеҳраи торихии Мӯсоро таҳқиқ мекарданд, ба ин иттифоқи назар расиданд, ки ӯ як чеҳраи афсонаӣ ё як қаҳрамони устураӣ буда, ки бино ба ривоёти мардумӣ, яҳудиҳоро аз асорат дар Миср наҷот додааст. Аммо ҷолиб инҷост, ки бо он ҳама торихнигорию торихнигораҳо дар минтақа, ҳеч нишонае аз асорати яҳудиҳо дар Миср ва 40 сол саргардонии яҳудиҳо ба раҳбарии Мӯсо дар саҳрои Сино барои расидан ба Канъон вуҷуд надорад. Мӯсо як чеҳраи афсонаии яҳудист, шабеҳи Ҳеркул (Hercules)-и юнонию Рустами Золи эронӣ, ва вуҷуди торихӣ надоштааст, то бишавад соли таваллуди ӯро мушаххас кард. Ва баҳсҳое аз ин дастро бояд бо додаҳои торихӣ анҷом дод, ки сарфи назар аз бовари ину он ъайният дорад. Додаҳои торихӣ ба доди ин истидлоли оқои Бурҳонуф намерасад. Чунин додае дар мавриди ҳузури физикии Мӯсо ном паёмбаре бар рӯи замин вуҷуд надорад.
Танҳо адабиёти муътабаре, ки оқои Бурҳонуф бад-он тавассул меҷӯяд, адабиёти динист. Ва адабиёти динӣ, онгуна ки пайдост, санади ниҳоӣ барои таъйини ҳақоиқи торихии мавриди иддиъои худаш нест. Яъне торихе, ки дар он кутуб омада, илзоман ба субуту эътибори ъилмӣ нарасидааст. Ба ъиборате, намешавад барои таъйиди иддиъои як китоб худи ҳамон китобро санад овард. Аммо дар мақолаи оқои Бурҳонуф фарозе чанд аз “Ъаҳди ъатиқ”- (“Ъаҳди қадим”)-ро мехонем ва ин натиҷагирии ӯро:

“Бо ин ҳисоб яҳудиён тақрибан ба муддати 60 сол дар асорати Бобил буданд ва аз замони беъсати ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) то замони асорат ҳудуди 700 сол ва то замони раҳоӣ ҳудуди 760 сол мегузаштааст. Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ба қавли Ишон Торур (Ishaan Tharoor), аз нивисандаҳои “Вошингтун Пуст”, “берун аз нивиштаҳои инҷилӣ дар маъохизи бостоншинохтию торихӣ ҳеч ишорае ба мавҷудияти Мӯсо вуҷуд надорад. Ҳеч чорчӯби замонии мушаххасе ҳам барои вуқӯъи Хурӯҷи Бузург (Муҳоҷирати Банӣ Исроил аз Миср ба Канъон) дар назар гирифта нашуда ва донишварон бозаи замонии онро беш аз 500 сол фарз кардаанд. Ҳувияти Фиръавни шарир дар Китоби Муқаддас ҳам бароямон равшан нест, ҳарчанд дар филмҳо ӯро дар симои Ромесеси Дувум тарсим мекунанд. Он фиръавн ба хотири футӯҳот ва сохтмонсозиҳое, ки дошта, маъруф аст. Торихшиносон дар ҳеч ҳаффориву катибаву попирусе нишонае аз Мӯсое, ки дар давраи салтанати Ромесес зиндагӣ карда бошад, пайдо накардаанд”.

Пас оё мешавад сирфан бар пояи кутуби динӣ ҳузури он чеҳраҳо ва вуқӯъи он рӯйдодҳоро як ҳақиқати инкорнопазир донист? На. Аммо ин эроди оқои Бурҳонуф ҷои тааммул дорад:

“Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ҳатман истилоҳи “илоҳим”-ро шунидаед, ки бавежа дар миёни порсигӯёни Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Онро ба маънои “Худои ман” ба кор мебаранд, ғофил аз ин ки ин вожаи ъибрӣ (אֱלֹהִים) ба маънои “худоён”, яъне ҷамъи худоён аст, на Худои якто. Ин танҳо яке аз нишонаҳои чандхудоӣ будани яҳудият аз оғози кор аст. Он чи имрӯз бо номи “яҳудият” шинохта мешавад, дар садаи шашуми мелодӣ, ҳамин 1500 сол пеш ниҳодина шудааст ва ба он “Яҳудут рабанит” יהדות רבנית (Яҳудияти хохомӣ) гӯянд ва истилоҳи инглисии он Rabbanic Judaism аст. Ин ҷараёни яҳудият, ки саранҷом ба чирагӣ расид, дар садаи дувуми мелодӣ падид омад ва 400 сол баъд ба ҷараёни аслии яҳудият табдил шуд. Танҳо пас аз он буд, ки “Талмуди бобилӣ” ба тадвини ниҳоӣ расид. Бино ба бовари Яҳудияти хохомӣ, Тавроти нивишторӣ ҳамроҳ бо тавзеҳоти гуфтории он дар кӯҳи Сино ба Мӯсо ваҳй шуд ва ӯ онро ба мардуми худ мунтақил кард.

Яъне як қонуни содаи табиъатро бояд дубора ба ёд овард, ки ҳеч чизе бар бод устувор нест ва ҳар чизе бар пояи чизе дигар сохта шудааст. Дар мавриди чигунагии гузори яҳудият аз арбоби анвоъ (чандхудоӣ) ба яктопарастӣ китобҳое нивишта шуда, ба монанди “Худованд дар тарҷума” аз Морк С. Исмит (God in Translation)
https://books.google.co.uk/books?id=CmCVZ5mHsboC&printsec=frontcover&dq=Mark%20S.%20Smith%2C%20God%20in%20translation&source=bl&ots=FzHThONctW&sig=DJrqxkl7xwwXlGbVcY0V0hldC6Y&hl=en&ei=cv8CTLDPGcyeccuv3NUB&sa=X&oi=book_result&ct=result&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false
ва “Торихи Худованд”-и Корен Ормстронг (A History of God) ҳам ба ин мавзӯъ иҷмолан пардохтааст. Ва лубби матлаб ин аст, ки такхудоӣ дар яҳудият оғози роҳ набуда, балки анҷоми он аст. Дар Таврот мешавад номи худоёни канъониро ҳам дид, ки гоҳ ба ҷои “Яҳува” ба кор рафтаанд.

Канъониён арбоби анвоъ доштанд ва яктопараст набуданд. Дуруст ба монанди эрониён, ки то пеш аз омадани Ашӯ Зартушт арбоби анвоъе доштанд ва бо омадани маздаясно ҳамаи яздони худро дар як язд ё эзид, ки Аҳуромаздо бошад, хулоса карданд ва Худоро якто донистанд. Канъониён ҳам, ки мардумшиносию торих собит карда, ҳамон яҳудиён ҳастанд, худоёне доштанд, чун Илу Баълу Илйун, ки номҳояшон дар Таврот ҳам омадааст. Ҳамаи инҳо дар забони ъибрӣ дорои маъно ҳастанд. “Ил” (El) бо “илоҳ”-и ъарабӣ аз як реша аст, ба ҳамон маънои “худо” ва аз худоёни аслии канъониён буда, ба монанди Аллоҳ, ки пеш аз ислом аз худоёни аслии аъроби Макка буда ва номи падари паёмбари ислом (Ъабдуллоҳ) баромада аз ҳамон аст. Ҳиҷои охири номи кишвари “Исроил” ҳам ҳамон “ил” аст, ба маънои Худованд. Ва “илоҳим” ҷамъи он бошад. 

Аммо “Яҳува” (номи Худои яҳудӣ) дар забони ъибрӣ реша надорад ва вомвожаест бо асолати норавшан; ҳарчанд бархе кӯшидаанд барояш дар ъибрӣ маъно битарошанд. Дар ин маврид ҳам матолиби фаровоне мешавад ёфт, аммо кунҳи мавзӯъ ин аст, ки “Яҳува” дар оғоз худои тозавориде буда, ки пайравони Мӯсои афсонаӣ ба ъунвони “Худои миллӣ” (National God)-и худ дар миёни худоёни бисёри дигар муъаррифӣ кардаанд, ки намунае аз раванди мавсум ба “такпарастӣ” ё monolatrism аст. Мунулатрисм ё такпарастӣ, яъне парастидани як худо дар ъайни эътиқод ба вуҷуди чандин худо. Мисли кеши ҳинду, ки пайравонаш ба вуҷуди худоёни бисёре эътиқод доранд, аммо гурӯҳе фақат Гонешро мепарастаду гурӯҳе дигар фақат Ҳонумонро... Ба ин ҳолат “як-аз-чандпарастӣ” ҳам гӯянд, ки тарҷумаи истилоҳи Henotheism-и юнонист. Инҳоро мегӯям, то ҳар кадомро худатон дар канори номи яҳудият биГуглед ва аз натиҷаи ҷустуҷӯятон баҳра бибаред. Мисли ин яке, ки нивисандааш дар пайи пажӯҳишаш ба “яказчандпарастӣ”-и яҳудиҳо дар садри яҳудият мутақоъидтар шудааст:
http://toby.weebly.com/hebrew-henotheism.html

Кӯтоҳсухан, яҳудият ҳам мисли ҳар чиз, кас, раванд ё падидае фаргашт ё сайри такомул доштааст ва аз оғоз ҳамоне набуда, ки акнун ҳаст. Ба гуфтаи Солу Витмойер Борун, устоди ториху адабиёти яҳудӣ дар Донишгоҳи Кулумбиё, “дар ҳудуди 4000 сол торихи худ мардум ва дини яҳудӣ вифқпазирӣ ва истимрору пайвастагии қобили мулоҳизае ба намоиш гузоштаанд. Онҳо дар бархурди худ бо тамаддунҳои бузурге аз Бобилу Мисри бостон гирифта то сарзаминҳои масеҳии Ғарб ва фарҳанги секулори навин ъунсурҳои бегонаеро пазируфта ва онҳоро дар низоми иҷтимоъию мазҳабии худ мудғам кардаанд ва бад-ингуна ба ҳифзи хатти пайвастаи суннати қавмию динии худ муваффақ шудаанд”. Яъне ҳар он чи дар яҳудият ҳаст, асолатан яҳудӣ нест.

Аммо ғайрияҳудитарин ном дар Таврот ҳамоно номи Куруши Бузург аст. Дар воқеъ, Куруш танҳо ғайрияҳудист, ки дар Таврот бо лақаби “Масеҳо” (Мошиҳо) аз ӯ ёду тақдир шудааст. Чун дастуру махориҷи бозсозии Маъбади Сулаймон ва Уршалими вайроншударо дода буд. Дар Китобҳои Ашъиё, Дониёл, Ъизро ва Наҳмиё дар канори тавсифу такрими Куруш пораҳоеро марбут ба зиндагию таҷрубиёти яҳудиҳо дар Эрон ҳам мешавад хонд, ҳамроҳ бо таъорифе аз Дориюшу Ардашери Дароздаст. 


Пас аз озодсозии яҳудиёни дарбанд дар Бобил шумори бисёре аз фарҳехтагони онҳо дар Эрон мондагор шуданд ва барои дарбори Ҳахоманишӣ кор мекарданд. Пас аз ҳамин иттифоқ буд, ки дар нивиштаҳои малакутии яҳудӣ дигаргуниҳои ъумдае рух дод ва мафҳумҳои тозае роиҷ шуд. Барои намуна, мафҳуми таъаллуқи тамоми кайҳону ҷаҳон ба Худованди воҳид дар нивиштаҳои динии яҳудӣ барои нахустин бор пас аз табъиди яҳудиҳо ба Бобил мушоҳида мешавад. Баъд аз тамоси яҳудиҳо, бавежа фархеҳтагону ҳотифони яҳудӣ бо Эрон, барои нахустин бор дар нивиштаҳои муқаддас аз фариштаҳо ёд мешавад. Яҳудиёни дар табъид нигарон буданд, ки дар сарзамини ғурбат намозашон мустаҷоб намешавад, чун ба дур аз сарзамини муқаддас ҳастанд. Аммо баъдан ин андеша вориди тафаккури динии яҳудӣ мешавад, ки фариштаҳо намозу дуъояшонро ба мақсад хоҳанд расонд. Фариштаҳо аз боварҳои росихи зартуштиёни он даврон буданд.

Пеш аз тамоси яҳудиҳо бо маздаясно мафҳумҳои биҳишту дӯзах барояшон гунг буд. Яъне дар китобҳои муқаддаси яҳудӣ пеш аз табъидашон ба Бобил ба “ъуқбо” ва биҳишту дӯзах ишорае нашуда буд. Он китобҳо ҳовии фалсафаи мухтасаре буданд: мо аз гард падид омадаему ба гард ҳам боз хоҳем гашт. Аммо пас аз ошноии яҳудиён бо дини импротурии Эрон буд, ки биҳишту дӯзах ба дини яҳудият ҳам роҳ ёфт.

Растохез ё рӯзи қиёмат, иблис, ҳисобрасӣ дар дарвозаи вуруд ба биҳишт ё дӯзах, ноҷии мавъуде, ки қарор аст умури дунёро ба сару сомоне бирасонад ва ғайра аз ҷумлаи мафоҳими дигаре ҳастанд, ки дар ҳамон давра ва дар пайи тамоси яҳудиён бо маздаясно вориди дини яҳудият шуданд. Инҳо дигар ҳарфи бовару эътиқод нест, балки ҳарфи торих аст ва қобили радёбист. Бавузӯҳ метавон радёбӣ кард, ки ин мафҳумҳо чи замоне ба низоми эътиқодии яҳудиён роҳ ёфтаанд.

Митчел Ҳервитз, як рӯҳонии яҳудӣ, дар ин мақолааш шуморе аз ин маворидро баршумурдааст:


Ҳамаи ин маворид, ки ҳазорон сол пеш ҳам ҳеч кадом барои зартуштиён тозагӣ надошт, дар динҳои масеҳият ва ислом ҳам вуҷуд дорад, чун ҳар ду ба монанди яҳудият аз адёни сомӣ (иброҳимӣ) ҳастанду аз як реша об мехуранд. Ва аммо дар замони пайдоиши масеҳияту ислом маздаясно бузургтарин дини минтақа ва аз муҳимтарин динҳои ҷаҳон буд. Табъан, наметавон дар мавриди таъсиргузории як чунин дине ба динҳои дигар таъаҷҷуб кард. Барои намуна, дини баҳоӣ, ки дар давраи ислом ва дар як кишвари мусалмон падид омада, саропо аз ислом таъсир пазируфта ва барои касе ҳам таъаҷҷуб надорад. Он замон ҳам, ки масеҳият ва ислом падид омаданд, маздаясно як чунин ҳолате дошт ва таъсиргузории он бар динҳои тоза барои як фарди огоҳ аз торих як ҳақиқати ъодӣ ба шумор меояд, на шигифтангез.

Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, масеҳият ва ислом аз маздаясно таъсироти дигаре ҳам бардоштаанд. Бовар ба набарди миёни некию бадӣ ё фурӯзаҳои илоҳию нафси шайтонӣ, пайкори дарунии мудовим бо нафси аммора, ки бо номи “ҷиҳод” шинохта мешавад (пайкор бо Аҳриман ё шарри дарунӣ), омадани Сушёнс (Масеҳ) барои наҷоти ҷаҳон ва зода шудани ӯ аз як дӯшиза (зани бокира), панҷ вақт намоз, татҳир пеш аз намоз ва пок нигаҳ доштани маҳалли намоз, дастрасии афроди бахусусе ба мурда ва дурии аксарият аз он ва мавориди хурду рези бисёри дигар пеш аз пайдоишашон дар масеҳият ё ислом дар миёни зартуштиён роиҷ будаанд. Дар мавриди ҳар як аз онҳо мешавад соъатҳо нишасту гуфт ё нивишт, вале вақт феълан маҷоли бештар намедиҳад. Албатта, бо мутолеъае андак мешавад ба ин ҳақиқат расид, ки динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз резахорони хони маздаясно ҳастанд.

Saturday, August 06, 2016

"Чиро вориди баҳсҳои мазҳабӣ шудаӣ?"

Бархе аз дӯстон мепурсанд: Чиро вориди баҳсҳои мазҳабӣ шудаӣ?
Ман дар посух мегӯям: Кадом баҳсҳои мазҳабӣ? Ҳар он чи то кунун буда, марбут ба ҳуқуқи башар ва ҳақиқати ҳол аст.

Сароғози достон ин буд, ки бархе аз ҳаммеҳанони мо бо шӯру шарар аз ҳиҷоби иҷборӣ дифоъ карданд. Ман на мухолифи ҳиҷобам ва на ҳаводори он. Ва ҳар он чи гуфтам, дар ҳамин росто будааст. Пӯшиши касе дигар наметавонад кӯчактарин рабте ба ман (ва ҳамчунин ба хонандаи ин сатрҳо) дошта бошад. Пӯшиш як масъалаи комилан фардист, на ҷамъӣ.  Ва боъиси таассуф аст, ки дар бораи пӯшиши бонувон дар Тоҷикистон бештар мардон изҳори назар мекунанд (ва ғолибан, изҳори назари таҳмилӣ) ва гӯшашон бидеҳкори ҳарфи касоне нест, ки қарор аст дар бораи либоси худашон тасмим бигиранд. Аз ин ҳақиқат ҳам наметавон гурехт, ки аксарияти аъзами занон дахолати мардон дар наҳваи пӯшиши онҳоро намеписанданд ва онро навъе ситам медонанд. Пас ин ситам бояд муҳор шавад.

Ба ҳаводорони иҷбору таҳмил кӯчактарин эҳтироме надорам. Ҳаминҳое, ки имрӯз аз талоши мақомҳо барои таҳмили дидгоҳҳои худ ҷеғу фарёд сар додаанд, аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки аз таҳмили ҳиҷоб бар занон дифоъ мекунанд. Таҳмил, дар ҳар шаклу сурате ҳаром аст. Ҳатто ҳиҷоби таҳмилӣ ҳаром аст, агар он бону хостори доштани ҳиҷоб набошад. Таҳмилу иҷбор дар ҳар коре ҳаром аст, магар ин ки тараф ба дарки дурустии анҷоми он кор мустақиллан расида бошад.

Кашфи ҳиҷоб ҳам ба ҳамин андоза зишту ҳаром аст. Агар бонуе хоҳони доштани ҳиҷоб бошад, кашфи иҷбории он мутмаиннан ҷурм ва гуноҳ аст...

Хулоса, ин баҳс ба ҳитаи баҳсҳои мазҳабӣ кашида шуд, аммо касоне, ки барои дигарон таъйини таклиф мекарданд, тарафи муқобили мо буданд. Ва он чи мо мегуфтем, сирфан марбут ба риъояти ҳуқуқи башар буд.

Баҳсҳо чунон доман густард, ки шомили ҳоли вазъияти феълӣ дар кишварҳои исломӣ, бавежа Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Бархе аз мубоҳисонам беибо дурӯғ гуфтанд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бамаротиб муваффақтар аз иқтисоди Эрони Паҳлавӣ будааст. Ин дурӯғҳо боъиси гусастагии риштаи дӯстӣ миёни мову онҳо шуд. Дурӯғ ъумре надорад ва ин яке билофосила ба поёни ъумраш расида буд.

Омори Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон собит кардаанд, ки аз 37 сол пеш бад-ин сӯ, яъне аз замони барқарории Ҷумҳурии Исломӣ то кунун, Эрон рӯи шукуфоии иқтисодиро надидааст, чи бирасад ба расидан ба оҳанги рушди иқтисодии Эрони Паҳлавӣ.  Эрони исломӣ дучори таҳримҳои миёншикани байнулмилалӣ ҳам будааст, ки боз ҳам ҳокӣ аз сӯимудирият (мудирияти бад)-и масъулони режими исломии Эрон аст.

Ин баҳс ҷилавтар рафт ва вориди ҳитаи эъдомҳо шуд. Ҳамонҳое, ки дар сӯги кушта шудани шиъаҳо дар Ъарабистон нишаста буданд, аз эъдоми сунниҳо дар Эрон хушҳол буданд. Ва ҳамонҳое, ки марги шиъаҳо дар Ъарабистонро ҷашн гирифтанд, аз эъдоми сунниҳо дар Эрон сӯгвор буданд. Ҳамонҳое, ки аз эҳтимоли бозгашти ҳукми эъдом ба қонунҳои Туркия ҳимоят мекарданд, аз эҳтимоли иҷрои ҳукми эъдом дар Тоҷикистон гилоя доштанд...

Як навъ риёву дурӯӣ дар ин хостаҳову нахостаҳо нуҳуфтааст. Вагарна кӯдак ҳам мефаҳмад, ки он чи бар худ намеписандӣ, бар дигарон ҳам написанд... Ва дубора афроди мутаъассиби мазҳабие вориди баҳс шуданду гуфтмонро ба самти дину мазҳаб кашиданд.

Агар ба Худо имон доред, бовар дошта бошед, ки танҳо Худост, ки он ъумри додаашро мегирад. Агар тарафдори ҳиҷобед, худатон онро бар сару тан кунед ва коре ба дигарон надошта бошед. Агар зан нестед, гӯшбазанги назари занон бошед ва ҳеч навъ пӯшишро бар занон таҳмил накунед, ки гуноҳ аст. Агар Ҷумҳурии Исломии Эронро намунаи шукуфоии иқтисодӣ медонед, далел оваред...

Фақат умедворам, ки ҳамаи ин баҳсу бигӯ-магӯ ба саранҷоме матлуб бирасад ва ҳамагон (пештар ҳам гуфта будам) даст ба кору дил ба ёри худашон бошанд.

Tuesday, May 31, 2016

Дар ҳошияи баҳси сатру ҳиҷоб

...ва моҷарои таҳмили ҳиҷоб дар Эрон

Сайидюнуси Истаравшанӣ ба далели тасаллуте, ки бар ислом дорад ва бавежа ба хотири сиъаи садр ва шахсияти мантиқию писандидааш бароям муҳтарам аст. Ӯ аз маъдуди афродест, ки метавонанд дар мавзӯъҳои марбут ба ислом баҳси мантиқӣ роҳ биандозанд. Навиштаи зерро пас аз хондани мақолаи ахири ӯ андар мабҳаси ҳиҷоб навиштам, чун мустақиман аз оғоз то инҷои баҳс онро ҳамроҳӣ кардаам.

1. Муҳимтарин нукта дар ҷустори оқои Истаравшанӣ, аз диди ман, изъон ба ин
асл буд, ки ҳеч “аҳаде ҳаққи иҷбори касеро бар он чи муътақид аст, надорад.” Ин ъайни бовари ман ҳам ҳаст, ки тайи ин чанд рӯз борҳо такрор шуда. Чун аслану абадан шуданӣ нест, ки бо иҷбор ва на аз роҳи истидлоли мантиқӣ касеро муътақид ба боварҳои худ кунем.

Нуктаи муҳимми дигар дар ин матлаб, аз диди ман, ин аст, ки “Ҳар инсоне, аз ҷумла мусалмон, дар баёни он чи ба он мӯътақид аст, озод аст.” Асли озодии баён ҳам чунин мегӯяд. Ва ба бовари ман, ки чанд рӯз пеш баён шуд, озодии баён сазовори касонест, ки ба озодии баён арҷ мегузоранд.

Дар иттифоқе, ки ахиран уфтод, қазия аз ин қарор буд: пурсиши мантиқии танзомези Маҳини Даврон дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон рӯи сафҳаи Фейсбукаш мунташир шуд, шуморе аз мухолифони дидгоҳаш ӯро ба бадтарин
наҳви мумкин озурданду аз ӯ хостанд, ки даҳон барбандад ва дигар чунин изҳори назаре накунад ва фаротар аз он, ба таври дастаҷамъӣ ӯро таҳрим карданд ва ҳамарӯза дар ҳасби ҳол (статус)-и худ бо ишораву киноя ӯро мавриди шиканҷаи равонӣ қарор доданд. Як сангсори маҷозии тамомъайёр буд ва барои дарки он ҳолат бояд худро дар ҷои Маҳин қарор дод. Як корзори зишту кареҳ ъалайҳи касе буд, ки аз ҳаққи озодии баёни худ баҳра бурда буд.

Пас афроде, ки озодии баёнро бад-ин гуна зиёновар медонанду ъалайҳи он метозанд, наметавонанд густохона аз дигарон тақозои риъояти ҳаққи онҳо ба озодии баёнро дошта бошанд. Аз озодии баён замоне мешавад баҳра бурд, ки он ҳақро барои дигарон ҳам қоил бошем. Дар ин қазияи бахусус Маҳини Даврон яктана дар баробари анбӯҳе аз мардуми мутаъассибе қарор дошт, ки ӯро аз изҳори назар манъ мекарданд. Озодии баён як мақулаи мутақобил ва дусӯя аст. Намешавад сирфан онро тақозо карду барои касе он ҳақро қоил нашуд. Навъе доду ситади иҷтимоъӣ дар ҷаҳони мутамаддин аст.

2. Аммо дар мавриди муқоисаи тавсияи занон “дар бораи ҳукми риш” барои мардон ва ҳукми мардон “дар бораи сатру пӯшиши бонувони мусалмон” бо дидгоҳи оқои Истаравшанӣ наметавонам мувофиқ бошам. Муқоисаи дурусте нест.

То кунун ҳатто як мавриди тавсияи бонувон дар бораи “ҳукми риши мардон”-ро ба ёд надорам. Гӯ ин ки бонувон худро дар ҳадди ироаи як чунин тавсияе ба мардон намедонанд. Аммо ҳар бор, ки баҳси ҳиҷоб (ё дар воқеъ, пӯшиши исломӣ)-и занон матраҳ шуда, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мардон дар сангари мудофеъони таҳмили ҳиҷоб ё ҳиҷоби иҷборӣ қарор гирифтаанд.

Таъкиди ман рӯи ъиборати “ҳиҷоби иҷборӣ” аст, чун ин дақиқан ҳамон чизест, ки дар гапугуфти ман бо он сӯи сангари баҳс матраҳ буд.Тасаввури ман ин нест, ки оқои Истаравшанӣ ҳам бо ҳиҷоби иҷборӣ мувофиқ бошад, бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар аз ӯ нақл шуд. Вале ҳамаи мубоҳисонам дар он баҳс бидуни истисно аз он дифоъ кардаанд. Аз таҳмили ҳиҷоб бар мақомҳои зани ғарбӣ дар Эрон ҳам ҳимоят кардаанд. Ва таҳмили ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистонро ҳам боиста донистаанд.

Аз диди ман, ин гароиши ифротӣ метавонад кор дасти ҷомеъаи Тоҷикистон бидиҳад. Ва ҳамин тавр
, ба бовари ман, тамоюл ба таҳмили пӯшиши исломӣ бо омӯзаҳои ҳар дине, аз ҷумла ислом мунофот дорад ва наметавон онро ба содагӣ “ҳукме аз аҳкоми исломӣ” номид, бавежа ба далели ихтилофи дидгоҳҳое, ки ҳамчунон дар мавриди таҳмили пӯшиши исломӣ дар ҷавомеъи исломӣ вуҷуд дорад.

Бо гузашти 37 сол аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон мавзӯъи ҳиҷоби иҷборӣ дар он кишвар ҳамчунон пурсишбарангез аст. Бахши ъазиме аз мардум ва бавежа равшанфикрон онро масъалае фардӣ медонанд, дар ҳоле ки низоми исломӣ ба ҷамъӣ будани ин мақула таъкид дорад. Дар ин бора бештар хоҳам гуфт.

Афзун бар ин, наметавон бар сари коре, ки қарор нест ману шумо анҷом диҳем, сирфан исрор дошт. Агар ба зарурати риъояти ҳиҷоб аз сӯи зани мусалмон бовар дорем, мешавад тавсия ва муҳимтар аз он тавҷеҳи ъақлонӣ кард; на ба монанди тарафҳои ман дар ин баҳс ду по дар як кафш ҷор зад, ки ҳатман ҳамаи занон бояд ҳиҷоб танашон бошад, зеро бардошти ман аз дини худам чунин аст... На ҷомеъаи мо такдинӣ ё такъақидатист ва на қарор аст ҳамаи мусалмонон истинботи воҳиде аз мақулаи ҳиҷоби исломӣ дошта бошанд.

3. Таъбири шоъиронае, ки Сайидюнуси арҷманд аз зарурати риъояти ҳиҷоби исломӣ ироа додаанд ва муҳтарам аст, бо истинботи мутаъориф (роиҷ) ва тавҷеҳоти тарафи баҳси ман комилан мутафовит аст. Далеле, ки ҳам тарафи баҳси ман ва ҳам бештари навиштаҳои исломӣ барои риъояти ҳиҷоб овардаанд, ҷинсиятӣ (ҷендерӣ) ва ҷинсӣ (сексӣ) аст; ҳиҷобро гунае сипари бало дар баробари нигоҳи шаҳватолуди мардон таъбир мекунанд. Ба дурустию нодурустии ин нигоҳ ҳам намехоҳам инҷо бипардозам. Сирфан ба ин иктифо мекунам, ки ин нигоҳ ҳам муҳтарам хоҳад буд, агар фарди дорандаи ҳиҷоб шахсан ба он эътиқод дорад ва раъсан ҳиҷобро ихтиёр кардааст.

Ъиддае ҳам (ба монанди Ferz Ferz) дар баҳс бо ман бепарво занонро инсонҳои дараҷаи ду ва модуни мард донистаанд, ки муваззаф ба тан додан ба тасмимҳову дастурҳои мард аст; чун аз диди ӯ мард бартар аз зан аст. Ин дидгоҳи барбаронаро сазовори баррасӣ дар ин ҷустор намедонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ беҳтар аз ман баладанд, ки дар садри ислом ва дар ъаҳди паёмбари ислом ҳиҷоб иҷборӣ набуд. Яъне мафҳуми ҳиҷоби иҷборӣ ва таҷрубаи ҳиҷоби иҷборӣ дар он даврон вуҷуд надошт. На танҳо иҷборӣ набуд, балки вожаи “ҳиҷоб” бо маънои мутадовили он дар ҷаҳони исломии имрӯз роиҷ набуд. Дар Қуръон ҳам, вақте аз пӯшиши занон сухан мегӯяд, ҳарфе аз “ҳиҷоб” (парда) нест, илло дар як маврид, ки марбут ба занони паёмбар мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки Сайидюнус ҳам ба навиштаҳои ӯ ишора кардаанд, дар “Масъалаи ҳиҷоб”-аш навишта:

“Ба ҳар ҳол, ояе, ки дар он калимаи “ҳиҷоб” ба кор рафта, ояи 53 аз сураи “Аҳзоб” аст, ки мефармояд:

و اذا سألتموهن متاعا فاسألوهن من وراء حجاب

Яъне “агар аз онҳо матоъу колои мавриди ниёзе мутолиба мекунед, аз пушти парда аз онҳо бихоҳед”. Дар истилоҳи ториху ҳадиси исломӣ ҳар ҷо номи “ҳиҷоб” омадааст, масалан, гуфта шуда, қабл аз нузул
и ояи ҳиҷоб чунон буд ва баъд аз нузули ояи ҳиҷоб чунин шуд, мақсуд ин оя аст, ки марбут ба занони пайғамбар аст... Аммо ин ки читавр дар ъасри ахир ба ҷои истилоҳи роиҷи фуқаҳо, яъне “сатру пӯшиш” калимаи “ҳиҷобу пардаву пардагӣ” шоеъ шудааст, барои ман маҷҳул аст. Ва шояд аз ноҳияи иштибоҳ кардани ҳиҷоби исломӣ ба ҳиҷобҳое, ки дар соири милал марсум будааст, бошад.”

4. Дар садри Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам (ки интишори ъаксе аз ҳиҷоби иҷбории як зани ғарбӣ дар ҳамон ҷо ба баҳси кунунӣ доман зад) ҳиҷоб ё пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуд. Дар мустанадҳову филмҳои давраи инқилоб занони беҳиҷоби бисёреро мебинем, ки дӯшодӯши мардон ъалайҳи подшоҳу низоми салтанатӣ шиъор медиҳанд ё аз Имом Хумайнӣ пешвоз мегиранд ё дар ҳамапурсие, ки Эронро ба “Ҷумҳурии Исломӣ” табдил кард, ширкат мекунанд.

Пас чи шуд, ки ҳиҷобе, ки чи дар бадви ислом ва чи дар садри Ҷумҳурии Исломӣ иҷборӣ набуд, бар ҳамаи занон дар Эрон таҳмил шуд? Моҷаро дарозу печида аст, ки шояд нашавад дар чанд ҷумла тавзеҳ дод, аммо талош мекунам.

Бо расидани Имом Хумайнӣ ба қудрат баҳси ҳиҷоби иҷборӣ ҳам матраҳ шуд. Мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ мегуфтанд, ки дар садри ислом ҳам пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуда, балки вобаста ба тасмим ва хостаи фард-фарди занон будааст. Ъуламои ҳавза (рӯҳониюн) вориди баҳс шуданд. Шуморе мувофиқ ва бархе ҳам мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ буданд. Оятуллоҳ Маҳмуди Толиқонӣ аз маъруфтарин мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ дар миёни рӯҳониёни Эрон буд. Иттифоқан, мухолифати ӯ пас аз он эълом шуд, ки Имом Хумайнӣ дастур дод дар ҳамаи идораҳои давлатӣ занон пӯшиши сар дошта бошанд. Оятуллоҳ Толиқонӣ дар вокуниш ба ин фармони Хумайнӣ хитоб ба занони муътариз ба ин фармон гуфта буд:

“Ҳатто барои занҳои мусалмон ҳам дар ҳиҷоб иҷборе нест, чи бирасад ба ақаллиятҳои мазҳабӣ... Мо намегӯем, занҳо ба идорот нараванд ва ҳеч кас ҳам намегӯяд... Занон ъузви фаъъоли иҷтимоъи мо ҳастанд... Ислом ва Қуръон ва мароҷеъи дин мехоҳанд шахсияти зан ҳифз шавад. Ҳеч иҷборе ҳам дар кор нест. Магар дар деҳоти мо аз садри ислом то кунун занони мо чигуна зиндагӣ мекарданд? Магар чодар мепӯшиданд?.. Кӣ дар ин роҳпаймоиҳо занони моро маҷбур карда, ки боҳиҷоб ё беҳиҷоб биёянд? Инҳо худашон эҳсоси масъулият карданд. Аммо ҳоло ин ки рӯсарӣ сар кунанд ё накунанд, боз ҳам ҳеч кас дар он иҷборе накардааст.”
(Рӯзномаи “Иттилоъот”, Теҳрон, 20 исфанди 1357)

Вале дере нагузашт, ки як кас ва он ҳам болотарин мақоми Ҷумҳурии Исломӣ (Хумайнӣ) дар он (ҳиҷоб) иҷбор кард. Дастури Хумайнӣ дар идороти давлатӣ иҷро шуд ва заноне, ки тан ба ҳиҷоби иҷборӣ надоданд, машоғилашонро аз даст доданд. Чанд сол баъд (1363 / 1984) Қонуни муҷозоти исломӣ тасвиб шуд, ки бино бар он, занон иҷоза надоштанд беҳиҷоб дар хиёбонҳо зоҳир шаванд; занони беҳиҷоб ба 72 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд; барои ҷурми беҳиҷобӣ аз 10 рӯз то 2 моҳ зиндон ё ҷаримаи нақдӣ ҳам таъйин шуд.

5. Ҷолиб аст бидонем, ки ҳамин Ҳасани Рӯҳонӣ (Ҳасани Фаридуни пешин), ки акнун раисиҷумҳурии муътадилу миёнарав ва маъқули Эрон ба шумор меояд, дар он давра, дар оғози инқилоб, яке аз масъулони маҷбур кардани занон ба риъояти ҳиҷоб будааст. Оқои Рӯҳонӣ “масъули иҷрои тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш” буд. Худи ӯ дар китоби “Хотирот”-аш дар ин бора навиштааст:

“Ба ҳар ҳол, аввал бор ъуламои Қум ба беҳиҷобии занон эътироз карданду гуфтанд: дар ҳукумати исломӣ ҳамаи занон бояд боҳиҷоб бошанд. Имом (Хумайнӣ) низ дар яке аз баёноти худ ба лузуми ҳиҷоб барои занон ишора карданд ва ҳамин боъис шуд ъиддае аз занони беҳиҷоб дар хиёбонҳо тазоҳурот кунанд ва дар муқобили кохи додгустарӣ ва нахуствазирӣ таҳассун намоянд. Дар ин ҳангом низ оқои Толиқонӣ пой пеш гузошт ва суханоне дар бораи ҳиҷоб иброз карду гуфт: “Ҳиҷоби иҷборӣ надорем ва хонумҳо бояд худашон ҳиҷобро интихоб кунанд.”

Дар идома менависад:

“Гурӯҳакҳо ва муҷоҳидини халқ ҳам иттилоъия медоданд, ки ҳиҷоб набояд иҷборӣ бошад. Дар давлати муваққат ҳам баҳс буд, ки оё ҳиҷоб бояд иҷборӣ шавад ё на. Хулоса, ҳамон тавр ки ишора кардам, оқои Толиқонӣ дар суханронии худ гуфт: “Мо наметавонем занони аҳли китобро маҷбур ба пазируфтани ҳиҷоб кунем, вале мусалмононро метавонем ташвиқ кунем, ки ҳиҷоб дошта бошанд ва дар ҳар сурат набояд касеро базӯр боҳиҷоб кунем. Бо вуҷуди ин, дар Ситоди Артиш бо дӯстон тасмим гирифтем ҳиҷобро илзомӣ кунем, ки оғозе барои вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ бошад.

“Тарҳи иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш ба ъуҳдаи ман гузошта шуд ва бад-ин ҷиҳат дар гоми аввал ҳамаи занони корманди мустақар дар ситоди муштараки артишро, ки наздик ба 30 нафар буданд, ҷамъ кардам ва пас аз гуфтугӯ бо онон қарор гузоштем аз фардои он рӯз бо рӯсарӣ дар маҳалли кори худ ҳозир шаванд. Занони корманд, ки ҳамагӣ ба ҷуз ду ё се нафар беҳиҷоб буданд, шурӯъ карданд ба ғур задану шулӯғ карданд, вале ман муҳкам истодаму гуфтам: “Аз фардо субҳ дижбони муқобили дарби вурудӣ муваззаф аст аз вуруди хонумҳои беҳиҷоб ба муҳавватаи ситоди муштараки артиш ҷилавгирӣ кунад.” Пас аз ситоди артиш навбат ба нерӯҳои сегона расид. Дар оғоз ба подгони Дӯшонтаппа рафтам ва ҳамаи кормандони занро, ки теъдоди онҳо зиёд буд, дар солуне ҷамъ ва дар бораи ҳиҷоб суҳбат кардам. Дар онҷо занҳо хеле сарусадо роҳ андохтанд, аммо ман қотеъона гуфтам: “Ин дастур аст ва сарпечӣ аз он ҷоиз нест.” Баъд тавзеҳ додам, ки мо намегӯем чодар сар кунед, баҳси чодар нест, сухан бар сари истифода аз рӯсарӣ ва пӯшондани сару гардан аст. Дар ниҳоят дар онҷо ҳам гуфтам ба дижбон дастур додаем аз фардо ҳеч зани беҳиҷоберо ба пойгоҳ роҳ надиҳанд.”
(“Хотирот”-и дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷилди якум, сс. 571-573)

Ин аст шарҳи мухтасари вуруди ҳиҷоби иҷборӣ ба ҷомеъаи Эрон. Албатта, ин ки мегуфтанд "баҳси чодар нест ва кофист рӯсарӣ саратон кунед, то сару гарданатонро бипӯшонад" ҳарфе беш набуд. Пас аз муддате чодар ҳам барои кормандони зани идороти давлатӣ иҷборӣ шуд.

Ва акнун мебинем, ки бо гузашти беш аз 35 сол ҳамон гуфтмони ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистон дақиқан ба ҳамон шаклу раволе, ки дар Эрон буда, роҳ уфтодааст.

Ба бовари ман, ҳоло ки намунаи Эронро дар баробари чашмонамон дорем, набояд хатоҳои онро такрор кунем. Чиро хато? Ҳар касе, ки дастикам яке-ду ҳафта дар Эрон ва бавежа миёни мардуми шарифи он сарзамин буда (на дар маконҳои ба дур аз иҷтимоъ), бахубӣ дарёфтааст, ки ҷомеъаи имрӯзии Эрон бо ҷомеъаи 37 сол пеш, ки инқилоб карда буд, башиддат мутафовит аст. Нишонаҳои фаровоне ҳокӣ аз дур шудани мардум аз идеулужии ҳоким ва бавежа сиёсатҳои таҳмилии он, аз ҷумла ҳиҷоби иҷборӣ аст. Ва як бори дигар собит мешавад, ки таҳмили ҳеч чизе бар вифқи муроди таҳмилгарон тамом намешавад, ки ҳеч, натиҷае дуруст хилофи хостаи онҳоро ба бор меоварад.

Ба қавли Ризо Мормулак дар филми маъруфи “Мормулак”-и Камоли Табрезӣ:

“Оқои Фазлӣ, инқадр гир надеҳ ба ин ҷавуно! Охе биҳишт ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун!”

Monday, May 30, 2016

Пӯшиш ва иҷбор

Рӯбарӯи ойина истода буду ашк мерехт. Барои нахустин бор пероҳани баланди фарангӣ танаш карда буд, ки то зонуяшро мепӯшонд, аммо соқаи пойҳояш бараҳна буд. Бояд ҳаминшаклӣ ба мадраса мерафту ба шогирдонаш дарс мегуфт.

Ашкҳояшро пок карду гуфт: “Наметавонам. Охир ин чи либосест?! Чиро бояд поҳоямро нишон диҳам? Эҳсос мекунам, ки лухтам. Ман ки наметавонам иншаклӣ роҳ биравам. Ҳама ба ман нигоҳ хоҳанд кард.” Ва гиря мекард.

Ман ба мудири мадрасае, ки хоҳарбузургамро водор ба пӯшидани либоси фарангӣ карда буд, дар дили худ нафрин гуфтам. Дар мухайялаи кӯдаконаи ман намегунҷид, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт.

Хоҳарбузургам тоза дар мадраса истихдом шуда буд ва рӯзҳои аввал худаш буд. Бо пероҳану эзори зебои атласӣ, ки он замон боби рӯз буд. Кулоҳи чаҳоргӯши гулдор ба ҳуснаш меафзуд. Вале мудири мадраса, ки ӯ ҳам як бону буд, пӯшиши ӯро муносиб намедонист. Гуфта буд: “Шумо як муъаллимаи саветӣ ҳастед ва бояд дархури мақоматон либос бипӯшед.” Ва ӯро ташвиқ ба пӯшидани “либоси русӣ” кард.

Охираш ҳам натавонист. Он мадрасаро тарк кард. Рафт ҷое дигар, ки аз қазо бо пӯшиши тоҷикиаш канор омаданд. Ва то имрӯз пойбанди ҳамон пӯшише, ки барои худаш муносиб медонад, мондааст. Акнун солҳост, ки ба ҷои кулоҳи чоргӯш рӯсариро тоҷикона аз пушти гардан мебандад. Ва ӯро дар ҳеч либоси дигаре наметавонам тасаввур кунам. Ва ба худ меболам, ки хоҳарбузургам барои ҳифзи пӯшиши дилхоҳи худаш дар даврони шӯравӣ, ки ҳеч навъ мухолифатеро барнаметобид, аз худ поймардию шаҳомат нишон дод ва баранда шуд.

Солҳо баъд мебинам, ки торих варақ хурдааст. Солҳо баъд аз он ки бисоти ҳукумати шӯравӣ барчида шуд ва Тоҷикистон ба сарошебии бозгашт ба давраи иморати Бухоро уфтод, мебинам, ки хурда-мустабидҳо ё хурда-диктотурҳое пайдо шудаанд, бо ҳамон равишу маниши он мудири мадраса. Бо ин тафовут, ки инҳо як шеваи пӯшиши дигареро вежаи занон медонанд, ки онро “ҳиҷоби исломӣ” номидаанд. Ва бо ин тафовут, ки инҳо бештарашон мардҳое ҳастанд, ки аз зарурати пӯшиши исломӣ муъофанд ё худро муъоф медонанд. Ва сирфан ба занҳо дикта мекунанд, ки чи бипӯшанду чигуна нафас бикашанд. Ва боз ҳам дар мухайялаи ман намегунҷад, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт. Гӯӣ ифроту тафрит бо хуни қавми мо ъаҷин аст. Ва таъассуб, ки мантиқро барнаметобад.

Рӯзе фаро хоҳад расид, ки дасту забони хурда-мустабидҳо аз таҳмили ҳар навъ пӯшише кӯтоҳ хоҳад шуд. Аммо он рӯз ҳанӯз дур аст.

Sunday, January 12, 2014

Ghazali vs Philosophers

 Ғазолӣ дар қиболи фалосифа
 
Samad Zubayd, дар посух ба пурсишҳои Шумо:

Агар дар Эрон зиндагӣ мекунед ё бо Анҷумани ҳикмату фалсафаи онҷо ошноӣ доред, ҳатман дуктур Ғуломризо Аъвониро ҳам бояд бишносед. Файласуфи баноми эронӣ ва устоди пешини Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ва раиси Анҷумани ҳикмату фалсафаи Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ӯ дар яке аз суханрониҳояш мегӯяд: “Ман, агарчи ба Ғаззолӣ эҳтиром мегузорам, аммо ҳаргиз ӯро намебахшам, чаро ки бисёре аз бузургонро такфир кардааст”.

Ризо Доварии Ардаконӣ ҳам аз андешамандони муъосири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки ҳарчанд мункири хусумати Ғаззолӣ ъалайҳи фалсафаву файласуфон нест, аммо талош кардааст аз ӯ чеҳраи созандае тарсим кунад ва мегӯяд: Дар кул, агар ба торихи фалсафаи исломӣ нигоҳе биандозем, ин торих ба ъунвони хатти ҷамъи дину фалсафа дар назар меояд, ки нуқтаи шурӯъи ин талош дар ҷиҳати интибоқи ин ду ҳавза дар назариёти Форобӣ ёфтанист... Ба баёне дигар, фалсафае, ки ин файласуфон ба армуғон овардаанд, дар нигоҳи касоне чун Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Фахри Розӣ тавони ҳамли дин ва интибоқ (созгорӣ) бо онро ҳечгоҳ надоштааст.

Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда. Чун дар чорчӯби дин намешавад пурсишҳои бунёдинеро тарҳ кард, ки дин гӯё ҷавобашонро дигар додааст ва шакку тардид дар он посухҳо метавонад ширку илҳоду ҳазор балои дигар фарз шавад. Дин мегӯяд, ман тамоми посухҳоро додаам ва дигар ниёзе ба кунҷковии ту нест. Фалсафа мегӯяд, ҳеч ҳақиқате мутлақ нест ва ҳама чиз шакпазир аст ва дар ҷараёни ҳамин шаккокию ҷустуҷӯст, ки мешавад ба бархе аз пурсишҳои ҳаётӣ посухе нисбӣ ва ъақлонӣ ёфт. Ғаззолӣ бо “Таҳофат-ул-фалосифа”-аш ҷилави ин кунҷковиро гирифт, камари фалсафаро шикаст ва фалсафаи диниро поягузорӣ кард. Ба гунае, ки тарҳи пурсишҳо сирфан барои исботи он чи дар матну батни дин омадааст, муҷоз аст ва набояд фаротар аз он биравад. Аз ин рӯ, баъд аз по гирифтани дидгоҳи иртиҷоъии Ғаззолӣ дар Эронзамин андак андешаманди ҷаҳонгире чун Пури Сино падид омадааст. Чун мағзҳои мутафаккир дар қафаси маҳдуде қарор гирифтанд ва сирфан иҷозаи парвоз дар маҳдудаи ҳамон қафасро доштанд.
http://www.irip.ir/Home/Single/12148

  • Dariush Rajabian http://www.irip.ir/Home/Single/12148
    www.irip.ir
    دکتر غلامرضا اعوانی در مراسم افتتاحیه همایش مکتب اصفهان گفت من اگرچه به غزالی اح...See more
  • Samad Zubayd Бародари азиз, ташаккур барои ҷавоби дақиқат. Бояд бигӯям, ки ман боре дар Эрон набудам, ҳарчанд орзӯяшро дорам! Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам, аммо ҳоло дар Русия мардикорам.
  • Samad Zubayd Саволи ман ин буд барои равшантар шудани сӯҳбат онро такроран меорам : Агар иҷозат бошад ба баробари азиз Дорюш ду савол доштам: 1) аз баҳс маълум гашт, ки шумо баҳси Ғазолию Ибни Синоро сабаби сукути илм дар Эронзамин мебинед. Оё далеле барои ин доред? То ҷое ман медонам Ибни Сино баъдан соҳиби вазифаи давлатӣ буд ва бо аҷали худаш(бо бемории қулинҷ) фавтидаас ва касе китобу эҷодиёти ӯро насӯхтаат ва дар баробари ин баъди ин моҷаро илм дар Эронзамин зиёда аз 250 сол ва адабиёт 500 сол ҳукум рондааст; 2) Сабаб чист, ки баҳси ду пешвои илмро ба баҳси илму дин табдил диҳем ва хулоса кунем, ки дин ба пешравии илм монеъ аст.
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, мамнунам. Хаста набошед аз мардикорӣ.
    Умедворам посухи боло Шуморо қонеъ карда бошад. Агар пурсише дигар ҳаст, дар ҳадди тавонам посух хоҳам гуфт. Комраво бошед.
  • Samad Zubayd Бародари азиз Дориюш, оё аз мисолҳои овардаат хулоса кардан мумкин нест, ки дар баробари Ибни Рушд дигарон низ ба ақидаи Ғазолӣ розӣ набуданд ва ин гуногунақидагӣ боиси пеш рафтани илми фалсафа баъди Синою Ғазолӣ гашт, чуноне, ки дар навиштаи боло гуфтам. Аммо ин зиддият танҳо дар масъалаҳои гуфтаи Маҳмуд буданд, ки шахсан ман ҳарду тарафро дарк карда метавонам. Аммо ҳеҷ ҷое ман во нахӯрдам, ки ислом ба пешравии илмҳои даққиқ ва ҷомеашиносӣ шуда бошад.
  • Dariush Rajabian Дар оғоз дақиқан чунин буд, Самади арҷманд, ва "Таҳофат-ут-таҳофат"-и Ибни Рушд талоше буд қавӣ, аммо нокофӣ ва нопайгирона дар радди дидгоҳи мазҳабмеҳваронаи Ғаззолӣ. Ва он чи батадриҷ дар ҷомеъаи андешагии Эронзамин ҷо уфтод (ки то ба рӯзгори мо расидааст), ҳамон фалсафа дар батни мазҳаб буду ҳаст; фалсафае, ки натавонист аз қайду банде, ки Ғаззолӣ барояш танида буд, раҳо шавад. Ва мусалламан, ҳеч андешае фалсафӣ дар чорчӯбе, ки усулаш аз пеш муъайян шуда бошад, дастоварди чашмгире нахоҳад дошт.
  • Samad Zubayd Дар навиштаатон ҷумлаеро вохӯрдам :"Яъне касе ҳам ки омада аз Ғаззолӣ дифоъ кунад, хидмати ӯро дар эҷоди интибоқ (созгорӣ) миёни дину фалсафа дидааст. Дар ҳоле ки пеш аз Ғаззолӣ бардошти андешамандоне чун Пури Сино аз фалсафа ҳавзае батамом мутафовит бо дин буд, ки дар густараи он мешуд ҳама чиз, аз ҷумла динро зери суол бурд. Агар ҳикмату фалсафаи Бохтарзамин имрӯза пеш рафтааст, ба далели ҳамин ҳифзи истиқлоли фалсафа аз дин буда" , ки ба гуфтаи худи Сино "муҳкамтар аз имони ман имон нест" мухолиф аст.
  • Samad Zubayd Баъдан, оё барои пеш рафтани чизе ҳатман бояд чизи дигарро инкор кард?
  • Dariush Rajabian Ёдатон бошад, ки Пури Сино аз бузургтарин чеҳраҳои такфиршуда аз сӯи Ғаззолист. Аз ин ҷост, ки бузургвор он сурудаи маъруфашро фармуда.
    Бастагӣ дорад, ки Шумо "имон"-ро дар чи чорчӯбе баррасӣ мекунед. Агар ба монанди ъавоми мусалмон "имон"-ро сирфан ва истисноан вежа ё мухтасси ислом медонед ва он ҳам бардошти дақиқу мушаххасе аз ислом, ки ҳамонанди бардошти Ғаззолӣ аз он бошад, бегумон, Пури Сино мутаъаллиқ ба як чунин имоне набуд. Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад. Аммо агар бардошти Шумо аз "имон" фаротар аз бардошти тангназаронаи ёдшуда бошад, баростӣ, муҳкамтар аз имони Пури Сино имон набувад. Ӯ бо такя ба ҳамон имон ва барои пайдо кардани маншаъи он имон ба такопӯи донишӣ мепардохт.
  • Dariush Rajabian Барои "пеш рафтани чизе"-ро намедонам, аммо таъйини ҳадду марз барои андеша бегумон монеъ аз пешрафти андеша мешавад. Ба он монад, ки касеро дар як хона нигаҳ доранд ва иҷоза надиҳанд, ки аз он хона по фаротар бигзорад. Баъд аз солҳо аз ӯ бихоҳанд, ки достоне дар бораи саҳрое бинависад, ки аз ӯ садҳо фарсанг фосила дорад. Мусалламан, он чи менависад, чаранде беш нахоҳад буд; дар ҳадди ашёе, ки дар чордевории хонааш мебинад.
    Ба ҳамин шева, маҳбус кардани андеша дар чорчӯби як бовари росих (сахту муҳкам) ба маънии маҳрум кардани он андеша аз дастрасӣ ба ҷойҳоест, ки шояд ҳақиқате шигарф дар он ниҳон бошад. Донишмандоне, ки он қайду бандҳоро надоштанд, ба монанди Пури Сино ва андешамандони Ғарби имрӯза, ба авҷ расиданд. Ононе, ки таслими қайду банд шуданд, дар ҳамон маҳдудаи хонаи худ мондаанд.
  • Samad Zubayd Дориюши азиз, дар бори имони Сино мо танҳо гумон карда метавонем. Ман боварӣ дорам, ки Ибни Сино аз ҳади ислому шариат берун нарафтааст ( қоил ба имони худ ба Худо). Аз ин рӯ баин навиштаатон: "Вагарна дар ҷустуҷӯи ъилм даст ба корҳои ғайримутаъориф (он чи дар ъурфи мусалмонони он даврон набуд) намезад" розӣ буда наметавонам.
  • Samad Zubayd Аз тарафи дигар шумо қоил ҳастед, ки Сино аз доираи ислом берун омадааст ва аз тарафи дигар Ғазолиро барои бадгӯии Синно гунаҳкор медонед. Оё ин дуруст аст!
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, агар Пури Сино дар маҳдудаи исломи мавриди назари Ғаззолӣ монда буд, такфир намешуд. Ин як ҳақиқати мактуби торих аст ва ба ризоят ё норизояти ману Шумо кӯчактарин рабте надорад.
  • Samad Zubayd Дориюши азиз, оё файласуфони ғарб масъалаи баҳси байнӣ Синою Ғазолиро пурра ба манфиати Сино ҳал кардаанд?
  • Dariush Rajabian Самади гиромӣ, файласуфони Ғарб резахорони хони Пури Сино ва амсоли ӯянд. Роҳеро паймудаанд, ки ӯ паймуд. Пас натиҷа посухи равшанест ба пурсиши Шумо.
  • Samad Zubayd Сухан сари ҳамин аст, ки ин муаммо то охир ҳал нашавандааст, чунки аз нигоҳу имони мо вобастагӣ дорад, ки кадомашро интихоб мекунем.
  • Dariush Rajabian Барои мактаби фалсафаи Ғарб ин муъаммо қарнҳост, ки ҳал шудааст ва истиқлоли фалсафа аз боварҳои росих пешрафти бузургеро барояш рақам задааст.
  • Dariush Rajabian Файласуфону мутакаллимони ғарбии қарнҳои вусто ё миёна дар Урупо ҳам аз Ғаззолӣ таъсир пазируфта буданд, ки маъруфтарини онҳо Тумос Окуинос (Thomas Aquinas), файласуф, мутакаллим ва кашиши масеҳии итолиёии садаи 13-уми мелодӣ буд. Ӯ низ дар пайравӣ аз Ғаззолӣ хостори эъмоли маҳдудиятҳои мазҳабӣ бар андешаи фалсафӣ буд. Аммо тафовути боризе, ки дар рӯйкарди ин ду ба фалсафа вуҷуд дошт, ин буд, ки Окуинос аз осори файласуфони юнонию лотини пеш аз масеҳият ва навиштаҳои ъарабӣ ҳам баҳра мебурд, дар ҳоле ки Ғаззолӣ истифода аз осори андешамандони номусалмоне чун Арастуву Афлотунро мардуд медонист. Он рӯйкарди Окуинос натиҷаи беҳтаре ба бор овард, албатта, ва бар донистаҳои фалсафии Бохтарзамин афзуд.
  • Asli Shah Qurbani Бахси хуб буд, вале бояд гуфт ки Газоли мисли тамоми мутакаллимони мусалмон аз усули фалсафаи Сино бахра бурда буд. Мехохам чанд нуктаи мухимро рочеъ ба бознигарии назари мухаккикони Гарб ба тарики хеле фишурда дар миен гузорам:

    1. Ин ки фалсафа баъд аз Газоли сукут кард, нодуруст аст, чунки фалсафа билофосила дар чахони Ислом, махсусан Ирон матрах буд.

    2. Вале ин ки фалсафаи Ислом мазхабмехвар буда, бештар аз хама хизмати Буали Сино аст, то Газоли. Газоли афкори Синоро барои суст будани пояхои мантикиаш барои исботи вахйи илохи накд кардааст, вале ин накди Газоли аз Сино такфир буда наметавонад (!). Хадди акал ин фикри баъзе мухаккикони Гарби аст.

    3. Ин заминаи исломии фалсафаи Сино буд, ки уро Файласуфи Ислом ва Шайхурраис кард, яъне фалсафаи у усулан ва амалан исботи вахйи исломи дар чорчуби фалсафаи Арасту буд. Дар хар чое ки фалсафаи Арасту бо дидгохи Ислом мухолиф буд, (масалан Арасту бовар дошт ки рухи инсон миранда аст ва наметавонад бидуни часад вучуд дошта бошад) Сино онро рад кард, бо далоили мантики ва усули фалсафи.

    4. Заминаи вокеие барои такфири Сино вучуд надошт, хатто дар масоили кидмати офариниш, ва растохези чисмони, ки ба баррасии пурраи онхо хочат нест.
  • Dariush Rajabian Аслишоҳи арчманд, дуруду сипос аз изҳори назари судманд.

    Дар ин ки Ғазолй аз омўзаҳои Форобй ва бавежа Пури Сино баҳра бурдааст, шакке нест. Ҳатто дар мавориде истилоҳоти ъадлу чуду калому қазову истилову қудрату сабабу мусаббиб-ул-асбобро дақиқан ба шеваи Пури Сино ба кор бурда, яъне дар воқеъ суханони Пури Синоро бозгў кардааст. Ва бино ба бовари ғолиб, китоби “Мақосид-ул-фалосифа"-и ў тарчумаи озоди “Донишномаи Ъалои”-и порсии Пури Сино ба забони ъарабист. Дар воқеъ, яке аз вежагиҳои Ғазолй дар навиштаҳояш ин аст, ки ба касе ҳисоб пас намедиҳад ва равшан намекунад, ки марчаъи фалон андеша чи навиштаест ва соҳиби фалон фарзия кист. Тасаввуре, ки аз навиштаҳои Ғазолй ҳосил мешавад, ин аст, ки ў донои кулл аст ва ҳар он чи мегўяд, сирфан аз андўхтаҳои худи ў бар пояи тачрубиёташ аст. Ба ҳамин шева, аз Муҳосибй, Абўтолиби Маккй, Абулқосими Қушайрй ва донишмандони дигаре, ки дар парвариши зеҳнии ў саҳм доштанд, дар осори фикриаш ному нишоне нест. Пас дар ин маврид, ки ў башиддат аз Пури Сино таъсир пазируфта ва баҳра бурда буд, шакке нест.

    Ин таъсирпазирии ў маҳдуд ба корбурди истилоҳоти фалсафию илоҳиётй намешуд, балки шеваи арастуи ё юнонии истидлоли мантиқиро ҳам дақиқан аз осори бузургоне чун Форобию Пури Сино фаро гирифта буд. Яъне бо абзоре, ки ба дасташ супурданд, соҳибони абзорро муҳкам кўбид ва бо таваччуҳ бар чавви ғолиб дар минтақа комгор ҳам шуд. Ъунсурҳоеро, ки аз Пури Сино вом гирифта буд, ба гунае тағйир дод, ки ба абзорҳое бакуллй мутафовит табдил шуданд.
    (Дунбола дорад)
  • Dariush Rajabian Шояд мачоли пардохтан ба тамоми адилла ва баҳсҳои ду тараф дар инчо набошад, аммо нукоти муҳим аз 20 мавриди эроде, ки Ғазолй дар “Таҳофат” аз файласуфон гирифтааст, 3 нуктаи калидист, ки мавзеъи ҳар ду тарафро ошкор мекунад:

    1. Бовари файласуфони давр ба азалияти замон ва набуди замоне дақиқ барои офариниш ба далели вучуди азалии Офаридгор;
    2. Ъадами огоҳии Офаридгор аз чузъиёти гайҳоне, ки офаридааст;
    3. Радди ҳашр ё растохези физикй (чисмонй) дар рўзи қиёмат.

    Дар ҳар се маврид Ғазолй кунчковии файласуфонро навъе ширку беэътиқодй ба Парвардигор таъбир мекунад ва дар ҳар се маврид ҳам вучуди пайванд миёни ъиллат ва маълул (причина и следствие)-ро рад мекунад. Барои намуна, файласуфон мегуфтанд, ки ъиллати сўхтани порча ба маҳзи наздик шуданаш ба оташ ламси оташ аст, ки як табйини ъилмй аз вуқуъи як рухдоди физикй буд. Аммо Ғазолй мункири тановуби ин ду рухдод (ъиллату маълул) буд ва мегуфт, далели оташ гирифтани он порча иродаи илоҳист ва танҳо маълули тамоми ъиллатҳо ҳам Парвардигор аст. Намунае, ки меоварад, ривояти сомии дар оташ насўхтани Иброҳим аст ва мегўяд, чун яке-ду бор иттифоқот тановубе мушаххас доштаанд, далел намешавад, ки он тановуб дар ҳар мавриди дигар ҳам риъоят шавад. Яъне Ғазолй кунчковии донишмандона дар вуқўъи ҳодисаеро мардуд медонист ва онро иттифоқе сарзада аз амёли Офаридгор талаққй мекард. Ва ин навъи рўйкард дар дигар мавридҳо ҳам сидқ мекунад.
    (Дунбола дорад)
  • Dariush Rajabian Он чи пур равшан аст, чолишест, ки Форобию Пури Сино ва амсолиҳум дар баробари боварҳои погирифта дар чомеъаи мазҳабй қарор дода буданд. Ва Имом Ғазолй, андешаманди шофеъии ашъарии сўфимаслак, бо қудрати тамом ва пуштвонаи мазҳабиюн тавонист андешаро дар чорчўби эътиқодии худаш қарор диҳад.

    Баъд аз сайтараи рўйкарди Ғазолй бар андеша дар сарзаминҳои мо фалсафа сайри нузулй дошт. Ҳудуди 100 сол баъд аз ў Ибни Рушд шитобон омада буд, ки вазъро тағйир диҳад ва дар радди дидгоҳҳои Ғазолй ду китоб навишт (“Таҳофат-ут-таҳофат” ва “Фасл-ул-мақол”). Аммо дигар кор аз кор гузашта буд ва андешаи ъавомписандонаи Ғазолй реша давонда буд. Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш.
    Ҳукми такфир, ки Ғазолй бар пешонии файласуфони моқабли худ кўбида буд, ъомили боздорандаи бузурге дар озодии андеша дар сарзаминҳои мо шуд.
  • Сайидюнуси Истаравшани "...Дар натича “фалсафа” дар чаҳони ислом (чи тасаннун ва чи ташайюъ) ба ҳамон шевае, ки Ғазолй хишти аввалашро гузошта буд, мондагор шуд; яъне омезае аз мантиқи арастуи ва илоҳиёт ва бардошти фалсафй аз тасаввуфу ъирфон. Яъне ъилме, ки фориғ аз ҳар қайду банде қарор буд шаккоконаву кунчковона тамоми сўрох-сунбаҳои офаринишро дарнавардад, табдил ба як парандаи қафасй шуд, ки овоз мехонад, аммо фақат барои соҳибаш..." Фикр накунам ин натиҷагирии шумо дуруст бошад Дориюши гиромӣ! Ончи Имом Ғаззолӣ аз реша бо он ба мухолифат бархост, фалсафаи Машшоъ аст, яъне Имом Ғаззолӣ ба наққодии ҳамин машраб аз фалсафа пардохта, албатта дар бораи дигар машрабҳои фалсафӣ ҳам назароте дода, аммо бештар ба ҳамин тохта. Ва ин дар ҳоле аст, ки на танҳо баъд аз Ғаззолӣ, балки ҳатто ҳамзамон бо ӯ фалосифаи Машшоъ дар Эронзамин буданд ва ҳаргиз ин машраб аз он сурати аввалияи худ тағйир шакл, чунонки шумо мефармоед, надода. Ва мо то ба имрӯз фалосифаи машшоъ дар Эрон дорем, яъне ҳамин ҳоло соҳибназароне ҳастанд, ки машраби синавии холис дар фалсафа доранд. Ва шояд ишораи шумо ба машраби Ҳикмати Мутаъолияи Мулло Садро бошад, ки бар хилофи фармудаи шумо, ин мактаб чунонки гуфтед намебошад, балки мактабе аст, ки дар он миёни ду машраби Машшоъ ва Ишроқи Суҳравардӣ талфиқ шуда ва ба сухани дигар, тавониста миёни он ду оштӣ биандозад. Ва инҳо ҳаргиз "парандаи қафасӣ" қаламдод намешаванд. Зеро, вақте як мактаби фалсафӣ мабнояш бар муқаддимаҳои ақлии сирф устувор бошанд, дигар он мактаб фалсафӣ аст, ҳарчанд натоиҷи он бо додаҳои дин ҳамоҳанг бошанд. Аслан, қарор нест, мо аз оғоз биноро бар ин гузорем, ки ҳатман ончи фалсафа бояд ба мо бидиҳад, бо ончи дин мегӯяд мутағойир бошад. Ин як пешфарз аст, ки фалсафа душмани пешфарзҳост.
  • Сайидюнуси Истаравшани Ва сониян, ончи мефармоед, гӯӣ Имом Ғаззолӣ худ як мактаби фалсафии бахусусе бунён ниҳода, ки фалосифаи баъд аз ӯ дигар аз он пайравӣ кардаанд! Дар сурате ки ин гузориш дуруст нест. Агар барои Имом Ғаззолӣ пайравоне қоил бишавем, қатъан он пайравон дигар филсуф нестанд. Фалсафа як вижагии барҷаста дорад ва он инки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он бошам. Агар чунин набошад, ки дигар он фалсафа нест, ҳатто агар рӯйи он номи фалсафа ниҳода шавад.
  • Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, он чи дар мавриди душмании фалсафа бо пешфарзҳо фармудед, барҳақ аст. Фалсафаро бояд озод гузошт, то шояд ба лоятаноҳй даст ёбад. Оё як чунин рўйкарде ба фалсафа дар миёни фалосифаи пасоғазолй боқист? Оё ҳеч файласуферо аз ин хитта мешиносем, ки ба пешфарзи мазҳабй пушти по зада бошад ва дар сарое дигар дунболи ҳақиқат гашта бошад? Оё "пешфарз", аз диди Шумо, сирфан марбут ба мавзеъи касоне мешавад, ки барои андешидан аз ҳар навъ пешфарзи динй ҳам безоранд?
  • Сайидюнуси Истаравшани Абадан, ҳар навъ пешфарзе марфуз аст аз ҷумла пешфарзи динӣ. Аммо, мо дар ҷаҳон ва дар миёни фалосифаи машҳур - чӣ дар олами ислом ва ғайри он, чӣ пеш аз Ғаззолӣ ва чӣ пас аз ӯ - андак филсуферо мешиносем, ки андешаҳои фалсафии ӯ дар тазод бо ончи дин мегӯяд бошад (Албатта фақат дар мавриди Худо ва сифоти ӯ, на масоили шаръӣ). Буданд ва ҳастанд фалосифаи ғайри мӯътақид ба офаридгор, аммо андаканд, инро содиқона мегӯям, бештари фалосифа худобоваранд. Инро такрор мекунам, ки манзури ман фақат дар бораи офаридгор ва сифоти ӯст, на ҷиҳоти дигари шариат, ки филсуф дигар коре ба онҳо надорад. Яъне як филсуф метавонад пойбанд ба дин (шариъат) бошад ва метавонад аслан муқайяд ба он набошад (бо инки ба офардигор мӯътақид аст), яъне ин кораш дигар рабте ба фалсафидани ӯ надорад. Ба баёни дигар, ҳитаи филсуф дар робита бо дин, фақат дар хусуси исботи офаридгор ва сифоти ӯст, аммо дар соири ҷиҳоти шаръӣ, дигар назар додан аслан аз ҳавзаи ӯ хориҷ аст магар дар бархе мактабҳои фалсафӣ. Бинобар ин, агар шумо мебинед бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд, на ба ин ҷиҳат аст, ки чун аз оғоз худро пойбанди чизе карда бошанд, балки ба ин хотир аст, ки ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинад.
  • Dariush Rajabian Сайидюнуси арчманд, ин ки тасаввур бикунем файласуфон ҳаргиз ё маъмулан "ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", худ як пешфарзи муҳлик аст, магар на?
    Андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро бо боварҳои динй дар таноқуз дидаанд. Википедиё феҳрестеро аз файласуфони бехудо тартиб дода, ки дар пайванди зер мебинед. Ва боз ҳам андак нестанд файласуфоне, ки боварҳои худро дар таноқуз бо боварҳои марсум ва ъурфии чомеъа дидаанд ва шояд ин таъбир дар мавриди бисёре аз фалосифа сидқ кунад.
    Аммо оё дар Эронзамини пасоғазолй ҳеч файласуфи нодинй имкони таборузро доштааст?
    Яке аз он беш аз 100 тан, ки дар феҳрест мебинед, эронист. Аммо аз замони зоиш мусалмон набуда ва баҳоист. Оромиши Дўстдор, ки китобе навишт андар имтиноъи тафаккур дар фарҳанги динй ва фарҳанги Эрони баъд аз исломро дар ин китоб "фарҳанги динхў" номид ва гуфт, ки баъд аз он "ноандешй ва нопурсй бар Эрон ҳоким шудаанд". Чун, вақте ки дин бар тамоми умур сайтара дорад, дигар чои андеша ва пурсише боқй намегузорад. Албатта, ин андешаманд мачоли зиндагй дар Эронро аз каф дод ва ба Олмон муҳочират кард.
    Оё шумо ҳеч мавридеро ба ёд доред, ки дар сарзамини мо як чунин рўйкарди як андешаманд таҳаммул шуда бошад? Агар ҳеч мавриде нест, пас оё ин шабеҳи хондани парандаи қафасй барои соҳиби худ нест, ки чист?
    http://en.wikipedia.org/wiki/Category:Atheist_philosophers
  • Сайидюнуси Истаравшани Бибинед, инки арз кардам, дар миёни фалосифаи машҳур бештарашон худобоваранд, аввалан ин муддао қайди "шӯҳрат" дорад, яъне ҳар касе нест, ва сониян, фалосифаи машҳур, ки барои ҳар филсуфе маъруф аст, ки киҳо ҳастанд: аз Суқрот бигир то охир... Инро аз пеши худам нагуфтам Дориюши арҷманд. Солисан, қайди "бештар", ки арз кардам, бо адад, ки нест, балки дар муқойиса бо фалосифаи худобовар аст, вагарна теъдод ва шумори фалосифаи ғайри мӯътақид ба Худо бештар аз ин аст, ки дар ин донишнома оварда шуда. Дар ҳамин Эрон ҳам ҳатто дар миёни мусалмонзодаҳо мо фалосифаи ғайри мӯътақид ба офардигор доштем мисли Киё Нурӣ ва Эҳсони Табарӣ, ки воқеъан филсуф буданд.
  • Dariush Rajabian Бо тавзеҳе, ки фармудед, Сайидюнуси арчманд, таъбири "бештари фалосифаи имрӯзӣ динмадор ҳастанд ва ёфтаҳои фалсафии худро бо додаҳои динӣ дар таъоруз ва тазод намебинанд", таъбири дурусте нест. Албатта, сарнавишти Киёнуриву амсолиҳум, ки бештар фаъъоли сиёсй буданд, то файласуфи холис, худ баёнгари мавзеъи ман аст.
    Ҳар навъ фалсафае, ки бо ислом таноқуз дошта, дар сарзаминҳои исломй, аз чумла Эрон, саркўб шудааст. Ин ҳақиқатро мепазиред ё на, бузургвор?
  • Сайидюнуси Истаравшани Ҳатто агар саркӯб шуда, ин бар гардани дастгоҳи ҳукуматӣ ва ё ҷавв ва фазои ҳоким бар ҷомеъа аст, на мухолифони ақидатии онон. Яъне ҳаргиз як филсуф филсуфи дигареро саркӯб накарда. Аммо мушкил инҳо нестанд, балки тамоми мушкил дар ҷои дигар аст. Ва он инки аслан мо фикр мекунем, дидгоҳи фалсафӣ лузуман он дидгоҳе аст, ки бо дин ва бовар ҳамоҳанг набошад. Озод ва раҳо аз ҳар навъ қайд будан, ба маънои он нест, ки ончи ман аз тариқи фалсафидан ба он мерасам, ҳатман чизе бошад дар тазод бо дин. Ҳаргиз!.. Ибни Сино, ки аслан аз оғоз даъво сари ӯст, банда мисли ӯ худобовартар ва мӯътақидтар намебинам. Билохира ин бандаи Худо чанд то китоб дорад, ки андешаҳояш дар онҳо мутабалваранд... Аммо инки Имом Ғаззолӣ бо ӯ даруфтод, маънояш ин нест, ки ҳатман дидгоҳи "динӣ" ҳамон аст, ки Имом Ғазолӣ намояндаи он аст, шояд қазия дуруст баръакси он бошад. Ин ҳақиқат буд ва ҳаст, ки дар ҷаҳони ислом ҳамвора касоне ки сари душманӣ бо фалсафа доштанд фазоро пур кардаанд. Аммо ин ба ҳеч ваҷҳ ба ин маъно нест, ки дин ҳам яъне ҳамин!
  • Dariush Rajabian "Ҳатто агар саркўб шуда бошанд" ҳам посухи дархуре нест, бузургвор. Дар ин ки тамоми дидгоҳҳои ғайриисломй саркўб шудаанд, шакке нест. Агар ҳаст, бояд тарҳ кард.
    Ва фикр намекунам касе инчо фарзияи саркўби чанд файласуф тавассути чанд файласуфи дигарро тарҳ карда бошад. Суҳбат аз муставлй шудани як андешаи фалсафй бар тамомии паҳнаи андеша аст. Вақте ки як мактаби фалсафй бар сарои андеша ҳоким мешавад, магар имкони таборузи андешае чуз он боқй мемонад? Магар имкони падидории андешае нав, ба дур аз қайду банди мазҳабй, вучуд дорад?
    Ин "қайду банди мазҳабй" танҳо монеъ дар фалсафа нест, аммо боризтарин монеъ дар андешаи фалсафии Эронзамин аст. Дар даврони пасоғазолй танҳо фалсафае, ки тавониста бар эрикаи қудрат такя бизанад, фалсафаи мавриди назари Ғазолй ва динмеҳварона будааст. Дар ин ҳақиқат, ки шакке наметавон ворид кард.
  • Сайидюнуси Истаравшани Дориюши арҷманд! "Фалсафаи мавриди назари Ғазолй"... Оё мо аслан фалсафи мавриди назари Ғаззолӣ дорем?!
  • Сайидюнуси Истаравшани Онки дигар фалсафа нест. Дар боло арз кардам, ки барҷастатарин вижагии фалсафа ин аст, ки: ҳарчи ақл мегӯяд, бояд таслими он буд. Бинобар ин, ҳар нафъ тафаккуре, ки ақлро канор мезанад, он дигар фалсафа нест.
  • Сайидюнуси Истаравшани Аммо бо ин маталаб, ки фармудед, комилан мувофиқам, ки набояд ҳеч навъ тарзи тафаккуре ҳатто синавӣ фазоро пур кунад ва ба ҳазфи дигарон бипардозад. Бо ин ҳамнавоям.
  • Dariush Rajabian Обишхури фалсафае, ки акнун ҳокиму фармонравост, ҳамон фалсафаи Ғазолй нест, ки чист, бузургвор? Фалсафае, ки дар чорчўби як дин ба пажўҳиш пардозад ва ҳар он чи берун аз чорчўби дин бигўяд, ношоисту нописанд бошад.
    Буданд касоне, ки ба таърифи фалсафа, ончунон ки Шумо фармудед, ъамал карданд. Аммо корашон ба ҳамон чойҳое кашида шуд, ки мешавад сарнавишти Дўстдору Киёнуриро дар он чустучў кард.
    "Набояд чунин бишавад" дуруст аст. Ормон аст ё идеол. Аммо воқеъият магар чуз ин аст, ки фалсафаи ҳоким дар Эронзамин ҳамоно фалсафаи динмадор аст?
  • Сайидюнуси Истаравшани Ман, ки бо шумо сари даъво надорам Дориюши арҷманд! Феълан, ки тарафи шумо Сайидюнуси Истравшанӣ аст, на сухангӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон!!! Ман феълан инҷо аз асли фалсафа ва иртиботи он бо дин суҳбат мекунам!
  • Сайидюнуси Истаравшани Агар дасти ман буд, ки ин "набояд бишавад"-ро ба "чунин нест" табил мекардам, аммо дасти ман нест.
  • Сайидюнуси Истаравшани Ба ҳар сурат, Худо нигаҳдори Шумо, баҳра бурдем! Зинда бошед!
  • Dariush Rajabian Худо наёмурзадам, агар бо Шумои арчманд сари даъво дошта бошам, бузургвор.
    Агар Шумо сухангўи Чумҳурии Исломй будед, ба гунае дигар пурсупос мекардем. Пурсишҳои ман сирфан мутаваччеҳи Шумо нест, балки мухотаби он ҳамаи афродеанд, ки мехоҳанд бидонанд,
    чаро андешаи фалсафй дар сарзаминҳои мо (на сирфан Чумҳурии Исломии Эрон) бад-ин ҳад хонагй ва худмасраф мондааст.
    Ба бовари ман, ин мусибат ба далели ҳамлаи ҳикматкуш ва мазҳабмеҳваронаи Ғазолй сурат гирифтааст, чун баъд аз он сирфан шоҳиди тасаллути он андеша бар фалсафаи эронй будаем ва ҳар талоше, ки барои гурез аз он чорчўб сурат гирифта, тавассути сарбозони боварй хунсо шудааст. Дар натича, "парандаи қафасй" сирфан барои соҳиби худ мехонад. Лузуме надорад ба ин дидгоҳ аз манзари сиёсй бархурд кард ва худро дар зеҳни ман сухангўи чое ё касе пиндошт. Кофист воқеъиятро нақл кунем, ки дар тўли ин ҳазор сол андешаи фалсафй дар қафасе маҳбус буда ва агар чуръати бурун рафтан аз қафасро доштааст, бисмил шудааст.
  • Dariush Rajabian Ҳамчунин, файз бурдам, бузургвор. Поянда бошед.