Wednesday, June 14, 2017

Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр? Ё ҳарду?

Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр? Ё ҳарду?

Ин пурсиши устод Лоҳутӣ ҳамчунон бар сари миллати мо овезон аст. Шояд “ҳарду” посухи осонтаре бошад. Яъне ҳам “ъадовати бегонагон” ва ҳам “бозичаи даст шудани ёрон” даст ба дасти ҳам додаанд, то Ватан вайрона шавад. Аммо дар ин миён бозичаи даст шудан гуноҳи бузургтарест, чун шуъуру шарофати инсониро зери суол мебарад. Дар ҳоле ки вайрона кардани кишваре ғайр барои ағёр (бегонагон) таклифи виҷдонии чандоне надоштааст, бавежа ин ки талоши онҳо аз ин “вайрона кардани кишвари ғайр” беҳбуд бахшидан ба ҳолу вазъи кишвари худӣ будааст.

Он мисраъро Лоҳутӣ дар бораи Эрон суруда, аммо дар мавриди ҳар ватани дигаре ҳам, ки вайрона шуда, сидқ мекунад.

Баъдан мафҳуми “Ватан” барои Лоҳутӣ густардатар шуд ва афзун бар Эрон тамоми Шӯравиро ҳам Ватани худ медонист. Барои Лоҳутӣ, ки аз Кирмоншоҳу Теҳрони Эрон ба Маскаву Душанбеи Шӯравии истолинӣ паноҳ бурда буд, Ватан ҳамоне шуд, ки дар он зиндагӣ мекард, афзун бар сарзамине, ки дар он зодаву парварда шудаву пушти сар гузошта буд.

Барои насли ман Ватан ғолибан ҳамонест, ки дар он ба дунё омадаанд. Бо таваҷҷуҳ ба буридагии наслҳои мо аз ҷаҳони хориҷ, Ватани мо ҳам хурдтар аз оне буд, ки рӯи нақша мебинем. Маъмулан таборузи меҳандӯстӣ дар миёни наслҳои мо бештар ба таърифу тамҷиду тавсиф аз қишлоқи худ маҳдуд мешавад. Ва агар фаротар биравад, ба таърифу тамҷиду тавсиф аз шаҳристон (ноҳия)-и худ мерасад. Ва дар пайи талошҳои фаровон барои “равшанфикр шудан” як равшанфикри мо мекӯшад дар таърифу тамҷиду тавсифи Ҷумҳурии Тоҷикистон санги тамом бигзорад. Ва дар ниҳоят равшанфикри мо шоъир мешавад.

Дар тамоми ин таърифҳо аз Ватан шакли сиёсии он рӯи нақшаи ҷаҳон мадди назар аст. Масалан, шоъире, ки васфи “тоҷик”-ро месарояд, ба фикри афроде нест, ки дар Афғонистону Узбакистону Чин ҳам худро “тоҷик” меноманд. “Тоҷик”-и шоъири мо фақат тоҷики Тоҷикистон аст. Бад-ин гуна шоъири мо вафодории худро ба шаклу сурати Ватани мо рӯи нақшаи сиёсӣ ҳифз мекунад. Ва албатта, ин ҳолат ба шеъру адаб хулоса намешавад, балки дар тамоми ъарсаҳои зиндагӣ ба шакли боризтаре ҷилва мекунад. Дар натиҷа, агар дар Тоҷикистон суҳбат аз “тоҷик” шавад, тасаввур сирфан дар мавриди тоҷикони Тоҷикистон аст. Тоҷикони дигар қурбонии тасаввури мо аз Ватан мешаванд. Тасаввуре, ки таслими нақшаи сиёсӣ шудааст. Нақшаи сиёсие, ки дар кашидани он тоҷикон ҳеч нақше надоштаанд.

Тоҷикони Тоҷикистон бо шӯру ҳаяҷон ҳамасола торихи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд; бо ин нидо, ки “Шӯравӣ барои аввалин бор пас аз ҳазор сол давлатдориро ба тоҷикон баргардонд!” Ва камтар касе дар миёни мо дарк мекунад, ки он торих рӯзи хурду рез шудани Ватани бамаротиб бузургтари мост. Ёди касе нест, ки Ватани пешини мо Бухорои Бузург буд, ки акнун миёни се ҷумҳурии Туркманистону Узбакистону Тоҷикистон тақсим шудааст. Яъне ҳамин 100 сол пеш Ватани гузаштагони мо “Бухоро” ном дошт; бамаротиб паҳновартар, бо забони дарӣ (расмӣ)-и порсӣ. Акнун барои насли мо, ки нақшаи сиёсӣ маҳаки таъйини мафҳуми “Ватан” аст, Бухоро хотирае беш нест... Ва ҳатто тоҷиконаш. Мо ҳамасола торихи кӯчаку хор шудани Ватанамонро “бо тантана” ҷашн мегирем.  Зеро мафҳуми “Ватан” ба зеҳни мо аз рӯи нақшаи сиёсӣ мунтақил шудааст. Нақшае, ки тоҷикон дар кашиданаш ҳеч нақше надоштаанд.

Аммо ҳастанд касоне, ки нақшаи сиёсӣ барояшон сирфан як нақшаи сиёсӣ аст, на баёнгари ҳувияти онҳо. Сиёсат метавонад рӯи замину ҳаво марз бикашад, аммо наметавонад аз қалбу мағзи онҳо бигзарад. Барои онҳо, “сарҳади тоҷик забони тоҷик аст” (ба қавли Бозор Собир дар солҳои хуштараш). Барои онҳо, забони порсӣ ҳадду марзи сарзамини ростини тоҷиконро таъйин мекунад. Ва ин даста аз афрод Тоҷикистону Узбакистону Туркманистону Эрону Афғонистону бахшҳои порсигӯи бархе дигар аз сарзаминҳоро Ватани худ медонанд. Чун ин даста аз афрод ба бозиҳои сиёсӣ маҳал намегузоранд. Бозиҳои сиёсӣ Ватани мову шуморо ҳар чанд сол як бор инҷову онҷо мекунад, аммо ҳувияти инсоне, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, тағйирнопазир аст.

Sunday, June 11, 2017

Нафире бар сафире...

Тайи солҳои мутамодӣ тасаввури ман ин буд, ки порае аз ниҳодҳои давлатӣ солимтар мондааст; бавежа Вазорати хориҷа, ки намояндагони вазину муҳтарамеро ба ъунвони сафиру кордор ба кишварҳои мухталиф фиристодааст. Бисёре аз сафирони мо афроди фарҳехтае ҳастанд, ки дар фазои маҷозӣ ҳам ҳузур доранд ва мешавад аз нивиштаҳои онҳо баҳра бурду аз одоби баёну муъошират ва изҳориназари онҳо чизе омӯхт. Чун ба ҳар рӯй, ҷаҳондидагӣ бар вусъати диду тафаккур меафзояд ва мизони раводорӣ («толерантность»)-ро боло мебарад. Мебинанд, ки дар кишварҳои дигар зиндагӣ, шахсият, ҳувият ва шарафи инсонӣ чи ҷойгоҳу арзише дорад ва озодиҳои фардию иҷтимоъӣ ба чи шакл таборуз пайдо мекунад. То ҳамин соъоте пеш ба ин хиёл будам, ки сафирони Тоҷикистон ҳамагӣ инсонҳои фарҳехтае ҳастанд, ки баҳаққ аз миллати мо дар хориҷ намояндагӣ мекунанд. То расидам ба сахраи дидгоҳи кремлинзадаи касе, ки баъдан маълум шуд яке аз сафирони Тоҷикистон аст. Мегӯяд:
“Тамоми рузноманигорони дунё аз хадафхо, манфиатхо ва мавкеи шахсе, ин ё он гурух, хизб, созмон ё давлате пуштибони мекунанд ва барои ин корашон хак мегиранд. Ин чиз кайхо исбот шудааст ва аксиомаест, ки эхтиеч ба хич гуна бахсе надорад. Аммо то кучо хакикат ё вокеиятро мегуяд, масъалаи дигар аст.”

Агар ин ҷумлаҳоро яке аз ъавоми Шӯравии даҳаҳои 1940-50 мегуфт, шояд мешуд нодида гирифт. Чун дар тасаввури мардумони он даврони як низоми истибдодӣ ҳамаи рӯзноманигорон афроди худфурӯхта буданд. Ва дар воқеъ, рӯзноманигорӣ дар он замону макон чизе ҷуз ҳикояти дастурҳои раҳбарӣ набуд. Аммо фикр намекунам дар садаи 21 ҳеч инсоне, ки сараш ба танаш меарзад, чунин пиндошти ғарибе ба сараш роҳ ёбад, ки “тамоми рӯзноманигорони дунё” зархариданд. Шояд он фарди мавриди назар бо таваҷҷуҳ ба сарсупурдагии худ ба фармон аз боло ва хоҷадор будани худ (яъне зархарид будани худ) чунин тасаввуре дошта бошад. Аммо сафир?!
Яъне магар мешавад, ки он сафири муҳтарам бо вуҷуди солҳо зиндагӣ дар берун аз ҳубоб дар тӯли солҳои ъумри пурбораш бо ҳақиқати ҳирфаи рӯзноманигорӣ ошно нашуда бошад ва дарнаёфта бошад, ки рисолати як рӯзноманигори ростин чизе ҷуз баёни ҳақиқату воқеъият нест? Ин ки дар сарзамини сиёсии он сафири муҳтарам расонаҳоро хафа кардаанд, магар далели ин ҳақиқат нест, ки рӯзноманигорон фазои бозтаре мехоҳанд ва “оқо-болоисар” намехоҳанд? Ҳамин ки он сафир аз рӯзноманигор то бад-ин андоза нафрат дорад, оё далели он нест, ки рӯзноманигороне адабашро додаанд? Агар рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамагӣ ризқашонро аз хайри сиёсатмадорони дунсифат медиданд, магар ниёзе ба тақаллои онҳо барои дастрасӣ ба озодии баёну сухан буд? Мисли шуморе аз “рӯзноманигорон”-и дарборӣ хайру садақа ҷамъоварӣ мекарданду қалам мефарсуданд. Аммо табъан, ҳатто дар Тоҷикистон рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва вазифашиносе ҳастанд, ки бар садақаву дарюзаи сиёсатмадорони дунсифат туф кардаанд ва бо вуҷуди сахтиҳо, мекӯшанд ба ҳирфаи худ, ки чизе ҷуз воқеъанигорӣ нест, вафодор бимонанд.

Дареғи ному кори сафорат, ки бад-ин гуна ҳадар бираваду мояи шармсорӣ шавад!

Барои ҳампешагони ъазизи сарзаминам дар пайкор бо сиёсатбозони дунсифат ва дунандешони сиёсӣ тавфиқ мехоҳам. Бо орзуи раҳоии Тоҷикистон аз тафаккуроти кремлинзада. Зинда бод Тоҷикистон!