Showing posts with label Barack Obama. Show all posts
Showing posts with label Barack Obama. Show all posts

Friday, June 05, 2009

The Audacity of a Leader*

Бебокии як рахбар

«Хеч миллате наметавонад пеши худаш тасмим бигирад, ки кадом кишваре метавонад чангафзори хастайи дошта бошад. Аз ин ру ман руи таъаххуди Омрико ба зиндагй дар чахоне орй аз силохи хастайи таъкиди котеъона доштаам.»

Дар гузашта ин суханонро дар тазохуроти зиддиомрикойи мешунидам. Манзур аз «зиддиомрикойи», мусалламан, зидди давлати он кишвар аст. Ва на давлати Убомо, албатта. Он суханон акнун аз дахони хусрави Омрико бармеояд ва чахонро дучори туфоне отифию эхсосотй мекунад.

Борак Хусейн Убомо дар суханронии торихиаш дар Кохира бисёр мохирона сухбат аз пешинаи исломиашро ба миён овард ва мохиронатар дониши мазхабиашро ба кор бурд. Аз Куръону Китоби Мукаддаси масехиёну Таврот накли кавлхое фаровон кард ва хамаро аз бар гуфт. Бидуни ин ки чашмонаш руи сафхаи когазе сур хуранду гум шаванд ва максхои тулонию тупуку иштибоххои лафзй мардумро калофа кунад. Бо баёне гарро ва салобате хусравона чизхоеро гуфт, ки харгиз аз дахони хеч рахбари омрикойи садо надода буд.

Убомо бо хунсардию шикастанафсии ситоишангез ниёзи Омрико ба хамкорию хамёрии дигар кишвархои чахонро бармало кард. У мункири ин хакикат нашуд, ки хатто танхо абаркудрати чахон наметавонад ин рохро ба танхойи бипаймояд. Чун чахониён хама «аъзои якдигаранд» ва Омрико наметавонад дар они вохид хам калб бошаду хам меъда ва хам магзи башарият.

Нармиши сутудании Убомо дар суханронихои пешини у низ хувайдо буд, аз чумла дар изхори назархояш дар Ирок, дар шодбоши наврузии имсолаш ва дар чараёни сафараш ба Туркия. Аммо Кохира виждони поки ин солори гайриъодии Омрикоро барахна ба намоиш гузошт. Магз андар магзи гуфтахои у мамлу аз орзуи расидан ба сулху оромиши пойдор дар чахон буд. Рухи тасомуху тахаммул аз ханчараи у чорй буд.

Убомо сирфан лилй ба лолои «душманон»-и Омрико намегузошт, то созише хосил шавад. Вай аз як су аз Исроил мехост, ки аз идомаи сохтмони шахракхои яхудинишин дар сарзаминхои фаластинй даст бардорад ва аз суи дигар хитоб ба тундравони фаластинй бо истинод ба оёти Куръон мегуфт, ки куштани як фарди бегунох ба масобехи куштани хамаи башарият аст.

Вай бо ин ки равобити Омрико бо Исроилро «шикастнопазир» тавсиф кард, дар поёни хамон чумла вазъияти фаластинихоро «тахаммулнопазир» хонд ва хостори тагйири фаврии авзоъ ва эчоди давлати мустакилли фаластинй дар канори Исроил шуд. Бо ин ки медонад лоббии яхудихои Омрико ва мусалламан, рахбарони кишвари яхуд аз ин такозои у чи андоза чигархунанд.

Убомо руи нуктахои заъфи чомеъахои мусалмон хам ангушт гузошт ва аз чумла дар бораи баробарии хукуки зану мард доди сухан дод ва гуфт:

«Ман муътакидам, ки духтарони мо ба андозаи писаронамон метавонанд дар умури чомеъа мушорикат дошта бошанд. Мо замоне ба шукуфоии фарогир даст хохем ёфт, ки хамаи насли башар, чи марду чи зан, битавонанд тамоми зарфияти худро ба кор гиранд.»

Вай бар зарурати ру овардани кишвархои нафтии мусалмон ба тавсеъаи омузишу парвариш ва навоварй таъкид кард; чизе ки хатман бояд мавриди таваччух вокеъ шавад, агар карор аст ин тамаддунхо барои хамеша чирахури тамаддуни Гарб намонанд. У озодии мазхабию акидатиро аз пешшартхои пешрафту шугуфойи унвон кард.

Бидуни ташрехоти изофй порахое аз суханронии Борак Убомо дар Кохираро дар зер меоварам.

То замоне ки равобити моро ихтилофотамон таъйин мекунанд, мо касонеро сохиби ихтиёру кудрат мекунем, ки ба чои базри сулху оромиш тухми нафрат мекоранд.

Ман ба ин чо, ба Кохира омадаам, то бурузи огози дигареро бибинам. Огозе тоза дар равобити миёни Иёлоти Муттахида ва мусалмонони саросари чахон. Огозе бар пояи манофеъи мутакобил ва эхтироми мутакобил. Ва огозе бар пояи ин хакикат, ки Омрико ва ислом интисорй ва созишнопазир нестанд ва набояд даргири ракобат шаванд. Баръакс, онхо бо хам созгоранд ва усули муштараке доранд.

Ман бо ислом дар се кораи чахон бархурд доштам, пеш аз ин ки вориди минтакаи хостгохи он шавам. Ин тачруба маро муътакид кардааст, ки шарокат миёни Омрико ва ислом бояд мубтанй ба чизе бошад, ки ислом хаст, на чизе, ки ислом дарбар надорад. Ва ман ба унвони раисичумхурии Иёлоти Муттахидаи Омрико инро масъулияти худ медонам, ки бо хар навъ клишесозй (стеоритипсозй)-и манфй алайхи ислом дар хар чое набард кунам. Вале хамон усул бояд дар мавриди тасаввури мусалмонхо аз Омрико хам сидк кунад.

Биёед дар ин маврид шакке надошта бошем, ки ислом бахше аз Омрикост. Ва ман бовармандам, ки Омрико ховии ин хакикат аст, ки сарфи назар аз нажоду мазхабу вазъияти зиндагй хамаи мо орзухои муштараке дорем.

Дар ин маврид хам мутмаин бошем, ки мо касд надорем нерухоямонро дар Афгонистон нигах дорем. Мо намехохем дар он чо пойгохи низомй дошта бошем. Барои Омрико аз даст додани мардону занони чавонамон азоби алим аст. Ин даргирй пурхазина аст ва идомаи он аз лихози сиёсй хам душвор аст. Мо бо камоли хурсандй так-таки сарбозонамонро ба кишвари худ боз хохем овард, агар мутмаин шавем, ки дар Афгонистон ва акнун дар Покистон тундравони хашине бокй намондаанд, ки касд доранд то хадди имкон омрикоихоро бикушанд. Вале холо он замон фаро нарасидааст.

Куръони карим таълим медихад, куштани як фарди бегунох ба монанди куштани хамаи насли башар аст.

Имруз Омрико мусъулияте дугона дорад: кумак ба Ирок барои расидан ба ояндае равшантар ва вогузоштани Ирок ба худи ирокихо. Ман ин нуктаро барои мардуми Ирок равшан кардаам, ки мо хостори поярезии пойгохи низомии доимй дар он чо нестем ва хам намехохем иддаъохои марзию моддй дошта бошем. Хокимияти Ирок мутаъаллик ба худи он аст.

Равобити танготанги Омрико бо Исроил як мавзуъи ошкор аст. Ин пайванд шикастнопазир аст. Аммо вазъияти мардуми фаластинй тахаммулнопазир аст. Ва Омрико ба орзуву талошхои машруъи фаластинихо барои иъодаи шарафу эътибор, фурсатхо ва эчоди давлати худашон пушт нахохад кард.

Танхо рохи халли ин бухрон расидагй ба хостахои хар ду су аст. Ин хостахо замоне бароварда мешавад, ки исроилихову фаластинихо ду давлат дошта бошанд ва канори хам дар сулху оромишу амният ба сар баранд.

Вале ин мавзуъ барои хамаи тарафхои даргир равшан аст, ки вакте сухбат аз чангафзорхои хастайи меравад, мо ба нуктае катъй расидаем. Ин мавзуъ танхо ба манофеъи Омрико бар намегардад. Ин талошест барои чилавгирй аз рох уфтодани мусобикаи таслихоти хастайи дар Ховари Миёна. Ин мусобика метавонад минтака ва чахонро ба чойхои борик ва шадидан хатарнок бикашонад.

Ман эътирози онхоеро, ки мегуянд чаро бархе кишвархо силохи хастайи доранду бархе на, дарк мекунам. Хеч миллате наметавонад пеши худаш тасмим бигирад, ки кадом кишваре метавонад чангафзори хастайи дошта бошад. Аз ин ру ман руи таъаххуди Омрико ба зиндагй дар чахоне орй аз силохи хастайи таъкиди котеъона доштаам.

Ман муътакидам, ки духтарони мо ба андозаи писаронамон метавонанд дар умури чомеъа мушорикат дошта бошанд. Мо замоне ба шукуфоии фарогир даст хохем ёфт, ки хамаи насли башар, чи марду чи зан, битавонанд тамоми зарфияти худро ба кор гиранд.

Бисёре аз кишвархои Халичи Форс ба хотири доштани нафт сарватманд шудаанд. Ва бархе аз онхо руи тавсеъаи густардатар мутамаркиз шудаанд. Вале хамаи мо бояд эътироф кунем, ки омузишу парвариш ва навоварй пул ё арзи роич дар садаи 21 хохад буд.

Хамаи мо ин дунёро барои муддате кутох бо хам кисмат мекунем. Пурсиш ин чост, ки оё мо он замонро бо тамаркуз бар омилхое, ки моро аз хам чудо мекунад, хохем гузаронд ва ё мехохем барои пайдо кардани чои пое муштарак таъаххуд кунем. Руи ояндае тамаркуз кунем, ки барои фарзандонамон орзу дорем. Ва ба хамаи одамон арч гузорем.

Огоз кардани чангхо осонтар аз поён додан ба онхост. Муттахам кардани дигарон сахттар аз нигох андохтан ба даруни худ аст. Дидани тафовут дар касе осонтар аст, то ёфтани нукоту мавориди муштарак. Вале мо бояд рохи дурустро баргузинем. На танхо рохи осонро.

Мардумони чахон метавонанд канори хам дар оромиш зиндагй кунанд. Мо медонем, ки биниши Худованд хам хамин аст. Ин бояд кори мо дар руи Замин бошад. Сипос. Худованд шуморо карини рахматаш кунад.

*Бо илхом аз унвони яке аз китобхои Борак Убомо «The Audacity of Hope»

Tuesday, January 27, 2009

Barak Obama Poll

Оё Борок Убомо авзоъи чахонро тагйир хохад дод?

Оре 7 (36%)

На 4 (21%)

Намедонам 1 (5%)

Шояд 7 (36%)


Votes so far: 19
Poll closed

Friday, January 23, 2009

USA Passes Democracy Test

Кавоми демукросй дар Иёлоти Муттахидаи Омрико

Рангин Додфари Спанто
вазири хоричаи Афгонистон


Борак Убомо ба унвони чихилу чахорумин раисичумхурии Иёлоти Муттахидаи Омрико савганд ёд кард. Умдатан инсонхо замоне ба торих мепайванданд, ки корнома ва дастовардхои бузурге аз худ барои башарият ба мерос бигузоранд. Тафовути миёни Борак Убомо ва бисёре аз шахсиятхои торих дар ин нухуфта аст, ки у дар бистуми жонвие (январ)-и 2009 фасли чадиде аз торихи башарияти мазлумро варак зад. Убомо танхо номзади демукротхои Омрико набуд. У пешниходи башарияти тараккихох, демукрот ва адолатхох буд. Хузури чавонони бешумор дар гирдихамоихои интихоботии у нишон ва намоди дилтангихои наслхои оянда дар саросари чахон дар баробари сохторхо ва арзишхои фарсудае буд, ки насли пас аз 1968-ро дар доираи танги афсонахои «фарчоми торих» (Фукуёмо) ва «чанги тамаддунхо» (Хонтингтун) ба гаравгон гирифта буд.

Сухан гуфтан аз поёни табъизи нажодй дар чахони кунунй хануз утупиёест, ки бояд наслхои зиёде дар ростои тахаккуки он талош кунанд. Аммо демукросии нерумандтарин кишвари чахон нишон дод, ки сарзаминаи каламрави тахаккуки «утупиёхои мушаххас» (Одерну) аст. Тавоноии демукросй бар низомхои ракиб дакикан дар хамин аст. Дар холе ки интиколи кудрати сиёсй дар низомхое, ки мутаваллиёни он хешро сохибу вочиди охирин хакикат медонанд, бо хуну куштор ва шиканча мумкин мегардад, демукросй заминаи интиколи сулхомез ва бонишоти кудрати сиёсиро аз тарики иродаи озоди мардум мумкин мегардонад. Шахрвандони Омрико пас аз 1776 бори дигар нишон доданд, ки дар демукросии ин кишвар неруи азиме аз эмонсипосюн (рахойи, озодй) ва густариши озодии шахрвандон нухуфта аст.

Раванди худрахойи дар Иёлоти Муттахида, дар вокеъият, дар поёни чанги дохилии ин кишвар огоз шуд. Раванде, ки дар мушорикати ин кишвар дар Чанги Чахонии Дуввум алайхи фошисм ва рахоии мардуми чахон аз он мусибат ба дарачаи олй аз дифоъ аз хукуки башар расид. Бидуни шак, демукросии Иёлоти Муттахида аз диди либеролисми сиёсй бар соири демукросихо тафаввук (дасти боло) дорад. Мавчудияти чомеъаи мадании неруманд, чудоии кобили кабули чомеъаи сиёсй (давлат) ва чомеъаи маданй нишон медихад, ки низоми сиёсии ин кишвар ба пухтагии сиёсии бештаре расидааст.

Пухтагй, ки мавчудияти фарханги фардгаро ва бовар ба фардияти инсон шахрвандонро аз раъияти махз мутафовит месозад ва пайванди аслии миёни шахрвандон бештар бовар ба низоми сиёсии Иёлоти Муттахида аст ва на ба динхову нажодхо. Сухани Убомо, ки кудрати миллати Омрико дар ин нухуфта аст, ки ин миллат мураккаб аст аз масехиён, мусалмонон, яхудиён, хиндухо ва ононе, ки дин надоранд, ба хубй фалсафаи аслии мавчудияти Иёлоти Муттахидаро бозтоб медихад. Тавонойи дар танаввуъ ва дилбастагй ба зебоии бепоёне, ки дар танаввуъ нухуфта аст. Бозтоби ин вокеъиятро, ки дар як фароянди суботи чомеъаи сиёсй ва маданй дар Иёлоти Муттахида шаклу кавом гирифтааст, метавон дар гузиниши Борак Убомо ба сифати раисичумхурии он кишвар мушохида кард.

Солхо пеш филме дида будам аз Яхудй Менохим дар бораи торихи мусикй. Бозаргонони барда, чавонони ситабру баландболои рангинпустро шикор карда буданд ва дар аршаи як киштй ба занчир баста ва барои фуруш ба Омрико мебурданд. Чавонони дар занчир бо садои хазине таронахои махаллиро замзама мекарданд. Садхо хазор сиёхпуст дар киштзорхои пунба ва мазореъи Омрико чон доданд. Бинои азимеро, ки дируз (20 жонвие) Убомои сиёхпуст дар саккуи он савганди вафодорй ба Конуни Асосии кишвараш ёд кард низ, хамин лашкархои барда эчод карданд.

Дируз чи фархунда огозе буд барои насли басолрасидаи ман, ки сусиёлизосиюни сиёсимонро дар дифоъ аз чунбиши мадании сиёхони Омрико, чунбиши сулх алайхи чанги Вйетном ва хуруши мардуми Хинду Чин огоз кардем. Эй дарег! Баходуроне, ки дар рохи тахаккуки ин орзухо чон доданд, дируз чояшон холй буд.

Шаб, вакте маросими савганди Убоморо дар телевизюн медидам, хисси ачибе доштам. Чидоли доимй, ки харгиз аз сарам даст бар надоштааст, бори дигар ошкор шуд. Аз худ пурсидам, ки оё чунин ходисаи инкилобй дар кораи Урупо – зодгохи демукросй мумкин ва муяссар хохад буд? Оё мумкин хохад буд, то фарзанди як покистонй дар Инглистон, фарзанди як турк дар Олмон ва ё фарзанди як алчазоирй дар Фаронса аз тарики раъйи аксарияти мардум ба макоми раёсати чумхурй даст ёбанд? Усулан, тархи ин суол шармандаам сохт.

Оё мумкин хохад буд дар Афгонистон як шахрванди точик, хазора, узбак ва ё нуристонй ба хайси раисичумхурии кишвари мо баргузида шавад? Бигзарем аз инон. Оё мактабрафтагони кишвари мо хозир хоханд шуд, то ба нухбагон (элита)-и он «дигарон» раъй бидиханд? Дар лахазоте, ки зехни ман машгули тархи ин пурсишхои бехуда буд, ба он нухбагоне андешидам, ки дар кишвари ман бо судури фармону дастурулъамал ичоза намедиханд ба забони модариам ашё ва афродро садо кунам. Ва ин дар холест, ки ман аз хеч кораи дигаре наомадаам ва бо ин нухбагон реша дар як фарханг ва хатто як табор дорам. Бибин, ки тафовути рах аз кучост то ба кучо! Дар сарзамини ман дигарандешон ба занчир кашида мешаванд ва хиндувону сикххо, ки бошандагон ва сохибони ин сарзаминанд, ба гунаи низомманд мавриди ситаму тачрид ва тахдид карор мегиранд ва дар он чои дигар шоистагони акаллиятхо бар саккуи кудрат барои хидмат ба механашон такя мезананд.

Окои Убомо! Мистер Президент!

Интихоби Шуморо барои мардуми кишвари Шумо ва хамаи ононе, ки хохони сулху адолат дар ин чахонанд, табрик мегуям. Ин хушнудии як вазири хорича нест. Хушнудии як муборизи хукуки башарй ва вафодор ба арзишхои шахрвандист.


رنگین دادفر سپنتا
قوام دموکراسی در ایالات متحده امریکا


بارک اوباما به عنوان چهل و چهارمین رییس جمهور ایالات متحده امریکا سوگند یاد کرد. عمدتا" انسان ها زمانی به تاریخ می پیوندندکه کارنامه و دستآورد های بزرگی از خود برای بشریت به میراث بگذارند. تفاوت میان بارک اوباما و بسیاری از شخصیت های تاریخ در این نهفته است که او در بیستم جنوری ۲۰۰۹ فصل جدیدی از تاریخ بشریت مظلوم را ورق زد. اوباما تنها نامزد دموکرات های امریکا نبود، او پیشنهاد بشریت ترقیخواه، دموکرات و عدالتخواه بود. حضور جوانان بیشمار در گردهم آیی های انتخاباتی او نشان و نماد دلتنگی های نسل های آینده در سراسر جهان در برابر ساختار ها و ارزش های فرسوده ی بود که نسل پس ۱۹۶۸ را در دایره تنگ افسانه های "فرجام تاریخ" (فوکویاما) و "جنگ تمدن ها" (هانتینگتون) به گروگان گرفته بود.

سخن گفتن از پایان تبعیض نژادی در جهان کنونی هنوز اتوپیایی است که باید نسل های زیادی در راستای تحقق آن تلاش کنند. اما دموکراسی نیرومند ترین کشور جهان نشان داد که سرزمینش قلمرو تحقق اتوپیا های مشخص" (آدرنو) است. توانایی دموکراسی بر نظام های رقیب دقیقا" در همین است. در حالی که انتقال قدرت سیاسی در نظام های که متولیان آن خویش را صاحب و واجد آخرین حقیقت می دانند، با خون و کشتار و شکنجه ممکن می گردد، دموکراسی زمینه انتقال صلح آمیز و با نشاط قدرت سیاسی را از طریق اراده آزاد مردم ممکن می گرداند. شهروندان امریکا پس از ۱۷۷۶ بار دیگر نشان دادند که در دموکراسی این کشور نیروی عظیمی از امانسیپاسیون (رهایی، آزادی) و گسترش آزادی شهروندان نهفته است.

روند خود رهایی در ایالات متحده در واقعیت در پایان جنگ داخلی این کشور آغاز شد، روندی که در مشارکت این کشور در جنگ جهانی دوم علیه فاشیسم و رهایی مردم جهان از آن مصیبت به درجه عالی از دفاع از حقوق بشر رسید. بدون شک دموکراسی ایالات متحده از دید لیبرالیسم سیاسی بر سایر دموکراسی ها تفوق دارد. موجودیت جامعه مدنی نیرومند، جدائیی قابل قبول جامعه سیاسی (دولت) و جامعه مدنی نشان می دهد که نظام سیاسی این کشور به پختگی سیاسی بیشتری رسیده است.

پختگی که موجودیت فرهنگ فردگرا و باور به فردیت انسان، شهروندان را از رعیت محض متفاوت می سازد و پیوند اصلی میان شهروندان بیشتر باور به نظام سیاسی ایالات متحده است و نه به ادیان و نژادها. سخن اوباما که قدرت ملت امریکا در این نهفته است که این ملت مرکب است از مسیحیان، مسلمانان، یهودان، هندو ها و آنانی که دین ندارند، به خوبی فلسفه اصلی موجودیت ایالات متحده را بازتاب می دهد. توانایی در تنوع و دلبستگی به زیبایی بی پایانی که در تنوع نهفته است. باز تاب این واقعیت را که در یک فرایند ثبات جامعه سیاسی ومدنی در ایالات متحده شکل و قوام گرفته است می توان در گزینش بارک اوباما به صفت رییس جمهوری آن کشور مشاهده کرد.

سال ها پیش فیلمی دیده بودم از یهودی مناهیم، در باره تاریخ موسیقی. بازرگانان برده، جوانان ستبر و بلند بالای رنگین پوست را شکار کرده بودند و در عرشه یک کشتی به زنجیر بسته و برای فروش به امریکا می بردند. جوانان در زنجیر با صدای حزینی ترانه های محلی را زمزمه می کردند. صدها هزار سیاه پوست در کشتزار های پنبه و مزارع امریکا جان دادند. بنای عظیمی را که دیروز اوبامای سیاه پوست در سکوی آن سوگند وفاداری به قانون اساسی کشورش یاد کرد نیز همین لشکر های برده ایجاد کردند.

دیروز، چه فرخنده آغازی بود برای نسل به سال رسیده یی من که سوسیالیزاسیون سیاسی مان را در دفاع از جنبش مدنی سیاهان امریکا، جنبش صلح علیه جنگ ویتنام و خروش مردم هندو چین آغاز کردیم. ای دریغ ! بهادرانی که در راه تحقق این آرزو ها جان دادند، دیروز جای شان خالی بود.

شب وقتی مراسم سوگند اوبا ما را در تلویزیون می دیدم، حس عجیبی داشتم. جدال دایمی که هرگز از سرم دست بر نداشته است بار دیگر آشکار شد. از خود پرسیدم که آیا چنین حادثه انقلابی در قاره اروپا، زادگاه دموکراسی ممکن و میسر خواهد بود؟ آیا ممکن خواهد تا فرزند یک پاکستانی در انگلستان، فرزند یک ترک در آلمان و یا فرزند یک الجزایری در فرانسه از طریق رأی اکثریت مردم به مقام ریاست جمهوری دست یابند؟ اصولا" طرح این سوال شرمنده ام ساخت.

آیا ممکن خواهد بود در افغانستان، یک شهروند تاجیک، هزاره، ازبک و یا نورستانی به حیث رییس جمهور کشور ما بر گزیده شود؟ بگذریم از اینان. آیا مکتب رفتگان کشور ما حاضر خواهند شد، تا به نخبگان آن "دیگران" رای بدهند. در لحظاتی که ذهن من مشغول طرح این پرسش های بیهوده بود به آن نخبگانی اندیشیدم که در کشور من با صدور فرمان و دستورالعمل، اجازه نمیدهند به زبان مادریم، اشیا و افراد را صدا کنم. و این در حالیست که من از هیچ قاره یی دیگری نیامده ام و با این نخبگان ریشه در یک فرهنگ و حتا یک تبار دارم. ببین که تفاوت ره از کجاست تا به کجا؟ در سرزمین من دیگراندیشان به زنجیر کشیده می شوند و هندوان و سکها که باشندگان و صاحبان این سرزمین اند به گونه نظام مند مورد ستم و تجرید و تهدید قرار می گیرند و در آنجایی دیگر، شایستگان اقلیت ها بر سکوی قدرت برای خدمت به میهن شان تکیه می زنند.

آقای اوباما، ماستر پرزیدنت،

انتخاب شما را برای مردم کشور شما و همه آنانی که خواهان صلح و عدالت در این جهان اند، تبریک می گویم. این خوشنودی یک وزیر خارجه نیست؛ خوشنودی یک مبارز حقوق بشری و وفادار به ارزش های شهروندی است.

Tuesday, January 20, 2009

The Day of Hope

Рузи умед

Ман руъёе дорам, ки рузе ин миллат ба по бархезад ва ба дарки кеши ростинаш бирасад: «Бо дарки ин хакоики мубархану равшан таъйид мекунем, ки хамаи одамон баробаранд.»

Мортин Лутер Кинг, 1963


Агар гулулаи бадсиголе синаашро аз нафас тихй накарда буд, дар ин рузхо Мортин Лутер Кинг ба синни хаштодсолагй мерасид. Ва чи армугоне бехтар аз нишастани як сиёхпуст бар тахти раёсати чумхурии Омрико барои марде, ки умре мубориза кард, то хамнажодонашро хамсангу хамранги бокии шахрвандони кишвараш бибинад!

То чанд соъати дигар Чурч Буши Дуввум чулу палосашро аз Кохи Сапед чамъ хохад кард ва бо хонаводаву саги махбубаш мухимтарин махалли хукумат дар руи курраи Заминро тарк хохад кард. Баъд аз нимрузи сешанбе Борок Убомо – марде, ки хомили умеди милюнхо ва шояд милёрдхо навъи башар аст – вориди ин кох хохад шуд. У хам бо саги худ, ки кавл дода буд барои ду духтари навчавонаш бихарад. Умедворам ин танхо хамонандй ё вачхи ташобухи Убомо бо Буш бошаду дигар хеч.

Буш Омрикоро дар низортарин холати он ба халафи худ тахвил медихад. Ду чанги номаймуни у хамчунон идома дорад ва хамаруза чонхои омрикойиву гайри онро ба коми худ фуру мебарад; чахон гирифтори бухрони молии шадидест, ки хамонандашро дар хаштод соли ахир надидааст; дар паи ин бухрон бекорй дар Омрико бедод мекунад; сомона (систем)-и бехдоштии кишвар дар дами сакарот аст; чангхои наву кухна дар Ховари Миёна ва Офрико бар бори гарони руи души рахбари оянда меафзояд. Аммо Убомо муваззаф аст, ки бо хамаи ин мушкилот дасту панча нарм кунад.

Убомо дар замоне сари кудрат меояд, ки Омрико дар поинтарин мизони махбубияташ дар чахон карор дорад. Аз замони Чанги Чахонии Дуввум то кунун хеч раисичумхурие ба андозаи Чурч Буши Дуввум номахбуб ва шояд манфур набудааст. Дар дохили кишвар хам таи чандин мохи ахир мизони махбубияти Буш ру ба кохиш буда ва хар чи обруеро, ки дошт, аз байн бурд. Рахбаре, ки афзун бар хушунату тундхуие, ки дар арсаи байнулмилалй ба намоиш гузошт, бо балохати худ маъруф шуд. Касе, ки пеш аз хамла ба Афгонистон аз талаффузи дурусти номи он кишвар очиз буд. Порахое аз балохатхои гуфтории Буш дар торнигори Bushedy ба шакли тасвирй омадааст.

Аммо акнун Борок Хусейн Убомо меояд, ки ин тасвири махдуши абаркудрати чахонро тармим кунад. Агар ба назарпурсии мачаллаи Economist чопи Ландан бовар кунем, Борок Убомо раисичумхурии баргузидаи чахон аст. Бино ба ин назарпурсй, ки дар поёни соли гузаштаи мелодй анчом шуд, 44,311 тан аз Убомо ва танхо 7,781 тан аз МакКейн химоят кардаанд. Дар ин миён аз Точикистон танхо 12 раъй дарёфт шуда, ки мачаллаи Economist онро хатто ба хисоб наовардааст. Аммо гумони голиб бар ин аст, ки он раъйхо хам ба хаводорй аз Убомо дода шудаанд. Чун Убомо чехраест тоза, ки умедхои тозаро бо худ вориди Кохи Сапед хохад кард.

Чахор сол пеш дар паи пирузии гучастаки Буш Як Дарвеш навишта буд, ки раисичумхурии Омрикоро бояд мардуми хамаи чахон баргузинанд, чун рахбари Омрико дар кори хамаи кишвархои чахон дахолат мекунад. Бино ба хамон мантик, метавон гуфт, ки зохиран ин бор хак ба хакдор расида ва касе суккони киштии абаркудрати чахонро ба даст мегирад, ки баргузидаи чахониён хам хаст.

Аммо бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки сиёсатхои куллии Омрико билотагйиранд. Барои намуна, хатти машйи Омрико дар баробари Ховари Миёна ва масъалаи фаластиниёну Исроил наметавонад ба куллй тагйир кунад. Чун лоббии яхудихо дар Омрико кавитар аз хар давлати он кишвар аст ва ичоза нахохад дод, ки руйкарди Омрико дар баробари Ховари Миёна тагйир кунад. Вале хушбоварии ман мачол намедихад, ки ин пешбинии бадбинонаро бовар кунам. Аслан ба Убомо намеояд, ки марги бегунохонро бо ду дасти руи хам тахаммул кунад. Навиштахои у дар китобаш Audacity of Hope, ки пеш аз интихобот мунташир шуд, хокй аз шахсияте инсонист, на аз навъи хайвонии он, ки намунааш Чурч Буши Дуввум буд.

Ва аммо Чурч Буш. То чанд соъати дигар у ба торих хохад пайваст. Барои хамеша. Ба унвони яке аз нописандидатарин рахбарони Омрико, ки хайсияти хонадонашро лаккадор кард. Ба гунае, ки бародари у Чеб аз ширкат дар интихоботи намояндагони Сено даст кашид. Ихтиёран. Чун медонист, ки номи хонаводагиаш барояш пирузй нахохад овард. Боз хам ба накл аз Economist, як хешованди Буш гуфта, ки нишастхои хонаводагиашон монанди «шабнишинихои тархим» аст. «Тархим», яъне маросими хоксупории касе. Пас дарки хонаводаи Буш аз мусибатхое, ки Чурч Буши Дуввум бар сари чахон овард, хамонест, ки мо дорем. Зихй насиб!

То мехостам ин матлабро руи торнигор бигузорам, Тахмина гушзад кард: «Худоро сипос, ки Буш бидуни хамла ба Эрон маснадашро тарк мекунад.» Ин яке аз бузургтарин дагдагахое буд, ки дар сару дил доштам. Чун ба махзи хамлаи он нописандида мард худамро дар Техрон медидам ва дар дифоъ аз сарзамини худам. Чаро хамла накард? Чун саранчом хам у ва хам мушовирони бесаводаш мутаваччех шуданд, ки хамла ба Эрон ба суди Омрико нест. Чаро «бесавод»? Чун ба навиштаи манобеъи муътабар, Корен Хйуз (Karen Hughes) – яке аз наздиктарин мушовирони Чурч Буш, «ба нудрат китоб мехонд ва ба афроди китобхон эътимоде надошт.» Чамъе, ки аз китобхонй безор буд, сайёраи моро ба ин табохй кашонд. Чун таъкиди онхо руи бовар буд, на дониш. Ва хар неруе, ки руи бовар такя мекунад, мутаъассибе беш нест.

Чурч Буши инчилиро бо хун ба ёд хохем овард. Хуни фаровоне, ки ин мардаки норасида дар кишваре чанд равона кард. Давлати кунунии Омрико, ки то чанд соъати дигар ба зуболадони торих рехта хохад шуд, аз шумтарин сардамдорони умури чахонй буданд, ки мешуд тасаввурашро кард. Умед бар он аст, ки дигар чунин бадсигол давлате дар хеч абаркудрате руи кор наояд.

Борок Убомо нимрузи имруз (20 жонвие) ба фуруг хохад расид. Умедворем фуруге дуругин набошад, балки партави он ба хамаи бошандагони ин кураи хокй бирасад. Замин муштоки дасте мехрбор аст.

Wednesday, November 05, 2008

A Black Man in the White House

Сиёхпусте дар Кохи Сапед

به دبيره پارسی

Пирузии Борак Убомо дар интихоботи раёсати чумхурии Иёлоти Муттахидаи Омрико рохи дарозе буд, ки худуди хаштод сол пеш дар Урупо огоз гирифт ва саранчом дар он суи обхо то ба сар паймуда шуд.

Мусалламан, чунбиши сиёхпустони Омрикову Урупо решае бас жарфтар дорад, аммо то дахаи 1930-и мелодй талоши умдаи сиёххо дар ростои дур андохтани занчири бардагй ва сипас фосила гирифтан аз пешинаи дарднокашон анчом мегирифт.

Аммо дар дахаи 1930 буд, ки барои нахустин бор нидои баробарии тамому комили сиёххо бо сапедпустон баланд шуд ва орзухои баландпарвозонаи сиёххо барои даст ёфтан ба макомхои рахбарй дар кишвархояшон ба тадрич дарч ва пахш шуд.

Орзуи саромадони чунбиши Негритюд (Negritude) ё Чунбиши сиёхпустон чандон гайриъамалй хам набуд, ба гунае ки Леупулд Седор Сенгур (Léopold Sédar Senghor) – яке аз рахбарони ин чунбиш пас аз муддате нахустин узви сиёхпусти Фархангистони Фаронса (L'Académie française) шуд ва ниходи раёсати чумхурй дар Сенеголро хаму бунёд ниход ва худаш нахустин раисичумхурии он кишвар шуд.

Негритюд як чунбиши адабй ва сиёсй буд, ки равшанфикрони сиёхпусти мустаъмарахои Фаронсаро дарбар мегирифт. Аъзои ин гурух, ки тахти таъсири навиштахои Ланстун Хйуз (Langston Hughes) ва Ричорд Ройт (Richard Wright) – нависандагони сиёхпусти омрикойи карор доштанд, муътакид буданд, ки мероси муштараки сиёххо бехтарин абзор барои набард алайхи бартаричуйи ва султаи сиёсию зехнии фаронсавихост.

Дар хавзаи Короиб низ чунбиши мушобехе бо номи Негрисму (Negrismo) шакл гирифт, ки нигарони султаи зехнию сиёсии испониёихо буд ва талош мекард дар мудирияти чомеъа мушорикат дошта бошад.

Жон Пул Сортер (Jean Paul Sartre) – файласуфи баноми фаронсавй зимни тахлили чунбиши Негритюд дар соли 1948 онро «нажодпарастии зидди табъизи нажодй» номида буд. Яъне агарчи сиёххо худ аз нажодпарастии сапедхо ранч дида буданд ва бо он сари ситез доштанд, боз хам бар мабнои таъаллуки нажодии худ гирди хам омада буданд, то султаи нажоди дигарро дар хам бишкананд ва доманаи султаи худро бигустаронанд.

Дар дахаи 1960-и мелодй нависандагони сиёхпусте хам буданд, ки чунбиши Негритюдро сарзаниш мекарданд, чун ба гумони онхо Негритюд зиёдй миёнарав буд ва хамчунон дар банди таърифхо ва коъидахо ва шеваи зиндагй ва арзишхои хунарию адабии сапедхо гирифтор монда буд.

Аммо дар хамон давра буд, ки Омрико шохиди мавчи тозае аз чунбиши сиёхпустон ба рахбарии Мортин Лутер Кинг (Martin Luther King) – рухонй ва фаъъоли маданию сиёсй шуд, ки аз хушунат ва тундравй ба куллй фосила гирифта буд ва сирфан ба эътирозхои густардаи дастачамъй ва сулхомез пардохт.

Лутер Кинг тахти таъсири пирузии идеи адами хушунати Мохотмо Гондй (Mahatma Gandhi) дар Хинд чунбиши мушобехеро дар Иёлоти Муттахида рох андохт, бист бор зиндонй шуд ва чахор бор мавриди хамла карор гирифт, аммо саранчом ба иблоги паёмаш ба чахониён даст ёфт ва дар синни сию панчсолагй чоизаи сулхи Нубелро дарёфт кард.

Аммо андешахои Лутер Кинг дар чомеъаи он рузгори Омрико мухолифони сарсахте хам дошт. Соли 1968 яке аз мухолифони тундрав уро хангоми як рохпаймоии эътирозй кушт.

Мортин Лутер Кинг дар мондагортарин суханрониаш бо номи «Руъёе дорам» гуфта буд: «Руъёе дорам, ки чахор фарзанди кучаки ман рузе дар миёни миллате зиндагй кунанд, ки афродаш на ба хотири ранги пуст, балки бо таваччух ба мухтавои сиришташон казоват хоханд шуд.»

Шояд битавон гуфт, ки пирузии Убомо огози тахаккуки он орзуи Мортин Лутер Кинг аст.