Ман руъёе дорам, ки рузе ин миллат ба по бархезад ва ба дарки кеши ростинаш бирасад: «Бо дарки ин хакоики мубархану равшан таъйид мекунем, ки хамаи одамон баробаранд.»
Мортин Лутер Кинг, 1963
Агар гулулаи бадсиголе синаашро аз нафас тихй накарда буд, дар ин рузхо Мортин Лутер Кинг ба синни хаштодсолагй мерасид. Ва чи армугоне бехтар аз нишастани як сиёхпуст бар тахти раёсати чумхурии Омрико барои марде, ки умре мубориза кард, то хамнажодонашро хамсангу хамранги бокии шахрвандони кишвараш бибинад!
То чанд соъати дигар Чурч Буши Дуввум чулу палосашро аз Кохи Сапед чамъ хохад кард ва бо хонаводаву саги махбубаш мухимтарин махалли хукумат дар руи курраи Заминро тарк хохад кард. Баъд аз нимрузи сешанбе Борок Убомо – марде, ки хомили умеди милюнхо ва шояд милёрдхо навъи башар аст – вориди ин кох хохад шуд. У хам бо саги худ, ки кавл дода буд барои ду духтари навчавонаш бихарад. Умедворам ин танхо хамонандй ё вачхи ташобухи Убомо бо Буш бошаду дигар хеч.
Буш Омрикоро дар низортарин холати он ба халафи худ тахвил медихад. Ду чанги номаймуни у хамчунон идома дорад ва хамаруза чонхои омрикойиву гайри онро ба коми худ фуру мебарад; чахон гирифтори бухрони молии шадидест, ки хамонандашро дар хаштод соли ахир надидааст; дар паи ин бухрон бекорй дар Омрико бедод мекунад; сомона (систем)-и бехдоштии кишвар дар дами сакарот аст; чангхои наву кухна дар Ховари Миёна ва Офрико бар бори гарони руи души рахбари оянда меафзояд. Аммо Убомо муваззаф аст, ки бо хамаи ин мушкилот дасту панча нарм кунад.
Убомо дар замоне сари кудрат меояд, ки Омрико дар поинтарин мизони махбубияташ дар чахон карор дорад. Аз замони Чанги Чахонии Дуввум то кунун хеч раисичумхурие ба андозаи Чурч Буши Дуввум номахбуб ва шояд манфур набудааст. Дар дохили кишвар хам таи чандин мохи ахир мизони махбубияти Буш ру ба кохиш буда ва хар чи обруеро, ки дошт, аз байн бурд. Рахбаре, ки афзун бар хушунату тундхуие, ки дар арсаи байнулмилалй ба намоиш гузошт, бо балохати худ маъруф шуд. Касе, ки пеш аз хамла ба Афгонистон аз талаффузи дурусти номи он кишвар очиз буд. Порахое аз балохатхои гуфтории Буш дар торнигори Bushedy ба шакли тасвирй омадааст.
Аммо акнун Борок Хусейн Убомо меояд, ки ин тасвири махдуши абаркудрати чахонро тармим кунад. Агар ба назарпурсии мачаллаи Economist чопи Ландан бовар кунем, Борок Убомо раисичумхурии баргузидаи чахон аст. Бино ба ин назарпурсй, ки дар поёни соли гузаштаи мелодй анчом шуд, 44,311 тан аз Убомо ва танхо 7,781 тан аз МакКейн химоят кардаанд. Дар ин миён аз Точикистон танхо 12 раъй дарёфт шуда, ки мачаллаи Economist онро хатто ба хисоб наовардааст. Аммо гумони голиб бар ин аст, ки он раъйхо хам ба хаводорй аз Убомо дода шудаанд. Чун Убомо чехраест тоза, ки умедхои тозаро бо худ вориди Кохи Сапед хохад кард.
Чахор сол пеш дар паи пирузии гучастаки Буш Як Дарвеш навишта буд, ки раисичумхурии Омрикоро бояд мардуми хамаи чахон баргузинанд, чун рахбари Омрико дар кори хамаи кишвархои чахон дахолат мекунад. Бино ба хамон мантик, метавон гуфт, ки зохиран ин бор хак ба хакдор расида ва касе суккони киштии абаркудрати чахонро ба даст мегирад, ки баргузидаи чахониён хам хаст.
Аммо бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки сиёсатхои куллии Омрико билотагйиранд. Барои намуна, хатти машйи Омрико дар баробари Ховари Миёна ва масъалаи фаластиниёну Исроил наметавонад ба куллй тагйир кунад. Чун лоббии яхудихо дар Омрико кавитар аз хар давлати он кишвар аст ва ичоза нахохад дод, ки руйкарди Омрико дар баробари Ховари Миёна тагйир кунад. Вале хушбоварии ман мачол намедихад, ки ин пешбинии бадбинонаро бовар кунам. Аслан ба Убомо намеояд, ки марги бегунохонро бо ду дасти руи хам тахаммул кунад. Навиштахои у дар китобаш Audacity of Hope, ки пеш аз интихобот мунташир шуд, хокй аз шахсияте инсонист, на аз навъи хайвонии он, ки намунааш Чурч Буши Дуввум буд.
Ва аммо Чурч Буш. То чанд соъати дигар у ба торих хохад пайваст. Барои хамеша. Ба унвони яке аз нописандидатарин рахбарони Омрико, ки хайсияти хонадонашро лаккадор кард. Ба гунае, ки бародари у Чеб аз ширкат дар интихоботи намояндагони Сено даст кашид. Ихтиёран. Чун медонист, ки номи хонаводагиаш барояш пирузй нахохад овард. Боз хам ба накл аз Economist, як хешованди Буш гуфта, ки нишастхои хонаводагиашон монанди «шабнишинихои тархим» аст. «Тархим», яъне маросими хоксупории касе. Пас дарки хонаводаи Буш аз мусибатхое, ки Чурч Буши Дуввум бар сари чахон овард, хамонест, ки мо дорем. Зихй насиб!
То мехостам ин матлабро руи торнигор бигузорам, Тахмина гушзад кард: «Худоро сипос, ки Буш бидуни хамла ба Эрон маснадашро тарк мекунад.» Ин яке аз бузургтарин дагдагахое буд, ки дар сару дил доштам. Чун ба махзи хамлаи он нописандида мард худамро дар Техрон медидам ва дар дифоъ аз сарзамини худам. Чаро хамла накард? Чун саранчом хам у ва хам мушовирони бесаводаш мутаваччех шуданд, ки хамла ба Эрон ба суди Омрико нест. Чаро «бесавод»? Чун ба навиштаи манобеъи муътабар, Корен Хйуз (Karen Hughes) – яке аз наздиктарин мушовирони Чурч Буш, «ба нудрат китоб мехонд ва ба афроди китобхон эътимоде надошт.» Чамъе, ки аз китобхонй безор буд, сайёраи моро ба ин табохй кашонд. Чун таъкиди онхо руи бовар буд, на дониш. Ва хар неруе, ки руи бовар такя мекунад, мутаъассибе беш нест.
Чурч Буши инчилиро бо хун ба ёд хохем овард. Хуни фаровоне, ки ин мардаки норасида дар кишваре чанд равона кард. Давлати кунунии Омрико, ки то чанд соъати дигар ба зуболадони торих рехта хохад шуд, аз шумтарин сардамдорони умури чахонй буданд, ки мешуд тасаввурашро кард. Умед бар он аст, ки дигар чунин бадсигол давлате дар хеч абаркудрате руи кор наояд.
Борок Убомо нимрузи имруз (20 жонвие) ба фуруг хохад расид. Умедворем фуруге дуругин набошад, балки партави он ба хамаи бошандагони ин кураи хокй бирасад. Замин муштоки дасте мехрбор аст.
2 comments:
http://www.youtube.com/watch?v=GHxHTMlyaqQ
I have a dream too ! :)
http://www.youtube.com/watch?v=6v57bD5_gKY
Post a Comment