Пахши нахустгузориши ТВ Би Би Си аз Точикистон
Намоиши нахустин гузориши телевизюнй аз Точикистонро ба кормандони Би Би Си шодбош мегуям ва аз Сухроби Зиё сипосгузорам, ки сарфи назар аз сахлангорй ва бетаваччухии сарварони ин шабакаи тозакор гузориши шуста-руфтаеро тахвили мо дод.
Ин тасвирхо (дар бораи асароти бухрони молии чахонй руи кишвари мо) тасаввури мардум аз кишваре бо номи Точикистонро тагйир хохад дод ва бегумон, хамзабононро ба хамдигар наздиктар хохад кард. Чашмбарохи тасвирхои равшантари дигаре аз Точикистон хастем.
Вале ин хам далел намешавад, ки даст аз сари сардамдорони телевизюни Би Би Си бардорем. Бо мурури беш аз як хафта аз огози кори шабака тоза нахустин гузориш аз Точикистон пахш мешавад. Ин вазъият аслан бо шаъни Би Би Си ва сарзамини мо намехонад. Орзумандем, ки аз ин ба баъд садохову симохои бештаре аз Точикистон ва Осиёи Миёна дар телевизюни Би Би Си зохир шаванд.
PS. Карор аст ба зудй номи Душанбе хам дар чадвали эъломи замони пахши барномахо афзуда шавад.
Эроншахр: Ба Би-Би-Си нигох кунем!
No comments:
Post a Comment