Monday, January 19, 2009

HeratPress Criticises BBC Persian

Ба Би-Би-Си ба хотири хазфи Точикистон аз бахши форсй эътироз кунем

Баргирифта аз HeratPress.com

Вахиди Паймон

Дар гузашта Би-Би-Сии форсй барномахои родю ва сойти худро барои се кишвари Афгонистон, Эрон ва Точикистон мунташир мекард, аммо ин расона ахиран Точикистонро аз бахши форсии худ хазф намуда ва мунчар шудааст, ки Точикистон дар азхони мардум аз кишвархои форсизабон дур шавад.

Оё медонед хаштод дарсади мардуми Точикистон форсизабонанд? Оё медонед, ки Точикистон яке аз марокизи порсии кухан аст?

Дар солхои ахир барномахои хоссе барои наздик сохтани форсизабонони Эрону Афгонистон сурат гирифтааст, аммо дар ин миён аз точикхо хабаре нест.

Харчанд яке аз далоили адами хузури точикхо дар густариши фарханг ва тамаддуни порсй истифодаи точикхо аз хатти сириллик аст, аммо ин далел намешавад, ки гуяндагони забони порсии Точикистон аз кишвархои порсизабон чудо шаванд.

Алифбои сириллик алифбоест, ки мутаассифона, барои точикхо дар замони зимомдории Шуравии собик тахмил шудааст ва зуру кудрат набояд боъиси решакан шудани фархангу тамаддуни як кишвар шавад.

Ман то кунун натавонистам далели хоссе барои ин амалкарди Би Би Си, ки яке аз бунгоххои хабарпарокании кобили эътимод ва дерина дар байни форсизабонон аст, биёбам. Ба хамин хотир аз хама форсизабонон дар хар се кишвари умдаи форсизабон такозомандам то нисбат ба ин харакати Би Би Си муътариз шаванд ва аз он бихоханд далели конеъкунандае дар ин замина иброз кунад ва ё ин ки Точикистонро мучаддадан ба сервиси форсии телевизюн, родю ва сойти Би Би Си изофа намояд.

Албатта, кори хубу бехтари дигар ин аст, ки аз форсизабонони точик хам бихохем, то ба гузаштаи худ баргарданд ва хатту навиштори порсиро чойгузини хатти сириллики русй намоянд.

No comments: