(вижаи jadidonline.com)
به دبيره پارسی
То Шуравй аз хам напошида буд, бисёре намедонистанд Точикистон кучост ва чаро точикон форсй сухбат мекунанд. Ин тасвир дар холи тагйир ва китобхое, ки дар бораи Точикистон мунташир мешавад, ру ба афзоиш аст.
Чаро ба Точикистон сафар кунем? Ин нахустин пурсишест, ки дар дебочаи китоби рохнамои мусаввари «Точикистон ва кухистони Помир» омадааст. Барои бисёре аз мардуми чахон Точикистон кишвари чандон шинохташудае нест. Аз ин ру Роберт Миддлтун ва Хйу Тумос – ду нависандаи аслии ин китоби нафиси хафтсадсафхайи, ки ба инглисй навишта шуда, нахуст талош кардаанд ба ин пурсиши бачо посух бидиханд.
Нависандагони китоб Точикистонро кишваре медонанд, ки ба дарди як сайёх мехурад, на як гардишгари маъмулй, ки интизор дорад аз осоиши як сафари лукс бархурдор бошад. Точикистон махаллест барои касоне, ки хозиранд дар чустучуи чилвахову манзарахои дилфиребу вахшй рохе сахт ва ноошноро бипаймоянд ва мехнати рохро бо мехмоннавозии хорикулъодаи мардуми бумй чуброн кунанд. Дар вокеъ,
«Точикистон бихишти рохнавардону кухнавардон ва дучархасаворону аккосон ва афродест, ки муштоки дидани манзарахои зебо ва дастнахурдаанд. Кухистони Помир, Фон, Зарафшон ва Хисор фазои фарохи муносибе барои анчоми ин корхост.»
Барои бисёре аз гарбихо ин дидгохи нависандагони китоб гайримунтазира хохад буд, ки «Точикистон аз аксари кишвархои урупойи амнтар аст.» Дар холе ки дар паи чанги дохилии ин кишвар, ки дар соли 1997-и мелодй поён ёфт, сафоратхои гарбй дар торнамохои худ ба шахрвандонашон тавсия карданд, ки бехтар аст аз сафар ба Точикистон худдорй кунанд. Аммо дар вокеъ, мизони безехкорй дар Точикистон ба маротиб поинтар аз бисёре аз кишвархои урупойист. Бо вучуди ин ки то кунун дар борикахои марзии Точикистон бо Узбакистону Афгонистон ва дар бархе аз навохии минтакаи Рашт дар шарки Точикистон минхои солим аз даврони чанги дохилй бокй мондаанд. Аммо ин манотик нишонгузорй шудаанд ва эхтимоли бархурд бо минхо андак аст.
Вале хушдоре, ки нависандагон медиханд, марбут ба оби ошомиданист. Ба далели фарсудагии сомонаи обрасонии Точикистон оби шир (кран) дар саросари кишвар олуда аст. Аз ин ру аз нушидани об бояд чиддан пархез кард. Обро бехтар аст аз фурушгоххо бихаред.
Бахши одобу русуми мардумй хонданист. Мураттибони китоб ба зарифтарин нукоти марбута таваччух кардаанд ва барои намуна, аз мусофирон хостаанд, ки хамеша кабл аз вуруд ба хонаи касе кафшхояшонро дар биоранд; ба хангоми адои дуруду салом даст руи сина дошта бошанд; руи миз ё суфра по нагзоранд; хатто агар гизо иштихоовар набошад, дастикам ду-се бор ба он майл кунанд; дар поёни тановул ба нишони сипосгузорй аз наъамоти Худо даст ба рухсор бикашанд; дар хузури мардуми махаллй димогашонро бо сарусадо пок накунанд ва гайра. Беш аз хафтод сол сиёсати суннатситези шуравй хам натавонистааст ин одобу русумро бакуллй бизудояд.
Аммо он даврон дар миёни точикон одоти тозаеро марсум кардааст, ки алокаи мардон ба машрубот, ба вижа вудко, аз чумлаи онхост. Вудкоро дар зиёфатхо хамвора бо нушбодхои муфассал ва ба фаровонй менушанд. Барои ононе, ки ба нушидани вудко ху нагирифтаанд, китоби рохнамо тавсия мекунад, ки аз хамон огози зиёфат ба чои вудко обчав ё чой бинушанд, вагарна мачбур хоханд шуд бо исрори мизбон то поёни базм майгусорй кунанд.
Роберт Миддлтун дар бахши торихчаи Точикистон даврахои мухталифи ин сомон, аз сакойихову хахоманишиёну макдунихову портхову кушониён гирифта то Русияи тезорй ва Иттиходи Шуравиро ба ихтисор мурур кардааст. Вай менависад, ки номи «точик» нахустин бор дар садаи ёздахуми мелодй дар асари Махмуди Кошгарй – торихнигори турк зикр шудааст ва манзури у аз «точик» порсигуёни эронитабори минтака будаанд. Миддлтун ин эхтимолро матрах мекунад, ки шояд вожаи «точик» баромада аз вожаи чинии Daxia ё Ta-Haia ба маънои сарзамини бостонии Бохтар бошад. Бо гузашти замон вожаи «точик» ба хамаи порсигуёни эронитабор итлок шуд, ба гунае, ки Саъдии Шерозй хам дар як байташ худро «точик» меномад:
Шояд ки ба подшах бигуянд,
Турки ту бирехт хуни точик.
Таъкиди мукаррари нависандагони китоб руи хузури Искандари Макдунй дар минтака махсус аст. Шояд ба далели ин ки барои як хонандаи гарбй Искандари Макдунй ошнотарин ном дар миёни он хама номхои номаънуси дигар аст.
Миддлтун менависад, Искандар сарзамини Сугдро тахти инкиёди худ даровард, ки акнун бахшхое аз Точикистон ва Узбакистонро ташкил медихад. Лашкаркаши макдунй барои таскини мардуми махаллй бо Рухшона – духтари яке аз солорони сугдй издивоч кард.
Дар бахше аз китоб, ки дар бораи мардуми устони Бадахшони Точикистон аст, мехонем, ки бино ба ривоёте, мардуми ин минтака ранги равшани чашму пустро аз бозмондагони лашкари Искандари Макдунй ба мерос бурдаанд. Албатта, ин ривоят бунёди илмй надорад ва нависандагони китоб хам руи он таъкид надоранд ва муътакиданд, ки асолати мардуми Бадахшон ба даврахои басо пештар аз Искандар бармегардад ва бадахшихо ворисони сакоихои ориёии даврони бостонанд.
Дар кул дар понздах сафхаи китоби рохнамо аз Искандари Макдунй ёд шуда ва Хйу Тумос порае аз китобро бакуллй ба лашкаркашихои Искандар дар Вароруд ва шахрхои бачомонда аз у ихтисос додааст. Яке аз ин достонхо дар бораи набарди шадиди мардуми шахри Курушкада (Cyropolis) – Истаравшани имрузй дар шимоли Точикистон – алайхи Искандари Макдунист. Ба навиштаи Куртиус – торихнигори Юнони Бостон, хеч шахри дигаре дар баробари Искандар ин хама муковимат накарда буд. Курушкадаро дар хаволии соли 530-и пеш аз мелод Куруши Бузург бунёд ниход ва Искандари Макдунй пас аз тасхир он шахрро бар хок нишонд. У дар канори Курушкада шахре дигар сохт ва онро Искандарияи Дурдаст (Alexandria Eschata) номид, ки акнун мо онро бо номи Хучанд мешиносем.
Китоби рохнамои «Точикистон ва кухистони Помир» дар навъи худ бехамтост ва бештарин иттилоъоти мавчуд дар бораи ин кишварро аз манобеъи гуногун гирдихам овардааст. Гузоришхои тавсифии он гуёву рангин аст ва хокй аз ошноии наздики нависандагони китоб бо мардум ва сарзамини Точикистон аст. Хонандаи бохавсалаи ин китоб метавонад чузъиёти фаровонеро аз сарнавишти торихию чугрофиёйи, чонварону гиёхон ва фархангу хунари Точикистон ба даст оварад. Аммо хамин вижагии он китобро аз дигар рохнамохои чахонгардй мутамоиз кардааст. Дар вокеъ, китоби «Точикистон ва кухистони Помир» ба монанди худи кишвар ба дарди гардишгарони маъмулй намехурад, балки чуяндагони ташнаи дониш дар бораи ин кишварро сероб хохад кард.
Tajikistan and the High Pamirs
Robert Middleton, Huw Thomas
Odyssey Books & Guides
2008
700 pages
UK £18.95; US $29.95
1 comment:
Muzhdai tasvibi kitob maro nihoyat xushhol namud. Der boz intizor budam ki chunin yak kitobe bo ittilooi ganivu saheh dastras shavad, ki Tojikistonro ba olamiyon purra muarrifi kunad. Daste muallifon hej dardro nabinad. Tashakur.
Post a Comment