Кудрати як шоеъа
Бумби шоеъоте, ки шаби одина ва бомдоди шанбеи гузашта (9 ва 10 жонвие) дар шахри Душанбе мунфачир шуд, хокй аз печидагии авзоъи ичтимоъй дар Точикистон аст.
Хазорон тан аз мардуми пойтахти Точикистон шаби одинаро зери сакфи осмон дар сармои зимистон ба сар бурданд, чун бими онро доштанд, ки бар асари заминларзае маргбор зери овори хонаву кошонаашон хоханд монд. Шоеъа диккати замонии шигарфе дошт: гуё як донишманд пешгуйи кардааст, ки соъати сею ними бомдоди 10 жонвие (январ) замини Точикистон ба шиддат такон хохад хурд. Шуморе хам бар ин бовар буданд, ки як фолбини точик дар телевизюни Русия ин ходисаи дахшатборрро пешгуйи кардааст. Саранчом ошкор шуд, ки хеч як аз ин ду шоеъаи муртабит дуруст набудааст.
Аммо ин шоеъот боъиси афзоиши беморони амрози калб дар пойтахт шуда ва хазорон зудбоварро дар он шаб аз хонахояшон ба хиёбонхои сард рондааст.
Хар шоеъае метавонад се далели умда дошта бошад:
1. Шоеъоти «тамоюлй». Мардум орзуву омоли худро бо пахши шоеъот баён мекунанд. Ба монанди «Гугуш ба зудй дар Точикистон кунсерт хохад гузошт.»
2. Шоеъоти мубтанй бар тарсу вахм. Ба монанди «Узбакистон ба зудй интиколи гоз ба Точикистонро бакуллй катъ хохад кард.»
3. Шоеъоти бадбинона ба манзури ба хам задани равобити ду тараф. Ба монанди «Миёнаи Рахмон бо Убайдуллохов шакароб шуда ва ба зудй шахрдор аз макомаш барканор хохад шуд.»
Шоеъаи ахир бештар бо навъи дуввуми шоеъот мехонад. Заминларзахои сабуки 5 ва 6 жонвие заминаро барои бовари мардум ба вукуъи мусибат фарохам карда буд. Аммо манбаъи ростини он хануз равшан нест. Матбуъоти Точикистон талош кардааст дар ин маврид гумонахои фаровонеро матрах кунад, ки бештарашон ба тавтеапиндорй бармегардад, то ба хакикат.
Аммо норавшании сарчашмаи шоеъот ба хадде мухим нест, ки паёмадхои он мухим чилва мекунад. Мардум ба шоеъоте бовар кардаанд, ки манбаъи мувассаки расмй надошт. Пас бад-ин гуна метавон хар навъ шоеъаеро дар кишвар густард ва ба тамошои харчу марчи тамом нишаст. Яъне мардум манобеъи расмиро сарчашмаи дасти аввали иттилоъоти худ намедонанд ва мутмаин нестанд, ки хабаре бо он ахамият бояд пеш аз хама аз манобеъи расмй пахш шавад. Ин руйдод мояи сарафкандагии макомот ва расонахои расмист, ки натавонистаанд сомона (систем)-и боварбахши иттилоърасониро шакл диханд.
Чаро дигарбора ангушти иттихом ба суи макомот ва расонахои расмй нишона меравад? Зеро дар кишвархои пешрафта вукуъи як чунин руйдоде кобили тасаввур нест. Наметавон пиндошт, ки як чунин шоеъае мардуми, фарзан, Порисро хонабадуш кунад. Ва ё мардуми Ландан бидуни ин ки хабари расмиро аз расонахои кишварашон бишнаванд, по ба фирор ниханд. Зеро мардуми кишвархои пешрафта зудбовар нестанд ва барои хар шоеъа появу асос мехоханд. Аммо ин хую хилкати мардуми Бохтарзамин ба далели коркарди шоистаи макомоту расонахояшон дар мавориди мушобех шакл гирифтааст ва як хуи фитрй нест. Пас то замоне, ки зилзилаи ростине сомона (систем)-и моро зеру ру накунад, мардуми мо хамчунон дар баробари шоеъот осебпазир хоханд монд ва гоху бегох бисоташонро рахо хоханд кард ва по ба фирор хоханд гузошт.
No comments:
Post a Comment