Wednesday, June 08, 2016

Ду нухбаи ҳамзоду ҳаммир

Ду тан аз нухбагони сиёсии Тоҷикистони Шӯравӣ, ки ҳамзамон по ба ъарсаи вуҷуд гузошта буданд, ҳамзамон ҳам рафтанд. Қаҳҳор Маҳкамов ва Султон Мирзошоев, ки ҳар ҳар ду дар тӯли 84 сол ъумри худ дар сарнавишти сарзаминашон нақши нозудуданӣ гузоштанд. Ифтихори ҳамсуҳбатӣ бо ҳар дуро доштаам. Бо Қаҳҳор Маҳкамов дар 15-солагӣ дар утоқи Дабири аввали Ҳизби Кумунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Султон Мирзошоев ҳамин се сол пеш дар хонааш дар Душанбе.

Султон Мирзошоев бар сари раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дошт. Агар пешниҳоди ӯ намешуд, шояд ҳаргиз Раҳмон бар курсии устондории Кӯлоб, сипас раёсати Маҷлис ва саранҷом раёсати ҷумҳурии модомулъумр наменишаст. Агар оқои Раҳмон рӯзе ду нон бихарад, ъаҷаб нест, ки якеашро ба ёди оқои Мирзошоев назр кунад.

Оқои Мирзошоев, бо вуҷуди ин ки фарди фарҳехтаву огоҳе буд, ҳатталимкон аз интихоби худаш дифоъ мекард. Китобҳоеро, ки дар ин маврид навишта буданду навишта буд, варақ мезаду ба худ меболид, ки ҳамоно пешниҳоди ӯ роҳгушои оқои Раҳмон ба болотарин сутӯҳи силсиламаротиби қудрат шуд. Аммо шахсияти муаддабу дӯстдоштание дошт. Фарёд намезад, ҳарчанд пурсишҳои ман бисёр чолишангез буд. Дастпоча намешуд. Бо кунтрули аъсобаш мекӯшид ҳатталимкон посухи мантиқӣ ироа диҳад ва аз корномаи худаш дифоъ кунад.

Қаҳҳор Маҳкамов, аммо, аз он даста сиёсатмадорони тоҷике буд, ки наслашон дар дами инқироз аст. Сиёсатмадоре, ки дидгоҳи вежаи худро дошт, аммо дидгоҳи дигаронро нодида намегирифт. Ва агар медонист, ки аксарият бо ӯ нест, бар хостаи худ пофишорӣ намекард; бо вуҷуди ин ки имкону тавонашро дошт ва Маскав ҳам танҳояш намегузошт. Мардум истеъфояшро мехостанд. Истеъфо кард. Аммо Борис Пугу аз Маскав омаду дубора ӯро бар маснади раҳбарӣ нишонд. Ин дақиқан сухани худи Маҳкамов буд, ки дар посух ба мани навҷавон гуфта буд.

Ҳамин ки номаи интиқодомези як дабиристонии 15-соларо ҷиддӣ гирифтаву ӯро ба мулоқот хонда буд, дам аз шахсияти мутафовити ӯ мезанад. Албатта, гавҳари афрод дар муқоиса ошкор мешавад. Ҳарчанд дар он даврон бобати ҳимояташ аз ГКЧП, азияти устод Тоҳир ва дигарандешони дигар, забони ношевои порсиаш ва ба чандин далели дигар аз ӯ дили хуше надоштем, дар муқоиса бо имрӯз аст, ки ӯро мутафовит мебинем. Дубора истеъфояшро хостанд. Ин бор раисиҷумҳур буд ва бурида аз утоқи фармони марказ. Гуфт: “Ман меравам, вале шумо пушаймон мешавед”. Рафту дигар пушти сараш ҳам ъарсаи сиёсатро надид ва сиёсату сиёсатмадорӣ дар Тоҷикистон рӯ ба фано гузошт.

Як кори шодравон Қаҳҳор Маҳкамов кофист, ки ба ъунвони раҳбари хирадманд ҷовидона сабти торих шавад. Ва он кор аз хок бардоштан ва бар курсӣ нишондани забони модариаш буд. Ҳамӯ буд, ки иҷоза дод пас аз 60 сол забони миллии кишвар дубора расман “форсӣ” хонда шавад. Ин хидмати шодравон яке аз баргҳои заррини торихи муъосири тоҷикон аст. Ва агар ӯ 27 сол пеш чунин накарда буд, ба эҳтимоли қариб ба яқин имрӯз ҳам забони расмии мо бегона мемонд. Ҳарчанд тозабадавронрасидагон ёрои дидани “форсӣ” дар матни қонунро ҳам надоштанд ва онро дубора сутурданд, дар даврони ҳукумати Маҳкамов он тилисм як бор шикаста шуд. Маҳкамов нишон дод, ки он тилисм шикастанист. Пас мешавад дар оянда дубора онро шикаст ва парчами худиро барафрошт.

Равони ҳар ду рафта, ки як давронро бо худ бурданд, шод бод!

Friday, June 03, 2016

Дар идомаи баҳси сатру ҳиҷоб

Посух ба мулоҳизоти Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз Сайидюнуси Истаравшании гиромӣ сипосгузорам бобати ташреҳи дидгоҳҳояш дар бораи ҳиҷоби иҷборӣ. 

Бале, ҳамоно суҳбат аз иҷбор ва бавежа ҳиҷоби иҷборӣ аст ва коре бо ин таъбир намешавад кард. Он иҷбор чи аз тариқи вазъи қонун сурат гирифта бошад ва чи ҷузъи муқаррароти нонавиштаи ҷомеъа бошад (ва дигаронро маҷбур ба риъояти он кунад), чизе ҷуз иҷбор нест. Чун пӯшиш қазияе фардист, на ҷамъӣ ва, масалан, наметавон онро бо риъояти қоъидаҳои роҳ ё трофик ва чароғи роҳнамо муқоиса кард. Ва лав ин ки “дар мисол ҳаргиз муноқиша намешавад”, барои қиёсу татбиқи падидаҳои гуногун бояд намунаҳое овард, ки таҷонус дошта бошад, вагарна қиёси маъ-ал-фориқ ба шумор хоҳад омад.

Эҳтиром ба говҳои хуспида дар ҷоддаҳои Ҳинд ҳам ба ҳамин навъ қиёс бармегардад ва рабте ба мавзӯъ надорад.

Суҳбат аз таъарруз ба ихтиёроти шахсию фардист, ки бо бовару эътиқодот ва ҳувияти инсон сарукор дорад. Ва таҳмили он бовару эътиқодот ба фард-фарди ҷомеъа номе ҷуз “иҷбор” надорад. Ҳар он чизе ҳам, ки бо иҷбор пиёда мешавад, ҳаргиз мувофиқати сад дарсади мардумро ҷалб намекунад. Риъояти ҳиҷоб дар кишварҳое, ки қонуни ҳиҷоби иҷборӣ надоранд (ҳамон гуна ки оқои Истаравшанӣ намунаҳои Молезию Мисрро овардаанд) бештар мушоҳида мешавад. Ва дар ҷавомеъе, ки ҳиҷоб иҷборист (ба монанди Эрон) тамоюл ба риъояти ҳиҷоб башиддат рӯ ба коҳиш аст. Ва ин як раванди комилан табиъию мантиқист.

Қонуни ҳиҷоб дар Эрон ҳам чизе ҷуз иҷбор нест ва мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар ин маврид ибое надоранд. Ҳамон гуна ки дар навиштаи қаблиам аз қавли Ҳасани Рӯҳонӣ овардам, ӯ дар садри Инқилоби исломӣ масъули иҷрои “тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти артиш” будааст. Яъне номаш рӯи худаш аст. Ва пас аз тасвиби қонуни ҳиҷоб ҳам ин тарҳ бо номи “иҷборӣ кардани ҳиҷоб” матраҳ буда ва ҳаст. Оятуллоҳ Толиқонӣ ҳам мухолифи "ҳиҷоби иҷборӣ" буда ва гуфтааст: "Ҳиҷоби иҷборӣ надорем!" Пас ҳеч кулоҳи шаръие бар иҷборӣ будани ҳиҷоб наметавон гузошт.

Ва ҳамон гуна ки ҷаноби Истаравшанӣ изъон кардааст, ин мавзӯъ ҳамчунон дар миёни ъуламои ислом матраҳ аст ва наметавон ҳеч ҳукмеро ниҳоӣ ва малакутӣ ва ғайри қобили бозбинӣ талаққӣ кард.