Saturday, October 29, 2016

Шаҳри моро дубора бояд сохт

Шаҳри моро дубора бояд сохт,
Нардро инчунин набояд бохт.

Шаҳри мо маъмани ҷаҳоне буд,
Баҳри ъилму ҳунар чи коне буд!

Ъилми Суқроту калбиюну дигар,
Тиббу алҷабру аз кибору сиғар,

Ҳар чи буда, даруни мо мебуд,
Зарраҳояш ба хуни мо мебуд.

Ин ҳаюлои шуда роёна,
Ҳосили ъилми мост, ҷонона.

Ин тамошои телевизйунӣ,
Шабаҳи эътиёди афйунӣ,

Созае аз табори Хоразмист,
Ҳосили корубори Хоразмист.

Мавҷҳои тамоси ин телефун,
Бозгардад ба раги ин сару бун.

Хонаи мо дили ҷаҳонӣ буд,
Дасти мо ядди рабби сонӣ буд...

Шуму беофият замона расид,
Деви бемағфират ба хона расид.

Ъилму андеша гурезон шуда бас,
Чашмҳо лонаи афғон шуда бас...

Шаҳ-равони ҷаҳони гарданда,
Шому рӯзи хури дурахшанда,

Шоҳиди қиссаҳои мову шумост,
Монеъи ғуссаҳои мову шумост.

Дил қавӣ дор, ки боз оем мо,
Аз нишебе ба фароз оем мо.


***



28.11.2013

Шаҳре, ки шоҳаш гадо бошад,
Қаҳр аст... Нишонаи қаҳрест осмонӣ.
Баҳрест обистани сад тӯфон,
Маърака аст
Миёни майдоне, ки фардо дастҳо бар он хоҳанд руст.
Дастҳои барафрошта ба дуъо
Мушту панҷа хоҳанд шуд
Ва хоҳанд дарид

Шаҳреро, ки шоҳаш гадо бошад...