Monday, August 04, 2014

Аз ҷинси шарофату виҷдон буд...

(Вежаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Яке-ду соле буд садояшро нашунида будам. Садое, ки намешавад танҳо ошнояш хонд. Садои касе, ки бародарона канори ҳам бузург шудем, аммо зиндагӣ роҳҳои ҷудову дур аз ҳамро ҷилави пои мо гузошт. Сирфан то миёнаҳои роҳ канори ҳам будем.

Ҳар ду бо ҳам ба Донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи Миллӣ рафтем, аммо панҷ моҳ тӯл накашид, ки ман дигарбора аз марҳилаи таҳсил парт шудам. Ва диёри ғурбат маро балъид.

Аммо Толеъ бурдборона таҳсилоташро ба саранҷом расонд, вале дунболи орзуҳои варзишиаш рафт. Паҳлавон шуд. Дар риштаи вазнабардории қудратӣ (пауэрлифтинг) ҷаҳонқаҳрамон шуд. Дар Душанбе варзишгоҳе ба роҳ андохт, шогирдоне парвард, дар авҷи ҷавонӣ шаҳди устодиро чашид. Ва баъд, ҳамонанди бисёре дигар аз шоистагони ин миллати гирифтор роҳаш ба бурунмарз мунтаҳӣ шуд. Акнун дар Дубай мураббии варзишкорони маълули Амороти Муттаҳида аст. Ва ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, дар кишвари мо – Бритониёст. Шогирдони маълулашро овардааст, ки дар як мусобиқаи байнулмилалӣ нерӯозмоӣ кунанд. Бо ҳар комгории худ бар шодии равони падари шодравонаш меафзояд.

***

Занги телефунии Толеъ маро ба замонҳое бурд, ки умед зинда буд. Аслан умеду орзу василаи танаффуси мо буд. Айни Шоҳзода-кучулуи Экзюперӣ мутмаин будем, ки бо қалам мешавад дунёро тавре дигар тарсим кард ва дар даруни қоби тасвирамон мешавад то бениҳоят зисту хандиду хуш буд.

Мусаввире, ки он қаламро ба дасти ман дод, падари Толеъ буд. Аз ҷинси шарофату виҷдон буд. Ё шояд яктикка виҷдони бедор буд, ки имрӯза бояд бо заррабин дунболи ҳамонандонаш гашт. Мақолае, ки менавишт, ҷуз бад-он шакл наметавонист навишта шавад, вагарна ҳақиқати он осеб медид. Танзи лухту урёне, ки мегуфт, воқеъияти кареҳро ба урёнтарин ҳолати худ меовард. Ва ъумқи талхии он воқеъиятҳо “Хандаҳои гиряолуд”-аш ба само бармехост.

Имомназари Холназар, ки агар марги нобаҳангом амон дода буд, рӯзи шашуми ут (август)-и имсол 62-сола мешуд, аз диди мани шогирдаш, дар Тоҷикистон дигар ҳамонанде надорад. Шояд ҳам бошаду ман намедонам. Шояд бошад бузургворе дигар, ки дасти навҷавоне дилозурда ва партшуда аз донишгоҳро бигираду бигӯяд: “Донишгоҳи ту ҳамин дафтари ман аст. Ҳар он чи рӯзноманигорӣ мехоҳӣ, ҳамин ҷо фаро бигир. Ва чи беҳтар, ки ба доми чорчӯбҳои маҳдуди рӯзноманигории расмӣ науфтодӣ”. Шояд ҳанӯз бошад виҷдоне, ки дасташ тавони навиштани сухани ноҳақро надорад; ҳатто агар дар баробари ҳар ҳарфи навиштааш як ман зару сим нисораш кунанд. Шояд. Аммо то кунун ҳамонандашро надидаам.

То кунун касеро бо он шаҳомату хулус надидаам. Масун буд аз бемориҳои вогирдоре, ки ҷомеъаро дарнавардиданду бисёреро шикор карданд. Шуъури миллиаш сипари балои маҳалгароӣ буд ва виҷдонаш дофеъи дурӯғу фасод.

Солҳо пеш навҷавони барошуфтае буд, ки бар низоми ақидатии донишгоҳ шӯрид, ронда шуд, ноумеду дарбадар буд. Ва дасте бар сари таку танҳояш нишасту сарпаноҳаш шуд, роҳу чоҳро нишонаш дод ва масири зиндагиашро тарсим кард. Он навҷавон, ки акнун ба синне расида, дар таҷлил аз он дасти муборак, ки чи нобаҳангом рафт, сирфан роҳеро мепаймояд, ки ҳамӯ нишонаш дода буд.
 
Марги зудҳангоми Имомназари Холназар намоди ситамест, ки бар зеҳнҳои равшану виҷдонҳои бедори ин ҷомеъа меравад.

***

Бо Толеъ қарор гузоштем, ки рӯзи зодрӯзи устод дидорҳоро тоза кунем. Дар гӯшае аз Ландан ба ёди ҷовидном шамъеро равшан кунему ҳисобӣ бихандем. Танзи устодро бихонему қоҳ-қоҳ бизанем ба мусибатҳое, ки саранҷом моро мекушад. Бо хандаҳои тоҷикӣ, ки ҳамеша гиряолуданд.