Tuesday, July 26, 2011

Our Evil Neighbour

Ҳамсояи нобоби мо

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Ҳамсоя, яъне касе, ки ҳузури шумову худашро зери сояе муштарак таҳаммул кунад. Дар сурати набуди мизони лозими таҳаммул ҳамсоя ба мавҷуди бемояе табдил мешавад, ки пайваста дар паи осеб расондан ба шумо ва берун рондани шумо аз зери он соя аст.

Тайи бист соли ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Узбакистон, аз бахти бад, сояи шуми ин ҳамсоя аз сари сарзамини мо дур нашуд. Бо ин ки мардумони ду кишвар наздиктарин пайвандҳои қавмию фарҳангиро бо ҳам доранд, ҳукуматҳо бо ҳам намесозанд. Бо ин ки дар оғоз бисёр ҳам хуб бо ҳам месохтанд ва доноёни ҳол донанд, ки он созишҳо чи миқёси густардае дошт. Аммо давлати Узбакистон ҳаргиз ин воқеъиятро напазируфт, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил метавонад сиёсатҳои дохилию хориҷии худашро дошта бошад, рушд кунад ва ба зумраи кишварҳои пешрафта бипайвандад.

Дар воқеъ, Тоҷикистони пешрафта аз бадтарин кобусҳои Ислом Каримов дар заминаи сиёсати хориҷиаш аст. Тоҷикистоне, ки ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли бузургтарин ақаллияти қавмии Узбакистон, яъне тоҷикҳоро ба худ ҷалб кунад, барои уртоқ Каримов бадтар аз ҷанги ҷаҳонии севум аст. Ӯ худро муваззаф кардааст, ки Тоҷикистонро дар ҳолати фақру бенавоӣ кунсерв кунад, то ҳаргиз нутфаи он ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли тоҷикони Узбакистон ба Тоҷикистон (ҳамоне, ки дар оғози даҳаи 1990 имкони бурузи андаке ёфта буд), баста нашавад. Ин барномаи Каримов аз роҳи оташ задани китобҳои тоҷикӣ, бастани мадрасаҳои тоҷикӣ, бастани марз, бастани хатти парвоз, бастани роҳи вуруди вогунҳо, таҳрими тарҳҳои барқи обӣ, мумонеъат аз вуруди адабиёти порсӣ ба Узбакистон ва чораҳои бадсиголонаи дигар анҷом мегирад. Яъне мехоҳад аз як сӯ, монеъ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон шавад ва аз сӯи дигар, ҷилави барқарории иртибот миёни мардумони Тоҷикистону Узбакистонро бигирад.

Дар яке аз иқдомоти ахир созмонҳои, ба истилоҳ, мардумниҳод ва дар асл рӯ ба давлати Узбакистон бори дигар аз осеби зистмуҳитии корхонаи олюминиюми Тоҷикистон гила кардаанд ва мехоҳанд ин бор шикояташонро ба додгоҳҳои байнулмилалӣ бибаранд. Мусалламан, метавон аз зиёнҳои зистмуҳитии як корхона ба додгоҳ шикоят кард. Аммо оё дар ин замина пажӯҳише муштарак байни тарафҳои тоҷику узбак анҷом гирифтааст, ки иддаъои Узбакистон аз кӯчактарин эътиборе бархурдор бошад? На. Оё пешниҳоди анҷоми як чунин таҳқиқе аз сӯи Тоҷикистон шуда? Бале. Оё Узбакистон ба пешниҳоди Тоҷикистон вақъе гузоштааст? На. Пас ғалат мекунанд, ки аз Тоҷикистон ба ҷое шикоят бибаранд. Ин навъ муноқишаҳо метавонад танҳо бар пояи таҳқиқоти муштарак ва дастёбӣ ба додаҳои дақиқ мавриди баррасӣ қарор бигирад, на бо ҳавои даҳани ину он.

Ин иддаъоро кишваре мекунад, ки чанд сол пеш зоеъоти шимиёӣ (химикӣ)-и корхонаҳои шаҳри Фарғонааш боъиси бурузи бемориҳои чашму биноӣ дар миёни кӯдакони водии Фарғона шуда буд. Худи мақомоти беҳдоштии Узбакистон дар суҳбат бо хабаргузориҳо таъйид карда буданд, ки зоеъоти полоишгоҳи нафт ва чанд корхонаи шимиёии дигар бар саломати мардуми маҳаллӣ, бавижа кӯдакон, таъсироти суъи фаровоне доштаанд. Бемориҳо ба ҳадде шоеъ шуда буд, ки Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал дастбакор шуда буд ва дар миёни кӯдакон витомину дору тавзеъ мекард. Ин “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон”, ки камар ба шикоят алайҳи Тоҷикистон бастааст, он замон машғули гирду хурдан буд?

Дар ҳоле, ки 33 дарсади даромади нохолиси милии Узбакистон аз саноеъ ҳосил мешавад, бахши саноеъи Тоҷикистон танҳо 23 дарсади даромади нохолиси кишварро ташкил медиҳад. Таносуби иқтисоди азими Узбакистон ва иқтисоди тухмимурғии Тоҷикистон ҳам мадди назаратон бошад. Яъне миқдори зоидоту зоеъоте, ки Узбакистон ба фазо парт мекунад, чандин баробар бештар аз Тоҷикистон аст. Узбакистоне, ки 2200 корхонаву коргоҳи фаъъол дар беш аз 100 бахши санъатӣ дорад, ба як корхонаи нимаҷони олюминиюми Тоҷикистон гир додааст, ки таъминкунандаи аслии даромади арзии кишвари мост. Корхонаҳои Узбакистон аз ҳавопаймову троктуру худрав гирифта, то ҷарсақил (кран)-у телевизюну осонсур (лифт)-у хулоса, ҳама чиз месозанд. Аммо Тоҷикистон набояд ҳатто олюминиюм тавлид кунад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд аз якояки он корхонаҳо бипурсад, ки кадом якеашон мавозини кунтрули олудагиро риъоят мекунанд. Оё бештар аз 4 дарсади корхонаҳои Узбакистон, ки соли 1995 гузоришашро давлаташон дода буд?

Аслан, ба ин ҳама ададу рақам ниёзе нест. Дарёи Орол боризтарин намунаи як фоҷеъи зистмуҳитӣ дар ҷаҳон аст, ки он ҳам дар Узбакистон иттифоқ уфтод. Бо тағйири маҷрои Омӯдарёву Сирдарё барои обёрии пунбазорҳо аз чаҳорумин дарёчаи бузурги ҷаҳон акнун камтар аз нисфаш боқӣ мондааст. Дар натиҷаи он ба ҳаёти ваҳшу гиёҳони минтақа латмаи маргборе ворид шуд ва тӯфонҳои ғубору намаки дарёи Орол муҳити зисти ҷаҳонро дар маърази хатар гузоштааст. Истифодаи лагомгусехта аз маводди кишоварзии шимиёӣ аз сӯи Узбакистон таркиби обу хоки минтақаро ба ҳам рехтааст. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” чаро ба фикри наҷоти Орол ва перомуни он нест?

Дар ҳоле ки дар замони шӯравӣ барои ҳар ҳектор мазраъа танҳо аз се килуграм куд (удобрение; поруи шимиёӣ) истифода мешуд, акнун дар ҳар ҳектор аз мазореъи Узбакистон 20 то 25 килуграм куд мепошанд, ки таъсири вайронгаре ба муҳити зисти минтақа мегузорад ва бавижа оби ошомиданиро олуда мекунад. Дар натиҷа, мавридҳои маргумири кӯдакон дар батни модар ва инҳирофи шакли навзодон афзоиш меёбад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд ин масъаларо бар пешонии давлати худаш бикӯбад; дар ҳамон додгоҳи худаш, агар метавонад.

Ин танҳо бахши кӯчаке аз осебҳои зистмуҳитии азимест, ки корхонаҳои санъатии Узбакистон ба муҳити минтақа ва ҷаҳон ворид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон, ба ҷои дифоъи мудом аз худ, метавонанд бо ҳарбаи рақиб бар ӯ битозанд ва бо арзёбии муфассали осебҳои зистмуҳитии Узбакистон онро водор ба коҳиши мизони осебрасониаш кунанд. Мусалламан, корхонаҳои Тоҷикистон ҳам муваззафанд, ки мавозини зистмуҳитиро риъоят кунанд, то дар ин пайкор дасту забони дарозе дошта бошанд. Аммо он чи равшан аст, ҷанбаи пок сиёсии иддаъоҳои Узбакистон ҷиҳати боздоштани чархаи пешрафти Тоҷикистон аст, ки чунин мабод.

Monday, July 18, 2011

Russophiles Vs Persophiles

Пархоши миёни русгароёну порсигароён дар Интернет

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Пархошҳо, вақте ки маҷозӣ мешаванду ба сафҳаҳои интернетӣ кӯч мекунанд, яъне гоме дигар ба сӯи ҷомеъаи маданӣ пеш гузоштаем. Дар ин рӯзҳо, ки Интернет ва бавижа торнамои иҷтимоъии Фейсбук ба доди забони порсӣ дар Тоҷикистон расидааст ва гурӯҳҳое дар он барои эҳёи забони порсӣ дар хостгоҳи он, Осиёи Миёна, шакл гирифтаанд, табли изтироби мухолифони забони порсӣ дар Тоҷикистон баландтар навохта мешавад. Ва ин падидаи писандидаест. Ба ҷои ин ки ба сару сурати ҳамдигар бизанем, аз роҳи дур бо санги мантиқ ҳамдигарро мекӯбем, то шояд саранҷом мантиқ яке аз ду тарафро чира кунад.

Аммо шуморе аз ин ду гурӯҳ тобу таҳаммули зарбаҳои мантиқиро надоранд ва тарҷеҳ медиҳанд дарро ба рӯи мухолифони худ бибанданд ва дар хафо (махфиёна) ба якдигар нон қарз диҳанд.

Ахиран дар шабакаи Фейсбук гурӯҳи пӯшида ё сиррии КИТ таъсис шудааст. КИТ, ки нишони наҳангро дорад, кӯтоҳшудаи иборати русии “Клуб интеллектуалов Таджикистана” (“Бошгоҳи равшанфикрони Тоҷикистон”) аст. Албатта, ба мизони худбоварӣ ё эътимод ба нафси поярезони ин гурӯҳ бояд офарин гуфт, чун ҳар касе ҷуръат намекунад бедалел худро ҷузъи қишри “равшанфикр” бидонад. Бигзарем аз ин ки мафҳуми “равшанфикр” дар ҷомеъаи мо мубтазал ва пешипоуфтода шуда ва ҳар касе, ки “а”-ро аз “б” тафкик медиҳад, савдои равшанфикрӣ бараш медорад.

Нахустин вижагии занандаи ин гурӯҳ такяи талабкоронаи он ба забони русӣ ва безории он аз забони порсист. Ҳар фарди тоҷике, ки ҷуръати такаллум ба забони модарӣ ва таъкид ба навиштан ба забони модариашро дошта бошад, дар беҳтарин маврид нодида гирифта мешавад ва дар бадтарин маврид аз гурӯҳ ронда мешавад. Пеш аз ронда шудан мудири гурӯҳ паёме маҳрамона ба узви мавриди назар мефиристад ва ба ӯ ҳушдор медиҳад; дуруст ба монанди як ниҳоди давлатӣ.

Ин мушаххасотро гуфтам, то ду маврид барҷаста шавад: нахуст, безорӣ аз забони расмии Тоҷикистон ва дувум, безорӣ аз эътироз ва тамоюли гардонандагони гурӯҳи, ба истилоҳ, равшанфикрон ба истибдоду зӯргӯӣ. Ҷомеъае, ки ҳатто “равшанфикр”-аш гароиши қавӣ ба зӯргӯӣ дошта бошад, ҷомеъаи маҳрум аз равшанфикр аст.

Ин гурӯҳи интернетӣ чандин пурсишро матраҳ мекунад, ки ба пурсишҳои умда ишора шуд. Чаро иддае, ки худро “равшанфикр” медонанд, аммо аз таҳсилоти казоӣ бархурдор нестанд, ба худ иҷоза медиҳанд забони русиро ба унвони нишоне аз таҳсилкардагиашон ба сару сурати мухолифонашон чун салибе оҳанин бикӯбанд? Оё таҳсилоти русӣ, ки ин рӯзҳо сахт мелангад ва аз ҷаҳони Ғарб вопас мондааст, ба худии худ ба онҳо маърифати ҷаҳони башариро додааст? Агар он маърифатро медоштанд, оё бархурдашон бо мухолифони дидгоҳашон иваз намешуд?

Як чистони дигар ин аст, ки барои ин даста аз “равшанфикрон”-и Тоҷикистон ишқу пойбандӣ ба забони русӣ айни маърифату равшангарӣ ва нишонаи пешрафт аст ва ишқу пойбандӣ ба забони порсӣ (забони мардуми кишваре, ки ҷуръати баррасии масоилашро доранд) айни миллигароию иртиҷоъ ва нишонаи вопасмондагист. Оё ин гурӯҳи нокуҷоободӣ ҳаққи маънавии чунин арзёбиро дорад? Ва аслан решаи ин навъ арзёбӣ зери чи хоке нуҳуфтааст?

Яке аз аъзои фаъъоли гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук омили тарсро сарнавиштсоз медонад. Ба гуфтаи вай, “тарси аз даст додани мавқеъият ва имкони рақобат бо тоҷикзабонҳо, тарси одии аз даст додани ҷои кор” боъиси ин порсиситезӣ шудааст. Чун, ба ақидаи ин узви гурӯҳи “Забони порсӣ”, дар сурати такяи ҳар чи бештари ҷомеъаи Тоҷикистон ба дониши порсӣ ин даста аз “равшанфикрон” мавқеъият ва ҳатто фурсатҳои шуғлии худро ба суди он гурӯҳ аз порсигӯёне аз даст медиҳанд, ки ҳам порсӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиро беҳтар аз ин тоифа баладанд.

Ва боздидкунандаи ин гурӯҳро бовар намешавад, ки бист сол пас аз истиқлоли Тоҷикистон ҳам як русизабон аз забони русии як тоҷик эроди масхараомезе бигирад ва то бо пурсиши “оё шумо забони кишваратон Тоҷикистонро баладед?” ӯро ба миллигароии ифротӣ ва бадрафторӣ муттаҳам кунад. Яъне вақте ки як тоҷик забони русиро ба хубии як рус суҳбат намекунад, метавонад мавриди синҷину бозпурсии русҳо воқеъ шавад ва аз нодонии худ шарманда бошад. Аммо вақте ки як русизабони зодаи Тоҷикистон балад нест ду вожаи порсиро канори ҳам бигзорад ва мавриди пурсиш воқеъ мешавад, шахси пурсанда ба унвони як миллигарои шувинист ва русситез муттаҳам ва бадном мешавад. Мантиқи ин муъодила куҷо нуҳуфтааст, ки “равшанфикрон”-и мо ҳам қодир ба ёфтанаш нестанд? Оё далели ин густохии бегоназабонон бегонапарварии қонунҳои Тоҷикистон нест?

Бархурди забонии “равшанфикрон”-и Тоҷикистон ба худии худ падидаи ҷолибест; бигзарем аз он ки чи касе худро “равшанфикр” медонад. Аммо заминаи қонунии ин баҳс мояи андешаю баррасии ҷомеъест. Баҳонае, ки “равшанфикрон”-и русизабон пеш мекашанд, “забони муъоширати байнулмилалӣ” будани забони русӣ дар Тоҷикистон аст; ғофил аз ин ки мафҳуми “байнулмилалӣ” дар низоми навини ҷаҳонӣ ба маънои муъошират миёни мардуми кишвари мо ва кишварҳои дигар аст. Шакке нест, ки Шӯравӣ дар замини фарҳангии мо ҳам минҳои фаровоне киштааст ва дареғ аст, ки афроди “равшанфикр”-и ин ҷомеъа рӯи он пой бигзоранд. Ҳақиқат аз ин қарор аст, ки забони расмии Тоҷикистон забони порсист, ки дар кишвари мо бо номи “тоҷикӣ” шинохта мешавад. Ва ҳар фарде, ки аз дониши ин забон бебаҳра аст, бояд “равшанфикр будан”-и худро зери суол бибарад. Равшанфикре, ки дар тӯли умраш натавонистааст забони кишварашро фаро бигирад, оё барозандаи номи равшанфикрӣ ҳаст? Равшанфикронеро мешиносам, ки серӯза забоне ғайрро фаро гирифтаанд.

Медонам, ки бо эъломи ин пурсиш бисёре нависандаи ин сатрҳоро ба миллигароӣ муттаҳам хоҳанд кард. Хуб аст. Дар Тоҷикистон он чи кам дорем, миллигаро аст (дар ҳоле ки миллигароӣ лозимаи буруз ва зуҳури як миллат аст); ва он чи бисёр дорем, маҳалгаро ва бегонагарост. Бо кароҳат аз маҳалгароӣ ва бегонагароӣ ба миллигароӣ мечаспам (агар ин танҳо роҳи ба курсӣ нишондани ҳаққи тоҷикон барои идораи умур ба наҳви мавриди писандашон бошад) ва аз равшанзамирони ҷомеъа мехоҳам, ки парчами миллатро баланд барафрозанд ва дар баробари таҳдидҳои тоҷикситезон сари таслим фуруд наоваранд.

Thursday, July 14, 2011

A Nature Installed

Гуфтам: “Сиришти ман бинамо, Зоти кирдигор”,
Гуфто: “Туро зи фитрати Эрон сириштаам”.
Гуфтам: “Зи ёри кор маро баҳрае бувад?”
Гуфто: “Туро зи риштаи беёр риштаам”.
Гуфтам: “Сипосу арҷу намозат барам, вале
Бедодгарӣ нест магар сарнавиштаам?”
Гуфто: “Зи дод ҳарф маёвар, ки бар замин
Аз додгарӣ ҷуз ба фиғонаш наҳиштаам”.
Гуфтам: “Агар фаришта фиристӣ ба доди ман…”
Гуфто: “Мухотаби ту Худо, не фариштаам”.
Гуфтам: “Худои ман! Ту ба чоҳам чаро ниҳӣ?”
Гуфто: “Чи роҳҳо, ки ба чоҳи ту киштаам”.
Гуфтам: “Яке бигӯ, ки равонам шавад равон”,
Гуфто: “Яке кадом? Ҳазорон навиштаам”.
Гуфтам, ки сароғози ҳазорон кадом бувад?
Гуфто : “Ба порсӣ бинигар, дарнабиштаам”.

***

گفتم سرشت من بنما ذات کردگار
گفتا تو را ز فطرت ایران سرشته‌ام
گفتم ز یار کار مرا بهره‌ای بود؟
گفتا تو را ز رشتۀ بی‌یار رشته‌ام
گفتم سپاس و ارج و نمازت برم ولی
...بیدادگری نیست مگر سرنوشته‌ام؟
گفتا ز داد حرف میاور که بر زمین
از دادگری جز به فغانش نـَهشته‌ام
گفتم اگر فرشته فرستی به داد من...
گفتا مخاطب تو خدا، نی فرشته‌ام
گفتم خدای من، تو به چاهم چرا نهی؟
گفتا چه راه‌ها که به چاه تو کِشته‌ام
گفتم یکی بگو که روانم شود روان
گفتا یکی کدام؟ هزاران نوشته‌ام
گفتم که سرآغاز ِ هزاران کدام بود؟
گفتا به پارسی بنگر، درنبشته‌ام

Monday, July 04, 2011

The Language of Tajik Press

Андар забони матбуъоти тоҷик

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Матбуъот ойинаи тамомнамои миллат аст. Аммо гоҳ мехоҳам бовар кунам, ки матбуъоти Тоҷикистон ойинаи кажнамои мост; ойинаи мо нест… Ва агар ҳаст, бадо ба ҳоламон. Ин ҳама иборати подарҳаворо фикр намекунам ҳатто бишавад дар бузургтарин доиратулмаъорифи ғалатҳои ҷаҳон суроғ дошт.

Гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук (ки дӯстоне башӯхӣ “Файзибек” ва шуморе ҳам мубтакирона “Рухнома” унвон кардаанд) ин рӯзҳо саргарми кандуков дар расонаҳои Тоҷикистон аст. Шарте, ки аъзои гурӯҳ пазируфтаанд, баррасии ҷумлаҳои ғалати матбуъоти Тоҷикистон бидуни зикри унвони нашрия ва номи муаллиф аст, то дучори сангаргириҳои беҳуда ва кӯдакона нашавем. Мусалламан, муаллифони он сатрҳо офаридаи худро хоҳанд шинохт ва агар аҳли мантиқанд, бо мо роҳ хоҳанд омад ва агар эроди мо ғалат аст, дурустии худро собит хоҳанд кард. Аммо муҳимтар аз ҳама тарҳи ин мавзӯъҳо, андешидан бар сари онҳо ва кӯшидан барои дармони дарди забонию баёнии мост.

Дар бисёре аз мавридҳо мушоҳида мешавад, ки ҳаҷми як ҳафтаномаи 16-сафҳаиро то 8 сафҳа мешавад коҳиш дод. Аз роҳи ислоҳи ҷумлаҳо ва дур рехтани изофоти беҳуда ва гичкунанда, ки баростӣ, ба ҷои равшантар кардани мавзӯъ дарки онро ба яке аз ҳафт хони Рустам табдил мекунанд. Барои намуна, ба ду ҷумлаи зер таваҷҷуҳ кунед:
“Поягузории давлатдории навини миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта, солҳои воқеан тақдирсоз сурат гирифт. Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони ояндаи кишвар малакаи кори идоракунии ҷомеаро азхуд намудаву дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо мекунанд”.
“Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта”-ро дар канори “солҳои 1920-30” бигзоред ва бибинед, ки аз чи миқдор фазои сафҳа сарфаҷӯӣ шуд. Ва вақте аз “сиёсатмадорони оянда” суҳбат мекунем, пас он сиёсатмадорон ҳанӯз падид наомадаанд… Мантиқи ин ҷумлаҳо ҳамроҳ бо баёнаш мелангад. Пешниҳоди гурӯҳи “Забони порсӣ” барои ислоҳи он ба наҳви зер аст:

"Давлатдории навини тоҷикон тайи солҳои 1920-30 поярезӣ шуд. Дар ҳамон давра буд, ки сиёсатмадорони ҷавони ин сарзамин (он замон Тоҷикистон кишвар набуд) дониши мудирияти ҷомеъаро фаро гирифтанду дар оташи ҳаводиси он рӯзгор обдида шуданд ва барои расидан ба орзуи дерини миллаташон ҷонбозиҳо карданд".

Як намунаи дигар:
"Ширкати “Вавилон-Мобайл” дар як якҷоягӣ бо Контент-Провайдери Next Style аз санаи 2-юми июни соли равон иқдоми навбатии «Хати барор»-ро ба кор даровард".
Номи ширкат гувоҳи буҳрони ҳувияти мост, аммо чун исми хос тарҷумапазир нест, чорае ҷуз ҳифзи он дар ҷумлаи зер надорем, ки Исфандиёри Одина ва дигар аъзои гурӯҳи “Забони порсӣ” пешниҳод кардаанд:

“Ширкати “Вавилон-Мобайл” бо ширкати муҳтавопардози “Некст Стойл” рӯзи дувуми июн корзори муштаракеро бо номи “Хатти комгорӣ” ба роҳ андохт".

Дар ин маврид ҳам мебинем, ки ҳазфи аҷзои бекор ҷумларо кӯтоҳтар ва мафҳумро равшантар кардааст.

Ҷумлаи баъдӣ ҳам ҷанбаи хабарӣ дорад:
"Дар ноҳияи Данғара сохтмони сехи истеҳсоли пату (одёлбарорӣ) идома дошта, дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегирад".
Тасҳеҳи гурӯҳи “Забони порсӣ”: "Қарор аст дар остонаи ҷашни бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон коргоҳи патубофии ноҳияи Данғара ба баҳрабардорӣ бирасад. Сохтмони ин коргоҳ дар ҷараён аст”.

Мушкили умдаи ҷумлаи аслии боло корбурди вожаҳои бегонаи куҳна (сех) дар канори вожаҳои худии тоза (пату) ва истифода аз ғалатҳои баёнии “истеҳсол”, “арафа” ва “истиқлолият” аст. Ва боз ҳам бо баргардони дурусти он ҷумла мебинем, ки манзури нависанда табалвур ёфтааст.

Умеди Ҷайҳонӣ менависад:
“Мушкили бархе рӯзномахонону китобдӯстон ин аст, ки ба ҷои ҷустуҷӯи маънии вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ дар фарҳангҳои тафсирии порсӣ, муъодили он дар луғатҳои порсӣ-хориҷиро (порсӣ-англисӣ ё тоҷикӣ-русӣ) меҷӯянд ва гумон доранд, ки ҳамон баробаре, ки дар ин луғатҳо оварда шудааст, ягона маънои вожаи порсӣ асту бас”.
Яке аз паҳлӯҳои муъзал ҳамин аст. Паҳлӯи дигари он корбурди вожаҳоест, ки худи нависанда ҳанӯз онро бахубӣ фаро нагирифтааст. Як рӯзноманигори шинохташуда пайваста аз вожаи “чирикӣ” ба маънии “партизан” баҳра мегирад, ғофил аз ин ки “чирикӣ” сифати “партизан” аст, на исми он. Ва аз ин даст намунаҳо фаровонанд. Паҳлӯи севуми муъзал дар саҳлангорӣ ва бепарвоии рӯзноманигорон дар мавриди масъалаи забон аст, дар ҳоле ки бузургтарин масъулият дар баробари забони мардумро ҳамоно рӯзноманигорон бар дӯш доранд. Дар асри кунунӣ вожаҳову таъбирҳоро рӯзноманигорон дар забони мардум ҷорӣ мекунанд ё аз забони мардум мезудоянд. Вақте ки рӯзноманигор вожаҳоро аз растаҳои бозор мечинаду дар нашрияи худ ба хурди садҳо ҳазор тан медиҳад, дар воқеъ бояд пушти яке аз ҳамон дукконҳо ё растаҳои бозор бинишинад, на пушти мизи таҳрир. Як намунаи роҳ ёфтани чарандиёти кӯчаву бозор ба забони матбуъот ва дунболаравии матбуъот аз тӯдаҳои таҳсилнодидаро бидуни шарҳи изофӣ дар зер мебинед:
“Ман ҷўгиам! Чӣ ҳайрон шудӣ? Тоҷикӣ, пас ту ҳам ҷўгиӣ! Зеро ин нангро расман, ҳукумати ману ту, ЗАГСҳо ва мизҳои паспортдиҳӣ бар насабномаи Миллат насб кардаанд; сварка-кафшер! Бовар намекунӣ, ки Тоҷик ҷўгӣ аст? Марҳамат, дилхоҳ ҷўгиро манъ куну паспорташро проверка! Манъ кардӣ? Дидӣ?? Бовар кардӣ, ки ту ҳам ҷўгиӣ мисли ман, мисли любой вазир, генерал, майор, чиновник, эшону мавлавӣ ва ғ. ва ҳ.”
Ва саранҷом, чи дӯстон бипазиранду чи на, ҳақиқат сиришташро дигар намекунад: ошноӣ бо забони порсӣ (забони мову шумо, ки ин сатрҳоро мехонед) бидуни ошноӣ бо хатти порсӣ муяссар набувад. Ҳеч инсоне дар рӯи замин ба кони порсӣ роҳ набурда, магар ин ки алифбои порсӣ ҳам балад бошад.

Friday, July 01, 2011

A Separation... Nader & Simin

Ҷудоии Нодир аз Симин

(вижаи JadidOnline)

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” сохтаи Асғари Фарҳодӣ 10 тирмоҳ (01.07.2011) бо номи A Separation рӯи пардаи синемоҳои Бритониё рафт. Дар бораи ин филм, ки ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-и ҷашнвораи филми Берлин ва ҷоизаи аслии ҷашнвораи филми Сиднейро ба худ ихтисос дода, дар матбуъоти ҷаҳон матолиби бисёре мунташир шудааст. Он чи дар зер мебинед, фишурдаи баррасиҳои рӯзномаҳои чопи Ландан аз ин филм аст.

Рӯзномаи The Times:

Дар ҳар моҷарои талоқе ҳар ҷои дунё ҳар кадом аз ду тараф худро солеҳ ва ҳақбаҷониб медонад. Дар филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” шоҳиди ҷудоии як завҷ аз табақаи мутавассит ҳастем ва бо ҳар саҳнае аз ин низоъи хонаводагӣ ҳусни назари мо ба яке аз ду тарафи даъво мунтақил мешавад. Зану шавҳар ҳар ду ҷаззобу хубрӯ ва тудилбирав (дилёб) ба назар мерасанд ва пайдост, ки духтари ёздаҳсолаашонро дӯст доранд. Аммо дар баробари дурбине қарор гирифтаанд, ки ба қазовати кирдори онҳо нишастааст.

Рӯйдодҳои ин филми нофизу равшангар дар Теҳрон сурат мегирад ва ҳовии рӯзҳои охири заношӯии Нодир, як корманди бонк, бо Симин, омӯзгори мадраса, аст. Симин, ки нақши ӯро Лайло Ҳотамӣ, ҳунарпешаи моҳиру боварбахш бозӣ мекунад, як зани мудерну баландпарвоз аст, ки мехоҳад духтараш дар фазое озод бор биёяд ва заминаи хурӯҷи хонаводааш аз Эронро фароҳам кардааст. Нодир, ки нақши ӯро Паймони Муъодӣ бо шӯру ҳарорат офаридааст, дар тала (дом)-и фарҳанги ҷомеъа гирифтор монда ва дар дарки ин ҳақиқат, ки наметавонад падари беморашро тарк кунад; падари Нодир мубтало ба бемории Олзоймер (Alzheimer) аст.

Вақте Симин ба хонаи падару модараш меравад, ки онҷо бимонад, Нодир батанҳоӣ аз падару духтараш нигаҳдорӣ мекунад ва Розия, як зани фақир ва башиддат мазҳабиро барои мувозибат аз онҳо истихдом мекунад. Дар ҷараёни як даъво Розия осеби физикӣ мебинад, Нодирро муқассир (гунаҳкор) медонад ва пас аз муддате ду хонавода – яке аз табақаи мутавассит бо дидгоҳҳои секулор ва дигарӣ аз табақаи коргар бо дидгоҳҳои мазҳабӣ - бо ҳам даргир мешаванд ва бом бар сари хонадон фурӯ мерезад.

Гуфтугӯҳои ин филм, ки Асғари Фарҳодӣ, коргардони филм, навиштааст, содиқона ва табиъист. Нақши Тирма, духтарбачаи мадрасаиро Сорино, духтари Асғари Фарҳодӣ, бозӣ кардааст. Саранҷом, тамоми моҷароҳои филм ба ҳамин духтарбача, дарку фаҳм ва истинботи ӯ аз достон мутамаркиз мешавад…

Дурбин аз хилоли дару панҷараҳо ба дарун нигоҳ мекунад ё нописандона пушти мизи идораҳои расмӣ менишинад, ки кори Маҳмуди Калорӣ, филмбардори шинохташуда аст. Ӯ саҳнаро чунон фишурдаву танг дар қоб мегирад, ки фишору тақаллоро эҳсос мекунӣ… Тамошои филми “Ҷудоии Нодир аз Симин” бинандаро рӯи лабаи теғи эҳсосот қарор медиҳад.

Рӯзномаи The Telegraph:

Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғари Фарҳодӣ, барандаи чандин ҷоизаи ҷашнвораи филми Берлин дар соли 2011, намоиши моҳирона ва тасвири гирои Эрони имрӯз аст… Дар ҳар саҳнаи филм печутоб бар сари ҷузъиёти сарнавиштсози достон ва муъаммоҳои ахлоқии онро таҷруба мекунем ва ҳатто барои лаҳзае маҷоли онро надорем, ки худамонро дар канори танҳо яке аз чеҳраҳои филм қарор диҳем ва сирфан аз ӯ ҳимоят кунем. Дар ҳар саҳнаи муҳайиҷи филм гусал (гусастагӣ)-ҳои табақотию ҷинсиятӣ ва мазҳабӣ забардастона барҷаста шудааст.

Рӯзномаи Guardian:

“Ҷудоии Нодир аз Симин” тасвири равобити таракхурда ва озмуни якздонсолорӣ, низоми хонаводагӣ ва сиёсатҳои ҷинсиятию табақотист ва андӯҳи ҳавлноку фарогиреро ошкор мекунад, ки ба назар мерасад аз зери осфолт ва аз хилоли деворҳои оҷурӣ (хиштӣ) ҳам нуфуз мекунад. Дар намоиш додани парокандагии саросарӣ дар Эрон ин филм дар радифи корҳои Ҷаъфари Паноҳӣ ва Муҳаммад Расулуф қарор мегирад. Вале радди пои синемои Ғарб ҳам дар он машҳуд аст. Ин филм як хонавода аз табақаи мутавасситро нишон медиҳад, ки мавриди ғазаби як ғариба (бегона) воқеъ шудааст, муъаммоҳое ниманогушуда мондаанд, бархурдҳои хашмгинона, бори дӯши хонавода: падари солхурда ва ду кӯдак аз ду тарафи даргир, ки зоҳиран мехоҳанд бо ҳам дӯст бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо ҳокӣ аз таъсирпазирӣ аз филми “Пинҳон”-и Мойкл Ҳонеке (Michael Haneke; 2005) аст. Асғари Фарҳодӣ мисли Ҳонеке бо чоқуи колбудшикофӣ (скальпель – рус.) ба ҷони табақаи мутавассити сарзамини худаш уфтодааст…

Табақа ба андозаи ҷинсият ҳоизи аҳамият аст. Дар як саҳна гурӯҳе аз одамонро дар хона мебинем, ки дар ҳоли истироҳанд, футболи рӯмизӣ бозӣ мекунанд ва хуш мегузаронанд. Дӯстон метавонанд ба аъзои хонавода мулҳақ шаванд ва хуш бигзаронанд. Аммо Розия наметавонад. Розия монанди зане тирабахт машғули коре дар ошпазхона аст. Вақте муъаллими Тирма аз роҳ мерасад, аз ӯ ба унвони як меҳмони муҳтарам пазироӣ мекунанд. Охир ӯ ба духтарашон тадрис мекунад! Вале Розия чӣ? Ӯ ҳам масъулияти муҳимме дар баробари ин хонавода ба дӯш дорад ва аз падари Нодир мувозибат мекунад. Аммо ба ӯ арҷ намегузоранд. Ва ҳиссу шуъури мазҳабӣ ӯро дар мазиқаи бештаре қарор додааст.

Вақте Розия мутаваҷҷеҳ мешавад, ки қарор аст бо бадани бараҳнаи пирмард дар дастшӯӣ сарукор дошта бошад, ӯ ба имоми масҷидаш занг мезанад, то мутмаин шавад, ки ин кор муҷоз асту гуноҳ нест. Ӯ медонад, ки дар ин ҷаҳон сухани мард қонун аст ва бояд тан дод. Аммо кадом мард? Корфармои пулдори ӯ ё шавҳари бепулаш? Ҳама ҷои ин хонадон оғуштаи танишу рӯёрӯист.

Асғари Фарҳодӣ нишон медиҳад, ки ин вазъият ҳамонанди як истахр (ҳавз)-и пур аз бензин аст ва ҳар иттифоқе чун донае кибрит (гӯгирд)-и равшан дар он фурӯ меуфтад. Ҳама аз ҳуқуқашон огоҳанд ва аз бедодгариҳо ва хорӣ хашмгинанд ва занон абӯсона мутаваҷҷеҳи масъулияти дугонаи худ ҳастанд, ки ҳам бояд роҳи ҳалли корсозе пайдо кунанд ва ҳам бояд шавҳаронашонро ба пазируфтани он мутақоъид кунанд. Вале бар сари мавзӯъи фарзандон намешавад созиш кард.

Дар поёни достон Тирма чеҳраи аслист. Ӯ ҳама чизро медонад, ӯ падарашро ба эътирофи муҳимме вомедорад… Дарду хашми ӯ ғолибан пинҳон аст. Вале ҳамӯ касест, ки қарор аст бори гарони даргириҳои қазоию ахлоқиро бар рӯи дӯшҳои нозукаш бипазирад. Ҳақорату худхоҳии бузургтарҳо ин борро бар дӯши ӯ таҳмил кардааст: ин як навъ озори хоинона аст. Фарҳодӣ бо қудрату борикбинӣ ин даъвои зиштро табдил ба як трожедии муъосир кардааст.

Рӯзномаи Financial Times:

Дар шасту якумин ҷашнвораи филми Берлини имсол филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-Асғари Фарҳодӣ рекурдҳоро дарҳам шикаст ва ба унвони нахустин филми эронӣ ҷоизаи “Хирси тилоӣ”-ро бурд. Афзун бар ин, ҳамаи ҳунарпешагони ин филм маҷмӯъае аз ҷавоизро ба худ ихтисос доданд; ҳунарпешаҳои мард ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши мард ва ҳунарпешаҳои зан ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши занро бурданд. Ҳеч филми дигаре дар торихи ҷашнвораи Берлин сазовори се ҷоизаи аслӣ дониста нашуда буд.

Фарҳодӣ пештар ҳам аз коргардонони маҳбуб дар Берлин буд ва соли 2009 ҷоизаи “Хирси нуқраӣ”-ро барои филми “Дар бораи Элӣ”-аш дода буданд, ки як трожикумедии иҷтимоъии пурранг аст. “Ҷудоии Нодир аз Симин” ҳам ҳамон печидагии чандлояро дорад.

“Ҷудоии Нодир аз Симин” мамлув аз дурӯғгӯист; дурӯғгӯӣ барои наҷоти хонавода, барои наҷоти заношӯӣ ва ҳатто барои нарафтан ба зиндон. Гӯӣ ғаризаи бақои ҷомеъа ба кизб мутавассил мешавад; кизб чун нахустин хатти дифоъ.

[Асғари Фарҳодӣ мегӯяд:] “Маъмулан вақте касе дурӯғ мегӯяд, аз ӯ мутанаффир мешавем, чун дурӯғгӯиро зишт ва хилофи ахлоқ медонем. Вале дар инҷо дучори якдилӣ бо одаме мешавем, ки дурӯғ мегӯяд. Мо мефаҳмем, ки чаро ин мард ё ин зан дорад дурӯғ мегӯяд. Дар ҷомеъаи мудерни печидаи мо намешавад меъёрҳои суннатии ростию дурӯғро ба кор бурд. Зиндагӣ чиқадр мутафовит аст. Мо бояд бофту заминаи достонро бидонем”.

“Бофту замина” якест: тарс аз қудрати чи сиёсӣ ва чи мазҳабӣ бисёре аз андешаҳо ва амалҳоро – ҳатто дар сатҳи хонаводагӣ – таҳти таъсир қарор медиҳад…

Ҳисси тарс дар филм мавҷ мезанад ва мояи инсиҷоми достони он аст. Ва дар Эрон мавқеъияти муаллифи як асар аз қаҳрамононаш амнтар нест. Аз Фарҳодӣ мепурсам: “Барои худи ҳунармандон изҳори назар чиқадр сахт аст? Чизе, ки дар дигар бахшҳои ҷаҳон ба унвони як амри мусалламу одӣ мешиносанд… Оё филмсозон дар Эрон сарнавишти Ҷаъфари Паноҳиро ба унвони як ҳушдор диданду шинохтанд?”

Фарҳодӣ мегӯяд: “Шояд шумо ин тавр фикр кунед, вале воқеъият дуруст воруна (баръакс) аст. Филмсозон акнун доранд дар ин маврид ҳарф мезананд ва далерию шуҷоъати тозаеро мешавад эҳсос кард”…

Муъҷизае, ки шоҳидаш ҳастем, ҳамин синемои Эрон аст; як ҷунбиши мудерни ҳунарӣ бо ториху истимрори фавқулъода, ки ҳамчунон ҷилав меравад. Нудратан осори начандон хуб тавлид мекунад, баъзан ба ҳадди шоҳкор мерасад ва дар ин росто ҳамаи монеъҳои тарошишуда тавассути худкомагонро канор мезанад. Вақте ки баёни мустақим дар филмҳо хатарнок мешавад, ҳамеша роҳи ғайримустақимро ба ҳамон мақсад мепаймояд.