Ҳамсояи нобоби мо
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Ҳамсоя, яъне касе, ки ҳузури шумову худашро зери сояе муштарак таҳаммул кунад. Дар сурати набуди мизони лозими таҳаммул ҳамсоя ба мавҷуди бемояе табдил мешавад, ки пайваста дар паи осеб расондан ба шумо ва берун рондани шумо аз зери он соя аст.
Тайи бист соли ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Узбакистон, аз бахти бад, сояи шуми ин ҳамсоя аз сари сарзамини мо дур нашуд. Бо ин ки мардумони ду кишвар наздиктарин пайвандҳои қавмию фарҳангиро бо ҳам доранд, ҳукуматҳо бо ҳам намесозанд. Бо ин ки дар оғоз бисёр ҳам хуб бо ҳам месохтанд ва доноёни ҳол донанд, ки он созишҳо чи миқёси густардае дошт. Аммо давлати Узбакистон ҳаргиз ин воқеъиятро напазируфт, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил метавонад сиёсатҳои дохилию хориҷии худашро дошта бошад, рушд кунад ва ба зумраи кишварҳои пешрафта бипайвандад.
Дар воқеъ, Тоҷикистони пешрафта аз бадтарин кобусҳои Ислом Каримов дар заминаи сиёсати хориҷиаш аст. Тоҷикистоне, ки ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли бузургтарин ақаллияти қавмии Узбакистон, яъне тоҷикҳоро ба худ ҷалб кунад, барои уртоқ Каримов бадтар аз ҷанги ҷаҳонии севум аст. Ӯ худро муваззаф кардааст, ки Тоҷикистонро дар ҳолати фақру бенавоӣ кунсерв кунад, то ҳаргиз нутфаи он ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли тоҷикони Узбакистон ба Тоҷикистон (ҳамоне, ки дар оғози даҳаи 1990 имкони бурузи андаке ёфта буд), баста нашавад. Ин барномаи Каримов аз роҳи оташ задани китобҳои тоҷикӣ, бастани мадрасаҳои тоҷикӣ, бастани марз, бастани хатти парвоз, бастани роҳи вуруди вогунҳо, таҳрими тарҳҳои барқи обӣ, мумонеъат аз вуруди адабиёти порсӣ ба Узбакистон ва чораҳои бадсиголонаи дигар анҷом мегирад. Яъне мехоҳад аз як сӯ, монеъ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон шавад ва аз сӯи дигар, ҷилави барқарории иртибот миёни мардумони Тоҷикистону Узбакистонро бигирад.
Дар яке аз иқдомоти ахир созмонҳои, ба истилоҳ, мардумниҳод ва дар асл рӯ ба давлати Узбакистон бори дигар аз осеби зистмуҳитии корхонаи олюминиюми Тоҷикистон гила кардаанд ва мехоҳанд ин бор шикояташонро ба додгоҳҳои байнулмилалӣ бибаранд. Мусалламан, метавон аз зиёнҳои зистмуҳитии як корхона ба додгоҳ шикоят кард. Аммо оё дар ин замина пажӯҳише муштарак байни тарафҳои тоҷику узбак анҷом гирифтааст, ки иддаъои Узбакистон аз кӯчактарин эътиборе бархурдор бошад? На. Оё пешниҳоди анҷоми як чунин таҳқиқе аз сӯи Тоҷикистон шуда? Бале. Оё Узбакистон ба пешниҳоди Тоҷикистон вақъе гузоштааст? На. Пас ғалат мекунанд, ки аз Тоҷикистон ба ҷое шикоят бибаранд. Ин навъ муноқишаҳо метавонад танҳо бар пояи таҳқиқоти муштарак ва дастёбӣ ба додаҳои дақиқ мавриди баррасӣ қарор бигирад, на бо ҳавои даҳани ину он.
Ин иддаъоро кишваре мекунад, ки чанд сол пеш зоеъоти шимиёӣ (химикӣ)-и корхонаҳои шаҳри Фарғонааш боъиси бурузи бемориҳои чашму биноӣ дар миёни кӯдакони водии Фарғона шуда буд. Худи мақомоти беҳдоштии Узбакистон дар суҳбат бо хабаргузориҳо таъйид карда буданд, ки зоеъоти полоишгоҳи нафт ва чанд корхонаи шимиёии дигар бар саломати мардуми маҳаллӣ, бавижа кӯдакон, таъсироти суъи фаровоне доштаанд. Бемориҳо ба ҳадде шоеъ шуда буд, ки Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал дастбакор шуда буд ва дар миёни кӯдакон витомину дору тавзеъ мекард. Ин “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон”, ки камар ба шикоят алайҳи Тоҷикистон бастааст, он замон машғули гирду хурдан буд?
Дар ҳоле, ки 33 дарсади даромади нохолиси милии Узбакистон аз саноеъ ҳосил мешавад, бахши саноеъи Тоҷикистон танҳо 23 дарсади даромади нохолиси кишварро ташкил медиҳад. Таносуби иқтисоди азими Узбакистон ва иқтисоди тухмимурғии Тоҷикистон ҳам мадди назаратон бошад. Яъне миқдори зоидоту зоеъоте, ки Узбакистон ба фазо парт мекунад, чандин баробар бештар аз Тоҷикистон аст. Узбакистоне, ки 2200 корхонаву коргоҳи фаъъол дар беш аз 100 бахши санъатӣ дорад, ба як корхонаи нимаҷони олюминиюми Тоҷикистон гир додааст, ки таъминкунандаи аслии даромади арзии кишвари мост. Корхонаҳои Узбакистон аз ҳавопаймову троктуру худрав гирифта, то ҷарсақил (кран)-у телевизюну осонсур (лифт)-у хулоса, ҳама чиз месозанд. Аммо Тоҷикистон набояд ҳатто олюминиюм тавлид кунад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд аз якояки он корхонаҳо бипурсад, ки кадом якеашон мавозини кунтрули олудагиро риъоят мекунанд. Оё бештар аз 4 дарсади корхонаҳои Узбакистон, ки соли 1995 гузоришашро давлаташон дода буд?
Аслан, ба ин ҳама ададу рақам ниёзе нест. Дарёи Орол боризтарин намунаи як фоҷеъи зистмуҳитӣ дар ҷаҳон аст, ки он ҳам дар Узбакистон иттифоқ уфтод. Бо тағйири маҷрои Омӯдарёву Сирдарё барои обёрии пунбазорҳо аз чаҳорумин дарёчаи бузурги ҷаҳон акнун камтар аз нисфаш боқӣ мондааст. Дар натиҷаи он ба ҳаёти ваҳшу гиёҳони минтақа латмаи маргборе ворид шуд ва тӯфонҳои ғубору намаки дарёи Орол муҳити зисти ҷаҳонро дар маърази хатар гузоштааст. Истифодаи лагомгусехта аз маводди кишоварзии шимиёӣ аз сӯи Узбакистон таркиби обу хоки минтақаро ба ҳам рехтааст. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” чаро ба фикри наҷоти Орол ва перомуни он нест?
Дар ҳоле ки дар замони шӯравӣ барои ҳар ҳектор мазраъа танҳо аз се килуграм куд (удобрение; поруи шимиёӣ) истифода мешуд, акнун дар ҳар ҳектор аз мазореъи Узбакистон 20 то 25 килуграм куд мепошанд, ки таъсири вайронгаре ба муҳити зисти минтақа мегузорад ва бавижа оби ошомиданиро олуда мекунад. Дар натиҷа, мавридҳои маргумири кӯдакон дар батни модар ва инҳирофи шакли навзодон афзоиш меёбад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд ин масъаларо бар пешонии давлати худаш бикӯбад; дар ҳамон додгоҳи худаш, агар метавонад.
Ин танҳо бахши кӯчаке аз осебҳои зистмуҳитии азимест, ки корхонаҳои санъатии Узбакистон ба муҳити минтақа ва ҷаҳон ворид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон, ба ҷои дифоъи мудом аз худ, метавонанд бо ҳарбаи рақиб бар ӯ битозанд ва бо арзёбии муфассали осебҳои зистмуҳитии Узбакистон онро водор ба коҳиши мизони осебрасониаш кунанд. Мусалламан, корхонаҳои Тоҷикистон ҳам муваззафанд, ки мавозини зистмуҳитиро риъоят кунанд, то дар ин пайкор дасту забони дарозе дошта бошанд. Аммо он чи равшан аст, ҷанбаи пок сиёсии иддаъоҳои Узбакистон ҷиҳати боздоштани чархаи пешрафти Тоҷикистон аст, ки чунин мабод.
No comments:
Post a Comment