Решаро дарёб!
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Дишаб рӯи девори “Фейсбук”-ам паёми зерро навиштам:
“Эҳтимол дорад вожаи арабии “арӯс” баромада аз вожаи юнонии Eros бошад. “Эрус” номи илоҳаи ишқи Юнони бостон аст, ки “эрутик” (erotic) ҳам аз он муштақ шуда. Ба гуфтаи дӯсти ибризабонам Макси Муллоқанд, вожаи “арӯс” дар забони ибрӣ бидуни “ъайн” навишта мешавад, ки ҳокӣ аз решаи носомӣ (ғайрисомӣ)-и ин вожа аст. Дар порсии миёна ба “арӯс” “баюг” ва “ниюк” мегуфтанд”. Сипас аз Рӯдакӣ шоҳид овардам, ки фармояд:
Бас азизам, бас гиромӣ шод бод,
Андар ин хона ба сони навбаюг.
Таваҷҷуҳ ба ин навишта аз сӯи корбарон фузунӣ гирифту афзудам: “Зоҳиран ҳамаи вожаҳои порсӣ ё тозӣ (арабӣ)-е, ки поёнаи “-ус” доранд, юнониуласланд; ба монанди фонус, уқёнус, номус, қомус... Аз русҳо бояд пурсид, ки оё онҳо ҳам номашонро аз юнониҳо вом гирифтаанд ё на”.
Ҷумлаи охир ба маҳзи шӯхию саргармӣ буд, вагарна барои огоҳони амр равшан аст, ки вожаи “рус” решаи словӣ дорад ва ба маънои “сурхмӯй” аст ва бо “рыжий”-и русию “руж”-и фаронсавию “рушт”-и бадахшию “ред”-и инглисӣ ҳамреша; ҳаммаънои вожаи “суғд”, ки ҳамон “сурх” бошад. Чун ҳар ду табор бо мӯйҳои сурхи худ мутамоиз буданд.
Ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳ ба решаи вожаҳое буд, ки асолаташон барои мо шинохташуда нест ва ҳадси ман ҳам аз доманаи “эҳтимолужӣ” фаротар намерафт, аммо бар истидлолҳое муттакӣ буд. Чун вожаи “арӯс” барои забони арабӣ ҳам вожаи нисбатан нав аст ва, масалан, дар забони Қуръон ин вожа ба чашм намехурад. Нуктаи марбутаи дигар ин буд, ки вожаи “арӯс” ё “орӯс” ва дар давраи мутааххиртар “олӯс” дар адабиёти порсии миёна ва навин ба маънои “сапед” ҳам корбурд доштааст. “Олӯс” дар порсии Варорӯд ҳамчунон роиҷ аст ва ба чашми лӯч гӯянд, шояд ба далели инҳирофи мардумаки чашм, ки фазои сапеди бештареро дар чашм ба ҷо мегузорад...
Яъне баррасии як вожаи “арӯс” моро ба бараҳути вожагоние афканд, ки дар он аз илоҳаи ишқ гирифта то сурхмӯёну русҳову суғдиёну юнониёну лӯччашмон ҳозир буданд ва яке ба дунболи дигарӣ зери заррабин мерафтанд. Пас решаёбию решашиносии вожагон танҳо бо забон сарукор надорад, балки тайфи густардае аз зиндагию таҷрубиёту устураҳову пешинаи башариро дарбар мегирад. Аз инҷост, ки ин гуна донистаниҳо барои рушди андешаи як қавм боиста аст. Ҳамон гуна ки шинохти инсон аз гузаштааш ояндае дурахшонтарро барояш ба армуғон меоварад (чун аз иштибоҳҳои гузашта парҳез мекунад), донистани решаву пояи забону вожагон ҳам бар истеҳкому устуворӣ ва пӯёию ояндагустарии забон меафзояд.
Аммо шигифт аст, ки мо, порсигӯён, то кунун ба решаи вожаҳои худ аҳаммияте қоил набудаем ва фарҳангҳои луғоти мо орӣ аз нукоти решашинохтии вожаҳост. То кунун ба забону хатти роиҷ дар Тоҷикистон ҳеч фарҳанги решашинохтие ба нашр нарасида ва ҳатто дар Эрон ин риштаи забоншиносӣ ба талоши фаровоне ниёз дорад. Ҷилди нахусти “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ” ба қалами Баҳмани Саркоротӣ ва Муҳаммади Ҳасандӯст ва “Фарҳанги решашинохтии ахтаршиносӣ-ахтарфизик” ба тадвини Муҳаммад Ҳайдарии Малоирӣ аз маъдуди корҳои арзишмандест, ки дар ин замина тавассути порсигӯёни Эрон анҷом гирифтааст. Ва шигифттар он ки дар ин замина эроншиносони рус гӯи сибқатро аз мо рабудаанд ва то кунун се ҷилд китоби “Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ” («Этимологический словарь иранских языков»)-и В.С. Расторгуева ва Д.И. Эделман дар решашиносии вожаҳои эронӣ ҳарфи аввалу охирро мезанад. Аз Умеди Ҷайҳонии гиромӣ, тоҷики фарҳехтаи муқими Маскав, сипосгузорам, ки боъиси ошноии ман бо ин фарҳанги шигарф шуд.
Мо гоҳ бо руҷӯъ ба торих фахр мефурӯшем, ки нахустин китоби дастури забони арабиро на арабҳо, балки мо, эрониён нигоштаем. Фардо русҳо ҳам метавонанд ҷор бизананд, ки нахустин фарҳанги ҷомеъи решашинохтии забонҳои эрониро онҳо навиштаанд, на мо. Ин фарҳанг ҳанӯз батамом мунташир нашуда ва бегумон, дар поёни интишор ба унвони танҳо ганҷинаи муътабари решашиносии вожагони эронӣ матраҳ хоҳад шуд. Гӯӣ масали русии “Зри в корень» (Решаро дарёб)-ро накӯ дарёфтаанд. Чун бо шинохти реша аст, ки метавон чашмандози рушди шоху барги дарахтро тарсим кард. Бо мувозибат аз таҳдобу бунёди ганҷина аст, ки мешавад ганҷури комгоре буд. Бо шинохти решаи вожагон аст, ки метавон бар ғанои забон афзуд ва онро имрӯзӣ кард. Шинохти дирӯз мояи тарсими фардост. Ва ин чизест, ки мо дар ҳеч як аз чаҳор кишвари порсигӯй дарнаёфтаем (Гуфтам “чаҳор”, чун шумори порсигӯёни Узбакистон фузунтар аз кулли ҷамъияти кишвари мост ва лоҷарам онро ҳам узви ин ҷомеъа медонем).
Мо то кунун бо дарки устурагунае аз вожаи “тоҷик” иктифо кардаем ва ҳатто бо ҳамон хиёли воҳӣ парчами кишварамонро бо тоҷ оростаем, дар ҳоле ки шинохти дақиқтар аз ин вожа тасвире дигар ба даст медиҳад. Дар натиҷа дарки ғалат аз номамон ҳувияти моро ҳам дучора гирдоби сардагумӣ мекунад.
Кӯтоҳсухан, донишварони забоншиноси мо бояд мояи бештар бигзоранд, то ҳамонанди “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-и дуҷилда ҳамосае дигар биофаринанд ва нахустин фарҳанги ҷомеъи решашиносии забони порсиро тадвин кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти адабиёти русӣ дар ин замина тадвини як чунин фарҳанге кори сахт душвор нест; албатта, агар мақомот ҳам заминаи молии онро фароҳам кунанд. Агар ба ин муҳим даст ёбем, дар ҷаҳони порсигӯй пешоҳанги решашиносии забони муштаракамон хоҳем шуд. Аз дониши забонҳои порсию русӣ метавон баҳраи фаровоне бурд ва ин неъматро дар миёни порсигӯёни ҷаҳон танҳо донишварони мо доранд. Пас ин кор ҳам шуданист, агар ҳиммате ба харҷ диҳем.
No comments:
Post a Comment