Wednesday, August 03, 2011

Afghanistan's Persian: Obstacles and Objectives

(барои ҳафтаномаи “Озодагон”)

به دبیرۀ پارسی

Муҳаммадкозими Козимӣ шоъири саршиноси Афғонистон аст, ки 20 сол пеш бо шеъри баланде бо матлаъи зер дар маҳофили адабии Эрон номи баланде ёфт ва акнун дар зумраи шоъирони матраҳи порсигӯ дар ҷаҳон матраҳ аст:

Ғуруб дар нафаси гарми ҷодда хоҳам рафт,
Пиёда омада будам, пиёда хоҳам рафт.
Тилисми ғурбатам имшаб шикаста хоҳад шуд
Ва суфрае, ки тиҳӣ буд, баста хоҳад шуд…

Козимӣ аз ҷумлаи садҳо ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ буд, ки ба ҷабри рӯзгор раҳли иқомат дар Эрон афканда буданд ва ин шеър саропо бӯи талхи ғурбат медиҳад.

Аммо ҳамин ғурбат, ки бисёре аз ҷавонони Афғонистонро ба мавзӯъи ҳувият ва забон беш аз пеш ҷазб кард ва роҳгушои онҳо барои жарфиши донистаҳояшон дар заминаи забону адаб шуд.

Мақолаи зери Муҳаммадкозими Козимӣ ба мавзӯъи дардноке ангушт гузоштааст: забони порсӣ, ки дар “истилоҳоти расмӣ”-и Афғонистон бо номи “дарӣ” шинохта мешавад. Дар воқеъ, ононе, ки таҳаммули дидани якпорчагии порсиро надоштанд, дар Афғонистон ҳам номе дигар барояш сохтанд ва сифати “дарӣ”-ро, ки ба маънои “дарборӣ” ва “расмӣ” аст, дар соли 1964 ҷойгузини номи “форсӣ” карданд.

Танҳо кӯтоҳие, ки дар мақолаи зер мушоҳида мешавад, аз қалам уфтодани порсигӯёни Варорӯд аст, бавижа дар бахши “Заруратҳо”. Нависанда метавонист бо диде фарогиртар заруратҳои пешорӯи забони порсиро баршуморад. Аммо рӯиҳамрафта, ин мақола барои дарки мушкилоту муъзалоти забони порсӣ дар Афғонистон ҷустори бисёр судманд аст. Таъкиди Козимӣ ба пайравӣ аз мусавваботи Фарҳангистони забону адаб дар Теҳрон аз муҳимтарин нукотест, ки метавонад бо эҷоди як маркази фармон барои ҳамаи порсигӯён забони меъёри порсиро ҷаҳонӣ кунад.


Форсии Афғонистон: Таҳдидҳо ва заруратҳо

Муҳаммадкозими Козимӣ


Тарҳи баҳс

Пешина ва ҷойгоҳи забони форсӣ дар Афғонистон бар касе пӯшида нест. Сарзамини Афғонистони кунунӣ аз дербоз аз конунҳои аслии пайдоиш ва густариши ин забон буда ва бисёре аз мафохир (машҳурон)-и забону адаби форсӣ аз ин паҳнаи ҷуғрофиёӣ бархостаанд. Акнун низ, бо вуҷуди ҳамаи номулоимот, Афғонистон яке аз танҳо се кишвари дунёст, ки ин забон дар он расмият ва ривоҷи тамом дорад.

Форсии Афғонистон аз ҷиҳати иштимол бар (фарогирии) баъзе вожагони куҳани ин забон ва низ низоми овоии асили он метавонад барои дигар форсизабонони дунё низ ҷаззоб ва дар мавориде, бавижа рафъи мушкилоти мутун (матнҳо)-и куҳан, роҳгушо бошад. Аммо арзиши муҳимтари ин забон ин аст, ки муҳкамтарин пули пайванди фикрию фарҳангии аҳолии ду кишвар аст ва муҳимтарин ваҷҳи муштарак аз муштаракоти мардуми Эрону Афғонистон.

Таваҷҷуҳи вижа ба форсии Афғонистон ва зинда сохтани муштаракоти забонии мардуми ин минтақа ҳам метавонад ба ҳифзу беҳсозии забон дар ҳар ду кишвар кумак кунад ва ҳам метавонад қаламрави забони форсиро, ки дергоҳест дар маърази пора-пора шудан қарор дорад, лоақал дар вазъи кунуниаш ҳифз кунад ва гоме бошад барои зинда сохтани шукӯҳи дерини ин забон.

Акнун ба мадади забон ва хатти форсӣ бештарин имконоту зарфиятҳо барои иртиботи фарҳангии ду кишвар ба таври билқувва ва билфеъл вуҷуд дорад, чун Афғонистон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки маҳсулоти фарҳангии Эрон бидуни тарҷума ё ҳатто баргардон кардани хат дар онҷо қобили истифода аст.

Бино бар ин, барои Фарҳангистони забону адаби форсӣ, ки вазифаи сангини ҳифзи асолат ва низ беҳсозии ин забонро бар уҳда дорад, иноят ба кишвари Афғонистон ва масоили забони форсӣ дар онҷо як зарурат ба ҳисоб меояд.

Таҳдидҳо ва осебҳо

Бо ҳамаи пешина ва ҷойгоҳе, ки забони форсӣ дар Афғонистон дорад, бояд пазируфт, ки ин забон дар ин маҳди торихии худ бо номулоимоти бисёре рӯбарӯ будааст ва таҳдидҳову осебҳое мутаваҷҷеҳи он аст. Муҳимтарини ин таҳдидҳоро чунин метавон баршумурд:

1. Вуруди беравияи вожагони хориҷӣ дар қуруни ҳозир ва бавижа дар даҳаи ахир (ки ин кишвар ба таври ногаҳонӣ ва васеъ бо ҷаҳони хориҷ иртибот ёфтааст). Ин вожагон бавижа дар ҳавзаи донишу иртибототи имрӯзӣ бештар мушоҳида мешавад ва, мутаассифона, дар Афғонистон ҳеч азми миллӣ ё давлатие барои муқобила бо ин раванд вуҷуд надорад.

Он чи ин қазияро хатарноктар мекунад, ин аст, ки ба сабаби заъфи саводу дониши умумӣ ва ба эътибори ин бовари нодуруст, ки гӯё забони мардуми Афғонистон “дарӣ” аст ва на “форсӣ”, бисёре аз мардум бар ҳамон вожагони хориҷӣ ба унвони вожагони дарӣ пой мефишуранд ва ҳозир ба истифода аз вожагони форсии ҷойгузин нестанд. Бисёр дида мешавад, ки ҳатто баъзе аз нухбагони кишвар бар истифода аз вожагоне мисли “бойсикал”, “пругром” ва “фокулта” таъкид доранд, бо ин бовар, ки инҳо дарианд ва муъодилҳояшон, яъне “дучарха”, “барнома” ва “донишкада” форсӣ ва ғайри қобили истифода дар ин кишваранд.

2. Ҷойгузин шудани тадриҷии забони инглисӣ дар низоми идории ин кишвар, бавижа дар миёни муассисоти ғайридавлатӣ, ки аз сӯи кишварҳои хориҷӣ таъсис шудаанд ё ҳимоят мешаванд. Имрӯза дар ин муассисот бештари мукотибот бо инглисӣ анҷом мешавад ва ин равия ба сабаби иртиботи идороти давлатӣ ва ниҳодҳои омӯзишӣ бо ин муассисот дар онҳо низ камобеш ривоҷу русух ёфтааст. Бисёре аз касоне, ки акнун масдари кор дар кишвар ҳастанд, ононеанд, ки аз Покистон ё Ғарб баргаштаанд ва гоҳ тасаллуташон бар инглисӣ бештар аз форсист.

3. Шуюъ ва густариши ғалатҳои бисёр дар сатҳи овоии забон, ба гунае, ки бисёре вожагон талаффузе комилан мутафовит бо талаффузи шево ва фасеҳи форсӣ ёфтаанд. Корбурди калимоте мисли “зиёф” (зиёд), “оҳен” (оҳан), “коригар” (коргар) ва садҳо вожаи дигар аз ин даст гӯиши муҳовараи мардуми Афғонистонро барои ҳамзабонони эронишон номафҳум сохтааст.

4. Заъфи шадиди забон дар сатҳи дастурӣ, бавижа дар расонаҳо. Омили ин мушкил аз ҷонибе заъфи саводу дониши умумӣ ва нокоромадии низоми омӯзишии кишвар аст ва сӯи дигар, нуфузи хориҷрафтагони мусаллат бар урду ва инглисӣ, вале бегона бо форсӣ, дар ин расонаҳо.

5. Заволи тадриҷии гӯишҳои ғанӣ ва асили маҳаллӣ ва ғалабаи гӯиши пойтахт ба сабаби густариши расонаҳо. Он чи ин мушкилро шадидтар мекунад, адами вуҷуди ҳар гуна ниҳодест, ки аз гӯишҳои маҳаллӣ, вожагон ва арзишҳои онҳо муҳофизат кунад. Ба ин бояд афзуд эҳсоси таҳқиреро, ки мардуми шаҳрҳои кӯчак ва рустоҳо нисбат ба лаҳҷаи худ мекунанд ва мекӯшанд ин эҳсосро бо тарки лаҳҷаи худ ва пайвастан ба ҷараёни умумии лаҳҷаи пойтахт ҷуброн кунанд.

Далоил

Далоили куллии ин нобасомониҳои забони форсии Афғонистонро чунин метавон баршумурд:

1. Заъфи савод ва дониши умумӣ ба далели чанд даҳа ҷангу нобасомониҳои иҷтимоъию сиёсӣ. Дар ин фосила бисёре аз нухбагон ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд; бисёре аз ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ тахриб ё рокид шуданд ва табақаи мутавассити ҷомеъа, ки метавонист ҳомии донишу фарҳанг бошад, тақрибан аз байн рафт.

Албатта, дар солҳои ахир бо ҳимояти хориҷиён аз донишгоҳҳои давлатии Афғонистон ва низ ташкили донишгоҳҳои хусусӣ низоми омӯзишии кишвар рӯ ба беҳбуд аст. Вале мушкил ин аст, ки на кишварҳои дигар ба таъсиси риштаҳое мисли забону адаби форсӣ алоқа доранд ва на дар донишгоҳҳои хусусӣ ин ришта тарафдор ва мутақозӣ дорад, ба сабаби камбуди заминаи кор.

2. Бархурди ногаҳонӣ ва ҳамаҷонибаи Афғонистон бо ҷаҳони хориҷ, бавижа ҷаҳони араб, ба гунае, ки акнун бахши умдае аз фаъъолиятҳои илмию фарҳангии кишвар ба василаи муассисоти ғайридавлатии хориҷӣ сурат мегирад ё пуштибонӣ мешавад. Кормандони бумии ин муассисот, ки ғолибан барои иштиғол ниёзманди тасаллути комил бар инглисӣ ҳастанд, худ ба сурати ғайримустақим мураввиҷи ин забон дар миёни хонаводаи худ ва дар сатҳи ҷомеъа мешаванд.

3. Камтаваҷҷуҳии ниҳодинашудаи ҳокимияти паштузабони Афғонистон нисбат ба забони форсӣ, ки албатта, гоҳ ба сурати хусумат бо ин забон низ буруз мекунад. Талоши умдаи ҳокимият дар ин ҳафтод соли ахир ин будааст, ки аз сӯе забони паштуро ба унвони забони миллии кишвар матраҳ созад ва аз сӯе бо таъкид бар номи “дарӣ” барои форсии Афғонистон иртиботи онро бо хориҷ аз кишвар қатъ кунад. Дар мутуни дарсии Афғонистон басароҳат аз мустақил будани “форсӣ” ва “дарӣ” сухан меравад ва ҳатто решаи торихии инҳо мутафовит вонамуд мешавад.

4. Қатъи иртиботи нисбии форсизабонони Афғонистон бо форсизабонони хориҷ аз кишвар дар ин чанд даҳа ва дур мондани онҳо аз таҳаввулоти забони форсӣ дар кишварҳои ҳамсоя. Он чи ин қатъи иртиботро пуррангтар кардааст, ҳамон таъкиди ҳокимияти Афғонистон бар “дарӣ” номидани ин забон дар Афғонистон ва бегона донистани он бо “форсӣ” аст, ки бад-он ишора кардем.

5. Камтаваҷҷуҳии мутаваллиёни забони форсии Эрон ба форсии Афғонистон ҳам дар расонаҳои ин кишвар ва ҳам дар арсаи фаъъолиятҳои муштараке, ки метавонист монеъи он қатъи иртиботе шавад, ки дар банди пеш бад-он ишора кардем. Ҳақиқат ин аст, ки форсизабонони Афғонистон дар ин талоше, ки барои ҳифзи ин забон дар қарни ахир доштанд, сахт танҳо монданд. На ҳокимиятҳои Афғонистон ёригари онҳо буданд ва на ниҳодҳои фарҳангию адабии Эрон.

Заруратҳо

Бо таваҷҷуҳ ба он чи гуфта омад, барои ҳифзу беҳсозии забони форсии Афғонистон ин корҳо аз сӯи ниҳодҳои илмию адабии Эрон, бавижа Фарҳангистони забону адаби форсӣ, зарурӣ ва амалӣ ба назар мерасад:

1. Афзоиши иртибототи аҳли адабу қалами ду кишвар ба василаи мусофиратҳо, ҳамоишҳо ва иртиботҳои расонаӣ. Бояд пазируфт, ки бахши умдае аз мавонеъи иртиботи бештар миёни ҳамзабонон бар асари адами шинохт эҷод шудааст. Мардуми Эрон ғолибан забони форсиро хосси кишвари худ медонанд ва аз мизони ривоҷу нуфузи он дар хориҷ аз Эрон бехабаранд ва ба ҳамин сабаб, ниёзе ба ин иртибот ҳис намекунанд. Дар муқобил бисёре аз мардуми Афғонистон ба сабаби ҳамин тарзи нигоҳи мавҷуд дар Эрон ҳама чиз, ҳатто як иртиботи солимро бо бадбинию тардид менигаранд. Он чи метавонад ин адами шинохт ва бадбиниро аз миён бардорад, ҳамин афзоиши иртибот аст.

2. Иттихози як равиши маъқул ва санҷида барои бузургдошти мафохири адаби форсӣ, ба гунае, ки инҳоро битавон пули вифоқу дӯстӣ сохт. Мутаассифона, дар ин қарн шеваи бархурд бо мафохири адаб дар ҳар ду кишвар ба гунае будааст, ки сабаби ҷидолу чолиш ва кудурату суитафоҳум шудааст. Ба сабаби сиёсатҳои нодурусти фарҳангӣ дар солҳои пеш дар ҳар ду кишвар баъзе аз форсизабонон дар ду кишвар ҳамдигарро на ба чашми ҳамроҳу ҳамсӯ, ки ба чашми рақиб менигаранд. То вақте ки ин тасаввур ва ин нигариш вуҷуд дошта бошад, доду ситадҳои расмию васеъи забонию адабӣ миёни ду кишвар бо монеъ мувоҷеҳ хоҳад буд.

3. Ташвиқи расонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, бавижа Садо ва Симо, ба таваҷҷуҳи бештар ба Афғонистон аз манзари муштаракоти фарҳангӣ ва забони форсӣ. Акнун он чи аз Афғонистон дар Садо ва Симои Эрон дида мешавад, ба ҳеч ваҷҳ тасвири як кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон нест. Ин қазия бавижа барои рафъи суитафоҳумҳо миёни форсизабонони ду кишвар ва пазириши ин ҳамсӯӣ аз сӯи ҳамаи ақшори ҷомеъа муассир аст. Беҷо нест, агар бигӯем, ки бахше аз муқовимате, ки дар Афғонистон дар баробари ҳамсӯӣ бо форсии Эрон вуҷуд дорад, ношӣ аз муъаррифии нодурусти ин кишвар ва мардумаш дар расонаҳои Эрон аст.

4. Талош барои расмият бахшидани мусавваботи Фарҳагистони забону адаби форсӣ дар Афғонистон, то аз сӯе битавон аз самароти ин кӯшишҳо барои Афғонистон истифода кард ва аз сӯе роҳ барои тасбити як забони форсии ҳанҷору яксон дар ҳамаи ин қаламрав боз шавад. Чун бо вазъияте, ки дар Афғонистон вуҷуд дорад, ҳеч баъид нест, ки форсии ин кишвар ба сабаби ин тағйироти мутаволӣ ба як забони мустақил бадал шавад.

Албатта, расмият бахшидан ба мусавваботи Фарҳангистон дар Афғонистон машрут аст ба таъомуле, ки миёни давлатҳои ду кишвар сурат гирад, ба гунае, ки натиҷааш ё эҷоди як фарҳангистони воҳиди байнулмилалии забони форсӣ бошад ва ё ҳузури пуррангтари кишвари Афғонистон дар фарҳангистони кунунӣ, то давлатмардони ин кишварро низ ба афзоиши доираи нуфузи Фарҳангистон мутақоъид созад.

5. Талош барои ироаи китобҳо, нашриёт ва дигар маҳсулоти Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар кишвари Афғонистон аз тариқи интишори маҳсулоти Фарҳангистон дар ин кишвар ба василаи ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Ин кор ба василаи таъомул бо муассиоти интишоротӣ ва пахши китоб, ниҳодҳои баргузоркунандаи намоишгоҳҳои китоб ва ройзаниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон имкон дорад. Қобили ёдоварист, ки мутаассифона, бо ҳамаи заҳамоте, ки дар заминаи эҳдои китоб ва интиқоли китоб ба Афғонистон кашида мешавад, он чи дар амал ба дасти мардуми ин кишвар мерасад, ғолибан нокоромад аст ва ба ҳеч ваҷҳ ниёзи воқеъии мардумро таъмин намекунад. Бавоқеъ, гароиши умумӣ дар ин солҳо бар китобҳои динию идеулужик будааст, ки гоҳ худ сабаби эҷоди танишҳое шудааст, ба гунае, ки акнун дар баробари вуруди китоб аз Эрон ба Афғонистон мавонеъе ҷиддӣ эҷод шудааст.

6. Пазириши аъзое аз Афғонистон дар Фарҳангистони забону адаби форсӣ, ки ҳам мақбулияти умумӣ дар миёни аҳли қалами ин кишвар доранд ва ҳам дорои саводу дониши кофӣ ҳастанд. Ин саводу дониш сабаби тақвияти корҳои Фарҳангистон хоҳад шуд ва он мақбулияти умумӣ сабаб мешавад, ки пазириши мусаввабот барои мардуми Афғонистон саҳлтар бошад. Хушбахтона, мо акнун ҳам дар миёни таҳсилкардагони муҳоҷир дар Эрон ва ҳам дар дохили кишвар чунин ашхосе дорем ва дар сурати лузум метавон ба муъаррифии онҳо пардохт.

No comments: