Дар орзуи меваҳои ширини истиқлол
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Нигоҳе ба рӯйдодҳои ахири Тоҷикистон чандин муъзали муҳимми пешорӯи сарзамини моро барҷаста мекунад.
Қонуни гӯшношуниди тарбияти фарзанд пас аз он ҳама каланҷору фиғони матбуъотӣ саранҷом дар моҳи рамазон ба тасвиб расид ва кинае амиқ дар дили ҳазорон тан лона кард. Интиқодҳои байнулмилалӣ ҳам монеъ аз азми давлат ба эъмоли маҳдудият бар намозгузории навҷавонони зери 18 сол нашуд. Пештар ҳам гуфта будем, ки қонунҳое аз ин даст таъсири “бумерангвор”-е доранд ва дуруст баръакси хостаи мақомотро ба бор меоваранд. Намунаҳои бисёре дар ҷаҳони муъосир дорем, ки бо саркӯби тамоюлоти мазҳабии инсонҳо мақомот дар воқеъ он тамоюлотро ба зеризаминиҳо равона кардаанд, то фардо ба шакли хатаре даҳшатафкан пояҳои давлатро ба ларза оваранд.
Шакке нест, ки тундравии мазҳабӣ дар Тоҷикистон рӯ ба густариш аст, аммо аз роҳи мумонеъати дастрасии мардум ба омӯзишҳои мазҳабӣ ифротгароӣ решакан нахоҳад шуд, ки ҳеч, балки серобтару шукуфотар хоҳад шуд ва як мусалмони муътадилро ба вартаи ифротгароӣ парт хоҳад кард. Роҳи муқобила бо ғафлату ҷаҳолат пахши огоҳиҳо ва интишори китобҳои андешабарангез аст ва ироаи омӯзаҳои фалсафию иҷтимоъӣ аз тайфи васеъ ва тамоми адабиёти марбута аз дидгоҳҳои мухталиф. Ба ҷои интишори китобҳои барроқ барои таблиғоти пӯчи расмӣ мешавад ин кори накӯро барои ҷилавгирӣ аз балои фардо анҷом дод.
Дигар ин ки садҳо ҳазор тан аз навҷавонону ҷавонони тоҷик берун аз марзҳои кишвар дар бадбахтии ғурбат ба сар мебаранд ва дар ҳитаи нуфузи қонунҳои Тоҷикистон нестанд. Тозатарин намоиши хиффату хории ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия матлаби видеуии фаъъолони “миллигарои сусиёлист”-и рус буд, ки дар он се ноҷавонмард як ҷавони тоҷикро кутак мезананду озор медиҳанд; иттифоқе, ки шояд ҳар рӯз дар кӯю барзани кишвари кабир иттифоқ меуфтад ва гоҳ-гудоре аз роҳи маҷозӣ мухайялаи моро ба ошӯб мекашонад. Ин навъи ҳастии ҷавонони имрӯз чи армуғоне барои фардои мо хоҳад дошт? Ба ҷои тасвиби он қонуни нодир беҳтар он буд, ки ҳукумат донишварони тоҷикро гирди ҳам меоварду канкоше барпо мекард, то роҳҳои эҷоди фурсатҳои шуғлӣ дар Тоҷикистонро пайдо кунад ва ин ҷавононро аз таҳаммули ҳақорати ғурбат бираҳонад.
Пас аз эътирози диплумотики Сафорати Тоҷикистон бедиранг Русия ба талофиҷӯии мӯзиёна пардохт. Борис Гризлов, раиси Думои давлатӣ, дар изҳороте бесобиқа Тоҷикистонро дар баробари ду гузина қарор дод: ё марзбонони русро дубора дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон мустақар кунед ё муҳоҷирони кориро мавриди мазиқаи раводидӣ қарор хоҳем дод. Агар давлати Тоҷикистон ғуруре ба харҷ медоду билофосила гузинаи дувумро меписандид, сари тоҷикони худогоҳ дар саросари ҷаҳон ба осмон мерасид ва Тоҷикистон худ ба худ дар радифи кишварҳои худшиноси канораи Болтику Гурҷистон қарор мегирифт ва худ ба худ ҳимояти байнулмилалиро ҷалб мекард. Русия як кишвари бегона аст ва далеле надорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба онҷо бидуни раводид сафар кунанд. Касе, ки бо раводид вориди кишваре мешавад, аз арҷи бештаре бархурдор аст. Чаро бояд худамонро мадюни марҳамати русҳо бидонем, бераводид ба онҷо сафар кунем, барояшон хонаҳо бисозем ва кутак бихурему тавҳин шавем?
Ҳатман хоҳед гуфт, ки он гоҳ артиши якмилюнии муҳоҷирони кории тоҷик бояд куҷо бираванду чи кор кунанд. Ва ин ки ду милёрд дулор даромади солонаи муҳоҷирони корӣ аз чи роҳе бояд ба Тоҷикистон ворез шавад?
Магар ин тоҷикҳо ватан надоранд, ки танҳо роҳи зинда монданашон бояд хорӣ кашидан дар ғурбат бошад? Магар тоҷикҳо давлате надоранд, ки кафил ва зомини зиндагию маъишати мардуми кишвар аст? Мусалламан, дар оғоз сахт хоҳад буд, аммо то ранҷ набошад, аз ганҷ хабаре нест. Бозгашти муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон шароитеро падид хоҳад овард, ки эҷоди фурсатҳои шуғлӣ барои мардумро ногузир хоҳад кард. Ва тоҷикҳое ҳам ки пас аз он бо раводид вориди Русия мешаванд, аз тимсолҳои Равшану Ҷумшуд азият нахоҳанд шуд.
Пешниҳоди нахусти густохонаи Гризлов (бозовардани марзбонони рус ба Тоҷикистон) барои як кишвари мустақил тавҳиномез аст ва ҳокимияти Тоҷикистонро зери суол мебарад. Оё ин мақоми рус ҷуръат дорад, ки чунин пешниҳодеро ба Узбакистон ё Туркманистон кунад? Онҳо ҳам бо Афғонистон ҳаммарзанд ва шояд миқдори маводди мухаддире, ки аз марзҳои онҳо дарз мекунаду ба Русия мерасад, бештар бошад. Чаро Гризлов Тоҷикистонро ҳанӯз “ҳаёти хилват”-и худаш тасаввур мекунад? Чаро бояд ин тасаввурро ба сухра накашем ва ин ёри Путинро сари ҷои сазовораш нанишонем? Дилтангии женеролҳои рус ба пули ношӣ аз қочоқи маводди мухаддир ё тамоюли Русия барои тасоҳуби дубораи марз бо рафтани омрикоиҳо аз Афғонистон далели кофӣ нест, ки як мақоми кишваре бегона ин тавҳинро ба Тоҷикистон раво дорад.
Русия аз асп уфтодаасту ҳамчунон лагом ба даст дорад. Дар севумин солрӯзи ҷанги Русияву Гурҷистон бар сари Иристони Ҷанубӣ, ки ҳамин чанд рӯз пеш буд, Медведев бо боди ғабғаби ҳамешагиаш мегуфт: “То замоне ки Соокошвилӣ барканор нашавад, равобитамонро бо гурҷиҳо аз сар намегирем”, ки албатта, аз ин таҳдидҳои хирсона мӯи димоғи Соокошвилӣ ҳам такон нахурд. Аммо ин ҷумлаи беназокат ҳокӣ аз хиёли хоми Русия дар мавриди эҳёи импротурии пешинаш буд. Дар ҳамон рӯз ҳам суҳбати “пайвастан”-и Белорус ба ҳайъати Русия дар матбуъоти он кишвар пуррангтар шуд... Бояд ба ин одамон тафҳим кард, ки Тоҷикистон дигар ҳаргиз пазирои мустаъмарадорони пешинаш нахоҳад буд ва ин ки ормони сайтараи дубора бар Тоҷикистонро бо худашон ба зери деворҳои Кремлин хоҳанд бурд.
Танҳо чизе, ки Тоҷикистон ниёз дорад, ҷуръат аст: ҷуръати истодан дар баробари рақиб, ҷуръати “на!” гуфтан, ҷуръати даъват аз ҳаммеҳанони овора ба зодбумашон... ва садоқати амал, фидокорӣ, ҳалолкорӣ, дасту дили пок, то бо коҳиши фасод бишавад фурсатҳои шуғлии бештаре дар Тоҷикистон сохт ва кишварро ба дасти мардуми бумии он обод кард ва ин бор аз меваҳои ширини истиқлол чашид.
No comments:
Post a Comment