Хушдор: Агар тоби шунидани суханони як шаккокро надоред, лутфан ин матлабро нахонед, чун бароятон ба гирифтории зехнии алиме табдил хохад шуд.Шояд ин навиштахо эхсосоти бархе азизонро чарехадор кунад, аммо чун рох дар чахон якест ва он рохи ростист, умедворам накли далоилеро бар камин бо бузургворитон бибахшед.
Дар огоз аз тафсиру талкин худдорй мекунам ва оётеро аз сураи "Нисо" (Зан)-и Куръон шохид меоварам, то чойгохи зан дар китоби мукаддаси ислом бароямон равшантар шавад:
«Агар метарсед, ки дар бораи ятимон ба адолат рафтор накунед, бо заноне, ки барои шумо поку дилхохатон хастанд, издивоч кунед.
Бо дуто ва сето ва чахорто. Агар метарсед, ки беъадолатй кунед, ба як зан ё ба канизакон иктифо кунед. Ин кор барои ин ки зулм накунед, бехтар аст. (3)»
«Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки
писар ду баробари сахми духтарро дорад.»
«Агар хама духтар ва беш аз дуто буданд, ду севуми ирс мутаъаллик ба онхост ва агар факат як духтар буд, нисфи ирс ба у мерасад."
Афроде аз занони шумо, ки муртакиби кори зиште шаванд, чахор шохид бар хатои онхо бигиред. Агар шаходат доданд, онхоро
то вакти марг дар хона нигах доред ё ин ки Худо рохе барои онхо карор дихад. (15)»
«Ду марде аз шуморо, ки муртакиби кори зишт мешаванд (хамчинсбозй), бо азияту озор мучозот кунед.
Агар тавба карданду корашонро ислох карданд, аз онхо сарфи назар кунед. Чун Худо тавбапазири мехрубон аст. (16)»
«Модаронатон ва духтаронатон ва хохаронатон ва аммахоятон ва холахоятон ва духтари бародарон ва духтари хохаронатон ва модархои разоъии шумо, ки ба шумо шир додаанд ва хохархои ширии шумо ва модарзанхоятон, ки дар хонаи шумо хастанд, дар сурате ки бо модари онхо хамбистар шудаед, бар шумо харом хастанд. Магар ин ки факат акд карда бошед ва хамхобагй анчом нагирифта бошад, чун дар ин сурат ишколе бар шумо нест.»
«Ба хотири ин ки баъзеро бар баъзе бартарй додаем ва ба хотири харче, ки мекунанд,
мардон бар занон бартаранд (аз занон мурокибат мекунанд). Бино бар ин,
занони солехи фармонбардор дар гиёби шавхаронашон хофизи он чи Худо барои онон хифз карда хастанд. Занонеро, ки аз
нашуз (нофармонй)-и онхо
метарсед, аввал онхоро насихат кунед, дар рахтхоб аз онхо канорачуйи кунед ва
онхоро бизанед. Агар аз шумо итоъат карданд, дунболи рохе бар алайхи онхо нагардед. Чун Худо баландмартаба ва бузург аст. (34)»
Сураи «Ахзоб»«Эй Пайгамбар, мо занонатро, ки махрияи онхоро додайи ва канизонатро низ ки Худо насибат карда ва
духтаръаму ва духтаръамма ва духтардойи ва духтархолае, ки бо ту мухочират кардаанд, барои ту халол кардем. Ва
зани муъминеро, ки худашро бидуни махрия ба Пайгамбар бибахшад, дар сурате ки Пайгамбар бихохад бо у издивоч кунад. Ин хукми охир
факат ба ту ихтисос дорад, на ба муъминин. Мо медонем, барои муъминин дар мавриди хамсарон ва канизонашон чи дастуре додаем, то бар ту ишколе набошад. Мусалламан, Худо омурзанда ва мехрубон аст. (50)»
Дар «Аходис»-и
Имом Бухорй (vol. Iv, p.91) накли кавле аз Мухаммад хаст, ки гуфтааст, дар шаби баъсат ба малакут “мутаваччех шудааст, ки сокинони дузах
бештар аз зумраи занон хастанд”.
Мавзуъи сатр ё хичобро дар ду сураи Куръон мебинем: сураи “Ахзоб” ва бо тафсили бештар дар сураи “Нур”:
و َقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيوبِهِنَّ وَلَا يبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاء بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاء وَلَا يضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيعْلَمَ مَا يخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
«Ва ба занони боимон бигу дидагони худро фуру банданд ва покдоманй варзанд ва зевархои худро ошкор нагардонанд, магар он чи табъан аз он пайдост. Ва
бояд русарии худро бар гардани хеш андозанд ва зевархояшонро чуз барои шавхаронашон ё падаронашон ё занони худ ё канизонашон ё хидматикорони мард, ки (аз зан) бениёзанд ё кудаконе, ки бар авратхои занон вукуф хосил накардаанд, ошкор накунанд ва похои худро накубанд, то он чи аз зинатхошон нухуфта доранд, маълум гардад. Эй муъминон! Хамагй ба даргохи Худо тавба кунед. Умед, ки растагор шавед.»
وَ الْقَوَاعِدُ مِنَ النِّسَاء اللَّاتِى لَا يرْجُونَ نِكَاحًا فَلَيسَ عَلَيهِنَّ جُنَاحٌ أَن يضَعْنَ ثِيابَهُنَّ غَيرَ مُتَبَرِّجَات بِزِينَة وَ أَن يسْتَعْفِفْنَ خَيرٌ لَّهُنَّ وَ اللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
«Ва бар занони азкоруфтодае, ки (дигар) умеди заношуйи надоранд,
гунохе нест, ки пушиши худро канор ниханд, (ба шарте, ки) зинатеро ошкор накунанд ва иффат варзидан барои онхо бехтар аст ва Худо шунавои доност.”
Холо бибинем, ки шаъни нузули ояи 30-и сураи “Нур” чи будааст. Ба истинод ба Имом Бокир дар ин бора омадааст:
“Чавоне аз чамоъати Ансор дар шахри Мадина бо зане рубару шуд. Дар он замон занон пушиши сари худро
пушти гушхои худ меандохтанд (дар натича, баногуш ва гардани эшон ҳувайдо буд). Вакте зан аз канори вай гузашт, чавон сарро ба акиб баргардонд ва хамчунон ки рох мерафт, вайро назора мекард ва вориди кучае шуд ва дар холе ки ба пушти сари худ нигох мекард, ба рохи худ идома дод, ки сураташ ба устухон ё тиккаи шишае, ки аз девор берун зада буд, бархурд кард ва шикаст. Вакте он зан аз назараш махв шуд, нигох кард ва дид, ки бадан ва либосаш хунин шуд. Ва гуфт: Ба Худо савганд, хидмати Расули Худо мерасам ва уро аз ин масъала хабардор мекунам. Пас хидмати Расули Худо шарафёб шуд. Паёмбар аз холи вай чуё шуд ва у чараёнро ба иттилоъи он чаноб расонд. Пас Чабраил нозил шуд ва ин ояро овард».
Ин хам калофи дарозест, ки метавон соъатхо дар борааш гуфту навишт. Вале шаъни нузули он чолиб аст. Нахваи бастани русарй миёни занони чохилия дар ин тафсир ба нахваи ороиши сари бештари бонувони точик шабохат дорад, ки русариро аз пушти сар мебанданд. Ман то кунун касеро надидаам, ки бо дидани зане инчунин сари худро хуншор карда бошад. Чун мо ба ин навъи пушиш ху гирифтаем. Ва агар касе бо гузори хар зане ба ин шакл шахваташ барангехта шавад, бояд хатман дар мавриди саломати равонаш тардид кунад.
Холо дар Фарангистон. Мардхои фарангиро наметавон ба номардй муттахам кард, албатта, ки бо дидани зане зебо ба у дубора назар накунанд. Вале андак мавридеро метавон дид, ки пушиши зане касеро ба маталак гуфтан ба он зан водорад. Озодии зан дар мавриди пушиш як амри пазируфташуда ва табиъист. Мутмаиннан, сохтори магзашон аз мо мутафовит нест, аммо дидгоххои фархангишон табакабандии хоссе дорад ва медонанд, ки масалан, катор бошгохи шабона нест, ки бо духтарон лос бизанй. Тахарруки чинсй дар кучаву хиёбонхои Фаранг замоне рух медихад, ки тараф аз кишвари бастае омада бошад ё ба истилохи мардумй, нодида бошад. Ин як пахлуи мавзуъ аст.
Аммо эътирози ман ба эъмоли дидгоххои мардон бар занон аст ва кафасй кардани иродаи занон. Занхо, ки бузургтарин вазифаи башариро анчом медиханд, ба андозаи мардхо хиради онро доранд, ки чи гуна рафтор кунанду чи гуна либос бипушанд. Чаро мо бояд ба ин пиндори галат бошем, ки мардхо бояд ин чомеъаро кунтрул кунанд? Чаро фикри баробарй бо зан моро битарсонад? Чаро хамзистии шоиста ва боэхтиром бо занон муяссар набошад? Агар зан бо иродаи худ тарчех медихад хичоб бипушад, чаро монеъи у шавем? Ва агар боз хам у хост хичобашро канор бигзорад, чаро уро ба беъиффатй муттахам кунем? Ба ёди достони Эрач Мирзо уфтодам дар бораи зани мухаччабае, ки бо ин ки дар паскучае бо як мард амали чинсй анчом дод, боз хам хушхол буд, ки хичобашро хифз кардааст. Чи басо занони бехичобе, ки аз иффати бештар бархурдоранд ва чи басо мухаччабахое, ки аъмоли мармузи чинсй барояшон фикри музохим (навязчивая идея) ва укда шуда ва зиндагиашонро махдуш кардааст.
Кутохи калом, мард метавонад ба хамсари худ дар бораи пушишаш назар бидихад, хамон тавре ки зан мекунад. Аммо хакки маънавии тахмили як пушиши вижа бар занро наметавонад дошта бошад.