Wednesday, September 19, 2018

Даъвои Маърифатситезон бо Маърифатдӯстон



Баҳсҳо бар сари ҳунари худвежаи Маърифати арҷманд шабеҳи достони филу мардони нобиност, ки яке пои пилро палмосиду фикр кард сутун аст; дигарӣ дасташ ба гӯшаш расиду фикр кард бодбизан аст, севумӣ ба хуртумаш даст заду пиндошт море дурушт аст; чаҳорумӣ шикамашро ламс карду гуфт: “Девор аст”; панҷумӣ думи пилро такон доду гуфт: “Ресмон аст”...

Дар ин моҷаро ҳам шуморе дар наққошиҳои Маърифат ҳунари волоро мебинанд ва гурӯҳе ҳам фаҳшу фисқу фуҷурро. Далелаш ҳам равшан аст. Ҳар касе андархури шуъури худ ашёро дарк мекунад. Касе, ки зеҳнаш ҳунарро аз фисқу фуҷур тафкик медиҳад, ҳаргиз бо дидани наққошиҳои Маърифат дучори шаҳват ё таваҳҳумоти ҷинсӣ намешавад, балки бар вежагиҳо ва баёни ҳунарии он, паёми тоблуҳо ба бинанда, манзури наққош, нигоҳи қаҳрамон, ҷузъиёти наққошӣ, мазмуни якояки аҷзои наққошӣ тамаркуз мекунад.

...Ба қавли Мавлавӣ, ҳар касе аз занни худ (яъне гумони худ) шуд ёри ман.
Ё ба қавли русҳо, “Каждый думает по мере своей испорченности”.

***

Ва як мушоҳидаи дигар аз баҳсҳои рӯдадароз дар бораи наққошиҳои Маърифат:

Ҷолиб инҷост, ки "тарафдорони ъиффату покӣ", ки ин тоблуҳоро нишонаи беъиффатию нопокӣ медонанд, дар баҳсҳо баддаҳантару беадабтар аз ҳар каси дигаре ҳастанд. Яъне барои ҳифзи одобу ъиффат забони худро меолоянду алфозу баёнеро ба кор мебаранд, ки дар ҳамаи ҷавомеъи башарӣ ниҳояти беадабӣ ба шумор меояд. Ва дуруст воруни он, ҳаводорони озодии баёну ҳунар ва ҳомиёни Маърифат аз чунон маърифате бархурдоранд, ки покиро аз олудагӣ тафкик медиҳанд ва ҳаргиз лаб ба бадгӯию алфози қабеҳ намегушоянд. Ин нукта баёнгари ҳақоиқи бисёрест ва на танҳо сатҳи шуъур, балки тазоҳури бархе ба посдории ъиффату покӣ ва пойбандии самимонаи гурӯҳи дигар ба покию ъиффатро ҳам ошкор мекунад.

***


Барои намуна, бардошти ман аз ин наққошӣ ба шарҳи зер аст ва бардошти дигарон метавонад мутафовит бошад:

Ончи ман дар ин тоблу мебинам, фазои тираву гирифтаи чордевории хона аст, ки мо танҳо як буъди онро мебинем. Ин тирагӣ баёнгари зиндагии якбуъдию тираву тори занест, ки инҷо дар хилвати худ худро раҳо карда, ба дур аз дағдағаи рӯзгор ва нигоҳи маҳкумкунандаи ҷомеъа. Тазодду тақобул (“контраст”) миёни рангҳои шоди шалвори атласии ӯ ва девори олудаву тира барҷаста аст. Ва ъаҷаб ин ки ӯ дар он либоси рангин ғамгин асту дар оғӯши деворҳои тираву тори хилваташ шод.
 

Ба гунае дароз кашида, ки дар ҳузури ҳеч касе, ҳатто шояд маҳрами худ, чунин накунад. Хиштаки шалвори ӯро ҷомеъа ъунсури номусӣ медонад ва аз ин рӯ ҳамеша бояд аз чашмҳо пинҳон бимонад. Аммо ин бону инҷо танҳост. Маърифат моро ба гӯшаи хилвате роҳнамоӣ кардааст, ки ҳаргиз надидаем.
 

Пойҳои барафроштааш гӯёи фориғболии ӯст. Як лаҳзаи фароғат ба дур аз ҳама. Аз кафи пои қаҳрамони ин наққошӣ мешавад дарёфт, ки заҳматкаш аст. Кафи пояш сӯдаву пажмурдаву таракхурда аст. Ва ҳатто дар гӯшаи хилвати худ ин зан наметавонад бакуллӣ худаш бошад ва дастонаш даври синааш печидааст, ки гӯӣ мехоҳад худашро ҳифз кунад, аз осеби нигоҳи тунди ҷомеъа, ки шояд аз лои деворҳо ҳам ба даруни утоқаки ӯ битаровад, рахна кунад, ӯро бидарад.
 

Нигоҳаш ҳомили андаке изтироб ҳам ҳаст, дар ъайни шодии онӣ.
 

Маърифат дар ин тоблу паёми иҷтимоъии бебоконае дорад ва он вазъияти рӯҳию равонии зани тоҷик аст; беаҳаммият ва номарбут будани амёлу хостаҳои ӯ барои ҷомеъа ва пӯшидагии мутлақи дунёи зан аз чашми ҷомеъа.
 

Ҳамин паёми муҳкам ё гуфтани ҳарфи магӯ аст, ки бархеро дар ҷомеъаи муҳофизакори мо ба шӯр овардааст. Чунин таконҳое барои ҷомеъаи мунҷамиду рокид боиста аст.
 

Куҷои ин наққошӣ шаҳватбарангез асту таваҳҳумоти ҷинсӣ эҷод мекунад?
Ин ки як ривояти иҷтимоъӣ аст.

Ҳарфи ҳисобам ба сиёсатпешагони тоҷик

Дар пайи балвои ногаҳонии дирӯз паёмҳои бисёре дарёфт шуд, ки ҳокӣ аз нигаронӣ буд. Бояд ба ҳамаи дӯстон бигӯям, ки авзоъ басомон аст ва иттифоқи хоссе науфтодааст.

Борҳо гуфтаам ва бори дигар мегӯям, ки ҳеч нисбате ба ҳеч ҷунбиш, созмон ё ҷараёни сиёсӣ надорам; чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он. Кори ман дар расонаҳо акидан дар чорчӯби таърифшудаи усули рӯзноманигорӣ сурат мегирад. Равобити ман бо чеҳраҳои сиёсӣ сирфан ҳирфаӣ ва корӣ аст; он чеҳра чи намояндаи давлат бошаду чи мухолифи давлат. Ҳеч касе наметавонад сирфан ба хотири ошноӣ бо як рӯзноманигор интизор дошта бошад, ки дидгоҳҳои ӯро дар расонаҳо бештар пӯшиш бидиҳад. Ин интизор сирфан аз касоне бармеояд, ки бо мафҳуми бетарафии расонаи ҳирфаӣ ошно нестанд ё онро воқеъият намедонанд. Гуфтугӯ бо касе - ӯ чи Муҳйиддини Кабирӣ бошаду чи Додоҷони Атоуллоҳ - ба маънои вафодорӣ ба ҳеч як аз онҳо нест. Шахсан барномаҳои сиёсии ҳар дуро ноқис ва ба дур аз воқеъиятҳои кишвар медонам ва дар ъайни замон, давлатро ҳам фоқиди барномаи пешрафти мушаххас мебинам. Ин бад-он маъност, ки бо ҳеч як аз нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон пайванди эътиқодию сиёсӣ надорам.

Бо вуҷуди пойбандӣ ба фарҳангу забони порсӣ (ба ъунвони як тоҷик) ҳаргиз Ҷумҳурии Исломии Эронро улгу ё намунаи давлатдорӣ надонистаам ва ба далели мухолифат бо он низоми мустабид ду бор боздошт ва ниҳоятан аз Эрон ихроҷ шудаам. Имкони бозгашт ба ҶИЭ-ро надорам, магар ин ки бихоҳам якрост ба зиндон биравам. Ба ъунвони рӯзноманигор дар мавриди сиёсатҳои ҶИЭ бетарафам ва ба ъунвони як шахси ҳақиқӣ ситами ҶИЭ-ро кашидаам ва он низомро маҳкум ба суқут медонам, чун пайвандаш бо мардум ва хостаҳои мардум заъифтару заъифтар мешавад.

Ихтилофоти сиёсии Эрону Тоҷикистон рабте ба фаъъолиятҳои фарҳангии ман надорад, чун забонро ҷудо аз сиёсат ва рагу шараёни миллат медонам. Чунин ихтилофот миёни кишварҳои ъарабӣ ҳам ҳаст; мисли Ъарабистону Қатар, аммо пойбандии ҳар ду ба забони ъарабӣ ва посдорӣ аз он побарҷост. Пойбандӣ ба забони порсӣ ва посдорӣ аз онро вазифаи худ ва ҳар як тоҷик медонам.

Хоҳиши ман аз дӯстони сиёсатмадору сиёсаткорам ин аст, ки дӯстии худро бо кори ман дахил накунанд ва таваққуъи беҷо надошта бошанд. Ҳаргиз қарор нест барномаҳои сиёсии касе аз шумо пӯшише вежа дошта бошад, бидуни ин ки хабарсоз шуда бошад ё барои шумори бисёре аз мардум ё мухотабони расонае аҳаммияте бахусус дошта бошад. Мушк он аст, ки бибӯяд, на он ки ъаттор бигӯяд. Агар коре анҷом диҳед, ки андархури таваҷҷуҳи ъумум бошад, бегумон расонаҳо суроғатонро хоҳанд гирифт. Шумо наметавонед аз рӯзноманигоре, ки дӯсти худ медонед, дилхур бошед, ки бо Шумо гуфтугӯе пахш накардааст. Ӯ муваззаф нест чунин коре бикунад, агар кори Шумо шоистаи пӯшиш набошад. 

Инҳо аз алифбои усули рӯзноманигорӣ буд, ки мурурашон барои чеҳраҳои сиёсӣ ҳам ногузир аст.

Пас ман бо ҳеч як аз шумо, сиёсатмадорони арҷманд, ҳеч пайванди эътиқодию сиёсӣ надорам. 

Изҳори назарҳои шахсии ман дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳам ҳеч рабте ба расонае, ки дар он кор мекунам, надорад. 

Ҳарфи ҳисобам ҳамин буд.

Аз ъаҷоиби рӯзгор

Иттифоқи шигарфу гӯшношуниде ҳодис шуд:

Асаду Самад бар шохае сутург нишаста буданду буни онро мебуриданд. Ман дуртар будаму намедидам. Асад бо садои баланд ба ман хитоб кард: “Оҳой! Бибин, чигуна шоха мебурем!” Гуфтам: “Магар худатон бар он нанишастаед? Накунед ин корро! Замин мехуред!” То инро шуниданд, ҳар ду бо ҷидду ҷаҳди ҳарчи тамомтар арраро шӯр доданд ва ду-се носазое ҳам нисори ман карданд. Ҳар чи хостам монеъашон шавам, талошашон бештару бештар мешуду суръати арра тундтар, то замоне ки шоха аз бун гусасту ҳар ду бо сарусадои баланд ба замин уфтоданду оҳу нолаашон гӯши фалакро кар карду ба қавли Бозор Собир, пачақ-маҷақ шуданд; ба гунае, ки сураташон дида намешуд. Чун дуруст рӯи лаҷану коҳу саргини пои дарахт суқут карда буданд.

Чанде, ки назорагар буданд, аз роҳ расиданду гуфтанд: “Кори хуб нашудааст. Набояд меуфтоданд. Бояд ҷилавашонро мегирифтед...”

Шуморе дигар, ки саҳнаро аз дур бо шӯру шавқ тамошо мекарданду гирду мехурданд, наздиктар омаданд, то бибинанд Асаду Самад чигуна замин хурдаанду латупор шудаанд ва аз гирдуяшон ба ман ҳам таъоруф мекарданд.

Аз ъаҷоиби рӯзгор буд...