Showing posts with label Kabiri. Show all posts
Showing posts with label Kabiri. Show all posts

Thursday, September 17, 2015

Кабирӣ: Агар ҲНИТ масъули Назарзода аст, пас давлат ва ҲХДТ бояд масъули Худойбердиев, Салимов ва Ҳалимов бошанд

Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, иттиҳомоти Додситонии кулли ин кишвар ъалайҳи худ ва аъзои ҳизбаш мабнӣ ба ҳамдастӣ бо гурӯҳи женероли шӯришӣ Абдулҳалим Назарзодаро рад кардааст. Оқои Кабирӣ, ки дар табъиде худхоста ба сар мебарад, дар гуфтугӯ бо родю форсии БиБиСӣ дар вокуниш ба иттиҳомоти додситонӣ гуфт, ки ин иттиҳомот “беасос ва дурӯғи маҳз” аст ва афзуд, ки “миёни женерол Назарзода ва ҳизби ӯ ҳеч пайванде набудааст”. Ба гуфтаи ӯ, шӯриши женерол Назарзода ба дасти давлати Тоҷикистон баҳонаи хубе дод, то барои анҷоми хостаи деринааш, ки таътилии Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст, дастбакор шавад. Оқои Кабирӣ афзуд, ки сарфи назар аз нақзи паймони сулҳе, ки 18 сол пеш ба ҷанги дохилӣ поён дод, ҲНИТ ҳатталимкон пойбанди муфодди он мемонад ва фаъъолияти мусолиматомези худро идома медиҳад.

(Матни комили гуфтугӯ бо Муҳйиддини Кабирӣ, 17.09.15)

 
Пурсиш: Мақомҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пушти ошӯби женерол Абдулҳалим Назарзода Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва шахси Шумо қарор доред. Посухи Шумо ба ин иттиҳом чист?

М. Кабирӣ: Пеш аз ҳама посухи мо ин аст, ки ин як дурӯғи маҳз аст; ҳам ба ман ва ҳам ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Назари мо ин аст, ки бо ин туҳмат ҳукумат мехоҳад аз мушкили асосии худаш, ки упузисиюн аст, халос шавад. Танҳо пас аз он ки иқдоми женерол Назарзода хунсо шуд, ба ин натиҷа расиданд, ки фурсат муносиб аст, то ин ки барномаи таътили ҲНИТ-ро, ки солҳо дар фикраш буданд, ба анҷом бирасонанд. Талошҳои зиёде шуда буд, то моро ба фитна ва вокунишҳои ҷиддӣ ё ҳатто хушунатбор бикашонанд, вале натавонистанд. Манъ кардан, задан, кӯфтан, гирифтани моликият ва он ҳама фишоре, ки тайи чанд соли ахир бар ҳизб ворид омад, фақат як ҳадаф дошт: ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва бахусус ба мардуми Тоҷикистон нишон додан, ки Наҳзати Исломии Тоҷикистон, на як нерӯи упузисиюни мусолиматомез бино ба иддиъои худаш аст, балки як нерӯи хашин аст. Вале ҲНИТ бо сабру таҳаммул ин ҳама фитнаҳову фишорҳоро пушти сар кард ва устуворию субот нишон дод. Диданд, ки бо ин роҳ намешавад. Агар ҲНИТ-ро худашон бибанданд, як доғ (лакка)-и нангини торихие бар дӯши онҳо хоҳад монд. Ва натавонистанд Наҳзатро ба фитнае бикашанд, то далеле дошта бошанд. Талабҳое аз мо шуд, ки мо худамон эълом кунем, ки пароканда шудем ва фаъъолиятро дигар идома нахоҳем дод. Агарчи бисёре аз масъулони мо ин баёнияҳоро бо фишору бо маҳдудиятҳо... гирифтанд. Наворҳои видеуиро, худатон ҳам шоҳид ҳастед, ки дар шабакаҳо пахш карданд, ки гӯё масъулони Наҳзат довталабона мехоҳанд аз масъулият даст бикашанд. Ва ҳатто аз ман дархост карданд, ки фаъъолияти Наҳзатро худамон таътил кунем. Вале диданд, ки ин роҳҳо натиҷа надоданд, ин ъамали женерол Назарзода бисёр як баҳонаи хубе шуд барои онҳо, ки на танҳо ҲНИТ-ро мебанданд, балки онро ба ифротгароӣ ё талош барои кудето ҳам муттаҳам мекунанд.

Пурсиш: Мақомҳо женерол Назарзодаро ба ъунвони ъузви Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва фармондеҳи пешини мухолифин муъаррифӣ мекунанд. Чи пайванде миёни женерол Назарзода ва ҲНИТ вуҷуд дошт?

М. Кабирӣ: Пӯшида нест, ки женерол Назарзода яке аз қумондонҳои собиқи Иттиҳоди нерӯҳои упузисиюни тоҷик буд. Ӯ танҳо набуд. Даҳҳо қумандоне чун ӯ буданд. Ҳамон гуна ки Ҷабҳаи Халқӣ (ё ба истилоҳ, Фронти Халқӣ) ҳам даҳҳо қумондон доштанд, ки на ҳамаи онҳо ъузви Ҳизби Халқи Демукрот ё ҳизбҳои дигар шуданд. Аз он ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим ё женерол Назарзода бо ҳамаи он қумондонҳои дигаре, ки қаблан дар ҳайъати Иттиҳоди нерӯҳои упузисиюни тоҷик буданд, на онҳо худашон майли ъузвият дар Наҳзат доштанд ва на қонуни кишвар иҷоза медод, ки онҳо ин ъузвиятро дошта бошанд. Чун барои ҳамагон маълум аст, ки тибқи қонунгузории кишвар, ҳеч корманди мақомоти қудратӣ ҳақ надорад ъузви ин ё он ҳизби сиёсӣ бошад. Гузашта аз ин, худи женерол Назарзода солҳои ахир аз ҲНИТ ва ъумуман аз фаъъолияти сиёсӣ хеле ҳам фосила гирифта буданд. Ва ҳатто мо медонем, ки он баёнияе, ки аз номи як ъидда аз қумондонҳои собиқи упузисиюн ъалайҳи ҲНИТ бо фишори худи ҳукумат ва шояд ҳам матни худи мақомот омода карда буданд, бо фишор ё исрори женерол Назарзода бисёре аз қумондонҳои собиқи упузисиюн имзо карданд.

Агар мо бо ин мантиқ суҳбат кунем, ки женерол Назарзода як замоне қумондони нерӯҳои упузисиюни тоҷик буд ва агар имрӯз кореро хилофи қонун содир кард, бояд ҲНИТ ҷавобгар бошад, пас он женеролҳо ва қумондонҳое, ки қабл аз Назарзода даст ба чунин иқдомҳои ғайриқонунӣ заданд, мисли Ғаффор Мирзоев, сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ё Яъқуб Салимов ва ахиран ин қумондони нерӯҳои вежаи Вазорати кишвар Ҳалимов, ки ба Доъиш пайваст, аз қумондонҳо ва афсарони ҳам Фронти Халқӣ ҳам ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Оё метавон гуфт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳбарии он ва Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон шарики ҷинояткориҳо ва қонуншиканиҳои ин қумондонҳо ва женеролҳо ҳастанд? Назари ман ин аст, ки ин иттиҳомот ҳеч асосе надоранд. Онҳо мехоҳанд бо пайванд додани женерол Назарзода ва дигар дастандаркорони ин иқдоми ғайриқонунӣ пойи ҲНИТ-ро ҳам ба ин иттиҳомҳо бикашонанд.

Пурсиш: Бисёре аз аъзои аршади ҲНИТ-ро боздошт карданд. Як ъиддаро дар фурудгоҳу шумореро дар хонаҳояшон. Ҳамоиши ҳизб ҳам, ки қарор буд 15 септомбр баргузор шавад, ба таъвиқ уфтоду баргузор нашуд. Наҳзати Исломӣ аз ин ба баъд чигуна фаъъолият хоҳад дошт? Дар табъид ё дар дохили кишвар ва ба чи шевае?

М. Кабирӣ: Қабл аз 15 септомбр Раёсати Ъолии ҲНИТ, ки болотарин мақоми ҳизб дар байни анҷуманҳо ҳаст, қарор қабул кард, ки анҷуман (ҳамоиш) ба вақти дигар ба таъхир гузошта шавад, то шароити муносиб фаро бирасад ва тамоми ниҳодҳои ҳизб ва раҳбарии ҳизб салоҳияти худро тибқи қарори Раёсати Ъолӣ идома диҳанд. Вале баъд аз ин ҳодисаҳо, тақрибан як ҳафта баъд аз ҳодисаи рухдодаи 4 септомбр, мақомҳо ба бозпурсӣ, бозҷӯӣ ва даъвати масъулони ҲНИТ, бахусус аъзои Шӯрои сиёсӣ шурӯъ карданд ва фишор бар онҳо оғоз шуд. На ҳамаи аъзои Шӯрои сиёсӣ, балки як ъидда аз онҳо, бахусус муъовини аввал Сайидумар Ҳусейнӣ ва шояд баъзе дигар аз аъзои раёсат, шояд ба хотири он ки фишору бозҷӯиҳо бештар шуд, аз ин вазъияти ногувор канор рафтанд ва хостанд аз кишвар берун бираванд. Ё корҳои дигар ҳам доштанд, ки мо ҳоло маълумоти пурра дар ин бора надорем. Танҳо ду ё се нафарро дар ин ҳолат аз сафар баргардонданд. Боқимонда, бештар аз 10 нафар аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва масъулони аршади ҳизбро дар манзилҳояшон боздошт карданд, ки онҳо на ҳадафи рафтан ба ҷое доштанд ва на ин омодагию имконро доштанд. Пас иддиъои мақомҳо мабнӣ бар ин ки инҳо ҳама дастаҷамъона қасди фирор доштанд, беасос аст. Раҳбарии ҲНИТ ва бахусус аъзои Шӯрои сиёсӣ бо итминони хотир ва бо ҳисси бегуноҳӣ ва даст надоштан дар ин ҳодисаҳо дунболи кору фаъъолияти худашон буданд. Аммо бо ин шароите, ки пеш омад, табиъист, ки фаъъолияти ҳизб дар дохил дигар номумкин аст. Мо ҳам шояд дар рӯзҳои наздик баёнияе хитоб ба аъзо ва ҷонибдорон хоҳем дошт, ки дар чунин шароит чигуна рафтор дошта бошанд. Вале табиъист, ки дигар ҳар гуна фаъъолияте, ки метавонад боъиси афзоиши хатар ба ҷону озодии аъзо ва тарафдорони ҲНИТ шавад, бояд онҳо аз он худдорӣ кунанд. Ва мо касоне, ки дар берун ҳастем ё ононе, ки дар дохил ҳастанду таҳти фишору таъқиб нестанд, талош мекунем пеш аз ҳама барои сабук кардани вазъи бародарону хоҳароне, ки дар дохили зиндонҳо ҳастанд ва равшангарӣ барои созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя, то бидонанд, ки инҷо як туҳмату тавтеае ҳаст ъалайҳи ҲНИТ, ки ҳама бояд аз он огоҳ бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки аз ин фурсат сӯиистифодае ба ъамал ояд; фурсате, ки ҳам ҳам дар дохили Тоҷикистон падид омадааст ва ҳам дар сатҳи байнулмилалӣ, ки мубориза бо гурӯҳҳои ифротие чун Доъиш ва ғайра, ки дасти бисёреро боз кардааст барои сӯиистифода аз ин вазъият ва тасфияи ҳисобҳо бо рақибони сиёсии худ дар дохил. Мо ҳоло даст ба ҳеч иқдоми дигаре нахоҳем зад, ки боъиси ташаннуҷи бештар ва фишори бештар бар ҳамҳизбиҳо шавад. Табиъист, ки ҲНИТ дар шаклҳои гуногун ва бахусус бо назардошти ҳам қонунҳои кишвар ва ҳам қавонини кишварҳое, ки минбаъд аъзои мо дар онҳо истиқрор хоҳанд дошт, рафтор хоҳанд кард. Барои мо қолиб ё исм ё пӯшиш аҳаммияте надорад. Вале мутмаиннан, он чизе, ки имрӯз метавонем бигӯем, ин аст, ки мо дар оянда ҳам чун гузашта дар чорчӯби қонунҳо, бо мавзеъгириҳои муътадилона ва бо риъояти меъёрҳои демукротик ва арзишҳои байнулмилалӣ фаъъолият хоҳем кард.

Пурсиш: Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бархе аз корбарон чунин изҳори назар кардаанд, ки паймони сулҳе, ки 18 сол пеш имзо шуда буд, рӯзи 16 септомбри 2015 мунқазӣ шуд ё муддати эътибораш гузашт. Оё Шумо мувофиқ ҳастед, ки он паймони сулҳ дигар эътиборе надорад?

М. Кабирӣ: Ъамалан, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, на ҳамаи ҳукумат, балки баъзе аз мусъулони ҳукумат, ин паймони сулҳро бо қабули прутукули маъруф ба шумораи 3220 шикастанд. Чун, вақте ки ин прутукул мунташир шуд ва таъйид шуд, ки як санади воқеъӣ ҳаст, дар он ошкоро ъалайҳи як ҳизби қонунӣ ва як тарафи сулҳ иқдомҳое гирифта шуда буд, ки ҳам мухолифат бо Қонуни Асосии кишвар доштанд ва ҳам бо Паймони сулҳ. Вале Наҳзати Исломии Тоҷикистон боз ҳам талош кард ва вонамуд кардем, ки нодида бигирем ин масъаларо. Шояд ин як иқдоми иштибоҳӣ буд, ки дастандаркоронаш бо эҳсоси хиҷолату шармсорӣ ҳам пеши қонун ва ҳам пеши миллату созишномаи имзокардаашон рафтори худро тағйир дода бошанд. Вале мебинем, ки на танҳо тағйироте нашуд, балки иқдомҳои худро идома доданд. То рӯзи охир, то рӯзи анҷоми ин ҳодисаи нохушу ғайриқонунӣ, яъне 4 септомбр, ба рафторҳои худ ъалайҳи Наҳзат идома доданд. Вале ин ҳодиса барояшон боз як дастак ва баҳонаи қавӣ дод.

Вале новобаста ба он ки чи касе ин паймонро шикастааст, Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки меросбари он паймон аст, ҳамчунон ба он назар аст, ки он набояд аз сӯи мо шикаста шавад. Набояд аз тарафи мо коре содир шавад, ки бар хилофи он рӯҳия, ваъдаҳо ва ормонҳо бошад, ки миллат бо имзои он паймон дошт. Агарчи хеле душвор аст ва гоҳ воқеъбинона нест, ки як тараф паймонро бишканад ва боз шумо бихоҳед бар пои он паймону ъаҳди худ устувор бошед. Вале билахира, бояд фарқе байни тарафҳо бошад. Мо бояд исбот кунем, ки як нерӯи вафодор ба ъаҳди худ ҳастем. Гурӯҳе ҳастем, ки ба фикри миллат ҳастем; ба фикри сулҳу оромиш ҳастем. Ва то он ҳадде, ки имкон дорад, пойбанди ъаҳду паймонҳо ва ваъдаи худ ба миллату кишвар хоҳем монд.




Monday, June 22, 2015

Кабирӣ: Дар Тоҷикистон ваҳдати ростин вуҷуд надорад


Раҳбари Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби исломии расмӣ дар Осиёи Миёна, мегӯяд, ки тасмим гирифтааст барои муддате ба Тоҷикистон барнагардад. Муҳйиддини Кабирӣ, ки феълан дар Истонбул ба сар мебарад, аз эҳтимоли парвандасозӣ ъалайҳи ӯ ва боздошташ дар Тоҷикистон нигарон аст. Мояи нигаронии оқои Кабирӣ мақолаест, ки ахиран дар матбӯъоти давлатии Тоҷикистон мунташир шуда ва ӯро ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунӣ дар 16 сол пеш муттаҳам мекунад. Боздошту маҳкумияти раҳбарони мухолифон дар Тоҷикистон собиқа дорад.

Машрӯҳи гуфтугӯе, ки шомгоҳи 20.06.15 бо Муҳйиддини Кабирӣ барои БиБиСии форсӣ анҷом шуд:
 
DR: Оқои Кабирӣ, расонаҳо мегӯянд, ки Шумо дар “табъиди худхоста” ба сар мебаред. Оё чунин аст?

М. Кабирӣ: Воқеъан хеле душвор аст таъбире пайдо кард барои вазъияте, ки ал-он дорам. Вақте ки аз Тоҷикистон берун омадем, бароя як табобати кӯтоҳмуддат ва ширкат дар чанд кунфронсу нишасти байнулмилалӣ буд. Чун ҳоло мисли пешин дар порлумон нестам, ки ҳар ҳафта ҳатман бояд онҷо мебудам. Корҳои ҳизбӣ ҳам ки чандон дигар доғ нест. Вале ахиран, баъд аз он ки ба фикри бозгашт ба ватан будам, мақолаҳое дар расонаҳои давлатӣ нашр шуд, ки аз пайдоиши ҳолатҳои ҷадид суҳбат мекард. Бино бар ин, Шӯрои сиёсии ҳизб ҳам тавсия кард, ки барои муддате дар берун бошам; бо назардошти ишороте, ки дар мақола ҳаст, ки эҳтимол дорад парвандаҳои ҷиноӣ ъалайҳи мо боз шавад...

DR: Эҳтимолан манзуратон мақолае ҳаст, ки рӯзи 16 жуан (16.06.2015) дар рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” мунташир шуд ва дар он Шуморо муттаҳам мекарданд ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунии маскан, ки гӯё 16 сол пеш сурат гирифта. Дуруст аст?

М. Кабирӣ: Бале, ин мақоларо ман хондаам. Шумо дуруст гуфтед. Мехоҳанд моро муттаҳам кунанд ба анҷоми як муъомилаи ғайриқонунӣ. Ҳол он ки аз тарафи мо ҳеч муъомилаи ғайриқонуние сурат нагирифта ва мо тибқи қонун дар музояда он биноро харидорӣ кардем. Баъд аз чанд моҳ он биноро ба номи яке аз дӯстон, ки хоҳишманди гирифтани он бино буд, сабт кардем. Баъдан дар тӯли 15-16 сол бо он бино чи шуд ва чи муъомилаҳое анҷом гирифт, дигар банда ҳеч рабте ба он надорам...

DR: Вале агар Шумо мутмаин ҳастед, ки он муъомиларо ба таври қонунӣ анҷом додаед, чиро нигарон ҳастед ва фикр мекунед, ки агар баргардед, мумкин аст парвандае ъалайҳи Шумо сохта шавад?

М. Кабирӣ: Ман сад дарсад мутмаин ҳастам ва ҳеч қонуншикание сурат нагирифтааст. Тавсияе, ки дӯстон мекунанд, ки бозгашт ба ватанро каме ба таъхир биандозам, дар заминаи таҷрубаи талхест, ки бо дигар афрод рух дод. Оқои Зайд Саидов ҳам мегуфт, ки “ман ҳеч хилофкории қонунӣ анҷом надодаам ва омода ҳастам, ки дар назди додгоҳ ҷавоб бидиҳам” ва бовар ҳам дошт, ки қонун аз ӯ ҳимоят хоҳад кард ва баргашт. Ва чунин ҳодисаи талх рух дод бо эшон. Ҳоло ҳеч касе аз дӯстон, коршиносон ва ҳатто наздикони ман тавсия намекунанд, ки баргардам. Баръакс, тавсияҳо бештар ин аст, ки мо барои як муддати дигар, то равшан шудани шароит ва вазъият дар хориҷ аз кишвар боқӣ бимонeм.

DR: Ишора кардед ба мавзӯъи ҳузури худатон дар порлумони Тоҷикистон. Дар воқеъ, барои 10 сол намояндаи мардум дар порлумон будед, ба намояндагӣ аз Ҳизби Неҳзати Исломӣ, ки маъмулан ду курсӣ дошт. Аммо ин бор ҳеч курсие ба Неҳзати Исломӣ таъаллуқ нагирифт. Дар тӯли ин 10 сол Шумо фикр мекунед ҳеч таъсире рӯи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гузоштед ё ҳузуратон сирфан намои демукросиро ба порлумони Тоҷикистон медод ва чизе фаротар аз он набуд?

М. Кабирӣ: Албатта, бо доштани ду курсӣ бар раванди қонунгузорӣ наметавонистем ҳеч таъсире бирасонем. Вале ҳадди ақал садои мардум, садои як қисме аз ҷомеъа, ба порлумон расонда мешуд ва аз минбари порлумон гуфта мешуд. Ва шояд, агарчи ҳузури мо таъсири ҳуқуқӣ надошт, вале дар ҷомеъа таъсир дошт. Агар бетаъсир мебуд, интихоботро ба ин сурат пуртақаллуб намегузаронданд ва Неҳзатро аз порлумон берун намекарданд. Пас ҳатман як таъсире дошт дар ҷомеъа ва бар мақомот, ки кор ба ин сурат шакл гирифт.

DR: Шояд яке аз таъсирҳои он ин бошад, ки Неҳзати Исломӣ бо ҳузури расмии худаш дар ъарсаи сиёсии Тоҷикистон ба давлати Тоҷикистон як навъ лифофа ё завоҳири давлати демукротикро дoд ва шояд боъиси бақои бештари ин давлат шуд. Фикр намекунед?

М. Кабирӣ: Шояд ин ҳам буд. Чаро на? Чун Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон, дар ҳақиқат, ба кишвар намуди демукросӣ медод ва масъулини кишвару коршиносон дар ҳар маҳфили дохиливу хориҷӣ, вақте ки дар бораи демукросӣ ва вуҷуди бисёрҳизбӣ дар порлумон суҳбат мекарданд, ҳизби моро ҳамчун намуна меоварданд. Вале ҳоло, чун шароити байнулмилалӣ ҳам фарқ кард ва ал-он дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ як навъ исломзудоӣ ва исломҳаросӣ рушд мекунад ва ҷаҳон машғули минтақаҳои доғи дигар аст, мисли Сурияву Ъироқу Доъишу Укроину ғайра, шояд хостанд, ки аз ин ҳолат берун биёянд. Мутаассифона, маълум мешавад, ки ин фикр қаблан ҳам вуҷуд доштааст. Фақат дар интизори чунин як шароит ва фурсати муносиб будаанд. Ба ҳар сурат, ман фикр мекунам, ки ин иқдоме, ки гирифта шуд барои ба инзиво кашидан ва ба ҳошия фиристодани Неҳзат, ба фоидаи амнияту субот дар минтақа нахоҳад буд. Баръакс, далели касонеро, ки ба родиколҳову ифротгароҳо тамоюл пайдо кардаанд, бештар (тақвият) мекунад. Мақомоти давлатӣ ҳам бояд бештар дар фикри ин бошанд.

DR: Пайомади ин фишорҳо ъалайҳи Ҳизби Неҳзати Исломӣ, ки ишора кардед, чи хоҳад буд? Оё Ҳизби Неҳзати Исломиро мешавад тасаввур кард, ки ба фаъъолияти зеризаминӣ ва пӯшида баргардад? Чун мебинем, ҳатто афроде ҳастанд, ки тақозо мекунанд Ҳизби Неҳзат комилан мунҳал шавад. Оё тасаввур мекунед, ки Неҳзати Исломӣ ба зеризаминӣ баргардад?

М. Кабирӣ: Мо тамоми талоши худро хоҳем кард, ки аввалан, ин иттифоқ науфтад. Вале билфарз, агар ин иттифоқ ҳам уфтод, боз ҳам талош хоҳем кард, ки ҳама чиз дар чорчӯби қонуну шаффоф бошад ва битавонем ҷавононамонро аз рафтан ба самти фаъъолияти пинҳониву ғайришаффоф ё, Худой накарда, пайвастан ба гурӯҳҳои дигар, ҳифз кунем. Албатта, ҳама чиз дар қудрати мо нест. Неҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам наметавонад, ки дар ду ҷабҳа пайкор кунад; ҳам бо родиколҳои дунявӣ ё секулор, ки доранд кишварро ба самти яккаҳизбӣ мебаранд ва ҳам бо родиколҳои динӣ, ки воқеъан ҳам далелҳои зиёде ба дасти душманону рақибони ислому дин медиҳанд. Бояд эътироф кард, ки нерӯву тавони мо ба ин ҳад нест, ки дар ду самт талош кунем. Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша ба дӯстонамон дар бахши муътадили дунявӣ дар Тоҷикистон гуфтаем, ки кофист, ки мо дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ифротии динӣ фаъъол бошем; дар он сурат лозим меояд, ки дӯстони дунявимон ё секулорҳои муътадил худашон мушкили родиколҳои худро ҳал кунанд, то ин ки як тафоҳум ва ҳамзистии хубе байни қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногун дар кишваре мисли Тоҷикистон ба даст биёяд.

DR: Оё мушкил ё далели аслии ин ки Ҳизби Неҳзати Исломӣ дар як чунин вазъияте қарор гирифта, бештар ба родиколҳои секулор ва куллан, родиколисм дар ҷомеъа бармегардад ё шояд ҳамчунин марбут ба камкории Шумо ба ъунвони раҳбари Неҳзати Исломӣ шавад? Шояд ба ъадами қотеъияти Шумо дар мавзеъгириҳотон дар баробари давлати Тоҷикистон бармегардад, ки натавониста суфуфи Неҳзати Исломиро мунсаҷимтар кунад ва мисли гузашта мухолифонро даври Неҳзати Исломӣ ҷамъ кунад?

М. Кабирӣ: Бибинед, меъёр ва маҳак барои баҳо додан ба фаъъолияти як ҳизби сиёсӣ ва ҳатто раҳбарии он танҳо интихобот аст. Маъмулан, вақте ки ин ё он ҳизб дар интихобот баранда мешавад ё он шароити мавриди назарро ба даст меорад, мегӯянд, ки ин ҳизб муваффақ буд. Ё баръакс, агар ба даст наовард, мегӯянд, ки фаъъолияти раҳбарии ҳизб чандон муваффақ набуд. Ҳамаи коршиносон, расонаҳо ва нозирон шоҳид буданд, ки Неҳзати Исломии Тоҷикистон раъйи хубе дар интихоботи ахир овард. Чи интихоботи 2010 ва чи интихоботи 2015. Пас, аз ин нигоҳ наметавон гуфт, ки фаъъолияти раҳбарии Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон ва дигар масъулинаш чандон корсоз набуд. Дуруст аст, ки имрӯз моро ба эътидоли беш аз ҳад, созишкории беш аз ҳад муттаҳам мекунанд. Мегӯянд, шояд як каме тундтар агар ъамал мекардем, ҳизб ба ин вазъият гирифтор намешуд. Баръакс, ман фикр мекунам, агар мо як каме тунд мерафтем, далели бештаре ба дасти дигарон медодем, то ин ки суръати фишор овардан ва ҳатто аз саҳна берун кардани Неҳзатро бештар мекарданд ва далел ҳам доштанд. Вале ҳоло ҳеч далеле барои берун кардани Неҳзат аз саҳнаро надоранду ин корҳоро анҷом медиҳанд. Агар мо далел медодем, чи мешуд?.. Неҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизб он кореро, ки бояд анҷом медод ва раъйи мардумро касб мекард, анҷом дод ва раъйро ҳам касб кард, ки аз чашми коршиносону нозирон дур намонд. Вале ин ки чиро ин мушкилот болои мо омад ва мехоҳанд моро аз саҳна берун кунанд, ин суолҳоро бояд аз тарафи дигар пурсид. Агар муътадилу орому қонунмеҳвар будан камбуди мост, ки боъиси ин рӯзгори мо шудааст, ман бо ин камбудҳо фахр мекунам. Неҳзати Исломии Тоҷикистон дар чунин шароити сангини минтақаӣ ва бо он корҳое, ки родиколҳо доранд дар ҷаҳон мекунанд, тавонист аз худ рафтори дигареро нишон бидиҳад, ки ҳатто бо гузаштан аз худ, аз ҷойгоҳи худ, сулҳу суботро дар кишвар ҳифз кард. Вале агар дар оянда ҳар иттифоқе, ки дар кишвар биуфтад (ва ҳоло маълум нест ба кадом тараф меравад), дигар табиъист, ки масъулияташ ба дӯши Неҳзат ва масъулини Неҳзат нест. Чун мо ҳамаи корҳоеро, ки аз дастамон бармеомад ва мақдури мо буд, анҷом додаем.

DR: Оё қарор ҳаст иттифоқе биуфтад? Куллан, тасаввур мекунед, ки рӯйдодҳои хунини 1992-1997 дар Тоҷикистон такрор шавад?

М. Кабирӣ: Умед дорем, ки он ҳодисаҳо такрор нашавад. Вале тамоми коршиносон ва касоне, ки масоили минтақа ва Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, бар ин назаранд, ки раванди родикол шудани ҷавонон ва бахусус дар шароите, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ рӯзбарӯз бештар мешавад, як каме афзоиш ёфтааст. Пайвастани яке аз афсарони баландрутбаи Вазорати кишвар ба гурӯҳе мисли Доъиш ва рафтани садҳо ва шояд ҳазорҳо ҷавони тоҷики дигар ба Сурия, Ъироқ ва Афғонистон далели он аст, ки Тоҷикистон ва минтақаро рӯзгори душворе дар интизор аст. Ҳоло мушаххас наметавон гуфт, ки ин чи душворӣ хоҳад буд. Вале ҳатман иттифоқе хоҳад уфтод. Назари мо ин аст, ки бояд ҳамаи тарафҳо, аз он ҷумла кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ҳам бояд бетараф набошанд, ки сулҳи бо ин ҳама душворӣ бадастомадаи тоҷикон ба осонӣ аз байн биравад ва ниёзҳои мардум нодида гирифта шавад, ҳуқуқи мардум поймол шавад. Агар як ҳизбе, ки бо ин ҳама азхудгузаштагиҳо, бо ин ҳама суботу оромиҳову мавзеъгириҳои муътадил аз саҳна биравад, пас ҳеч далели дигар барои ҷавонони тоҷик нахоҳем дошт, ки онҳо биёянд, дар чорчӯби қонун ва меконисмҳои демукротик фаъъолияти сиёсии худро пеш бибаранд. Баръакс, ин як далели қавие барои гурӯҳҳои ифротӣ хоҳад шуд, ки метавонанд ба ҷавонон бигӯянд, ки кишварҳо ва ҳукуматҳои худкома танҳо нерӯ (зӯр)-ро эътироф хоҳанд кард ва таслими нерӯ хоҳанд шуд, на таслими ъақлонияту мантиқу қонун.

DR: Ҳоло ки Шумо берун аз Тоҷикистон ҳастед, раёсати ҳизб дар чи ҳол аст? Раҳбарии ҳизбро чи касе дар Тоҷикистон ба ъуҳда дорад? Ё Шумо аз роҳи дур кунтрул мекунед?

М. Кабирӣ: Бале, мо ҳамарӯза дар тамос ҳастем. Ал-он ҳам чанд дақиқа пеш аз суҳбат бо Шумо суҳбати онлойн бо кулли масъулини ҳизб доштем ва хабарҳои ахирро гирифтем ва машваратҳои имрӯзаро анҷом додем; барои ҳафтаи баъдӣ нақшаҳо кашида шудаанд. Яъне мо аз тариқи онлойн умури ҳизбро дар даст дорем ва дӯстону бародарони мо ҳам ба наҳви аҳсант корҳоро доранд анҷом медиҳанд. Дар он шароите, ки ал-он болои ҳизб аст, аз ин беҳтар онҳо наметавонанд ъамал кунанд.

DR: Чи замоне Шумо бармегардед ба Душанбе?

М. Кабирӣ: Ҳоло маълум нест. Қаблан ҳам гуфтам, ки хеле мехоҳам дар Ҷашни Ваҳдат, ки воқеъан як ҷашни сарнавиштсоз аст, ширкат кунам ва дар паҳлӯи бародарон бошам. Вале чун ҳоло ҳеч рӯҳияи ваҳдату ҷашнӣ дар байни аъзо ва тарафдорони ҳизби мо нест (ва ин суҳбате, ки чанд соъат пеш бо онҳо доштам), тавсияи онҳо ин аст, ки ҳанӯз ъаҷала накунем дар масъалаи бозгашт ба Тоҷикистон. Ва иншоаллоҳ, ки Ҷашни Ваҳдатро, ҳар ҷое, ки бошем, ҷашн бигирем, кофӣ аст. Вале ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоиро нагирифтаам. Шояд то чанд рӯзи оянда пас аз машварат бо дӯстон дар Душанбе тасмими дастаҷамъии ниҳоиро хоҳем гирифт, ки дар ҳафтаҳои наздик, ҳадди ақал то Ҷашни Ваҳдат, бармегардем ё на.

DR: Он тавре, ки аз суҳбатҳоятон бармеояд, Ҷашни Ваҳдат барои Шумо хеле аҳаммият дорад. Вале оё бо вуҷуди тамоми иттифоқоте, ки уфтод, ва ин ки аз саҳми 30-дарсадие, ки давлат барои мухолифон дода буд, чизе боқӣ намонд ва вазъият ҳам ба гунаест, ки ал-он раҳбари Ҳизби Неҳзати Исломӣ наметавонад дар Тоҷикистон роҳат зиндагӣ кунад, ҳамчунон Шумо он рӯзро “Рӯзи Ваҳдат” меномед ва гиромӣ медоред?

М. Кабирӣ: Бибинед, чун номашро “Ҷашни Ваҳдат” гузоштанд, дигар ба ҳамон хотир [мо ҳам “Ҷашни Ваҳдат” меномем]. Вале метавон онро Рӯзи Сулҳу Оромиш ҳам гуфт. Чун ин рӯз барои миллати тоҷик сулҳу суботеро овард, ки агарчи бо мушкилот тӯли 18 сол аст, ки идома дорад. Ин худ як неъмат аст ва бояд, ки ҷашн гирифта шавад. Агарчи ваҳдат ба маънои воқеъиаш вуҷуд надорад. Вале вуҷуд надоштани ваҳдат барои мо далел нест, ки ин рӯзро ҷашн нагирем. Чун билахира ин рӯз хеле рӯзи муҳим аст; сулҳу оромишро барқарор кард. Ман воқеъан афсӯс мехурам, ки мо Ҷашни Ваҳдат дорему ваҳдати воқеъӣ надорем. Вале ҳанӯз ҳам ҳама чизро аз даст надодаем. Мо, агар фақат дар чорчӯби мақому мансаб фикр кунем, мансабҳои Неҳзати Исломии Тоҷикистонро 4-5 сол пас аз имзои Созишнома ва фаъъолияти Кумисиюни Оштии Миллӣ гирифта буданд. Мо аслан чизе дар мақомҳои иҷроия аз он 30 дарсад дигар надоштем. Ҳоло ҳам ки ду курсӣ дар порлумонро аз мо гирифтанд, ҳатто баъд аз интихоботи порлумонии моҳи морс, мо вокуниши чандон ҷиддӣ нишон надодем. Ҳамагон диданд, ки масъалаи курсию мақом барои мо чандон аҳаммият надорад. Муҳим ин аст, ки дар кишвар тафоҳум бошад, эҳтироми якдигар бошад, ҳамзистии мусолиматомез бошад. Вале вақте ки инҳо аз байн мераванд ва, ҳамон тавре ки Шумо фармудед, раҳбарии ҳизб дигар маҷбур мешавад, ки берун аз кишвар бимонад; барои як муъомилаи сирфан қонунии 16-17 сол пеш имрӯз даъво пеш меоваранд ва баҳонаҷӯиҳои дигар мекунанд, фишорҳои зиёде бар аъзои ҳизб, хонаводаҳои онҳо, ҳатто бар бародари худи ман, ки ъузви ҳизб аст ва падари 90-солаам, ки бемории қалбӣ дорад, эъмол мекунанд... Ҳар рӯз мақомҳои пулис мераванд ва даъват мекунанд ва талаб мекунанд, ки аз ъузвияти ҳизб даст бикашанд, пас ин маънии онро дорад, ки баъзеҳо, мутаассифона, аз ҳамаи марзҳои ахлоқию маънавӣ берун рафтаанд. Ваҳдатро танҳо таслими як тараф ва пирӯзии тарафи дигар тасаввур мекунанд. Ҳол он ки ваҳдат, сулҳ, созиш маънии онро дорад, ки дар онҷо ҳадди ақал ду тараф аст. Агар бештар набошад. Ҳеч кас наметавонад худ бо худаш сулҳ кунад, созиш кунад ва ваҳдат кунад. Вале, мутаассифона, дар мо чун ҳамеша мафҳумҳо чап ва ғалат фаҳмида мешаванд, ки ин мафҳуми “ваҳдат” ҳам, мутаассифона, дучори чунин мушкиле шуд.


Tuesday, August 16, 2011

Who's to Lead Islam in Tajikistan?

Дил ба ёру даст ба кор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Нишастаам дар гӯшаи узлати ғурбат ва меандешам, ки хондани чи матлабе метавонад барои рӯзномахоне дар Тоҷикистон ҷолиб бошад? Нооромиҳои фаҷеъу боварнакардании Бритониё? Китоби тозаи Барзу Абдурраззоқи азиз, ки дили торикиро бо ҳарфи равшанаш мекишофад? Ё боз ҳам ба баҳси талоши Русия барои боз фиристодани марзбононаш ба марзи “пурдаромад”-и Тоҷикистон бо Афғонистон баргардем?.. Аммо ҳамаи ин мавзӯъҳоро занҷирае ба ҳам пайванд медиҳад: ҳимоят аз манофеъи Тоҷикистон ва мардуми он.

Дӯсте аз дурнои ҳазорфарсангӣ аз роҳи маҷозӣ (Интернет) нидо медиҳад, ки мавзӯъҳо ҳар чи дохилитар бошад, хонандаи бештар дорад. Чун Тоҷикистон як ҷомеъаи дарунгарост ва ба берун камтар нигоҳ меандозад. Муҳим он аст, ки авзоъ дар даруни хона басомон бошад... Аммо чи басо рӯйдодҳои хориҷӣ, ки метавонад таъсири мустақиме ба даруни кишвар дошта бошад. Ва ҳамин тавр воруна, чи басо рӯйдодҳои дарунӣ, ки метавонад тасвире дигар аз як кишвар ба ҷаҳониён ироа диҳад. Барои намуна, мешавад рӯи яке аз мавзӯъоти батамом дохилии Тоҷикистон тамаркуз кард ва паёмадҳои эҳтимолии он барои ваҷҳаи кишвари мо дар ҷаҳонро санҷид.

Моҳи оянда (24 септомбр) яке аз аҳзоби сиёсии умдаи Тоҷикистон пешорӯи гузиниши раҳбари худ қарор мегирад. Чи мувофиқу чи мухолиф ин нуктаро мепазиранд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тайи 20 соли истиқлол аз нерӯҳои сарнавиштсози мо буда ва ҳаст. Ҳизбе, ки пешгоми ташаккулҳои ғайрикумунистӣ ва ҳатто зиддикумунистӣ дар даврони шӯравӣ буд ва пас аз он низ кӯшид раҳбарии нерӯҳои мухолифи давлатро аз даст надиҳад. То замоне ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёнгузор ва раиси фақиди ҳизб, зинда буд, то охирҳои соли 2006, ҲНИТ таҷассуми як ниҳоди сиёсии якпорча буд; чун чеҳраву пайкари сиёсию рӯҳонии барҷастаи Абдуллоҳи Нурӣ бар он соя афканда буд. Бо омадани Муҳйиддини Кабирӣ ба мақоми раёсати ҲНИТ бархе дам аз тақсиму иншиъоби ҳизб заданд, ки бо гузашти панҷ сол иттифоқ науфтод. Аммо он чи мусаллам аст, тақсими таҳтонӣ ё дарунии ҳизб ба пайравони усулгаро ё муҳофизакор ва аъзои навгаро ё таҷаддудталаб аст. То кунун равшан нашудааст, ки кадом як аз ин ду ҷараёни таҳтонӣ дасти боло хоҳанд дошт, аммо раёсати Муҳйиддини Кабирӣ аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ чеҳрае таҷаддудхоҳ ва навгароро аз ин ҳизб ба ҷаҳониён ироа медиҳад.

Расонаҳои чи дохилию чи хориҷӣ ҳамеша риштарошии Кабириро ба унвони нишони боризи таҷаддудхоҳии ӯ унвон мекунанд, ки ба назар бисёр содалавҳона ва сатҳӣ мерасад. Чи басо инсони фарангинамои софсурат, ки дар сар хиёли бозгашт ба садҳо сол пешро мепарварад. Яъне зоҳир ҳамеша гӯёи ботин нест. Аммо дар таҷаддудхоҳию навгароии Кабирӣ ҳам наметавон шакке раво донист, чун дидгоҳҳои ӯ аз суҳбатҳояш бо расонаҳо дар ақсо нуқоти ҷаҳон берун метаровад. Кабирӣ хостори низомест, ки дар он инсон сарфи назар аз пойбандиаш ба ин ё он эътиқоде зиндагии шоистаи шаъну шарафи инсонӣ дошта бошад. Гоҳ барои тафаннуну дилхушии ришдӯстон риш ҳам мегузорад ва то ҳавсала мекунад, дубора ба намои маъмулии мураттабаш бармегардад. Яъне иҷоза намедиҳад, ки ришаш ҳувияташро таъйин кунад, балки худашро қодир мебинад, ки барои риш ё беришиаш таърифе вазъ кунад; худро вобаста ба ришу зоҳир намебинад, балки завоҳирашро мутеъи шахсияти дарунии худаш мекунад.

Агар ба корномаи панҷсолаи Кабирӣ нигоҳ биандозем, ин ҳақиқатро мусаллам мебинем, ки бо тамоми талоши ӯ барои беаҳаммият вонамудани ҷилваҳои сурӣ, зоҳиран ришу беришии ӯ бар дидгоҳи пайравони ӯву ҳизбаш таъсиргузор будааст. Ба гунае, ки борҳо аз пайравони роҳи ҲНИТ шунидаам, ки дареғ, раҳбарашон ришписанд нест. Ва тамҷид ҳам шунидаам, ки дуруд бар шарофати ин мард, ки гӯшаш бидеҳкори ҳарфи муфт нест. Чун саранҷом ин риши Кабирӣ нест, ки сиёсатҳои ҳизбашро ба сарманзили мақсуд мерасонад, балки решаи боварҳои сиёсию эътиқодии ӯст.

Муҳйиддини Кабирӣ то кунун боварҳои худро ба гунае дар миён гузоштааст, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Ин шеваи бархурди як сиёсатмадор аст. Ва агар ҲНИТ худро аз бозигарони сиёсии умда медонад, ки ҳаст, бояд дар раъси он раҳбаре сиёсатпеша қарор дошта бошад. Вале агар афроде хостори раёсати як фарди рӯҳонӣ бошанд, пас хиёли бақои як ҳизби сиёсиро канор бигзоранд. Аҳзоби сиёсиро чеҳраҳо ва зеҳнҳои сиёсӣ идора мекунанд.

Дар паи мусоҳибаҳои Кабирӣ бо расонаҳои хориҷӣ борҳо аз хабарнигорони хориҷии мусоҳибаш шунидаам, ки “Аҷаб раҳбари боҳуше дорад ҳизби исломии Тоҷикистон!” Яъне Кабирӣ тавонистааст аз ҷомеъаи мусалмони Тоҷикистон тасвири мусбатеро ба хориҷиҳо ироа диҳад, ки барои сарзамини мо матлуб аст. Зимнан, Кабирӣ дар канори порсӣ ба забонҳои инглисию арабӣ ҳам мусоҳиба медиҳад, ки мояи шигифтӣ ва иродати бештари хабарнигорони хориҷӣ мешавад. Гузашта аз ин ки дониши забонҳои хориҷӣ ба раҳбари як ҳизб имкон медиҳад, ки диди фарогиртари ҷаҳонӣ дошта бошад ва дар тангнои кишвари худаш гирифтор намонад.

Дар баробари номзадии дубораи Кабирӣ ба мақоми раҳбарии ҲНИТ мумкин аст номзадии Муҳаммадҷони Нурӣ, фарзанди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, матраҳ шавад, ки акнун раёсати ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ба дӯши ӯст. Интихоби як фард ба мақоми раёсат сирфан ба хотири таъаллуқи хонаводагии ӯ ба бунёнгузори ҳизб кори дурусте нест. Магар ин ки фарзанди бунёнгузор аз худ мояе гузошта бошад, дархури таҷлилу тавсиф; ба монанди Индиро Гондӣ, ки ҳатто агар духтари Неҳру намебуд, шоистаи нахуствазирии Ҳинд буд, ба хотири кардаҳои худаш. На ба монанди Илҳом Алиеви Озарбойҷон, ки танҳо истеъдоди ӯ бахти зода шудан дар хонаводаи Ҳайдар Алиев буд. Дар мавриди раёсатҳои маврусӣ (ирсӣ) бояд хеле муҳтот буд, то барои раҳбарони вақт бадомӯзӣ нашавад.

Аммо барои сарнавишти кишвари ман чи омиле муҳимтар ва чи суде аз Кабирӣ сохта аст? Бо рушди эҳсосоти мазҳабӣ дар минтақа ва бурузи гароишҳои инҳирофии мазҳабӣ метавон ҳизби Кабириро неъмате барои Тоҷикистон арзёбӣ кард. Як давлати хирадманд набояд аз аҳзоби қонунманду муътадил ҳаросе дошта бошад, чун ин аҳзоб пайрави мантиқи замонанд. Ба ҷои маҳдуд кардани фаъъолиятҳои ҳизби муътадиле чун Неҳзати Исломӣ беҳ он аст, ки ба ин ташаккули сиёсӣ маҷол дода шавад, то нерӯҳои мунҳариф ва гумроҳи мазҳабиро ба роҳи эътидол ҷалб кунад. Агар ҲНИТ дасту боли бозтаре медошт, шояд то кунун аз Ҳизбуттаҳриру ҷунбишҳои салафимаоб, ки кӯчактарин манфиъати Тоҷикистон мадди назарашон нест, ному нишоне боқӣ намемонд. Аксари пайравони ҷунбишҳои исломии тундрав дар Тоҷикистон аз даступобастагии ҲНИТ сархурда шудаанд ва нерӯи худро вақфи ташаккулҳои зеризаминии хатарнок кардаанд, ки натиҷаи маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи давлат аст. Барои тарвиҷи эътидол ё миёнгини заррин бояд нерӯҳои пайрави эътидол подоше дар ҳадди озодии тамому камоли фаъъолият дарёфт кунанд. Чун сарнавишти ҳеч кадом аз ин аҳзоб, аз ҷумла ҲНИТ, муҳимтар аз ояндаи равшани Тоҷикистон нест. ҲНИТ ҳам то кунун кӯшидааст собит кунад, ки пойбанди Бундод (Қонуни Асосӣ)-и Тоҷикистон аст. Аз ин ба баъд ҳам, сарфи назар аз ин ки чи касе ба курсии раҳбарии он такя хоҳад зад, ҲНИТ бояд ин асли Бундоди Тоҷикистонро бипазирад, ки ҳеч ҳукумате набояд идеулужӣ ё эътиқоде хосро бар оҳоди ҷомеъа таҳмил кунад. Дил ба ёру даст ба кори худ бошем.

Wednesday, October 28, 2009

Tajik Islamic Party as Seen by Kabiri

Шинохти Кабирӣ аз ҲНИТ

вижаи хафтаномаи Нигох

Ҳар касе аз худ шинохте дорад, ки илзоман бо шинохти дигарон аз ӯ ҳамхонӣ надорад. Розу рамзе ҳаст, ки танҳо барои худи ӯ ошкор асту аз чашми ғайр пинҳон. Ҳамин ҳақиқат дар бораи ниҳодҳову ҳизбҳо ҳам сидқ мекунад.

Дар дунболаи гуфтугӯ бо Муҳиддини Кабирӣ дар Ландан мехостам дидгоҳи ӯро дар бораи ҳизбаш бишнавам. Оё Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ба гуфтаи бархе, як маҳфили ифротгароёни мусалмон аст, ки дар қолибу ҷомае нав дубора зуҳур кардааст ё ба бовари бархе дигар, ин ҳизб ташаккули либеролҳои миллигароест, ки бо истифода аз ислом дар ҷомеъа ҷойгоҳ ёфтааст?

Кабирӣ ҳар ду боварро пиндорҳои козиб медонад ва шинохти худ аз ҳизбашро баён мекунад:

“Мо худамонро як нерӯи ватании миллӣ медонем. На, ба маънии шовинистии ин иборат, албатта. Байни исломият ва тоҷикияти мо ҳеч фарқе нест. Мо нерӯе ҳастем, ки аз батни ормону орзуҳои мардум берун омадааст. Мо рисолати равшангарӣ дорем, бо шиъоре мушаххас: “Имон ба Худо, муҳаббат ба Ватан, хидмат ба миллат.”

Вале хидмат ба миллатро замоне ба наҳви аҳсант мешавад анҷом дод, ки аз қудрат бархурдор бошй. Кабирӣ қудрату раёсатро ҳадафи ҳизбҳои сирфан сиёсӣ медонад, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба унвони як ҷунбиши равшангаро қудратро васила медонад, на ҳадаф. Ҳадаф боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеъа ва ислоҳи он аст. Мепурсам, дар кишваре, ки ҳам давлат ва ҳам ҷомеъааш гирифтори бемориҳои фаровонанд, чи гуна метавон ба ин ҳадаф расид? Мегӯяд, бемории давлат ҳамонанди сармохурдагии сабук аст ва онро метавон бо доруи “мудирияти хуб” дармон кард. Барои муъолиҷаи ин беморӣ ниёзе ба инқилобе бунёдин нест. Чун кодрҳои хубе чи дар ҳайъати давлат ва чи берун аз он ҳузур доранд ва бо мудирияти дурусте ин кодрҳо метавон шароитро беҳтар кард. Муҳим нест, ки кодрҳо динианд ё дунявӣ. Муҳим он аст, ки ба ватану миллаташон хидмат кунанд.

Мегӯяд, ҳамон гуна ки мо натавонистаем аз сарватҳои обию маъдании худ истифодаи беҳина кунем, ба ҳамон шева дар корбурди сарватҳои инсонию кодрии худ бо мудирияти дуруст ҳам муваффақ набудаем.

Аз порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз истеъфои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода Кабирӣ танҳо намояндаи Наҳзати Исломист, ки дар он мондааст. Муътақид аст, ки маҷлиси феълӣ беҳтарин порлумон барои ҳукумати иҷроияи Тоҷикистон будааст. Порлумоне бисёр орому бедардисар, ки дар ҳамаи масъалаҳо ёвари ҳукумат будааст. Порлумоне воқеъан корӣ, ки вакилонаш ба монанди дастёрону мушовирони вазирон кор мекунанд. Даҳҳо қонунро мурур мекунанду ҳамарӯза ба даҳҳо занги телефунӣ посух медиҳанд.

Посух гуфтан ба телефунҳо ва мурури қонунҳо корест, ки ҳар каси дигар ҳам метавонад дар баробари дастмузде муъайян анҷом диҳад. Мепурсам, аз мурури қонунҳову посух додан ба телефунҳо чи суде ба миллат мерасад, ки ҳазинаи ҳузури вакилон дар дафтарҳояшонро мепардозад.

Кабирӣ ҳазина ё хароҷоти порлумони моро дар муқоиса бо дигар порлумонҳо андак медонад, аммо мувофиқ аст, ки аксари намояндагони мардум аз ваколат ва вазифаҳои худ огоҳ нестанд ва худро бештар дар мақоми як маъмури ҳукумати иҷроия мебинанд.

“Яке аз вакилон мегуфт, ки мардум ҳанӯз ба ман ба унвони як шоъир муроҷеъа мекунанд; тӯли 4-5 сол касеро надидаам, ки ба ман ба унвони вакил муроҷеъа карда бошад. Чун на мардум ба ваколати ӯ бовар доранд, на худаш. Барои чунин вакил дар воқеъ ҳазина кардани пули мардум ҳайф аст.”

Кабирӣ дар мавриди порлумони оянда ҳам чандон хушбин нест. Ба гуфтаи вай,

“Вазъият дар порлумони баъдӣ ҳам чунин хоҳад буд. Ҳатман дар порлумони оянда ҳам курсиҳо барои теъдоди мушаххаси муҳандисону кишоварзону устодону ҳуқуқдонҳо тавзеъ мешавад.”

Вазъият дар қувваи қазоия ё додрасӣ ҳам чандон мутафовит нест. Он шохаи ҳокимият ҳам комилан таҳти фармони қувваи иҷроия аст. Дар воқеъ, ҳокимияти Тоҷикистон танҳо як қувваи фаъъол дорад (иҷроия) ва ду шохаи дигари қудрат (қонунгузорӣ ва додрасӣ) тобеъи қувваи иҷроия ҳастанд. Оё бо чунин вазъе, ки заруратҳои як ҷомеъаи модерн нодида гирифта мешавад, то куҷо метавон пеш рафт?

Кабирӣ пойдории ин яккатозиро хатарнок медонад.

“Хатар ин аст, ки бовари мардум аз порлумон, равандҳои сиёсӣ, созукор (меконизмҳо)-и демукротик бурида мешавад. Аз додгоҳ ҳам навмед мешаванд. Тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон пур аз номаҳои саргушода ба раисиҷумҳур шудааст. Ин табдил шуда ба як жонри журнолистӣ. Чун аз диди онҳо, ҳеч кас ҷуз ба раисиҷумҳур ба дардашон намерасад; на қонун, на порлумон, на додгоҳ, на додситон. Ба ҳеч кас бовар надоранд. Ва факсе надоранд, ки бо даргоҳи Худованд васл бошад. Танҳо додрас барои онҳо раисиҷумҳур аст, ҳамчун сояи Худованд, ҳамон тавре ки дар ҳама ҷо менависанд.”

Аммо чаро масъалаи истиқлоли қувваҳои ҳокимият аз ҳамдигар дар миёни ҷомеъа ба таври ҷиддӣ матраҳ намешавад? Дар кишварҳое, ки роҳи саъодату хушрӯзиро мепаймоянд, се шохаи ҳокимият дар кори ҳамдигар дахолат намекунанд ва ба ҳамдигар вобастагӣ ҳам надоранд, то авлавияти қонуну адолат таъмин шавад. Мегӯяд, ҷомеъа ҳанӯз ба дарки ин нукта нарасидааст. Дар гузашта амири Бухоро буд, ки сарнавишти ҳама чизу ҳама касро таъйин мекард. Дар замони Шӯравӣ Ҳизби Кумунист ҳамакора буд. Ва акнун ҷойгоҳи Ҳизби Кумунистро як ниҳоди дигар ишғол кардааст. Танҳо номҳову сохторҳо иваз шуданд, вале моҳият ҳамонест, ки буд. Пас ҷомеъае, ки ҳамеша аз сӯи давлатҳои якдаст идора шуда, аз куҷо бидонад, ки шеваи дурусти давлатдорӣ кадом аст? Пас наметавон аз ин ҷомеъа интизор дошт, ки хостори таҳаввуле бошад ё истиқлоли шохаҳои ҳокимиятро тақозо кунад. Танҳо бо равшангарӣ метавон ба рушди ҷомеъаи маданӣ даст ёфт ва як давлати дилсӯз бояд дар ин амри накӯ бештар аз ҳар каси дигар талош кунад.

Thursday, October 22, 2009

A Cup of Tea with Kabiri (in Persian script)

با كبیری در لندن

ویژۀ هفته نامۀ "نگاه"، چاپ دوشنبه

ба дабираи сириллик

معرفی او به خبرنگاران غربی همراه با شگفتی و حیرت بود. تصور همپیشگان ما در غرب از رهبر یک حزب اسلامی مردی است با ریشی بلند و پوشیشی سنتی، أما محی‌الدین كبیری در لندن جلوه‌ای دیگر داشت. مردی مثل هر مرد دیگر در خیابان‌های پایتخت بریتانیا، اما با پیشینه و چشم‌اندازی متفاوت. پشت آن ظاهر خاکی و زمینی دنیايی از رمز و راز اسلام تاجیکستان نهفته‌است. اسلامی که راه پرفراز و نشیبی را طی کرده و انتظار می‌رود به فرازی دیگر برسد.


اما پرسش آشکار و پنهان خبرنگاران غربی از من این بود که چرا ظاهر اين آقا به رهبر یک حزب اسلامی نمی‌ماند. گفتم، در بند ظاهر نباشید واسلام تاجیکستان را با اسلام کشورهايی که از آنها شناخت نسبتاً کامل دارید، اشتباه نگیرید. پیچیده است و مستور و پرحدیث. ضمن آشنايی با دیدگاه های کبیری اندک اندک تصورات مبهم و موهوم همپیشگان ما شکل شناختی سطحی، اما قابل اعتماد از اسلام تاجیکستان را به خود می‌گرفت، رفتم پی صحبتش بنیشینم، تا تصور خودم از او را شکل بدهم.

در منطقۀ شمال غرب لندن پای یک پیاله چايی و قهوه صحبتی که داشتیم بس طولانی، اما دوست‌داشتنی بود. به گونه‌ای که انتظار پایانش را نمی‌کشیدم. برایم بی اندازه جالب بود که در قلب فرنگستان از نزديک با آرمان‌ها وهدف‌های یک تشکل سیاسی مذهبی در تاجیکستان آشنا می‌شدم. پاسخ‌های کبیری به پرسش‌های بی‌پایان من نیمرخ يا نمايۀ اورا در ذهنم ترسیم کرد: یک چهرۀ سیاسی بالغ که حاضر است رنج چالش‌های بیشتری را به جان بخرد.

می‌گفت، مردم تاجیکستان سزاوار حکومتی بهتر هستند، اما نباید همۀ بار مسئولیت را روی شانه‌های حکومت رها کرد. مخالفان هم نتوانسته‌اند پاسخگوی نیازهای مردم باشند.

با تسلطش بر زبان عربی ضرب المثلی را یاداور شد: "الناس علی دین ملوک"، یعنی "مردم در دین شهریارانشان هستند". اما عجیب آن است که در سال‌های اخیر خلاف این را در کشورهای خود مشاهده می‌کنیم که شهریاران پیرو دین مردم می‌شوند. هر گرایشی که میان مردم رایج می‌شود، آهسته آهسته شهریاران را به سوی خود می‌کشد و در نتیجه شهریاران به سطح مردم عوام فرود می آیند.

منظور محی‌الدین کبیری حتماً رفت و آمد حکومت تاجیکستان در دالان جستجوی هویت ملی بود. اما از دید کبیری ما هنوز در مورد ارزش‌های ملی و فرهنگی خود مطمئن نیستیم. زمانی سالی را به زرتشت و اوستا و تمدن آریايی اختصاص می‌دهیم و گاهی هم سراغ امام ابو حنیفه را می‌گریم. من به این نوع رویکرد بارها "فرهنگ قاطری" گفته‌ام. اما کبیری مطمئن نیست که ادامۀ این جستجوی هویت ما را به کدام کوچه یا پسکوچه‌ای خواهد کشاند.

خلاصۀ کبیری این است که "سال‌های اول، حکومت با برگزاری سال‌های زرتشت و تمدن آریايی تلاش کرد مردم را به اندیشۀ خود بگرواند. مردم یا درست نشناخت یا نفهمید، ولی نرفت واین طرح‌ها ناکام ماند. گفتند، حالا که مردم دنبال ما نيامد، بیايید ما دنبال مردم برویم." همین بود که امسال ما به فکر امام اعظم ابو حنیفه افتادیم. در واقع دولت ما به یاد او افتاد.

می‌گویم، پس دولت دنبال ایدولوژی نیست، بلکه آن پیرو آیین قدرت است، تا سر قدرت بیماند. می‌گوید، شکی نیست که دولت ما عملگرا است وایدولوژی برایش اهمیت چندانی ندارد؛ دیروز کمونيست بود، امروز خلق دموکرات است، عجب نیست که فردا طرح یک حزب اسلامی نوی را بریزد یا سراغ ایدولوژی به‌کل متفاوت برود. می‌گوید، نخبگانی که پایبند ایدولوژی نیستند، درازعمرترند.

می‌گویم، چرا مردم امروزه به این شدت و حدت به دین روی آورده اند. در پاسخ به این پرسش اتفاقی را به یاد می‌آورد که خود شاهدش بوده‌است، تا ثابت کند که به هنگام گرفتاری‌های اجتماعی دین تنها نجات‌دهنده است:

"باری از آلماتی به آستانه پرواز می‌کردیم. گفتند که قرار است یک نشست اضطراری داشته باشیم. گفتند کفش‌ها وکراوات‌هایتان را دربیارید. حالت ترس همه را فرا گرفت. آنجا نمایندگان بسیاری از دین‌ها بودند. تا خبر خطر اعلام شد، دیدیم که همه به خدا روی آورده‌اند. در حالت دشوار همه به خدا تکیه می‌کنند. این حالت روانی است. تاجیکستان هم حالت همان هواپیما را دارد. مردم دیگر امیدی به حکومت ندارند. در زمستان‌های گذشته روشن شد که دولت در برابر مشکلات طبیعی هم عاجز است. از کسی امیدی نیست. تنها تکیه‌گاه مردم خدا ودین می‌شود، چون آرامش قلب را در آنجا جستجو می‌کنند."

اما پیش‌دستی دولت برای پیاده کردن طرح‌های اسلامی او را نگران نمی‌کند. خوشحال است که ایدئولوژی حزب او در جامعه پیاده می‌شود. نگرانی او از جهتی دیگر است. می‌گوید، اسلام بدون معرفت می‌تواند خطرآفرین باشد و ما را به جامعه‌ای همانند افغانستان طالبانی برساند. راغب است که اسلام در تاجیکستان جایگاه خود را کسب کند، اما به هیج روی اسلام تعصبی یا به دور از معرفت نباشد، وگرنه جامعه دچار توقفی دیگر خواهد شد.

صحبت دو تاجیک، هزاران فرسنگ دورتر از زادبومشان سرِ سرنوشت وچشم‌انداز سرزمینشان به درازا کشید. دنبالۀ آن را سرِ فرصتی دیگر بازگو خواهم کرد.


پی نوشت: با سپاس از دوستم محمودجان فيض رحمانف برای برگردان نوشتار

Пайнавишт: Бо сипос аз дустам Махмудчон Файзрахмонов барои баргардони навиштор

Wednesday, October 21, 2009

A Cup of Tea with Kabiri in London

Бо Кабирӣ дар Ландан

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Муъаррифии ӯ ба хабарнигорони ғарбӣ ҳамроҳ бо шигифтию ҳайрат буд. Тасаввури ҳампешагони мо дар Ғарб аз раҳбари як ҳизби исломӣ мардест бо рише баланду пӯшише суннатӣ. Аммо Муҳйиддини Кабирӣ дар Ландан ҷилвае дигар дошт. Марде мисли ҳар марди дигар дар хиёбонҳои пойтахти Бритониё, аммо бо пешинаву чашмандозе мутафовит. Пушти он зоҳири хокию заминӣ дунёе аз рамзу рози исломи Тоҷикистон нуҳуфта аст. Исломе, ки роҳи пурфарозу нишеберо тай карда ва интизор меравад ба фарозе дигар бирасад.

Аммо пурсиши ошкору пинҳони хабарнигорони ғарбӣ аз ман ин буд, ки чаро зоҳири ин оқо ба раҳбари як ҳизби исломӣ намемонад. Гуфтам, дар банди зоҳир набошед ва исломи Тоҷикистонро бо исломи кишварҳое, ки аз онҳо шинохти нисбатан комил доред, иштибоҳ нагиред. Печида асту мастур ва пурҳадис. Зимни ошноӣ бо дидгоҳҳои Кабирӣ андак-андак тасаввуроти мубҳаму мавҳуми ҳампешагони мо шакли шинохте сатҳӣ, аммо қобили эътимод аз исломи Тоҷикистонро ба худ мегирифт. Рафтам пои суҳбаташ бинишинам, то тасаввури худам аз ӯро шакл бидиҳам.

Дар минтақаи шимоли ғарби Ландан пои як пиёла чою қаҳва суҳбате, ки доштем бас тӯлонӣ, аммо дӯстдоштанӣ буд, ба гунае, ки интизори поёнашро намекашидам. Бароям беандоза ҷолиб буд, ки дар қалби Фарангистон (Урупо) аз наздик бо ормонҳову ҳадафҳои як ташаккули сиёсии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ошно мешудам. Посухҳои Кабирӣ ба пурсишҳои бепоёни ман нимрух (профил)-и ӯро дар зеҳнам тарсим кард: як чеҳраи сиёсии болиғ, ки ҳозир аст ранҷи чолишҳои бештареро ба ҷон бихарад.

Мегуфт, мардуми Тоҷикистон сазовори ҳукумате беҳтар ҳастанд, аммо набояд ҳамаи бори масъулиятро рӯи шонаҳои ҳукумат раҳо кард. Мухолифон ҳам натавонистаанд посухгӯи ниёзҳои мардум бошанд.

Бо тасаллуташ бар забони арабӣ зарбулмасалеро ёдовар шуд: “Анносу ала-д-дини мулуки”, яъне “мардум дар дини шаҳриёронашон ҳастанд”. Аммо аҷиб он аст, ки дар солҳои ахир хилофи инро дар кишварҳои худ мушоҳида мекунем, ки шаҳриёрон пайрави дини мардум мешаванд. Ҳар гароише, ки миёни мардум роиҷ мешавад, оҳиста-оҳиста шаҳриёронро ба сӯи худ мекашад ва дар натиҷа шаҳриёрон ба сатҳи мардуми авом фуруд меоянд.

Манзури Муҳйиддини Кабирӣ ҳатман рафту омади ҳукумати Тоҷикистон дар долони ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ буд. Аммо, аз диди Кабирӣ, мо ҳанӯз дар мавриди арзишҳои миллию фарҳангии худ мутмаин нестем. Замоне солеро ба Зартушту Авестову тамаддуни ориёӣ ихтисос медиҳем ва гоҳе ҳам суроғи Имом Абӯҳанифаро мегирем. Ман ба ин навъи рӯйкард борҳо “фарҳанги қотирӣ ё нахчирӣ” гуфтаам. Аммо Кабирӣ мутмаин нест, ки идомаи ин ҷустуҷӯи ҳувият моро ба кадом кӯча ё паскӯчае хоҳад кашонд.

Хулосаи Кабирӣ ин аст, ки “солҳои аввал ҳукумат бо баргузории солҳои Зартушту тамаддуни ориёӣ талош кард мардумро ба андешаи худ бигаравонад. Мардум ё дуруст нашинохт ё нафаҳмид, вале нарафт ва ин тарҳҳо ноком монд. Гуфтанд, ҳоло ки мардум дунболи мо наомад, биёед мо дунболи мардум биравем.” Ҳамин буд, ки имсол мо ба фикри Имоми Аъзам Абӯҳанифа уфтодем. Дар воқеъ, давлати мо ба ёди ӯ уфтод.

Мегӯям, пас давлат дунболи идеулужӣ нест, балки он пайрави ойини қудрат аст, то сари қудрат бимонад. Мегӯяд, шакке нест, ки давлати мо амалгарост ва идеулужӣ барояш аҳамияти чандоне надорад. Дирӯз кумунист буд, имрӯз халқи демукрот аст, аҷаб нест, ки фардо тарҳи як ҳизби исломии наверо бирезед ё суроғи идеулужии бакулл мутафовит биравад. Мегӯяд, нухбагон (элита)-е, ки пойбанди идеулужӣ нестанд, дарозумртаранд.

Мегӯям, чаро мардум имрӯза ба ин шиддату ҳиддат ба дин рӯй овардаанд. Дар посух ба ин пурсиш иттифоқеро ба ёд меоварад, ки худ шоҳидаш будааст, то собит кунад, ки ба ҳангоми гирифториҳои иҷтимоъӣ дин танҳо наҷотдиҳанда аст:

“Боре аз Олмотӣ ба Остона парвоз мекардем. Гуфтанд, ки қарор аст як нишасти изтирорӣ дошта бошем. Гуфтанд, кафшҳову каровот (галстук)-ҳотонро дарбиёред. Ҳолати тарс ҳамаро фаро гирифт. Он ҷо намояндагони бисёре аз динҳо буданд. То хабари хатар эълом шуд, дидем, ки ҳама ба Худо рӯ оварданд. Дар ҳолати душвор ҳама ба Худо такя мекунанд. Ин як ҳолати равонист. Тоҷикистон ҳам ҳолати ҳамон ҳавопайморо дорад. Мардум дигар умеде ба ҳукумат надоранд. Дар зимистонҳои гузашта равшан шуд, ки давлат дар баробари мушкилоти табиъӣ ҳам оҷиз аст. Аз касе умеде нест. Танҳо такягоҳи мардум Худову дин мешавад. Чун оромиши қалбро дар он ҷо ҷустуҷӯ мекунанд.”

Аммо пешдастии давлат барои пиёда кардани тарҳҳои исломӣ ӯро нигарон намекунад. Хушҳол аст, ки идеулужии ҳизби ӯ дар ҷомеъа пиёда мешавад. Нигаронии ӯ аз ҷиҳате дигар аст. Мегӯяд, исломи бидуни маърифат метавонад хатарофарин бошад ва моро ба ҷомеъае ҳамонанди Афғонистони толибонӣ бирасонад. Роғиб аст, ки ислом дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро касб кунад, аммо ба ҳеч рӯй исломи таъассубӣ ва ба дур аз маърифат набошад, вагарна ҷомеъа дучори таваққуфе дигар хоҳад шуд.

Суҳбати ду тоҷик ҳазорон фарсанг дуртар аз зодбумашон сари сарнавишту чашмандози сарзаминашон ба дарозо кашид. Дунболаи онро сари фурсате дигар бозгӯ хоҳам кард.