Wednesday, October 21, 2009

A Cup of Tea with Kabiri in London

Бо Кабирӣ дар Ландан

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Муъаррифии ӯ ба хабарнигорони ғарбӣ ҳамроҳ бо шигифтию ҳайрат буд. Тасаввури ҳампешагони мо дар Ғарб аз раҳбари як ҳизби исломӣ мардест бо рише баланду пӯшише суннатӣ. Аммо Муҳйиддини Кабирӣ дар Ландан ҷилвае дигар дошт. Марде мисли ҳар марди дигар дар хиёбонҳои пойтахти Бритониё, аммо бо пешинаву чашмандозе мутафовит. Пушти он зоҳири хокию заминӣ дунёе аз рамзу рози исломи Тоҷикистон нуҳуфта аст. Исломе, ки роҳи пурфарозу нишеберо тай карда ва интизор меравад ба фарозе дигар бирасад.

Аммо пурсиши ошкору пинҳони хабарнигорони ғарбӣ аз ман ин буд, ки чаро зоҳири ин оқо ба раҳбари як ҳизби исломӣ намемонад. Гуфтам, дар банди зоҳир набошед ва исломи Тоҷикистонро бо исломи кишварҳое, ки аз онҳо шинохти нисбатан комил доред, иштибоҳ нагиред. Печида асту мастур ва пурҳадис. Зимни ошноӣ бо дидгоҳҳои Кабирӣ андак-андак тасаввуроти мубҳаму мавҳуми ҳампешагони мо шакли шинохте сатҳӣ, аммо қобили эътимод аз исломи Тоҷикистонро ба худ мегирифт. Рафтам пои суҳбаташ бинишинам, то тасаввури худам аз ӯро шакл бидиҳам.

Дар минтақаи шимоли ғарби Ландан пои як пиёла чою қаҳва суҳбате, ки доштем бас тӯлонӣ, аммо дӯстдоштанӣ буд, ба гунае, ки интизори поёнашро намекашидам. Бароям беандоза ҷолиб буд, ки дар қалби Фарангистон (Урупо) аз наздик бо ормонҳову ҳадафҳои як ташаккули сиёсии мазҳабӣ дар Тоҷикистон ошно мешудам. Посухҳои Кабирӣ ба пурсишҳои бепоёни ман нимрух (профил)-и ӯро дар зеҳнам тарсим кард: як чеҳраи сиёсии болиғ, ки ҳозир аст ранҷи чолишҳои бештареро ба ҷон бихарад.

Мегуфт, мардуми Тоҷикистон сазовори ҳукумате беҳтар ҳастанд, аммо набояд ҳамаи бори масъулиятро рӯи шонаҳои ҳукумат раҳо кард. Мухолифон ҳам натавонистаанд посухгӯи ниёзҳои мардум бошанд.

Бо тасаллуташ бар забони арабӣ зарбулмасалеро ёдовар шуд: “Анносу ала-д-дини мулуки”, яъне “мардум дар дини шаҳриёронашон ҳастанд”. Аммо аҷиб он аст, ки дар солҳои ахир хилофи инро дар кишварҳои худ мушоҳида мекунем, ки шаҳриёрон пайрави дини мардум мешаванд. Ҳар гароише, ки миёни мардум роиҷ мешавад, оҳиста-оҳиста шаҳриёронро ба сӯи худ мекашад ва дар натиҷа шаҳриёрон ба сатҳи мардуми авом фуруд меоянд.

Манзури Муҳйиддини Кабирӣ ҳатман рафту омади ҳукумати Тоҷикистон дар долони ҷустуҷӯи ҳувияти миллӣ буд. Аммо, аз диди Кабирӣ, мо ҳанӯз дар мавриди арзишҳои миллию фарҳангии худ мутмаин нестем. Замоне солеро ба Зартушту Авестову тамаддуни ориёӣ ихтисос медиҳем ва гоҳе ҳам суроғи Имом Абӯҳанифаро мегирем. Ман ба ин навъи рӯйкард борҳо “фарҳанги қотирӣ ё нахчирӣ” гуфтаам. Аммо Кабирӣ мутмаин нест, ки идомаи ин ҷустуҷӯи ҳувият моро ба кадом кӯча ё паскӯчае хоҳад кашонд.

Хулосаи Кабирӣ ин аст, ки “солҳои аввал ҳукумат бо баргузории солҳои Зартушту тамаддуни ориёӣ талош кард мардумро ба андешаи худ бигаравонад. Мардум ё дуруст нашинохт ё нафаҳмид, вале нарафт ва ин тарҳҳо ноком монд. Гуфтанд, ҳоло ки мардум дунболи мо наомад, биёед мо дунболи мардум биравем.” Ҳамин буд, ки имсол мо ба фикри Имоми Аъзам Абӯҳанифа уфтодем. Дар воқеъ, давлати мо ба ёди ӯ уфтод.

Мегӯям, пас давлат дунболи идеулужӣ нест, балки он пайрави ойини қудрат аст, то сари қудрат бимонад. Мегӯяд, шакке нест, ки давлати мо амалгарост ва идеулужӣ барояш аҳамияти чандоне надорад. Дирӯз кумунист буд, имрӯз халқи демукрот аст, аҷаб нест, ки фардо тарҳи як ҳизби исломии наверо бирезед ё суроғи идеулужии бакулл мутафовит биравад. Мегӯяд, нухбагон (элита)-е, ки пойбанди идеулужӣ нестанд, дарозумртаранд.

Мегӯям, чаро мардум имрӯза ба ин шиддату ҳиддат ба дин рӯй овардаанд. Дар посух ба ин пурсиш иттифоқеро ба ёд меоварад, ки худ шоҳидаш будааст, то собит кунад, ки ба ҳангоми гирифториҳои иҷтимоъӣ дин танҳо наҷотдиҳанда аст:

“Боре аз Олмотӣ ба Остона парвоз мекардем. Гуфтанд, ки қарор аст як нишасти изтирорӣ дошта бошем. Гуфтанд, кафшҳову каровот (галстук)-ҳотонро дарбиёред. Ҳолати тарс ҳамаро фаро гирифт. Он ҷо намояндагони бисёре аз динҳо буданд. То хабари хатар эълом шуд, дидем, ки ҳама ба Худо рӯ оварданд. Дар ҳолати душвор ҳама ба Худо такя мекунанд. Ин як ҳолати равонист. Тоҷикистон ҳам ҳолати ҳамон ҳавопайморо дорад. Мардум дигар умеде ба ҳукумат надоранд. Дар зимистонҳои гузашта равшан шуд, ки давлат дар баробари мушкилоти табиъӣ ҳам оҷиз аст. Аз касе умеде нест. Танҳо такягоҳи мардум Худову дин мешавад. Чун оромиши қалбро дар он ҷо ҷустуҷӯ мекунанд.”

Аммо пешдастии давлат барои пиёда кардани тарҳҳои исломӣ ӯро нигарон намекунад. Хушҳол аст, ки идеулужии ҳизби ӯ дар ҷомеъа пиёда мешавад. Нигаронии ӯ аз ҷиҳате дигар аст. Мегӯяд, исломи бидуни маърифат метавонад хатарофарин бошад ва моро ба ҷомеъае ҳамонанди Афғонистони толибонӣ бирасонад. Роғиб аст, ки ислом дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро касб кунад, аммо ба ҳеч рӯй исломи таъассубӣ ва ба дур аз маърифат набошад, вагарна ҷомеъа дучори таваққуфе дигар хоҳад шуд.

Суҳбати ду тоҷик ҳазорон фарсанг дуртар аз зодбумашон сари сарнавишту чашмандози сарзаминашон ба дарозо кашид. Дунболаи онро сари фурсате дигар бозгӯ хоҳам кард.

8 comments:

Anonymous said...

Хеле хам марди заки ва донишманд аст. Ба назар мерасад, дилсузи Ватан хам хаст ва агар барои амалдоре идеология арзиши камтар аз давлатдори бошад, барои у шояд идеология арзиши камтар аз бехбудии вазъи мардумашро дорад.

F

Тозаталаб said...

Афсус, ки Мухиддин Кабири ягона шахси рушанфикру донишманд ва хамкадами замон дар хизб аст. Дигар атрофиёнаш то андозае пойбанди таассуб хастанд. Ва эшон дуруст таъкид доштаанд, ки дар сурати исломи шудани Точикистон ба эхтимоли зиёд хукумат ба дасти афроди ифротгаро биуфтад ва билохира кишвар ба сони Афгонистону Эрон табдил ёбад, зеро мардум шинохти жарфе аз ислом надоранд ва бештар пойбанди маъвизахои муллохои точик шудаанд...

Firdavsi Azam (Фирдавси Аъзам) said...

Chi khub bud agar hama rohbaroni ahzobi chi siyosi va chi dulatii Tojikiston chunin budand va chunin didgohe nisbati kishvar medoshtand.

Anonymous said...

Ustod Kabiri, novobasta az on ki bo hizbi dini saru kor dorad yak taodulro baini din va dunyo hifz karda istodaast. Bar zammi sohibi fahmi benadozai siyosi va dini hast ki dar yake az konfronsho dar barobari digar donishmandoni gharb chehrai dinshinos farhangshinos va siyosatshinosi Tojikistonro muarrifi kard. Ahsan Ustod Kabiri.Shumo Fakhri Millati Tojikon va Musulmononi Tojik hasted!

Anonymous said...

Бо камоли эхтиром аз "Тозаталаб"...
Мардона икрор шавем, ки Кабири дар сар хавои сохтани давлати Исломиро надорад. У борхо гуфтааст,ки чомеа бояд исломи бошад, на давалт. Ба кавли у, агар онхо сари кудрат биёянд шакли давлатдори хамин дуняви боки мемонад, аммо арзишхои дуняви, вокеан, пиёда мешавад... Хамчунин дидгохи шахсии ман ин аст, ки ба кавли эронихо,явош-явош Кабири атрофашро аз мутаассибин тоза хохад кард ва... агар мо хам хадди аккал худро ватанхоху дилсуз барои миллат мехисобем, бояд дар гирди шамъи у басони парвона гирд биёем.

Anonymous said...

yak dustam meguft, ki ba darvoziho ne, ba islomiho dast daroz kuni, az orinjat megirand.

agar imruz sheftai "ravshanfikrii" janobi Kabiri shvemu guyem in metavonad etidolro rioyat kunad.

imruz vay in harfhoro metavonad guyad, chunki imruz islomiho ba kase misli kabiri niyoz dorand, islomro durust jilva dihad. Vale fardo, vaghte davlat islomi meshavad, islomihoi haqiqi kabiriro mefiristand durtar, ba yagon saforat, va chehraho haqiqii khudro nishon medihand.

Anonymous said...

Бисер матлаби хубу хондани. Идомаашро интизорем.
Дар мавриди чаноби Кабири каблан ман назари дигар доштам ва пас аз сухбати эшон дидгохам мусби комилан тагйир хурд.

Anonymous said...

Мардуми ранчкашидаву аламдидаи мо солхо, балки асрхост орузи дарёфти мардонеро дорад, мисли Кабири. Дар дарозои таърих то имруз бисёр буданд дар зохир монанд ба Кабири, аммо рисолати худро амали карда натавонистанд, афсус... Холо "мерасад марде, ки занчири гуломон бишканад..."
Ягона умед ва бовари, хадди аккал дар асри мо бар хамин Кабирист, фарк надорад, ки у аз кадом хизбу гуруху ("партия") аст. Фарк танхо дар он аст, ки у ормонхои моро пиёда кардан мехохад. Бояд ба у рох кушод...