Friday, October 09, 2009

Nostalgic German Notes

Гарибонахои олмонй
به دبيرۀ پارسی


Чоизаи Нубели адабиёти имсол ба Херто Муллер (Herta Müller), нависандаи олмонии зодаи Румонй (Румыния) таъаллук гирифт, ки ба кавли Бунёди Нубел, «тавонистааст бо тамаркузи назму сарохати наср зиндагии афроди махрумро тасвир кунад.»

Херто Муллер духтари як афсари пешини Олмони нозист, ки соли 1953 дар шахраки олмонинишини Нитзкидурф (Nitzkydorf) дар Румонй ба дунё омад. Пас аз шикасти Олмон дар Чанги Чахонии Дувум модари у ба муддати панч сол ба як урдугохи кори шокка (концлагерь) дар Укроин табъид шуда буд.

Херто Муллер тачрубиёти талхи олмонитаборони Румонй дар Иттиходи Шуравиро дар достони ахири худ (Atemschaukel), ки мохи ут (август)-и соли мелодии равон ба забони олмонй мунташир шуд, ба тасвир кашидааст. Кахрамони ин достон, ки унвони онро шояд битавон «Нафасхои бурида» баргардон кард, як чавони 17-солаи олмонитабор дар Румонист, ки дар як урдугохи кори шокка дар Укроин ранч мебарад. Рузномаи «Frankfurter Algemeine» ин асарро «баёдмонданитарин китоби поиз (тирамох)-и 2009» тавсиф карда буд.

Мавзуъи китобхои Херто Муллер ба гузаштаи пурфарозу нишеби худи нависанда бар мегардад. Муллер дар яке аз мусохибахояш гуфта буд:

«Мухимтарин тачруба барои ман зиндагй тахти йуги диктортурии Румонй буд. Ва холо танхо ба далели ин ки садхо килуметр дуртар аз он кишвар дар Олмон зиндагй мекунам, тачрубиёти гузаштаам худ ба худ зудуда намешавад. Ман гузаштаамро дар чамадон гузоштаму бо худам ба Олмон овардам ва медонам, ки диктотурй дар Олмон хануз як мавзуъи матрах аст.»

Муллер дар даврони ихтиноки хукумати Чоушеску дар Румонй бо тасаллути комиле, ки бар забонхои олмонй ва румониёйи дошт, дар як ширкати мухандисй кори тарчума мекард, аммо ба хотири сарпечй аз хамкорй бо Секуритате ё созмони чосусии режим соли 1979 барканор шуд. Ин нокомй Херторо мунзавй кард, аммо саранчом ба гунаи як тавфики ичборй аз у як нависандаи забардаст сохт. Вале чун китобхояш голибан ховии матолибе алайхи режими хоким буд, дар бехтарин холат бо сонсур мунташир мешуд ё аслан чоп намешуд. Шугли аслии Муллер таи ин давра тадриси хусусии забони олмонй буд, аммо фишори давлати кумунистй нихоятан уро водошт, ки соли 1987 хамрох бо шавхараш Румониро ба касди Олмон тарк кунад. У то кунун дар шахри Берлин зиндагй мекунад.

Бо ин ки Олмони Шаркй хам дар он даврон чузъе аз каламрави пахновари урдугохи сурх буд, аз Херто Муллер ба унвони як олмонитабор истикбол шуд ва у дар он чо имкони тадрис дар донишгоххоро ёфт ва хамзамон ба навиштан ва чопи достонхои бештаре пардохт. «Он вакт дигар рубох хам сайёд шуда буд» (Der Fuchs war damals schon der Jäger) ва «Чонвари калбй» (Herztier), ки зери унвони «Гавчахои сабз» ба забони форсй хам мунташир шудааст, аз чумлаи достонхои муваффаки он давраи Херто Муллер аст.

Петер Энглунд (Peter Englund) – дабири доими Окодемии Нубели Суэд мегуяд, ки хатто агар Муллер достони ахирашро нанавишта буд, боз хам ба хотири осори каблиаш сазовори дарёфти чоиза мешуд. Ба гуфтаи вай, аммо, китоби ахири у («Нафасхои бурида») ба ростй такондиханда аст. Зеро Муллер барои нахустин бор бо махорате хиракунанда мочарохоеро таъриф карда, ки харгиз чузъе аз тачрубиёти шахсиаш набудааст.

Энглунд мегуяд, ки бо хондани китобхои Херто Муллер афзун бар дарки фазои як диктотурй метавон маънои акаллият буданро дарёфт. Вай тасаллути фавкулъода бар забон ва эъчози каломро чузъи тавоноихои ин нависандаи олмонй медонад.

Чоизаи адабиёти Нубел аз соли 1901 то кунун хамасола ба бехтарин нависандагони чахон такдим мешавад, ки бештари онхо мард будаанд. Херто Муллер дувоздахумин нависандаи занест, ки муваффак ба дарёфти ин чоизаи худуди 1.5 милюн дулорй шудааст.

No comments: