Хоманаӣ мурдааст?
Бозори шаҳрҳои бузурги Эрон ва торнигорҳои дохилӣ мамлувв аз шоеъот (овозаҳо)-и марги Алии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломист. Шуморе ҳам дар бораи иғмо (кома)-и ин оқо хабар додаанд.
Дар гузашта ҳам борҳо шоеъоти мушобеҳе дар Эрон печида буд, ки ҳокӣ аз хушбинии мухолифони режим ба ояндае бидуни Хоманаӣ аст. Аммо ин бор доманаи шоеъот басе густардатар аст ва фазои ниҳодҳои давлатие чун Садову Симо гирифтаву торик гузориш шуда. Шояд далели он ҳам нафрати физояндаи мардум ба шахси Хоманаӣ ва орзуи марги зудраси ӯ аз сӯи мухолифони бешумораш бошад.
Дар сурати марги Хоманаӣ дар мавқеъияти ҳассоси кунунии кишвар набарди қудрат пушти саҳнаи режим шиддат хоҳад гирифт. Бино ба Қонуни Асосӣ, бояд Шӯрои Хубрагон, ки акнун таҳти раҳбарии Ҳошимии Рафсанҷонист, раҳбари баъдиро таъйин кунад. Аммо феълан аз номзади мушаххасе ба ин мақом дар паи марги Хоманаӣ хабаре нест. Бо ин ки иддае бадгумонанд, ки Хоманаӣ писараш Муҷтаборо омодаи варосати тахту тоҷаш кардааст. Аммо зуҳури якбораи шахсияти ношинохтае дар раъси ҳирами қудрати шиъаҳо андаке баъид ба назар мерасад.
Дар сурати набуди номзади муносиб як шӯрои муваққати раҳбарӣ тасаддии умурро ба уҳда хоҳад дошт, то замоне ки солеҳтарини мусалмонон пайдо шаваду ба мақоми раҳбарӣ бинишинад. Аммо ин ҳам имкон дорад, ки дар паи дахолати нерӯҳои низомӣ ё ҳаводорони мухолифон мақоми вилоят бакуллӣ таътил шаваду ба торих бипайвандад. Ба вижа Сипоҳи Посдорон, ки ба Аҳмадинажод алоқаи хоссе дорад, бадаш намеояд, ки дар набуди раҳбар раисиҷумҳурии тундрав кулли ихтиёроти давлатро қабза кунад.
Ба ҳар рӯй, агар хабари марги Хоманаӣ ин бор ҳам шоеъае беш набошад, ин ҳақиқат мусаллам аст, ки рӯзе ин шоеъа воқеъият пайдо хоҳад кард ва дар шароити кунунӣ Эронро дастхуши муъзале печида хоҳад кард.
No comments:
Post a Comment