вижаи хафтаномаи Нигох
Ҳар касе аз худ шинохте дорад, ки илзоман бо шинохти дигарон аз ӯ ҳамхонӣ надорад. Розу рамзе ҳаст, ки танҳо барои худи ӯ ошкор асту аз чашми ғайр пинҳон. Ҳамин ҳақиқат дар бораи ниҳодҳову ҳизбҳо ҳам сидқ мекунад.
Дар дунболаи гуфтугӯ бо Муҳиддини Кабирӣ дар Ландан мехостам дидгоҳи ӯро дар бораи ҳизбаш бишнавам. Оё Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ба гуфтаи бархе, як маҳфили ифротгароёни мусалмон аст, ки дар қолибу ҷомае нав дубора зуҳур кардааст ё ба бовари бархе дигар, ин ҳизб ташаккули либеролҳои миллигароест, ки бо истифода аз ислом дар ҷомеъа ҷойгоҳ ёфтааст?
Кабирӣ ҳар ду боварро пиндорҳои козиб медонад ва шинохти худ аз ҳизбашро баён мекунад:
“Мо худамонро як нерӯи ватании миллӣ медонем. На, ба маънии шовинистии ин иборат, албатта. Байни исломият ва тоҷикияти мо ҳеч фарқе нест. Мо нерӯе ҳастем, ки аз батни ормону орзуҳои мардум берун омадааст. Мо рисолати равшангарӣ дорем, бо шиъоре мушаххас: “Имон ба Худо, муҳаббат ба Ватан, хидмат ба миллат.”
Вале хидмат ба миллатро замоне ба наҳви аҳсант мешавад анҷом дод, ки аз қудрат бархурдор бошй. Кабирӣ қудрату раёсатро ҳадафи ҳизбҳои сирфан сиёсӣ медонад, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ ба унвони як ҷунбиши равшангаро қудратро васила медонад, на ҳадаф. Ҳадаф боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеъа ва ислоҳи он аст. Мепурсам, дар кишваре, ки ҳам давлат ва ҳам ҷомеъааш гирифтори бемориҳои фаровонанд, чи гуна метавон ба ин ҳадаф расид? Мегӯяд, бемории давлат ҳамонанди сармохурдагии сабук аст ва онро метавон бо доруи “мудирияти хуб” дармон кард. Барои муъолиҷаи ин беморӣ ниёзе ба инқилобе бунёдин нест. Чун кодрҳои хубе чи дар ҳайъати давлат ва чи берун аз он ҳузур доранд ва бо мудирияти дурусте ин кодрҳо метавон шароитро беҳтар кард. Муҳим нест, ки кодрҳо динианд ё дунявӣ. Муҳим он аст, ки ба ватану миллаташон хидмат кунанд.
Мегӯяд, ҳамон гуна ки мо натавонистаем аз сарватҳои обию маъдании худ истифодаи беҳина кунем, ба ҳамон шева дар корбурди сарватҳои инсонию кодрии худ бо мудирияти дуруст ҳам муваффақ набудаем.
Аз порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз истеъфои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода Кабирӣ танҳо намояндаи Наҳзати Исломист, ки дар он мондааст. Муътақид аст, ки маҷлиси феълӣ беҳтарин порлумон барои ҳукумати иҷроияи Тоҷикистон будааст. Порлумоне бисёр орому бедардисар, ки дар ҳамаи масъалаҳо ёвари ҳукумат будааст. Порлумоне воқеъан корӣ, ки вакилонаш ба монанди дастёрону мушовирони вазирон кор мекунанд. Даҳҳо қонунро мурур мекунанду ҳамарӯза ба даҳҳо занги телефунӣ посух медиҳанд.
Посух гуфтан ба телефунҳо ва мурури қонунҳо корест, ки ҳар каси дигар ҳам метавонад дар баробари дастмузде муъайян анҷом диҳад. Мепурсам, аз мурури қонунҳову посух додан ба телефунҳо чи суде ба миллат мерасад, ки ҳазинаи ҳузури вакилон дар дафтарҳояшонро мепардозад.
Кабирӣ ҳазина ё хароҷоти порлумони моро дар муқоиса бо дигар порлумонҳо андак медонад, аммо мувофиқ аст, ки аксари намояндагони мардум аз ваколат ва вазифаҳои худ огоҳ нестанд ва худро бештар дар мақоми як маъмури ҳукумати иҷроия мебинанд.
“Яке аз вакилон мегуфт, ки мардум ҳанӯз ба ман ба унвони як шоъир муроҷеъа мекунанд; тӯли 4-5 сол касеро надидаам, ки ба ман ба унвони вакил муроҷеъа карда бошад. Чун на мардум ба ваколати ӯ бовар доранд, на худаш. Барои чунин вакил дар воқеъ ҳазина кардани пули мардум ҳайф аст.”
Кабирӣ дар мавриди порлумони оянда ҳам чандон хушбин нест. Ба гуфтаи вай,
“Вазъият дар порлумони баъдӣ ҳам чунин хоҳад буд. Ҳатман дар порлумони оянда ҳам курсиҳо барои теъдоди мушаххаси муҳандисону кишоварзону устодону ҳуқуқдонҳо тавзеъ мешавад.”
Вазъият дар қувваи қазоия ё додрасӣ ҳам чандон мутафовит нест. Он шохаи ҳокимият ҳам комилан таҳти фармони қувваи иҷроия аст. Дар воқеъ, ҳокимияти Тоҷикистон танҳо як қувваи фаъъол дорад (иҷроия) ва ду шохаи дигари қудрат (қонунгузорӣ ва додрасӣ) тобеъи қувваи иҷроия ҳастанд. Оё бо чунин вазъе, ки заруратҳои як ҷомеъаи модерн нодида гирифта мешавад, то куҷо метавон пеш рафт?
Кабирӣ пойдории ин яккатозиро хатарнок медонад.
“Хатар ин аст, ки бовари мардум аз порлумон, равандҳои сиёсӣ, созукор (меконизмҳо)-и демукротик бурида мешавад. Аз додгоҳ ҳам навмед мешаванд. Тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон пур аз номаҳои саргушода ба раисиҷумҳур шудааст. Ин табдил шуда ба як жонри журнолистӣ. Чун аз диди онҳо, ҳеч кас ҷуз ба раисиҷумҳур ба дардашон намерасад; на қонун, на порлумон, на додгоҳ, на додситон. Ба ҳеч кас бовар надоранд. Ва факсе надоранд, ки бо даргоҳи Худованд васл бошад. Танҳо додрас барои онҳо раисиҷумҳур аст, ҳамчун сояи Худованд, ҳамон тавре ки дар ҳама ҷо менависанд.”
Аммо чаро масъалаи истиқлоли қувваҳои ҳокимият аз ҳамдигар дар миёни ҷомеъа ба таври ҷиддӣ матраҳ намешавад? Дар кишварҳое, ки роҳи саъодату хушрӯзиро мепаймоянд, се шохаи ҳокимият дар кори ҳамдигар дахолат намекунанд ва ба ҳамдигар вобастагӣ ҳам надоранд, то авлавияти қонуну адолат таъмин шавад. Мегӯяд, ҷомеъа ҳанӯз ба дарки ин нукта нарасидааст. Дар гузашта амири Бухоро буд, ки сарнавишти ҳама чизу ҳама касро таъйин мекард. Дар замони Шӯравӣ Ҳизби Кумунист ҳамакора буд. Ва акнун ҷойгоҳи Ҳизби Кумунистро як ниҳоди дигар ишғол кардааст. Танҳо номҳову сохторҳо иваз шуданд, вале моҳият ҳамонест, ки буд. Пас ҷомеъае, ки ҳамеша аз сӯи давлатҳои якдаст идора шуда, аз куҷо бидонад, ки шеваи дурусти давлатдорӣ кадом аст? Пас наметавон аз ин ҷомеъа интизор дошт, ки хостори таҳаввуле бошад ё истиқлоли шохаҳои ҳокимиятро тақозо кунад. Танҳо бо равшангарӣ метавон ба рушди ҷомеъаи маданӣ даст ёфт ва як давлати дилсӯз бояд дар ин амри накӯ бештар аз ҳар каси дигар талош кунад.
No comments:
Post a Comment