Tuesday, March 31, 2009

Celebrating Nowruz Beside Cyrus the Great

Бузургдошти Навруз дар канори Куруши Бузург



Назарпурсии Як Дарвеш

Наврузро бояд чашн гирифт

Оре 11 (100%)

На 0 (0%)

Шояд 0 (0%)

Намедонам 0 (0%)

Votes so far: 11
Poll closed

Monday, March 30, 2009

The Vernal Turkic 'Voice'

"Овоз"-и наврузии турктаборон

Бори дигар собит кардем, ки мо мардумони суханем. Тавонистаем суханро дар бартарин манзалат бинишонем (пеш аз ин ки аз осмон ба заминаш афканем), бо сухан зинда бимонему зиндагй кунем ва бо сухан хам бозй кунему бибозем. Аз ин чост, ки маъмулан гуи сибкатро ба ононе мебозем, ки кирдорро бар гуфтор тарчех додаанд. Ин бор хам чунин шуд.

Дар хамин рузхои соли гузашта буд, ки хаваси таъсиси як шабакаи телевизюнии порсй барои кишвархои порсизабон зехну калби макомотамонро тасхир карда буд. Ба гунае, ки хабаргузорихо мужда медоданд, ки ба зудй як чунин шабакае падид хохад омад ва хатто мухтавои куллии барномахои онро низ эълом карданд. Гуфтанд, ба далели тафовутхои идеулужику сиёсии миёни Эрону Точикистону Афгонистон ин телевизюн умдатан фархангй-ичтимоъй хохад буд. Сурфахои асабии намояндагони нохушнуди кавми паштун дар Афгонистон боъис шуд, ки порсигуён имтиёзеро барои онон низ коил шаванд ва бипазиранд, ки бахши кучаке аз ин барномахо ба забони пашту хам бошад. Он гох таъбири “телевизюни порсй” ва хувияти он зери суол мерафт, ки аз диди ман, суоли бузурге нест. Агар карор аст ин тахфиф дар баробари паштунхои кудратманд дар Афгонистон рохро барои ин тарх хамвор кунад, дарди ба хайр аст. Ба вижа агар ин нукта хам мадди назар бошад, ки пашту хам аз забонхои эронии шаркист.

Сипас торихи рохандозии шабакаи порсй эълом шуд, лагв шуд, дубора эълом шуд ва охирин бор беш аз як мох пеш буд, ки раиси Кумитаи давлатии садову симои Точикистон Наврузи 2009-ро торихи огози кори шабакаи мавъуд эълом кард.

Навруз хам гузашту аз шабакаи порсии мо хабаре нашуд. Ба чои он шабкаи телевизюнии тозае руи амвочи мохворайи рафт. На аз Эрону Точикистону Афгонистон, балки аз Туркия. На ба забони порсй, балки ба забонхои туркитабор. Ва аммо на бо номе туркй, балки бо унвони порсии ноби “Овоз”. Дуруст дар рузи Навруз ва ба ифтихори Навруз. Абдуллох Гул, раисичумхури Туркия, дар маросими гушоиши ин шабака зимни тавзехи маънои унвони порсии он гуфт: “Шабакаи “Овоз”-и ТРТ чахони турк (забон)-ро мухотаб карор медихад.” Чахони турк (забон) ба пиндошти бародарони турк минтакахои Болкон, Кафкоз ва Осиёи Миёнаро дарбар мегирад. Барномахо ба забонхои туркитабори гуногун тахияву пахш мешаванд ва бинандагон имкон доранд аз тарики ин шабака забони туркии истонбулиро хам биомузанд. Барои чахони туркизабон метавон ин руйдодро шодбош гуфт, чун ба ростй дар пайванди хар чи наздиктари онхо сахми басазое хохад дошт. Аммо барои мубтакирони ин андеша, ки порсигуёни се кишваранд, таслият муносибтар аст. Чун боз хам аз хадди сухан фаротар нарафтем. Нишастему назора кардем, ки чи гуна андешаи мо мавриди турктозии пушидае вокеъ мешавад, ба ягмо меравад ва дар сомоне дигар ба вукуъ мепайвандад.

Шабакаи “Овоз”, дакикан ба монанди тархи порсигуён, дар рузи Навруз рохандозй шуд ва мухтавои барномахои он хам (бо таваччух ба тафовутхои идеулужику сиёсии миёни кишвархо) фархангию ичтимоъист. Дар маросими гушоиши он дар канори макомоти кишвархои турктабор хунармандони баноме чун Таркани турк ва Севара Назархони узбак хузур доштанд. Турктаборон канори хам чашни Наврузро бо шукуху шавкат гиромй доштанд ва шабакаеро бо унвоне порсй, ки дар забони туркии навин вучуд надорад, ифтитох карданд.

Турфа руйдоде, ки моро дар гирдобе аз андешахои магшуш меафканад: оё фикри ифтитохи ин шабака кай дар зехни туркхо буруз кард? Ва агар онхо чунин барномаеро аз кабл доштанд, чаро касе аз он огох набуд? Ва чаро тархи мо, ки барои хама ошкор буд ва борхо дар хабарномахои мухталиф пахш шуд, ба мархилаи ичро нарасид?

Дарсе, ки аз ин руйдод хосил мешавад, шояд ин бошад, ки бехтар аст аз ин ба баъд камтар чор бизанему бештар кор кунем.

Friday, March 27, 2009

Slap in the Conscience

Силй бар виждон

Хлесткая пощечина Барзу национальному сознанию

Агар карор аст дар ин рузхои навмедии Точикистон касеро ситоиш кунам, номи фарде чуз Барзу Абдураззок ба зехнам намеояд. Пас аз солхо сукути мутлак, хамудагй ва хобидагии дастачамъй ва марги равшанфикрй дар кишвар касе падид омад, ки бонги чарасро ба садо дароварад, то бигуяд: «Эй мардум, агар акнун бедор нашавед, дигар харгиз бедор нахохед шуд.» Пас аз 17 соли фаромушй ва тахаммули бори нангини хакорат марде омад ва ёдовар шуд, ки «вазифаи як равшанфикр тавлиди андеша аст», такон додани магзхои хобида аст, на такон додани гахвораи шикастаи миллат, ки ба хоби жарфтаре биравад.

Мумонеъат аз намоиши дроми «Девонагй. Соли 93», ки талфикест аз ду асар («Соли 93»-и Виктур Хугуи фаронсавй ва «Таъкибу катли Жон Пул Морот»-и Питер Улриш Войси олмонй) нахустин мавриди сонсури ошкори як асари теотрй дар Точикистони муъосир аст. Дар гузашта агар порахое аз як намоишнома сонсур мешуд, пушти парда анчом мегирифт ва сарусадои он дар фазои иттилоъотии кишвар намепечид. Аммо то кунун давлат монеъ аз намоиши як намоишнома ба таври кулл нашуда буд. Ин ба далели он нест, ки давлати кунунй дар гузашта дасту боли хунармандонро бозтар гузошта буду акнун талош мекунад онро бибандад. На. Ин бад-он маъност, ки фарди равшанфикре кад алам кардааст, ки мехохад тилисми тарсро бишканад ва харфе тоза бигуяд ва андешае нав тахвил дихад.

Барзу Абдурраззок дар ин намоишнома, ки бегумон дар торихи бедории зехнии точикон сабт хохад шуд (агар миллате бо номи точик бокй бимонад), кушидааст бо дархам омехтани ду асар, аз ду кишвари урупойи ва ду давраи мухталиф вокеъиятхои асри навин дар кишвари севвум (Точикистон)-ро баён кунад. Он шомили сахнахое аз Инкилоби Фаронса (1789-1794) мешавад, аммо мухотабонаш зехнхои саркубшудаи кишваре тихидасту бадбахт дар Осиёи Миёнаанд.

Пас аз нахустнамоиши он дар рузи 17 морс макомоти «Вазорати фарханг» ба деворхои теотр дар хаволии соъати 11-и шаб шабехун заданд ва пустер (плакат)-хои намоишномаро бо хашму нафрат пора-пора карданд. Тарси макомот баъдан маълум шуд ва дар бархе аз расонахо бозтоб ёфт. Сардамдорон бими онро доранд, ки «Девонагй» шомили унсурхо ва шуру хаячони инкилобист ва метавонад ба эчоди нооромихо дар кишвар мусоъидат кунад. Ба иборати дигар, «Девонагй» метавонад боъис шавад, ки сохибмакомони имруз курсихояшонро фардо аз даст диханд. Гу ин ки бо мумонеъат аз бурузи галаёне, ки дар даруни афроде чун Барзу мечушад, мотахти чанобон барои хамеша ба руи он курсихо часпида хохад монд.

Барзу мункир нест, ки хадафи эчоди инкилобро доштааст. Чун инкилоб дар чомеъаи хамудае чун Точикистон як зарурат аст. Агар ин чомеъа мункалиб нашавад, ногузир ба чохи нобудй хохад уфтод. Аммо манзури Барзу инкилоб дар зехнхост. Манзури у бедор кардани магзхои фурухуфта аст. Нахустин талоши у дар ин пайкор ба нокомй анчомид ва магзхои вазоратнишинонро бедор накард ва барояшон фарханге хам эъто накард. Пас аз гуфтушунуде, ки миёни Барзу ва Мирзошохрух Асрорй – «вазири фарханг» рузи 23 морс сурат гирифт, Барзу мувофикат кардааст, ки порахое аз намоишномаи худро тагйир дихад, харчанд муътакид аст ин кор шоиста нест.

Дар нишасти хабарии Барзу дар остонаи Навруз (19 морс) суханхое гуфта шуд, ки барои нахустин бор пас аз солхо дар фазои кишвар мепечид. Барзу бо накли латифае арабй нихояти инзичору безории худ аз «вазорати фарханг»-ро баён кард. Он латифа такрибан ба шархи зер буд:

«Арабе дар биёбон мехост шутурашро рахо кунад. Гуфт: «Шутурчон, чун туро бисёр дуст медорам, намехохам бикушамат ва гуштатро бихурам. Пеш аз ин ки биравй, бигу, ки оё ман харгиз туро озор додаам. Харгиз бори зиёд ба пуштат нихода будам? Туро зада будам? Кори баде дар хакки ту карда будам?» Шутур мегуяд: «На» ва билофосила гиря мекунад. Сохиби шутур мепурсад: «Пас чаро гиря мекунй?» Шутур мегуяд: «Ту вокеъан сохиби хуб будй. Хуроку оби маро пайваста медодй. Вале харгиз як чизро фаромуш нахохам кард. Вакте ки ба хач мерафтй, лагоми маро ба думи харат баста будй».

Он гох Барзу иттифокеро, ки бо худи у уфтодааст, бо мочарои шутуру думи хар мукоиса карду гуфт:

«Ин иттифок хам ба монанди бастани лагом ба думи хар аст. Вакте ки Миръалй Достиев (муъовини вазири фарханг) хар кореро, ки мехохад, мекунад. Ва масъул аст. Мирзошохрух Асрорй хам хамон ба дум бастан аст, бародарони азиз. Дигар чи хам мешавад кард, вакте ки лагоми ту ба думи касе бастааст, ки туро мебараду ба ту гап ёд медихад?»

Касе, ки ба хангоми сафар ба Киргизистону Узбакистон вазирони фарханги он кишвархо барои пешвозу гуселаш ба фурудгох меоянд; коргардоне, ки вазири фарханги Фаронса ба хангоми дидораш аз Душанбе сурогашро мегирифт, мегуяд, ки вазири фарханги механи у харгиз бо у тамос нагирифта ва борхо бо у бадрафторй кардааст. Барзу муътакид аст, ки аз ин ба баъд хеч теотре дар Точикистон ёрои хамкорй кардан бо уро нахохад дошт. Чун тарс аз хусусиёти точикон аст.

Вай як андарзи Мухсини Махмалбофро ба ёд меоварад, ки мегуфт: «Бурзу, худатро озор надех. Мошин дорй, ронандагй куну токсй бизан. Ин кор, ки барои ту ачре надорад.» Барзу як бор талош кард токсирон шавад, аммо аз нимарох баргашту ба хамсараш гуфт: «Тарчех медихам гурусна бимонаму ин корро накунам. Метарсам рузе пушти фармони мошин дилам битаркад.»

Барзу Абдурраззок умеде ба ояндаи равшани теотри точик надорад ва ояндаи онро вобаста ба ояндаи давлати Точикистон медонад ва мегуяд:

«Рассвет происходит, когда власть все-таки интересуется театром. Когда эта власть, еще к тому же, имеет фундаметальную культурную основу.»

«Фуруг замоне фаро мерасад, ки макомот ба теотр алокаманд бошанд. Замоне ки, афзун бар он, давлат бунёду пояи фархангй дошта бошад.»

Ва чун ин давлат фокиди чунин пояест, пас наметавон фуруг ё тулуъе дар теотри точикро интизор дошт.

Вале ман бо ин дидгохи Барзу чандон мувофик нестам. Худи у намунаи боризи ин хакикат аст, ки наметавон барои хамеша гулухоро баст, садохоро хафа кард, зехнхоро саркуб кард ва боз хам фармонраво монд. «Мерасад марде, ки занчири гуломй бишканад». Хамеша расида ва боз хам хохад расид. Садои бугзолуди Барзу барои ман навид дошт. Рох рохи дарозест, аммо зохиран нахустин гомхои ларзон ба суи максад бардошта мешаванд.

Намоишнома «Девонагй» бо хазор тагйиру дасткорй хам ки руи сахна биравад, хуччати русиёхии давлати номардумии Точикистон хохад буд. Давлате, ки савор бар амвочи хун кудратро кабза кард ва хуни миллатро ошомид ва акнун бо тарс додани мардум аз хуну хунрезй мехохад хуни бештар биошомад.

Мо ба як зилзила ниёз дорем. Зилзилаи бунёдин дар зехнхо.

Ва шояд «Девонагй» нахустин ларзаи он буд. Харчанд хафифу охиста, аммо махсус. Ва садои баланди эътирози Барзу ларзае мухкамтар буд. Шояд то кунун зехнхое такон хурда бошанд. Харчанд умеде нест, ки зехнхое чун Сафват Бурхонов аз ин руйдод таъсире пазируфта бошанд. У, ки дар нишасти хабарии Барзу хукми обсофкунро дошт, бо вучуди ин хиффату хорй талош мекард васати сухбати дигарон бипарад ва руи сиёхи давлатро сапед кунад ва бигуяд, ки давлат касди сонсурро надошта ва таъкид кунад, ки 210 сомонй дастмузди мохонаи Барзу бештар аз 160 сомонй дастмузди вазирон аст. Ангор ин мардак гофил аст, ки дар поёни мох ба зери раками 160 чанд-то сифри дигар ба чи нахве афзуда мешаванд. Ба дарак.

Дар ин замина аз торнамои сириллики Би-Би-Си ва аз телевизюни порсии он сипосгузорам. Азизоне чун Исфандиёри Одина, Шамсияи Косим, Сухроби Зиё ва Искандари Фируз бехтару бештар аз хар каси дигар тавонистанд садои гамгини Барзу Абдурраззокро ба гуши чахониён бирасонанд.

Бо ин ки матлаб дароз шуд, мехохам порае аз сухбатхои Барзу дар нишасти хабарии 19-и морсро ба хамон шевае, ки баён шуда, ин чо накл кунам. Зимнан, Барзу аз рузи 13 оврил то мохи ут (август) дар Точикистон нахохад буд ва барои теотрхои бегона кор хохад кард. Бегонагоне, ки арзиши худии моро бештар аз худи мо медонанд.

Господа, что же с нами происходит?
Барзу Абдураззоков

Сказать, что нет там (в спектакле) революционного пафоса, я бы наврал бы вам. Потому что рано или поздно, если спектакль пойдет, вы его увидите. Но я думаю, что мы не призываем к топору и Гилятине. Мы призываем к революции сознания. И если бы мы не призывали к революции сознания, то мы были бы грешными и не выполняли бы нашу миссию творческую.

Спектакль говорит о самосознании. О том, личность ты или нет. Говоря выражениями Сафвата, ты все-таки Джамшуд или не Джамшуд? Как не странно, я недавно зашел к себе в квартиру и услышал, что в маленькой детской комнате идет хохот. Я думал, они смотрят мультфильм. Потому что я слышал голос телевизора. Они смотрели ТНТ «Равшан и Джамшут». Вы знаете, я первый раз в жизни присмотрелся и я понял насколько мы падшие. Я тогда, в эту секунду подумал, Россия воюет с Чечней уже более пятнадцати лет, но ни один чеченец не был в Москве убит. Грузины только, что отвоевали, но грузины как короли ходят. И почему издиваясь над нами на Центральном (через ОРТ это идет все), мы позволяем это себе делать? И еще я помню какой-то идиот написал в газете Азия-Плюс, что дали ему звание, потому что он авторитет наш поднимает. Господа, что же с нами происходит?

Я выезжаю за страну, первая вещь, которой мне стыдно, это наш аэропорт, а потом наш самолет, а потом, когда я спускаюсь в Домодедово, когда меня до трусов обыскивают и не смотрят, что у меня полудипломатический паспорт. Они говорят, суньте это куда вам угодно, господин Абдр... Дррр.. Бррррд..! И матом. И вот я стою в этой толпе и прохожу в трусах. Это не я, это моя страна идет в трусах унизительно. Я вижу как азербайджанцы идут, армяне идут, ташкентский рейс проходит и уходит... А я до сих пор с ботинками в руках торчу у таможни.

С нами что-то произошло, ребята. Не то, что Россия или кто-то к нам относится плохо. С нами что-то произошло. С нашими гастарбайтерами, которые грызутся там. Унижаясь, грызутся и предают друг друга... Потому что они дух отсюда берут с собой. Они отсюда этот груз предательства друг друга, неуважения берут с собой. Убивают одного исфаринца, кулябцы говорят «хай я исфарагй будас-да!» Убивают одного пенджикенца, говорят «хай панчакентй будаст-да!» Кулобия мекушанд, мегун кулобия куштаст.

Хафт-то киргизро соли гузашта куштанд, бародарон. Хафт-то. Тверская улица была закрыта киргизами. И пока Лужков не вышел и не отчитался, киргизы не ушли и не открыли дорогу. Нас полтора миллиона, и молчим. Нам режут головы, и молчим. Я недавно в какой-то газете отчитался, что отношения с Россией стали лучше, только потому что в прошлом году (я говорю приблизительные цифры) убили 648 человек, в этом году убили 646 человек! Вы представляете какой прогресс! Ливанцы Хизбуллах взяли одного еврея, пол Ливана не стало.

А мы говорим, вы знаете, агар ки мо мамлакати абаркудрат мебудем... Послушайте, а почему не абаркудрат? До каких пор мы будим в положении чурок?! До каких пор мы будим позволять себе это?! Маленькая Грузия вышла против... Пусть (Россия) победила войну, но она (Грузия) слово свое сказала. И мир, как не странно, был на стороне Грузии, а не на стороне Великой России. И им было наплевать, перекроют им газ или нефть. Они сказали, не принимаем и все. Это было слово. Мы свое слово никому сказать не можем, и если сами говорим себе, то давим. Здесь мы давим, глушим себе это достоинство. Это обидно. И если там в моей пьесе есть революция, то это накипело. Понимаете? Это моя боль в маршрутке, в транспорте, в разговоре с ГАИ-шником...

Недавно один мой очень талантливый друг уехал из страны. Я сказал, почему ты уезжаешь? Он сказал, ты знаешь, Барзу, я устал думать о плохом. И я устал быть бараном. Я устал от того, что меня принимают за барана.

И если я сделал свой спектакль и там есть эти революционные идеи, то они не касаются Гилятины. Я сыт от крови в моей стране. Я потерял многих своих друзей... Я вокруг театра Маяковского собирал трупы... И если я к чему-то призывал, родной вы мой, я призывал к осознанию. Это было пощечина сознанию. И прежде всего, моему застывшему сознанию. Имею ли на это право или нет, как вы думаете? Раз я имею на это право, то почему я не имею право на высказывание своего мнения?..

Нас без того осталось мало. Хотя в нашем спектакле говорят, вас мало, но скажите, что вас много. Последняя фраза моего спектакля: «Скажите, что вас много».

У меня нет выхода. Мой выход это скорее всего отъезд...

Президент – это высшая инстанция в моей стране. Я не знаю, к радости или к сожалению.

(Сафват Бурхонов: К радости. Хоть есть к кому обращаться).

Wednesday, March 25, 2009

Nowruzistan

Наврузистон

Бокири Муъин

баргирифта аз Jadidonline.com

Дар зиндагии шахрй бо имконоти рифохиаш ва дастрасй ба гулхо ва мевахои берун аз фасл гуйи дигар миёни бахору зимистон марзе нест. Агар шумо хам мисли ман дар чое нисбатан кухистонй бор омада бошед, ки зимистон, зимистон бошад, бахор бароятон чашни бисёр вокеъитаре мешавад, ки аз тахи дил хушхолй меоварад. Омадани бахор, яъне поёни роххои душвор ва лагзанда, яъне фурсате бештар барои бозй дар хорич аз хона ва дидани гулхо ва парандагоне, ки овоз мехонанд, то чи расад ба хуроки рангорангу пушоки наву иди диданй.

Ва ин тачрубахои шахсист. Бузургтар ки шудем, аз баробарии рузу шаб дар бахор ё эътидоли рабиъй сар даровардем ва аз вожахое мисли «саъд»-у «нахс» огох шудем ва шунидем, ки барои хар фасле ва мохе хосияте навиштаанд ва хар рузеро барои коре бехтар донистаанд.

Ва баъд дар Шохнома хондем, ки Чамшед Наврузро бунёд кард. Хеле баъдтархо мутаваччех шудем, ки чашн гирифтан дар бахор ба хазорон сол пеш бармегардад. Хатто пеш аз замоне, ки бобилихо ва осурихо рузхои хафтаро таъйин карданд. Ва ёд гирифтем, ки мардумони бисёре дар чахон, хар як ба гунае, дар огози бахор омода мешаванд, то нав шудани рузгорро чашн бигиранд. Ва баъд ёд гирифтем, ки баробарии бахориро бисёре аз мардуми дигари дунё бо номхои гуногун мешиносанд.

Афсона ва вокеъият дар бораи нахустин чашнхои бахорй бисёр аст. Барои намуна, метавон аз аъёд (идхо)-е ёд кард, ки хама бо бахор пайванд доранд: иди Фасхи яхудиён, иди Киёми Масех, Шамм-ун-насим дар миёни мисриён ва Найруз ё чашни Соли Нав дар миёни милюнхо тан аз кибтиёни масехии мисрй бо ниёиш ва таронахои вижа.

Пас аз рафтан ба Кафкоз ва Осиёи Миёна буд, ки бештар фахмидам фарханги мо чи кадр бо фарханги мардуми он минтака ба хам омехта аст. Хангоми гуфтугу бо мардуми кишвархои хамсоя хис мекунед, ки миллатхои турку ориёйи ва эронитабор, ки карнхо бо хам ва дар канори хам зистаанд, решаи фархангишон ба хам пайванд хурда ва яке шудааст. Аз хамин ру имруза хар як ба шевае ба пешвози ин нав шудани табиъат мераванд.

Дар Эрон, ки хостгохи Навруз аст, чашни Навруз дар миёни мардум пайваста аз ахамияти бештаре бархурдор буда. Аммо дар расонахо шодмонихои мардумй камтар нишон дода мешавад ва гох одам дучори шак мешавад, ки накунад рузи сугворист.

Аммо дар кишвархои навистиклоли Осиёи Миёна хар сол мардум ва ба пайравй аз онхо хукуматхо ба Навруз бештар руй меоваранд ва Наврузро ба чашне миллй бадал кардаанд, ки хар сол чилваи бештаре меёбад. Дар миёни кишвархои дигар бояд ба хусус аз Туркия ёд кард, ки бо шитоб ба саффи муштокони Навруз пайвастааст. Гарчи дар Ироку Туркия курдхо ва алавихо хамеша Наврузро чашн мегирифтаанд. Аммо акнун давлати Туркия дар ташвики Навруз гомхое бардошта ва амалан пайванди Туркияро бо кишвархои Осиёи Миёна дар Навруз мебинед. Имсол дар Навруз давлати Туркия телевизюнеро ба забонхои туркй ба номи «Овоз» барои кишвархои Кафкоз ва Осиёи Миёна огоз кард.

Сафар ба ин кишвархо аз ин зовия шигифтй хам меоварад, ки бештари мардуме, ки Наврузро чашн мегиранд, огохии дакике аз танаввуъи одобу русуми якдигар дар бораи Навруз надоранд; аз навъи омодагихо, ниёиши наврузй, навъи мусикй ва ё раксу чилва ва садову шур ва хурокихои вижа ва резакорихое, ки хар кадом барои Навруз доранд.

Яке-ду хафта пеш буд, ки Созмони Хамкорихои Иктисодй мавсум ба ЭКУ (ECO) дар Техрон чаласае дошт. Ёдатон хаст, ки пештархо Эрону Туркияву Покистон дар Созмони Умрони Минтакайи узв буданд. Онхо дар соли 1985 ЭКУ-ро дуруст карданд ва дар соли 1992 Казокистон, Киргизистон, Туркманистон, Узбакистон, Точикистон, Афгонистон ва Озарбойчон хам ба он пайвастанд. Иттифокан яке аз хадафхои ин созмон ошноихои фархангии бештари мардуми ин минтака бо якдигар хам хаст.

Аз руи кунчковй дар Интернет чустучу кардам ва баёнияи дидори ЭКУ дар Техронро хондам. Хамон тавр ки хадс мезадам, дар остонаи соли нав ишорае ба Навруз нашуда буд. Ва дидам аз иттифоки рузгор Чалоли Толибонй – раисичумхури Ирок хам, ки курд аст, ба унвони мехмон дар ин кунфронс хузур дошта. Аз нигохи фархангй чунин руйдоде камтар пеш омада ва харгиз то кунун пеш наомада буд, ки намояндаи такрибан бештари мардумон ва хамаи кишвархое, ки Наврузро дар он чашн мегиранд, якчо гирди хам омада бошанд.

Бо омадани бахор ва расидани чашни Навруз табиъати одам дучори дигаргунй, нигохи мо ба чахон хушбинонатар, неруи тахайюли мо шаффофтар [мешавад] ва сакфи орзухомон болотар меравад.

Шояд ба хамин далел буд, ки ман хам ба худам гуфтам, ки эй кош, холо ки хамаи ин кишвархо Наврузро ба гунае чашн мегиранд, касе дар он дидор ба ёди Навруз мебуд, ба унвони пояи фархангии муштараки ин кишвархо ва ба намояндагони кишвархои хозир пешниход мекард, ки ба чои ЭКУ номи он созмонро «Наврузистон» бигузоранд.

Барои ин кишвахо гуйи хадаф аз тамаркуз бар хамкории иктисодй дур мондан аз газандхои идеулужикист. Аз он чо ки Навруз хам аз табиъат бар мехезад ва бо хастии инсон сарукор дорад, марому идеулужии сиёсй нест, ки дучори дигаргунй шавад. Аз хамин ру чунин созмоне, агар касе ба фикраш бошад ва бо зарофату дарки хассосиятхо амал кунад, метавонад накши бисёр созандае дар огох кардани мардуми ин минтака аз фархангу суннатхои хам бозй кунад. Ва дар наздикй ва хамкорихои бештар миёни мардуми минтака гомхои амалии дигаре бар дорад. Хамон гуна ки урупоихо бардоштаанд.

Огози Навруз ба замони бостон ва бино бар афсонахо ба Чамшедшох бармегардад, аммо хамонанди соли нави мелодй имруз дигар Навруз аз они касонест, ки онро чашн мегиранд.

Ва низ ба ёд дошта бошем, ки Навруз танхо чашни навпушй ва пурнушй ва бисёрхурй нест; балки он гуна ки гуфтаанд, фурсатест барои покизагии дарун ва навсозии чону равон. Он чи ки мо дар фархангамон ба унвони ирфони чамолу зебойи мешиносем, аз орифону розварон сарчашма гирифта, ки аз хамин бахш аз чахон, яъне хамин Наврузистон омадаанд, то фармонхои хушку тангчашмихоро талтиф кунанд.

Бо боз шудани пои хазорон мухочир аз ин сарзаминхо, яъне аз хамин Наврузистон ба корахои дигар, бисёре аз суннатхо ва ойинхои махаллию миллии Навруз мехвари анчуманхои фархангй, семинорхо ва кунсертхо шуда ва ба гушаву канори чахон хам бурда шуда. Барои мисол, раксхои эронию афгонию курдию туркию точикй, ки бархе аз онхо дар зодгохи худ чое барои намоиши умумй намебинанд, дар корахои дигар дусторони фаровоне пайдо кардаанд.

Сиёсатмадорон дар кишвархои Магрибзамин низ барои арч гузоштан ба гуногунии фархангй ва низ чалби орои касоне, ки Наврузро чашн мегиранд, кам-кам доранд вориди ин сахна мешаванд. Онхо паёми шодбоши наврузй мефиристанд ва дар чашнхои наврузй ширкат мекунанд ва дар шурохо ва мачолиси худ мекушанд ба Навруз расмият бидиханд.

Нахуствазири Суэд (Шветсия) ба муносибати Навруз паём фиристод ва шахрдори чадиди Ландан кушид барои нахустин бор дар маркази Ландан Наврузро чашн бигирад. Иёлати Унторию (Ontario)-и Конодо рузи аввали Наврузро рузи расмии он иёлат эълом кард. Рахбарони Омрико хам ин солхо паёми шодбоши наврузй мефиристанд ва дар Кохи Сафед суфраи Хафтсин мечинанд. Аммо имсол окои Убомо хамаро бо паёми наврузиаш ба мардуму рахбарони Эрон шигифтзада кард. Яке аз намояндагони Кунгреи Омрико аз Навруз расман тачлил кард ва аз у химоят шуд.

Дар дунёи мачозии Интернет Навруз ва гузоришхои бисёр аз пешинаи Навруз ба забонхои гуногун ба хусус дар Ютюб (Youtube) дида мешавад. Бисёре аз ироакунандагони хадамоти интернетй низ, аз чумла Google, Microsoft ва Yahoo! дар ин солхо дар сафхаи аввали худ ороиши вижаи наврузй доштаанд.

Гуйи катори Наврузистон дар чахони мачозй ба рох уфтодааст. Дар бораи ин ки оё дар чахони вокеъй хам ба рох хохад уфтод, харфу сухан бисёр аст. Наврузатон пируз.

Sunday, March 22, 2009

What is essential is invisible to the eye

Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад

Шохзода-кучулу
ба калами Онтуон ду Сан Экзюперй
Бахши 21*

Le Petit Prince
Antoine de Saint-Exupéry
21
به دبيره پارسی

Он вакт буд, ки сару каллаи рубох пайдо шуд.

Рубох гуфт:

- Дуруд.

Шахриёри кучулу (хурд) баргашт, аммо касеро надид. Бо вучуди ин бо адаби тамом гуфт:

- Дуруд.

Садо гуфт:

- Ман ин чоям, зери дарахти себ...


Шахриёри кучулу гуфт:

- Кй хастй ту? Ачаб хушгилй!

Рубох гуфт:

- Ман як рубохам.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Биё бо ман бозй кун. Намедонй чи кадр дилам гирифта...

Рубох гуфт:

- Наметавонам бо ту бозй кунам. Хануз ромам накардайи охир.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Пузиш мехохам.

Аммо фикре карду пурсид:

- «Ром кардан» яъне чи?

Рубох гуфт:

- Ту ахли ин чо нестй. Паи чй мегардй?

Шахриёри кучулу гуфт:

- Паи одамхо мегардам. Нагуфтй «ром кардан» яъне чй.

Рубох гуфт:

- Одамхо туфанг доранд ва шикор мекунанд. Инаш асбоби нигаронй аст! Аммо мургу мокиён хам парвариш медиханд ва хайрашон факат хамин аст. Ту паи мург мегардй?

Шахриёри кучулу гуфт:

- На, паи дуст мегардам. «Ром кардан» яъне чй?

Рубох гуфт:

- Як чизест, ки пок фаромуш шуда. Маъниаш эчоди алока кардан аст.

- Эчоди алока кардан?

Рубох гуфт:

- Маълум аст. Ту ал-он барои ман як писарбачайи, мисли садхо хазор писарбачаи дигар. На ман хеч ниёзе ба ту дорам, на ту хеч ниёзе ба ман. Ман хам барои ту як рубохам, мисли садхо хазор рубохи дигар. Аммо агар манро ром кунй, хар дуямон ба хам ниёз пайдо мекунем. Ту барои ман миёни хамаи олами мавчуд ягона мешавй, ман барои ту.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Кам-кам дорам мефахмам. Як гуле хаст, ки гумонам маро ром карда бошад.

Рубох гуфт:

- Баъид нест. Руи ин кураи Замин хазор чур чиз мешавад дид.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Ух на! Он руи кураи Замин нест.

Рубох, ки ангор хисобй шигифтзада шуда буд, гуфт:

- Руи як сайёраи дигар аст?

- Оре.

- Дар он сайёра шикорчй хам хаст?

- На.

- Вох! Чи кадр чолиб! Мургу мокиён чи тавр?

- На.

Рубох ох кашиду гуфт:

- Хамешаи Худо як пои бисот ланг аст! (Хеч чиз беъайб нест).

Аммо паи харфашро гирифту гуфт:

- Зиндагии якнавохте дорам. Ман мургро шикор мекунам, одамхо маро. Хамаи мургхо айни хаманд, хамаи одамхо хам айни хаманд. Ин вазъ як хурда хулкамро танг мекунад (норохатам мекунад). Аммо агар ту манро ром кунй, ангор ки зиндагиамро чарогон карда бошй. Он вакт садои поеро мешиносам, ки бо хар садои пои дигар фарк мекунад. Садои пои дигарон маро водор мекунад, ки зери замин панох бибарам, аммо садои пои ту мисли оханге маро аз сурохам мекашад берун. Тоза, нигох кун, он чо гандумзорро мебинй? Барои ман, ки нон намехурам, гандум чизи бефоидаест. Пас гандумзор хам маро ба ёди чизе намеандозад. Асбоби таассуф аст. Аммо ранги мухои ту тилоист. Пас вакте ки ромам кардй, махшар мешавад! Гандум, ки тилоиранг аст, маро ба ёди ту меандозад ва садои бодро хам ки дар гандумзор мепечад, дуст хохам дошт...

Рубох хомуш шуд ва муддати зиёде шахриёри кучулуро нигох кард. Он вакт гуфт:

- Хохиш мекунам, манро ром кун.


Шахриёри кучулу посух дод:

- Дилам хеле мехохад, аммо вакти чандоне надорам. Бояд биравам дустоне пайдо кунам ва аз хеле чизхо сар дарорам (хеле чизхоро бифахмам).

Рубох гуфт:

- Одам факат аз чизхое, ки ром кунад, метавонад сар дарорад. Инсонхо дигар барои фахмидани чизхо вакт надоранд. Хама чизро хаминчурй хозиру омода аз дукконхо мехаранд. Аммо чун дукконе нест, ки дуст муъомила кунад, одамхо бедуст мондаанд... Ту агар дуст мехохй, хуб, манро ром кун.

Шахриёри кучулу пурсид:

- Рохаш чист?

Рубох посух дод:

- Бояд хеле-хеле хавсала кунй. Аввалаш андаке дуртар аз ман инчурй миёни алафхо менишинй. Ман зеричашмй нигохат мекунам ва ту лом то ком хеч чиз намегуйи. Чун сухан сарчашмаи хамаи суитафохумхост. Ивазаш метавонй хар руз андаке наздиктар бинишинй.

Фардои он руз дубора шахриёри кучулу омад. Рубох гуфт:

- Кош сари хамон соъати дируз омада будй. Агар, масалан, сари соъати чахори баъд аз нимруз биёйи, ман аз соъати се дар дилам канд об мешавад ва хар чи соъат пештар биравад, бештар эхсоси шодию хушбахтй мекунам. Соъат чахор ки шуд, дилам шур задан бино мекунад ва нигарон шудан. Он вакт аст, ки кадри хушбахтиро мефахмам! Аммо агар ту вакту бевакт биёйи, ман аз кучо бидонам чй соъате бояд диламро барои дидорат омода кунам?.. Хар чизе барои худаш коъидае дорад.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Коъида яъне чй?

Рубох гуфт:

- Ин хам аз он чизхоест, ки маъмулан нодида гирифта мешавад. Ин хамон чизест, ки боъис мешавад фалон руз бо бокии рузхо ва фалон соъат бо бокии соъатхо фарк кунад. Масалан, шикорчихои мо миёни худашон расме доранд ва он ин аст, ки панчшанбехо бо духтархои дех мераванд ракс. Пас панчшанбехо Баракушони ман аст. Барои худам гардишкунон меравам то дами токзор. Холо агар шикорчихо вакту бевакт мераксиданд, хамаи рузхо шабехи хам мешуд ва мани бечора дигар фурсату фарогате намедоштам.

Ба ин тартиб шахриёри кучулу рубохро ром кард.

Лахзаи чудойи, ки наздик шуд, рубох гуфт:

- Ох! Наметавонам чилави ашкамро бигирам.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Гунохи худат аст. Ман ки бадатро намехостам. Худат хостй ромат кунам.

Рубох гуфт:

- Хамин тавр аст.

Шахриёри кучулу гуфт:

- Охир ашкат дорад сарозер мешавад!

Рубох гуфт:

- Хамин тавр аст.

- Пас ин мочаро фоидае ба холи ту надошта.

Рубох гуфт:

- Чаро. Ба хотири ранги гандум.

Баъд гуфт:

- Бирав, як бори дигар гулхоро бибин, то бифахмй, ки гули худат дар чахон ягона аст. Вакте ки баргаштй, бо хам видоъ мекунем ва ман ба унвони хадя розеро ба ту мегуям.

Шахриёри кучулу бори дигар ба тамошои гулхо рафт ва ба онхо гуфт:

- Шумо сари сузане ба гули ман намемонед ва хануз хеч чиз нестед. На касе шуморо ром карда, на шумо касеро. Дуруст хамончурй хастед, ки рубохи ман буд: рубохе буд мисли сад хазор рубохи дигар. Уро дусти худам кардам ва холо дар хамаи чахон ягона аст.

Гулхо хисобй аз у шарм карданд.

Шахриёри кучулу сухбаташро идома дод:

- Хушгилед, аммо холй хастед. Бароятон намешавад мурд. Гуфтугу надорад, ки гули маро хам рахгузаре мисли шумо мебинад. Аммо у ба танхойи аз хамаи шумо сар аст. Чун факат уст, ки обаш додаам. Чун факат уст, ки зери хубобаш гузоштам. Чун факат уст, ки барояш хифоз дуруст кардаам. Чун факат уст, ки кирмхояшро куштаам (чуз ду-сетое, ки мебоист парвона бишаванд). Чун факат уст, ки пои гилагузорихо ё худнамоихо ва хатто гохе пои бугз кардану хеч чиз нагуфтанхояш нишастаам. Чун у гули ман аст.

Ва баргашт пеши рубох. Гуфт:

- Худо нигахдор!.. Ва аммо розе, ки гуфтам, хеле сода аст: чуз бо дил хеч чизро, чунон ки бояд, намешавад дид. Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад.

Шахриёри кучулу, барои он ки ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ниход ва гавхарро чашми сар намебинад.

- Арзиши гули ту ба кадри умрест, ки барояш сарф кардайи.

Шахриёри кучулу, барои он ки ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ба кадри умрест, ки барояш сарф кардаам.

Рубох гуфт:

- Инсонхо ин хакикатро фаромуш кардаанд, аммо ту набояд фаромушаш кунй. Ту, то зиндайи, нисбат ба чизе, ки ромаш кардайи, масъулй. Ту масъули гулат хастй...

Шахриёри кучулу, барои он ки ба ёдаш бимонад, такрор кард:

- Ман масъули гулам хастам.

*баргардони Ахмади Шомлу бо дасткорихои Як Дарвеш

Thursday, March 19, 2009

From Nowruz '08 to Nowruz '09

Аз Наврузи пор то ин бахор

Навиштахои Наврузи гузаштаи Як Дарвешро мурур мекардам. Намедонистам чи гуна ин тазоддро барои худам таъбир кунам, ки соли гузашта рузхои наврузии ин торнигор чи андоза пурбор буд, бар хилофи рузхои холии имсол, ки чизи тозае руи сафха падид намеоварад. Ба вижа дар заминаи чусторхои наврузй кори Як Дарвеш ба нихояти дарюзагарию дарвешй кашида шуда. Ростй, холу хавои Навруз хануз суроги мо наомадааст ва маълум нест, ки то поёни ин айёми хуррам ба гарибон хам назаре хохад афканд ё на.

Нигохе ба соли ру ба поён хам чанге ба дил намезанад. Ин сол давлати Точикистонро ба унвони як кулохбардори гузаро дар арсаи байнулмилалй муъаррифй кард ва табли русвоии давлат дар додгоххои Бритониё навохта шуд, бо ин ки чайби додварону вакилони инглисй аз мурофеъоти миёни давлату мухолифони алюминиюмиаш пури пур шуд. Аммо хамзамон бо ин мурофеъоти шармовар чайби мардуми Точикистон холитар мешуд.

Оташи бухрони молии чахонй, ки гумон мерафт аз канори Точикистон бигзарад, саранчом домони кишвари моро хам гирифт. Хазорон тан аз мухочирони корие, ки зомини тадовуми зиндагии хонаводахояшон дар Точикистон буданд, сарафкандаву малул аз Русияву Казокистон баргаштанд, чун корхонахояшон ру ба заволанд.

Хонаводаи нахусти кишвар (Рахмон) даргири мочарои хунине шуд, ки шабохате – харчанд кучак – ба достони пур оби чашми Рустаму Сухроб дошт, бо тагйири накшу нисбати кахрамонони аслиаш. Шакки мардум дар бораи зинда ё мурда будани курбонии он разми пушидаву нангин барои муддати дарозе зехнхоро олуда нигах дошт.

Катлу камъи точикони бахтбаргашта дар Русия хамчунон бедод мекард ва тобути як бародари чавони сарбуридаамон дар сукути кишвари захзадаамон дафн шуд. Умедхо барои шикастани сукут ба хоки яъс нишаст.

Садои эътирози шуморе аз мардуми Бадахшон хам дар ханчарахо хафа шуд.

Узбакистон дар як монуври жеупулитик Точикистонро пушти по зад ва дар айни ин ки бозии дугонаашро идома медод, хам Русия ва хам Гарбро ба сари чашма ташна бурду ташна овард. Тарххои баландпарвозонаи энержии обии Точикистон руи дастхои ларзону хайрон монд.

Забони порсй дар хостгохи худ гарибтар шуд ва ба сомоне нарасид, то андешае тоза биофаринад.

Дар холе ки хамзабонони баноми мо дар Омрикову Урупо бехтарин чоизахои адабиро мебурданд (Холид Хусейнй ва Атик Рахимй), нависандагони мо хамчунон бар сари пайкари илхоми мурдаашон муя мекарданд.

Дар холе ки донишмандони чахони пешрафта дар Суис (Швейтсария) талош мекарданд рози офаринишро аз рохи бозофаринии сахнаи Инфичори Бузург дарёбанд, «магз»-хои мо саргарми макулахои ришу русарию хичобу бехичобй буданд. Ва соли мелодиамон ба руйдоде таъаллук гирифт, ки 1300 сол пеш иттифок уфтода, ангор рахбарй аз Имоми Аъзам шинохте дошта бошад. Эъломи ин сол намунаи боризест аз вопаснигарии давлату миллат, на оянданигарии мо.

Охирин нишонахои тачаддуду тамаддун хам барчида мешуд. Дар хамин чорчуб Рузи Зан табдил ба Рузи Модар шуд, ки ба маънои суннатисозии як мафхуму чашни мудерн ва дур андохтани перояи навгароёнаи он буд. Ва хар чи дар сарзамини мо иттифок меуфтод, чизе чуз намудхои тавхину тахкири зану модар набуд.

Як Рудакии дигар дар маърази тамошо дар маркази пойтахт нишаст, ки ангезааш чизе чуз махалгароии хирасаронаи зимомдорон набуд, то Рудакиро дар баробари Фирдавсй карор бидиханд, ки дар огози хукумати инхо ба хошияи шахр ронда шуда буд. Бо он хазина мешуд ашъори пири адаби порсиро ба забонхои гуногун чоп кард ва дар густардани огохй аз он кушид.

Танхо лахзахои дурахшиши Точикистон дар соли ру ба поён шояд пирузии Тахмина Ниёзова дар мусобикаи хунарии «Интервидение» ва медоли симини Рустам Абдуссаломов дар ракобатхои улампики Пекин буда бошад. Аммо лахзахои фарсоиши он бегумон бештар буд.

Мардум дар авкоти фарогат дар осмони Душанбе суроги номи «Аллох»-ро мегирифтанд ва аз абру дудхо тафсирхои мазхабй ироа медоданд ва руи барфи зимистон хам номхои муборакро ташхис медоданд. Хулоса, ба шиддат саргарми тахкику тафаххуси хурофоташон буданд. Ва бидуни далеле муваччах бо як шоеъа як шабро дар зери сакфи осмон субх карданд, то аз «заминларза»-и эхтимолй чон ба саломат бибаранд.

Дар ин миён Чингиз Айтматов рафту «манкуртхо»-и мо монданд. Манкуртхое, ки ба баракати ин нависандаи баном шинохтем.

Барномаи Мачаллаи Осиёи Миёнаи Би Би Си, ки вижаи порсигуёни минтакаи мо буд, таътил шуд, ба ин бахона, ки руйдодхои Точикистон дар телевизюн пушиши густардатаре хоханд дошт. Ин иддаъо аз хадди бахона чилавтар нарафт. Сафхаи «Точикистон»-и ин расонаи хабарии муътабар хам такхаттй (сириллик) шуд ва ба поваракии сафхаи нахусти торнамо рафт, то дигар ба чашми номусаллахи инсоне нарасад.

Бахши точикии родю Озодй хам дучори туфоне дарунй шуд ва микдоре аз ганди он бо берун рафтани яке-ду тан аз кормандони пурсарусадояш берун рехт ва эътибори ин расонаро дар миёни тудахо то хадде кохиш дод.

Соли ру ба поён родю Замонаро хам бо худ мебарад. Родю Замонаеро, ки бо номи Мехдии Чомй по гирифт ва бо рафтани у сиришташ хам то хадди зиёде зудуда шуд.

Пас руихамрафта соли гузаштаи эронй соли хуше набуд. На барои мо ва на барои ман. Соле буд пур аз гусастагихо, хастагихо, дарбастагихову сарбастагихо ва шикастагихо. Ин соли гучастакро гусел мекунам бо умеде, ки дигар наояд. Оре, умед хамчунон хаст. Умед ба равшаноие, ки умед аст Навруз ба армугон оварад.

Наврузи хамагй хучаставу фархунда бод. Гамхо дуру чашмхо пурнур.

Ин хам дуъои сари суфраи Навруз, ки мардум дар Эрон маъмулан ба забони тозй мехонанд. Порсии он баргардони як дусти хубам аст:

Чашму дилро биниш аз ту
Рузу шабро гардиш аз ту
Солу махро чархиш аз ту

Гохи Наврузу бахорон
Чони мо обод гардон
Холи моро шод гардон

Do Jews Rule the World Indeed?

Оё султаи яхудихо бар умури чахон вокеъист?

Оре 7 (43%)

На, афсона аст 5 (31%)

Шояд 4 (25%)

Намедонам 0 (0%)


Votes so far: 16
Poll closed

Thursday, March 12, 2009

Delusion


Disqualified
Dissatisfied
Distressed
Miles away from disillusion

I remain an unasked question
And I fail to confine the confusion

Demoralised
De-idolised
And demonised
Unable to face the intrusion

The wind has broken the broom
No means to sweep out the delusion

The Goo Goo Dolls - Iris



And I'd give up forever to touch you
Cause I know that you feel me somehow
You're the closest to heaven that I'll ever be
And I don't want to go home right now

And all I can taste is this moment
And all I can breathe is your life
Cause sooner or later it's over
I just don't want to miss you tonight

And I don't want the world to see me
Cause I don't think that they'd understand
When everything's made to be broken
I just want you to know who I am

And you can't fight the tears that ain't coming
Or the moment of truth in your lies
When everything seems like the movies
Yeah you bleed just to know you're alive

And I don't want the world to see me
Cause I don't think that they'd understand
When everything's made to be broken
I just want you to know who I am

***

Ва аз ламси ту барои хамеша дасту дил мешуям
Чун медонам, ки ба гунае маро эхсос мекунй
Ту хелехо бештар аз ман ба малакут наздикй
Ва ман намехохам хамин акнун ба хона равам

Танхо таъми хамин лахзахост, ки дар коми ман аст
Ва танхо нафасе, ки дар мекашам, зиндагии туст
Чун дер ё зуд ин мочаро ба сар хохад расид
Намехохам имшаб пажмони ту бошам

Ва намехохам дунё маро бибинад
Чун фикр намекунам, ки маро дарёбанд
Вакте ки фарчоми хар офаридае шикаста шудан аст
Факат мехохам ту маро бишносй

Ва намешавад бо ашкхое, ки намечушанд, ситеза кард
Ё бо лахзаи ростй дар хилоли дуругхоят
Вакте ки хама чиз шабехи филмхост
Хунчакон мешавй, то бидонй, ки зиндайи

Ва намехохам дунё маро бибинад
Чун фикр намекунам, ки маро дарёбанд
Вакте ки фарчоми хар офаридае шикаста шудан аст
Факат мехохам ту маро бишносй

Sunday, March 08, 2009

Iranian Identity Under the Safavids

Сафавиён ва хувияти эронй

Дейвид Блоу*

баргардон аз инглисй

به دبيره پارسی

Хеч хукумате дар Эрон ба андозаи Сафавиён дар ташаккули хувияти имрузии эрониён сахм надоштааст. Шох Исмоъили Аввал, нахустин фармонравои Сафавй, ки аз соли 1501 то 1524-и мелодй хукумат кард, барои нахустин бор пас аз ишголи Эрон тавассути мусалмонони араб дар миёнахои садаи хафтуми мелодй Эронро ба унвони як ниходи сиёсй дар даруни марзхои торихиаш эхё кард.

Пеш аз салтанати Шох Исмоъил сарзамини Эрон миёни ду ё чанд кудрат бахш шуда буд ё порае аз як импротурии бузургро ташкил медод, ба монанди давраи хилофаим Аббосиён ё импротурии Темурланг.

Шох Исмоъил касест, ки Эронро ба як кишвари шиъаи дувоздахимомии кунунй табдил кард. Дар он замон чамъияти Эрон голибан суннй буданд, бо чамоъатхои парокандаи шиъамазхаб дар бахшхои мухталифи кишвар ва акаллиятхои шиъа дар бисёре аз шахрхо.

Албатта, шиъа кардани Эрон бидуни хунрезй сурат нагирифт ва чандин хазор тан аз суннихои эронй дар чараёни он кушта шуданд ё ба сарзаминхои суннинишин панох бурданд. Аммо танхо дар давраи Шох Аббоси Аввал (1587 то 1629-и мелодй) буд, ки ташайюъи дувоздахимомии камобеш тасбитшуда ба унвони дини муткани давлат ва мазхаби бештари мардуми Эрон чо уфтод.

Кудрати аслоф (пешиниён)-и сафавии Шох Аббос бар размандагони кабилаи кизилбош (сурхсар)-и туркман муттакй буд. (Дар мавриди туркман будан ё набудани кизилбошхо дидгоххои гуногун вучуд дорад – Як Дарвеш). Вачхи тасмия (номгузорй)-и онхо кулохи сурхе буд, ки бар сар доштанд. Онхо аз шох ба унвони вориси Шайх Сафиуддини Ардабилй – шайхи тарикати Сафавй пайравй мекарданд.

Шох Аббос бо созмон додани артиши доимй аз чумлаи бардагони кафкозй ба сайтараи кизилбошхо ва чолиши ношй аз дидгохи мазхабии вижаи онхо поён ниход. Мазхаби кизилбошхо омезае аз газофанигарихо (ифрот)-и гуллоти шиъа ва тасаввуф буд.

Вай хамчунин миёни низоми подшохии Сафаву ва уламои шиъаи дувоздахимомй иттиходи устувор шакл дод. Шох дар баробари таблигу тахкими рухониюн мавриди химояти кишри рухонй вокеъ шуд. Ин сиёсат то замони сарнагунии импротурии Сафавй тавассути афгонхо дар соли 1722 идома дошт.

Аммо дар тули солхои хукумати Сафавиён алокаи шохон ба майу майгусорй ва илтифоташон ба масехихо гох нооромихоеро бармеангехт. Ба вижа таъсиси минтакаи арманинишини Чулфо дар Исфахон – пойтахти Сафавиён тавассути Шох Аббоси Аввал боъиси игтишошот (нооромихо)-е шуда буд. Арманиён дар содироти абрешими эронй накши бартарро доштанд.

Шохони Сафавй машруъияти мазхабии худро бо ин иддаъо тахким карда буданд, ки насабашон аз тарики Мусо ал-Козим (имоми хафтум) ба Алй (имоми аввали шиъаён) мерасад. Ин иддаъо баъдан такзиб шуд, аммо уламои вакти ислом ва мардуми одй онро кабул доштанд. Аммо уламо иддаъои шохони Сафавиро, ки худро намояндагони «Имоми замон» (Махдй) бар руи замин медонистанд, напазируфтанд.

Силсилаи Кочорй хам талош кард ба таклид аз Сафавихо бо рухониюн иттиходе эчод кунад, аммо шохони Кочор харгиз аз он хад машруъияти мазхабй бархурдор набуданд ва ба тадрич химояти рухониюнро аз даст доданд. Вале Пахлавихо харгиз суроги ин навъ химоят нарафтанд ва мутаъокибан сарнагун шуданд.

Шиъа кардани Эрон тавассути Сафавиён мунчар ба чангхои дарозу хунине бо ду хамсояи суннимазхаби Эрон хам шуд: импротурии Усмонй дар гарб ва хонигарии узбак дар шарк, ки дар Бухоро ва Самарканд мустакар буд.

Ин чангхо таъаххуди эрониён дар баробари мазхаби ташайюъро таквият кард ва хифозату пайравй аз онро дар чойгохи ормони миллии онхо карор дод. Эрони Сафавй бо севумин кудрати суннимазхаби хаммарзаш, яъне импротурии Гурконии Хинд миёнаи баде надошт. Далели аслии он хам руйкарди тасомухомези шохони Гурконй ба мазхаб буд.

Сафавиён ва ба вижа Шох Аббоси Аввал ба яке дигар аз абъоди хувияти эронй, ки хеле кадимитар буд ва ба даврони пеш аз ислом бармегашт низ таваччух доштанд. Шох Аббос дар канори ташвики мардум ба баргузории Ошуро ва маросими мазхабии дигар дар барпоии чашнхои бостонии Эрон, ба монанди Мехргон, Чахоршанбесурй, Обпошон ва бештар аз хама Навруз хам мекушид.

Гуфта мешавад, хаму буд, ки тачлил аз чашни бостонии Обпошон ё Обрезонро дубора роич кард. Обпошон, ки дар даврони Сосонй реша дорад, чашне буд, ки дар паи бориши борон пас аз хушксолй барпо мешуд.

Дар давраи Шох Аббос ва ахлофи у Навруз мухимтарин чашни расмй дар дарбори салтанатй ва шахрхои умдаи Эрон буд. Аз замони Шох Аббос ба баъд хам бар хувияти эронии кишвар таъкиди бештар мешуд. Дар огози салтанати Сафавиён Эрон дар мукотибот ва сухбатхои расмй «мамлакати махруса» (кишваре дар панохи Худо) буд. Аммо дар замони Шох Аббос дар бештари маворид номи Эронро ба танхойи ба кор мебурданд ва шохро «фармонравои Эрон» ё «шахриёри Эрон» меномиданд.

Бо сукути импротурии Сафавй Эрон гирифтори гирдоби харчу марч ва хунрезихои мутамодй шуд ва дар паи он Эрон хакорату хории султаи Инглис ва Русия бар давлати фосиди Кочорро тахаммул кард. Ба хамин хотир, эрониён аз давраи Сафавй, ба вижа аз садаи хафдахуми мелодй, ки давраи суботу шукуфоии нисбй буд, ба унвони «асри тилойи»-и Эрон ёд мекарданд. Ва Шох Аббоси Аввал, бузургтарин фармонравои Сафавй, ба зудй дар миён чехрахои хамосии Эрон карор гирифт.

Сер Чон Малкум, фиристодаи Бритониё ба дарбори Кочор дар огози садаи нуздахуми мелодй, мизони арчу эхтироми мардуми одй ба Шох Аббосро чунин тавсиф карда буд:

«Як сайёхи мудерн агар чуёи номи бунёдгузори хар сохтмони кухане шавад, як посух мешунавад: Шох Аббоси Бузург. Ин посух ношй аз дониши дакике нест, ки вокеъан Шох Аббос поягузори он сохтмон буда. Балки хокй аз одате роич дар ин чост, ки хамаи нишонхои бехбуду пешрафтро аз ёдгорхои Шох Аббос медонанд.»

Акнун шахри Исфахон, пойтахти бошукухи Шох Аббос, ба андозаи вайронахои Тахти Чамшед ёдовари чалоли пешини Эрон аст.

Ёддошт: Намоишгохи «Шох Аббос: Бозсохти Эрон» аз рузи 19 феврие то 14 мохи жуан (июн)-и имсол дар Музеи Бритониёи Ландан барпост.

*Дейвид Блоу муаллифи китобест дар бораи Шох Аббос, ки ахиран дар Ландан мунташир шуд:

David Blow
Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend
Emperor of Persia and Restorer of Iran
IBTauris, London