Thursday, September 17, 2015

Кабирӣ: Агар ҲНИТ масъули Назарзода аст, пас давлат ва ҲХДТ бояд масъули Худойбердиев, Салимов ва Ҳалимов бошанд

Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, иттиҳомоти Додситонии кулли ин кишвар ъалайҳи худ ва аъзои ҳизбаш мабнӣ ба ҳамдастӣ бо гурӯҳи женероли шӯришӣ Абдулҳалим Назарзодаро рад кардааст. Оқои Кабирӣ, ки дар табъиде худхоста ба сар мебарад, дар гуфтугӯ бо родю форсии БиБиСӣ дар вокуниш ба иттиҳомоти додситонӣ гуфт, ки ин иттиҳомот “беасос ва дурӯғи маҳз” аст ва афзуд, ки “миёни женерол Назарзода ва ҳизби ӯ ҳеч пайванде набудааст”. Ба гуфтаи ӯ, шӯриши женерол Назарзода ба дасти давлати Тоҷикистон баҳонаи хубе дод, то барои анҷоми хостаи деринааш, ки таътилии Ҳизби Наҳзати Исломӣ аст, дастбакор шавад. Оқои Кабирӣ афзуд, ки сарфи назар аз нақзи паймони сулҳе, ки 18 сол пеш ба ҷанги дохилӣ поён дод, ҲНИТ ҳатталимкон пойбанди муфодди он мемонад ва фаъъолияти мусолиматомези худро идома медиҳад.

(Матни комили гуфтугӯ бо Муҳйиддини Кабирӣ, 17.09.15)

 
Пурсиш: Мақомҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар пушти ошӯби женерол Абдулҳалим Назарзода Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва шахси Шумо қарор доред. Посухи Шумо ба ин иттиҳом чист?

М. Кабирӣ: Пеш аз ҳама посухи мо ин аст, ки ин як дурӯғи маҳз аст; ҳам ба ман ва ҳам ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Назари мо ин аст, ки бо ин туҳмат ҳукумат мехоҳад аз мушкили асосии худаш, ки упузисиюн аст, халос шавад. Танҳо пас аз он ки иқдоми женерол Назарзода хунсо шуд, ба ин натиҷа расиданд, ки фурсат муносиб аст, то ин ки барномаи таътили ҲНИТ-ро, ки солҳо дар фикраш буданд, ба анҷом бирасонанд. Талошҳои зиёде шуда буд, то моро ба фитна ва вокунишҳои ҷиддӣ ё ҳатто хушунатбор бикашонанд, вале натавонистанд. Манъ кардан, задан, кӯфтан, гирифтани моликият ва он ҳама фишоре, ки тайи чанд соли ахир бар ҳизб ворид омад, фақат як ҳадаф дошт: ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва бахусус ба мардуми Тоҷикистон нишон додан, ки Наҳзати Исломии Тоҷикистон, на як нерӯи упузисиюни мусолиматомез бино ба иддиъои худаш аст, балки як нерӯи хашин аст. Вале ҲНИТ бо сабру таҳаммул ин ҳама фитнаҳову фишорҳоро пушти сар кард ва устуворию субот нишон дод. Диданд, ки бо ин роҳ намешавад. Агар ҲНИТ-ро худашон бибанданд, як доғ (лакка)-и нангини торихие бар дӯши онҳо хоҳад монд. Ва натавонистанд Наҳзатро ба фитнае бикашанд, то далеле дошта бошанд. Талабҳое аз мо шуд, ки мо худамон эълом кунем, ки пароканда шудем ва фаъъолиятро дигар идома нахоҳем дод. Агарчи бисёре аз масъулони мо ин баёнияҳоро бо фишору бо маҳдудиятҳо... гирифтанд. Наворҳои видеуиро, худатон ҳам шоҳид ҳастед, ки дар шабакаҳо пахш карданд, ки гӯё масъулони Наҳзат довталабона мехоҳанд аз масъулият даст бикашанд. Ва ҳатто аз ман дархост карданд, ки фаъъолияти Наҳзатро худамон таътил кунем. Вале диданд, ки ин роҳҳо натиҷа надоданд, ин ъамали женерол Назарзода бисёр як баҳонаи хубе шуд барои онҳо, ки на танҳо ҲНИТ-ро мебанданд, балки онро ба ифротгароӣ ё талош барои кудето ҳам муттаҳам мекунанд.

Пурсиш: Мақомҳо женерол Назарзодаро ба ъунвони ъузви Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва фармондеҳи пешини мухолифин муъаррифӣ мекунанд. Чи пайванде миёни женерол Назарзода ва ҲНИТ вуҷуд дошт?

М. Кабирӣ: Пӯшида нест, ки женерол Назарзода яке аз қумондонҳои собиқи Иттиҳоди нерӯҳои упузисиюни тоҷик буд. Ӯ танҳо набуд. Даҳҳо қумандоне чун ӯ буданд. Ҳамон гуна ки Ҷабҳаи Халқӣ (ё ба истилоҳ, Фронти Халқӣ) ҳам даҳҳо қумондон доштанд, ки на ҳамаи онҳо ъузви Ҳизби Халқи Демукрот ё ҳизбҳои дигар шуданд. Аз он ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим ё женерол Назарзода бо ҳамаи он қумондонҳои дигаре, ки қаблан дар ҳайъати Иттиҳоди нерӯҳои упузисиюни тоҷик буданд, на онҳо худашон майли ъузвият дар Наҳзат доштанд ва на қонуни кишвар иҷоза медод, ки онҳо ин ъузвиятро дошта бошанд. Чун барои ҳамагон маълум аст, ки тибқи қонунгузории кишвар, ҳеч корманди мақомоти қудратӣ ҳақ надорад ъузви ин ё он ҳизби сиёсӣ бошад. Гузашта аз ин, худи женерол Назарзода солҳои ахир аз ҲНИТ ва ъумуман аз фаъъолияти сиёсӣ хеле ҳам фосила гирифта буданд. Ва ҳатто мо медонем, ки он баёнияе, ки аз номи як ъидда аз қумондонҳои собиқи упузисиюн ъалайҳи ҲНИТ бо фишори худи ҳукумат ва шояд ҳам матни худи мақомот омода карда буданд, бо фишор ё исрори женерол Назарзода бисёре аз қумондонҳои собиқи упузисиюн имзо карданд.

Агар мо бо ин мантиқ суҳбат кунем, ки женерол Назарзода як замоне қумондони нерӯҳои упузисиюни тоҷик буд ва агар имрӯз кореро хилофи қонун содир кард, бояд ҲНИТ ҷавобгар бошад, пас он женеролҳо ва қумондонҳое, ки қабл аз Назарзода даст ба чунин иқдомҳои ғайриқонунӣ заданд, мисли Ғаффор Мирзоев, сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев ё Яъқуб Салимов ва ахиран ин қумондони нерӯҳои вежаи Вазорати кишвар Ҳалимов, ки ба Доъиш пайваст, аз қумондонҳо ва афсарони ҳам Фронти Халқӣ ҳам ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Оё метавон гуфт, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳбарии он ва Ҳизби Халқи Демукроти Тоҷикистон шарики ҷинояткориҳо ва қонуншиканиҳои ин қумондонҳо ва женеролҳо ҳастанд? Назари ман ин аст, ки ин иттиҳомот ҳеч асосе надоранд. Онҳо мехоҳанд бо пайванд додани женерол Назарзода ва дигар дастандаркорони ин иқдоми ғайриқонунӣ пойи ҲНИТ-ро ҳам ба ин иттиҳомҳо бикашонанд.

Пурсиш: Бисёре аз аъзои аршади ҲНИТ-ро боздошт карданд. Як ъиддаро дар фурудгоҳу шумореро дар хонаҳояшон. Ҳамоиши ҳизб ҳам, ки қарор буд 15 септомбр баргузор шавад, ба таъвиқ уфтоду баргузор нашуд. Наҳзати Исломӣ аз ин ба баъд чигуна фаъъолият хоҳад дошт? Дар табъид ё дар дохили кишвар ва ба чи шевае?

М. Кабирӣ: Қабл аз 15 септомбр Раёсати Ъолии ҲНИТ, ки болотарин мақоми ҳизб дар байни анҷуманҳо ҳаст, қарор қабул кард, ки анҷуман (ҳамоиш) ба вақти дигар ба таъхир гузошта шавад, то шароити муносиб фаро бирасад ва тамоми ниҳодҳои ҳизб ва раҳбарии ҳизб салоҳияти худро тибқи қарори Раёсати Ъолӣ идома диҳанд. Вале баъд аз ин ҳодисаҳо, тақрибан як ҳафта баъд аз ҳодисаи рухдодаи 4 септомбр, мақомҳо ба бозпурсӣ, бозҷӯӣ ва даъвати масъулони ҲНИТ, бахусус аъзои Шӯрои сиёсӣ шурӯъ карданд ва фишор бар онҳо оғоз шуд. На ҳамаи аъзои Шӯрои сиёсӣ, балки як ъидда аз онҳо, бахусус муъовини аввал Сайидумар Ҳусейнӣ ва шояд баъзе дигар аз аъзои раёсат, шояд ба хотири он ки фишору бозҷӯиҳо бештар шуд, аз ин вазъияти ногувор канор рафтанд ва хостанд аз кишвар берун бираванд. Ё корҳои дигар ҳам доштанд, ки мо ҳоло маълумоти пурра дар ин бора надорем. Танҳо ду ё се нафарро дар ин ҳолат аз сафар баргардонданд. Боқимонда, бештар аз 10 нафар аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва масъулони аршади ҳизбро дар манзилҳояшон боздошт карданд, ки онҳо на ҳадафи рафтан ба ҷое доштанд ва на ин омодагию имконро доштанд. Пас иддиъои мақомҳо мабнӣ бар ин ки инҳо ҳама дастаҷамъона қасди фирор доштанд, беасос аст. Раҳбарии ҲНИТ ва бахусус аъзои Шӯрои сиёсӣ бо итминони хотир ва бо ҳисси бегуноҳӣ ва даст надоштан дар ин ҳодисаҳо дунболи кору фаъъолияти худашон буданд. Аммо бо ин шароите, ки пеш омад, табиъист, ки фаъъолияти ҳизб дар дохил дигар номумкин аст. Мо ҳам шояд дар рӯзҳои наздик баёнияе хитоб ба аъзо ва ҷонибдорон хоҳем дошт, ки дар чунин шароит чигуна рафтор дошта бошанд. Вале табиъист, ки дигар ҳар гуна фаъъолияте, ки метавонад боъиси афзоиши хатар ба ҷону озодии аъзо ва тарафдорони ҲНИТ шавад, бояд онҳо аз он худдорӣ кунанд. Ва мо касоне, ки дар берун ҳастем ё ононе, ки дар дохил ҳастанду таҳти фишору таъқиб нестанд, талош мекунем пеш аз ҳама барои сабук кардани вазъи бародарону хоҳароне, ки дар дохили зиндонҳо ҳастанд ва равшангарӣ барои созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя, то бидонанд, ки инҷо як туҳмату тавтеае ҳаст ъалайҳи ҲНИТ, ки ҳама бояд аз он огоҳ бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки аз ин фурсат сӯиистифодае ба ъамал ояд; фурсате, ки ҳам ҳам дар дохили Тоҷикистон падид омадааст ва ҳам дар сатҳи байнулмилалӣ, ки мубориза бо гурӯҳҳои ифротие чун Доъиш ва ғайра, ки дасти бисёреро боз кардааст барои сӯиистифода аз ин вазъият ва тасфияи ҳисобҳо бо рақибони сиёсии худ дар дохил. Мо ҳоло даст ба ҳеч иқдоми дигаре нахоҳем зад, ки боъиси ташаннуҷи бештар ва фишори бештар бар ҳамҳизбиҳо шавад. Табиъист, ки ҲНИТ дар шаклҳои гуногун ва бахусус бо назардошти ҳам қонунҳои кишвар ва ҳам қавонини кишварҳое, ки минбаъд аъзои мо дар онҳо истиқрор хоҳанд дошт, рафтор хоҳанд кард. Барои мо қолиб ё исм ё пӯшиш аҳаммияте надорад. Вале мутмаиннан, он чизе, ки имрӯз метавонем бигӯем, ин аст, ки мо дар оянда ҳам чун гузашта дар чорчӯби қонунҳо, бо мавзеъгириҳои муътадилона ва бо риъояти меъёрҳои демукротик ва арзишҳои байнулмилалӣ фаъъолият хоҳем кард.

Пурсиш: Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бархе аз корбарон чунин изҳори назар кардаанд, ки паймони сулҳе, ки 18 сол пеш имзо шуда буд, рӯзи 16 септомбри 2015 мунқазӣ шуд ё муддати эътибораш гузашт. Оё Шумо мувофиқ ҳастед, ки он паймони сулҳ дигар эътиборе надорад?

М. Кабирӣ: Ъамалан, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, на ҳамаи ҳукумат, балки баъзе аз мусъулони ҳукумат, ин паймони сулҳро бо қабули прутукули маъруф ба шумораи 3220 шикастанд. Чун, вақте ки ин прутукул мунташир шуд ва таъйид шуд, ки як санади воқеъӣ ҳаст, дар он ошкоро ъалайҳи як ҳизби қонунӣ ва як тарафи сулҳ иқдомҳое гирифта шуда буд, ки ҳам мухолифат бо Қонуни Асосии кишвар доштанд ва ҳам бо Паймони сулҳ. Вале Наҳзати Исломии Тоҷикистон боз ҳам талош кард ва вонамуд кардем, ки нодида бигирем ин масъаларо. Шояд ин як иқдоми иштибоҳӣ буд, ки дастандаркоронаш бо эҳсоси хиҷолату шармсорӣ ҳам пеши қонун ва ҳам пеши миллату созишномаи имзокардаашон рафтори худро тағйир дода бошанд. Вале мебинем, ки на танҳо тағйироте нашуд, балки иқдомҳои худро идома доданд. То рӯзи охир, то рӯзи анҷоми ин ҳодисаи нохушу ғайриқонунӣ, яъне 4 септомбр, ба рафторҳои худ ъалайҳи Наҳзат идома доданд. Вале ин ҳодиса барояшон боз як дастак ва баҳонаи қавӣ дод.

Вале новобаста ба он ки чи касе ин паймонро шикастааст, Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки меросбари он паймон аст, ҳамчунон ба он назар аст, ки он набояд аз сӯи мо шикаста шавад. Набояд аз тарафи мо коре содир шавад, ки бар хилофи он рӯҳия, ваъдаҳо ва ормонҳо бошад, ки миллат бо имзои он паймон дошт. Агарчи хеле душвор аст ва гоҳ воқеъбинона нест, ки як тараф паймонро бишканад ва боз шумо бихоҳед бар пои он паймону ъаҳди худ устувор бошед. Вале билахира, бояд фарқе байни тарафҳо бошад. Мо бояд исбот кунем, ки як нерӯи вафодор ба ъаҳди худ ҳастем. Гурӯҳе ҳастем, ки ба фикри миллат ҳастем; ба фикри сулҳу оромиш ҳастем. Ва то он ҳадде, ки имкон дорад, пойбанди ъаҳду паймонҳо ва ваъдаи худ ба миллату кишвар хоҳем монд.




1 comment:

Adams Kevin said...

Таваҷҷуҳи !!

Ман оқои Герард намояндаи Aso ширкат пасандозҳои қарзӣ қарз ҳастам. Агар ба шумо лозим аст қарз барои бизнес шахсӣ, ё ба шумо лозим аст қарз барои тоза кардани ҳамаи Забонхати худро, меҳрубонона ба мо дар бораи ин почтаи электронии зерин муроҷиат намоед: finance_institute2015@outlook.com Барои иттилооти бештар.

Барои маълумоти шумо, ширкати мо дод аз қарз дар меъёри фоизи 3%, агар шумо таваҷҷӯҳ доранд баргаштан ба мо фавран ба мо имконият медиҳад, ки бо даст ҳуҷҷати тасдиқи интиқоли қарзи худро иҷро ..

Тамос бо почтаи электронии: (finance_institute2015@outlook.com)