(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Матбуъот ойинаи тамомнамои миллат аст. Аммо гоҳ мехоҳам бовар кунам, ки матбуъоти Тоҷикистон ойинаи кажнамои мост; ойинаи мо нест… Ва агар ҳаст, бадо ба ҳоламон. Ин ҳама иборати подарҳаворо фикр намекунам ҳатто бишавад дар бузургтарин доиратулмаъорифи ғалатҳои ҷаҳон суроғ дошт.
Гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук (ки дӯстоне башӯхӣ “Файзибек” ва шуморе ҳам мубтакирона “Рухнома” унвон кардаанд) ин рӯзҳо саргарми кандуков дар расонаҳои Тоҷикистон аст. Шарте, ки аъзои гурӯҳ пазируфтаанд, баррасии ҷумлаҳои ғалати матбуъоти Тоҷикистон бидуни зикри унвони нашрия ва номи муаллиф аст, то дучори сангаргириҳои беҳуда ва кӯдакона нашавем. Мусалламан, муаллифони он сатрҳо офаридаи худро хоҳанд шинохт ва агар аҳли мантиқанд, бо мо роҳ хоҳанд омад ва агар эроди мо ғалат аст, дурустии худро собит хоҳанд кард. Аммо муҳимтар аз ҳама тарҳи ин мавзӯъҳо, андешидан бар сари онҳо ва кӯшидан барои дармони дарди забонию баёнии мост.
Дар бисёре аз мавридҳо мушоҳида мешавад, ки ҳаҷми як ҳафтаномаи 16-сафҳаиро то 8 сафҳа мешавад коҳиш дод. Аз роҳи ислоҳи ҷумлаҳо ва дур рехтани изофоти беҳуда ва гичкунанда, ки баростӣ, ба ҷои равшантар кардани мавзӯъ дарки онро ба яке аз ҳафт хони Рустам табдил мекунанд. Барои намуна, ба ду ҷумлаи зер таваҷҷуҳ кунед:
“Поягузории давлатдории навини миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта, солҳои воқеан тақдирсоз сурат гирифт. Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони ояндаи кишвар малакаи кори идоракунии ҷомеаро азхуд намудаву дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо мекунанд”.“Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта”-ро дар канори “солҳои 1920-30” бигзоред ва бибинед, ки аз чи миқдор фазои сафҳа сарфаҷӯӣ шуд. Ва вақте аз “сиёсатмадорони оянда” суҳбат мекунем, пас он сиёсатмадорон ҳанӯз падид наомадаанд… Мантиқи ин ҷумлаҳо ҳамроҳ бо баёнаш мелангад. Пешниҳоди гурӯҳи “Забони порсӣ” барои ислоҳи он ба наҳви зер аст:
"Давлатдории навини тоҷикон тайи солҳои 1920-30 поярезӣ шуд. Дар ҳамон давра буд, ки сиёсатмадорони ҷавони ин сарзамин (он замон Тоҷикистон кишвар набуд) дониши мудирияти ҷомеъаро фаро гирифтанду дар оташи ҳаводиси он рӯзгор обдида шуданд ва барои расидан ба орзуи дерини миллаташон ҷонбозиҳо карданд".
Як намунаи дигар:
"Ширкати “Вавилон-Мобайл” дар як якҷоягӣ бо Контент-Провайдери Next Style аз санаи 2-юми июни соли равон иқдоми навбатии «Хати барор»-ро ба кор даровард".Номи ширкат гувоҳи буҳрони ҳувияти мост, аммо чун исми хос тарҷумапазир нест, чорае ҷуз ҳифзи он дар ҷумлаи зер надорем, ки Исфандиёри Одина ва дигар аъзои гурӯҳи “Забони порсӣ” пешниҳод кардаанд:
“Ширкати “Вавилон-Мобайл” бо ширкати муҳтавопардози “Некст Стойл” рӯзи дувуми июн корзори муштаракеро бо номи “Хатти комгорӣ” ба роҳ андохт".
Дар ин маврид ҳам мебинем, ки ҳазфи аҷзои бекор ҷумларо кӯтоҳтар ва мафҳумро равшантар кардааст.
Ҷумлаи баъдӣ ҳам ҷанбаи хабарӣ дорад:
"Дар ноҳияи Данғара сохтмони сехи истеҳсоли пату (одёлбарорӣ) идома дошта, дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегирад".Тасҳеҳи гурӯҳи “Забони порсӣ”: "Қарор аст дар остонаи ҷашни бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон коргоҳи патубофии ноҳияи Данғара ба баҳрабардорӣ бирасад. Сохтмони ин коргоҳ дар ҷараён аст”.
Мушкили умдаи ҷумлаи аслии боло корбурди вожаҳои бегонаи куҳна (сех) дар канори вожаҳои худии тоза (пату) ва истифода аз ғалатҳои баёнии “истеҳсол”, “арафа” ва “истиқлолият” аст. Ва боз ҳам бо баргардони дурусти он ҷумла мебинем, ки манзури нависанда табалвур ёфтааст.
Умеди Ҷайҳонӣ менависад:
“Мушкили бархе рӯзномахонону китобдӯстон ин аст, ки ба ҷои ҷустуҷӯи маънии вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ дар фарҳангҳои тафсирии порсӣ, муъодили он дар луғатҳои порсӣ-хориҷиро (порсӣ-англисӣ ё тоҷикӣ-русӣ) меҷӯянд ва гумон доранд, ки ҳамон баробаре, ки дар ин луғатҳо оварда шудааст, ягона маънои вожаи порсӣ асту бас”.Яке аз паҳлӯҳои муъзал ҳамин аст. Паҳлӯи дигари он корбурди вожаҳоест, ки худи нависанда ҳанӯз онро бахубӣ фаро нагирифтааст. Як рӯзноманигори шинохташуда пайваста аз вожаи “чирикӣ” ба маънии “партизан” баҳра мегирад, ғофил аз ин ки “чирикӣ” сифати “партизан” аст, на исми он. Ва аз ин даст намунаҳо фаровонанд. Паҳлӯи севуми муъзал дар саҳлангорӣ ва бепарвоии рӯзноманигорон дар мавриди масъалаи забон аст, дар ҳоле ки бузургтарин масъулият дар баробари забони мардумро ҳамоно рӯзноманигорон бар дӯш доранд. Дар асри кунунӣ вожаҳову таъбирҳоро рӯзноманигорон дар забони мардум ҷорӣ мекунанд ё аз забони мардум мезудоянд. Вақте ки рӯзноманигор вожаҳоро аз растаҳои бозор мечинаду дар нашрияи худ ба хурди садҳо ҳазор тан медиҳад, дар воқеъ бояд пушти яке аз ҳамон дукконҳо ё растаҳои бозор бинишинад, на пушти мизи таҳрир. Як намунаи роҳ ёфтани чарандиёти кӯчаву бозор ба забони матбуъот ва дунболаравии матбуъот аз тӯдаҳои таҳсилнодидаро бидуни шарҳи изофӣ дар зер мебинед:
“Ман ҷўгиам! Чӣ ҳайрон шудӣ? Тоҷикӣ, пас ту ҳам ҷўгиӣ! Зеро ин нангро расман, ҳукумати ману ту, ЗАГСҳо ва мизҳои паспортдиҳӣ бар насабномаи Миллат насб кардаанд; сварка-кафшер! Бовар намекунӣ, ки Тоҷик ҷўгӣ аст? Марҳамат, дилхоҳ ҷўгиро манъ куну паспорташро проверка! Манъ кардӣ? Дидӣ?? Бовар кардӣ, ки ту ҳам ҷўгиӣ мисли ман, мисли любой вазир, генерал, майор, чиновник, эшону мавлавӣ ва ғ. ва ҳ.”Ва саранҷом, чи дӯстон бипазиранду чи на, ҳақиқат сиришташро дигар намекунад: ошноӣ бо забони порсӣ (забони мову шумо, ки ин сатрҳоро мехонед) бидуни ошноӣ бо хатти порсӣ муяссар набувад. Ҳеч инсоне дар рӯи замин ба кони порсӣ роҳ набурда, магар ин ки алифбои порсӣ ҳам балад бошад.
No comments:
Post a Comment