Wednesday, May 18, 2011

To Leave a Better World Behind

Дунёи беҳтаре ба ёдгор

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Қарор буд имшаб дар идомаи баҳси забони порсӣ матлабе бинависам. Ва доштам менавиштам, ки баногоҳ паёме такондиҳанда аз дӯсти даврони бачагиам дар Душанбе дарёфт шуд ва мавзӯъ иваз шуд.

Дӯстам мегуфт, падараш даргузаштааст. Вақте ба телефуни ҳамроҳаш занг задам, садои гиряву шеван маҷоле барои гуфтугӯ намегузошт. Бо ҳоли низор ба пои роёна нишастам, ки ин чанд сатрро қаламӣ (роёнаӣ) кунам, бо диле пур аз андӯҳ, аммо аз роҳи дур. Шунидани хабари бад таҷрубаи бадест ва бадтарини он шунидани хабари бад аз роҳи дур аст; ҳангоме ки тозатарин фанновариҳои иртиботӣ ҳам ҷои холиатро пур намекунад. Аҳаммияти иҳзори андӯҳ ба андозаи ибрози шодист ва вақте он муяссар намешавад ва бурун намеояд, ғам дар сина реша медавонад ва табдил ба ғусса мешавад; ғуссае ниҳодина ва музмин.

Устод Исроил Файзиев, падари дӯстам Илҳомро аз даврони кӯдакӣ мешинохтам. Қадди баланду бовиқори ӯ барои мо, кӯдакони дабиристон, тимсоли пруфессур шуда буд. Ва ӯ пруфессур буд. Устоди физику риёзиёт дар Донишкадаи пулитекник, ки баъдан “Донишгоҳи Текникии Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Дуктур Исроил Файзиев, ки рӯзи 5 маи соли 1937 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омад ва тайи панҷоҳ соли ахир дар заминаи риёзиёт ва физик пажӯҳишҳое кард ва ба мақомҳое даст ёфт, ки дар торихи муъосири илми физик ва риёзиёти Тоҷикистон ӯро барои ҳамеша мондагор мекунад. Дар бораи шевашиносии физик рисолаҳое ба забони русӣ мунташир кард ва ба дараҷоте аз дониши риёзиёту физик расид, ки мояи ифтихори сарзамини мо буд.

Ба унвони касе, ки то кунун ба улуми дақиқ таваҷҷуҳи кофӣ надодаам, худро дар баробари равони шоди Исроил Файзиев бидеҳкор (қарздор) донистам, бо дарки ин ҳақиқат, ки бидуни илмҳои дақиқ ва пешрафти ин улум ҳеч кишваре ба ҷойгоҳе нарасидааст. Ва шояд ин мавриди муносиб аст, ки ба Шӯравӣ ва улумаш дуруду сано бифиристем. Мухолифате бо ин андеша надорам, бавижа ин ки фароварда (маҳсул)-аш Исроил Файзиев бошад.

Ёдам меояд марди фозиле, ки бо салобате муносиби ҳоли худ зоҳир мешуд ва мо, бачаҳоро, ёрое набуд, ки аз ӯ бипурсем чи ҳоле дорад. Пруфессур Файзиев барои мо ҷовидона пруфессур буд; марде босалобат, бо ваҷоҳате ҷиддӣ ва бамаротиб ҷиддитар аз ваҷоҳати омӯзгорони физики мо, ки моро мутаваҷҷеҳи ҳақиқати илм мекард. Аз чеҳраи бузургвори шодравон буд, ки ҳақиқати илм барои ман парданамо мешуд; чеҳрае оганда аз ҳуҷбу ҳаёву шарофат, ки кӯчактарин талоше барои худнамоиро надошт. Исроил Файзиев як чеҳраи илмӣ ба тамоми маъно буд ва ба унвони як устоди ростин худ ба худ ҳисси эҳтиром бармеангехт.

Исроил Файзиев аз худ панҷ фарзанди барӯманде баҷо гузошт, ки ҳар кадом дар заминае фаъъоланд ва дарахти маърифат мекоранд; ва ин шуғлест, ки аз падар ба ирс бурдаанд.

Аммо барои ман суоле, ки ҳамчунон побарҷост, ин аст, ки исроил-файзиевҳои азиз дар гузоранд ва умри кӯтоҳи худ ба сар мебаранд. Чи касе қарор аст, ки ин дарахти маърифатро сабз нигоҳ дораду анбӯҳ кунад? Он чи бар ман ғалаба карда, танҳо андӯҳи аз даст додани падари дӯстам нест, ки шаҳомати ҳузураш барои мо маънии “дуктуро” ва “устодии донишгоҳ”-ро тафҳим мекард. Он чи рафту меравад, мафҳуми “устодии донишгоҳ” аст, ки бо гузори замон ҳар чи камтару камтар мутародифи воқеъиашро дар зиндагии воқеъӣ мебинем. Устоде, ки муҳимтарин дағдағаи зеҳниаш андӯхтани дониш ва вогузор кардани он ба наслҳои ҷавон аст; устоде, ки дар миёни дафтарчаи имтиҳонот мудом дунболи даромаде изофӣ намегардад. Бо рафтани бузургчеҳраҳое, ки даврони шӯравӣ офарида буд, оё мафҳуми “устод” ҳам бакуллӣ иваз намешавад? Оё давлати навпои мо ба мараҳилае расидааст, ки бузургоне чун Исроил Файзиевро бозпарварад, ва агар фосилаи мо аз ин марҳила дур аст, оё фурсат муносиб нест, ки ба он биандешем ва чеҳраҳоеро бозофаринем, ки фардои мо дар ҷаҳони физик ва риёзиёт ва дигар илмҳои дақиқро равшантар аз имрӯз бикунанд?

Ин пурсишест пешорӯи посухдиҳандагони рӯзгор. Имрӯза донишпажӯҳони тоҷик дар вазъе ба сар мебаранд, ки ба ҳеч рӯй орзуи Исроил Файзиев ва бузургворони дигаре набуд, ки дар ин рӯзгори номусоъид умри худро дареғ доштанд. Боқии умри онон бояд ҳазинаи беҳбуди зиндагии данишпажӯҳон шавад. Донишпажӯҳонро зиндагии мураффаҳтар бидиҳем, то дунёи зеботару мураффаҳтареро аз худ ба ёдгор бигзоранд.

3 comments:

Ильхом said...

Doriush-Dustam,Barodaram-in yake az kitfoni Barodaronai Tust ki man ba on takya kardam. Ba oghush megiramad - Dustam!

Фаррух Ҷаббориён said...

Дӯстони гиромӣ, Илҳом ва Дариюш!

Аз шунидани ин хабари доғ хеле андӯҳгин шудам. Ҳамдардии маро қабул фармоед. Ба шумо дар ин рӯзи сахт сабри ҷамил хоҳонам.

Фаррух Ҷаббориён
пажӯҳишгари физик
Донишгоҳи иёлати Флорида

D said...

Илҳомҷон, ба ёди бачагиҳое, ки падарат арзиши устод буданро бо ваҷоҳати софу сода аммо бовиқорашон нишон медоданд, он чи навиштам, андак буд. Орзумандам, ки ғами охират бошад ва ҳамеша шоду хуррам бошӣ, бародар.

Фаррухҷон, аз меҳри шумо сипосгузорам. Поянда бошед.